БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори...

392
15 БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛ ДУШАНБЕ «АДИБ» 2006

Upload: others

Post on 06-Sep-2020

0 views

Category:

Documents


0 download

TRANSCRIPT

Page 1: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

15 БАЊОРИ

ИСТИЌЛОЛ

ДУШАНБЕ «АДИБ»

2006

Page 2: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

ББК 84 Тољик 7-4+84 Тољик 7-5П-22

Ин китоб бо дастгирии Президенти Љумњурии Тољикистон

мўњтарам Эмомалї Шарифович Рањмонов ба табъ расидааст

Њайати тањрир: Кароматулло Олимов, Амирхон Ањмадхонов, Мењмон Бахтї, Ато Њамдам, Абдулњамид Самад, Сайидалї Маъмур

Мураттиб ва муњаррир: Сайидалї Маъмур

П-22 15-бањори Истиќлол (наср ва назм). — Душанбе: «Адиб», 2006, 392 сањ.

«15-бањори Истиќлол» маљмўаи дастљамъї буда, очерк, эссе, ќайдњо ва манзумаву шеърњои шоиру нависандагони муосирро фаро гирифта, дар боби Ватану ватандорї, худогоњиву худшиносї, вањдати миллї, корнамоињои бинокорони сохтмон-њои азим, ободињои кишвари мањбуб, ки њама аз файзи Истиќлол аст, њикоят мекунад.

Китоб тўњфаи адибони тољик ба љашни 15-со ла-гии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон аст.

ISBN 99947-32-01-3

© М.Бахтї, М.Ќаноат ва диг., 2006 с.

Page 3: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

«… имсол мардуми Тољикистон љашнњои бузур ги таърихии худ — 15-солагии Истиќлолияти давлатї, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёї, 2700-солагии шањри бостонии Кўлобро таљлил хоњад кард. Мо ит-минони комил дорем, ки ин санаву љашнњои мубораки миллї ба густариш ва тањким ёфтани худогоњиву худшиносї, вањдати миллї, ифтихори ватандўс-тиву ватанпарастии њар як фарди Тољикистони соњибистиќлол мусоидат намуда, дар айни замон боиси боз њам ободу зебо шудани Ватани аљдодии мо мегарданд».

(Аз Паёми Президенти Љумњу-рии Тољикистон Эмомалї Рањмонов ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикис-тон, 20 апрели соли 2006).

Page 4: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

4

15-бањори Истиќлол

Мењмон БАХТЇ

ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА ТОЉ!

Аз бостон то ба имрўз аксари шахсони маъруф ё мањбуби таърихро, хоњ ў шоњ бошад, хоњ саркардаю сарлашкар ва ё аз ањли илму фарњанг, вазъу носозгорињои мураккаб ва таќдирсози кишвараш, аз роњи мубориза ва дарки ифтихордории миллї ва ватанпарастї, ба майдони шўњрат овардааст. Инсонњое, ки тамоми њастиашонро огоњона дар љараёни пурфалокату пурталотуми њодисањо мегиранд, то ки ин љараёни фољиаборро бар маљрои ором ва созандаю дилхоњи зиндагї равона кунанд. Ин иќдом љасорат, мардонагии бузург, як рўю як забон доштан ва ифтихордории бошуљоатро мехоњад. Ин роњ ва ин майдон насиби на њар орзупарвари бељуръат ва шерони хомтамаъи майдонѓариб гардидааст. Дар љилди ин фикру андеша њоло чанд њарфе, ки мегўям аз дидгоњи мушоњидањои дањсолаи Тољикистони соњибистиќлол ва љангзада мегўям. Мушоњидае, ки њаргиз ба хотири мансабу маќомхоњї нахоњад буд. Зеро ба синну сол аз доираи ин њама љоњталабию маќомхоњї гузаштаам. Агар ба љое, ё маќоме расида бошам, яќин ба хотири чанд асаре, ки аз роњи ифтихор ва дўстдорї ба миллату ба Ватан рўи ќоѓаз омадааст. Шояд саволе њам ба миён биёяд, ки чаро маќолае ё шеъре дар ситоиши Президенти кишвар солњое, ки намояндаи мардумї дар парламент ва узви раёсати он будед, нанавиштед? Бале, ба он хотир нанавиштам, ки сабаќњои таърих моро бисёр њушдор додааст. Нанавиштам, њанўз боварам намеомад, ки он айём ин љавонмарди љасур бори гаронеро, ки бар дўш бардоштанианд, оё ба манзили муроди мо мерасонда бошанд. Нанавиштам, ки ин љавонмарди ватанпараст дар

Page 5: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

5

наср ва назм

љараёни пурмављи дарёи таърифу тавсифњои бамавриду бемавриди рўзномаю маљаллањо, радиову телевизион ва минбарњои хурду бузург илоњо ѓарќ нашаванд. Чаро ки баъзе аз сарварони дирўз ва имрўзи кишварњои мухталиф сармасти ситоишу парастишњои ѓаразноки њадафдорона гардида, мамлакат ва мардумонашонро ба њоли ногувор мондаанд. Нанавиштам, њанўз боварам намеомад, ки ин љавонпањлавони дар майдони берањми сиёсатбозињои бузург ноозмуд, илоњо худ аз пой наафтанд ва миёни мо низ нашкананд.

Шукри бењад, мебинем имрўз аз ин майдони пурхатару пурмољаро бо сарбаландї берун меоянд ва он бори гаронеро, ки аз оѓози кор бар дўш бардошта буданд, бо мењру садоќати ватанпарастї ба манзили мурод мебаранд. Ин бори гарон чї гуна борест, ки мо мисол овардан мехоњем?

а) Пеш аз њама бо дили гарм рў ба мардуми азият-кашидаи Тољикистон овардану савганд ёд кардан дар иљлосияи 16-уми таърихии дар Хуљанд барпогардида.

б) Аз ихтилофњои минтаќавї ва пора-пора гаштан огоњона ва далерона њифз доштани Тољикистон.

в) Дар њамкорї бо Созмони Милали Муттањид ба марњалаи душвортарин пайвастан, яъне оѓоз наму дани музокироти байни тољикон ва расидан ба имзои Созиш-номаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї.

г) Ба Ватан баргардонидани гурезањои иљборї ва ба пайкари захмини онњо дармон љустан.

д) Асос гузоштани иттињоди мардумї бо номи Њара кати вањдати миллї ва эњёи Тољикистон.

е) Дар рўњи ифтихордории миллї, аз роњи њаќиќати таърихї, ташвиќ кардани омма ва ба њам овардани љомеа.

Page 6: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

6

15-бањори Истиќлол

ё) Гузаронидани љашнњои бошукўњи истиќлолияти Тољикистон, ањли илму фарњанг ва љашни дар таърихи халќи тољик беназири 1100-солагии давлатдории Сомо-ниён.

ж) Зањмати фаровон кашидан дар роњи ба низом овардани иќтисодиёт, тадбир љустан дар кори паст кар дани њолати вазнини камбизоатї ва рў овардан ба созандагї.

з) Гузаронидани анљуманњои тољикон ва форсиза-бонони љањон, дар дили онњо афрўхтани мењру шафќат нисбати замини аљдодиашон – Тољикистон.

и) Њифзи њуќуќњои Тољикистон аз минбари баланди Созмони Милали Муттањид ва созмону љомеањои башарї ва ѓайраю ва ѓайра…

Моњи майи соли 1995 њайати Њукуматии гуфту-шунид миёни тољикон, ки банда низ њамчун узви њайат бори нахуст дар он шомил будам, барои вохўрї бо њайати мухолифини тољик ба шањри бостонии Кобул омад. Ин њайат бо сарварии мўњтарам Саидамир Зуњуров, ду рўз пеш то омадани Президенти кишвар,озими Кобул гашт, то ки барои корсозии њуљљатњои лозима омодагї бигирад. Вазнинии ин иќдоми сарнавиштсоз ва пур аз фољеа будани он рўзњо ба њамагон чун дар оина пеши назар аст. Ногуфта намонад, муњимтарин воќеаи таърихии ин музокироти расмї аз он иборат буд, ки Президенти Љумњурии Тољикистон бори нахуст бо роњбари собиќ мухолифони тољик љаноби Саид Абдуллоњи Нурї вохўрданд.

Ман њоло аз боби хидмати беназири таърихии ин вохўрї, миёнравињои бародарона ва беѓаразонаи собиќ Президенти Давлати Исломии Афѓонистон профессор љаноби Бурњониддин Раббонї ва сарлашкари шўњратёру Ќањрамони миллии Афѓонистон, шодравон

Page 7: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

7

наср ва назм

Ањмадшоњи Масъуд, њарфе намегўям. Чаро, ки ин њама борњо аз роњи воситањои ахбори умум ва бахусус гузоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї Э.Ш. Рањмонов шарњу баён ёфтаанд. Ман танњо њамон њиссиёти умедбахши гувороеро, ки он њангом вуљуди моро фаро гирифта буд, изњор карданиам. Он њиссиёт низ аз суханони боварибахшандаю дилпурона баёндоштаи Президент асос гирифта буд.

Ёд дорам, пас аз лањзањои вохўрии бисёр мураккаб, мўњтарам Эмомалї Рањмонов дар як фурсати барояшон кўтоњ моро гирд оварда, бо њамон чењраи њамеша фароху мењрпарваронаи худ гуфтанд:

— Љангу низоъњои мо мисли Афѓонистон ва дигар кишварњои љангзада тўл намекашад. Мо њатман ба сулњ меоем, зеро табиати сулњљўёна, рањмдилї ва хиради модарзоди тољикии мо ба љангу мољаро монеъ мешавад. Ман ки дар он роњ пайваста талошу зањмат мекашаму андеша мекунам, дилам гувоњї медињад. Имрўз њангоми ин вохўрии нахустинам дар симои љаноби Саид Абдуллоњи Нурї рў ба оштї овардан ва ба њам омаданро эњсос кардам, - ва боз Президент афзуданд:

— Бубинед љангњои ѓаразноки минтаќавї ва мил-латгароёна шањри Кобули афсонавиро ба сурати харо-базоре табдил додааст. Ин њама барои мо тољикон ба рои њар ду љониб дарси ибрат аст.

Он фурсат дилам таскин ёфт ва шукуфт, ки мо дар шахсияти Президенти Тољикистон инсони воќеан бољуръат ва ватанпарастеро пайдо кардем, ки бо љазба ва кашиши мењрљўёнаи худ метавонанд муќобилон ва бегонагонро низ ба худ моил гардонанд.

Бо њамин ифтихори бузурги ватанхоњона ва сулњ-љўёна њар бор пеш аз сафар дар музокироти навбатии тољикон дар ин ё он кишвар, Президент махсус таъкид

Page 8: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

8

15-бањори Истиќлол

мекарданд: «Шумо шомили њайати њукуматии музокирот њастед ва дар дохили Ватан. Мухолифон бошанд, бе рун аз Ватан. Онњо низ мардумони мо, шањрвандони Тољикис-тонанд. Табиист, шояд дар мавриди бањсу мунозирањо ѓуруру ѓазаби онњо бештар љўш занад, чаро, ки онњо бехонаю дар, берун аз Ватан њастанд. Азоби рўњї ва дарди онњоро низ дарк кардан лозим. Шумо сабру тањаммулро пеша кунед, то ки њар чї зудтар, ќадам ба ќадам ба сулњ биёем. То љањониён бидонанд, ки хиради зотии тољикон чи сарват ва ќувваи тавоноест дар муќобили љанг».

Бояд ифтихормандона арз кунам, ки имрўз ба љойгоњи сулњ, якпорчагї ва созандагї расидани мо бешубња аз нињод ва амали гузаштагонамон низ бунёд гирифтааст. Оре, њамин табиати аљдодии мо будааст, ки дар замонаш шоњ Куруши Кабир бори нахуст Эъломияи њуќуќи башар ва Созишномаи сулњро ба оламиён пешкаш кард ва асос гузошт. Дар љангу муноќишае, ки Мовароуннањрро ба парокандагї оварда мерасонд, Исмоили Сомонї ва бародари бузурги ў Наср ин хатари марговарро њис намуда аз гуноњи њамдигар гузаштанд ва рўй ба сулњу оштї нињоданд. Дасти душманони хешро кўтањ сохтанд.

Ана ба њамин монанд шуљоати Президент буд, мењр ба миллату кишвар буд, ки дар муќобили фишорњои вазнини ќуввањои дохилї ва берунаи душманони сулњ Тољикистонро аз вартаи њалокат, пора-пора гаштан берун оварда, сулњро таъмин ва пойдор гардонид. Сулњеро, ки барои кишварњои љангзадаи дирўз ва имрўзи сайёраи мо боиси гуфтугузор ва омўзиш гардидааст.

Сухани њакимонаи мардум, «Соле, ки накўст аз бањораш пайдост», ба оѓози фаъолияти инсонњои наљиби хушкору хушдил низ шабоњате дорад. Инсонњое, ки аз

Page 9: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

9

наср ва назм

ќадами аввал ва амали мењрангезонаи хеш дар дили мардум умед месабзонанд. Магар талошу майдонгирињои оѓози соли 90-ум то миёнањои соли 92-юм, ки боиси хунрезию фалокатборињои зиёде гардидаанд, моро панд нест? Минбари парламенти Шўрои Олї ба минбари худнамоињо ва дасисабозињои ќисме аз депутатњо табдил ёфта буд. Он айём аз минбар ва толори сессияи Шўрои Олї мо вакилонеро медидем, ки чун њунармандони сањна наќшњои барњадафу маќсадњои ба худ мувофиќро меофариданд. Мардуми содадилу содабинро ба гирдоби мољароњо мекашиданд.

Дар фазои ѓуборолуди њангомаю майдонгирињои онрўза, ман вакилеро дидам, ки аз тариќи телевизион рў ба мардум оварда бо њисси ватанпарастию дилсўзии тамом мегуфт:

— Ин талошњои минбарї ва майдонбозињо оќибат фољиањои зиёдеро ба сари мардум меоварад. Эй бародарон, ба худ биёед, ояндаи хунрезу хатарнок ва пора-пора гаштани Тољикистонро пеши назар биёваред ва андеша кунед. Оё дар њамаи ин амал бозињои пасипардагї ва манфиатљўињои душманони миллатро намебинед? Душманоне, ки садсолањо ташнаи хуни мо, забти боќимонда замини муќаддаси мо ва хомхайёлона аз худ шумурдани фарњангу таърихи бостонии моянд. Ин талошњои гурўњпарастию минтаќахоњии мо дар назди арзишњои муќаддаси ватанпарастию ягонагии миллат њељанд.

Ин вакили мардумии он рўзњои пурмољаро Эмо-малї Рањмонов буд, ки дертар ўро дар иљлосияи 16-уми таќдирсоз ва таърихии Хуљанд раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон интихоб намуданд. Ман ин љо аз боби кашмакашињои зиёд ва љараёну андешањои мухталифи вакилони сессияи 16-ум њарфе намегўям,

Page 10: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

10

15-бањори Истиќлол

зеро, ки борњо дар шакли китобу маќолањои алоњида пешнињоди омма гардидаанд. Фаќат њамон њолати воќеї чун дар оина назди чашмонамон равшан аст, ки чанде аз довталабони пешин ва навин бар дўш бардоштани ин бори гарони мансаби олиро њис намуда, худро ба канор кашиданд. Ба он хотир, ки мардуми њамхуну њамватани ба минтаќањо, гурўњњо ва сангарњо људошударо ба њам овардану кишварро аз њалќаи љањли мураккаб ва вартаи њалокат рањонидан амале буд басо мушкил ва барои њаёти худ ва ањли хонадон пурхатар. Дар гумони ман, ана њамин њолати пуршиддату вазнини воќеиро њар бор ба ёд овардани мо айни савоб аст ва панд бар имрўзиён ва ояндагон. Чаро, ки Эмомалї Рањмонов он маврид на аз роњи мансабталошию довталабї, балки њамчун як фидоии Тољикистон ба майдони сиёсати бисёр берањмии замонаи хунрез омад.

Сиёсатро берањм ва замонаро хунрез гуфтани мо ба он сабаб аст, ки банда кашмакашу мољаро, бањсњои тўлонии гурўњњо, табаќањои хурду бузург ва њизбу њаракатњои сиёсии он давраро равшан дар ёд дорам. Он шабу рўз агар фазои сиёсии кишварњои собиќ Иттињоди Шўравї ѓуборолуд гашта бошад, фазои сиёсии Тољикистон аз онњо дида тиратару ѓуборолудтар буд. Зеро гирдињамоињои соддалавњонаи тўлонї, љанги њадафхоњонаи шањрвандї ва вазъи бисёр мураккаби сиёсї он айём Тољикистонро ба як кишвари бесарвару бесомон табдил дода буд. Шеър зодаи дард ва давр аст. Ман низ дар сўгвории он рўзњои пурдарду пуралам чанд шеъре гуфта будам ва инак намунае аз гувоњномаи он рўзњо:

Дар марги љавонмардон, ман гиря кунам, эй дўст,Дар њалќаи њамдардон, ман гиря кунам, эй дўст…

Page 11: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

11

наср ва назм

Дунёи парешон бин, беќадрии инсон бин,Бар фољиаи инсон, ман гиря кунам, эй дўст…Дар сина табу тобам, ошуфта чу Сурхобам,Бар кишвари бесомон, ман гиря кунам, эй дўст.

Бале, он шабу рўз љомеа парешон ва кишвар бесомон буд. Ин кишвари пуразою пуралам ва пурмољаро сарвареро мехост, ки ба захмњои тани ў ва дарди ў даво бахшад. Шукр иљлосияи Хуљанд ин хел марди љонфидою бољуръатро ба Тољикистон таќдим дошт.

Ман ин љо бамаврид медонам њамин љуръат ва хирадмандии Президентро дар як давраи њассоси таърихї, давраи 5 соли вакилии мардумии мо дар Маљлиси Олї, соли 1995-2000 бо чанд сатри фишурда ба хотир биёварам. Солњое, ки бо сарварии Президент Њукумати Тољикистон ва Маљлиси Олии он бо тамоми масъулият ва љиддият барои пойдории сулњ ва ягонагии њамаи ќавму миллати кишвар љањду талош меварзид.

Дар ин марњалаи сарнавиштсоз њамчуноне, ки ман мушоњида доштам, Маљлиси Олї дар раванди сулњ ва ба њам овардани љомеа, дар роњи мушкилгузар ва пурфољиаи таърихи миллат бо аќидањои наљиби Президенти кишвар њамдил ва пайванд буд. Набигзошт Маљлиси Олї ба минбари ѓаразноки худнамої, фазилатфурўшї ва талошњои бењуда табдил ёбад ва билохира ба пойгоњи сулњу вањдат ва ќоматафрозии Тољикистон осеб биёварад. Аксари вакилони мардумї ва узви Раёсати Маљлиси Олї ин њолати њассосу нозуки таърихиро равшан дарк намуданд. Ба фаъолияти сулњљўёна, бунёдгарона ва ватанпарваронаи Президент пайгирї намуданд. Ба њама равшан аст, ки оќибати ин њамдилию њамкорињои судманд ба љомеа чї овард. Сулњ ва ягонагї! Ва аз меваи навбари ин сулњ мо дар љашнњои

Page 12: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

12

15-бањори Истиќлол

истиќлоли Тољикистон ва 1100-солагии давлатдории Сомониён бањраёб шудем. Рамзи наљиби сулњу ягонагї ва бузургдошти давлатдории тољиконро дар намуди муљассамаи олишони Исмоили Сомонї дар пойтахти азизамон дарёфтем. Алњаќ, наќшњои ба ёдгормондаи таърих гувоњи он аст, ки миллати куњантантанаи созанда ва бофарњанги тољик ба ин ифтихордории бузург сазовор ва меросдор аст.

Аз боби дигар барнома ва корњои шоистаю умед-бахшона, аз боби обрўй ва эътибори афзояндаи киш вар, ки имрўз сарварони давлатњои дуру наздики сайёра ва намояндагони баландмаќоми онњо пайваста равуо ва муносибатњои дўстонаю амалхоњона доранд, њоло дар ин гузориш андешањои хешро иброз намедорем. Чаро, ки аёнро њољат ба баён нест.

Мехостам, ин љо доир ба муносибат ва рафтори мардуми оддї ва ќаторї нисбати Президент ва Президент нисбати онњо чанд њарфе аз дидаю шунида ва мушоњидањои сафариам пеш биёварам. Чун аз доираи андеша ва муносибати мардумони зањматкаш агар њарф мезада бошем бамаврид аст, як нуктаро таъкид ва ба ёд биоварем. Ањли маќому мансаб, чуноне ки медонему мебинем, мехоњанд бо њар роњ мењр ва садоќати хешро ба Президенти кишвар нишон дињанд. Агар он аз рўи эътиќод бошад, мо низ ба он мансабдор ташаккур мегўем. Зеро чи дар гузашта ва чи имрўз на њар мансабдор ин амалро аз рўи эътиќод мекунад. Ба фикри мо агар нафари мансабдор дар љойгоњи роњбарии худ маќсаду мароми сарвари кишварро огоњонаю самарбахшона ба иљро расонад, мењру садоќати хешро дар амали раванди созандагї ва эљодкорї пешнињод карда тавонад, ин аст садоќати ў ба Ватан ва Президент. На ба он сурате, ки дар минбарњо бо суханони бебунёди тамаллуќкорона

Page 13: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

13

наср ва назм

љилванамої кунад. Зарур мебинам ин љо ишора кунам, ки чунин амали бо эътиќод пайвастро аз оѓози музо-кироти тољикон ман дар симои роњбарони њайати давлатии музокирот, дар як марњалаи мушкили таќдирсоз мушоњида доштам. Бахусус ду роњбаре, ки дар ин њайат ман шомил будам ва самараи кўшишу зањматњои онњоро дар роњи амалї гаштани маќсадњои наљиби Президент бараъло дидам. Чунин рафтор эътиќодест, ки љомеаи мо онро хуб дарк кард ва пазируфт.

Чунин эътиќод дар мардуми оддї-ањли дењќон, коргар ва дигар шохањои поёни љомеа чї оњанг аст? Чаро, ки ин табаќањои мардум асоси пойдории ин ва ё он кишвар њастанд. Мењри онњо кишварро пойдор бошад, бадхоњию бемењрии онњо завол. Ин мењр аз нигоњи мо нисбати Президенти кишвар чї гуна мењр аст?!

Аз 6 то 7 августи соли равон Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмонов барои боздиди корї ба ноњияњои водии Раштон омаданд. Љаноби Олиро Раиси Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї, мўњтарам Сайдулло Хайруллоев ва дигар роњбарони масъули љумњурї њамроњї карданд. Дар ин сафар, ки банда низ ширкат доштам, аз наздик медидам, ки мардуми оддии зањматкаш бо мењри соддаи беѓубор, бе намоишкорињои зоњирпарастї Сардори давлатро истиќбол мекарданд. Саломи онњо ва нигоњњои бетамаъи пазмонгаштаи онњо чи гарму гуворое менамуд он лањзањо. Миёни онњо, яъне мардум ва Президент, Президент ва мардум мењру дилбастагии ширине ба мисли як оњанги дилкашу дилнавозе ба њам омада буд. Онњо аз суханони Президент њаловат мебурданду гарм-гарм ќарсак мезаданд, бо ишораи ќаноатмандї маънидорона ба њамроњони худ менигаристанд. Ба ин оњанг пазироии мењрангезонаи дутарафаро ман њам дар истиќболи пирони рўзгордидаи

Page 14: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

14

15-бањори Истиќлол

зодгоњам дењаи Шул ва њам миёни мардуми зиёди варзишгоњи шањраки Навобод мушоњида доштам.

Њангоме ки Президенти кишвар аз фонди эњтиётии худ барои аз нав бардоштану обод кардани бинои дар он даргирињо харобгаштаи омўзишгоњи педагогии шањраки Навобод маблаѓ људо карданду аз боби дар сар то сари ноњияи Рашт ва умуман водї диќќати љиддї додан ва бардоштани иќтисодиёт, соњаи тандурустї, маориф ва фарњанг, таъмиру азнавсозии роњи мошингарди водии Раштон сухан мегуфтанд, дар назарам њамзамон рўњ ва ќомати мардум низ бардошта мешуд. Ќарсакњои давомдори онњо, нигоњњои гарму мењрбори онњо, њама табиї ва зебо метофт.

Ман аз њалќаи мардуми дар атрофи Президент гирд омада худамро каме ба канор кашида, бо рафиќи овони љавониам Абдулвањњоб вохўрї кардам. Ў низ дар назарам хушњол менамуд.

— Абдулвањњоб,—кунљковона пурсидам аз ў,—росташа гўй, он чи ки ман мебинам, самимона бошад, ё сохта?

— Эњ, куљои ин сохтааст, додар! Мо Президен-тамонро на барои худнамої дўст медорем. Мењри мо,эътиќоди мо, бовар кунед, аз таги дилай. Барои он, ки дар рафтору кирдори ў мо сохтакориро намебинем. Ў ки моро дўст медорад, мо њам ўро дўст медорем. Аз назари халќ њељ чиз пинњон намемона. Рањмонуф, Президенти софдилу ѓамхору ватанпарварай. Ин хел роњбари дилогоњу ба халќ наздика мо орзу мекардем, додар.

Дар љамоати Њоит ва ноњияи Љиргатол њам ман ана њамин хел њамбастагии самимиро миёни мардуми зањматкаш ва Президент дарёфтам. Њамбастагие, ки бунёдаш мењр ва эътиќод аст. Дар замини хушки беобу

Page 15: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

15

наср ва назм

беофтоб на гиёњ рўяд ва на киштаю боѓу роѓ сабз монад. Дар дили мардум мењр ва эњтиром сабзондан низ ба ин мисоли содда шабоњате дорад. Обрўй ва шўњратро бо зањматњои фаровон, бо дили софу дасти њалол меёбанд.

Лањзае, ки чархбол ба майдонљои љамоати Њоит фуруд омад, марду зан ба истиќболи Президенти кишвар шитофтанд. Пас аз мењмоннавозии гарму љўшон чашми сарвари кишвар ба расму портретњои хеш афтид, ки марду зан ба ѓайр аз шиору плакатњои пурмазмун портретњои зиёди ўро бо худ оварда буданд. Президент пеш аз он, ки ба сухан оѓоз кунанд, бо табассуми малењи ба худ хос ба њозирон рўй оварданд:

— Ана мебинед ку, Президенти Љумњурии Тољи-кистон дар рў ба рўи Шумо истодааст. Расмњои маро бардошта овардан лозим набуд. Зањмат кашидед, зањмат! Хоњиш мекунам онњоро як тараф гузоред, то ки озодона сўњбат кунем. Чї гуфтед?

Дар ин миён ман дењќонеро дидам, ки портрети Президентро оњиста поён фуроварда бе ихтиёр рўи дилаш нигоњ дошт, ўро аз худ дур намонд. Ин манзара бароям бисёр муассир ва љолиб менамуд. Зеро он лањза кореро, ки дењќон кард, табиї ва аз рўи мењру ифтихор кард.

Ман борњо дида ва њам шунидаам, ки Президент бо фармони хоса ва њам шахсан худашон аз раисони шањру ноњияњо хоњиш кардаанд, ки расму портретњои хурд ва калонњаљми ўро дар кўчаю хиёбонњо наовезанд. Маљлису мањфилњоро ба маросимњои тамаллуќкорона ва хушомадгўињои њадафкоронаю мансабхоњона табдил надињанд.

Ёд дорам, дар Љиргатол дар вохўрие, ки бисёр самимї ва дилкаш буд, яке аз муаллимон бо эњтироми

Page 16: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

16

15-бањори Истиќлол

тамом аз љашнњои љумњуриявї, ки дар оянда чи тавр бояд истиќбол кунем, изњори аќида кард. Ў аз роњи мењр дар сафи ин љашнњои шукўњманд, љашнгирии 50-солагии Президентро низ ёдрас шуд. Президент њамон лањза маљрои сухангўии муаллимро таѓйир дода гуфтанд, ки љашни 50-солагии маро ба љашнњои расмии љумњуриявї њамроњ накунед. Ин љашнро ман њамчун љашни хонаводагии худам ва хешу таборонам ќабул дорам. Дар њаќиќат њама шоњиди њол будем, ки љашни 50-солагиашонро тавре ки изњор доштанд, њамон сурат дар њалќаи наздикону пайвандон ва дўстонашон гузарониданду бас.

Баъди бозгашт аз водии Раштонзамин дар љилди њамон барнома ва боздиди корї Президенти кишвар Эмомалї Рањмонов ба шањри бостонии Кўлоб омаданд. То ба ин љо омадан доир ба шањри овозадори Кўлоб ва мардумони зањматќарини он гоњ-гоњ овозањои бардурўѓу нобарљоро касони њангомахоњ пањн мекарданд. Ногуфта намонад, доир ба водии Раштон, ба хусус љамоати Њоиту атрофи он низ мољарољўёни «касбї» ба ин монанд овозањоро гўшрас мекарданд. Гўё гурўњњои саркашу марказгурез њанўз њам вуљуд дошта ба осоиши мардум халал мерасонда бошанд, ба сиёсати имрўзаи Президенти кишвар чандон дилбастагї надоранд. Аммо барќасди ин њама овозањо шабро дар љамоати Њоит њам дар шањри Кўлоб рўз карданд. Ба доирањои ѓаразноки дохила ва беруна исбот доштанд, ки он чиро ки шумо нодида мегиред, мо дида кор мекунем.

Дар шањри Кўлоб ва атрофи он вохўрињо бо Сардори давлат хеле гарму самимї гузашт. Пиру љавон бо чењраю дили боз ба гузару кўчањои шањр баромада бо раќсу суруд, гулбезию дастафшонињои мењрљўёна мењмононро хушнавозї мекарданд. Дар вохўрињои хурду

Page 17: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

17

наср ва назм

бузург Президент бо мардум рў ба рў сўњбат дошта, ба проблема ва мушкилоти то њанўз њалнашудаи шањр ва рўзгордории шањрвандон мароќ зоњир намуданд, барои корсозию ободонї ва пайи анљоми онњо дастурњои амалї доданд. Дар њузур ва шоњидии зиёиён, вазирон, кормандони масъули давлатї ва шањрвандон, барои љашнгирии 2700-солагии шањри бостонии Кўлоб, дар маркази шањр нишонаи ёдгорї асос гузоштанд. Ин воќеаи бисёр муњими таърихї дар гувоњии мењмонон ва шањрвандон дар њаќиќат боиси ифтихору шодмонии зиёд буд.

Ба ин њама шодмонињо ва вохўрињо монанд Президент бо дењќонони пахтакори колхозњои ноњияи Кўлоб низ сўњбатњои хотирмони самимї доштанд. Сўњбатњо асосан дар доираи њолу рўзгордории онњо, вазъият ва наќшањои имрўзу фардои колхозњо ба миён меомад. Дар колхози овозадори Саид Алии Њамадонї барои домоду арўсњои навхона тўњфањои хотиравї ва бо мењри тамом дуои падарона бахшиданд, ки ин иќдоми нек, ба назари мо, бисёр таъсирбахшу пандомез буд ва ногуфта намонад, ин вохўрї аз барномаи боздиди корї ва расмї берун меомад.

Барои ман барин ањли ќалам кору рафтори ѓайри-чашмдошт ва берун аз барномавии Президент бисёр табиї, дилкашу мардона метобад. Масалан гоње, ки барои рўњияи мењмононро бардоштан ба раќс мехезанд ва мањфилро њусни дилрабо мебахшанд. Бо хурду калон ба сўњбат меомезанд, ба фикру андеша ва дарду доѓи онњо даво мешаванд. Дар мавриди зарофагўї, бе њељ сохтакорї, аз дилу љон механданд, ин тарзи ханда аз дили беѓашу бекина бармеояд.

Аз салтанатронии силсилаи шоњу амирони пешини мардуми тољик ва эронинажод низ чунин анъана

Page 18: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

18

15-бањори Истиќлол

омадааст, ки дар мањфилњои унс бо тору танбўр дар радифи њунармандон ромишгарї мекардаанд, шеър навишта худ ба оњанг медаровардаанд. Соате хешро аз фишори фикру андешањои сангини давлату давлатдорї берун мегирифтаанд, то ки фардо барои хидмат ба љомеа рўњу дили солим дошта бошанд.

Харобї овардану бадї кардан амалест як лањза, то худро як умр бадном созї. Аммо некї кардан кори њарсоата, њаррўза ва якумра аст, ки на њар орзупарвар ин борро бар дўш бардошта метавонад. Ба ќавли Фр. Шиллер «Некиро фаќат касе сидќан дўст дошта метавонад, агар ў бо тамоми њастиаш ва бе њељ созишгарї бадиро чашми дидан надошта бошад».

Имрўз ба хушбахтии мардуми Тољикистон Прези-денти кишвар бо накўкорињои хеш ва ѓурури шоистаю шуљоати бемонанд ба инсонњои бадхоњу бадкирдор, торољгарони молу мулк, душманони ошкору пинњонкори мамлакат садди роњ мешаванд, то ки мардум дар амон ва рўзгорашон хушу пурфайз бошад. Њамчунин Тољи-кистони соњибистиќлоли демократї дар радифи кишвар-њои ободу пешоњанги љањон як умр љой ва маќоми хоса дошта бошад.

Ноябри соли 2002

Page 19: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

19

наср ва назм

Мўъмин ЌАНОАТ

РОЊИ АБРЕШИМ (Рубоињо)

Кушоиши Роњи Абрешим њамчу роњи фардои тољикон фархунда бод!

Аз Яхчи Поён то Зиѓар љои касногузар буд. Мушки-лоти он ба шаклу устура ба эътиќод ва боварњои мардум даромадааст. Аз Яхчи Поён устура оѓоз мешавад: Дањани Аждањо, Девдара, Обчак, Тиёќпарто, Љон дар кафи даст, Аллоњ Акбар, Камарбанд. Њамон нуќтаи љуѓрофии Иронвич, ки муњаќќиќон мељустанд, њамин аст. Пули Чимнот, ќиссаи обу аждањо ва ѓайра.

Ва ин роњи васл ба сўи асл аст!

Моем нињода сина бар синаи санг,Љўем таљаллие зи ойинаи санг.Мо санг шудему санги мо об нашуд,Аз мењри гияњ амону аз кинаи санг!

Роње, ки зи Коми Аждањо мегузарад,Аз он дами субњидам дањо мегузарад.Зоди сафараш нињод дар мулки Шикай,Аз рањгузараш оби баќо мегузарад.

Дар Девдара парї надидаст касе,Аз нахлу умед бар начидаст касе.Бо фотиња бигзашт аз ин љой њаме,Бо ќатра зи Обчак чакидаст касе.

Афтида асо ба обу шањпул нашуд,Умру самараш ба арзи каљкўл нашуд.

Page 20: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

20

15-бањори Истиќлол

Гар роњ набуд, мо њама роњ шудем,Аз њосили умри рафта мањсул нашуд.

Аз марњалае ба ном Аллоњ Акбар,Моро бирасон ба сўи чархи ахзар.Омад њадасе, ки солики роњгузар,Аз чоњ бурун омадї, аз Моњ гузар!

Ин роњи њаќиќат аст, афсона куљост,Љон дар кафи дасти мост, љонона куљост?Як умр дар ин љода иморат кардем,Паймон нашикастї, ёр паймона куљост?

Афсўс, зи рањравон на по монд, на пай,На нашъаи май баљост, на нолаи най.Ёрон њама љодањои худро бурданд,Ку Борбаде, ки ояд аз шањри Нусай?

Ин Дашти Љам аст, љоми Љамшед биёр!Эй мурѓи сањар, бихону хуршед биёр!Дар Руму Араб агар надорї дасте,Шо-носири дигаре зи Ёгед биёр!

Дар кўњи Камарбанд камар боз макун,Дар зери самои танг парвоз макун.Уммеди Зиѓар расиданатро чи бурї?Дар нимарањї, рањи нав оѓоз макун!

Меъмори азал аљаб рање сохтааст,Меъмори наве тарњи нав андохтааст.Дар рўи замин чунин рање нест, биё,Меъмор чу кўњ ќомат афрохтааст!

Page 21: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

21

наср ва назм

ОИНИ ВАЊДАТ

Рамузи Вањдат аз Наврўз омўз,Ва ё аз тифли навомўз омўз.Зудудан дудањои осмонроБа зери осмон аз рўз омўз.

Рамузи Вањдати Олам њамин аст,Нумўи сабза аз лутфи замин аст.Гање борону гоње хок борад,Чї чархишњо, ки дар чархи барин аст.

Замини ташна рўзе об ёбад,Чу ринде, ки шароби ноб ёбад,Зи чархишњои сар ё чархи ахзар,Сањар Хуршеду шаб Мањтоб ёбад.

Ту Вањдат аз дили бекина омўз,Намуди ростї з-оина омўз.Нигањдории оини њаќиќатЗи бишкан-бишкани порина омўз.

Зи Миррих табли љанг ояд њамеша,Зи Зўњро табли чанг ояд њамеша.Аё Симурѓ, Золи мо куљо шуд?Зи Кўњи Ќоф санг ояд њамеша.

Рањи Вањдат зи санги хора бигзашт,Баланду пастро њамвора бигзашт.Њазар кун аз рањи дилњои сангин,Ки њар кї з-он гузашт, овора бигзашт.

Page 22: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

22

15-бањори Истиќлол

ГУЛНАЗАР

ЧАНД ТАРОНА

НОЗИШ

Хорро гулзор кардї, зинда бош,Муштро хирвор кардї, зинда бош,Хобро бедор кардї, зинда бош,Бо ту менозад ватан, ту бо ватан.

Ту хазонро навбањор омўхтї,Мустамандиро виќор омўхтї,Нобарориро барор омўхтї,Бо ту менозад ватан, ту бо ватан.

Чун гирањ рањро кушодї сў ба сў,Об гаштиву бирафтї љў ба љў,Муждаи сабзиш расондї кў ба кў,Бо ту менозад ватан, ту бо ватан.

Буда эъљози ту эъљози ватан,Ављи парвози ту парвози ватан,Мављи овози ту овози ватан,Бо ту менозад ватан, ту бо ватан.

Тољикистон сарбаланд асту ту низ,Кишвари оламписанд асту ту низ,Зери гардун бегазанд асту ту низ,Бо ту менозад ватан, ту бо ватан.

Page 23: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

23

наср ва назм

ПАНЉАКЕНТ

Аљаб пири љавонбахтї,Ки уммеди љавон дорї,Агар розе ту бикшудї,Њазорон дар нињон дорї,Саразмат гарчи хомўш аст,Ту аз Ќайнар забон дорї,Ту бо лабњои ДеваштичТакаллум бо замон дорї.

Диёри номдори ман- Панљакент!Бањори гулнисори ман- Панљакент!

Зи Рўдак Рўдакї бархост,Љањони шеър пайдо шуд,Сухан то љони Лоиќ сўхт,Чароѓи роњи фардо шуд,Талоши равшани мардумШукуфту њусни сањро шуд,Зарафшону зари нобашЗи нав машњури дунё шуд.

Диёри номдори ман- Панљакент!Бањори гулнисори ман- Панљакент!

Агар имрўзи ту зебост,Бувад фардот зеботар,Агар имрўзи ту пайдост,Бувад фардот пайдотар,Чу бо пириву бо тадбир,Шавї њар лањза барнотар,

Page 24: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

24

15-бањори Истиќлол

Суруди ифтихори туРасад шевою гўётар.

Диёри номдори ман- Панљакент!Бањори гулнисори ман- Панљакент!

ШУКРОНА

Ассалом, эй аслу эй бунёди ман,Ассалом, эй хонаи аљдоди ман,Гар замоне дур афтодам зи ту,Дур н-афтодї даме аз ёди ман.

Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,Маънии њастии ман, сад шукри ту.

Бе ту љонам дар тани ман љон набуд,Нони бе ту хўрдаи ман нон набуд,Сўйи ту буд дидаи уммеди ман,Ѓайри армони туам армон набуд.

Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,Маънии њастии ман, сад шукри ту.

Дар ба дар гаштам, дари бахтам нашуд,Дасти лутфе бар сари сахтам нашуд.Хоби роњатро надидам зери чарх,То ки хору санги ту рахтам нашуд.

Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,Маънии њастии ман, сад шукри ту.

Page 25: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

25

наср ва назм

Рўйи ту дидам, ѓамам бигзашту рафт,Њасрати бешу камам бигзашту рафт,Аз аљал парво надорам баъд аз ин,Њаљри ту аз оламам бигзашту рафт.

Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,Маънии њастии ман, сад шукри ту.

ЗИНДА БОШ

Зиндагиро пурнаво кардї, ташаккур,Синањоро пурсафо кардї, ташаккур,Аз дигар моро ту мо кардї, ташаккур,Дар рањи мењру вафо кардї, ташаккур,

Зинда бошу зиндагї омўз моро,Њамчу хуршеди сањар афрўз моро.

Хандаи тифлон бубину гулфишон бош,Бо љавонон ошиќї кун, нављавон бош,Зери чархи давргардон бехазон бош,Бо љањон бошу азизи сад љањон бош.

Зинда бошу зиндагї омўз моро,Њамчу хуршеди сањар афрўз моро.

Миллати моро сари боло сазовор,Аќли равшан, дидаи бино сазовор,Эътибору иззати дунё сазовор,Ифтихору шўњрати фардо сазовор.

Зинда бошу зиндагї омўз моро,Њамчу хуршеди сањар афрўз моро.

Page 26: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

26

15-бањори Истиќлол

ХОНАИ ИНСОН

Бахти ту њамхонаи мову ман аст,Хонаи мо зери фалак равшан аст.Хонаи он зода, ки обод нест,Лањзае аз зиндагї дилшод нест.

Њифз бикун хонаи инсонро,Маншаи афсонаи инсонро.

Одам агар нийяти хасмона дошт,Рўйи заминро њама вайрона дошт.Одам агар нийяти ёрона кард,Рўйи љањонро њама љонона кард.

Њифз бикун хонаи инсонро,Маншаи афсонаи инсонро.

Мон, ки чароѓи ману мо зинда бод,Бому дари мову ту поянда бод.Мон, ки замин – хонаи уммеди мо –Пур шавад аз тантанаи иди мо.

Њифз бикун хонаи инсонро,Маншаи афсонаи инсонро.

Page 27: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

27

наср ва назм

ГУЛРУХСОР

ОРИЁНО

Ориёно!Эй нишони бенишонии мурувват,Эй забони безабонии мадоро,Гар зи дуди оташи худ куштаат,Чун шарори оташи аз тирагї ворастаат,Зиндадори Миллати дар хоку хун оѓуштаат

боло нагардамВой бар ман!

Гар набинам зиштамро дар сиришти худшиносї,Гар наёбам сарфароямро, сарамро,Дар талоши худхалосї,Вой бар ойину бар ойинадори ман!

* * *Ориёно!Пири барљомондаи бемутакко,Марги фарзандони худро

нотавону хаста мебиниву хомўшОлам аз фарњанги ту њусни маонї ёфт,Одамї аз гавњари фазли ту асли хешро бишнохт,Худ вале аз ёди ёди оламу одам фаромўшї,Дар азои ойини мењрат сияњпўшї?!

Page 28: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

28

15-бањори Истиќлол

* * *Ориёно!Орзуњои њазини хокиямро, осмоноДарси худсозї њамехоњам зи худбозии торихофаринат.Оташи дил, оташи чашм, оташи рўњам бидењ,

эй сардгашта хонаи хуршедАз бунёди поку оташинат!

* * *Ориёно!Он ќадар ман паст уфтодамЗи арши ќуллаи рўњат ба фарши тоќати тањќир,

Ки баландие намехоњам дигар аз осмонњо,Љуз баландии заминат.

* * *Ориёно!Сањнаи пархошу чоши зиндагиву марг,Лолаи хуни Сиёваш то ба кай наврўзии туст?То ба кай хуршеди ховар нусхаи худсўзии туст?То ба кай њамчун нахи абрешимини нурБар сари ангушти гардунї,То ба кай дар оташу хунї?

Page 29: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

29

наср ва назм

* * *Ориёно!Хастагурди шўњрабемор,Аз фари оянда канда,Бар гузашта чашми бедор,Ман дигар

андар дифои шўњрати афсурдаи ту,Ќудрати тамкини арзонї надорам.Ориёно!Эй тањамтан Рустами фарзандбезор,Дар набарди зиндадории фари ту,Модари ту, духтари ту, дилбари ту,Хунбањои сангари хунофари ту,Ман дигар Сўњроби ќурбонї надорам!

ВОРИСТољикистон, љуз ту нашносад касе,Дар ѓурури ман кўњистони маро.Дар каломи содаам, дар лањљаам,Зарби исён, рўњи урёни маро.

Зарраи хуршеди сўзони туам,Лолае дар марзи домони туам.

Page 30: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

30

15-бањори Истиќлол

Эй Ватан, эй рўњ, эй модархудо,Духтари барќи кўњистони туам.

Хоксории ниёям хокї нест,Аз баландии шукўњи миллат аст.Ченаки номуси ман дар зиндагї,Ќуллае аз кўњи рўњи миллат аст.

Ќисмати пуршўри ман сар мезанадЧашмасон аз синаи харсанги ту.Рўдакї њаргиз намебахшад маро,Дар бисоти ман набуд чизе, нагў!

Ёфтам бунёди осори туро,Аз алифбои «Авесто»-и сухан.Гарчи то ман пора-пора омадї,Зинда бош, эй љони афгорам, Ватан!

Эй Ватан,эй офтоби нанги ман,Сўхтан дар оташи ишќат кам аст.Аз сари китфат ба олам бингарам,Њар тани соњибватан як олам аст.

Неши хоре мекашам аз чашми худ,То бубинам хандаи гулзори ту.Вориси нанги туву санги туам,Рўйи дил аз захм унвондори ту.

Page 31: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

31

наср ва назм

Тољикистон, љуз ту нашносад касе,Дар хурўши ман забони Вахшро.Дар талоши њаќшиносии манат,Дарси покии занони Яхчро.

Дуд аз сўзи шарар сар мезанад,Нанг аз гарди Ватан сар мезанад.Шеър тифли рўњи исёнзода аст,Шоир аз дарди Ватан сар мешавад!

ВАТАНДОР

Дар замоне ки замин бе такя аст,Такядорї навбати ман омада.Доварї дар бозии тифлони пир,Њаќгусорї навбати ман омада:Такядору њаќгусори ман, Ватан,Довари ойинадори ман, Ватан!

* * *Санги кўњат заршиносам кардааст,Ишќи ту пири сипосам кардааст.Бефаноии ту дар дањри фано,Аз ѓами мурдан халосам кардааст:Эй Ватан, марзи садоќаткиштаам,Эй Ватан, «Шањнома»-и нанвиштаам!

* * *Бингарам њайрон ба савдои љањон,Гўшкар аз шўру ѓавѓои љањон.

Page 32: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

32

15-бањори Истиќлол

Сар ба дўши кўњсорон менињам,То наларзам њамчу авзои љањон:Арчасон хоњам, ки бошам бехазон,Кўњсон хоњам, ки бошам љовидон.

* * *Носењонам нуктагирї мекунанд,Дењаи худро агар гўям, Ватан.Мекунад тањрири каљ, тањлили каљ,Каљкулоње мењру шеъру њарфи ман:Мазраву дењу диёри ман, Ватан,Эй канори беканори ман, Ватан!

* * *Носењо, фарёди дардолуди љон,Нашнавї гар аз хамўшињои ман,Аз забонам чашми ман гўётар аст,Чашми ман бо тољикї гўяд сухан:Аз забони ман агар бебањраї,Аз ѓаму шодии ман чун огањї?

* * *Дўстдории Ватан бошад вубол,Ку савобе, ки баќои олам аст?Дар ѓарибї кашф кардам, ки ВатанМазњабу дини нахусти одам аст:Хуни Њурмуз аст дар шарёни ман,Мазњаби Зардуштии ман, эй Ватан!

Page 33: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

33

наср ва назм

* * *Дар садоќат нест сарборе гарон,Љуз муњаббат нест суде безиён.Бо њама болоияш, ПомирроХоњаме болои сар бидњам макон:То расад «Боми Љањон» то осмон,То љањон бинад варо њамчун љањон!

* * *Дар нигоњи нусхагири бењунар,Гар Гули рухсори љурму иллатам,Бо сари сабзу забони сурхи худ,Духтари исёнпарасти миллатам:Дарди ман бо тољикї гирён шавад,Шодиям бо тољикї хандон шавад…Эй Ватан, марзи садоќаткиштаам,Эй Ватан, «Шањнома»-и нанвиштаам!

РЕШАПАЙВАНД

Нури ман, нури зарафшон,Рўди ман, рўди ѓазалхон,Хоки ман. хоки гулафшон,Тољикистон!

Page 34: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

34

15-бањори Истиќлол

Ман агар нурам, агар хок,Ман агар њурам зи афлок,Бе ту хокам, бо ту афлокам,Тољикистон!

* * *Дар заминат мард кофист,Дар замират дард кофист,Љонам аз љонат људо нест,Тољикистон!

Решапайванди туам ман,Занду Позанди туам ман,Ту якї, чанди туам ман,Тољикистон!

Хоки поки беназирам,Дарду ранљат дар замирам,Номи ту дар лаб бимирам,Тољикистон!

ТАРОНАИ МУЊАББАТ

Чу тахти бахти тољикон расидаї,Зи мењри пок мењрабон расидаї,Чу нури њаќ зи њаќрасон расидаї,Чу субњ аз дили шабон расидаї,

Page 35: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

35

наср ва назм

Замини нозанини мо, туйї, Ватан!Умеди охирини мо, туйї, Ватан!

Мароми мо ниёзи нангу ори туст,Маќоми мо фарози ифтихори туст,Сиришти мо сафои рўдбори туст,Бињишти нозанини мо, туйї, Ватан,Умеди охирини мо, тўйї, Ватан!

Ту субњи нодамидаро башоратї,Ту бахти тољиконаро иморатї.Ту такядори вањдату муњаббатї,Ту ќисматї, ту модарї, ту миллатї:Замини нозанини мо, туйї, Ватан,Умеди охирини мо, туйї, Ватан!

Page 36: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

36

15-бањори Истиќлол

Абдулњамид САМАД

РОЊИ ШАРАФ

Дур не, њамин моњ – 5 ноябр дар толори Кохи Борбад маљлиси шукўњманду пуртантанае ба ифтихори Рўзи Ќонуни асосии Љумњурї, Конститутсия баргузор шуд. Президенти мамлакат Э. Рањмонов дар њузури сиёсатмадорон, корпуси дипломатї, намояндагони илму фарњанг ва ањли мењнат аз назокатњо ва моњияти хоси Сарќонун, ки ёздањ сол пеш бо раъйпурсии умумихалќї ќабул шуда буд, њарф зад. Албатта, Сарќонун ва ё Конститутсия, ки бахтномаи миллат ва тамоми мар-думи мамлакати мост, солгарди он њамеша ба љашну бузургдошт меарзад. Чаро ки мањз њамин Сарќонуни даврони Истиќлол њуќуќ, амният ва манфиатњои њар як шањрванд, дифои марзу бум, рушди илму фарњанг ва тамоми љабњањои зиндагиамонро кафолат дод, забони модариамонро давлатї эълон кард. Ва дар ин њамоиш он таъкиди Президент низ ба маврид буд, ки мардуми мо то њанўз ба ќимати сарнавиштсози ин санади бузург њамаљониба сарфањм нарафтааст.

Оре, ин мояи хушбахтї аст, ки мо давлати соњиб-истиќлоли худро дорем. Ва Тољикистонро њамчун давлати озоди демократї, њуќуќбунёд ва дунявї дар радифи бузургтарин давлатњои дунё љањониён мешиносанду эътироф мекунанд; мо – тољиконро ба њайси меросбари миллати ќадимаи соњибфарњанг эњтиром менамоянд ва аз минбару сањнањои бузурги љањон сухани Сарвари давлатамон Эмомалї Шарифович Рањмоновро чун арзу садои дили мардуми Тољикистон мепазиранд, ба њунар ва савту таронањои дилошўби ромишгарону овозхонњои мо бо кафкўбї бањои баланд медињанд. Ин њамаро

Page 37: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

37

наср ва назм

замони Истиќлол ва Сарќонун ба мо мањайё сохт, дару дарвозањои бисёр мамлакатњои дар гузаштаи на чандон дур баставу ќуфлро ба рўи њамватанонамон кушод, балки ба хурду бузург боли парвоз дод, ки бираванду оламу одам бубинанд, бо тафаккур ва анде шањои тоза бинои давлати тозабунёди Тољикистонро зина ба зина зебову мустањкам бисозанд.

Пўшида нест, ки њар як фарзанди миллат вобаста ба курсии мансаб агар бо дасту дили пок ба халќу диёри хеш хидмате бикунад, оянда ба некї ва њурмату эњтиром ёд мешавад. Ва ин њам пўшида нест, ки танњо риояи рукну моддањои Сарќонун аз љониби онњое, ки дар курсињои пасту баланди мансаб нишастаанд, муносибати софдилонаи онњо ба кори давлатї, масъулиятшиносии онњо ба таќдири халќ пойдевори давлат ва ихлос, эњтирому садоќати мардумро мустањкам нигоњ медорад, дасту дили хурду бузургро ба зиндагї, сохти давлатдорї, ояндаи дурахшони кишвар гарм месозад.

Ба ростї, ваќте ки мўњтарам Президент аз дасто-вардњои сиёсиву иќтисодии Тољикистон дар тўли ёздањ соли амали Сарќонун бо ифтихор њарф мезад, пеши назари камина ва шояд бисёрињо рўзу солњои мудњишу фалокатбори начандон дури асри гузашта падидор мешуданд. Аз рўи сустї, фориѓболиву бемасъулиятии роњбарон, вазоратњои ќудратї оташи низоъ ва љангу љидолњои људоиандоз, харобиовар пеши назари љомиа аланга зад, низоми зиндагиро вайрон кард, сарнавишти инсонњоро печидаву шўру талх сохт, бадбахтињои гўшношуниде ба сари мардум овард. Сохторњои давлатї аз боло то поин, фаъолияти корхонањои хурду бузург дар ќисме аз вилояту ноњияњо батамом фалаљ шуд, бесарусомонї дар бисёр љойњо чун њокими мутлаќ мавќеъ ёфт. Вале аз њама бадбахтии дањшатангез он буд, ки боди

Page 38: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

38

15-бањори Истиќлол

фитнаву дасиса ва худхоњию манфиатљўї мардумро ба гурўњ, водї, мањал ва њизбњо људо кард. Ва ин њиссиёти манфур дар дили хурду бузург тухми сиёњу зањрогини нифоќ ва нобовариро кошт. Ин боди нањс њамсояро ба њамсоя, њамкорро ба њамкор, њатто ёру бародар ва хешу таборро низ ба якдигар душману кинавар сохт. Дар чунин вазъияти фољиабор, ки бадбахтона хуни ноњаќ рехт, инсонњо ќурбон шуданд ва шањру дењоти як замон аз шодиву сурур лабрезамон, ба ќавле, дар ѓаму андўњ ѓўтида, ба мотамхона табдил ёфту диёрамон чунин манзарањои њузноварро гирифт:

Шањре, ки дар он ишќ љавонї мекард,Имрўз вилояти сияњпўшон аст.

Оре, мардуми азияткашида, тањќирдида њолати сангини ноумедї, рањгумиву парешонњолї ва дилшикас-тагиро аз сар мегузаронд. Њамаро андешањои дилхарошу пуртањлука ором намегузошт: «Мољарову кашмакашњои шармовар кай поён меёбанд? Таќдири Ватану миллат оянда чї мешавад? Худсарї, ќонуншиканї ва бетамизињои муштзўрон, дузду ѓоратгарон ва ќуввањои сиёњкор то кай идома меёбанд? Ва дар ин њолати њассосу нобоб, ки њар як бадкирдор худро шоњу њар як чапдаст худро вазир мешуморад, кї љуръат карда масъулияту љавобгарии халќу давлатро бар дўш мегирад ва барои гирд овардани мардуми ѓарибу парешон, низоми зиндагї, табобати љароњатњои сўзони ќалби њамдиёрон, зиёда аз ин, аз нав рост кардани ќомати шикастаи давлат камари њиммат мебандад?»

Ана дар њамин хел њолати ноњинљори ављи беса-русомонї дар мамлакат, азобу шиканљаи равонии мардум, боз дар њамин моњ, яъне 19 ноябри соли 1992

Page 39: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

39

наср ва назм

суханронии Э. Рањмонов њангоми савгандаш ба сифати роњбари Љумњурии Тољикистон бори аввал аз минбари Сессияи ХVI Шўрои Олї, ки дар ќасри «Арбоб»-и шањри Хуљанд мегузашт, ба гўши тамоми шањрвандони кишвар ва берун аз он расид.

Роњбари нави давлатро мардум наѓз намешинохт. Вай хеле љавон буд. Ба истиснои чанд сухангўии кўтоњ ва саволу посух ба њайси депутат дар љаласањои Маљлиси Олї, ки тариќи телевизион нишон дода мешуданд, одамон ўро дар курсии баланди мансаб ё сўњбати рў ба рў надида буданд. Дар ин маврид нигоштаи яке аз њамсафони фидокору содиќи Президент Э. Рањмонов, шахсияти маъруфи сиёсї А. Достиев дар китобаш «Тољикистон: шикастанњо, бастанњо» хеле барљову њаќќонист. «Ў (Э. Рањмонов. А.С.) он ваќт дар сафи њукуматдорон ва њукуматхоњоне, ки сабабгори фољиаи миллат шуданд, набуд, вале дар лањзаи њассосу таќдирсоз, чун фарзанди асилу баору нанг бори бузурги масъулиятро бар дўш гирифт». Воќеан, ба майдони сиёсат ќадам нињодани Э. Рањмонов њам барои тољикистониён ва њам барои коршиносони хориљї ногањонї ва ѓайри чашмдошт буд.

Аммо суханњои пурњаяљон, лек саршор аз мењри ў аз паёми нахустинаш «Ман ба хонадони шумо сулњ меорам… То гуреза дар хориљи мамлакат азобу дарди ѓарибї мекашад, ман њамчун роњбари давлат ором буда наметавонам…» ба дили озурдаи мардум нури умеде ворид кард. Бале, ваъдањо бузургу умедбахш, аз тањи дилу бољуръатона буданд. Табиист, ки хурду бузург аз як љониб аз Худованд илтиљо мекарданд, ки ба сарвари љавон иќболу барори кор бахшад, аз тарафи дигар медонистанд: аз ваъда то љомаи амал пўшидани он роњ тўлонист. Махсусан дар он айём, ки мардум аз гирудор,

Page 40: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

40

15-бањори Истиќлол

ќонуншиканї ва ѓаму ташвиши бењисоб хаста, аз ваъдањои пучу дурўѓи роњбарони каммасъулият ё тасодуфї безору дилгазон шуда буданд. Охир, басо суханњои зебо дар њаво муаллаќ мемонданд, ки ин љомиаро бештар хиљилу маъюс мекард. Акнун зимоми давлат аз рўи армони шањрвандони сарзамин бояд ба дасти шахсияти намоён, пурљазаба, корозмуда, мавридшиносу батадбир мерасид, ки бо иродаи ќавї, дасти пурзўр мамлакатро аз гирдоби фалокатбор бирањонад, халќи ба чор тарафи олам пош хўрдаву парешонро љамъ оварда, ѓубори кинаву кудурат ва ранљишу озорро аз дилашон бизудояд. Шуур ва мафкураи љомиа дар он айёми ба ќавле хунрезу пурнифоќа ва дасисапарвар аз чунин ќолиби шахшўл рањида наметавонист. Аммо аз дасти ин љавони дар љабњаи сиёсату давлатдорї њанўз камтаљрибаву ноомил чї меояд? Магар ў оташи љангу љидолро фурў нишонда метавонад? Ва ё тарафњои даргирро,ки бозичаи хашму љањолатманду ѓайри манфиати гурўњњои худ андешаеро намепазиранд, сари инсофу муросо ва сулњу салоњ оварда метавонад? Бешубња, сарварї ба як љумњурии љангзада ва харобу валангор, халќи дар хоку хун жулида, айёми худнамоии нерўњои љинояткор ба љони худ бозидан њам буд. Зимнан, сарвариро ду самт дар пеш аст: яке вартаи бадномї, дигаре ќуллаи шараф. Вартаи бадномї бандаи нафс, худхоњї, айшу фориѓболї шудан, ќуллаи шараф танњо барои баќои давлату саодати халќ талош варзидан аст. Ва кам низ нашудааст, ки дар чунин њолатњои бесарусомонї сарвароне муфт аз сари асп парида, гардан шикастаанд.

Фаъолияти сиёсї ва давлатдории сарвари љавони Љумњурии Тољикистон Э. Рањмонов воќеан дар ављи муборизањои тезу оштинопазири дохилї ва марњилаи њассоси сарнавиштсоз оѓоз ёфт. Дар саросари кишвар

Page 41: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

41

наср ва назм

одамон аз низоъњои бемаънї захм, дарду аламе доштанд. Лек шахсони љасуру фидої, мењанпарастони асил, ки дар пањлуи сарвари љавон мардона истанд, ангуштшумор буданд. Бисёрињо аз бими љон ва рањидан аз масъулият бо њар бањона ишѓоли курсињои мансабро рад мекарданд. Вале роњи бозгашт набуд. Э. Рањмонов бо њамсафон сараввал барои барќарор кардани тинљиву оромї дар мамлакат ба фаъолият пардохт. Ва ин нияти хайр, ба бахти мардум, боиси кушоиш ва пирўзї шуд. Моњ ба моњ, сол ба сол дар натиљаи талошу муборизањои пайваста, љустуљўи бењтарин роњњои созиш бо амри Худованд ва мадади рўњи бузургон, дастгирии мардум, давлату ташкилотњои хайрхоњи љањонї андак-андак масъалањои мушкил њал гардиданд; саддњои манфури људоиандоз шикастанд; душманони хуниву љонї, тарафњои ќањриву ёѓї гардани шайтон шикаста, ба раѓми душманон ба хотири шаъну эътибори миллати куњанбунёдамон ба њамдигар оѓўши бародарона кушоданд ва дар хонаи бобоии худ – Тољикистони азиз сарљамъ омаданд, боз ба созандагиву ободкорї даст заданд.

Аз он айёми талху пурфољиа солњои на чандон зиёде сипарї шуданд. Ва њамаи мо шоњидем, ки сарзамин ва халќамон ба чи њоли табоње гирифтор буд; хавфи пора-пора шудани љумњурї низ дилњоро решу хун мекард. Сад шукр, ки имрўз бо вуљуди камию костињои рўзгор, оромию осоиш дар саросари мамлакат таъмин аст. Дигар бар сари халќи мо санги таънаву маломат намеборад, баръакс оштии миллї ва сулњи тољикон, ки он бузургтарин дастоварди мардум ва њукумати Президент Э. Рањмонов ба њисоб меравад, обрўи миллати тољику давлати Тољикистонро дубора барќарор кард. Ва ин њам боиси ифтихор аст, ки љањониён ин сулњ ва оштии миллиро чун падидаи нодир, чун ѓалабаи аќлу заковати

Page 42: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

42

15-бањори Истиќлол

инсон эътироф карданду аз таљрибаи сулњофарии мо дар нуќтаи доѓи олам аз он истифода њам мебаранд.

Тўли солњо Э. Рањмонов бо сифатњои љавонмардию хайрхоњї ва бо самимияти инсонї дар байни халќ ба эњтиром ва обрўи баланд соњиб шуд ва дар баробари ин худро бо таљриба, хираду заковат, дурандешиву љањонбинии хоса ороста, њамчун шахсияти тавонои сиёсї маъруфият пайдо кард. Албатта, аз азал њолатњои тезу тунд, муборизањои шадид роњбарњоро ба майдон меоранд, вале на њар роњбар дар љодаи хеш ба мартабаи шахсият мерасад. Зеро забони халќро ёфтан, дар ѓаму шодияш шарик шудан, зиёда аз ин ба манфиати як миллат ё давлат корњои шоистае ба анљом расонидан њунари њар роњбар нест. Аммо Э. Рањмонов бо чанд кўшиши бољуръатона барои арљгузорї ва густариши забони модарї, омўхтани дигар забонњо, эњёи хотираи таърихї, баланд бардоштани њисси пурнаљобати худшиносї ва ифтихори миллї, ки ниёзи хурду бузург буд, сањми беназир гузошт.

Ёдам меояд, ки дар як маљлиси Њукумат Президент ба њозирин гуфт: «Айбу шармандагї аст, ки мо роњбару узви њукумати Тољикистон бошем, нону намаки халќро бихўрем, аз њисоби он давлату савлат биронему за-бони модариро хуб надонем». Даъвату сахтгирињои Президент бесамар намонданд. Бисёрињо ба худомўзии забони тољикї камар бастанд. Бешубња даъватњои Э. Рањмонов барои эњёи суннатњои волои ќадима, баланд бардоштани сатњи маънавият, ѓуруру ифтихори миллї шиорњои хушку холї нестанд. Пеш аз њама худи ў ба омўхтани таъриху сарчашмањои фарњангї рў оварду корњоеро ба субут расонд. Ба фарзандони арљманди миллат устод Садриддин Айнї, академик Бобољон Ѓафуров ва устод Мирзо Турсунзода додани унвони

Page 43: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

43

наср ва назм

олии нахустќањрамони Тољикистон, таљлили љашни 1100-солагии давлатдории Сомониён, дар дили пойтахтамон – шањри Душанбе гузоштани маљмааи мўњташами Исмоили Сомонї, љашнњои хеле зебои «Авесто» ва шоирону олимони оламшумули гузаштаву фарзонагони муосир, бузургдошти шањрњои ќадимаамон Истаравшану Кўлоб, нашри китоби «Тољикон»-и Б. Ѓафуров, шашљилдаи «Таърихи халќи тољик», чопи пайвастаи асарњои адибон, соли 2006-ро эълон кардани Соли бузургдошти тамаддуни ориёї нишонаи бењтарини ватанпарварию фарњангдўстии эшон мебошад. Бахт ба Э. Рањмонов даст дод, ки борњо аз минбари баланди Созмони Милали Муттањид аз номи тољикистониён њарф бизанад ва њалли масъалањои доѓи Афѓонистону мубориза алайњи терроризм ва маводи мухаддирро ба миён гузорад, аз љониби љомиаи љањонї дастгирї ёбад.

Ба ростї, агар бо чашми нек нигарем, мушоњида мекунем, ки дар як фосилаи на чандон зиёд Президент бо ташаббус, дастгирї ва талошњои афзунаш дар рушди иќтисодиёт, мактабу маориф, ворид шудани инвеститсияи хориљї ба мамлакат, бунёди корхонањои хурду бузурги хусусї, иншоотњои азим ва ба ин васила, ба њар њол, баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум сањме арзанда гузоштааст.

Чанде пеш хушхабари идомаи сохтмони истгоњњои барќи обии Роѓун, «Сангтўда-1» ва «Сангтўда-2» тамоми халќи кишварро шод гардонд. Ин њама башоратест аз дурнамои пурзўр шудани иќтисодиёти Тољикистон, беш аз пеш бењтар гардидани сатњи зиндагии мардумамон. Ва ана боз дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон Президент дар њузури сармоягузорон ва мењмонони хориљию коргарон тугмаи ба кор шурўъ кардани нав-бати дуюми Нерўгоњи барќи обии «Помир-1»-ро пахш

Page 44: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

44

15-бањори Истиќлол

кард. Аз ин воќеаи њаётан муњим дар баробари пиру барнои Бадахшон тамоми сокинони љумњурї изњори нишоту ќаноатмандї карданд. Чунки зиндагии мардум, фаъолияти муассисањои таълимию табобатї, умуман тамоми соњањо дар муњити сангин ва сармои сахти кўњистони Бадахшон бе чароѓу гармї мушкил аст. Ва агар манзили њамдиёрони бадахшии мо гарму чароѓон шуд, мушкилоти вилоят як каме њал гардид, ин њам муваф фаќияти бузург аст.

Дар Бадахшон хурсандї пайи хурсандї омад. Рўзи дигар мардуми ноњияи Дарвоз базму тантана оростанд ва љаноби Президент шоњроњи Шкев-Зиѓарро, ки аз рўи меъёрњои байналмилалї сохта шудааст, расман кушод. Ва боз башорат дод, ки соли оянда кандани наќби аѓбаи Шањристон шурўъ мешавад. Ин њам дастоварди андак нест. Сохтани ин роњ орзуи њазорсола буд ва ба назар, воќеан, орзую хаёл, балки афсона менамуд. Кушода шудани ин шоњроњ ќадами љиддиест дар бахши аз бунбасти коммуникатсионї баровардани Тољикистон.

Манзараи пуртантанаи роњкушої пеши назар, суханњои нињоят гарму самимии пирони Дарвоз ба гўш, ба ёдам 30 январи соли 1999 расид. Он рўз дар дањони Девдара, дар Яхчи поён ба муносибати сар ба сар омадани хомроњ ё тарњи роњи Кўлоб-Дарвоз њамоиши пуршукўње барпо шуд. Дар он бештар аз диловарию корнамоии роњсозони тољик, дастгирии сармоягузорон сухан мерафт. Шодию сурури Президент интињо надошт. Њама ба ин иќдом сано мехонд. Аз љумла, сафири яке аз бузургтарин мамлакати дунё – Хитой дар Тољикистон иброз дошт: «Ин шоњроњ падидаи бузурги аср аст ва бояд давлатњои олам инро эътироф бикунанд, зеро ин роњ акнун Осиёи Марказиро ба Аврупо ва тамоми олам мепайвандад».

Page 45: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

45

наср ва назм

Дар ин тантана адибон Мўъмин Ќаноат, Лоиќ Шералї, Гулназар, Аскар Њаким ширкат доштанд. Дар хаймаи бузург њангоми зиёфат баногоњ Президент гуфт:

Шоирони мо оё бахшида ба ин сохтмони бузург шеъре мегўянд?

Њолату имтињои аљиб. Бадоњатан бояд шеър ё сухане гуфт. Навбати аввал ба Гулназар расид ва ў ин байтро хонд.

Ин роњ, ки дар тани Ватан шарён аст,Роњи шарафи Эмомалї Рањмон аст.

Устоди зиндаёд Лоиќ дар баробари хондани пораи шеъре дар пайравии ѓазали машњури Рўдакї «Ояд њаме» «Бонги љашни тољикон ояд њаме…» гуфт: «Ин шоњроњ шоњкори таърих, роњи Президент Рањмонов аст, ки моро ба асри ХХI мебарад».

Воќеан, дар асри ХХI ин шоњроњ дар дили санги хоро ончунон кандаю сохта шуд, ки бинандагон ангушти њайрат газиданд. Ва Девдара бо пешнињоди Президент Гулдара ном гирифт.

Дар ин маврид як нуктаро аз тањи дил боз таъкид мекунам, ки дар пиёда кардани наќшањои Президент пеш аз њама ана њамин роњсозону наќбканон содиќона зањмат кашидаанд, на он курсинишинњое, ки дар њуљрањои гарму нарм менишинанд. Пас, пеш аз њама ба ќадршиносї ва гирифтани ордену нишонњо коргарони фидокор, бунёдкорон сазоворанд.

Моњи май банда бо љамъе аз ањли сухану њунар мењмони наќбканони Анзоб будам ва шоњиди манзарањои њайратангезу њаяљонбахши бо шуљоату матонат љигари кўњро шикофтани фарњодњои замон шудам. Кўњканњо

Page 46: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

46

15-бањори Истиќлол

шабу рўз љон мекоњониданд, ки то Наврўзи соли 2006 наќбро ба анљом расонанд. Президент Э. Рањмонов тамоми имкониятњоро ба њисоб гирифта, њамин мўњлатро муќаррар кардааст. Онњо медонанд, ки истиќлоли роњ барои Тољикистони саросар кўњсор чун нафас, чун обу њаво зарур аст. Ва ин роњ бештар мардумро ба њам оварда, боиси мустањкам шудаи пайванди дўстї, хешутаборї, фаровонї ва хушии рўзгор мешавад.

Њикмате дорад халќ: бегуноњ танњо Худованд аст. Дигар пайѓамбарону сарварони давлатњо низ чун ин-сони заминї, бандаи Худо аз каму костињо љои гурез надоранд. Вале, хеле хуш аст, ки наќши неку кори хайри роњбарон ба манфиати давлату миллат дар таърих сабт мегардад. Љомиаи мо ба ниёзњои зиёд эњтиёљ дорад. Инсон, табиатан як марњилаи мушкилро пушти сар кард, мехоњад, ки зудтар ба зиндагии хушу гуворотар бирасад. Вале њама кор ба ваќту соат тобеъ мебошад. Дар њар сурат, аз рўи иттилооте, ки аз фаъолияти чењрањои ав-вали давлатњои дуру наздик мерасад, чашми бад кўр, кору пайкори Президент Э. Рањмонов барои нарм нигоњ доштани вазъи сиёсї, шукуфоии мењан афзалиятњо дорад. Ва ёд овардани рўзи ба арсаи сиёсат ќадам нињодани Э. Рањмонов ба хотири он аст, ки масъулияти роњбарї ба давлат ва ба зимма гирифтани таќдири халќ мисли дину имон муќаддас аст. Дар ин роњи мушкил бояд њамагон ба Сарвари давлатамон бо дасту дили пок мададгор бошем.

Ноябри соли 2005.

Page 47: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

47

наср ва назм

Сафармуњаммад АЙЮБЇ

ИСТИЌЛОЛ

Шуд мубарро савти ною чанги истиќлол,Лаззати ишќ аст дар оњанги истиќлол.

Реги истиќлол тобад бењтар аз марљон,Баркаши кўњ аст дар посанги истиќлол.

Маъдани ин мулк бошад љавњари дониш,Фарри яздонист дар фарњанги истиќлол.

Рангбасти зиндагиро рангрезї нест,Пурљило бошад њамеша ранги истиќлол.

Мўр гардиданд морони замони љанг,Роњи љонбозист њар фарсанги истиќлол.

Рў ба сўи офтоби фазл бинмудандСафкашу сарлашкару сарњанги истиќлол.

Ку касе к-аз бениёзї кард истиѓно,Нест дар олам касе дилтанги истиќлол.

Дар таљаллоянд рўи сањнаи айёмЛоларухсорони шўху шанги истиќлол.

Лаззати нуќли љалоли сулњро доранд,Хўшањои пухтаи ованги истиќлол.

Эй мусаввир, ин саодатро ба лавњ овар,Манзари њусн аст дар аржанги истиќлол.

Page 48: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

48

15-бањори Истиќлол

Мўсафедеро бидидам, шукри њаќ мегуфт,Дар руху пешонааш ожанги истиќлол:

К-эй Худо, шукронаи ин боргоњи сабз,Мазњари ангуштару авранги истиќлол,

Бар њисори сабзи дилњо роњ пайдо шудГашт пањно кўчароњи танги истиќлол.

СУРУДИ ТОЉИКИСТОН

Бонишон Давлати дар љањон мустаќил,Љовидон миллати дар асолат љалил.Лафзи ширини ту дар узубат шакар,Сирати ту љалї, сурати ту љамил.

Тољикистон, туї номвар,Узви комилњуќуќи башар.

Дар масири љањон, роњи ту дунявї,Поятахтат ќавї, гоњи ту дунявї.Парчамат дар љањон рамзи фарњанги сулњ,Тољи зар рўи хиргоњи ту дунявї.

Тољикистон, туї номвар,Узви комилњуќуќи башар.

Ќуллаи кўњи ту, ќутби сулњи љањон,Остони дарат минбари воизон.Кашфи Девони ту мактаби осафон,Дафтари фазли ту рањнамои замон.

Тољикистон, туї номвар,Узви комилњуќуќи башар.

Page 49: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

49

наср ва назм

ТОЉИ МАН

Тољикистони азизам, Ватанам, модари њусн,Сари сабзи ту бувад сояи сабзи сари њусн.Навдаи сабзи ту дар боѓ расої дорад,Шохаи хушки ту даъвии асої дорад.Мењр аз ќалби самовот сафо мерезад,Ќатраи шабнамат аз чашми Худо мерезад.Хуни оташ зи раги санги ту дар љўш бувад,Њар гули боѓи ту як ќиссаи хомўш бувад.Њафт ахтар чу сар аз љайби гиребон дорї,Сари тавњид бурун то дари яздон дорї.Хиради туст давида ба раги пайкари мо,Бувад андешаи хоки рањи ту дар сари мо.Осмон тахти бузургии бузургони ту њаст,Фазли сомони љањон мактаби сомони ту њаст.Тољро бар сари тољик зи тинат додї,Дањрро турфа зи тољик ту зиннат додї.Саљда бар хок задан мазњари меърољи ман аст,Эй Ватан, гарди рањат дар сари ман тољи ман аст.

САРДАФТАРИ ОФОЌ

Маро тољик мегўяндАз тољи каёниямДар олам пањн гардидаст фазли комрониям.Набудам аз азал ќавми тањидасту парешонеНофармону нодонеНабудам аз азал ман гунги модарзод,Будам як миллати гўяндаи обод.Њанўз аз аввалободи љањонам ному унвон буд,Забони ман забони обшорони кўњистон будЗабони лолаву себаргаву сунбул

Page 50: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

50

15-бањори Истиќлол

Забони боду борон буд.Забони ман забони иттињоди миллати тољикаёнї буд,Дирафши иттињоди ман забони љовидонї будЊазорон солМаќоми ман забон астНизоми ман забон аст.Забонам њаст сарќонунуну ќонуни њаёти ман,Ќонуни бароти ман.Дар ў њарфи саодат њастДар ў ирзу иродат њаст.Њуќуќи миллати поянда будан њаст дар ў,Њуќуќи њофизи оянда будан њаст дар ў.Нахуст аз саркитоби ман Авасто буд,Авасто номи сарќонуни дунё буд.К-аз ў сарманша бигрифтанд ќонунњо,Маънињову мазмунњо.Набудам аз азал љанговару хашмин,Будам солору ботамкин,Будам созандаи дунё,Набудам ман барандозандаи дунё.Ба ин фазлу ба ин ќонун,Ба ин шаклу ба ин мазмунБудам аз посдорони њаќиќатБудам аз пешвоёни тариќатМаро тољик мегўяндАз тољи каёниям!Дар олам пањн гардидаст фарњанги амониям.Бувад ќонуни њастї дар китоби манБувад њар нуктаи ќонуни Сарќонун хитоби ман-Хитоб аз љавњари поки нињодамХитоб аз иттињодамХитоб аз сулњу эљодамХитоб аз њурмату њаќќу њуќуќи одамизода

Page 51: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

51

наср ва назм

Хитоб аз зиндагии поку озода.Хитоб аз мењнати озод,Хитоб аз рўзгори шод,Хитоб аз олами обод.Хитоб аз иззату икроми истеъдод,Хитоб аз мактабу тадрис,Хитоб аз минбару маљлис,Хитоб аз покии виљдон,Хитоб аз ќадри инсон,Хитоб аз кишваре, ки адл барљост,Хитоб аз кишваре, ки њукми ќонун аз

њама волост…Маро тољик мегўянд аз тољи каёниямДар олам пањн гардидаст шеъри осмониям.Њаќиќат мояи мазмуни ман бошад,Бењин сардафтари офоќ Сарќонуни

ман бошад!

ИШЌРО ПЕШИ МАН ОРЕД!..

Булбули зори гулам, ѓунчаи лаб боз кунед,Нои минќори маро килки сухансоз кунед.Ишќро пеши ман оред, ки пар бикшоям,Вараќи шеъри маро шањпари парвоз кунед.Набзро дар баданам шавкати Сайњун бахшедШеърро аз дили Љайњуни ман оѓоз кунед.Синаи танги маро водии Кўлоб кунедХонаи ишќи маро даргањи Дарвоз кунед.Ба Зарафшони сарам ахтари Раштон пошед,Вахшро дар нигањам оинапардоз кунед.Сари сангини маро Ќуллаи Помир кунед,Гунаи сарди маро лолаи Шероз кунед.

Page 52: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

52

15-бањори Истиќлол

Аз Њисори дили ман равзани њаќ бикшоед,Аз дили Каъбаи ишќам ба Худо роз кунед.

БИРАЌСЕД!

Бираќсед, бираќсед, ба њар кўй бираќсед,Чу дунё њама тўй аст, дар ин тўй бираќсед!Навозеду бисозед, бинозеду бибозед,Ба њар рўй бираќсед, ба њар мўй бираќсед!Агар дилбари љонед, бираќсед ба ќомат,В-агар марди замонед, ба бозўй бираќсед!Биборед ба рањмат, бишоред бањиммат,Чу њар ќатраи борон ба њар љўй бираќсед!Чу мардони ќаландар вуљуд ахгари ањмар,Худоёр бираќсед, худољўй бираќсед!Ба монанди сањаргоњ дил аз сина бароред,Самовот фурўзед, дуогўй бираќсед!

Page 53: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

53

наср ва назм

Њаќназар ЃОИБ

ТАХТГОЊИ НИЁ

Тољикии љони моро ориёни мо шинохт,Форсии лафзи моро форсигўњо шинохт.Решаи тољик то Дорою Дороюш рафт,Њар ки моро дид, дар симои мо Доро шинохт.Сикка зад дар Мењри мо мўњри дилаш Њайтолиён,Тахти Хатлонро љањон дар тољи ин маъно шинохт.Ношиносам ман ба он ќавле, ки њаќро њаќ нагуфт,Ќавми яктои маро њар кас ки шуд якто, шинохт.Кам бигў аз душманињо, сўњбат аз ёрон кушо,Дўстии тољикиро душмани доно шинохт.Љашни миллат гуфт дунё љашни Кўлоби маро,Љашни Кўлоби маро дунё дар ин дунё шинохт.Бин ту дар тахти ниё Эмомалї Рањмони мо,Ин љањон ўро дар ин тахти Ватаноро шинохт.

ФАЙЗИ ФАЗЛ

Љашни мо аз њиммату аз файзи фазли рањбар аст,Шукри ў, Эмомалї Рањмони њикматпарвар аст.Нур борад аз нигоњаш Офтоби Ориён,То шавад бар миллаташ хоно китоби Ориён.Тољикистон тољи тољикона монад бар сараш,Љо кунад дар минбари љону дилу худ минбараш.Ориёно! Гармии оѓўш дар Кўлоби туст,Дар њамин љо шўълавар хуршеди оламтоби туст.

МОДАРИ КЎЛОБ

Модари Кўлоб! Дунё шуд њама мењмони ту,Файзи дунё рехт дар болои дастархони ту.

Page 54: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

54

15-бањори Истиќлол

Ориёно! Ориёниро ту истиќбол кун,Модари Кўлоб! Во ту хони истиќлол кун.Ориёно! Оби Рукнобод Кўлоб омадаст,Хољаи Шероз бо шеъри тару ноб омадаст.Модари Кўлоб! Бо Вахшат ба истиќбол хез,Њамчу файзи мењру сарсабзии истиќлол хез.Модари Кўлоб! Дунё шуд њама мењмони ту,Файзи дунё рехт дар болои дастархони ту.

ТАРОНАИ ОРИЁН

Эй Ватан, Ориён, Ориён,Љону тан, Ориён, Ориён.Модарї, ќиблагоњї ба мо,Эй зи Рустам нишон, Ориён, Ориён!Ориён, Ориён!

Бо ту Балху Бадахшони мост,Суѓду Хоразму Хатлони мост.Дўстат дўст бо мо бувад,Душманат душмани љони мост.

Тољи ту бо Каён бобаќост,Рўзгорат абад бефаност.Пушт то пушти ту тољикист,Пуштибони ту ќавми худост.

Эй Ватан, Ориён, Ориён,Љону тан, Ориён, Ориён.Модарї, ќиблагоњї ба мо,Эй зи Рустам нишон Ориён, Ориён,Ориён!

Page 55: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

55

наср ва назм

ТОЉИ ИСТИЌЛОЛ

Тољики ман, тољи зар бар сар шудї,Аз дигар лоиќ ба тахти зар шудї,Ёфтї тољат зи истиќлоли хеш,Миллати арзандаи кишвар шудї.

Ин Ватан волотарин мењроби туст,Љои хуршеди тую мањтоби туст.Ёфтї аслат ту аз асли падар,Бахти Сомон шуд ба тахтат љилвагар.

Шоњини бемор аз нав шуд ба по,Гаштї аз нав миллати бологузар!Ин Ватан волотарин мењроби туст,Љои хуршеди тую мањтоби туст.

ЁРОНИ ВАФО

Ёрони вафо бињишт меоранд,Осоиши сарнавишт меоранд.

Дар пайкари дўстї, ки љон моем,Умре ба суроѓи дўстон моем.Мо роњи бародарї, ки мељўем,Дар хидмати дўст љонфишон моем.

Як хона зи дўстї љањон бошад,Пањнои замину осмон бошад.Дунё, ки барои душманї танг аст,Бигзор љањон зи дўстон бошад.

Page 56: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

56

15-бањори Истиќлол

Хуршеди бародарї дурахшон аст,Дунёи бародарї гулафшон аст.Мо толиби дўстони љонием,Дунё зи љамоли дўст хандон аст.

Олам њама љо зи як чаман бошад,Пас рўи љањон зи њамватан бошад.То њаст бародарї дар ин дунё,Дунё њама љо зи њамватан бошад.

Ёрони вафо бињишт меоранд,Осоиши сарнавишт меоранд.

ТОЉИКИСТОН

Шукўњу тољу тахтам, Тољикистон,Баландињои бахтам, Тољикистон.

Ду кас:Ба њурмат Тољикистон гўям аз љон,Замини тољдорон гўям аз љонТуї модар, ки бо лафзи намозїМуќаддас модари љон гўям аз љон.

Хор:Шукўњу тољу тахтам, Тољикистон,Баландињои бахтам, Тољикистон

Ду кас:Ту, эй озода даргоњи бињиштї,Бароям сарнавиштї, сарнавиштїКунам шукрона, ки аз обу хокатЧу тољик обу хокамро сириштї.

Page 57: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

57

наср ва назм

Хор:Шукўњу тољу тахтам, ТољикистонБаландињои бахтам, Тољикистон.

Ду кас:Хушо умедгоњи тољиконї,Сафедињои роњи тољиконї,Зи олам тољиконро оварї љамъ,Хушо пушту паноњи тољиконї.

Хор:Шукўњу тољу тахтам, Тољикистон,Баландињои бахтам, Тољикистон.

Page 58: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

58

15-бањори Истиќлол

Сайидалї МАЪМУР

ТУРО БОЛОНИШИН КАРДАМ

Ало, эй Тољикистонам, ки водию кўњистонї,Ба кўњу водиат дил бастаам чун тољикистонї.

Агар дар Истаравшан рўи олам дида бикшодам,Кушодам дил ба хатлонию раштию бадахшонї.

Агар дарёдилї омўхтам, омўхтам аз ту,Ки худ доро ба Сайњун, Вахш, њам

Панљу Зарафшонї.

Надорам аз падар мерос љуз номаш, ки ман дорам,Бисоти бебањоям мондаї аз оли Сомонї.

Зи бас худ хоки шоирхез будї аз ќадимайём,Ки ман њам хестам аз хоки ту чун шоири сонї.

Ба њар љое ки будам, њамрањам бурдам туро бо худ,Туро болонишин кардам, агар рафтам ба мењмонї.

Агар ман дер мемонам, њаётам аз ту медонам,«Агар ман зуд мемирам, чї ѓам, зеро ту мемонї».

РОЊИ АЃБАЊО

Аѓбаи Анзоби умрам тай бишуд,Бо њама ранљу азоби зиндагї.Њар фарозу шеби роњаш дар љабинМонд наќш аз печутоби зиндагї.

Page 59: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

59

наср ва назм

Дар сарам чун ќуллаи кўњи Њисор,Барфњо болои њам хобидаанд.Дар дилам чун тармањои кўњнае,Тахта-тахта дарду ѓам хобидаанд.

Офтоби фасли гармои ВатанГарм созад гар тану љони маро,Мењрубонињои њамроњони манКам намояд дарду армони маро.

Њамчу дарёи Зарафшон бошитобМешавад дарёи умри ман равон.Роњи Шањристон намоён мекунадАѓбаи дигар ба пеши дидагон.

Гарчи паймудам рањи АнзоброРоњи Шањристон њамон њамвор нест.Роњи кўњистон чу роњи зиндагїБе баланду пастию озор нест.

Баски њастам марди рањ, бо роњи умрМеравам ман бењаросу сарбаланд.Арчањои сабзи Шањристон мароИбрате бар сахтљонї мешаванд.

Наќбканњо, рањкушої мекунед,То шавад кўтоњ роњи аѓбањо.То кунам андак рањи умрам дароз,Ман кушоям роњ то ќалби шумо.

Page 60: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

60

15-бањори Истиќлол

ЃАЗАЛИ ИСТИЌБОЛ Ба ифтихори анљумани тољикони љањон

Тољики њамватанам роњ кашад сўи Ватан,Бикашад бар Ватан ўро зи љањон бўи Ватан.

Тољики њамватанам рў ба Ватан меорад,То хумораш шиканад бўсазанон рўи Ватан.

Гардњои рањи дур аз руху мижгон шўяд,То ки гарде нанињад бар руху абрўи Ватан.

Гарчи дар мулки дигар оби худо њам кам нест,Њамчу лабташна занад худ ба лаби љўи Ватан.

Тољики њамватан аз олами гул меояд,Мон, ки ин бор бибўяд гулу њулбўи Ватан.

Мутрибо, наѓма бизан, наѓма бизан, наѓма бизан,Наѓмањоят бизанад дакка ба минўи Ватан.

Гарчи бар њадяю инъом ниёзаш набувад,Эњтиёље бувадаш лек ба чилдўи1 Ватан.

СУРУДИ ТОЉИКОНИ ЉАЊОН

Мо тољикон як оламем,Љамъу парешон бо њамем.Дар ин замини файзбор,Аз файзи мењраш хуррамем.

1. Чилдў — инъом

Page 61: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

61

наср ва назм

Эй Тољикистон, љони мо,Эй марзи пурэњсони мо,Ту хонаи уммеди дил,Њам ќиблаи имони мо.

Боди мурод аз кўи туЊар гањ биёрад бўи ту,Мурѓи хаёлу орзўПар мезанад бар сўи ту.

Эй Тољикистон, љони мо,Эй марзи пурэњсони мо,Ту хонаи уммеди дил,Њам ќиблаи имони мо.

Мо бо рафоќат зиндаем,Мо бо садоќат зиндаем.Ишќи Ватан дар синањо,Мо бо муњаббат зиндаем.

Эй Тољикистон, љони мо,Эй марзи пурэњсони мо,Ту хонаи уммеди дил,Њам ќиблаи имони мо.

Боли суруди мо Ватан,Хоки суљуди мо Ватан.Аз бахту давлат дар љањонБуду набуди мо, Ватан.

Эй Тољикистон, љони мо,Эй марзи пурэњсони мо,

Page 62: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

62

15-бањори Истиќлол

Ту хонаи уммеди дил,Њам ќиблаи имони мо.

РУБОИЁТ

Мањбуб Ватан, ту маскани армонам,Дар хоки ту сабз мекунам њар донам.Чун кукуи белона наям, ки тухмамБар лонаи мурѓакони дигар монам.

Кўе набувад бузург аз кўи Ватан,Рўе набувад накўтар аз рўи Ватан.Садпора шавад чу об, баргардад бозЊар кас, ки бихўрд об аз љўи Ватан.

Эй кишвари дил, ман арљмандат дорам,Пастї накунам, ба гўш пандат дорам.Гар одамї офаридаи хоку гил аст,Ман хоку гил аз хоки баландат дорам.

Дар тифлї агарки хокбозї кардам,Аз хок ба худ хоначасозї кардам.Хоки Ватанам барои ман монд азиз,Оварда суљуд, сарфарозї кардам.

Мерос, ки аз гузаштагон ман дорам,Як гўшаи хоки поки мењан дорам.Чашму дили равшане, ки дорам дар худ,Аз мењру сафои Истаравшан дорам.

Чун решаи ман сабз бувад дар хокамАз ќайчии айём набошад бокам.

Page 63: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

63

наср ва назм

Бо навдаи тоза ќад кашам аз сари нав,Айём агарчи мебурад чун токам.

Андарзи гузаштагони худ ёд кунем,Бо кори накў хотирашон шод кунем.То хона барои хеш бунёд кунем,Мо хонаи дил пештар обод кунем.

Дилбанди замини бостон мемонам,Бар модари пир мењрубон мемонам.Аз рўи замин равам агар зери заминБар тири замин чу посбон мемонам.

Њар гоњ, ки мехўрам ман оби тоза,Гирад тан аз он тавону тоби тоза.Њар ќатраи оби Ватанам пурќадр аст,Созам сифаташ ба њар китоби тоза.

Марзи Ватанам бувад назаргоњи дилам,Њар пайрањаву пулаш-гузаргоњи дилам.Гумроњ намешавам, агар дур равам,Чун хатти рањаш бувад ба даргоњи дилам.

Анзоб, агарчанд дилат сангин буд,Ќурбоншудае њам ба рањат чандин буд.Будї чу Зулайхо ту азизи Юсуф1,Њар санги ту аз барои ў болин буд.

1. Ишора ба Юсуф Вафо ва байти ў: Аз аѓба фуромадаму нолиш кардам, Сангои дари хоната болиш кардам.

Page 64: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

64

15-бањори Истиќлол

Ин аѓба, ки дошт номи Уштургардан,Гањ гардани ту шикасту гањ гардани ман.Бишкаста кунун санги дили сангинаш,Армони дили худ шиканад ањли Ватан.

Эй шањри Душанбе, чи мубарро шудаї,Ту шањри дилї, аз он дилоро шудаї.Тољики Бухоро ба њавас менигарад,Чун хонаи тољикони дунё шудаї.

Дар рўи замин, ки зиндагї дорам чанд,Худ хокияму ба хокиёнам пайванд.То ки ба Сухан расам ба кайњони диле,Аз марзи баланд хоки ман бигрифтанд.

Бояд кўшем, неши нўше нашавем,Бадном ба њар забону гўше нашавем.Сангин накунем вазни худро ба гунањ,Фардо мирем, бори дўше нашавем.

Page 65: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

65

наср ва назм

Саттор ТУРСУН

ВИЉДОН АГАР БЕДОР АСТ… (Порча аз эссе)

…Чї тавре медонем, ин ё он назарияи махсус њељ гоњ наметавонад сарчашмаи ахлоќи њамидаи бани башар гардад. Одамизод пеш аз њама ба василаи дарси ибрат аз њаёти воќеї ва таваљљўњи самимї ба анъанањои неки таърихи дуру дарози инсоният ба камол мерасад. Пас ахлоќи њар як фард, чи хуб ва чи бад, вобаста аз тариќи идроки худи ўст. Инсон агар аз донишњои дирўзу имрўз мустаќим огањї ёфта, то њадде имкон даст медињад, аз маѓзу маънии фарњанг сидќан бархурдор бошад, њатман дар доираи рафтору кирдори хушоянд ќарор мегирад. Яъне ахлоќи шоиста зодаи маданият буда, нахуст ба ќоимаи маърифат такя меорад; дар мадори заковату фаросат низ истинод дорад. Яъне дар маљмўъ накўкорї аз сарчашмаи фарњанги асил шодоб гардида, зотан ба иќдоми берун аз ѓараз, ба амри солими виљдон, ба пиндори дурусти рўњ, ки бад ё нек дар куљост,—беиштибоњ пай мегирад, нињоят, ба зуњури њусни тафоњум дучанд љило ёфта, бењтар ба назар мерасад. Ва албатта, низ бояд донист – ин ќабил хушахлоќї на ба њама муяссар мешавад. Пас имрўз шањрвандони мо аз дидгоњи маданияти ростин, ки роњи пайвастан ба он зањмати мудоми фикрї мехоњад, дар кадом поя ќарор доранд? Оё баъзан намелангем дар иморати як љамъияти воќиан демократї? Алалхусус дар сурате ки њатто аз барои расидан ба равнаќи иќтисодї низ сараввал ахлоќи њамидаи инсонњоро ба инобат мегиранд.

Зимнан дар ташаккули таърих на фаќат љараёни њодисањо, инчунин тањаввули зиндагї ва табаддули

Page 66: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

66

15-бањори Истиќлол

афкору аќидаи одамон – бунёдгарони худи њамон таърих баѓоят муњим аст. Инак хуб мебуд ба иќрор омадан, ки аз чї бошад, мо дар раванди тањкими истиќлолияти миллї ва демократиконии љомиа ба як бемењрї ва њатто сангдилии ќариб оммавї дучор гардидаем. Вале ба њар њол андеша мебояд. Зеро… агарчи дар њама намуди шароити носози иќтисодї сабру тањаммулро аз даст надодан кори чандон осон нест, оќибат он суди фаровон меорад. Ман наметавонам љиддан бигўям, ки дар навбати аввал бо кадом масъалањои иљтимої ва ба чї тарзу тариќ машѓул будан зарур аст, аммо эътимод мепарварам,—дар кулли њолатњо маќоми њаќиќат, яъне адлу инсоф бояд аз њама боло бошад. Зеро дар муќобили он мањз дурўѓ, ба ифодаи дигар фиребу найранг доимо сангар гирифта, сабабгори гуна-гуна фалокатњо мегардад. Аз байн бурдани чунин иллати касофатбор аз њар нафари мо љањонбинии беѓиллу ѓаш, мардонагї ва масъулияти шањрвандї металабад. Ба каму кости њаёти љомиа танњо ашхоси кўтоњбин, худкома, аз ахлоќ ва сиёсати роиљ бебањра муносибати сард доранд, балки тањтан ба вай бепарво менигаранд. Вале њељ як инсони бедордил, ки барои њар рўзи ватанаш дар мазрааи сина донањои муњаббат ва садоќат мепарварад, њаргиз наметавонад бетараф монда, фаќат саргарми њадафњои шахсии худ бошад.

Ваќтњои охир баъзе шањрвандони кишвар тавассути чанде аз воситањои ахбори умум бо хурдтарин мушкилоти зиндагї њам ба Президенти љумњурї мурољиат мекунанд. Маќолањои зоњиран танќидии дар асл ѓаразнок низ чоп мешаванд, ки ин њаќиќат њатто аз тарзи ифодаи муаллифон алайно эњсос мегардад. Аз камбудињо ба љонибдории салоњи раият мулоњиза рондан, албатта, љоиз аст. Ба хусус дар љомиаи демократї. Ва гумон мебарам,

Page 67: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

67

наср ва назм

- набояд дар ин роњ ѓавчўбе њам устувор бошад. Чунки аз номаш танќид, ба шарте ки бе хусумати пинњон ва созандаву огоњона баён мешавад, дар амал бештар суд мегиранд. Лекин дар арзаи љиддитарин масъала низ берун љастан аз доираи одоби журналистї на ин ки фоида, баръакс – зиёда зарарњо меорад. Пас лозим аст њар як рўзноманигор аќаллан ба хотири иззати нафси худ аз шуури њуќуќї њам, то метавонад, бархурдор бошад. Албатта, дар баробари саводи касбї… Вагарна хоњ-нохоњ суханаш ба њаво рафта, дар аѓлаб мавридњо беасар мемонад. Аслан кишварњои пешоњанги дунё низ аз хел ба хел каму кости рўзмарра фориѓ нестанд. Мазмун, њанўз дар муњити љомиаи мо њам нољўрињои бисёре мављуданд. Аммо дар њар сурат муњиммаш ин ки, дар баёни камбудињо њусни каломи журналист набояд ба ќубњи он табдил ёбад. Зеро вай зуд ба назар мерасад. Ва њарфи баиллат низ, дар кадом шаклу либосе ки зоњир гардад, њамон иллат асту бас.

Ман ин сатрњоро баъд аз итмоми мулоњизањои худ вобаста аз суханронии Президенти мамлакат мўњтарам Эмомалї Рањмонов дар љашни навбатии истиќлолияти љумњурї ба ќалам медињам. Аз он боис, ки андешањои банда бештар доир ба вазъи феъли фарњанги кишвар, заминаи ахлоќи иљтимої, идроки дурусти њаќиќат ва дараљаи маърифату љањонбинии имрўза љомиаи мо ба рўи коѓаз омада, њоло фикр мекунам, як навъ оѓози монанд ба сарсуханро низ таќозо доранд. Чунки мехоњам хонандаи гиромї аз маѓзи ин навиштањо маънии дигар наљўяд. Бањиммат бошаду аз паи хурда њам наравад. Ва агар пас аз ошної ба мулоњизањои зерин шахсан натиља мегирад, нахуст ба нињонхонањои дилу вуљуди худ низ равзан кушода, кулли афкору аќидаашро ба тарозуи инсоф гузорад. Зеро гуфтан, пурсидан ва њатто

Page 68: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

68

15-бањори Истиќлол

талаб кардан, ба њар њол, осон аст. Вале ба сифати як нафар шањрванди њассос дар љодаи бењбуди њаёти љомиа мардона амал намудан бас душворињо дорад. Барои ин мебояд кас аввало ба олами ботини худаш дар гуфтугў бошад.

Ва нињоят нек дарёбад, ки ботил кадом асту асли њаќиќат дар куљост. Танњо баъд аз њамин зуњур мекунад инсони дар воќеъ хушманиш, дардошно ва бавиљдону масъулиятшинос. Чунин одамон дар зиндагї њар ќадар зиёдтар бошанд, њаёти мардум низ њамон ќадар басамар мешавад. Мунтањо фаќат шахсиятњои комил метавонанд ба дунё рангу таровати тоза бахшида, дар ѓановати маънавии њар гуна љомиа сањми муносиб гиранд.

Муддате ќабл сармуњаррири як њафтаномаи ѓайри-давлатї тасодуфан ба ман рўбарў омада, фавран пурсид, ки ба Президенти љумњурї чї суол дорам. Яъне?… — мутањайир китф барњам кашидам ман. Мо дар шумораи навбатиамон сањифае људо кардем ба унвони «Як суол ба Президент». Аз љониби шањрвандон… — фањмонд сармуњаррир. Ман, албатта, метавонистам мувофиќ ба хоњиши ў љавобе надињам. Лекин азбаски дилам ба њоли фарњанг месўхт (рўзноманигорї низ як шохаи фарњанг аст) ва ба худаш њам дер боз шинос будам, ба оњанги коњиш аз хусуси дар сањифањои њафтаномаи ў зуд-зуд риоя нашудани одоби журналистї ва таваљљўњи бештари кормандонаш ба њангома…— гап кушода, аз љумла таќрибан чунин гуфтам: Тољикистон камобеш шаш миллион ањолї дорад. Пас ин шаш миллион, агар хоњад, аз барои диќќати Президенти кишварро љалб намудан метавонад шаш миллион суол низ тартиб дињад. Кунљковї њам аз ќатори нуњуфтањост дар табиати одамизод. Рафту матлаб вобаста аз фикри шахсан худи ман бошад, банда аз боби мушкилоти љомиа ва сиёсати

Page 69: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

69

наср ва назм

чи дохилї ва чи хориљии Президенти мову шумо на як бору ду бор изњори аќида кардаам. Зеро ман њам чун шањрванди миллаташ тољик ва фарзанди ин обу хоки муќаддас, ба вежа чун фарди эљодкор аз бурду бохти диёрамон њар гоњ ба андеша меравам. Ва њоло низ доир ба масъалањои њалталаби фарњангї ва иљтимої дар атрофи тахмин сад сањифа ибрози мулоњизањои худро, ќобили ќабул аст ё не, дар њар сурат ќариб анљом медињам. Дигар ин ки, банда сидќан итминон дорам ба Эмомалї Рањмонов; пас эњтиром мегузорам ба фавќулодда шахсияти ў. Мо агар дар воќеъ инсони бафарњангем, њангоми ќазоват ному насаби Президентро аз як зумра мансабдорони бешараф аввал људо карда, баъд њарф задан, гумон мебарам, њам фарзу њам ќарз аст. Зеро вай ба сурати сарвар дар маљмўъ фаќат рўзи нек ва саодат мехоњад ба раият. Ва агар бештарин маъмурони чї хурд ва чї бузурги давлатї дар ин ният нестанд, балки гирифтор ба њирси носерами молу маноланд, пас гунањкорем. Яъне њанўз бесаводем дар љодаи шинохти њуќуќњои шањрвандии худ, бефарќем нисбат ба воќеоти ѓашангези њаёт, њатто ланљем, ќариб фалаљем. Бењуда нагуфтаанд – аз мост, ки бар мост. Охир, кайњо бояд медонистем, ки дар љамъияти демократї зиндагї дорем. Ба љои тарси меросї инак лозим аст сараввал ба тарбияи олами маънавии хеш машѓул гардида, маќому манзилати њар як инсонро дар љомиа ба хубї шиносем. Дар муќоиса ба фирќаи порахўрони шикамбора иззати нафсамонро азиз донем. На ин ки аз њар эњтиёљи рўзгори худ танњо ба Президент шикоят барем.

Воќиан, њафтанома ин гуфтањои бандаро мазмунан интишор дод. Вале дар он сањифаи «Як суол ба Пре-зидент» пурсиданњое низ буданд, ки ростї, шарми кас меомад. Чунки дараљаи пасти дониш, маданият ва

Page 70: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

70

15-бањори Истиќлол

љањонбинии суолгузорон равшан ба назар мерасид. Њатто аз байни сатрњо баъзе њадафњои ѓаразноки онњоро баръало хондан мумкин буд. Лекин чї илољ – яќин озодии сухан гуфта, саросема чоп кардаанд. Мазмун, мо имрўз аз мафњуми озодї ѓолибан фаќат њамин ќадарашро дарк намудем, ки њар чї мехоњї, ба забон ор! Бигузор њаќорат низ бошад… Агар кору кирдорамон чунин аст, пас вой бар њоли сохтори демократї, ки чанд сол мешавад дар маљрои он ќарор ёфта, ба тањкимаш гўё огоњона камар бастаем.

Дар њамин шаклњои озодии инсон муносиб ома-дани фаъолият ба њаёти воќеї ва дар љомиа як нафари барзиёд набудани шахсияти худи вай бояд эњсос гардад. Барои ўњда кардани ин неъмати олї, ки бани башар дар роњи пайвастан ба он дар тўли садсолањо љон мекоњанд, одамонро аввало шуури батарбия ва масъулияти маънавї заруранд. Вале имрўз мо љавњари озодиро эњтимол ба ранги дигар мебинем. Ва кї медонад, - шояд мехоњем њар чи зудтар онро ба ѓаризаи њарому њалол суд љустанњои хеш, ки нињояташ пушаймонист, мутобиќ созем? Ё мумкин аст тамаи белаљомї дорем аз вай… Аслан дар ин навъ шинохти озодї њељ љои тааљљуб њам нест. Зеро гуфтаанд – аъмоли њар кас мувофиќи њимматаш. Файласуфи бузурги олмонї Његел низ дар замонаш таъкид намудааст, ки дар дунёи тасаввуру тафаккур мафњуми аз њама серпањлу, маѓзаш гуногун, ќариб номуайян, маншаи каљфањмињои бењудуд мањз озодї буда, њатто мардуми босавод, чї тарзе дар бораи он ибрози андеша мекунанд, аз боби чизи дигар ба ин ќадар камфањмї мулоњиза намеронанд.

Бале, мушкил аст инсони комил будан. Дар муќоиса ба идроки мусаллами њастї фикран њанўз дар гањвора медонанд одамизодро. Боре Эйнштейн дар лаб табассум

Page 71: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

71

наср ва назм

мегўяд, ки то ба њол маро ду андеша – интињо надоштани њам кайњон ва њам сафсата сахт ба њайрат меоранд. Из-њори олим дар мавриди сонї, албатта, маљозан омада-аст. Аммо њарфаш бечиз нест. Вай ба дониш даъват мекунад одамонро, - яъне агар ќудрати дарки рос тини олам њаст, сафсата камтар мешавад. Вобаста аз ин њаќиќат мебояд эътироф намуд, ки дараљааш њар хел бошад њам, имрўз аксарияти кул мўњтољи фарњанги асилем. Ба ибораи дигар бигўем, мо њанўз ниёзмандем ба маданияти шоистаи фалсафї, сиёсї, ахлоќї, њуќуќї… Ба ќабули огоњонаи асосњои демократия низ чандон омода набудаем. Иљборан ё не, ба њар њол, мо тариќи муно сибатро ба вай акнун меомўзем. Кам-кам, гоњ-гоњ! Бо вуљуди ин аз мўњрабозиву бадмаошї сидќан њазар на-дорем. Дар сурате ки донистан шарт аст: модоме дар як давлати мустаќил умр ба сар бурда, аз тањти дил мехоњем љамъияти аз њар љињат њуќуќбунёд тартиб бидињем, худи озодиро дар кадом маќом мебинем. Ва он аз чї сабаб ба мардуми олам ин ќадар азиз аст. Нињоят, аз куљо ибтидо мегирад шинохти дурусти сохтори навин, итоат ба талаботи ќонун ва њаёти бамаърифати шањрвандї…

* * *Ваќте ки дар Кохи Борбад ба мулоњизањои Пре-

зиденти кишварамон Эмомалї Рањмонов бахшида ба дувоздањумин солгарди истиќлолияти Тољикистон ва њазорсолагии яке аз шоирони миллат Носири Хусрав бо диќќат гўш медодам, инчунин баъде ки дар сањифањои рўзномаи «Љумњурият» ба умќи матни он дубора пайванд гирифтам, бори дигар возењ дарк намудам: имрўз на танњо мо, тољикон, балки њама мардуми олам дар муњити тазодњои мураккаби иљтимоиву иќтисодї ва сиёсиву

Page 72: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

72

15-бањори Истиќлол

равонї ќарор дорем. Ман дар ин бора махсусан солњои охир бисёр фикр мекардам. Ва ба худ мегуфтам, ки дар рўй додани чунин кору кирдор баробари муборизањои паёпай аз барои дастболо будан дар бунёди ѓановати иќтисодї, сиёсати гоњ ошкору гоњ пинњон, аммо бемайлони бузургдавлатї ва миллатгароии мањз, албатта, рушди басуръати илму техника дар бадали шаст-њафтод соли охир низ сабаб гардид. Воќиан, пешрафти фарњанг њам, ќатъи назар аз он ки ба кадом роњњои душвор мегузашт, дар ин амри ноњамвор таъсири хоса мерасонд. Муддате боз мехостам сари њамин масъалањои нињоят доѓ баъзе андешањои худро алоќадри њол баён дорам. Инак суханронии Президенти мўњтарами мо Эмомалї Рањмонов дар љашни навбатии истиќлолияти ватани мањбубамон бандаро то љое такон дод, ки ба даст ќалам бигирам. Зеро пурмўњтавост он. Ва дар айни замон дилсўзона ва бамаврид буда, њатто як навъ љанбаи бар-номавї дорад.

Аввало ин ки, Президенти мамлакат вобаста ба роњи душвори расидан ба истиќлолияти иќтисодї дар љумњурият мулоњизањои худро феълї, дурандешона ва бориз ба миён гузошта, аз хусуси ифодаи комилан нави ба ном глобализатсия – албатта, љињатњои (ё ниятњои) хуби ин равандро ќайд намуда, - барњаќ гуфтааст, ки вай њамзамон «… сабабгори аслии вусъати як силсила иллатњои иљтимої, пеш аз њама бекорї, камбизотї, терроризм, экстремизми динї, нашъамандї, густариши беморињои гуногуни сирояткунанда ва дар маљмўъ бад шудани вазъи иљтимої, ба хусус дар кишварњои аќибмонда мегардад. Дигар аз оќибатњои нохуши глобализатсия афзоиши басуръати фарќи тараќќиёт ва сатњи зиндагї дар байни мамлакатњои пешрафта ва кишварњои рў ба инкишоф аст». Президенти мо аз он ба

Page 73: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

73

наср ва назм

ташвиш меояд, ки агар сарону сарварон, сиёсатмадорон, умуман љомиаи љањонї барои аз байн бурдани чунин фарќияти ѓаразнок њар чи зудтар тадбирњои дархур на ан де-шанд, ќувват гирифтани глобализатсия, яъне кўшиш њо дар љодаи ба њам овардани ниёзњои иќтисодиву иљти моии мамолик ва манотиќи гуногуни дунё боиси рух за дани ихтилофњои нав ба нав мегардад дар саросари олам.

Аслан ин раванд, ки ѓолибан дар љомаи идеологияи нави оламшумул ба љилва меояд, дар худи худаш чист? Мо њия тан аз куљо ибтидо гирифта, мехоњад то ба куљо расад?

Ба ин суолњо низ мо аз андешањои мазкури Сарвари давлатамон љавоби мусаллам меёбем. Њоло мафњуми глобализатсия дар сурати як омили муѓризона рўи кор омада, аз минтаќа ё кишваре ки дар зери чашм дорад, зиёда суд мељўяд ва ба кадом минтаќа ё мамлакате ки мехоњад, бартарї дода, ба њадафњои сиёсї, иќтисодї ва њарбии худ бештар вусъат бахшида, ба арзишњои нотакрори милливу таърихии ин ё он минтаќа, умуман ба дастовардњои бузурги тамаддунњои бостонии баша-рият фишор меорад, - бо як њусни тањлил сухан меронад Эмомалї Рањмонов ва ба таъкид илова мекунад: ин њама, бешак, дар роњи «ба вуљуд омадани низоъњои мухталиф, бархўрдњои мусаллањона, хусусан ќувват гирифтани падидањои дањшатноки љањонї – терроризм, экстремизм, љинояткории муташаккили трансмиллї ва ќочоќи маводи мухаддир» поя мегузоранд.

Њаќ асту рост!Касе ки аз сабаќи таърих, умуман аз кору кирдори

олами сирф сармоя камобеш дарак дорад, хуб мефањмад: њадаф аз идеологияи глобаликонии истифода аз ѓановат ва арзишњои умумибашарї боз њамон судљўист, ки амалан аз љониби ширкатњои бузурги инњисорї тањия мегардад.

Page 74: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

74

15-бањори Истиќлол

Ва албатта, њељ љои шубња нест, - чунин идеология ќабл аз њама ба кишварњои камнуфус, масоњатан хурд, ё ин ки ќавму ќабоилашон парешон ва аќибмонда хоњ-нохоњ зарарњо расонда, нахуст ба арзишњои маънавї ва дастовардњои таърихии онњо рахна зада, имкониятњои иќтисодиашонро то ба кўчањои бунбаст мебарад.

Њангоме аз ин боб сухан мегўем, ба мо лозим аст маќсади нињоии монополияњои (инњисороти) байнал-халќиро љиддан пеши назар гирем. Ва бо тафаккур бидонем, ки онњо кадоме аз наќшањои худро дар мадди ав вал мегузоранд. Њамчунин дарк бикунем – ба чї воси-тае ки бошад, бидуни шубња, њатман роњњои осон ба даст овардани сармояро!

Инњисороти байналхалќї, - шарњ медињад фарњанги тафсирот,- иборат аз ширкатњои бузурги олами сармоя буда, дар кишварњои хориљї созмонњои молиявии сердаромад доранд, ё худ аз иттињоди корпоратсияњои мамолики гуногун ба њам омада, дар роњи ѓундоштани суди саршор њукмрони як соњаи махсус ё чандин соњаи иќтисоди дунё мешаванд. Пас аз љанги дуюми љањон хеле вусъат ёфтанд. Ба истилоњи фавќулмиллї ё трансмиллї низ зикр мегарданд.

Акнун бубинем, ки чї ифодаест глобализатсия. Таркибаш аз глобуси лотинї ва глобали франсавї буда, аввалї кура, дуюмї њамагонї гуфтан аст,—меояд дар он фарњанг. – Яъне ибтикоре ки (дар асл амалиёти иќтисодие ки, - С.Т.) бояд тамоми сатњи заминро дарбар гирад, њамаљониба ва комил бошад.

Инак фикр мекунам, ки Президенти мову шумо дар суханронии хеш чун пешомади нохуши эњтимолї хатари «љинояткории муташаккили трансмиллї»-ро низ ба як борикбинии сиёсатмадори варзида махсус ќайд намудааст. Аз шарњи фарњанги тафсирї њам равшан

Page 75: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

75

наср ва назм

бармеояд, - корпаратсияњои баќуввати дунё, нињоят, иттињоди ширкатњои байналхалќї, ки њар амалиёти онњо ба дасти гурўње аз зимомдорони сиёсиву њарбї тарњрезї мешавад, имрўз, дар ибтидои асри бисту як, аз захирањои молии худ дар масири садаи гузашта дигар ќонеъ нестанд; ба њар василае ки бошад, мехоњанд иќтисодиёти кулли оламро тањти назар доранд. Яъне мунтањо таќ-дири милалу халќиятњо ва манотиќу кишварњои алоњи-даи љањон дар панљаи ширкатњои фавќулмиллї ќарор бигирад. Дар ин маврид суоле ба миён меояд, ки агар корбандии дунё ба њамин тариќ идома меёбад, пас куљост инсоф. Охир, чунин раванд, бо вуљуди дар либоси зебо љилва намудан, як тавтиаи дунболадорро мемонад, ки гўё дидаву дониста, бар раѓми ормонњои мамолики аќибмонда ё рў ба тараќќї соз кардаанд.

Чї тавре медонам, асри бист дар љодаи пешрафти илмиву технологї ва аз рўи идрок тан гирифтани арзиш-њои милливу маънавии халќњои олам кори садсолањоро ба сомон расонд. Ва инсон њатто ба кашфи асрори чархи мутаббаќ камар баста, дар шуури ањли башар инќилобе ба вуљуд овард, ки берун аз тасаввур буд. Ин њаќиќат барои њама рўз барин равшан аст. Вале асри бист фалокатњои бисёре низ дошт. Љанги якум ва дуюми љањон љони дањњо миллион нафарро гирифта, садњо миллиони дигарро маљрўњ, ятим, бепарастор, ѓамзада ва хонабардўш карданд. Миллатгароии мањз вусъат ёфта, дар нињояти кор ба фашизм ва шовинизми рўирост пайваст, ки инсоният њоло њам аз оќибатњои нањси ин зуњурот эмин нест. Дар миёни дину мазњабњои дунё нав ба нав ихтилофњо рух дода, љунбишу њаракатњои инќилобхоњї, рўй овардан ба гуна-гуна табаддулоти њарбиву иќтисодї ављ гирифтанд.

Page 76: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

76

15-бањори Истиќлол

Инак мебояд, ки мо ба њамин нукта бештар эъти-бор дињем. Зеро ба њар навъ харобкорї, инќилоб ё табаддулот, муќовимати мусаллањона, њатто ба сар за-дани набардњои љањонї аввало сиёсати ифротиву инњи со-роти фавќулмиллї даст доштанд. (Воќеан, табад дулоти моњњои февралу октябр дар Русияи асри гузашта асосан ба маблаѓи сионизми байналхалќї пирўз гардид). Ва маќсад боз њамон буд, - расидан ба маќоми њукум ронии иќтисодї! Акнун ки ба раванди фарогири глобали-затсия рўбарўем, мардуми оламро тањдиди бештаре дар пешанд.

Дар чунин вазъияти њассос танњо сиёсатмадори оќил ва дурандеш метавонад истиќлолияти мамлакати худро аз тўфонњои бањадафи яке пинњону дигаре ошкоро бегазанд њифз намуда, раиятро дар муњити амну амонї нигоњ дорад. Аслан дар њар давру замон аз ин гуна мардони асил холї набуд сањнаи сиёсат. Ба ёд орем њаёт ва фаъолияти Мањатма Ганди, Шарл де-Голл, Љамол Абдунносир, Броз Тито, ё худ Уинстон Черчилро… Ќабл аз њама садоќати бепоён доштанд онњо ба кишвари хеш, пайваста бедор буд дилу нияташон. Чун ба набзи бемор аввало ба садои виљдон гўш медоданд онњо. Бинобар ин номи некашон дар сањифањои таърихи башарият њаќќонї сабт гардид.

Масалан, генерали бригада де-Голл њанўз соли чилум берун аз ватан њукумат тартиб дода, бо вуљуди таъќиб, сўиќасд ва мањрумиятњои шахсї мањз ба шарофати сиёсати зираконаи худ тавонист мардуми фаронсаро, ки беш аз чор соли тўлонї дар зери пои фашистони Олмон нола мекарданд, ба эътибору сарбаландї аз панљаи истибдод рањо созад. Ин марди љасур дар пеш бурдани сиёсати хориљї низ ошкорбаён буд, аз дудилагиву дурўягї чун аз вабо њазар дошт.

Page 77: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

77

наср ва назм

Шояд аз њамин сабаб, њангоме мамлакаташро аз ширкат ба иттињоди њарбии Атлантикаи Шимолї мебаровард, љавобан ба эроди сарони як ќатор кишварњо, яъне – вай, охир, бо Амрико шартнома дорад! – ба лабханд гуфта буд: њама гуна шартнома зани љавон ё гули тару тозаро мемонад, ки мутаассифона, њар ду низ ба зудї пажмурда мешаванд.

Дар бадали солњое ки де-Голл аввал мансаби олии сарвазир ва баъд (1958-1969) президенти Фаронсаро ба зимма дошт, ин мамлакати шодоб аз фарњанги воло маќоми шоистаи худро дар радифи чор-панљ кишвари муќтадири дунё ќадам ба ќадам мустањкам сохт. Ва дар айни замон вазъи феълии љањонро солим ба тањлил гирифта, аз даѓдаѓаи бузургдавлатї, аз љандалаи нангини мустамликадорї, ба њар њол, даст кашид. Генерал де-Голл, азбаски инсони иродааш ќавї, мавридшинос ва дурандеш буд, њаракатњои милливу истиќлолталабиро дар мамолики Шарќи Наздик як амри вољиб дониста, сиёсати хориљии Исроилро чун давлати таљовузгар пайваста мањкум менамуд. Вай дар он айём њатто тавонист ба назари байналхалќии Иттињоди Шўравї дар хеле мавридњо тарафдор бошад. Соли 1956, њангоме ки неруњои низомии Фаронса ва Исроил ба Мисри озодихоњ ногањон њамла оварда – он ваќт де-Голл дар истеъфо буд, аз худи Порт-Саид шармандавор баргаштанд, ин марди њушманд аз кўтоњбинии корсозони ватанаш ба танг омада, бо таассуф мегуфт: магар душвор буд пай бурдан аз иѓвои мудоми ингилисњо?.. Баъдтар њуќуќњои президентии худро ба кор андохта, савдои тайёрањои њарбии «Мираж»-ро ба давлати Исроил, сарфи назар аз он ки дар њукуматаш тарафдорони ин ањднома зиёд буданд, ќатъиян манъ кард. То љое ки миллион-миллион пешпардохти ин кишварро бозпас фиристод.

Page 78: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

78

15-бањори Истиќлол

Зеро де-Голл хуб медонист: барои аз њар љињат ривољ ёфтани ин ё он мамлакат, нахуст равнаќи илму фарњанги вай, аввало сиёсати оќилонаи хориљї мебояд, ки ба сиёсати дохилї дар мувозинат ќарор ёфта, аз љониби љомиаи љањонї эътироф гардад. Вай як инсони худодод буд. Аз таълифоти муњаќќиќони таърих ва китоби бузурги хотирањои шахсан худаш бармеояд, ки на танњо аз нозукињои низоми артиш, вазъи иќтисод ва њунари мамлакатдорї комилан хабар дошт, на фаќат ин сифати камчинро дар фаъолияти дигарон эњтиром мекард, балки шинохти илму маданият ва санъати нависандагиро низ дар маќоми аввал мегузошт. Ин буд, ки вай ба бисёре аз олимон ва адибони даврони худ (бештар дар манзили хоксоронааш) маљлису машваратњо меорост, ба фикру мулоњизањои эшон гўш медод ва агар дархур бошанд, аз онњо истифода мебурд. Масалан, Андрэ Малро ва Франсуа Морианро, ки дар он солњо нависандагони хеле машњур буданд, ба ташвиши њукумат љалб намуда, аз рафти кори эљодиашон њам муттасил огоњ мегардид. Минбаъда президентњои Фаронса – Жорж Помпиду, Жискар Д, эстен ва Жак Ширак аз зумраи дўстон ва шогирдонаш мањсуб мешуданд. Онњо аз мактаби сахтгиру серќирраи ў гузашта, обутоб ёфта, низ тавонистанд эътибори мамлакати худро боло баранд, ба раият рўзи хуш дињанд ва њамзамон дар сањнаи сиёсати љањонї фарзона бошанд, ки мо инро алњол дар мавќеи Жак Ширак нисбат ба ќазияи Ироќ мушаххас дарк мекунем.

Умуман дар маљрои солиёни таќдирсоз ба сари ќудрат омадани генерал де-Голл пас аз љангу љидоли бисёр ва парешонињои зиёди иљтимої, ки диёри овозадораш дар тўли ќариб ду аср зуд-зуд ба дўш мекашид, як гардиши мустањкаму муассир буд дар таърихи давлатдории Фаронса. Ман баъзан фикр меку-

Page 79: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

79

наср ва назм

нам – агарчи Тољикистони азиз кишвари нисбатан хурд аст, чї тавре дили кас мехоњад, саноаташ хуб тараќќї накардааст ва азбаски дар њавзаи мураккаби геополитикї ќарор ёфтааст, њалли масоили иќтисодиаш њанўз аз мушкилињо дар канор нест, - бо вуљуди ин њама охирин дањаи ќарни бист дар таърихи давлатдории мо низ чунин гардиши назаррас ва дар айни замон ба умед овард. Ва ин аввалан, шинохти истиќлолияти тољикон ва сониян, Сарвари мамлакат интихоб гардидани фарзанди халќи мењнатќарин Эмомалї Рањмонов буд, ки вай њам яќин марди фавќулодда аст. Вагарна оё метавонист дар як муддати кўтоњ чун сиёсатмадори варзида арзи њастї намуда, на танњо аз барои осудагии сарзаминаш, балки дар корбандии бисёр масъалањои доѓи байни кишварњо дар манотиќи гуногун низ сањми арзанда бигирад? Масалан, шахсан худи ман њанўз соли наваду се, дар он айёме ки ба фаъолияти Эмомалї Шарифович каме шиносої пайдо кардам, ба ин њаќиќат тан дода, њамзамон эътимоди комил доштам, - минбаъд дар симои ў як сиёсатмадори мумтозро дида, ба дардњоям даво хоњем ёфт.

Инак барзиёд побанди гапу калочањои бебунёд нашуда, мо њама (њатто нафарони кинавар) мебояд ин амри воќеиро ба инобат гирифта, чи вазирем ва чи дењќони хокпош, нахуст аз паи ободиву амонии Ватан бошем. Дигар лозим нест, ки маѓзамонро гиљу гаранг карда, њамвора бигўем ба худ, - агарро ба магар издивољ медоданд, чї мешуд оќибаташ? Њељ мебуд, албатта…

Президенти мо, чї тавре дар бадали солњои охир аз ќазияи мушкили Афѓонистон, вусъат ёфтани терро ризми байналхалќї, хавфи бадтар аз тоуни рўз то рўз бештар ба савдо рафтани маводи мухаддир, фалокатњои экстремизми диниву нашъамандї, арзу

Page 80: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

80

15-бањори Истиќлол

ниёзи кишварњои аќибмонда ва нињоят, аз эњтимоли задухўрдњои шадиди мусаллањона дар баъзе мамолики Шарќ сари ваќт пай мебурд, њоло аз хатари идеологияи глобаликонї низ љиддан дар ташвиш аст. Дар њар сурат ба назари ман чунин намуд. Шояд аз он сабаб бошад, ки муддатест бисёре аз мо таъсири нохуши ин равандро дар љумњурияти худ воќиан њам ба ду чашми сар мебинем. Ба мисол, як мулоњиза кунед: имрўз санъати эстрадии мо ба чї рангу бўе зуњур намуда, ба ому хос, алалхусус ба наврасону љавононе ки љањонбиниашон њанўз солим шакл нагирифтааст, чї ѓизои маънавї медињад?!

Ба истиснои се-чор нафар (њолї ќариб шартан) дигар њама сарояндагони ин шохаи созу наво безавќу бефарќ, бесавод, њадношинос, њатто беадаб – мунтањо бефарњанганд. Аз њар консерташон бармеояд њангомањои чапѓалати онњо: гўё чї будани маданиятро њаргиз наме донанд. Агар не, аќалан дар интихоби матн аќлу идрокро ба кор бурда, мусиќии бесарунўки кўчагї ва борњо латма хўрда, оќибат аз эътибор афтидаи Ѓарб ва баъзан Шарќро ба оњанги андаке таѓйир бањудаву бењуда истифода накарда, худро дар сањна аз ќолаби ахлоќи одамї ин ќадар дур намеандохтанд. Ба Худо, ки имрўз аз дунбаљунбонињои чї марду чї зани ба ном эстрадаи тољик, ки гоњо фањштар аз сиккаи њофизони нашъаманд дар тањхонањои мамолики ѓарбанд, аз такрори беохир ва ѓашовари баландгўяки онњо (зеро аз ин «ситорањо» аксарияти кул умуман овоз надоранд) ба монанди

Мехонаму мераќсам,Меболаму мефахрам…

Гулумо, гулумо,Зи љафот мемирум…

Page 81: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

81

наср ва назм

Майда-майда мерафт,Пиёда-пиёда мерафт…

ва ѓайра њазёни табнокашон ба дод омадаем. Консертњо дар коху майдонњои бузург ва лак-лак кассетањо ба овози «ситорагони тобони муосир», ки шабону рўзон дар ќасабаву хиёбон, радиову васоити наќлиёт, кўчаву паскўча ва маѓозаву бозорњо ба њар маќом фарёд ме-ка шанд, гўё камї мекарда бошанд, телевизион низ тањлили масъалањои њалталаби љомиаро ќариб як сў монда, ба чї сабабе тарѓиби њунари ин харобкорони аќлу њуши инсонњоро аз њад мегузаронад. Дар бораи «њусну малоњати миллии» ансамблњои раќсї ба мисли «Љањоноро»-ку аслан њољати гап нест. Ба ќавле, чї гўям, ки нагуфтан бењтар аст.

Њоло ёдам меояд, - дар дењаи мо мўйсафедон рафту ба нафаре њарзарон вохўранд, бо таассуф даст ба пешонї мебурданд. Ва мешуд, ки нимѓурма мегуфтанд: хайр, чї илољ, як одами бефарњанг, бадбахт… Акнун фикр мекунам, - шояд онњо калимаи фарњангро ба забон оварда, худ намедонистанд маънии вай чист. Аммо дар љояш кор мефармуданд: яъне инсоне ки аз аќлу адаб ва илму маърифат дур аст. Имрўз чї? – фарњанг гуфта, мо бештар шохањои вобаста ба санъатро мефањмем. Ва ин, албатта, ѓалат аст. Чунки мафњуми фарњанг нињоят васеъ буда, аз хона то бозор ќариб тамоми њаёт, фаъолият ва маљмўи донишњои инсонро дарбар мегирад. Хулоса, на ягон љомиа, на ягон миллат ва на ягон давлат, агар бефарњанг аст, ё аз ин неъмати дар идомаи асрњо бадастомада бояду шояд истифода намекунад, бо вуљуди он ки иќтисоди мустањкам дорад, дар олами тамаддун њаргиз маќоми хоса намеёбад. Мо ин њаќиќатро дар оќибати хеле аз ашхоси нињоят доро, вале бинои маънавиашон як колбади холї бисёрњо дидаем. Дар

Page 82: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

82

15-бањори Истиќлол

мисоли давлатњои, масалан, монанди Кувайт низ ба тањлил гирифтаем, ки њосили азми онњо беш аз кароњати дастбўсї набудааст.

Аз суханронии Президенти кишварамон Эмомалї Рањмонов дар љашни навбатии истиќлолият, чун дар аксар андешањои вусъатнокаш, равшан бармеояд, ки ў дар фаъолияти мураккаби хеш тадбирњо дар љодаи рушди фарњанги миллат ва ба ин васила дар байни љомиаи љањонї манзилати шоиста ёфтани давлати тољиконро дар мадди аввал мегузорад. Вай доир ба тариќу воситањои бењбуди иќтисоди мамлакат, зарари эњтимолии идеологияи глобаликонї дар манотиќи гуногуни олам ва њамбаста ба он аз хатари наќшањои муѓризонаи инњисороти трансмиллї (бењтар аст фавќулмиллї бигўем, - С.Т.) мулоњизањои худро возењ баён дошта, вобаста ба њазорсолагии зодрўзи Носири Хусрав гўшзад мекунад: аз назари шоир «муњимтарин хислати инсони комил некиву накўкорист. … Накўкорї пеш аз њама роњат расондан ба мардум, ёриву мадад ба ятимону мўњтољон, дилсўзиву ѓамхорї ба бечорагон, мењрубониву пуштбонї ба бенавоёну барљомондагон аст». Ва ба таъкид илова менамояд: Носири Хусрав «њамеша аќлу хиради инсонро ситоиш карда, илму амалро меъёри арзёбии фаъолияти шахс мешуморад», аз ин рў дар осори ахлоќиву фалсафии шоири мутафаккир «ѓояњои баланди исондўстї, андешаи миллї, худогоњиву худшиносї» ва мењанпарастї мавќеи устувор доранд.

Президенти мову шумо нек медонад, ки вазъи дохилии њар як сарзамин ба дастовардњои сиёсати хориљии он сахт алоќаманд аст. Яъне мамлакат агар аз хавфи чи њарбиву иќтисодї ва чи фарњангии беруна эмин бошад, метавонад осуда тараќќї кунад, маънавиёташ низ пеш равад. Ба њар сурат Тољикистон имрўз дар раванди сиёсати байналхалќї маќоми назаррас ёфта, амнияташ

Page 83: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

83

наср ва назм

њам алоќадри њол пояи хуб дорад. Вале аз кадом боис аст, ки дар роњи тањкими иќтисодиёт ва фарњанги шоистаи миллї то андозае мелангад? Агар дуруст андеша ронем, пас ба хубї мефањмем, - сабабњое мављуданд вобаста њам аз љараёни феълии воќеоти таърих ва њам аз љањонбиниву кўшиши рўзмарраи худи мо. Модоме ин тавр аст, кадоманд он њодисањо? Дар куљо ќарор дорад дараљаи љањонбиниамон? Ва нињоят, њар яки мо барои равнаќи мамлакат, ки асоси баэътимоди зиндагии серу пури раият мебошад, аз сидќи соф кўшишњо ба кор мебарем оё?

Њељ љои бањс нест, ки ба тадбирњои рўзафзуни њукумат нигоњ накарда, сатњи маишатамон паст аст, эњтиёљмандем њанўз. Лекин набояд аз ёд бурд, - ногањон мо дар миёни љанги гражданї монда, чї воќиа њои мудњишро аз сар гузаронда, пасон дар њолате ки оп-позитсия муддати чанд соли аввал муќовимат мекард,ба бунёди давлати навин оѓоз намудем. Сохторе ки то ин дам доштем, як пораи сохтори умумии шўравї буд. Мо ба низоми вай сахт одат карда будем. Аз каму кости рўзгорамон чандон ташвиш њам намекашидем. Зеро зимоми кулли масъалањо, аз љумла мардум бояд ба чї насаќ рўз гузаронанд, то чї андоза хўранду чї ќадар пўшанд… - ин њама комилан дар сари панљаи давлат буд. Мазмун, худамон камтар тааммуќ карда, балки тањтан љиддї мулоњиза наронда, бештар интизор мешудем, ки кай ба кисаамон пулу ба дањонамон ќут мегузоранд. Воќиан, он чї ба њар фард мерасид, мувофиќ њам буд ба талаботи баинсофонаи зиндагиаш! Аммо фикрамон як ќадар бори карахтї мекашид…

Инак мо дар фазои тамоман дигари иќтисодї ва равонї умр ба сар мебарем. Агарчи таълимоти марксистї наќши шахсиятро дар таърих инкор мекард, имрўз ба сомон расидани бисёр корњои бузург мањз дар

Page 84: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

84

15-бањори Истиќлол

ихтиёри шахсият аст. Пас дар љамъияте ки аз барои иморати он камар бастаем, њар кас метавонад ба чї ќодир будани худро нишон дињад. Яке камтар, дуюмї бештар – муносиби њол, албатта. Инсон дар чунин шароит фаќат сармасти нашъаи озодї нашуда, бояд дар тафаккур њам бошад. Танњо ба тадбирњои давлат умед набаста, дар роњи аз байн бурдани мушкилоти зиндагї, то аз дасташ меояд (њам рўњан ва њам љисман), худаш низ њаракат кунад. Дар маљрои пешрафти љомиа, чунон ки баъзан рўй медињад, на ба мушту лагад, балки ба њидояти аќли солим ворид гардад. Бењуда нагуфтаанд – аз ту њаракат, аз ман баракат! Дуруст аст ки дар ин арсаи њукмронии илму техника барои хуб андешида, аз сидќи соф ба коре шурўъ намудан то њадде дониш мебояд, як ќадар љањонбинї њам лозим аст.

Мутаассифона, аксарияти кулли мо то ба њол дар мавќеи нигаронї рўз мегузаронем. Бекор мегардему рафту шуѓле пеш ояд, пулаш кам гуфта, њатто лањзае фикр намекунем, ки њар кадоме агар як муддат ба ивази њамон маоши нокифоя зањмат накашем, фардо вазъи иќтисодии мамлакат, чї ранге дил мехоњад, ба ифоќа намеояд; њаќќи мењнатамон зиёд шуда, сатњи зиндагиамон низ боло намеравад.

Бале, бо вуљуди он ки дар бадали чор-панљ соли охир тавассути кўшишњои њукумат ба сарварии мўњтарам Эмомалї Рањмонов баргу сози њаётамон кам-кам таъмин мегардад, бисёре аз мо пайваста менолем. Лекин аз мураккабињои гузаштан аз сохте ба сохти дигар ва раванди на чандон сањми тањким ёфтани он парво њам надорем. Аќалан ба таърих рўй оварда, масалан, кадом давлат дар љодаи расидан ба осудагї чї сон мушкилињоро пушти сар кардааст, њатто иљмолан шинос намешавем. Ба њар илоље бошад, душворро монда, аз паи осон мегардем.

Page 85: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

85

наср ва назм

Гумон мебарам њоло зикр намудан айни муддаост, боре дар як сўњбати ногањон аз рўзгори устод Айнї хонуми таннозе ки шояд тасодуфан низ њузур дошт, лоќайд пурсид: дар бораи кї њарф мезанед? Дар бораи пули панљсомона, - гуфт бо тамасхури пинњон нафаре аз рафиќон. Ња-а, он мўйсафеди баришро медонам, - мад кашидаву баланд хандида, њатто ранги рўяш таѓйир на ёфта, зуд љавоб гардонд зани кунљкови баусмаву сур-ма.

Бовар кунед, ки имрўз да байни мо офаридањои аз бисёр љињат монанд ба њамон хонуми бефарњанг кам нестанд. Пас оё мешавад, ки ба истифода аз маданияти чунин ашхос љамъияти комилан нави демократї ва њуќуќбунёд бисозем? Ва магар ин гуна одамон, азбаски хабаре надоранд аз донишњои замона, чї тавре инсони комилро фарзанди бузурги миллат њаким Носири Хусрав ба худ тасаввур намудааст, метавонанд накўкор бошанд? Љавоб, албатта, якест – њаргиз!

Дар рафти ин андешањои худ мехоњам аз шуни-дањоям низ мисол биёрам. Чор сол ќабл, њангоми са-фари кўтоње ки доштам, чанд нафар аз сокинони ноњияи дурдасти як вилоят, љояшро њам нишон дода, бо алам ба ман мегуфтанд: ана, худатон бинед, фаќат замини холї мондааст аз он њаммоми мустањкаме ки њузури љон буд. То охирин хишташ канда, мошин-мошин кашида бурд раисамон. Бурда, дар зодгоњаш хонаву дари бањашамат сохт … Беихтиёр суоле ба миён меояд, ки оё чашми басират доштанд он гоњ кормандони масъули маќомоти њифзи њуќуќ. Шояд аз ин њунари фарсахњо дур аз имону инсофи сарвари як ноњияи калон бедарак буданд? Балки дидаву дониста, худро кўри модарзод вонамуд мекарданд? Ё мавридашро ёфта, ба чунин ѓосибињо шахсан низ даст мезаданд?

Page 86: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

86

15-бањори Истиќлол

Аслан осон аст љавоб додан ба ин ќабил суолњо. Ба мисли хеле аз маъмурони пагондор кўр нестанд мардуми зањматќарин. Бешубња њамин тавр – канда мебурданд, ситонда мехўрданд, ба њарому њалол фарќе нагузошта, молу манол меѓундоштанд. Ин буд, ки ба њусни шањрњоямон низ футур расида, алалхусус дар ноњияњо бисёре аз шипангњои миёни киштзорону боѓчањои бачагон, клубу китобхонањо, гаражу анборњо ва бинои мактабу фермањои чорво аз беху бун ба торољ рафтанд. Ва ин њама, бе ягон бањс, аз бефарњангии мањз сар мезаданд. Аз љањонбинии тангу тор ибтидо мегирифтанд.

Воќиан, агарчи тадриљан камтар мешавад, чунин беинсофї то алњол љо-љо идома дорад. Ба ном ворисони миллате ки аз даврони ќадим мутамаддин ва худотарс буд, имрўз чун табаќаи майдабини олами сармоя ѓолибан рў ба чизпарастї нињода, дар майдони пурталоши «кї бойтар?» њадду њудудро ќариб намедонанд. Ин њирси беоќибат хоса дар фазои шањрњо бештар ба назар меояд. Худкомагї ба ављи аъло расида, њатто мансабдорони нињоят масъул, ки мебояд намунаи ибрат бошанд, аз ришватхории рўирост заррае њазар намекунанд. Бар замми ин бе њељ ибо савори аспи даѓдаѓаву љањолатанд. Модоме ин тавр аст, пас дар љои худ нестанд, намеарзанд ба вазифае ки ўњдадоранд. Нињоят, њам дар савод, њам дар имон ва њам дар садоќат (масалан, ба халќ, ба ватан, ба президент…) пуфаканд онњо, њубоби рўи обанд. Зеро ин тоифаи бефарњанг аќалан боре фикр намекунад, - ба шиори гўр сўзаду дег љўшад ягон кас дар мартабаи баланд ќоим намондааст. Њељ набошад, баъд аз марг боиси мазаммат мегардад. Президенти кишвар Эмомалї Рањмонов ба андешањои фалсафии Носири Хусрав такя оварда, бамаврид таъкид менамояд, ки «меъёри арзёбии фаъолияти шахс» њамеша вобаста аз хирад, эътимод ва

Page 87: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

87

наср ва назм

илму амали ў сурат мегирад. Сарвари давлати мо дар он суханронї эњтимол њамин гуна афроди беномусро низ дар назар дошт.

Њоло зарур аст, дар айни замон ба фоидаи кор мебуд, агар иќрор бикунем: љомиаи мо њанўз як тартибу низоми мустањкам надорад. Озодии демократї на дар белаљомї, балки зотан дар тањкурсии аќлу тамиз ќарор мегирад. Аммо ба љои дониш андўхта, пайванди феълї ёфтан ба фарњанги асил, баръакс – маърифати мо ѓолибан тангтар мешавад. Ва ба зуњури ин њаќиќат вазъи иќтисодии мамлакат, ахиран тарзи њаёти њар як оила њам, албатта, сабаб мегардад. Бешубња, дар љое ки мўњтољї њаст, ба ташаббус, љасорат, њаќ љустану рост рафтан халалњо низ мерасанд.

Он чи шеронро кунад рўбањмизољ,Эњтиёљ аст, эњтиёљ аст, эњтиёљ, -

мегўяд њазрати Бедил. Бо вуљуди ин нафсро дар як андозаи муайн нигоњ доштан аз хислатњои њамидаи инсони комил аст. Набояд кўтањбин бошем. Ва модоме ногањон истиќлолияти милливу давлатї насибамон гардида, баъд аз муќовиматњои шадиди дохилї ба сулњу салоњ расидем, сарфи назар аз имрўза душворињои воќеї, дар њалли чї масоили иќтисодї ва чї иљтимої ба тадриљ пеш меравем, поксозии ахлоќиро, ки яке аз вазифањои асосии љомиа дар љараёни бунёди давлати аз њар љињат намуна мебошад, низ ба инобат гирифта, дар кори мевањои дилхоњ овардани ин раванд бояд мусоидат намоем.

Page 88: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

88

15-бањори Истиќлол

Аскар ЊАКИМ

ШЕЪРИ ВАТАН Ба ёди Мирзо Турсунзода

Рўзи ман сар мешавад њар рўз бо шеъри Ватан,Шод бодо рўњи ту, то нек бошад рўзи ман.Мекунад шеъри дилошўбам маро аз худ бадар,То ба дањрам мекунад сад решапайванди дигар.

Як-ду тан дар шеър аз шеъри ту пайѓом оваранд,Як-ду тан дар шеъри њассон баъди ту номоваранд.Дона њар соле бирўяд дар талу дар ёлањо,Шоире аммо нарўяд тўли чандинсолањо.

Шод мебош, эй Њисори шодмон, дар рўзгорБо ѓазалњои равону чашмањои кўњсор.Накњати ашъори Турсунзода дорад шеъри мо,Сарзамини Тољикистон мекунад бўйи Њисор.

Сабз монї дар дили дењ, эй дарахти тозарў,Эй чинор, эй ошёни мурѓакони шеъри ў.Гар надорад шоире шањболи парвози сухан,Ошён чун менињад ў дар баландои Ватан.

Зинда бошї, эй Њасан, эй љўраи дерини ман,Бо ароба бигзарї гоњо ту аз мошини ман.Нестам аз њамрањон гарчї аќибафтодае,Ё наям аз давру даврон бехабар, ё содае,Аспи зебои туро бисёр мехоњад дилам,Њар замоне дар хаёлам коњад он, коњад дилам.

Page 89: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

89

наср ва назм

Шод бодо рўњи ту, эй шоири шеъри замон,Гарчї н-ояд доимо бе сакта шеъри шоирон,Сактањои ту вале на дар сухан, дар дил буданд,Эй басо њам сактањои беамон, ќотил буданд.

Мекашид андўњу дарде он дили бечораат,Ту фаќат бо он дили ѓамхораат, садпораат,Дил тавонистї дињї бар дигарон,Бо њама дарди гарон.

«Љони ширин,Бе ту танњої кашидам, дарди ман боло гирифт»,Ман бихонам ќиссаи дарди ту, монам дар шигифт.Ќиссаат бо ѓуссаи олам биомезад ба њам,Лашкарони неку бад дар он биовезад ба њам.

Љони ширин, дурии ту захми носури ман аст,Боз дар дил ѓуссаи ёрони рањдури ман аст.Дар љањони бевафое ман вафо кардам ба ту,Умри ман гар бевафої кард, маъзури ман аст.

Баъди ман фарзандњою ворисони шеъри ман,Хоњам аз Яздонатон умри дарозу пурсамар.Рафтанам боз омадан дорад ба умри љовидон,Њар яке бошед баъди ман ба љойии ман падар.

СУРУДИ ФАРДО

Ман аз бањори навангез бо шумо мардум,Дуруд хоњам гуфт,Суруд хоњам гуфт.

Page 90: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

90

15-бањори Истиќлол

Дар ин бањор нињолони тар љавона кунанд,Парандагон ба дарахтони сабз лона кунанд.Дигар зи шохи шаљар лонае нахоњад рехтВа хоки решаи худро башар нахоњад бехт!

Њамин ки мегўям,Хаёлу хобе нест!Дигар зи мулк ба мулке даруни тайёраЉанозањои шањидон нагардад овора.Ба нола дар сари тобутњои рўњандудЧу шохи тар накунад ќалби модарон њам дуд.

Арўсњои вафодорБо сиришки ќатор,На рўйи раддаи тобути сардеву хомўшЗи гармии баѓали ёри љон раванд аз њуш.Ба љойи мотами љонсўзи ин љавонмаргонРасад навиди арўсии ин љавонбаргон.Бихандад аз дили мардум шукуфањои умед,Шукуфањои бањорон ба рўзгори сафед.

Туйї намонда ба ёд,Ба ёди тифли худ, эй модари љавонмаргам,Бихоб осуда,Мабош ошуфта,Ки даври баччагии баччаат чї сон бошад,Ба ин ятимаки бекас кї мењрубон бошад.Ба ман арўс кї љўяд, кї хостгор шавад,Шаби нахусти арўсї, кї пардадор шавад.

Бихоб ором,Эй модари љавонмаргам,

Page 91: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

91

наср ва назм

Ки ман, нињоли ту, акнун дарахти бобаргамВа шукри њаќ, ки гузаштаст нек умри сарам,Њам аз ту ман ду баробар ба син бузургтарам.Арўси ман, ки туро ѓоибона модар хонд,Ба ёди њамсару бепуштибон нахоњад монд.Заифаи дигареро наберагонат низБа ашки нола нахонанд њељ моми азиз.Наберагони ту умри дароз мебинандВа боз мебинандНадидањои туроВа боз мечинандНачидањои туро.Чу ман ба ашки алам рўйи худ намешўянд,Ба дарду ѓусса ба фарзанди худ намегўянд,Ки мо ба ёд надорем рўйи модарро,Ки мо ба ёд надорем бўйи модарро.Агарчи љисми ту худ хоки хуфтае кайњост,Валек дасти ту аз хоки марќадат болост.Ту, рўњи модари берўзии љавонрафта,Мабош ошуфта.Зи родию нарасад баъд аз ин хабар ин сон;«Ки танкњои адў кард дењае вайрон.Ба зери чарх фурў рехт хонањо аз њам,Ба зери хок нињон гашт манзили одам.На кас бимонд саломат, на ошёна бимонд,Ба боѓи булбули хушлањља чуѓз лона бимонд!…»Ва ў, ки мешунавад ин хабар, намеболад,Ба марги ѓайр чу дар марги хеш менолад,Ки рўйи куштаи мардум насозад инсонеБинои ишќу амонї.Ва хоки мурда куљову куљо гулистонњо,Дарахт сабз нагардад ба хуни инсонњо.

Page 92: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

92

15-бањори Истиќлол

Дигар ба гўш наояд ѓиреву ѓурриши тир,Садои мурѓи чаман ояду суми нахчир,Ки дар љањони башар мерасад бањори дигар,Ба љойи ањди хатар рўзу рўзгори дигар.Сањар зи њим-њими баргу чакомаи мурѓонБа гўш мерасад армони дудаи инсон,Ки бо бародари хеш ў бародарї бикунад,Ба нобаробари худ њам баробарї бикунад.Замин ба насли башар гоњвора хоњад монд,Башар зи мањд ќадам бар ситора хоњад монд.

Ту, рўњи модари бебахти ман, бихусб ором,Ки аз бањори наве ман ба мардуми айёмДуруд хоњам гуфт,Суруд хоњам гуфт.

САНГИ МАН – АЛМОС (Манзума, бахш)

Дили ман мехоњад,Чор њангоми табиат, ки замони ишќ аст,Њама ошиќ бошем.

Накњати бодияи ишќ бањорон ба димоѓ,Гармии бўсаи хуршед ба лаб тобистон,Зулфи заррини муњаббат ба хазон дар гардан,Дар зимистон шунањи барфи сафедЊамчу покии муњаббат дар чашмВа ба њар фасл –

Бањорону даю тирамању тобистонЊама ошиќ бошем.

Page 93: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

93

наср ва назм

Њама дар кўйи муњаббат мирем,Њама дар шањри муњаббат абадї зинда шавем.

Хоса шањре, ки хиёбонњояшЊама сабз аз армон,Њама алвон аз шавќ,

Љўйњояш пури ширу асал аст,Нимкатњо ба канори рањњоЊаљлаи авлонљакњоянд овехта аз шохаи бед.

Нафаси сабзи дарахтон ба њаво печида,Хандад аз ойинаи равзанањоСўйи хуршед њазорон хуршед,Ки рухи ойинањо шуста сиришки найсон.Хезад аз ханљараи фохта оњанги булўрини сањар.

Хонањо – чашмаи нур,Кўчањо мамлуву саршор зи ишќ.Мўсафеде ба сари гўши гарон – лолаи сурхСўйи кампири навадсолаи хешМепаронад абрў.

Хоса шањре, ки ба ваќти дидорРўйи ду дасти дарозГул кунад шохаи гулњои гулобии «Салом»Ва касеро набувадСанг дар зери баѓал.Хоса шањре, ки гадояш гули бобунаи тар хоњад хост,Баргро хоњад хонд:

Page 94: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

94

15-бањори Истиќлол

Дўст дорад, ё на,Дўст дорад, ё на…Дўст дорад,Дўст дорад!...

Хоса шањре, ки хиёбонњояшКањкашоне ба замин густурда-ст,Ахтаровезу чароѓон чу шаби базми арўсї

њар шаб.Њотаву боѓчаву гулгашташЊама чун духтараки тоза ба шањр омадаи дењотї,Абрувон сабз зи нози вусма,Гунањо сурх зи шарми лола.Хоса шањре, ки бањорон ба шабонгоњи бунафшДар тањи чодари рангини сипењрРахти хоб андозандВа ба овози чаковакњо хезанд аз хобВа ба чашми оламбине оламро бинанд, одамро бинанд,Осмонро бинанд,Ку фуруд омада то зинаи пойини дар аст,Ки фаро рафтани мо сўйи худ осон бошад,Њар куљое Осмон бошад.

Page 95: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

95

наср ва назм

Камол НАСРУЛЛО

ХОК АГАР БАР ЗАХМ ДАРМОН АСТ

Хок агар бар захм дармон аст,Хок хоки Тољикистон аст.Хор агар чун гул шукуфон аст,Хор хори Тољикистон аст.

Ишќ агар покии инсон аст,Мењр агар перояи шон аст,Нанг агар пероњани љон аст,Ин замини Тољикистон аст.

Хайр агар дар мулк султон аст,Нафс агар дар банди имон аст,Мард агар бо дард хандон аст,Ин замини Тољикистон аст.

Гар накўї фарзи инсон аст,Мењмон фармуди яздон аст.Ёр агар болои чашмон аст,Ин замини Тољикистон аст.

Гар муќаддас резаи нон аст,Мўњтарам ёди ниёгон аст,Гар њама миллат мусалмон аст,Ин замини Тољикистон аст.

Чењра гар чун гул шукуфон аст,Дар њама фаслаш бањорон аст,Гар гиёњу об дармон аст,Ин замини Тољикистон аст.

Page 96: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

96

15-бањори Истиќлол

Шеър агар шамъи шабистон аст,Шаън агар ќимматтар аз љон аст,Мард агар худ дижи виљдон аст,Ин замини Тољикистон аст.

МУЛКИ ЉОНОН

Тулўъи офтобат зарфишон аст,Ѓуруби офтобат зарњали зар.Замини шодбоши орзуњо,Замини додгоњи нусрату фар!

Дар ин љо зистан мисли шукуфтанЧу гул аз хокњои ин диёр аст.Дар ин љо зистан умри сурудеБа дар бурдан ба монанди њазор аст.

Дар ин љо бе шукуфтан чун тавон зист,Ки њатто гул бирўяд аз сари санг.Баландињои кўњистон бигўяд,Бурун сар овар ин љо аз сари нанг.

Њазорон бор гуфтам: Тољикистон!Наљустам ќофия бар ў ба љуз љон.Барои он ки љони ўст љонам,Барои он, ки њаст ў мулки љонон.

Дилат бояд, ки бошад поку тозаБа монанди зулоли оби покаш.Шукуфад дар ту бояд ишќу уммедЧу гулњои бањор аз файзи хокаш.

Page 97: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

97

наср ва назм

Бубояд ањду паймони ќавї дошт,Ба мисли кўњсори сахтљонаш.Бубояд дошт виљдоне чунин покБа мисли чашмаи оби равонаш.

Дар ин љо зистан, яъне намурдан,Суруди ишќи волоро сурудан.В-агар мирї ба номи зиндагонї,Ба људаш бо вуљуди худ фузудан.

Ба сўи ќуллањои осмонбўс,Бигўям бо муњаббат Тољикистон.Танини посух аз њар ќулла оядБа лањни ошно аз дур: љоооон…љооон.

ЭЙ ЊАМДИЁР

Бояд ки боз тоза ба по хезем!Аз коми маргбори фано хезем!

Гирем дасти њамдигаремонро,Њамчун њисори мењани мо хезем!

Ин хоки ориёни љавонмард аст,Бо он шукўњу шаъни расо хезем!

Дар хуни мо фурўѓи сиёвушњост,Њамчун уммеди неки ниё хезем!

Аз ин харобањои хароб аз мо,Аз ин фиребу нањсу бало хезем!

Page 98: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

98

15-бањори Истиќлол

То њафт шањри ишќ куљо? Лоаќл,Аз њафтафањмињои шумо хезем!

Дар шохањо шукуфт гули уммед,Эй њамдиёри хуфта биё, хезем!

Рахши рамидаро ба љилав орем,Ба шињани шеронанаво хезем!

Бар лонаи Симурѓ паём орем,Чун бози бозгашта рањо хезем!

Бар жарфњои захми тани мењан,Эй зоти Буалї, ба даво хезем!

Ин ришва решакан бикунад моро,Аз доми анкабуди риё хезем!

Он сон, ки дар бањор бирўяд гул,Бо пайки ишќу њусну сафо хезем!

Бас нест ифтихори тињї? Инак,Аз њар сада ба сад сару по хезем!

Бар худ расему домани худ гирем,Бояд ба номи неки Худо хезем!

Сар аз сари сидќи худ бурун орем,То дар канори Сарвари мо хезем!

То дар канори Сарвари мо хезем!!!29.05.2001

Page 99: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

99

наср ва назм

ЗАМИНИ ЭЪТИЌОД

Шоми ту дар ман нишаста, субњи ту дар ман дамида,Кишвари љангалбурида, мулки мурѓони парида!

Нахли ту дар ман шукуфта, шохи ту дар ман шикаста,Чун њавасњо рехт аз ман ѓўрањои норасида.

Теѓи бар дўшат кашида, тири бар сўят парида,Мешикастам ношикаста, мерасидам норасида.

Ман замини эътиќодам, он љавонони шањидат,Љонашон дар ман тапида, хунашон дар ман чакида.

Дасти ман гар монад аз по, пойи ман гар монад аз тан,

Њар куљое аз ту дурам, меравам сўят хазида.

Эй ватан, эй каъбаи ман, љони ман суйи ту боз аст,Нест оромам, ки бошї як замоне орамида.

Осмонатро гирифтанд, остонатро гирифтанд,Акси танњо як дили туст, акси ту андар харита.

Тољикистон, Тољикистон, эй бињишти ношукуфта,Баргњо дар шохсорат номањойи норасида.

Page 100: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

100

15-бањори Истиќлол

СУРУДИ ДУШАНБЕ

Шањри ишќам, шањри бахтам, шањри армонам, Душанбе,

Бо ту будам, бо ту њастам, бо ту мемонам, Душанбе.

Кўчањоят гулфишон шуд, бахти ту аз нав љавон шуд,Чењраи хушбахтии ман, рўи хандонам, Душанбе.

Дар нумўи ту нумўям, обрўят обрўям,Шаъну шонат шаъну шонам, љони ту љонам Душанбе.

Дар лабам њамчун дуої, дар ду чашмам чун зиёї,Муттакои њастии ман, ќасри имонам Душанбе.

Аз дами сад ло гузаштам, бо сари боло гузаштам,То ба рўи хоки покат боз сар монам, Душанбе.

Ман туро љо кардаам чун офтобе дар булўреДар зулоли ќатрањои ашки чашмонам, Душанбе.

Љилваи сад ранги љонам, шишањои нанги љонам,Эй њисорат санги љонам, дижи виљдонам Душанбе.

Меваи вањдат бирўяд аз њавои мењри покатДар тулўи шохањои сабзи дастонам, Душанбе.

Бо туям њар лањза аммо боз пазмонам, ДушанбеБо ту будам, бо ту њастам, бо ту мемонам, Душанбе.

Page 101: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

101

наср ва назм

СИМОИ ВАТАН

Рўйи ту чењраи зебои Ватан,Чашми ту дидаи бинои Ватан.

Сари худро ба љањон дор баланд,Ки туї ќомати болои Ватан.

Аз чароѓи дили мо рўшан бод,Роњи уммед ба фардои Ватан!

Гар насўзем ману ту рўшанЧун шавад синаи шабњои Ватан?!

Тан ба тан даст ба дастем њамаБораи нангу таманнои Ватан.

Аз мани хеш баро болотар,То шавї васл ту бо мои Ватан.

То ки шодоб шавад њастии мо,Ќатрае бош ба дарёи Ватан.

Чун Ватан дор муќаддас худро,Њаст маънии ту маънои Ватан.

Page 102: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

102

15-бањори Истиќлол

ЁДИ ВАТАН

Тифлро новаки пистон Ватан аст,Мардро ќалъаи виљдон Ватан аст.

Ташнаро косаи обе дами марг,Гушнаро як лабаки нон Ватан аст.

Беватан бе шарафу бе ном аст,Њастиву давлати инсон Ватан аст.

Падару модари ту, додари ту,Тифлаки ту ба дабистон Ватан аст.

Охирин нури чароѓи њастїДар дилу ёди ѓарибон Ватан аст.

Ѓайрату зўру љасорат, дили пур,Ќуввати љони далерон Ватан аст.

Дар Ватан беватанон бисёранд,Мардро домани имон Ватан аст.

Мурдаро зинда кунад ёди ВатанЉони љон дар тани инсон Ватан аст.

Page 103: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

103

наср ва назм

Рањмат НАЗРЇ

ОФАРИН

Эй мардуми сапедадамон, офаринатон!Аз нав ба роњи рўзи умед об мезанед.Бо ин њама шикасти дили лахт-лахти хешЊаргиз дил аз љањони пурармон намеканед.

Эй мардуми нажанди ман, эй аз нажоди ѓам,Аз нав ба шодбошии дидори офтоб,Њамчун ба шодмонии рўзи сафеди хешАз дидагони ташнаатон метаровад об.

Аз пушти зиндагонии худ мурда-мурда бозАз пушта мекашед ба рањ пуштворае.Њаргиз ба рўзгори гарон тан намедињедДар орзуи рўзии як муштворае…

Эй мардуми фигору низор, офаринатон,Сад офаринатону њазор офаринатон!Дар бомдоди сўхта њатто ба сўзи хешШукрона мекунад нигањи озаринатон!

ЭЊЁ

Мондааст армони озодии мардумЗери вайрониву ободии мардум.Дар канори сарзамини сарнавишташЉо намегирад ѓаму шодии мардум.Љонканиро мекунад омўзгорїРўзгори содаву одии мардум.Осмонро дар замин бар дўш дорадБурдборињои бунёдии мардум.

Page 104: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

104

15-бањори Истиќлол

Офарин мехонад аз гардун худо њамСўи љонсахтии пўлодии мардум.Зиндагї мемирад, эњё мешавад бозЊар куљо аз ранљи эљодии мардум.Эй фалак, бодо њамеша гиргардонОсиёи обиву бодии мардум!

ТАБЛАКБОЗЇСўи майдони њаёњуву кашокашМарде омад таблаки худ дар таги каш.Зад навои бенавоиро њавої,Дар дили мардум ба арѓушт омад оташ.

Зеру бам дар шеваи шевои таблакРў ба рўву таг ба таг омад ба бозї.Зарб андар зарб аз овои таблакХуни мардум раг ба раг омад ба бозї.

Бодњову бедњо дар раќс омад,Кафтарони бомњо омад ба парвоз.Рўи як майдон ба њам омад ба арѓуштФалѓару Фархору Ашту Рашту Дарвоз.

Бо њама бозии гардун сўи гардун,Бо њама бозии абрўњову дастон,Худ њам аз таблакзании худ ба арѓуштОмад охир ў ба гирдогирди майдон.

РЎ БА ЌИБЛАТаърихи шањид дар канорат хуфта,Дар сояи Девоначанорат1 хуфта.

1. Як мањаллаи ќадимаи Кўлоб.

Page 105: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

105

наср ва назм

Дар хоки ту гунбаду манорат хуфта,Эй шањри њазоршањри ман, эй Кўлоб!

Ду дасти дуо ба ќиблаи рўи ту,Бо пои барањна меравам сўи ту,Молам хокат ба дида аз кўи ту,Эй шањри мазоршањри ман, эй Кўлоб!

РАЊНАВАРД

Роњи Лўликутал1 аз пушти туПушта дар пушта њанўз овора.Дуртар сўи љањон ноњамворМеравї њамвора…Нест дигар чора!

Тирароњи ту гаронбор акнун,Тирамоњи ту саду як барг аст.Пеш рав, пеш, ки аз дунболатЗузањои гург аст,Истодан марг аст!

Соли 2005

НИЁИШ

Бигзашт, бигзашт фаррухбањорон,Бо озарахше аз кўњсорон,То гул дамад боз аз сангзорон,Эй абру борон, бошед, бошед!

1. Остонаи Кўлоб

Page 106: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

106

15-бањори Истиќлол

Бигзашт, бигзашт аз кўњу њомун,Туѓёни Сайњун, тўфони Љайњун.То об монад дар чашми гардун,Эй чашмасорон, бошед, бошед!

Бигзашт, бигзашт аз њар канора,Ринде пиёда, ринде савора.Дар осмонанд акнун ситора,Эй рањсипорон, бошед, бошед!

Бигзашт, бигзашт аз ишќи дерин,Лайливу Маљнун, Фарњоду Ширин.То мењр бошад пирўз бар кин,Эй дўстдорон, бошед, бошед!

Бигзашт, бигзашт мурѓи Самандар,Кай Рўдакї боз ояд ба минбар?Дунё ба уммед то рўзи мањшар,Уммедворон, бошед, бошед!

Бигзашт, бигзашт љашни њуљаста,Аз Борбад монд сози шикаста.Пайваста дар дил тори гусаста,Эй дилфигорон, бошед, бошед!

Бигзашт, бигзашт аз чархи љовид,Њам разми Рустам, њам базми Љамшед.То зинда монад пайванди хуршед,Эй њамтаборон, бошед, бошед!

Page 107: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

107

наср ва назм

Муњаммад ЃОИБ

ВАТАНРО ДЎСТ МЕДОРАМ

Дар он соат, ки мадњуш одамон аз бодаи хобанд,Чароѓи рўзро аз тоќи тори шаб намеёбанд,Мани бедор бо ањли диёрам роз мегўям,Суханро бо нигањ, яъне, ки беовоз мегўям.Ба љои Мо фаќат он лањза Манро дўст медорам,Нишони арзи мењрамро, суханро дўст медорам.Худамро, соњиби мулки куњанро дўст медорам,Ватанро дўст медорам, ватанро дўст медорам.

Садои мурѓакон, бонги азон чун мерасад бар гўш,Пур аз овоз мегардад гулўи олами хомўш.Зи хона бо дили пур љониби дарвоза метозам,Ба истиќболи рўзу рўзгори тоза метозам.Рањи мењрам барад бар коргоњам аз дигарњо пеш,Зи љамъи рўйсурхон мегузорам хунљигарњо пеш,Худамро, соњиби мулки куњанро дўст медорам,Ватанро дўст медорам, ватанро дўст медорам.

Аз он њоким, ки поси маснаду љоро намедонад,Аз он болонишин, ки ќадри болоро намедонад,Њамон поённишини анљуманро дўст медорам,Аз он шодифиребаш ѓамшиканро дўст медорам.Худамро, соњиби мулки куњанро дўст медорам,Ватанро дўст медорам, ватанро дўст медорам.

Суруди миллї ояд њар гање бар гўш, мегирям,Дами болошавии парчамаш хомўш мегирям,Муњаббатномаи худро ба он пайваста, менозам,Ба пеши пои бедории миллат саљда месозам,

Page 108: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

108

15-бањори Истиќлол

Нишони пур зи наљмашро нишони бахт медонам,Нишони ахтарони осмони бахт медонам,Худамро, соњиби мулки куњанро дўст медорам,Ватанро дўст медорам, ватанро дўст медорам.

Фиристам дуртар нури ватанљўи нигоњамро,Бубинам мардуми зањматкаши ояндахоњамро,Рањи бехавфу наќбу истгоњи барќ месозанд,Диёри хешро машњуртар дар шарќ месозанд,Худамро, соњиби мулки куњанро дўст медорам,Ватанро дўст медорам, ватанро дўст медорам.

Ватан он љо, ки пањнои љањон дар нисбаташ танг аст,Кафи хокаш њама зар њасту хораш низ гулранг аст,Чу савти булбулаш овози товусаш хушоњанг аст,Њама њарфи њадисаш оби чашми мењри пурнанг аст.Зи гумномї фаќат санги ватан гўрам нигањ дорад,Њама љон кандани рўзу шаби ман бањри ин санг аст.Худамро, соњиби мулки куњанро дўст медорамВатанро дўст медорам, ватанро дўст медорам…

ОЛАМИ АФСОНА

Хок бар оби чу май паймона аст,Боѓро сармастии риндона аст.Пуштаро гул бар сару бар шона аст,Гул чу шамъ ору ба он парвона аст,Кишвари ман олами афсона аст.

Ќуллањои осмонбўсаш дигар,Санги побарљои номусаш дигар.Дар нигоњи мардуми тасвиргар

Page 109: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

109

наср ва назм

Абр мурѓу кўњ мисли лона аст,Кишвари ман олами афсона аст.

Гирад ин љо ранги дигар дуд њам,Субњ тобад моњи шомолуд њам.Ибрати софї бубахшад руд њам,Рег зери об чун дурдона аст,Кишвари ман олами афсона аст.

Чор фасл ин љо ба як дам мерасад,Аз њисобе хушкро нам мерасад.Аз даре ризќе ба одам мерасад,Сўи ман чашми њасад бегона аст,Кишвари ман олами афсона аст.

Мева хоњам оварад дарё маро,Њар чї пайдо мешавад дар љо маро.Нест некахтар чу ман, зеро мароДар бињишти рўи дунё хона аст,Кишвари ман олами афсона аст.

ВАТАНДОРЇ

Њамон роње, ки поёнаш намебинам, ватандорист,Њамон дарде, ки дармонаш намебинам ватандорист.

Ба хуни ноф, њар хоке шавад олуда, љон дорад,Танеро бе ѓами љонаш намебинам, ватандорист.

Танўр аз оташу оби намакдораш ѓизо гирад,Нишони хўрдани нонаш намебинам, ватандорист.

Page 110: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

110

15-бањори Истиќлол

Њамон марде, ки аз тири адў дорад љароњатњо,Вале чашмони гирёнаш намебинам, ватандорист.

Парешонгаштагонро то ќиёмат нест осоиш,Њамон љамъе парешонаш намебинам, ватандорист.

Агар фикри ватан дар сар набошад, сар чї кор ояд,Диле холї зи армонаш намебинам, ватандорист.

Рањи осоншавии мушкили худро њама љўяд,Њамон мушкил, ки осонаш намебинам, ватандорист.

Фидоиро Муњаммад шиква аз бори гаронам нест,Зи умри худ, пушаймонам набинам, ватандорист.

МАФЊУМ

Мафњуми њазор рангу мазмун ватан аст,Эњсоси даруни дарди берун ватан аст.Гарди фарањи ѓуссаи афзун ватан аст,Рўсурхии пайдошуда аз хун ватан аст.

Page 111: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

111

наср ва назм

Кароматуллоњи Мирзо

ПАЙВАНДИ РОЊЊО

1. РОЊИ КЎЊНА – ЗАМОНИ ШЎРАВЇ

Имрўзњо моро ду роњи мошингард рў ба Боми Ља њон, ба Бадахшон мебарад. Яке њамон роњи кўњна, таъ рихї, ки дар солњои аввали њукумати Шўравї ба тариќи њашар бунёд ёфтааст. Ањли Тољикистон, хурду калон ба њашар мебаромаданд. Њазори андарњазор ва бењисоб буданд онњо. Бо путку зоѓнул санг мешикастанд, белу каланд ќати замин меканданд, бо занбарњо хоку санг мекашонданд. Яке аз њозирини доимии маъракаи њашар шоири халќ, гурѓўлисаро Њикмат Ризо буд. Аз он набарди мардум, ки бањри роњ кушодан њама аз субњ то шом љон мекоњонданд, дар пояи кўњњои азими осмонбус мисли мурчагон мељунбиданд, њикоятњо мегуфт, бо шавќ он рўзњоро ба ёд меовард. Ў инчунин мегуфт, ки одамонро дар каљовањо аз сари шахњо, аз танаи кўњњои баланд ба поён нишеб мекардаанд, таги сангњоро кофта дору љой мекунондаанд ва баъд оташ додан, кўњро таркондан. Ваљаб ба ваљаб роњ шуда, роњ кушода ме гашта. Бо њамин гуна азобу азият мардум ба Бадахшон роњ бурданд. Имрўз хело кам мондаанд аз он бунёд гузорони роњи Душанбе – Хоруѓ, фавтидаанд. Њамон солњо бо ин роњи навбунёд аввалин фарзандони барў ман ди Боми Љањон ба мисли Шириншо Шоњтемур, Мас ти бек Тошмањмадов, Моёншо Назаршо, Мењрубон Наза ров, устод Мирсаид Миршакар, шоирон Тилло Пўлодї, Амонбек Шоњзода, Султон Шоњзода рў ба дили кишва рамон – ба шањри Душанбе овардаанд, пиёда,

Page 112: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

112

15-бањори Истиќлол

савора роњ паймудаанд. Ва имрўз онњо низ дар олам намондаанд, вале роњ монда. Фарзандони имрўзаи Бадахшон, тољи кис тониён бо ин роњ – бо роњи падарон дар равуоянд. Банда низ дар айёме, ки рўзноманигор будам, бо ин роњ борњо ба Хоруѓ ва бисёр ноњияњои Бадахшон сафар доштам.

Ин дафъа сафарам ба рўзњои аввали моњи июни соли 2004 мувофиќ омада. Њамроњи як њайати бонуфуз, гу рў њи кормандони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурї. Ба мо муовини Сарвазири љумњурї Зокирљон Вазиров рањбару роњнамо. Барномаамон барои як њафта муайян гаштааст. Дар ноњияњо бо мардум вохўрињо гузаронида баъд дар шањри Хоруѓ дар мавзўи «Мактаби давлат дории Президенти мўњтарам Э.Ш.Рањмонов» семинар, сўњбатњои бардавоме оростанием.

Мошинњои мо пасињам аз миёни боѓот, канори рўд њои шўху дарёњои пуртуѓён мегузаранд. Манзарањои ба роям ошно. Њамон роњи мошингарди пурхавфу хатари до мани Кабудљар, баъд дар пеш кўли Кабуди афсонавї, он гўё аз осмон ранг гирифта, ранги кабуд ва аз ин љо номи кўл рўида, кўли Кабуд.

Ќад – ќади роњи Кабудљар боз хоку санг, сангрезањо фаромада, роњ ќариб банд гашта. Ваљабе чанд монда байни чархњои мошинњои мо ва дарёи ба назар бетаги Панљ. Роњи мо лаб – лаби дарё. Дар мошине бо мудири шўъбаи илм ва маорифи Дастгоњи иљроияи Президент Файзулло Хушвахтов ва мушовири Президент оид ба сиёсати иќтисодї Алихон Њусайнов њамроњем. Борон боридааст, роњ лой, роњи душворгузари Кабудљар. Али-хон Њусайнов, ки дар сўњбатњояш беш аз адабиёт сухан меорад, шеър мехонаду шеър мегўяд, номи ќиссаи «Ша-бе дар Кабудљар» –ро ба забон овард ва аз банда суол

Page 113: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

113

наср ва назм

кард, ки пеш аз таълифи асар дар њаќиќат дар Кабудљар будам ва оё дар њамин мавзеъњо шаб гузарондаам.

Дар ќисса чойхонае ба тасвир омадааст, дар назди-ки њои Кабудљар аст. Он сермењмон. Ронандагон Шод-мон, Мадина, Сангин, Асрор, ки ба Бадахшон равона анд, мошинњои пурборашонро дар сањни чойхона гузош та шаб мондаанд. Воќеаю њодисањо њамон шаб рух ме ди-њанд. Чойхоначї бобои Умархон инсони ба њама мењ-рубон, инсони поку боинсоф. Чойхонаю чойхоначиро хаёлан ба тасвир оварда будам. Аммо њоло дар ин сафа-рам мебинам, ки дар замони соњибистиќлолии Тољи-кистон ќариб дар њамаи дењањои сари роњ то Бадахшон чойхонаю ошхона ва мењмонхонањо сохтаанд. Хусу сианд, азони одамони алоњида. Ронандагон, мусо фи рон дар онњо мењмон мешаванд, чойхонањо сермењ мон, зери самоворњо оташ фурўзон, дегњо болои дегдон. Боѓу майдон, дењу шањракњои сари роњ њама дигар шуда анд. Мисли он солњое не, ки пеш бо ин роњ меомадам, хона-њои истиќоматии ду – се ошёна бунёд ёфтаанд. Бомњо бо шиферњои сурху сабзи ранги ба ранг пўшида шудаанд, зери нурњои офтоб њазор гуна љило медињанд. Алал ху-сус дар шањри Хоруѓ ин гуна хонаю њавлињои боњаша-мат зиёдтар ба чашм мехўранд. Мисли биноњое, ки дар шањри Душанбе сохтаанд. Дар Хоруѓ њам ин би но њо азо-ни шахсони алоњидаанд. Насибашон бод, таќо зои замон имрўз чунин буда. Дар ин рўзгори мо касе «љунбад», талош варзад, зањмат кашад, соњиби њама чї мешавад. Чун гардиши чархи осиё паи рисќу рўзї будан лозим. Мардум рў ба зиндагии хушу осуда равонанд, дорою бу даманд шудан мехоњанд.

Роњи мошинњои мо ќад – ќади дарё афтода. Аз љой њои ањолинишин, шањракњо бурун рафтаем. Аз миёни

Page 114: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

114

15-бањори Истиќлол

кўњњо роњ пеш омадааст, ќуллањои баланди кўњњо то ба кабудии осмон расидаанд. Аз даруни мошин чашм ба кўњ мехўраду боз кўњ. Бовари кас бештар бар он ки Тољикистони азиз дар њаќиќат сарзамини кўњсор, кишт-гању њамворињояш фоизи ночизе. Њама љо кўњ ва боз кўњ, болои сар кўњ, мошин тана ба танаи кўњњо меравад, дар поён дарё, дарёро њам кўњ ба баѓал гирифта, оби дарё равон, сар ба сангњо мезанад, талотум дорад дарё. Дар он сўи дарё низ кўњ, кўњсорони кишвари њамсоя, кўњсорони Бадахшони дигар, Бадахшони Афѓонистон. Лаб – лаби дарё, тана ба деворњои кўњ манзили одамон, дењањои мардуми Афѓонистон. Дар љониби мо њам дењањо. Мардум дар њар ду љониби дарё миёни кишт зо-ронашон љунбуљул доранд. Дарёи Панљ чун хатти сарњад ин ду љонибро аз њам људо намуда, њавлию кулбањои афѓонњо мисли њамон солњои пеш, ки дида будам, њамон деворњои паст – пасти лоин, бомњо бо гил андова шуда, роњу роњравњо низ њамон пайроњањое, ки чун ресмонњои канда – канда ба танаи кўњ печидаанд. Аз он пайроњањо пиёдаю харакї ё аспакї роњ мераванд, агар бори маркаб аз беэътиної андаке ба санг, ба танаи кўњ бархўрад, сарнагун ба дарё меравад. Одамон аз он пайроњањо бо эњтиёт пай мечинанд.

Њамон рўзе ки мо рў ба роњи Бадахшон будем, ди-дем, ки бародарони афѓон аз як дења ба дењаи дигар арўс мебурданд. Арўс савора, банди аспи ў дар дасти марде, тўякињои дигар, бачањо пиёдаю харакї пеш – пеши арўс мерафтанд.

Мошинњои мо аз роњи мумфарши васеъ, муќобили он њо, муќобили оби дарё дар њаракат. Роњњои мо њам вор, мумфарш, аз замони Шўравї монда. Биноњои кано ри роњ бо шифер пўшида шуда, деворњои хонањо сафед.

Page 115: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

115

наср ва назм

Ду манзара, ду тарзи зиндагї ва имрўз њам зиндагии мо дар замони истиќлолият ширинтар гашта, мисли замони Шўравї, дар баъзе љињатњо аз он њам бењтар ва хуб, даст ба домани орзуњо мерасад.

Дар шањри Хоруѓ хиёбони марказї њанўз бо номи доњї, ба номи Ленин. Ба гуфтаи устод М.Миршакар, му-ал лифи достони «Ленин дар Помир» Ленин ба Помир наомада бошад њам, идеяњои вай омада. Китобу дафтар, алифбо аз ў ба ин љо расида, дари таълимгоњњо боз гаш-та. Бадахшониён дар замони Шўравї аз њама савод-ноктар буданд, ќариб њама соњибмаълумот. Имрўз њам фарзандони Боми Љањон аз хиёбони ба номи Ленин равуо доранд, муљассамааш побарљо,њашаматаш гўё аф-зу да. Ва имрўз дар замони соњибистиќлолии Тољикистон шањри Хоруѓ ободу зеботар гаштааст. Ба аќидаи бадах-шониён нигоњи гарми Президенти мамлакат бештар ба кишвари баландкўњи онњо буда. Дар рўзњои ноороми Тољикистон, ноосудагии бадахшониён Президент ба Ба-дахшон борњо сафар дошта. Ва як сафари Э.Ш.Рањмонов ба ин сарзамин рўзњое ба амал омада, ки асло аз хотири бадахшониён фаромўш намешуда.

Кўчаю хиёбонњои шањри Хоруѓ пур аз гурезањо, пур аз силоњдорон. Садои гиря, тиру туфанг баланд. Гун љиш какон кайњо аз шохсорони дарахтони боѓу май-донњо, аз лонањояшон ба љойњои осуда кўч баста. Садои суруду мусиќии дилангези бадахшї дигар ба гўш наме-омада. Силоњдорон дари кулбањои мардумро мекуфтанд. Одамон дилмонда, рўњафтода. Ана дар њаминњол шуни-данд, ки сарвари давлат Э.Ш.Рањмонов ба Бадахшон меомада. «Чї тавр? Бо кадом роњ? Назди кї? Назди си лоњдорон? Њукуматхоњон?! Наояд, кўдаку чудак, љони љавон дорад», мардум ѓами љони ўро мехўрданд.

Page 116: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

116

15-бањори Истиќлол

Аммо Э.Ш.Рањмонов њамон рўзњо ба Хоруѓ омад. Мардум, эътиќодмандон атрофаш њалќа хўрданд. Мења-росиданд, дохили толори маљлисгоњ шуданд, сўњбат мекард бо бадахшониён Э.Ш.Рањмонов, аз сулњу салоњ аз њамдигарфањмї буд суханњояш. Аммо дар љавоб аз беруни бино садои ба осмон холи шудани тирњо баланд. Атрофи бино ињота шуда, сардори давлат гўё гарав го-нашон. Ин хабар сар то сари Боми Љањон пањн гашта. Чї бояд кард? Худо нишон надињад, ки ба Сардори давлати Тољикистон њодисае рух дињад. Вай бадахшониёнро гуф та, ѓами љони онњоро хўрда ба Хоруѓ омада. Куњан-солон, одамони обрўманди вилоят њама рў ба љониби бино мешитофтанд, гуфтугў доштанд бо силоњдорон, бо њукуматхоњон, насињат мекарданд, аз маљлисгоњ Э.Ш.Рањ моновро ноаён берун бурданї шуданд. Аммо ў рад кард њаросе дар дилаш пайдо нашуда. Дилаш бо-ќув ват, мардуми Тољикистон њамроњаш, пушту пано њаш. «Ва тан, сулњ, вањдат,њамдигарфањмї», мегуфт. Ба рои ња мин омада ба Бадахшон, фањмида омада.

Силоњдорон ба маљлисгоњ даромадан мехостанд. Э.Ш.Рањмоновро талаб доштанд. Ў бо онњо мардонавор рў ба рў шуд. Нањаросида, мижааш хам нахурда. Шу-љоату тавоної, суханњои аз ќаъри дил рўидааш ба мусо-њи бонаш асар овард. Мардонагию љасорати мардон му хо лифонашонро пакар намуда. Њамин њолатњо рух дода. Худованд дар лањзањои душвор ба Э.Ш.Рањмонов кушо иш оварда, њамдигарфањмї, ки роњи пешгирифтаи ўст, дар ин љо њам ба амал омад, аммо бо осонї не, дар њо лат њои љон сари мўй бозидан. Ѓалаба кард. Осуда гаш танд мардуми Бадахшон, гўё бори вазнинеро аз дўш фи канданд. Осуда нафас гирифтанд. Ва он сафари пурха та ри Президенти мамлакат Э.Ш.Рањмонов ба Боми

Page 117: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

117

наср ва назм

Љањон аз хотири бадахшониён намеравад. Он рўзњоро ба ёд оварда мењрашон ба Президенти мамлакат афзунтар мегардад.

Баъди орому осуда гаштани Вилояти Мухтори Кў њистони Бадахшон, ки ќуввањои зиддињукуматї дар ин љо ѓун омада буданд, 27–уми июни соли 1997 дар шањ ри Москва байни њукумати Тољикистон ва мухо-лифин созишномаи сулњ ба имзо расид. Офтоби сулњ аз ба ландињои ќуллањои кўњсорони Бадахшон болои Тољи кистон тулўъ намуд, аз нурњои зиёбахши он дарахти умеду орзуњои мардуми тољик гармї ёфта, гулафшон гашт, бор овард.

Дар хољагињои вилоят замин ба мардум таќсим карда шуда, супориши Президент дар масъалаи њар ањли дењот бояд соњиби замин бошад, амалї мегардад. Замин, корхонаю муассисањо хусусї гардонда шудаанд. Мар дум соњиби моликият, зиндагї бењ мегардад, Ба бозори шањри Хоруѓ имрўз хориљиён мол меоранд. Молу мањ сулоти гуногун назар ба бозорњои шањри Душанбе дар Бадахшон арзонтар аст. Аз роњи Хоруѓ – Ќулма – Ќа роќурум, ки њамон рўзњо ба истифода дода шуда буд, аллакай бањри бадахшониён нафъ, ба бозорњои ин љо мол омада. Инчунин пули наве аз болои дарёи Панљ бай ни Хоруѓ ва Афѓонистон сохта шудааст, ки имрўз – па гоњ ба истифода дода мешавад. Замоне омада, ки бадах шониёни њар ду љониби дарё бо њам пайвандї меёбанд. Ин њодисаи таърихї ва хурсандибахш дар рўз-њои мо ба вуќўъ омада.

Намоиши барномањои телевизиони мањаллї аз соли 1996 барои бадахшониён пахш мешавад, 75 фоизи хонаводаи онњоро фаро гирифтааст. Кори радиои мављї низ аз соли 1998 шурўъ ёфта.

Page 118: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

118

15-бањори Истиќлол

Дар рўзњои сафари мо ба Бадахшон дар шањри Хоруѓ дар мавзўи «Мактаби давлатдории Президенти мўњта рам Э.Ш.Рањмонов» семинар гузаронда шуд. Дар он роњбарони њукумати вилоят,њукуматњои мањаллї, раиси њукумати вилоят, љонишини аввали раиси Маљлиси мил лии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Ниёзмањ ма-дов А.Н. иштирок доштанд. Ду рўз давом ёфт машѓули-ят њои он, њољат ба баён њам набуд, ки ин мактаб чї на тиља оварда, самараи ин роњбариро мардум дар амал, пеши назар медиданд,њарф меоварданд, мисолњо афзун: Сулњ омада ба Тољикистон,њаёти ширину осуда, бунёд-гузорињо...

Мо ба Бадахшон бо супориши Президенти мўњта-рам омада будем. Супориш шуда, ки вазъи зиндагии мардум омўхта шавад, бањри бењбудии зиндагї, бартараф гаштани мушкилињо тадбирњо пешнињод намоем. Њамон рўзњо бањри инкишофи соњаи мактабу маорифи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон бо фармони Президент 1 миллиону 600 њазор сомонї људо шуда буд.

Аз рўи наќшаи њукумати ноњияњои вилоят ќад – ќади роњи Душанбе – Хоруѓ боз биноњои нави манзилию маъ мурї ва коргоњњо бунёд меёбанд. Аз љумла ќариб дар њамаи ноњияњо истгоњњои хурди барќї сохта мешаванд. Дар маркази ноњияи Ванљ аллакай истгоњи хурди барќии худашон манзили мардумро равшанї медињад. Раиси њукумат Нарзулло Љонов изњор дошт, ки бањри сохт мо-ни мењмонхонаи нави замонавии маркази ноњия маблаѓ-гузорї шудааст.

Дар бозгаш аз Бадахшон боз аз Кабудљар мегу-заштем, Кабудљаре, ки бо номи он дар адабиёт асарам пайдо шуда, Кабудљаре, ки роњи он дар оянда бањри мусофирон бояд бехавф гардонда шавад. Баъди шањраки

Page 119: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

119

наср ва назм

Обигарм аз дур дар миёни кўњсорон чароѓони Роѓунро медидем. Дар миёни кўњ, канори дарё љой ёфта, чаро-ѓистон. Бањри њар чи зудтар сохта шудани ГЭС–и Роѓун имрўз масъала ба миён омада. Фардо аз ин љо нур хезад, нуру равшании хонадони тољикон. Бо њамин уме ду орзуњо роњ ба роњ ба ин маскани нур назар медўхтем. Роњи мо ба пойтахти Ватанамон – ба Душанбе наздик мешуд, роњи Душанбе њам ба роњњои нави шукуфони Тољикистон – бо роњи пешгирифтаи сардори давлатамон пайванд аст.

2. РОЊИ НАВ – ЗАМОНИ НАВ

Аз рўзњои аввали барњам хўрдани сохти давлат-дории Шўравї љумњурињои дар гузашта бародар аз њам људо шуданд, аз якдигар монданд. Баъд душворињо, азобу азиятњо сар заданд. Аз љумла барои љумњурии мо азоби аз роњ мондан пеш омада. Ягона роње ки моро ба олами беруна мепайвандад, дар гузашта роњи њамаамон њисоб меёфт, акнун азони љумњурии њамсоя, ба њудуди он дохил, моликияти худашон, њаќдор њастанд ба он. Лек афсўс, ки «роњ азони худамон», гуфта, барои барода рони њамсоя азобу азият ба миён оварданд. Он њам дар рўзњои нохушї, ноосудагиамон, дар рўзњое ки аз нофањмї мо тољикон худамон ба худамон носоз будем. Болои сўхта намакоб, гуфтагї барин ба роњамон кордор шуданд. Ќаторањои ба љониби Тољикистон меомадаро нигоњ медоштанд. Нон камї мекард, дар маѓозањо барои нон навбат, бењисоб буданд дар навбат одамон, гуруснагї. Оламиён ба мо нон, гандум, хўрока мефи ристоданд. Аммо ба Тољикистон намерасид. Ќаторањои пу ри

Page 120: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

120

15-бањори Истиќлол

гандумро нигоњ медоштанд, онњоро холї мекар данд, роњи нон банд, дар ихтиёри давлати њамсоя.

Имрўз њам онњое, ки бо ин роњ дар сафаранд, азоб мебинанд, тањќир мешаванд. Њама аз ин азоби беро њи-амон огоњем.

Бале, азоби бероњї аз ин мушкилтар намешавад. Шо яд аз њамин љињат буда, ки аз њамон рўзњои ибтидои фаъолияти роњбарї мўњтарам Э.Ш.Рањмонов дар Тољи-кистон аз паи бунёди роњњо шуда.

Бунёди роњи оњани Ќўрѓонтеппа – Кўлоб анљом ёфт. Дар ќаторае, ки бори аввал бо ин роњ ба Кўлоб ме рафт, мо чанд нафар ањли эљод низ будем. Ба Кўлоб омадани ќатора, ба сари роњи он гулу гулдаста рехтани мардум, пеш – пеши роњ раќсу бозї, сурудхонињои ода-монро дидем. Ба хаёлам дар он рўз њамроњи пешвоз-гирандагони ќатора аз њама беш Президенти мўхтарам шодмонї дошта, хурсандии мардум хурсандии эшон буда. Тасаввур мекардем, њис менамудем.

Њоло роњи оњани Ќўрѓонтеппа – Кўлоб то ба Сара-тову бисёр шањрњои дигари Русcия расида, мардум аз вилояти Хатлон ба кишварњои дур мева ва дигар мањ-сулотњои худашонро мебаранд ва аз он љойњо бор мео-ранд. Ќад – ќади роњи оњани Ќўрѓонтеппа – Кўлоб ман-зилњои нав, корхонањо, муассисањо бунёд ёфта. Табиист, ки роњ ободї меорад.

Роњи дигар роњи орзуњо, роњи орзуњои мардумони он сўи аѓба, аѓбаи Анзоб. Миллионњо нафаранд, садди роњи ин ќадар одамони бењисоб аѓба. Миллионњо назди он ољиз, нотавон, ноилољ, гирёну нолон, аз болои аѓба роњ ёфта натавонистаанд. Ба сарашон рўзи сиёњ оварда аѓба, аз замонњои омадшуди дунё, аз замонњои давлатдории њукумати тавонои Шўравї ва имрўз њам.

Page 121: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

121

наср ва назм

Њамин ки рўзњои сарди тирамоњ фаро оянд, сари аѓба аз барф сафедї гирад, роњ банд. Сафедї ёфтани аѓба сиёњии дили одамон. Мисли шумхабаре, хабари дар ду тарафи аѓба аз њам људо мондани хешовандон, азизон. Баъд рўз мешуморанд, худо мегўянд, ки бањор ояд, барфњо об шавад, сари аѓба гулњо рўянд, гулњои зардак, таѓо ра-шиканак, бойчечак, сияњгўш, наврўзї, њамон рўзе ояд, ки онњо гул чинанд аз сари аѓба, рў ба дидори дўстони пазмоншудаашон бидаванд, оѓўш кушоянд,њамдигарро бибўсанд, шукронаи худоро ба љо биоранд, ки дида ба дидор расида.

Лек њазор афсўс, ки на њама солњо баъди об шудани барфњо дида ба дидор меояд. Хеш ба хонаи хеш, љигарбанд ба аёдати волидайн, хоњар сўи кулбаи баро дари азиз шитофтаю ўро наёфта, хабари маргаш шунида. Ана баъд тасаввур кунед њоли ўро, дилаш аз сина берун омада, дилаш ба замин зада, осмонњо ба сараш фурў омада, олам пеши назараш тираю дуд аз љигар хезад.њамин тавр шуда, на як бору ду бор, чунин њол бењисоб рўй дода. Банда њам шоњид гардидам, алам ба дилам омада, чанд нафар дўстон, чашми дидагињоям аз он сўи аѓба дар роњи он нобуд шуданд.

Яке дўсти наздикам буд, ањли эљод, дўсти самимї, мењрубон «Акои Кароматуллоњ», мегуфт, сухангўињояш дар ёдам монда. Хабар омад, модараш дар Айнї аз олам гузашта. Аз рўи васияти модар вайро бе фарзанди азизи дар Душанбе будааш ба хок намесупурдаанд. «Бачаи шоирам сари тобутам биояд, шеър гўяд», хоњиш дошта модар дар лањзањои охир.

Аммо дар миён аѓба, барф гирифта аѓбаро, кайњо роњаш банд шуда. Лек бачаи шоири модар њамроњи як дўсти љонї ва бародараш роњ гирифта ба аѓба, илоље

Page 122: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

122

15-бањори Истиќлол

надошта ў, модар аз олам гузашта, љанозааш. Шитоб дошт ў. Дар аѓба барф баланд, меафтод, мехест, боз рў ба роњ, њушу ёдаш ба модар, даруни олами барф монда буд, шамол, чашмонаш пури барф мегашт, дар аѓба саргардон, њар ќадаре љон коњонд, ки сари тобути модар њозир бишавад, дидори сардаш бубинад «дидорњо ба ќиёмат, очаљон, хайр», бигўяд ба гўши ў. Лек ната-во нист, ноумед гашту афтод. Аѓба кори бачаи шоири мо дар ро карду кори њамроњонашро њам. Мардум пас аз љанозаи модар љанозаи фарзандонашро хонданд.

Ќариб соле нашуда, ки хабаре нашунида бошем, ки фалону бисмадон одамон, дар аѓба – дар Шодмондара нобуд шудаанд. Бањри њамин њам асрњо боз мардум аз аѓба домангиранд, хундоранд, то имрўз аз аѓба роњ наёфтаанд, дар орзуи роњ. Дар замони Шўравї гап шуда буд, ки аз дили кўњ наќб мекананд, роњ мешавад. Вале дар ин масъала ѓами халќро намехўрданд. Азоби бероњї азоби тољик, дарди ў. Дарди тољикро тољик донад. Бо фармоиши Сардори давлатамон дар наќби Анзоб кор шурўъ гашт. Кори бузург сар шуд. Ду сол пеш мо адибон Гулназар, Ќурбон Восеъ назди наќбканњо сафар карда будем. Бо онњо вохўрдем, сўњбат доштем. Мардум шоду мамнун. Лекин касе гуфта наметавонист, ки кай наќбканї анљом меёбад, кай роњ мешавад. Суръати кори наќбканњо суст, мошинњо, техникаашон кўњна.

Хушбахтона њоло вазъият дигар шуда, ба манфиати мардум. Сохтмони наќби Анзобро эрониён ба ўњда ги-рифтаанд. Аз ду љониб, њам аз шимол ва њам аз љануб наќб мекананд. Мошинњои пуриќдидори наќбканї, пар ма кунї дар ихтиёрашон. Корашон пешрав. Ваъда до даанд, ки дар давоми 30 моњ кандани наќби Анзоб ба анљом мерасад. Яъне пас аз андаке кам се сол роњ

Page 123: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

123

наср ва назм

аз синаи кўњ кушода мешавад ва офтоби бахт ба рўи мардумони он сўи аѓбаи Анзоб ва тољикистониён тулўъ менамояд. Мо боз соњиби роњ, роње, ки гузаштагонамон тасаввур надоштанд, роње, ки мањз бо њидояти раиси љумњур сохта шуда.

Албатта бо истифода дода шудани ин роњи афсо-навї низ мушкилии Тољикистон дар масъалаи роњ њал намешавад. Ба замми роњи бо давлати њамсоя дошта-амон бояд соњиби роње шуда бошем, ки моро ба беруни љумњурї, ба мамлакатњои дигар бибарад, роњи беѓурбат, беминнат. Ањли љумњуриамон имрўз дар њамин хаёланд, аз њамин љињат азоб доранд, њама медонанд, њоло бо фармоиши Президент дар назди њукумат тарњи ду роњи нав омода шудааст. Тавассути Афѓонистон роњ ба Эрон, роњи тўлонии мошингард. Барои њамин имрўзњо байни Тољикистон ва Афѓонистон аз Панљи Поён купрук месо-занд, ибтидои роњ аз купруксозї, ибтидои нек.

Роњи дуюм роњи Душанбе-Љиргатол – Саритош. Роњ ба Љумњурии Ќирѓизистон. Аз њудуди Ќирѓизистон роњ ба Љумњурии Ќазоќистон ва баъд роњи нави ра вуои мо ба Россия. Њама мехоњанд, орзу мекунанд. Муш-килињоямон осон мешавад.

Њамин рўзњо давоми роњи Кўлоб-Хоруѓ, яъне роњи Кулма-Ќароќурум, ки он њам моро ба кишварњои њам соя, ба бањр мерасонад, ба истифода дода шуд. Эњёи њамон шоњроњи ќадимаи абрешим, роње, ки тољирони олам бо он дар сафар буданд. Боз њамин тавр мешавад, роњи фардои Тољикистон, он њам аз рўзњои мо ба ояндагон ёдгор.

Президенти мўњтарам ќариб њамеша дар маљлисњо, дар сўњбатњо изњор менамоянд, ки аз инсон дар олам наќши нек монад. Нияти нек, орзуманде, ки истгоњњои

Page 124: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

124

15-бањори Истиќлол

барќии Роѓун, Сангтўда, наќби Анзоб мањз дар замони давлатдории эшон ба истифода дода шавад. Кохњои бу-зурги ёдгорї, номи касро ба садсолањои оянд мебаранд, мушкилии миллиону миллионњо одамон осон, ба ёд меоранд эшонро.

Њар кас аз дилу нияташ ёфта. Аз Э.Ш.Рањмонов аллакай кохи азими ёдгорї монда. Њама медонанд, ола-миён њам. Ин ёдгорї бањри мо њамзамонону фардоиён Сулњ аст. Сулњ, неъмати бебањо оварданд ба Тољикис тон. Ёдгории дигар - роњњо.

Мо аз сафари Бадахшон бо роњи кўњна баргаштем. Дар Ќалъаи Хумб он бо роњи нав, роњи Кўлоб – Хоруѓ – Ќул ма – Ќароќурум, ки онро бадахшониён роњи Э.Ш.Рањ -монов њам мегўянд, мепайвандад. Њамаи роњњои пешин бо ро њи нав – бо роњи замони нав якљоя мешаванд, њамаи мо ро њии як роњ њастем, роњи фардои нек, фардои Тољи-кистон.

Соли 2004

Page 125: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

125

наср ва назм

Бобо ЊОЉЇ

ПЕШАИ МАН

Ман дигар шиква зи даврон накунам,Даъвати тахти Сулаймон накунам.Менагардам зи паи рўзию корШањр бар шањр чу мардони диёр.Дўстдорист кунун пешаи ман,То ба Фарњод расад решаи ман.Лаб ба рухсори ту ширин бикунам,Санги девори ту болин бикунам.Љомаи мењр ба ќаддат дўзам,Дар њамин роњ чароѓ афрўзам.Ќисмати сабз агар ёр шавад,Боѓи умрам гулу гулзор шавад,Ман туро бонуи хушбахт кунам,Соњиби мартабаю тахт кунам.Шукри њар нозу итоби ту кунам,Шукри нону ќурутоби ту кунам.Шукри обу гили кишвар бикунам,Шукри ту, халќи суханвар, бикунам.Шукри ин давлату даврон бикунам,Шукр, сад шукр ба яздон бикунам.

ДАШТИ КОКУЛ

Зи лутфу марњамати мардумони фархорїСиришки шодї зи ду дидаам бишуд љорї.Чу бонги Панљ, ки бо кўњњо њамоѓўш аст,Садои ќарсаку таблак њанўз дар гўш аст.Зи њар нигоњ дар ин водї нур меборад,Зи Дашти Кокул абиру гулоб мешорад.

Page 126: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

126

15-бањори Истиќлол

Зи раќсњои Сурайёю Шоира шуда об,Даруни сина кунад раќс ќалби шайху шоб.Яке зи дигаре марѓубу хубтар бошад,Илоњї љодаашон тахту бехатар бошад.Суруди Хосияти хушхирому некманишШукўњу тантана бахшад ба шеъри Хайрандеш.Ба њар куљо, ки равад кас, гулу суман бўяд,«Ба њар куљо, ки равад дил, диёри ман гўяд.1

Ба њар куљо, ки парастанд шеъру шоирро,Яќин бувад он мулк љаннатулмаъво.Хушо ба њоли касоне ки бо рафоњу виќорБаранд умр дар оѓўши фаррухи Фархор.

САРЗАМИНИ ОЛИ СОМОН

Љо шуда мењри Душанбе дар дилу љони ман аст,Боѓи фирдавсу нишемангоњи љонони ман аст.Баъди тозу тохтњою инќилоби сохтњоГўшае аз сарзамини Оли Сомони ман аст.Гарчи кўчак њаст он, аммо диле дорад бузург,Маъмани љамъомади халќи парешони ман аст.Тољикистон ноз дорад, нози хосе бањри худ,К-ин чунин озода шањре дар Хуросони ман аст.Чашмаи илњоми Турсунзодаю Лоиќ бувад,Монда мерос аз ниёгони хушилњони ман аст.Ояд аз Варзоб гўї «бўи љўи Мўлиён»,Нозбўю њулбааш дорую дармони ман аст.Дар канораш хуфта арбобони машњури диёр,Мадфани садњо рафиќону азизони ман аст.Шукри хоку шукри обу шукри нонаш мекунам,Хидматашро кардан иљро ќарзи виљдони ман аст.

1. Аз Њабиб Юсуфї.

Page 127: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

127

наср ва назм

ХАНДАИ БАХТ

Паём аз накњати фасли бањорон озарахш овард,Зи нав оњанрабои дўстон моро ба Вахш овард.Бињишти Тољикистон, каъбаи ањли дил аст ин љо,Гуњарафшону неъматофарин обу гил аст ин љо.Ба хуршеди љањонтоб он зибаски њамсарї дорад,Зи рухсори зану мардаш сафою нур меборад.Аз ин љо пањн шуд овозаю дарвозаи тољик,Ба гўшаш Файз Ањмад хонд шеъри тозаи тољик.Ќадамгоњи азизону бузургони љањон ин љост,Таваллудгоњи Носир Хусрави ширинбаён ин љост.Ба Лоњутї мудом ин сарзамин буд манбаи илњом,Гуњарњо рехт килки Миршакар чун Панљи ноором.Агарчи як замон абри сияњ рўи варо пўшонд,Валекин ахгари армону арконаш фурўзон монд.Чу духтур пок карда аз љароњат синаи худро,Ба даст овард шаъну шўњрати деринаи худро.Кунун нозида аз бахти баландаш, ханда месозад,Зи нав бинандаро бо љилваи худ банда месозад.

Page 128: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

128

15-бањори Истиќлол

Алї БОБОЉОН

АЗ ШКЕВ-ЗИЃАР БА БАЊРУ БАР

Пеши рањи сад рўди дамонро бастем,Сад силсила санги хораро бишкастем.То насли башар ба васли вањдат бирасад,Сад пайрањаро ба шоњрањ пайвастем.

Ин роњи навин зеби кўњистон бошад,Њамвор ба сони кафи инсон бошад.Садњо рањи ваќтро миёнбур кардем,Бигзор, ки рафтуой осон бошад.

Ин роњи фароз пурхаму пуртоб аст,Бедор мисоли дидаи бехоб аст.Чун љўяи нур печутобе дорад,Пайдост, ки роњи аѓбаи Анзоб аст.

Њар кас, ки зи њусни аѓба огоњ шавад,Бар кўњ яќин ошиќи дилхоњ шавад.Мо аз дили ту наќб бикандем, Анзоб,То тўли рањи мурод кўтоњ шавад.

Майдони љасорат аст ин шањрањи мо,Шарёни мањорат аст ин шањрањи мо.Дар Шарќи куњан зи аср бар асри дигарЧун набзи тиљорат аст ин шањрањи мо.

Ин роњ, ки пайвандгари ёрон аст,Наќше зи сафои кўњи Гулборон аст.Ин роњ ба бањру бар кашад домани хеш,Аз мењр нишонаи бинокорон аст.

Page 129: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

129

наср ва назм

Ин роњи дарозу дур роњи сара аст,Дар ќад-ќади он аљиб сад манзара аст.Ин рањ гузарад аз бари сад кўњу камар,Чун фўтаи наќшин ба миёни дара аст.

Дирўз равон ба марзи Дарвоз шудем,Мењмони муњандисони мумтоз шудем.Аз дидани љодаи нави соњили ПанљЧун сарви ќади роњ сарафроз шудем.

Метохт сабук мошини мо ќад-ќади рўд,Аз Вахш ба мављи Панљ гуфтем дуруд.Аз маќдами мо чароѓи мањфил бишукуфт,Рањтўшаи мо буд гули шеъру суруд.

Мо дар дењи Хостав шабе мењмонем,Дар манзили ањли тарабе мењмонем.Нур аз Рањи Кањкашон ба сар меборад,Гўё ба мањеву кавкабе мењмонем.

Ин Девдара аљаб шањоматнок аст,Як шонаи он ба домани афлок аст.Чун аз камараш шоњрање бикшодем,Донист, ки меъмори замон бебок аст.

Эй пайрањи Тангнои дериназамон,Аз тангии ту намонд як наќшу нишон.Дар љои ту сохтем аљаб роњи фарох,То бо њама рафтуо кунанд ањли љањон.

Аз дидани њусни манзара маст шудем,Гўё ки зи бодаи сара маст шудем.Аз тозатарин њаво гирифтем нафас,Аз бўйи гули хори дара маст шудем.

Page 130: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

130

15-бањори Истиќлол

Дар кишвари мо, ки олами кўњсор аст,Пайроња ба мисли мўи сар бисёр аст.Наздик шавї ба Ќуллаи Ахтаргир,Оњиста бирав, роњи нафас душвор аст.

Мардист ба дида сипари рањсозон,Сарчашмаи роњи зафари рањсозон.Њар гоњ ки аз ин рањи кўњї гузарї,Ёд ор зи фазлу њунари рањсозон.

Эй озими роњи дур, хуш бод сафар,Аз кўњ ту бо хотири осуда гузар.Ин рањ сари ќуллањост чун нусрати ваќт,Хуршеди сањар зи шонаи кўњ нигар!

Шањроњи Ќароќурум, аё љодаи аср,Шањроњи ба њукми ваќт омодаи аср.Сарриштаи сарнавиштњо дар кафи туст,Дасти мададе бидењ ба њар зодаи аср!

Ќурбони касе шавам, ки аз роњи видодДар мактаби дўстии мо дарс бидод.Ањсант ба марде, ки дари љанг бубаст,Бар ташнаи зиндагї рањи сулњ кушод.

Якљоя рањи нек бипўем, накўст,Як нуктаи бад ба њам нагўем, накўст.То дар дилу дидањои њаќ рањ ёбем,Дасту дили њамдигар биљўем, накўст.

Хушпоиќадам шавем, хушпоиќадам,Бо лутфу карам шавем, бо лутфу карам.

Page 131: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

131

наср ва назм

Чун сурати роњу пайрањи ќисмати хешПайванд ба њам шавем, пайванд ба њам.

Дар ишќ фурўзандаи гулхан бошем,Чун ламъаи як чароѓи равшан бошем.То киштаи орзуи мо бор дињад,Чун чашмаи марзњои Мењан бошем.

Аз дашту даман нидо расад: об дињед!Аз боѓу чаман садо расад: об дињед!Аз синаи пуртобутаби ташналабонБар гўши дилам наво расад: об дињед!

Дунёи сафо нест, агар борон нест,Љуз об ба дарди зиндагї дармон нест.Дї ѓунча зи ташнагї шикоят мебурд:Њар кас, ки ба гул об надод, Инсон нест!

Чун ќатраи беќарор як дил дорам,Чун зарраи нуру нор як дил дорам.Эй Чашмаи Носир, чї аљаб шаффофї,Чун љўши ту беѓубор як дил дорам.

Дар дењкадаи Лангарат, эй Ишкошим,Дидем гули манзарат, эй Ишкошим.З-оинаи Гармчашмаи ту пайдостГањвораи зебу фарат, эй Ишкошим.

Дар соњили Панљ, дар бари сардараеПайдост аљаб чашмаи хушманзарае.Аз синаи кўњ медамад шири сафед –Тобанда чу дидагони оњубарае.

Page 132: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

132

15-бањори Истиќлол

Шањкўли фарози рўйи дунёст Сарез,Њамчун дили ањли њаќ муљаллост Сарез.Азбаски рабуда ранг аз саќфи сипењр,З-ин рў чу фурўѓи ў мусаффост Сарез.

Њусни њунарат дил бибарад, Вахши дамон,Мављи ту сурур оварад, Вахши дамон.Дунёст ба љўши ѓалаёнат мафтун,Чун оби ту оташ офарад, Вахши дамон.

Эй дил, бишунав рўду суруди Камароб,Огоњ шав аз буду набуди Камароб.Хоњї, ки шавї њамнафаси мављи замон,Рав, хайма бизан дар лаби руди Камароб.

Эй рўдаки шўхшанги воло, Камароб,Эй зодаи ашки пиряхњо, Камароб,Умре чу љавонмард давї аз пайи људ,Мастона равї ба шўру ѓавѓо, Камароб.

Ќад-ќадди ту зарбед гулафшон дидам,Аз ангату настаран фаровон дидам.Як бахши бињишти наќди ин дунёроДар водии зарфишони Раштон дидам.

Алњаќ, Камароб, рўдаки ноб туї,Њамсояи Сорбоѓу Сурхоб туї.Чун дар шаби мањтоб бидидам тобат,Пиндоштаме, ки шири Мањтоб туї.

Ман шефтаам ба оби ноби Ќаратоѓ,Ояд чї шамиме зи гулоби Ќаратоѓ.

Page 133: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

133

наср ва назм

Аз коми Алии ошиќи деринашЊаргиз наравад лаззати оби Ќаратоѓ.

Чангоб, зи чанги оби ту маст шудам,Мастии туро дидаму аз даст шудам.Ман ошиќаму доманат аз каф надињам,Чун ќатра ба чангоби ту пайваст шудам.

Марди бањунар њунарварї мељўяд,Аз боѓ абири анбарї мељўяд.Њар бори гузаштан аз чаманњои ЊисорДил оби шифои Шанбарї мељўяд.

Анзоб, яке мўъљизи кўњистонї.Чун неъмату нўши зеби дастархонї.Нўшем турову ёди Замзам бикунем,Њаќќо, ки ту эњсони дари яздонї.

Анзоб, аљаб мављи ту ѓулѓулфикан аст,Сар то ќадамат пушту паноњи чаман аст.Њар ќатраи ту яхобро мемонад,Дар айни тамуз оби дандоншикан аст.

Донї, ки Сиёма чашмаи ноб бувад,Чун модари шаффофтарин об бувад.Бовар накунї агар ба ин њикмати њаќ,Шояд, ки туро нури басар хоб бувад.

Эй хољаи Обигарми пурфаввора,Бо шасти тамом мељањї аз хора.Сўят њама оянд ба уммеди шифо,Бошад, ки ба дардашон бубахшї чора.

Page 134: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

134

15-бањори Истиќлол

Бањ-бањ, чї баланд ќадди ин шаршара аст,Бо њусни сара сафои ин манзара аст.Чил кокули майдабоф дорад чу арўс,Ин духтари кўњ, ё парии дара аст?!

Умре бишунидем ѓазалхонии ту,Чун мутриби хушадо хушилњонии ту.Дарёи Зарафшон, ту ба заргар монї,Дунё њама дидаст зарафшонии ту.

Бар манзари сабзазор дилдода манам,Дилдодаи Њафткўли озода манам.Дар њифзи хуљастапайкари яздонїУмрест, ки бо амри дил омода манам.

Дар хоби шабам Кўли Сикандар дидам,Обаш чу рухи парї мунаввар дидам.Дар љилваи ин парии обї ба назарСарсабзии пуштањо зи манзар дидам.

Як шаб ба лаби Кўли Сикандар будам,Мафтуни шаби Кўли Сикандар будам.Љон аз нафаси насимаш осоиш ёфт,Тифли тараби Кўли Сикандар будам.

Њар гањ ки ба марзи Истаравшан бирасам,Шукрона барам, ба файзи гулшан бирасам.Гар азми тамошои Њавотоѓ кунам,Бар тозатарин њавои бањман бирасам.

Ин чашмаи соф чашмаи Дењмой аст,Домони саховаташ аљоиб љой аст.

Page 135: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

135

наср ва назм

Гулбарги тару сояи маљнунбедашЧун хотири ањли дил фарањафзой аст.

Гўянд: канори оби Љайњун чї хуш аст,Шухии насими мављи Сайњун чї хуш аст.Оре, њамаи ин чї гуворост, валеБо нози нигору майи гулгун чї хуш аст.

Сайњун, чї љалолати расое дорї,Оѓўши фароху дилкушое дорї.Пањнои ту чун њусни уфуќ нопайдост,Фирўзаќабои пурљилое дорї.

Чун умри башар шитоб дорї, Сайњун,Дар дил ту чї изтироб дорї, Сайњун?То бо нафасат ба доди мардум бирасї,Тобу таби бењисоб дорї, Сайњун.

Сайњун, Сайњун, ќиблаи ин хона туї,Дунёи умеди дили фарзона туї.Чун сархати нур меравї боѓ ба боѓ,Хуни шараёни марзи Фарѓона туї.

Сарсабзии олам самари об бувад,Шодобии ваќт аз асари об бувад.Бар љилваи хўшазори гандум бинигар,Њар хўша ба ранги гуњари об бувад.

Файзи нафаси об тароватрез аст,Файзе, ки аз он насим анбарбез аст.Имрўз чу фарри водии ФарѓонаОѓўши Њисору Вахши мо зархез аст.

Page 136: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

136

15-бањори Истиќлол

Басир РАСО

ДИДАИ ИБРАТ КУШО

Дар замоне мењу мењвар будаем,Тољикони тољ бар сар будаем.

(Аз асотир)

Хештанро мењу мењвар дидаем,Мардумони тољ бар сар дидаем.Баъдњо дар тангнои зиндагї,Ранљњо аз теѓу ханљар дидаем.Солњое ѓарќа дар гирдоби ѓам,Бас ситамњое зи ќайсар дидаем.Буму бар зулматсарову осмон,Асрњо бе моњу ахтар дидаем.Кулбањо пайваста дар шабњои тор,Бе шуои шамъу миљмар дидаем.Тољики волољади худношинос,Аз араб сардору сарвар дидаем.Бар шањону омирони аљнабї,Орифон муздуру чокар дидаем.Дар тариќи мулкдорї аз худї,Аљнабї сад бор бартар дидаем.Борњо дар кашмакашњо бо аду,Маргро дар рў баробар дидаем.Кўдакони жандапечи хешро,Бе насиб аз шири модар дидаем.Тифлакони баста дар гањвораро,Зери сар аз санг бистар дидаем.Соя н-афгандї сари мо мурѓи бахт,Чун Њумо бе болу бе пар дидаем.Толеи баргашта бингар, дар тамуз

Page 137: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

137

наср ва назм

Сардињо аз мењри ховар дидаем.Рўзи мањшар баъди рењлат кардан аст,Зиндаему рўзи мањшар дидаем.Муддате бартофта аз ќибла рў,Саљдагоње љисму пайкар дидаем.Оќибат дар чорроњи зиндагї,Хешро мабњуту музтар дидаем.Дар хутути дафтари аъмоли хеш,Бас сивое тарњи мистар дидаем.Сар назад як сабза андар боѓи умр,Нахлњо бе шоху бе бар дидаем.То гуле чидем мо аз бўстон,Дар бадан бас хору наштар дидаем.Сарвати мо то кашад бар коми худ,Љумлае чун мору аждар дидаем.Дастае бо ѓосибони аљнабї,Њамдаму њамрозу ёвар дидаем.Эй басо дар маърази инсофу адл,Доваронро кўр ё кар дидаем.Аз њаловоту нишоти рўзгор,Зањр андар љому соѓар дидаем.Орифон андар талоши пайсае,Тавќро бар гардани хар дидаем.Марди доно аз назарњо дар канор,Омие дар њукми довар дидаем.Њикмати Саъдиву панди Мавлавї,Берун аз авроќи дафтар дидаем.Рўњи поки Розиву Донои Тўс,Хаста аз Мањмуду Санљар дидаем.Љоњилу авбоши бе идрокро,Воизи мењробу минбар дидаем.Дар дибистон бар љавонон пандгў,Худсару нодони бе сар дидаем.

Page 138: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

138

15-бањори Истиќлол

Аз рањи бефањмиву нодоние,Кундаро мизи мудаввар дидаем.Дар чаман бар љои мурѓи хушнаво,Ѓулбаву ќурнї ба ќар-ќар дидаем.Бо њама унсе ки аз як модарем,Душманињо аз бародар дидаем.Аз сари беулфатї бо якдигар,Дар тааддї мому духтар дидаем.Девро бо љирму гирмаш субњгоњ,Дар канори моњи анвар дидаем.Кулмаки бадбўй дар домони дашт,Мо ба ранги оби Кавсар дидаем.Об додан ё надодан ташнаро,Љумла дар фармони худсар дидаем.Бандае к-андар талоши зиндагист,Мо дар ў аъмоли кофар дидаем.Дар талоши ранљиши бечорагон,Хешро зўру диловар дидаем.Давраи бедоду зулмат даргузашт,Њодї на аз Руму Барбар дидаем.Эй хушо, дар риштаи садсолањо,Шўњраи гумгашта аз сар дидаем.Дидаи ибрат кушо, к-андар љило,Боз тољу тахту афсар дидаем.Аз худї дар сарзамини тољикон,Давлати тољику рањбар дидаем.

Page 139: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

139

наср ва назм

МУЛК – МУЛКИ МОСТ

То чанд гўї сидќу сафо аз замона рафт,Инсофу азми хайру сахо аз миёна рафт.Файзу нишот бе бадал аз хону хона рафт,Мурѓи хуљиста аз чаману ошёна рафт,Мардум ба мулки Руссия бо њар бањона рафт?

Сидќу сафо, ки гўй ба љое нарафта аст,Рахти сафар сахое ба љое набаста аст,Марди равї равист, зи роњаш нагашта аст,Мурѓи тараб зи шоха ба шохе нишаста аст,Вањмест дар вуљуд, ки аз дил нарафта аст.

Инсоф аз ту в-аз ману аз мо шавад падид,Бар њар муроду орзу якљо тавон расид,Чун офаридгор зи хок одам офарид,Бањри кушоди њар дилу садњо дари умед,Бинњод бањри ин њама бар дасти мо калид.

Гар сайъ нест ризќ яке бози дар њавост,Бе шавќи кор хаставу озурда дасту пост,Гар мењри мулк бошадату тарсе аз худост,Бар дил ривољу равнаќи ин мулк муддаост,Озодааш намой, ки ин мулк-мулки мост.

Page 140: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

140

15-бањори Истиќлол

САМАРИ ОЗОДЇ

Бањри озодии ин марзБа майдони набард,Хуни дил рехт падар.

Бањри ободии ин марзБасе обу араќ,Зи љабин рехт писар.

Нахли озодиву уммедБиёмад имрўз,Андар ин марз ба бар.

ЌИТЪА

Чи хуш гар мо њама њамфикр бошем,Ба фикри марзу буми бикр бошем.Муроди дил ривољи Тољикистон,Њаме ин фикрро дар зикр бошем.

Page 141: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

141

наср ва назм

Ќурбон ВОСЕЪ

РУКНЕ АЗ СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТ

15-умин солгарди Истиќлолияти Љумњурии Тољикис-тон агарчи дар назди таърих ба шумори солњо ночиз аст, вале ба љињати фарогирии воќеаву њодисањо арзиши ќарнњоро дорост.

Бад -ин манзур ин љониб зимни гуфтори мазкур мехо њам аз кору пайкори шахсияте сухан биёроям, ки тамоми равнаќу ривољ ва густариши соњибистиќлоли давлати миллии тољикон мањз ба кўшишњои пайваста ва дурнамои сиёсати пешгирифтаи ў вобастагии ногусастанї дорад.

Аз ин нигоњ мавриде, ки сухан аз мактаби сиёсии Роњбари давлат меравад, зарур медонем, ки ба чанд љињати љолиби фардии шахс назар афканем, зеро бе нодида гирифтани ин самт кор самарнок намегардад.

Аз замонњои бостон то ба рўзгори мо наќши шахс дар густариши њама гуна љомеъа љолиби таваљљўњ ва мавриди арзёбии сарамардони рўзгорон будааст. Албатта дар охирњои замони 70 солаи сохти Шўравї, ки давлати њамагонї мањсуб меёфт, ба масъалаи шахсу шахсиятњо ба он салиќае, ки мебоист таваљљўњ гардад, ањамияти умдаро ќоил нагардидаанд. Аз ин рў, дар љомеъаи њамагонии иљтимоъхоњон наќши муайянкунандаро на шахс, балки аксаран мутаалиќ ба љомеъа мавриди арзёбї ќарор медоданд. Ба њар њол дар њамон рўзгорони њамагонї низ шахсияти Айнињову Ѓафуровњо, Турсунзодањову Гагаринњо ва Сталинњо хеле ба нур будаву њаст. Бе сабаб нест, ки дар фарњанги форсї вожаи шахс ба маънии «зоти њар шахс, хулќу хўйи мушаххаси њар кас, шарофату

Page 142: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

142

15-бањори Истиќлол

бузургвор будан» омадааст. Шахси аввали мамлакат, арљмандтарин ва гуворотарин шахсе, ки дар мамлакат маќоми аз њама болотарро дошта бошад, яъне Раиси давлат (Љ2, 1295) шарњ ёфтааст.

Дар фалсафаи иљтимої бошад, нисбати фањмиши фалсафии инсон мебинем, ки шахсият мафњуми иљтимої ва организм мафњуми биологист. Пас, тамоми фаъолияти инсон, эњсосот, ќобилияти фикрї бе фаъолияти физи-ологии асаб ѓайри имкон мебошад. Аз ин нигоњ моњияти инсон иљтимоиву љамъиятї буда, истењсоли неъматњои моддї сабаби инкишофи љамъияти инсониро фарогир будааст.

Мавриде ки ба таърихи на чандон дури шањрван-дони мамлакатамон назар менамоем, мебинем, ки њанўз дар замони њафтодсолаи сохти шўравї Тољикистони мо аз нигоњи маќоми иќтисодиву иљтимої дар зумраи панљгонаи охири љадвали оморї ќарор доштааст.

Аз ин нигоњ зисту зиндагонии ањлу аёли хонадонии шањрвандони кишварамон шоњона набошад њам, муста-ман донаву ниёзмандона набуд.

Мавриде ки истиќлол фаро мерасид, тамоми мам ла катњои њамќисмат дар такопўи роњи навин афто-данд. Аксари онњо вобаста ба бедории сиёсии хеш истиќ лолро манфиатоварона пешвоз гирифтанд. Мар-ду мони кишварњои назди Балтик дар ин маърака пеш-дастї намуда, ба зудї роњи бунёди навини бозориро пазируфтанд. Тољикистони мо низ истиќлоли худро сентябрмоњи соли 1990 эълон кард. Вале истиќлоли кишвари мо аз истиќлоли кишварњои дигар як зумра фарќи зоњириву ботиниро доро буд. Ба назари ин љониб истиќлоли ватани мо аз мардуми дигари њамљивору њамќисмат бо як ќатор мушкилоти объектививу субективї фарќ мекард.

Page 143: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

143

наср ва назм

Ба гурўњи мушкилоти объективї љойгиршавии љуѓрофии кишварамон, ки дар њамсарњадии Афѓонистону Эрон ва Чину мамлакатњои Осиёи Марказї ќарор дорад, дохил мегардад. Вобаста ба ин њанўз аз замони пайдоиши њукумати Шўравї, яъне аз солњои бистуми ќарни гу-зашта барои рушду нумуи ќуввањои истењсолкунандаи ин гўшаи собиќ ватани пањновари СССР аз љониби њукумати Марказ – Москва, тавассути халифаи худ – Тошканд идора мегардид. Ин гуна муносибатро ба-ро дарони њамљивори мо, ки кишвари Тољикистони шў равї ибтидо ба њайси нињоди автономї дар њайати Узбе кистон ва пасон соли 1929 њамчун Љумњурии соњиб-ихтиёри мустаќил ба дунё омада буд, умдатан бо нобо-вариву нигаронї муносибат мекарданд. Табиист, ки роњбарияти тамоми кишварњои њамќисмат њамеша аз љониби њукумати абарќудрати он рўзгорон - Москва муайян мегардид.

Барои кишвари мо бошад ин гуна муносибат навъи дигартареро молик буда, дар сарнавишти давлати мил-лиямон на танњо маркази њукумати абарќудрат, балки наќши бародарбузурги њаммазњабамон зимни ќонуни нонавиштае амал дошт.

Албатта, дар амри ба вуќуъ пайвастани чунин ченаки кор пеш аз њама њамон кадрњое дастгирї меёф-танд, ки ба ин ду рукни абарќудрати ваќт пайванди њам хуниву хонадоние дошта бошанд.Чуноне ки мебинем, махсусан дар солњои пасини замони ба истилоњ рукуд ба амал расидани кадрњои мањаллї аксаран тавассути ба њам пайвастани хонадони онњову авлодонашон умдатан гоњо на аз рўи истеъдоди фитриву маслакї, балки аз нигоњи ќавмиву хешу табории инсонњо сурат мегирифт. Аз љониби дигар дар ин раванд аз њисоби љавононе, ки дар саѓирахонањову интернатњо тарбият меёфтанду ба

Page 144: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

144

15-бањори Истиќлол

забону фарњанги абарќудрати ваќт шиносоии мукаммале пайдо мекарданд ва андешаву омолашон ба истилоњ интернатсионалї мегардид, комёб мешуданд. Дар воќеъ ба ин гуна ченаки нобихрадона абарќудрати ваќт, ки њаёту мамоти давлатњои миллиро дар чорчўбаи каљ дору марези ќонунњои нонавиштаи хеш дидбонї мекард, оташи зери хокистарро монанд буд, ки интизор ба вази-дани бодро дошт.

Мушкилоти объективии дигари мављударо дар тараќќиёти нобаробари самтњои мамлакат метавон бар шумурд, ки боиси зуњури норозигии мардуми як самт ба самти дигарро ба бор меовард. Илова бар ин нињоди ягона надоштани љумњурї, яъне ними њамасола ба ќис матњои алоњида – алоњида таќсим будани он ва муддатњои тўлонї аз њамдигар канда будану дастнорасии марзу буми мамлакат боиси каљњисобињо мегардид. Шояд иддае аз роњбарони онгоњї дурии мардуми киш вар ва рафту омади њамешагї надоштани онњоро навъи осони тарзу тариќи роњбариву корфармойї ва сиёсатмадории хеш медонистанд. Эътимоди ин тоифа боз њамон андешаи нобихрадонаи амирони манѓитии асрњои ќаблии ин гўшаи кишвари бињиштосоро дар хотирњо раќам мезад.

Мушкилоти объективии дигарро метавон ба таќси-моти сунъии тањмил гардидаи солњои бистуми ќар ни гузашта, ки раванди саркўбии ин миллати дардошноро њанўз аз дастёбии силсилаи бегонанажодони ѓазнавиву ќарахонї, махсусан ањди ќањњоронаи муѓулї сароб мехўрад ва эътимоди талхвашонаи онњоро писари ка-лонии Чингизхон чунин иброз медошт:

«Тожикро саркўфта дор, зеро то дасти ишон дар зери санг аст, моро итоат оранд ва њамин ки гунае ќувват

Page 145: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

145

наср ва назм

ёбанд, яке аз моро зинда нагузоранд», то ба ќарни кунунї авлодони ѓосиби ин силсилањо чун тумори балогардон дар гиребони орзуњо басо талхкомона дўхта буданд.

Ба гурўњи мушкилоти субъективї метавон тарзу тариќи корбариву корфармойии роњбарони солњои пасини замони рукудро гузошт. Илова бар ин гоњо дар интихоби кадрњои роњбарикунанда низ назари сатњї ба вуќуъ мепайваст.

Аз љониби дигар ба афроди љонсўзи тањљойї муносибати нобоварона варзидани фиристодагони марказ, ки бо командаи худашон меомаданд ба љои манфиат зарари эшон бештар буд. Муњимтар аз њама ќисмати котиби аввали њизб то маќомоти зинањои поёнї мањз аз љониби фиристодаи марказ њаллу фасл гардад њам, шахсияти маслакї, сиёсї ва маърифатии худи ў борњо аз мутахассисони тањљойї поёнтар ќарор дошт. Табиист, ки чунин шеваи кор зиёиёни эљодкору мардуми бедор ва афроди худогоњро ќањран ва љабран ба сўи фаќру ниёзмандињо ва мањрумиятњо гирифтор месохт.

Дигар аз мушкилоти субъективї мављудияти тафак-кури дастнигари ањли љоњ, умуман тарбияти суннатии мардуми мост. Мо одат кардаем, ки ба фарзандони худ дар назди калонсолону мењмон нанишастану сухан гуфтанро аксаран нолозим мењисобем. Ба андешаи ин љониб чунин ченаки ахлоќї агарчи суннати аљдодист, вале имрўз хатои мањз аст, зеро ба ин гуна гузоштани масъала муњити фардии андешаронии љавонони моро мањдуд месозад. Дар ин маврид љои таъкид аст, ки он ченаки суннатии классикии тарбияти мардуми мо агарчи ба љавњари маънавият панља мезанад, вале њамзамон як навъ садде дар озодии иродаи фардии инсони муосир эљод мекунад.

Page 146: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

146

15-бањори Истиќлол

Ёдовар мешавам, ки дар мавриди фарорасии Истиќлол халќи мо ба як ќатор мушкилоти объектививу субъек тивии маълум рў ба рў шуд.

Љомеаи нотайёр истиќлоли муфтакак ба даст ома-даро ба он тарзу тариќе, ки мебоист, напазируфт. Ба тарафкашињову интиќодгарињо рў ба тањрику таќсим нињод. Мардум аз њамдигар мењаросидагї шуд. Билохира љанги тањмилї оѓоз ва доройии 70 солаи мамлакат бар боди фано рафт.

Дар њамин гуна замони яъсомези нобудшавии мардуми мамлакат ва саргурезии ќисме аз мардум, ки аз дару девори кишвар буйи хун меомаду мардуми мамлакати тољикон рў ба нестї нињода буд, бањри наљоти халќу кишвари љангзада Э. Ш. Рањмонов ба арсаи сиёсати бузурги давлатдорї ќадам нињод.

Албатта, тай намудани ин чордањ сол, дар назди таърих гарде бар сари мижгон аст, вале дар љои валангор сохтмони љомеъаи навин аз роњбари кишвари љангзада њиммату азаматро талаб мекард.

Ёдовар мегардем, ки њар самти кишвардории Сарвари давлат тањќиќу тадќиќи хосаро таќозо менамояд. Аз ин рў, банда танњо сањмгирии Сарвари давлатро дар СММ, ки ќисмати умдаву арзишманди мактаби сиёсии Э.Ш. Рањмоновро фаро мегирад, мавриди арзёбї ќарор медињам.

Ёдовар мегардем, ки СММ бонуфузтарин ташки-лоти байналмилалии љањони муосир буда, соли 1945 њамчун маркази њамоњангии муносибати байни миллатњо ба дунё омад. Он барои нигањдории сулњу амният, рушди муносибатњои дўстї дар миёни миллатњо ва пешравии тараќќиёти иљтимої, меъёрњои бењтари зиндагї ва њуќуќи башар таъсис гардида буд, ки акнун беш аз 90 кишварро фаро мегирад.

Page 147: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

147

наср ва назм

Сарвари давлат њанўз аз рўзњои аввали иљроиши вазифаи хеш дарк намуд, ки бе мудохилаи иљтимої, иќтисодї ва фарњангии ин гуна ташкилоти бонуфуз мамлакати љангзадаро аз вартаи њалокатбор наљот бахшидан амри муњол аст. Аз ин рў, кўшиши пайвастаи хешро њарчи бештар бо ин созмони шўњратёри љањонї, ки њадафи аслияш ханўз аз рўзњои нахустини Эъломияи умумии Њуќуќи башар (соли 1948) тањия карда, озодињои бунёдии занону мардонро пешнињод ва буљаи солонааш зиёда аз як миллиард $ асту њазорњо лоињањои тараќќиёти умумидунёиеро соле ба ќимати 9 миллард анљом дода, зиёда аз 80 миллатро дар интихобот роњнамої намуда, ба истиќлол њидоят кардааст, алоќамандона густариш медињад. Ногуфта намонад, ки иштироки пайваставу муттасили Сарвари давлати тољикон дар маљлису маъракањои ин созмони бонуфузи љањонї як тарафи мушаххаси мактаби сиёсии пешгирифтаи ўро фаро мегирад.

Ў њанўз аз 30 сентябри соли 1993 дар иљлосияи 48 Ассамблеяи генералии СММ суханронї намуда, ќадамњои нахустини кишвари соњибистиќлоли моро ба ин созмони бонуфузи љањонї изњор дошта, ба мушкилот рў ба рў гардидани кишварро бо нигаронї изњор карда, љомеаи љањониро зимни андарзи Саъдї, ки мегўяд:

Бани одам аъзои якдигаранд,Ки дар офариниш зи як гавњаранд.Чу узве ба дард оварад рўзгор,Дигар узвњоро намонад ќарор.

њушдор дод.Таъкид намуд, ки Тољикистон њамчун љумњурии

собиќ иттињоди шўравї асосан хусусияти манбаи

Page 148: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

148

15-бањори Истиќлол

ашёи хом дошт. Табиист, ки мавриди аз миён рафтани робитањои хољагї љумњурї бевосита ба масъалањои зиёди њаллу фаслашон душвор рў ба рў гашт.

Њамзамон љомеаи љањониро бо рўйдоди нангин, тарзу усули кўшишњои ѓайриќонунии ѓасби њокимият ва љанги бародаркуши тањмилї аз наздик ошно сохта, роњи наљоти љумњуриро танњо аз тариќи сулњу салоњ ва волоияти муќаддасоти Ќонуни асосї аз омилњои оромии љомеъа донист. Умедвор гардид, ки СММ дар роњи ба њам пайвастани сангарнишастагон дастгирии самимонаи худро дареѓ намедорад. Њамзамон дар ин самт сулњу суботи мамлакатро танњо аз тариќи њарчи зудтар ба ватан баргаштани тољикон донист.

Гузашта аз ин Э.Ш. Рањмонов вобаста ба маблаѓњои калони ба харљ мерасида бар мадади гурўњи ифроткори дар Афѓонистон буда, изњори нигаронї кард. Ин гуна мантиќи суханронии Президенти кишвар, ки ба далелњои мушаххас ироа гардид, дар миёни намояндагони кишварњои умумидунё иттилооти шаффоферо ворид сохт.

Дар Иљлосияи 49 СММ Сарвари давлати тољикон иштирок намуда, суханронї кард ва аз њамкорињои СММ изњори ќаноатмандї намуда, аз хусуси тамдиди мўњлати интихобот ва ба тариќи умумихалќї ќабули Конститутсияи мамлакат ёдовар гардид. Њамзамон бањри сулњу салоњи мамлакат њамдигарбахширо унсури асосї ва гарави ягонаи таъмини мусолињаи миллї арзёбї намуд.

Гузашта аз ин таваљљўњи љомеаи љањониро ба низоми носолими проблемаи Афѓонистон кашида, таъкид намуд, ки дар оянда ин љо хавфи ба миён омадан ва заминаи терроризми байналхалќиву пањн гардидани силоњу маводи нашъаовар мегардад.

Page 149: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

149

наср ва назм

Дар воќеъ ин гуна нигаронии Президенти кишвари мо заминаи воќеии худро пасонтар ба исбот расонид. Ин гуна пешгўйї аз дурандешиву амиќназарии як тан сиёсатмадори сатњи љањонї гардидани шахсияти Э.Ш. Рањмонов ва мактаби сиёсии ў гувоњї дод.

Зимни суханронињо Э.Ш. Рањмонов дар иљлосияњои 50 СММ аз 24 сентябри соли 1995 ва иљлосияи 52 СММ аз октябри соли 1997 изњори миннатдории худро иброз дошта, гуфт: «Се сол муќаддам зимни суханрониям аз ин минбари баланди СММ таъкид карда будам, ки роњбарияти Тољикистон сарфи назар аз муќовимати мусаллањонаи он ваќт љойдошта, роњи ќатъии муколламаи сиёсиро њамчун роњи «ягонаи таъмини сулњу созгории миллї интихоб намуд». Њамзамон Президент бори дигар манфиатдории кишвари моро мањз аз истиќрори сулњу амонии Афѓонистон дониста, пањн намудани маводи мухаддиру паст намудани мављи терроризм ва экстремизмро дар оромии кишвари њамсояамон мавриди таваљљўњи оламиён намуда, бо таассуф характери трансмиллї пайдо намудани нашъаљаллобиро изњор кард.

Дар суханронии иљлосияи 54 СММ сентябрмоњи соли 1999 Э.Ш. Рањмонов дар хусуси райъдињии умуми халќї ва даровардани таѓйироту иловањо ба Конститутсияи Тољикистон изњори аќида намуда, бори дигар намояндагони љомеаи љањониро њушдор дод, ки Афѓонистон ѓаму андўњ ва фољиаи њам Аврупову њам Осиёст. Махсусан дар атрофи идеологияи балвогаронаву љангљўёнаи Толибон ривољи экстремизму нашъаро бо нигаронї таъкид дошта, гуфт: «Њанўз дар иљлосияи махсуси 20 – уми Маљмааи умумї моњи июни соли 1998 бо маќсади бастани роњи нашъа аз Афѓонистон дар атрофи он бунёди «Минтаќаи амният» - ро пешнињод

Page 150: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

150

15-бањори Истиќлол

намуда будам.» Ин ибрози Сарвари давлати мо аз амиќназарии ў гувоњї медод. Дар Тољикистон таъсис ёфтани Агентии мубориза ба муќобили нашъаро, ки бевосита ба салоњияти Президент мутааллиќ мебошад, дар роњи пешгирии вабои аср муњимтарин сањми назарраси СММ шуморидани Э.Ш. Рањмонов буд.

Дар њамин иљлосия аз љониби Э.Ш. Рањмонов ба масъалаи њифзи муњити зист, ки СММ мароќ зоњир карда, соли 2000-ро соли кўњњо эълон кардааст, дастгирї намуда, зикр намуд, ки «ваќти он расидааст, ки таваљљўњи љомеаи љањон ба проблемањои Оби тоза ва масъалањои ба он вобаста љалб карда шавад. Тољикистон бо ин маќсад пешнињод менамояд, ки соли 2003 Соли байналхалќии Оби тоза эълон карда шавад.» Ин ташаббуси худро ба далелњои мушаххаси оморї, аз љумла соле дар љањон беш аз панљ миллион нафар дар натиљаи истеъмоли оби ифлос вафот карда, зиёда аз 3 миллиард нафар ба беморињои гуногун гирифтор гардиданро зикр кард ва љињатњои экологї ва иќтисодї доштанашро таъкид сохт, ки бо ќаноатманди дастгирї ёфт. Гузашта аз ин дар хусуси Роњи бузурги абрешим ёдовар гардида, бунёди сохтмони роњи мошингардро таъсири мусбат дар тањкими муносибатњои алоќаи Шарќу Ѓарб донист.

Дар конгреси Х-и СММ, ки дар Вена 14 апрели соли 2000 баргузор гардид Э.Ш. Рањмонов дар масъалаи пешгирї намудани љиноят ва љазо додани љинояткорон, њамкории байналхалќї дар мубориза алайњии љиноят-корони трансмиллї изњори аќида намуда, таъкид дошт, ки љинояткории муташаккилонаи трансмиллї дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI тањдиди нав, ба љомеаи љањонист. Дар ин масъала давлатњоро месазад, ки дастљамъона мубориза баранд, яъне танњо дар мавриди њамоњанг сохтани фаъолияти давлатњои љањон пеши

Page 151: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

151

наср ва назм

роњи љинояти муташаккили минтаќавиро гирифтан мумкин аст. Ва Сарвари давлати тољикон афзуд: «Яке аз сарчашмањои љинояткорї фурўши нашъа аз Афѓонистон мебошад, зеро 75% истењсоли нашъа дар Афѓонистон коркард мешавад.

Танњо дар се соли охир маќомоти њифзи њуќуќи Љумњурии Тољикистон 5 њазор љинояти вобаста ба хариду фурўши нашъаро ошкор ва 3,5 тонна маводи нашъаро мусодира кардааст.

Дар суханронии Иљлосияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ, ки дар Женева 27 июли соли 2000 баргузор гардид, Э.Ш. Рањмонов суханронї намуда, дар атрофи масъалаи «Барномаи миёнамўњлати иќтисодї, ки аз июни соли 1998 – 2001 бомуваффаќият идома дошта, Бонки љањонї сањмгузорї мекард ва њадафи умдаи он бењтар гардондани шароити зиндагии мардум, мањдуд кардани камбаѓалї, кам кардани бекорї ва ба кор таъмин намудани ањолиро фаро мегирифт, таваљљўњи сарварони давлатњои дунёро љалб намуд. Њамзамон дар масъалаи баробарњуќуќии занон андеша ронда, бо сабаби 51% ањолии Тољикистонро ташкил намудани занон ирсол гардидани фармони Президенти ЉТ «Дар бораи баланд бардоштани маќоми зан дар љомеъа» - ро изњор дошт.

Зимни суханронї дар мулоќоти њарсолаи СММ, ки дар Нюйорк 7 сентябри соли 2000 баргузор гардид, Президенти кишвари мо таваљљўњи њозиринро ба масъалаи камтар сохтани фарќияти давлатњои пешрафта ва аќибмонда кашида, ягона роњи бунёдии рафъи ин масъаларо ба афзунтар сохтани маблаѓгузорї ба иќтисодиёти мамолики дар давраи гузариш ќарордошта, ки захирањои фаровони энергетикию сузишворї надоранд, арзёбї кард.

Page 152: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

152

15-бањори Истиќлол

Њамзамон дар атрофи проблемаи Кўли Сарез, бањри Арал љомеаи љањониро њушдор дод.

Гузашта аз ин ба проблемаи мављудаи терроризми байналхалќї, хариду фурўши нашъа, аслиња, махсусан проблемаи Афѓонистон изњори нигаронї карда, маљлиси нахустини гурўњи кории Русияву Амрикоро дар масъалаи Афѓонистон, ки августи соли 2000 сурат гирифт, иќдоми хуб арзёбї намуд.

Дар суханронии конфронси сиёсии СММ вобаста ба имзо расидани Конвенсияи СММ бар зидди љинояткории муташаккилонаи трансмиллї, ки дар Полермои Италия 12 декабри соли 2000 сурат гирифт, сохтори љинойии кунунии оламро дар пањн гардидани экстремизм, ављи муноќишањои сиёсиву миллї ва минтаќавї арзёбї намуда, таъкид намуд, ки пањншавии љинояткорї нишон медињад, ки як давлат ба сари худ инро пешгирї карда наметавонад. Ягона роњи пешгириро ба эътимод дар муборизаи дастљамъонаи кишварњо донист.

Зимни суханронии мулоќоти сарони давлатњо, ки ба 60 солагии СММ дар Нюйорк 14 сентябри соли 2005 сурат гирифт, Э.Ш. Рањмонов таъкид дошт, ки имрўз зиёда аз 1 миллиард инсон ќашшоќ, дањњо њазор аз гуруснагї мемиранд. Терроризм, нашъа проблемаи умумї гардидааст. Вале даъвоњои «терроризми исломї», ки дар бораи он сару садоњо баланд мешаванд, як навъ хавфро низ ба вуљуд меоранд, ки ба муколамаи тамаддунњо њељ умумияте надорад.

Меъёри дугона: «Терроризми мўътадил» ё «ѓайри-мўътадил», «террористи худї» ва «бегона» вуљуд надо-рад.

Президенти Тољикистон њамчун шахсияти сиёсии ши нохташудаи умумидунявї таъкид дошт, ки дар ин

Page 153: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

153

наср ва назм

масъала ба меъёрњои стандартї месазад, ки њама мубо-риза барем.

Њамзамон таъкид намуд Президент, ки кўмакњо табиист, ки ду баробар афзоиш карда, ќарзњо ба ивази рушди устувор нигаронида шаванд. Гузашта аз ин Тољикистон љонибдори он аст, ки Афѓонистон ба доираи Осиёи Марказии бузург фаро гирифта шавад. Проблемаи Арал њанўз хеле муњим аст.

Дар доираи Дањсолаи «Об барои њаёт», ки бо ташаббуси Тољикистон аз 22 марти 2005 шурўъ гардид, лозим аст, ки соли 2010 дар Душанбе оиди ин масъала Анљумани байналхалќї доир гардад.

Чуноне ки мебинем, дар муддати 14 соли истиќлол аз соли 1994 то ба имрўз 11 маротиба Э.Ш. Рањмонов аз минбари бузургтарини ташкилоти байналхалќї сухан гуфтааст. Зимни њар баромади хеш ба муњимтарин проблемањои умумибашарї даст ёзонида љонибдорони андешаи худро пайдо кард, ки ба назари мо бузургтарин тарафи бољилои мактаби сиёсии Президентро фарогир аст.

Page 154: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

154

15-бањори Истиќлол

Мањмадалишоњи ЊАЙДАРШО

ЊАРФИ ВАТАН

Ватан дар забонам ба њарфи калонШавад сабт рўи китоби дилам.Ба њарфи калон менамоям баёнБа эњсоси гарм изтироби дилам.

Ватан гўяму ояд аз пеши манБубин, модарам бо сутургии худ.Чи гўям, наѓунљад даруни суханДили модарам бо бузургии худ.

Кунун нест модар ба пањлўи ман,Парастори ман кист дар зиндагї?Кї созад нигањ гарм бар рўи ман,Навозишгарам нест дар зиндагї.

Аё Тољикистон, аё, эй Ватан,Ту дар љои модар ба ман модарї.Ту њастї чу модар маро љону тан,Маро мисли модар ту љонпарварї.

Ва дар дафтари дил нависам ба мењрТуро, Тољикистон, ба њарфи калон.Сароям туро ман ба њар банди шеърБа чашмам ту њастї ба њаљми љањон.

Ту њастї муќаддас бароям, Ватан,Сурудам ба шаънат сароям, Ватан.Њамин љони ширини худро нисорБа номусу нангат намоям, Ватан.

Page 155: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

155

наср ва назм

Аё Тољикистон, бињишти манї,Ба мазрои ќалбам ту кишти манї.Ба номи баландат кунам ифтихор,Ба номат, ки ту сарнавишти манї.

СУХАН ДАР СИТОИШИ МЕЊАН

Намедонам ягон љои ВатанроКи мулки ман набошад.Намедонам замини Тољикистони ба љону дил

баробарроМаро Мењан набошад.Тамоми сарзамини Тољикистон буда љавлонгањ,Њама љо зодгоњи ман, њама љо сарпаноњи ман,Њама љо хонаву дар, даргањам бошад.Њама љои диёри тољиконро ман Ватан гўям,Ва дар васфи њама љои Ватан ширин сухан гўям.Ба дунё омадам гўё канори сабзи Сирдарё,Бихўрдам шири поки модари марзи зарафшонї.Шунидам аллаи ширини моми Вахш,Бихонам хештанро ман давоми Вахш.Аё Кўлоби ман, оѓози ту бошад Бадахшонам,Шунав: як чизро бар гўши ту хонам:Ту њастї Мењанам барњаќ, аё, эй сабз Кўлобам,Туї њамќофия бо рўди ноороми Панљобам.Агар ташбењ дињам ман шеъри дил бо шўхдарёям,Ту њастї дар замираш дурри ноёбам.Аё, эй Рашти ман, эй сабз дашти ман,Бињиштам дар начандон дури фардої.Ту бо Роѓуни пурафсуну пурэъљоз бешак нури фардої.Ту эй маъвои навбунёд,Яќинан, мешавї гулшањри Нуробод.

Page 156: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

156

15-бањори Истиќлол

Њисори шодмон, эй сабздомони Душанбеям,Пур аст аз нозу неъматњои ту хони Душанбеям.Душанбеям, дили миллат, дили шўру ѓурури

Тољикистон,Ватан гар пайкаре бошад, ту андар пайкараш љонї.Ту шањри Оли Сомонї,Ту шањри илму ирфонї,Ту шањри санъату фарњанг,Ту фахри Тољикистонї.Манам фарзанди дилбандат, аё, эй Тољикистонам,Гузорам пеши пои ту дилу љонам.Хўрам савганд бо номи БадахшонамНамонам нокасеро бидњад озорат,Намонам душманеро пой монад рўи хоки ту,Ба ќасде дар њалоки туЯгон нопокие содир кунад дар ќалби поки ту,Намемонам!Намемонам!!Намемонам!!!

РОЊИ ВАЊДАТ

Тољикистон равон бо рањи вањдат аст,Роњи вањдат яќин, парчами давлат аст.Муттањид мекунад халќњоро ба њам,Пойдории халќ омили миллат аст.

Набвадо кор сањл-набвадо ёр ањл,Роњи дил ёфтан, дўстон, санъат аст.Бошадо дар Ватан вањдати устуворМардуми мамлакат соњиби сарват аст.

Page 157: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

157

наср ва назм

Вањдати халќро равнаќи зиндагист,Њар ки вањдат кунад, лоиќи иззат аст.Њаст вањдатсаро Тољикистони мо,Сарбаландии мо аз паи вањдат аст.

ЧЕЊРАИ МИЛЛАТ

Пойтахтам, чењраи миллат туї,Тахту тољи пояи давлат туї.

Шањри шўњрат, шањри шаъну ифтихор,Шањри шасту неруву ќудрат туї.

Шоњ Исмоил бар тахтат нишаст,Рў бар истиќлолу бар вањдат туї.

Сулњ шуд эљод дар домони ту,Маркази сулњу салоњият туї.

Дар барат осудагї шуд барќарор,Пояи подори љамъият туї.

Манбаи уммедгоњи мардумї,Шањри дармонбахши беминнат туї.

Маркази волои илму маърифат,Сањнаи зебогиву санъат туї.

Родмардонат паи ободиянд,Шањри ободони пурвусъат туї.

Аз њама љо сўи ту рў оваранд,Шањри боэњсону боњиммат туї.

Page 158: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

158

15-бањори Истиќлол

Пур шудї аз дастранљи халќи худ,Канъи пурганљу валинеъмат туї.

Шањрњо бисёр андар оламанд,Бањри ман якто туї, сархат туї.

Эй Душанбеи ба дилњо нурбахш,Тољикистонро гули миллат туї.

Љилва дорад дар сари тоќат ливо,Чун ливобардори ин давлат туї.

Page 159: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

159

наср ва назм

Салимшо ЊАЛИМШО

ЌУЛЛАИ АРМАИТ

Бикшод субњ чашм ба домони осмон,Оина гашт пеши рухаш оби Кањкашон.Ў хешро ба домани рўзи Азал бидид,Шуд рози сар ба мўњри љањон пеши ў аён.Рўзи Азал ба ќуллаи модархудо бувад,Оби баќо ба синаи ў аст љовидон.Бо офтоб субњ худ аз кўњи АрмаитСозад дароз даст ба дунёи бекарон.Дунёи бекарони яќин шир мехурадАз синааш ба мењри абад бекарон замон.Модархудои рўи замин аст АрмаитБо номи ўст кўњ сари Арши дилситон.Гўяд, ки ўст маркази олам, љањоншиносАз он, ки мењрро дили модар бувад макон.З-он Армаит маркази дунёи модар аст,Чун мењри модар аст чу лаълаш ба дил нињон.Аз ин сабаб зи синаи худ чашмањо чу ширКардаст худ зи Боми љањон њар тараф равон.Умри абад ба оби равон аст наѓмазан,Њар чашмае зи синаи ў аст наѓмахон.Бо чашми ман ба ќуллаи модархудо нигар,Бо мењри ман ба саљдаи он баркушо забон.Бо гўши ман садои дилашро намой гўш,Бо њуши ў муроди маро худ ба њаќ расон.Њар ќуллааш нигар, ки зи њаќ дасти ў бувад,Аз дасти ўст гунбади гардандаро амон.Дар ёди ўст зинда њама ќиссаи замин,З-он дасти ў дабири фалакрост остон.

Page 160: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

160

15-бањори Истиќлол

Бал боли чарх бар сари модархудо бувад,Симурѓ аз ин ба домани ў кард ошён.Аз чарх боди сард сари ў вазад нахуст,Боде, ки гашт аз нафасаш об яхситон.Шуд кўњи Армаит ба дай пойгоњи бод,Зеро, ки бод дар тани ў худ бувад равон.Борону барфро сари ў бод оварад,Чизе љуз ин надид, вай аз турфа корвон.Ин корвон зи ахтари Бањром зад сафир,Бо уштури сафед, ки омад чу сорбон.Ин сорбон ба ќуллаи модархудо нишаст,Шуд рўи кўњ аз нафасаш балки арѓувон.Овози раъду барќ сари кўњ шуд баланд,К-овардаам ба модари худ ганљи шойгон.В-он шоњи нуриён, ки фалак ларзад аз садош,Аз даст дод дар сари модархудо инон.Балки худои барќ бувад зодааш ба дањр,Аз оби Шањд зода шуду гашт пањлавон.Бал оби Шањд чашмаи модархудо бувад,Худ чашми чашма мењри дилашро кунад баён.Мурѓон зананд бол сари кўњи Армаит,Хоки сияњ зи чањ-чањашон гашт зарфишон.Аз ин наво ситораи Њурмузд зад љилоъ,Марзи бињиштро зи фалак ўст посбон.Рўзирасони рўи замин он ба њаќ бувад,Аз нури он љањон бишавад њамчу бўстон.Бал кўњи Армаит аз он гул ба каф бувад,Гўяд гули сараш, ки љањон мекунад љавон.Аз он бињишт дар ќадами пои модар аст,Ояд садои ў зи дили кўњна хокдон.Ёд аз гузашта, ќуллаи модархудо кунад,Аз рўзгори ўст љањон бурљи љовидон.

Page 161: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

161

наср ва назм

Ў ибтидои дањр чи сон мебарад зи ёд,К-он ибтидо гирифт њама љо ба устухон.Дар ёди ўст дањшати тўфони чарххез,Моњии рўи мављ шудаш моњи осмонМехост мављ хоки Хиторо барад фурўШуд бешазор дар тањи мављоб мављрон.Мардум паноњ бурд ба шохи дарахтњоЧун села мурѓњо зи дами тири љонситон.Шањзодаи Хитой, ки буд Гуни покройРоњи наљот љуст зи тўфони беамон.Дарёфт ў хабар, ки ба Арши Худо бувадХоки наљотбахш, ки бидњад рањо љањон.Он хоки поки ќуллаи модархудо бувад,Кўње, ки санги он бувадаш мењрро макон.З-ин хоки пок пайкари Одам Худо бисохтАз оби он ба шањраги ў кард хун равон.Аз боди кўњ дод ба Одам Худо нафас,Аз моњу мењр дод ба ў ќудрату тавон.Аз фикри хеш дод ба Одам Худо хирад,Аз он худойљўй шуду њам худойгон.Бо ин хабар ба Боми љањон кард Гун сафар,Ранљу азоби роњ нарафташ ба ройгон.Овард Гун зи Боми љањон хок як кафе,Пошид хок бар сари тўфони дар фиѓон.Аз файзи мушти хок барафрохт сар ба чархКўње зи мављхез ба монанди нардбон.Он кўњ шуд наљотгањи Синиён зи њаќ,Шуд саљдагоњи ањли Хито кўњ аз он замон.Худ зодагони кўњи равонбахши Армаит,Буданд аз шарофати он хеш комрон.Аз ќуллааш ба саљда бигаштанд бар Худо,Роње ба бурљи сидќ зи њаќ буд парниён.

Page 162: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

162

15-бањори Истиќлол

Рањ бурдаанд аз сари он бар ситорањоБар сўи ахтарон рањашон буд безиён.Аз ахтарони саъд ва нањси фалак шуданд,Воќиф ба рўи дањр зи њар суду њар зиён.Њар зодаи замин ба љањон соњибахтар аст,Худ ахтараш зи ќисмати кас мекунад баён.З-он ќулла ќасри шањри тилої бидидаанд,К-он љо зи дарду ѓам ба љабине набуд нишон.Он љо на шоњ буду на сарбозу не гадо,Он љо на дузд буду на бозору посбон.Он љо набуд соњиби унвону љоиза,Он љо набуд худ зи љазое ягон нишон.Он љо ба фикри хеш кунад шахс зиндагї,Он љо касе зи кас набувад њељ бадгумон.Он љо миёни хубрухон Љам зи сидќи дилБо савту сози хеш кунад пирро љавон.Бар гўши чарх созу сурудаш чунон хуш аст,К-аз шавќ чарх гашт мубаддал ба гулситон.Худ офаридгор кунад гўш он суруд,В-аз офаридааш бишавад сахт шодмон.Модархудой шод зи њар зодааш бувад,К-аз зодааш љањони худо аст дар амон.Эљоди зодааш бувад аз дасти тарбият,З-он мурѓи бахт њаст ба пояш намозхон.Бар бахти ў бибурд вале рашк Ањриман,Љодугарї бикард, к-аз он рўз алъамон.Ў бо даме чу моњи зимистони яхнафасЌувват зи пой бурду зи дил ишќу њам тавон.Аз макри ў шуданд њама навхатон чу зол,Бал ќадди сарвашон ба шабе гашт чун камон.Н-омад сурудашон дигар аз кўњї Ѓундхарв,Хомўш гашт шањри тилої чу ломакон.

Page 163: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

163

наср ва назм

Ашки Худо бирехт ба он шањр худ зи ѓам,Бо ёди он фариштаи шаб гашт дар фиѓон.Кўњи Мануш рўй ба домони АрмаитБорони ашк кард зи мижгони худ равон.Кўњи Мануш њаст зи Њаќ пойгоњи аќл,Он љо барояд он ки шавад нек роздон.Кўњи Мануш буд ба эъљози сози Љам,Худ минбаре, ки дод худояш ба итминон.Чун моњ њар шабе сари тораш чи сон шавї,Ин рањ барад тавон зи дили шарзаи жаён.Бар кўњнавард њаст аён кўњ мебарад,Аз покмард зўру зиёяш зи дидагон.Љамшедро мадор рањи ќуллањо бибурд,Дар пои кўњ хаста шуд њамроњи њамдамон.Бал Ањриман чу дай њама мўяш сафед кард,Гаштанд чашмњош ба наврўз яхчакон.Сози хушаш зи ќасри тилої дигар надод,Акси садо ба кўњу даман бо навои љон.Бар саљдагоњ ќувваи рафтан ба по намонд,Бе саљда аст мард ба шаб мурѓи ломакон.Бар рўи ќулла-саљдагањи аќлу ишќу сидќ,Чизе наёфт субњ дигар љуз гули сиён.Танњо зи чарх аз дили пурмењраш офтобМерехт рўи синаи ў субњдам синон.Љам бо гурўњи хеш дигар ќудрате надошт,Симурѓон ба ќулла занад то, ки ошён.Дар ин хаёл буд, ки худ омадаш зи ѓайб,Як муждае, ки роњи наљоташ бигашт он.Бо он расондаанд худ хурон зи кўњи Ќоф,Бо Љам шуданд дар амали нек њаминон.Рафтанд то ба соњили оби Саљар сањарМављи Саљар зи њимматашон гашт худ дамон.

Page 164: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

164

15-бањори Истиќлол

Дарёфтанд оби Саљарро, ба дил бувадНўшобае нињон, ки аз он кас шавад љавон.Лекин гирифтанаш зи дили кўњ мушкил аст,Он умри љовидони Саљар аст дар љањон.Кўњи Манўш кандаву чаѓдек кардаанд,Чаѓдеккаш шуданд зану марди ќањрамон.Овози мављи ханда бипечид бар фалак,Аз чангу гарди кор нињон гашт Кањкашон.Дар рўи мављ мўъљизаи тоза зад наво,Дар рўи мављ Љам ба назар тофт бодбон.Эдар садои хандаву шодї ба арш рафт,Нўшоба шуд бурун зи дили кўл ногањон.Нўшобаро гирифта чашиданд бо тараб,Дар љоми Љам ба љилва бишуд кишвари Каён.Худ ѓундиён, ки бонии оби баќо шуданд,Бо шеъри љовидона бигаштанд достон.Љам бо найю рубоб ба кўњи Мануш шуд,Аз сози ишќ ќасри тилої шуд арѓувон.Рангинкамон бурун шуда аз кўњи Комде,Њамчун ливои равшании субњи зарфишон.Он рўз-рўзи равшани модархудо будїОвард он шабобу бибурд аз љањон хазон.Наврўз буд хондаам он рўзи некпайНаврўз буд он гањи бар коми дилрасон.Љам бо суруди хеш баромад ба рўи Арш,Модархудо шунид садояш ба ормон.Аз чашми ў, ки чашмаи шодї фавора зад,Дар пои кўњ руст гули сабзу заъфарон.Бал лолазор домани ў гашт аз фалак,К-омад ба дањр зодаи ў боз комрон.Модархудо зи ќуллаи худ бингарад ба мењр,Бар бањри бекаронаву дар бекарон замон.

Page 165: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

165

наср ва назм

Бинад, ки хест аз сари домони поки ўЗардушти покрой ба Наврўзи шойгон.Ў буд покмард, ки гардид њамсуханБо офаридагор сари пули Айравон.Меодгоњи ўст чу дар пои Армаит,З-он рўди Чиндамир њаме гашт наѓмахон.Парвардигор тўшаи рањ дод бањри ў,Бо роњи ростї биравад то ба инсу љон.Афкори нек тўшаи умри абад бувад,Дар орзуи модари ту њаст он нињон.Гуфтори нек бар сањарат медињад самар,Бо он шаванд дўст туро хурду њам калон.Кирдори нек тўшаи роњат ба љаннат аст,Бо он шавад ду олами њаќ бањри ту љинон.Бар кўњи Армаит ба ин тўша ЗардуњиштРањ бурду ёфт чашмаи илњоми Хизри љон.Чун гавњараш зи чашмаи хуршеди пурзиёстДунё бигашт аз назараш неку бекарон.Аз мењри ў ба синаи њар модаре расад,Шире, ки медињад ба тани зодааш равон.Райњони атрбў гули модархудо бувадОн гул ба кўњи ўст Худоро нафасрасон.Зардушт субњ номаи модархудо суруд,Дар кўњи Армаит, сари оби љовидон.Бо мењри љовидонаи модар суруд ў,Мо дар љањон шудем зи домони ў чамон.З-он расм шуд, ки чун зи љањон бигзарем мо,Райњон нињанд дар кафани мо зи хону мон.Зеро зи хок боз чу райњон кашем сар,Фардо зи мењри модари худ рўи бўстон.З-он модарони мо гули райњон ба сар зананд,Бо мурѓи бахт то ки бигардем њамзабон.Аз кўњи Армаит нињодам ќадам ба дањрБо субњи гулбасар рањи ман бод гулфишон.

Page 166: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

166

15-бањори Истиќлол

ЊАДИСА

СУРУДИ ВАЊДАТ

Тољикему мо аз ин сайёраем,Офтоби зарфишонро пораем,Дар рањи вањдат ба љон сар мекашем,Парчаматро њофизу ѓамхораем.

Кишвари овозадорам, зинда бош,Тољикистон, ифтихорам, зинда бош.

Вањдати ту субњи истиќлоли мо,Вањдати ту мурѓи зарринболи мо,Мепарад аз мулк бар мулки дигар,Ў дињад овои истиќболи мо.

Тољикистон, вањдатат поянда бод,Нури хуршеди рањи оянда бод.

Тољикему мо аз ин сайёраем,Офтоби зарфишонро пораем,Дар рањи вањдат ба љон сар мекашем,Парчаматро њофизу ѓамхораем.

Кишвари овозадорам, зинда бош,Тољикистон, ифтихорам, зинда бош.

ТОЉИКИСТОН

Тољикистон, бо њама кўњдоманї,Боз мебинам, ки бопањно туїМазрањоят мазраи иќболи ман,Ин чї иќболе, ки побарљо туї.

Чењраи ту ќурси хуршеди фалак,Зарфишон аз рўи ту њар барзанат.

Page 167: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

167

наср ва назм

Рўдњои ту ѓазалхонї кунанд,Љо шуда њулди барин дар доманат.

Ту сари сабзи ман астї дар љањон,Сабз бошад то сари болои ту.Зери гардун то бимонї бегазанд,Нангу номус аст сар то пои ту.

Саљдагоњам домани пањноварат,Ман ба номи ту њамеорам суљуд.Дар замин бе синаи гарми ту манЯк нафас, як лањза кай дорам вуљуд?

Тољикистон, эй сафобахши љањон,Тољикистон, чашмаи љонам туї.Шукр мегўям, ки дар рўи заминТољикам ман, Тољикистонам туї!

ЭЙ ДУШАНБЕ

Эй Душанбе, дўст медорам туро,Бо њама ин хонањои пасти ту.Ќасрњои ту ба боло сар кашад,Мерасад то чархи гардун дасти ту.

Дўст дорам њар нињолатро ба љон,Њам суруди рўди хушхони туро.Растањои гулфишони равшанат,Боѓу роѓи сабздомони туро.

Дўст дорам њайкалони барќадат,Рўдакї, Фирдавсиву Сомоният.

Page 168: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

168

15-бањори Истиќлол

Нури яздонї бирезад бар сарат,Бар тамоми њастии яздоният.

Дўст дорам бо њама буду набуд,Як дамам ман бе навоят бенаво,Њар садоят лањни булбул оварад,Бе садои ту ман астам бесадо.

Дўст дорам ёлањову барзанат,Дидаи ту дидаи бинои ман.Рўи ту хуршеди тобон дар назар,Пањнаи ту пањнаи дунёи ман.

Њусни ту офоќро тасхир кард,Як хасатро ман набидњам бар касе.Эй Душанбе, ту садои мењри ман,Бар њама аќсои дунё мерасї.

МАГЎ…

Ба мисли барзгар ман дона корамВа ризќам мерасад аз панљаи худ.Надорам чашм бар хони касе ман,Чу дорам боварї бар ранљаи худ.

Ѓурури ман чї садњое шикаста,Ба роњи ишќ агарчанде гадоям.Надўзам чашм ман бар хони шоњї,Худам шоњам, ки бо баргу навоям.

Маро пероњани шоњї чї лозим,Бубин шеърам бувад чун љома дар бар.

Page 169: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

169

наср ва назм

Ба побўсии ман шаб мефароядЃурури осмон бо моњу ахтар.

Ѓурурам ончунон боло гирифта,Ки бишкаста њама садди Сикандар.Биѓуррам, гар адў ояд ба мулкамЗанам бар синааш сад теѓу ханљар.

Магў, ки як занам рустоии гўл,Зи рўи ман чаманњо гулнисор аст.Зи хандоханди ман дар бўстонњоШукуфта ѓунчањову навбањор аст.

Агар хоки Ватан бошад паноњам,Ба майдон љои садњо мард гирам.Дар ин љисми гули ман Рустаме њаст,Нагун гардад адўям аз нафирам.

Page 170: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

170

15-бањори Истиќлол

Бахтиёри МУРТАЗО

НАЌБИ АНЗОБ – ДАРВОЗАИ ВАСЛГАР

«Ба нохун бошад њам, бояд аз дили санги хоро роњ ро кушоем, то дарвозаи вилояти Суѓд, ки дар байни Душанбею Хуљанд ќарор дорад, дар чањор фасли сол ба рўи мардум кушода бошад. Бигузор падарону модарон ва бародарону хоњарони мо аз азоби баста шудани роњ дар давоми шаш моњи барфрезию тармањо рањої ёбанд. Бигузор дарвозаи Зарафшон ва роњи мошингарди туннели Анзоб кўпруки заррине гардад, ки чун давоми силсилаи Шоњроњи абрешим ќисмати шимоли мамлакатро бо пой-тахти он бипайвандад».

(Аз суханронии Президенти Љум њурии Тољикистон мўњтарам Эмо малї Шарифович Рањмонов њангоми оѓози сохтмони туннели Анзоб, 20 майи соли 1999)

Роњбарони Љумњурии навбунёди сотсиалистии Тољикистон дар њамон даврони душвори солњои бистум њам хеле дурандешона тасмим гирифтаанд, ки барои ободонию пешрафти кишвар ќабл аз њама роњ сохтан зарур аст. Бале, роњро чун шоњраги шарёни љисми Ватан њисоб намуда, бо мушкилоти нињоят зиёд аз пойтахт ба самтњои Ќўрѓонтеппа, Кўлоб ва маркази маъмурии вилояти Бадахшон – Хоруѓ аз тариќи аѓбаи Хобу Работ роњи мошинрав сохтанд.

Соли як њазору нўњсаду бисту нўњ ба пойтахти љумњурї – шањри Сталинобод аз Тирмиз хатти роњи оњан кашида шуд. Айнан дар њамон сол сохтмони роњи мошинрави аѓбаи Анзоб оѓоз гардидааст, ки дар њуљљатњо онро «Роњи Сталинобод-Ўротеппа» номидаанд.

Page 171: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

171

наср ва назм

Чи тавре ки хабари сањифаи њоло фарсудаю зард-гаштаи рўзномаи «Тољикистони Сурх» возењ менамояд, ба сабабњои иќтисодї сохтмони ин роњ якчанд сол мавќуф гузошта шуда, соли як њазору нўњсаду сиву ду аз нав љиддан оѓоз меёбад ва мўњлати ба анљом расондани сохтмон то понздањуми октябри соли як њазору нўњсаду сиву панљ муайян мегардад. Аммо ба шарофати фидокорию ќањрамонии иштирокдорони ин шоњроњ сохтмони он панљоњу шаш рўз пеш аз мўњлат ба анљом мерасад. Дарозии роњ ду саду шасту нўњ километр будааст. Роњи Сталинобод-Ўротеппа аз љињати баландї дар Иттифоќ баъди роњи Ўш-Хоруѓ ќарор дошт. Нуќтаи олитарини ин роњ аз сатњи бањр се њазору шашсад метр баландтар будааст.

Дар ин сохтмон беш аз сиву панљ миллион сўм масраф гардидааст. Кор дар шароити нињоят вазнини теѓањои баланди кўњњои Њисор, Зарафшон ва Туркистон анљом ёфтааст. Танњо дар ќитъаи шимолии роњ бештар аз сесаду панљоњ њазор килограмм тўр истифода гардидааст. Ба роњканњо лозим меомад, ки худро бо арѓамчини пурќувват баста, аз болои дарањо, љарињо ва сахрањо овезон бишаванд ва бо зоѓнўлу мисрон ва дигар асбобњо кор бикунанд. Ва кўњњоро сўрох карда, маводи тарканда гузоранду харсангњоро тарконанд.

Зимистон баландии барф дар ин љо ба шаст метр мерасид ва фуромадани тармањо њам хатарнок буд.

Дар самти шимолии роњ бештар кормандони «Главдортранс»-и Тољикистон хизмат менамуданд. Аслан дар ин сохтмони бузург намояндагони халќњои тољик, рус, ўзбек ва дигар миллатњо иштирок доштанд. Дар кўњтали Шањристон ба кор муњандиси пуртаљриба Золотарёв роњбарї менамуд.

Page 172: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

172

15-бањори Истиќлол

Нуздањуми августи соли як њазору нўњсаду сиву-панљ, соати яки рўз сохтмони охирин кўпруки кўњ тали Варзоб анљом ёфт. Соати дуи њамон рўз аз Ўротеппа ќофилаи автомобилњо, ки аз чањор мошини сабук ва сездањ автомобили боркаш иборат буд, њаракат наму-данд. Зарбдорони сохтмон, мутахассисон, дењќонон, ки дар роњсозї иштирок доштанд, тавассути ин ќофила ома данд.

Бистуми август ќофила кўњтали Варзобро миёна-бур карда гузашт. Соати чори њамон рўз Котиби ав-вали КМ ПК(б) Тољикистон Сурен Константинович Ша дунс, Раиси КИМ-и РСС Тољикистон Шириншоњ Шотемур, сардори Главдортранси Тољикистон Вагаршак Љаводович Карамов ва дигарон зарбдорони сохтмонро пешвоз гирифтанд.

Рўзи бисту якуми август дар Боѓи маданияти пой-тахти Тољикистон ба муносибати ба кор даромадани роњи Сталинобод- Ўротеппа митинги тантанавии зарб-дорон ва мењнаткашони шањр барпо гардид. Дар митинг зиёда аз сесад нафар роњсозон ширкат варзиданд. Дар байни онњо бењтарин роњсозон Аъло Бердиюф, Сало-матдин, Чебурков, Юлдош Љумъаюф, Иноят Бадалуф, Сафаруф, Макаркин, Алексей Казимиров, Ќаратошев, сардори роњи раќами њаштум Рагазний, сардори роњи минтаќаи љануб Земойду, мудири механизатсия Крас-тахов, Кахимиров ва дигарон буданд.

Њукумат барои мењнати садоќатмандона ба як саду наваду њашт нафар роњсозон, ки аз озодї мањрум буданд, бо ќарори махсус озодї бахшид. Барои озод кардани њаштоду ду нафари дигар, ки аз њуќуќ мањрум буданд, ба КИМ-и СССР пешнињод ирсол гардид.

Дар љараёни сохтмон техникњо сї љойи душвор-гузарро таѓйир намуда, аз минтаќаи дигар сохтани роњро

Page 173: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

173

наср ва назм

тавсия доданд, ки дар натиља роњ то панљ километр наздик шуд.

Ин роњ, ки љануб ва шимоли Тољикистонро пайваст намуд, нисбат ба роњи оњан се маротиба кўтоњтар гар-дид…

Дар маќолаи хабарнигор Гратсинский «Роњи Сталинобод-Ўротеппа кушода шуд» маълумоти фавќ зикр ёфтааст, ки он дар рўзномаи «Тољикистони Сурх» аз бисту њаштуми августи њамон сол дарљ гардидааст.

Чунин арљгузорї шудани зањмати роњсозон бесабаб набуд, зеро роњ омили тараќќиёт ва рањої аз бунбасти иќтисодию иљтимої буд ва дар ягон давру замон ин ањамияту зарурати он коњиш наёфта, балки њамвора афзун мегардад.

Чи тавре ки дар боло зикр намудем, аввалин кор-њои сохтмони роњи мошингарди аѓбаи Анзоб соли як њазору нўњсаду бисту нўњ оѓоз гардидааст.

Расо чињил сол баъд аз ин мувофиќи наќшаи пешбинишудаи тараќќиёти роњњои автомобилгарди љумњурї, ки онро Шўрои Вазирони РСС Тољикистон тасдиќ намудааст, соли як њазору нўњсаду шасту нўњ аз тарафи пажўњишгоњи лоињакашию љустуљўии «Метрогипротранс» асоси техникию иќтисодии сохтмони туннелњои аѓбањои Анзоб ва Шањристон дар роњи мошингарди Душанбе-Ховост тањия гардидааст.

Ин асоси техникию иќтисодї њаждањуми июли њамон сол дар љаласаи техникии Вазорати наќлиёт ва хољагии роњи РСС Тољикистон муњокима ва баррасї шудааст. Тасњењ ва такмили лоињаи ин туннелњо аз тарафи муассисањои гуногун боз дањ сол идома меёбад.

Пажўњишгоњи «Тољикгипротрансстрой» муассисаи асосии лоињакашї гардида, тамоми корњои лоињавию

Page 174: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

174

15-бањори Истиќлол

љустуљўии доир ба њамин иншоотбударо ба танзим овардааст.

Дар наќшаи пурра тасдиќгардидаи сохтмони туннели Анзобон тибќи њуљљатњои техникї бо унвони «Уштур» номгузорї шудааст. Мувофиќи ин наќша дарозии туннели Анзоб панљ километр буда, сохтмони он бояд соли як њазору нўњсаду њаштод оѓоз меёфт. Ва дар бадали дањ сол ба анљом мерасиду пас аз дањ соли истифода тамоми харољоташ кафорат мегардид.

Чи тавре ки раиси ширкати давлатии холдингии «Нурафзо» оиди сохтмонњои энергетикии Љумњурии Тољикистон Љумъахон Зуњуров њикоят мекунад, нахус-тин корњои сохтмонии туннели Анзобро муассисаи «Гидро спесстрой»-и Данѓара оѓоз намудааст. Он ваќт муњандиси соњаи туннелсозї Љумъахон Зуњуров дар сохтмони туннели обёрии Данѓара ба сифати сардори минтаќа иљрои вазифа мекард.

— Он солњо роњбари «Гидроспесстрой»-и Данѓара Владимир Евгеневич Кузнетсов буд,- мегўяд Љ. Зуњуров,- бо супориши ў як гурўњ њамкорони мо ба сохтмони туннели Анзоб сафарбар шуданд. Дар байни онњо сардори машњури бригадаи наќбканон Владимир Ерёмин, дар аввали рўихат меистод, ки ў барои ќањрамонї ва корнамоињои мењнатї дар сохтмони туннели Данѓара бо ордени Ленин сарфароз гардида буд. В. Ерёмин бо њамаи аъзои бригадааш ба Анзоб рафтагор шуд. Њамчунин дар сафи туннелсозон муњандис, дастпарвари Донишгоњи кўњкании Тошканд Абдулло Маннонов, наќбканони бењтарин Мирзо Ризоев, Рашид Вагизов, геолог Акбаршо Ѓуломњайдаров ва дигарон буданд. Наќбканони Данѓара хеле пуртаљрибаю обдида буда, мањорати баланд доштанд.

Page 175: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

175

наср ва назм

Наќбканони данѓарагї дар самти шимолии туннели Анзоб бисёр корњои тайёриро анљом доданд. Сохтмони роњ, майдончаи назди дарвозаи туннел, хобгоњи коргарон, њаммом, ошхона, заводи бетон, дастгоњи сангшикани дењаи Марзич ва дигар нуќтањои ёрирасон яке аз пайи дигар ќомат афрохтанд.

Ба њамин минвол соли як њазору нўњсаду њаштоду шаш аз тарафи дарвозаи шимолї сохтмони туннели Анзоб оѓоз шуд. Дарвозаи шимолии туннел дар мавзеъи Майдони (наздикии дењањои Зимарѓ ва Нови Матек) ноњияи Айнї воќеъ гардидааст.

Вале суръати кор хеле суст љараён меёфт. Дар бораи иллати ин сардори мудирияти сохтмони неругоњи обии барќии Роѓун, муњандиси номдор Санъат Асоевич Рањимов чунин њикоят менамояд.

— Дар оѓози кори туннели Анзоб ман сардори шўъбаи иќтисодї будам, сонитар дар вазифаи сармуњан-диси ин сохтмони бузург кор кардам. Мушкилоти асосї нарасидани маводи сохтмон буд. Арматура, семент, сим, афзори кор кифоят намекард. Механизмњо, мошинњо, заводњо, дастгоњњо кўњнаю фарсуда буда, бо иќтидори пурра кор карда наметавонистанд. Аз рўи миш-миши мардум гўё раиси шўрои вазирони Тољикистон бо вазири наќлиёти иттифоќи шўравї муносибати хуб надоштааст. Барои њамин ў иљозат намедодааст, ки ин сохтмони ба њаёти кишвари мо басо муњим бо маводи зарурї таъмин бошад.

Ман пеш аз ин дар сохтмони туннели Данѓара кор карда, наѓз медонистам, ки дар ин љо тамоми мавод мерасид, техникаи навтарини шўравї буд, механизмњои хориљї, масалан, љопонї, финляндї ба дараљаи кофї истифода мешуданд. Зеро он ваќт дар курсии раиси шўрои вазирон шахси дигар менишаст. Ба њамин

Page 176: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

176

15-бањори Истиќлол

ваљњ дар кори туннели Анзоб пешравии хубе ба назар намерасид…

Пас аз чанде воќеањои шуми ибтидои солњои навадум шурўъ гардиданду сохтмони туннел њам тамоман ќатъ гардид…

Вазъи минбаъдаи сохтмони туннели Анзоб ба ташаббуси шахсї ва кўшишњои пайгиронаи Президенти мамлакат, Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Шарифович Рањмонов вобаста аст.

Дар ин бобат раиси ширкати давлатии «Нурафзо» Љумъахон Зуњуров чунин њикоят мекунад.

— Моњи феврали соли як њазору нўњсаду наваду нўњ ба ман аз Дастгоњи иљроияи Президенти мамлакат хабар доданд, ки доир ба туннели Анзоб фикру мулоњизањоямро мураттаб созам, зеро дар рўзњои наздиктарин ба љаласа даъват менамоянд. Он ваќт ман сардори муассисаи «Гидроспесстрой»-и Данѓара будам. Ба ваќти таъиншуда њозир гардидам. Дар њузури Президенти кишвар љаласа барпо шуд. Љонишини сарвазир Исмат Эшмирзоев, вазири наќлиёти љумњурї Фаррух Муњиддинов, раиси Ширкати давлатии «Нурафзо» Владимир Александрович Шичкин ва чанд нафари дигар дар ин љаласа ширкат доштанд.

Љаноби Олї љаласаро кушода, маќсади љамъшавиро фањмонданд. Сипас ба ман мурољиат намуданд, ки анде-шањоямро баён кунам. Ман мухтасар сухан ронда, доир ба корњои иљрошудаи туннели Анзоб маълумот додам. Дар он љаласа боз ду-се нафар сухан гуфтанд.

Баъд Президенти мамлакат љаласаро љамъбаст намуда, ба вазири наќлиёт Фаррух Муњиддинов њидоят доданд, ки чораљўї бикунанду аѓбаро њар чї зудтар аз барф тоза намоянд. Рўзи бистуми май сохтмони туннели Анзобро оѓоз кардан зарур аст! Зеро ин роњ барои

Page 177: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

177

наср ва назм

Ватани мо роњи вањдат, роњи стратегї, роњи пешрафти иќтисодиёту иљтимоиёт буда, дар маљмўъ тањкимбахши истиќлолияти кишвар хоњад шуд…

Одатан аѓба охирњои моњи май кушода мешавад. Аммо роњбарон ва коргарони вазорати наќлиёт бо љањду талоши бисёр шашуми май роњро аз барф тоза карда, омодаи истифода намуданд. Сонї мо бо воситаи дувоздањ мошини «Ураган»-и њарбї ќофила ташкил дода, васоити техникии вазнинро аз аѓба гузарондем. Охир ваќтњои беназмї дар минтаќаи кор тамоми чиз вайрону валангор шуда буд. Пеш аз њама компрессорро ба кор даровардан даркор буд, ки ба даруни туннел њаво дињад ва албатта, заводи бетон ва дигар нуќтањои муњими корро фаъол намудан зарурат дошт. Ќаблан мо як ќисми коргарон ва борњои нисбатан сабукро бо воситаи чархбол фиристода будем ва аллакай дар туннел љабњаи мењнат оѓоз гардида буд. Њамин тавр туннел комилан омодаи кор шуд.

Рўзи бистуми май Президенти мамлакат, мўњтарам Э.Ш. Рањмонов ба майдони кор ташриф фармуданд. Њамчунин бисёр роњбарон, вазирон, мушовирон ба он љо омада буданд. Ба муносибати оѓози сохтмон маљлиси ботантана барпо гардид. Љаноби Олї суханронї намуданд. Чунин суханони Сардори давлат ба дили мо, бинокорон таъсири сахт расонданд:

«Имрўз барои мову шумо боз як имтињони навбатии Ватану ватандорї, боз як озмоиш дар роњи тањкими истиќлолият ва иќтисодиёти кишвар оѓоз меёбад. Ин имтињон аз дили ќаторкўњи Њисор кушодани туннели панљкилометра ва бунёди роњи доимии мошингард миёни пойтахти љумњурї ва вилояти Суѓд мебошад».

Хусусан ин мурољиаташон фаромўшнашаванда буданд:

Page 178: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

178

15-бањори Истиќлол

«Бароятон сари баланд ва нангу номуси ватандорї таманно дорам».

Дар маљлис инчунин раиси номдори яке аз хоља-гињои ноњияи Айнї њољї Рањим Аслиддинов ва раиси вилояти Суѓд Ќосим Ќосимов суханронї карданд…

Њамон навъе ки аз хотироти собиќадори ин сохт-мони мўњташам бармеояд, роњсозон бо рўњияи баланд ва азму иродаи ќавї ба кор шурўъ намудаанд.

Албатта, возењ аст, ки ибтидои њар кор мушкилоти зиёде пеш меоварад ва боз хосатан чунин сохтмони бузург. Тамоми васоити техникї ва мошинолоти аз давраи кори замони шўравї дар ин љо вогузошта, дар солњои беназмї њама ба торољ рафта ва шикастаю валангор гашта буданд. Вале роњсозон њамон мошинолот ва механизмњои кўњнаю фарсударо то имконияти охирин таъмир карда, синаи хоросанг мешикофтанду азми љазми кушодани дарвозаи тиллоии асри ояндаро доштанд.

Намояндагони вилояти Суѓд зуд-зуд омада, туннел-созонро зиёда дастгирї менамуданд. Раисони ноњияњои ин вилоят ба навбат ба ин љавлонгоњи ору номус бо одамони худ омада, ба роњсозон аз љињати моддию маънавї имдод мерасонданд.

Роњсозонро хусусан одамияти олї ва нотакрори раиси дарёдили хољагї њољї Рањим Аслиддинов нињоят мутањайир намуда буд. Ин родмарди покизасиришт ва саховатманди олињиммат њар моњ як маротиба тамоми кормандони наќбро аз њисоби худ нону таом медод. Аљоиботи рафтори бузургворонаи ин марди сахї дар он буд, ки ў бо фарзандон ва келинњояш ба арсаи кор омада, аз аввали пухту пази таом то шустани косаю табаќњо – њамаи корро худашон ба анљом мерасониданд. Ба тамоми ин мењмондорї худи раис роњбарї менамуд. Ў зимни сўњбат ба муњандисону коргарон маслињатњо

Page 179: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

179

наср ва назм

медод, дилбардорию дилдињї менамуд. Муносибати ин раис тавре буд, ки гўё туннели Анзоб сохтмони шахсиаш бошад. Ба роњбарони сохтмон мегуфт, ки агар ягон мушкилоте пеш ояд, ба ў мурољиат намоянд. Агарчи ин муаммою масъалаи њалталаб ба хољагии зери роњбарии вай буда дахл надошта бошад њам, бидуни истињола изњор бикунанд. Ва ў ба њаллу фасли он љоннисорї хоњад кард. Роњсозон чунин шахсеро, ки ба кори љамъиятї ин ќадар дилсўз бошад, дигар надидаанд…

Президенти мамлакат сохтмони туннели Анзобро тањти назорати ќатъии худашон гирифта, то имконияти охирин маблаѓ људо мекарданд. Бинокорони наќб аз ин ѓамхорињои Сардори давлат илњом гирифта, бо вуљуди имкониятњои мањдуд суръати наќбканиро моње ба панљоњ ва њатто њаштоду панљ метр мерасониданд. Ин суръати наќбканї аз кори давраи шўравї њам афзунтар буд.

Соли ду њазору як бо маќсади тезонидани суръати ин сохтмони бузург дар мавзеъи Уштурбутаи (њашт километр дуртар аз минтаќаи Майхўра ба тарафи чап) ноњияи Варзоб дарвозаи љанубии туннел низ ифтитоњ гардид. Дар ин љо майдони сохтмони назди дарвоза, хобгоњ, заводњои бетону сангшикан, устохона, анборњо ва дигар нуќтањои зарурии кор сохта шуданд.

Чи хеле ки аз таърих огоњем, дар замонњои пеш иштирокдорони сохтмонњои зарбдор, ки асосан љаво нон буданд, бо фидокории љавонию комсомолї зањмат мекашиданд. Вале дар сохтмони туннели Анзоб роњсозон, гуфтан мумкин аст, ки бо фидокории миллї аз тањти дил мењнат мекарданд. Онњо чун бо маѓз андар маѓзи љисму љон дарк намуданд, ки сохтмони њамин туннел – њамин дарвозаи васлгари Ватани мањбубамон ба давлат, ба миллати мо – нињоят зарур аст, ба азму љасорати њаќиќї бо њисси бедорию худшиносии миллї

Page 180: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

180

15-бањори Истиќлол

мењнат мекарданд. Зеро роњсозон туннели Анзобро њамчун ифтихори умумимиллї пазируфтанд. Ин эњсосоти олии ватандорї тамоми љумњурии азизамонро фаро гирифта буд. Масалан, заводи кимиёи Исфара, ки он ваќт вазъи иќтисодии чандон хубе надошт, лекин ба туннел маводи таркандаро ройгон мефиристод. Заводи сементи Душанбе њам, ба чунин њолат гирифтор буд, вале охирин сементи ба намакњо тобовари худ, яъне сементи гаронбањои навъи чорсадро љамъоварї намуда, туннели Анзобро ба дараљаи кофї таъмин менамуд, то ки дар ин сохтмони мўњташами умумихалќї кор ќатъ нагардад.

Туннелсозон ин эњсоси бонангу ватандориро мушо-њида намуда, ба кор бо садоќатмандию худфарсої даст мезаданд. Зеро њар роњсозе, ки саломатї ва љони худро зери хавф монда, ба даруни туннел бо маќсади кор кардан медаромад, боварї ва итминони комил дошт, ки њукумат, миллат ва Сардори давлат пуштибони ўст!

Албатта, ба садоќату дониш, мењнатдўстї ва мањорату малакаи муњандисону лоињасозон, техникњою коргарони тољик ягон шакку шубњае набуд. Лекин агар онњо ба њамин васоити техникии кўњна туннелсозиро идома медоданд, кор ба дарозо мекашид. Барои хари-дории васоити техникии пуриќтидор ва муосири хориљї бошад, дороии љумњурии мо кифоят намекард. Зеро кишварамон низоъи бемаънии шањрвандиро аз сар гузаронида, талафоту хисороти зиёде дода буд…

Президенти мамлакат, Љаноби Олї мўњтарам Э.Ш. Рањмонов бо дурандешию соњибтадбирии бузург ба Љум-њурии Исломии Эрон мурољиат намуданд. Бародарони њамзабону њамкеш ва њамтаъриху њамфарњанги эронии мо ба ёрї омаданд. Ва бо маќсади суръат бахшидани сохтмони туннели мошингарди Анзоб дар байни Вазорати

Page 181: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

181

наср ва назм

наќлиёти Љумњурии Тољикистон ва ширкати «Собир-байналмилал»-и Љумњурии Исломии Эрон шартнома баста шуд. Баъди соњибистиќлол гардидани Љумњурии Тољикистон Эрон аввалин кишваре гардид, ки ба мо чунин ёрии бузурги иќтисодї ва техникї расондааст.

— Ширкати «Собир-байналмилал», ки ќарордоди сохтмони туннели Анзобро бастааст,- мегўяд мудири он љаноби муњандис Саид Исмоил Муфидї, -як љузъи ширкати «Собир» буда, шўъбаи хориљии он њисоб меёбад. Ширкати «Собир» чилу панљ сол аст, ки таъсис шудааст ва дар кишвари Эрон ва соири мамолик фаъолият дорад.

Ширкати мо дар Эрон шонздањ садди (сарбанд) бузург сохтааст. Охирин садде, ки эњдос намудем, садди Коруни Се буда, он дар вилояти Хузистон воќест. Њаљми махзани ин сад се миллиард метри мукааб гунљоиш дошта, ба миќдори ду њазор меговатт-соат барќ тавлид мекунад.

Садди Коруни Се шабењи садди Норак аст, ки та-моми неругоњњои он зери замин, андаруни наќб љойгир мебошанд.

Ширкати «Собир-байналмилал» дар Курдистони Ироќ, инчунин дар кишварњои Њиндустон, Сурия, ахиран дар Давлати Исломии Афѓонистон њам фаъолият мекунад.

Яке аз тахассусњои ширкати мо эъмори туннелњои интиќоли об, туннелњои љода ва корњои пулсозию сохтмонсозї аст, «Собир» шабакањои обёрии зањкаширо низ анљом медињад. Масалан, алъон мо дар Њайдаробод, ки марбути аёлоти Ондро – Продеши Њиндустон аст, ду канали бузург ва як садди калон сохтем, ки ба фаъолият ва бањрабардорї шурўъ намудааст.

Page 182: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

182

15-бањори Истиќлол

Ба хотири ањамияте, ки туннели Анзоб дорад ва Президенти мўњтарами Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмонов таъкид доштаанд ва бо Президенти мўњтарами Эрон низ њамоњангї карда буданд, ширкати «Собир» якљоя бо ширкати «Собир-байналмилал» вориди ин пуружа шуд ва мошинолоти худро ба ин љо фиристод. Чун туннели Анзоб аз назари иљроиш хеле муњим ва лаѓву сахте њаст, биноан мо таљњизоти зиёде равон кардем. Њамчунин њафтод нафар мутахассисини пуртаљрибаи худро барои ин кор муваззаф намудем ва баќияи неруњо дар њудуди чорсаду панљоњ нафар аз љумлаи бародарони тољик њастанд ва ин љо бо мо кор мекунанд…

Ваќте ки пуружаи (раёсати) ширкати «Собир-байналмилал» дар сохтмони туннели Анзоб таъсис гардид, муњандис љаноби Бурњонї ба њайси мудири он ифои вазифа менамуд. Пас аз фурсате чанд муњандис љаноби Мунтазирї ин масъулиятро бар ўњда дошт. Муњандисину коргарони пуружа дар ин давра васоити техникиро интиќол доданд ва њамчунин бо шароити кор ошної пайдо намуданд. Моњи апрели соли ду њазору чор дар самти љанубии туннел резиши калоне ба амал омад ва ба ин иллат фаъолияти наќбканї ќатъ гардид.

Дар чунин айёми њассос аз тарафи ширкати «Собир-байналмилал» муњандиси донишманд ва пуртаљриба љаноби Алї Мўсавї Рањимї сарпарасти коргоњи љанубии туннел таъйин гардид. Ў дар садди Коруни Сеи кишвари Эрон, ки яке аз печидатарину мураккабтарин саддњои дунё њисоб мешавад, вазифањои масъули муњандисию мудириятро анљом додааст. Љаноби Мўсавї њамчунин дар сохтмонњои Табаррукободи шањри Ѓўчон, саддњои шањри Миёна ва Кавсар таљрибаи беш аз дањсолаи мудирият пайдо карда, маърифату малакаи баланди муњандисї касб намудааст.

Page 183: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

183

наср ва назм

Вазифаи муњандис Мўсавї њамчун сарпарасти коргоњи самти љанубї ќабл аз њама бартараф намудани резиш буд. Ва ў ба иљрои ин кори нињоят душвор муваф-фаќ гардид.

Мо дар ин бобат инони суханро ба љаноби Алї Мўсавї Рањимї медињем:

— Моњи апрели соли ду њазору чор, ваќте ки дар туннели њаводињандаи љанубї резиши шадиде ба амал омад, ман аз тарафи ширкати «Собир» маъмур шуда будам, ки резишњоро бартараф кунам ва туннелро кушоям. Алораѓми њамаи назароти баъзе коршиносон, ки мегуфтанд, аз ин резишњо гузаштан мумкин нест, мо ба лутфи Худо тавонистем резишњоро љамъ кунем, туннелњоро ба њолати оддї баргардонем ва мустањкамкуниро ба хубї анљом дињем. Возењ менамоям, ки усули кори ман чунин буд: аввал тасмим гирифтам, ки корњои мустањкамкуниро рўзе ним метрї пеш барам. Як нафар оѓои коршиноси финляндї, ки аз тарафи вазорати наќлиёт ба пуружаи мо кўмаки фаннї медод, ибрози назар намуд, ки агар шумо дар ин резиш њафтае як метр пешрав гардед њам, ин кори хеле бузург хоњад буд.

Дар ин њолат сангу хоки фаровоне аз саќфи туннел рехта буд. Баъди резиш аз туннели њаводињанда њафтод њазор мукааб метр сангу хокњоро берун кашида буданд. Дар саќф ѓори калоне пайдо гардид, хокро аз боло мекашиданд ва ин амал тамоман бефоида анљом меёфт. Њамин боис шуд, ки чун наќбкании туннели мошинрав ба ин минтаќа расид, ин љо њам резиш кард. Зеро таркиби хок якранг суст ва резишї буд.

Барои нигоњ доштани резиш ва бартараф кардани он аввал саќфи туннелро бо мошини пармагарї сўрох карда, тавассути дастгоњи махсус ба маѓзи сангу хок ба фишори се атмосфера дуѓоби сементї тазриќ намудем

Page 184: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

184

15-бањори Истиќлол

(фиристодем), то ки ин сангу хок ба њамдигар часпида, яклухт шаванду нарезанд. Баъзе ваќт мо то як саду панљоњ тонна сементро дуѓоб месохтем ва ба ин кори мустањкамкунї истифода менамудем. Ба семент маводи махсус њамроњ мекардем, то хосияти гириши он афзун шавад ва ба сангњо часпад. Баъд арматурањои нўњметраро ба зовияи понздањ дараља мезадем, то ки ин арматурањо саќфи туннелро ќоим нигоњ доранд. Ва пас аз зери он бо эњтиёт хокро бардошта, арк мегузоштему бетон мекардем ва њамин тавр тадриљан пеш мерафтем.

Барои корњои мустањкамкунї насосњои махсуси дуѓобфишордињии сементї, арматурањо, инчунин мутахассисони ин корро аз Эрон ворид намудем. Ба њамин тарз амал намуда, дар оѓози моњи ноябри њамон сол резиши туннелњои мошинрав ва њаводињандаро бартараф кардем. Дар баъзе минтаќањо резиши дубора ба амал омада, арматураю дигар филизоти мустањкамуниро мешикаст. Вале мо бо њамон усул резишњои такрориро низ тањким мебахшидем.

Агар дар асоси пешбинии он коршиноси финляндї њафтае як метр резишро мустањкам менамудем, барои рафъи чилу шаш метри резиши ба амал омада, фаќат дар туннели мошинрав ёздањ моњ лозим буд. Вале барои бартараф сохтани ин резиши хеле мураккаб ба мо чилу панљ рўзи тайёрї ва панљ моњи зањмат зарур шуд. Ва дар њар ду туннел шароити оддии кор муњайё сохтем.

Аммо бояд тазаккур дод, ки тамоми минтаќаи љануб то њазор метри аввал санги нарму суст ва хоки резишї дошт. Ба њамин љињат зарур омад, ки њар як ваљаби туннелро ба таври илова мустањкам кунем, ки ба он њам арматура лозим шуду њам семент ва дигар маводи тањкимбахшї.

Page 185: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

185

наср ва назм

Бо вуљуди ин мушкилоти мустањкамкунии минтаќаи резиш баъди он ки масъулияти пуружаро ба дўши худ гирифтам, то аввали моњи декабри соли ду њазору чор пешравї ба њисоби миёна моње сї- чил метр буд, аммо моњи декабри њамон сол як саду панљоњ метр ва сипас моњи январи соли ду њазору панљ се саду панљоњ метр гардид…

Оре, муњандиси фозилу доно ва содиќу сарсупурдаи кор љаноби Алї Мўсавї Рањимї баъди бартараф намудани резиши душвортарини туннелњои мошинраву њаводињандаи самти љанубї мудири кулли пуружаи Анзоб таъйин гардид. Ва дар кори туннелсозии Анзоб њам гардиши бузурге ба амал омад. Ў ќабл аз њама ба мухассисини маслакии соњаи туннелсозии кишвари Эрон такя намуда, як теъдод муњандисонеро, ки дар сохтмони садди Коруни Се бо мошинолоту дастгоњњои муосир кор карда, таљрибаи фаровон андўхта буданд, ба кори туннели Анзоб даъват намуд. Таљњизоту мошинњои зарурї, пурзаљот, ќисмњои эњтиётї, сомону дастгоњњои пармагарї ва наќбканиро ба таври комил ворид кард. Љаноби мудири пуружа њамчунин бо муњандисон ва коргарони Тољикистон, ки дар туннелсозї собиќаи хуб доштанд, њамкории ќавї барќарор кард. Дар фарљоми ин чораљўињо пешравии кор пайваста афзун шудан гирифт. Туннелсозони самтњои шимолию љанубии Анзоб љамъан моње то сесаду панљоњ, чорсаду шаст, чорсаду навад метрї наќб канданд. Њатто натиљаи туннелсозї дар моњи декабри соли гузашта ба шашсаду сиву панљ метр расид, ки ин њаќиќатан њам рекорди љањонї њисоб мешавад! Зеро то алњол дар ягон гўшаи олам дар соњаи туннелсозї ва бо чунин шароити вазнин ин хел натиљаи олї ба даст оварда нашудааст.

Page 186: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

186

15-бањори Истиќлол

— Маќсади олии зиндагиам – анљоми сохтмони Анзоб, - гуфт дар як сўњбат љаноби мудири пуружа оѓои Алї Мўсавї Рањимї ва чунин илова намуд: - Бузургтарин орзуи зиндагиам њамин аст, ки бо мадади Худо, бо ёрии давлат ва миллати Тољикистон, бо њамкории бародарони тољик, ки ин љо њамроњи мо шабонарўз зањмат мекашанд, ин туннелро сари ваќт ва бо кайфияти хуб, иншоаллоњ тамом кунам ва бисупорам. Агар Худованд ба ман ин имконро бидињад, то ин вазифаро ба анљом расонам, баъд аз ин фикр намекунам, ки орзуи чандоне дошта бошам…

Дар фарљоми зањматњо, бедорхобињо, љустуљўю тадорукоти зиёд љаноби Алї Мўсавї Рањимї ба орзуи олии худ расид, туннели мўњташам ва мўъљизавии Анзобро бо сифати баланд сохта, ба давлат ва миллати Тољикистон њадя намуд.

Акнун дар пеш навбати сохтмони туннели Шањрис-тон аст.

Page 187: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

187

наср ва назм

Њољї МУРОД

УШШОЌИ АНЗОБ

Њусни замона дорад тарњи диёри Анзоб,Рези тарона дорад юмни барори Анзоб.Бармоли нуќракўбаш боѓи њавас кушояд,Људи каёна дорад расми нисори Анзоб.Осори пуштакўњаш бурдаст аз шафаќ ранг,Њар дам забона дорад аз лолазори Анзоб.Бас Кавсар аст љорї дар пои теѓабандаш,Садњо дањона дорад то рўдбори Анзоб.Аз бомдоди ваќташ атри бунафша хезад,Шўр аз фасона дорад љўши нигори Анзоб.Амвољ табъ чида, Варзобро муѓаннист,Чангу чаѓона дорад аз обшори Анзоб…Дар љилва бо љалолат њар ќуллае фурўзонНому нишона дорад чун посдори Анзоб.

НАЌБКАН Ба бунёдгарони наќби Анзоб

Ба ќаъри зулмати сангин, чароѓи аќл пешорўйБиљўї чораи омолро дар пои имонат.Ба њар каф регу гил, ки зањмати ту мекашад берун,Дуъо таќдим медорад малак бар расми эњсонат,Ниёиш мерасад аз фитрати гардун.

Зи њар гарде, ки мегардад бадар з-ин мазраъи эъљозНазарро медињї об аз шукуфтанњои фардоят.Паи њар лањзаи пайкор дастонест нотакрор,Ќаламдодаст бо шоистагї аз лавни иншоят,Дарак меорадат аз нусрати зинњор.

Page 188: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

188

15-бањори Истиќлол

Надорад тоби зарби зулфиќори обдорат санг,Дамодам дар шикастан сурати бунёди тамкин аст.Зи њавлоњавлии таслим дар ин разми љонафрўзХуш андар хуш фурўзон ояти бедори ойин аст,Таманноро масофи туст пандомўз…

Нафасро мешуморї бо дами субњи шаќоиќхез,Њамора то замоне мефарояд сояи шомат,Нишоти туст аз манзумаи боѓи њавас саршор,Ки аз ў медамад гулгун фурўѓи бодаву љомат,Њалолат бод ин нашъи саодатёр!

Ба мизони њунар аз иштиёќ андоза мегирїБа арзу тўл сар то по њудуди корзоратро.Навори тозаи ёдат танини хуш биандозад,Ба њар боре, ки бо фархундагї бинї бароратро,Ба ављи лоязолї дил сар афрозад.

Нишони мустаќимат аз заковат бањра бардорад,Њадаф аз ростии роњи ишќат њаст бархурдор.Салои фурсат ин рўзат гузорад бо шукуфоїБа меъоде, ки аз осори васлат њаст шаъшаъбор,Тараб меболад аз њусни пазирої…

Мароми ваќти якрав бар ќади андешаат љорист,Гуморї дар њади матлаб инони ихтиёрашро.Маќоми орзу аз суннати ањдат чаманхез аст,Пазиро бо сипосї суфраи файзи нисорашро,Љамоли шавќат аз ин арљ гулбез аст.

Зи пиндорат ба арзи кулл замондор аст кирдорат,Ки њар дам рўбарў дарљ аст дар ойинаи њангом.Ту медонї, ки бар оянда аз ин сангари уммед

Page 189: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

189

наср ва назм

Ба шукри лутф пайки рўзгорат мебарад пайѓом,Кафиланд аз рањи паймон мању хуршед.

Таљаллї медињї аз юмни мењнат бо сафои сидќЌудуми рўзро дар соњати инкори аз инкор.Ќиёмашро зи музди кайфу кам меофарї маъмур,Фазоро менигорї аз љалоли бахт миннатдор,Бисоташро зи њикмат мекунї манзур…

Камоли доругират њайратафрўз аст њимматро,Ки нав-нав ранг мебандад зи ќадраш чењраи армон.Њаќиќатро дигар подоши ў мазмуни оњанг аст,Шукўњаш бо низоми бениёзї мезанад љавлон,Муљассам хилќаташ аз зевари нанг аст.

ЃАЗАЛИ НАЌБКАНОН

Ќавлу ќасами мо ба рањи фатњи маром аст,Шоистаи арљ аз назари ишќи тамом аст.Њарфе, ки ба зинњор раќам гашт зи тадбир,Њар лањза паяш бо нафаси ваќт чу вом аст.Саршори нишотем зи ойини таманно,Болида аз ў завќу чаманбўй машом аст.Дорем талош аз насаби нанг фурўзон,Аз њиммати ў ќомати армон ба ќиём аст…Уммед чароѓест сари зулмати бедард,То манзари васлат ба ќадаш расми низом аст.Эъмори шукўњ аст аз ин соњати эъљоз,Њар зинаи нусрат ба ќадаш ном ба ном аст…Пайдост, ки з-ин марњала бо њавсала мороАйём чу тањриргари арзи маќом аст.

Page 190: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

190

15-бањори Истиќлол

РУБОИЁТИ МАЙХЎРА

Дар Майхўра наќб мезанад дасти њунар,Рањљўст дар ў зи миннати љўши шарар.Њар лањзаи ў ба ќимати зањмату нангАз фурсати васлат аст шањболи хабар.

Дар Майхўра аз ваљди фазо лола шукуфт,Болотари ў шукўњи сарёла шукуфт.Андохт ба ин ваљоњати ваќт нигоњ,Њусни назари духтари ќинѓола шукуфт.

Дар Майхўра разми зулмату нур бапост,Њангома варо зи шеваи нанг атост.Ин доду ситад, ки васлат ўрост замон,Армони њазорсолаи мардуми мост.

Дар Майхўра боз нам-нами борон аст,Барќад њади ў зи лолазор алвон аст.Дар синаи шах аз ин шукуфоии ваќтБо розу ниёзу нанг користон аст.

Аз Майхўра наќл аст дигар молу манол,Наќл аст зи људи мењнату музди њалол.Наќл аст сазовор чу подоши амалИмрўзу пагоњу моњвору њама сол.

Аз Майхўра рањ пўї агар, лола бичин,Њар лола зи жолабори имсола бичин.Андоз ба сартеѓ назар, лолаи завќАз домани љилвазори сарёла бичин.

Аз Майхўра шањроњи замон мегузарад,Бо наќши нишоти бекарон мегузарад.

Page 191: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

191

наср ва назм

Хезад ба ќадаш зулолии нуру булўр,Гўї пайи ваќт Кањкашон мегузарад.

Аз Майхўраву Аѓбаи Уштур рањи мост,Бар њар рањии замона дархур рањи мост.Наќб аст дигар ваљоњати дидаи шавќ,Бо хилќати ин фазои дилпур рањи мост.

Аз Майхўра рањ ба номи фардо бубарем,Омол ба сад ранги шукуфо бубарем.Ваљњи ќадами умед наќб аст дигар,Дунёи њавасро ба тамошо бубарем.

Наќби шахи Майхўра њади шодии мост,Љавлони шукўњ аз рањи ободии мост.Њар лањзаи ў, ки мешикофад дили санг,Як сафња зи бозтоби озодии мост!

РУБОИЁТИ УШТУРАЃБА

Эй Аѓбаи Уштур, ки ба пеши назаратЊар рўз бурун кашем санги љигарат.Аз њиммати он шукуфа хезад њама солДар доману дар синаву пушти камарат.

Эй Аѓбаи Уштур, зи ту монад чу нишон,Наќбе, ки зи ќадри рўз афтод гарон.Акнун бинигорад дилат ангораи нурБо њар нафаси насибаи набзи замон.

Эй Аѓбаи Уштур, гузарем аз дили ту,Дар дида дигар барем гарди гили ту.Афрўхта дар сина аз ин музд чаман,Оро бидињем аз аљри гул мањфили ту.

Page 192: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

192

15-бањори Истиќлол

Эй Аѓбаи Уштур, њади овозаи туПерост зи ќадри њусн андозаи ту.З-ин пас ба замон чу фитрати зевари завќНашр аст паёми гули шерозаи ту.

Аз Аѓбаи Уштур, ки дигар соли тамомДар хидмати зиндагист, бо арзи ќиём—Мардум ба мурод биспарад роњи умед,Шукрона гузорад аз паи зикри калом.

Бо роњи њазорсолањо аз паи дод,Ай Аѓбаи Уштур, бирасидї ба мурод.Дар сафњаи ваќт баъд аз ин њарф ба њарфДарљ аст туро фасоњати ранги нињод.

Дар Аѓбаи Уштур љигари санг канем,Рањ аз паи бедории фарњанг канем.Саф дар саф агарчи њаст сад сангари шах,Њар сангари ў ба тешаи нанг канем.

Дар Аѓбаи Уштур сари шаб жола бизад,Аз жола фазои Мањ ба ќад њола бизад.Субњ омаду аз бунафшабўии шафаќ,Бар гунбади ёлазор гуллола бизад.

Дар Аѓбаи Уштур, ки сари кор задем,Наќбаш ба муроди дили бедор задем.То даст дињад ба кўтањї роњи дароз,Њар теша ба санг аз сари зинњор задем.

Эй Аѓбаи Уштур, ту љалоли заманї,Бо кайфу камии хеш боли суханї.Наќби ту кафолат аст садњо сари сол,Бо шеваи созанда љамоли Ватанї!

Page 193: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

193

наср ва назм

Ширин БУНЁД

ЊАФТ БУРЉИ ТОЉИКИСТОН

Њафт бурљи Тољикистон њафт рукни олам аст,Њафт бурљи Тољикистон њафт пушти одам аст.

Њафт бурљи Тољикистон њафт шањзоди худо,Њафт бурљи Тољикистон њафт эљоди худо.

Тољикистон аст бо Раштони мо хуш давлате,Тољикистон бе гули Раштон надорад савлате.

Тољикистон пурљило аз ранги кўњистони хеш,Тољикистон Тољикистон нест бе Хатлони хеш.

Тољикистон бо Хуљандаш бо сару сомона аст,Тољикистон бе Хуљандаш гўшаи вайрона аст.

Тољикистон бо Зарафшон аст боѓи пурсамар,Тољикистон бе Зарафшон зар надорад дар камар.

Тољикистон бо Њисори Шодмонаш шод бод,Бо Њисори шодмонаш хонаи обод бод!

Тољикистон Вахш дорад, Вахши ганљафшони худ,Тољикистон гўшаи танг аст бе Вахшони худ.

Тољикистон бо Бадахшон марди якљону тан аст,Тољикистон бе Бадахшон хонаи беравзан аст….

Њафт бурљи Тољикистон њафт ризвони ман аст,Њафт бурљи Тољикистон њафт ахвони ман аст.

Page 194: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

194

15-бањори Истиќлол

ВАЊДАТ ДАР ОСТОНАИ ДАРВОЗ

Шоњроњи Кўлоб-Дарвозробо нохун бошад њам, месозем!

Э.Ш. Рањмонов

Дарвоз биё, ки гул ба шохи ноз аст,Ба мо бинишин, ки айни лутфу роз аст.

Бо мо бинишин бародари љонии мо,Гулпардаи љони мо-т пойандоз аст.

Љои ту даруни љони љон аст, биё,Дар дидаи мо мењри ту аксандоз аст.

Аз баъди људоињову дуриву фироќ,Дидори бародарон чи рўњпардоз аст.

Дар њасрати рўи Хољамўъмин, гирам,Ду дида ба роњ Шоњи Тирандоз аст.

Пазмони туам ва гар ту пазмони манї,Бихром, ки айни раќсу дастандоз аст.

Дарвоз биё, ки гўшаи Дарвозам,Хушгилтар аз Исфањону аз Шероз аст.

Гар манзили хуштаре бихоњї, гирам,Як пора бињишт гўшаи Барвоз аст.

Ай дўст биё, биё Бадахшон биравем,Он љой Хумойи бахт дар парвоз аст.

Page 195: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

195

наср ва назм

Бархезу биё, чу соњиби хона биё,Дарвозаи Дарвоз ба рўят боз аст.

ЉАШНИ ИСТИЌЛОЛ

Тирамањ дар рању дар сина бањоре хандон,Барги тиллои сари шохи чаноре хандон.Офтоб аз паси як теѓа чу ёре хандон.Модари Боми Љањон бурда шиоре хандон:Љовидон бод бањоре ба диёре хандон!

Тўдаи марду занон бозикунон меояд,Аз дили шањраки ман сели равон меояд,Сели мардум зи паи сулњи љањон меояд.Ѓарќа дар гул шуда бар раѓми хазон меояд,Ай хазон бош! Ки шуд лайлу нањоре хандон.

Панљ имрўз дигаргуна навое дорад,Мурѓи дил аз ќафасе майли њавое дорад.Субњи Шуѓнон дигаргуна сафое дорад,Ёри дерина чи хуш нозу адое дорад,Гўї дар сањни чаман маст њазоре хандон.

Кўчањо лаб зада аз сурху сафедию кабуд,Кучањо лаб зада аз мављаи одам чун руд,Њамагон даст ба дасту њама бо созу суруд,Њама хонанд саное, њама гўянд дуруд,Бурљу бора њама хандону њисоре хандон.

Ин чї ид аст, к-аз он бахт ба фармони ман аст,Вањдати мардуми боору баимони ман аст,Иди иќболу саодат шарафу шони ман аст,Тозарў аз нафасаш боз Бадахшони ман аст,Пиру барно њама хандон, гулу хоре хандон.

Page 196: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

196

15-бањори Истиќлол

Одина МИРАК

ИМРЎЗ – ШУО, ФАРДО – ОФТОБ

Як шуои равшане аз дур метобад ба чашм,Як шуои равшане дилро фурўзон мекунад.Гарчи чун истора метобад, вале истора нест,Гарму ширин асту бўйи Тољикистон мекунад.

Ин шуо афзалтар аз шамъ асту наљму офтоб,Рўзу шаб њамвора оламро мунаввар мекунад.Хира аз абре намегардад, намедонад ѓуруб,Рўзу шаб пайваста дилњоро мусаххар мекунад.

Ин шуо афзалтар аз шамъ асту наљму офтоб,Мисли онњо лањза-лањза кам на, афзун мешавад.Дар масири сайри худ аз дур то девори љон,Зиндагибахши њазорон дашту њомун мешавад.

Ин шуо афсонаи мурѓи њумо орад ба ёд,К-ў барои мардуме аз ноаён бахт оварад.Ин шуо, ин мурѓи бахти Тољикистони ман аст,Бенавоёнро наво бахшад, сари тахт оварад.

Ин шуо, ин мурѓи бахт аз сарзамини орзуВ-аз биёбони заковатњо ба парвоз омада.Гарчи њоло чун саробе, чун шињобе тобад он,Офтоберо ба хоки Шарќ оѓоз омада.

Ин шуо, ин мурѓи бахт аз ќалби Роѓун мерасад,Бар тани тољик чун обе ба дашти ташналаб.Ин шуо, ин мурѓи бахт аз Сангтўда пар занад,Мужда меорад зи фардои пур аз базму тараб.

Page 197: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

197

наср ва назм

САРИ ПУЛАК

Агар дорї дили равшан, Сари Пулак1 тамошо кун,Агар хоњї љањон дидан, Сари Пулак тамошо кун.Замини бесамар умре, маконе ѓору љар умре,Гулафшон бењтар аз гулшан, Сари Пулак тамошо кун.Ба пои кўњи гардунсо, чу ёри хушќаду боло,Ба рўи њамчу мањ равшан, Сари Пулак тамошо кун.На обе дошт, не хоке, на нуре дошт, не њуре,Шукуфон маъману барзан, Сари Пулак тамошо кун.Њавас худ меравад сўяш, ба њар љо бишнавад бўяш,Нигар мўъљизаи маскан, Сари Пулак тамошо кун.Ба дил мењру вафо орад, ба сар нуру сафо борад,Надида кас чунин махзан, Сари Пулак тамошо кун.Агар дорї дили равшан, агар хоњї љањон дидан,Сари Пулак, Сари Пулак, Сари Пулак тамошо кун.

ШАЊРИ РОЃУН

Эй чашми пурнур,Эй ќалби пуршўр,Эй лутфи наздик,Эй љони рањдур,

Бар шањри РоѓунБоре сафар кун,Равшан зи њуснашНури басар кун.

Рўи заминашЧун ќуллакўњ аст,

1. Пулак – Яке аз мањаллањои шањри Роѓун.

Page 198: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

198

15-бањори Истиќлол

Њар ќуллаи кўњБас пуршукўњ аст.

Мўъљиза ин љо,Афсона ин љо.Сар то ба гардунЊар хона ин љо.

Наќшу нигорашДил мерабояд.Хушбў канорашЉон мефизояд.

Фаввораи нур,Фаввораи об,Бар дида оядЧун ширмањтоб.

Њар чашм ин љоСаршори барќ аст.Њар чашм гўїХуршеди шарќ аст.

Эй чашми пурнур,Эй ќалби пуршўр,Эй лутфи наздик,Эй љони рањдур,

Бар шањри РоѓунБоре сафар кун.Дар шањри Роѓун.Як шаб сањар кун.

Page 199: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

199

наср ва назм

ШАБЊОИ РОЃУН

Шабњои РоѓунИсторазоранд.ИсторањояшАфсонаворанд.

Дона ба дона,Рангин, мунаќќаш.Шадда ба шадда,Чун барги оташ.

Як сў саросарРангинкамонанд.Як сўи дигарЧун Кањкашонанд.

Дар кўњпораМављи шарора.Дар њар шарораСадњо ситора.

Андар баландїМайдон мунаввар.Дар зер дарёЧун љон мунаввар.

Бар шањр дарёОина гашта.Оинаи дилДар сина гашта.

Page 200: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

200

15-бањори Истиќлол

Аз партави шабДарё муљалло.Дарё барад шањрСањро ба сањро.

Шабњои РоѓунИсторазоранд.Исторазоранд,Афсонаворанд.

МАЙДОН

Њар ки Оби Гарм дида, дида Майдони варо,Дењае андар баландї нимвайрони варо.Аз фарози љо агарчї, бегумон, масрур буд,Аз фароѓатњои дунё дења аммо дур буд.Дар дили рўзу шабон рўзу шаби торик дошт,Бар љањони бекарон пайроњае борик дошт.Њар ќадам пайроњаро дар каф нињон будї хатар,Рањравонаш, эй басо бар зери љар мегашт љар.Навбањорон дар канораш гарчї лола мешукуфт,Доѓи њасрат дар дилаш њамчун пиёла мешукуфт.Доманаш аз сабза гарчї дар бањорон сабз буд,Ранги зардаш дидаи ањли назарро марабуд…Њар ки Оби Гарм дида, дида Майдони варо,Ин замон шањре ба хубї рашки бўстони варо.

Page 201: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

201

наср ва назм

Холназар МУЊАББАТОВ

ФАЙЗИ ИСТИЌЛОЛ

Соли равон мардуми шарифи Тољикистон ва дўстону пайвандони он дар тамоми гўшаю канори дунё 15-умин солгарди истиќлоли онро бо хушнудї љашн мегиранд.

Дар харитаи сиёсии љањон пайдо гардидани давлати мустаќил бо номи Тољикистон нишонаи аз нав эњё шудани умеду ормонњои њазорсолаи мардуми тољикро аз замони давраи Сомониён таљассум менамояд. Набояд фаромўш кард, ки хишти аввали ин бино дар солњои аввали Њокимияти Шўравї гузошта шуд. Бањри дар дохили давлати Шўравї таъсис ёфтани љумњурии автономї ва минбаъд соли 1929 Љумњурии Тољикистон талошу љонбозињои фарзандони некноми он Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдуќодир Муњиддинов Аб дурањим Њољибоев ва устодон Садриддин Айнию Абул-ќосим Лоњутї сањми нињоят бузург бозид. Яке аз олимони забардасти фаронсавї Реклю дар асари калонњаљми худ бо номи «Всемирная география» («Географияи умумиљањонї»), ки соли 1886 ба табъ расид, навиштааст, ки «тамоми сайёњатчиёне, ки ба Осиёи Марказї, пеш аз њама ба шањрњои ќадимии Самарќанду Бухоро, Марву Истаравшан сафар мекунанд, пеш аз њама забони форсиро бояд донанд. Зеро бо ин забон тамоми ашроф гуфтугузор мекунад ва коргузорї низ дар ин кишвар ба њамин забон сурат мегирад». Академик В. Бартольд соли 1925 дар маќолааш бо номи «Тољикон» (асарњо, љилди 9) хеле њасрат намудаст, ки чаро миллатњои кўчманчї дар њудуди Иттињоди Шўравї соњиби љумњурї гаштаанду

Page 202: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

202

15-бањори Истиќлол

тољикон, ки дорои таъриху фарњанги њазорсолаанд, дар гўшаи фаромўшї мондаанд.

Нисбат ба таъриху фарњанги тољикон олимону сайёњатчиёни рус, аз ќабили А. Миддендорф, Н. Ханы-ков, К. Арандаренко, А. Шишов ва дигарон таваљљўњи хоса зоњир намудаанд. Махсусан А. Шишов дар китоби калонњаљми худ бо номи «Тољикон», ки соли 1910 дар Тошканд нашр гардид, нисбат ба љойгиршавї, анъанањои миллї, фарќияти антропологї, расму ойин ва дигар хусусиятњои тољикон бањои баланд додааст.

Солњои Њокимияти Шўравї олимону адибон ва арбобони сиёсї низ нисбат ба сарзамини Тољикистон ва алалхусус таъриху тамаддуни он таваљљўњи хос зо-њир намуданд. Аз ин хотир солњои 1928 –1932 ба ин киш вар экспедитсияи калони илмию комплексї бо номи тољику помир дар њайати олимони шўњрати љањонї Н. П. Горбунов, Н. И. Вавилов, Н. Е. Ферсман, Д. В. Наливкин, Е. Н. Павловский ва дигарон фиристода шуд. Натиљаи кори экспедитсия дар Конференсияи махсуси илмии Академияи илмњои СССР (соли 1933) бо иштироки президенти АФ СССР академик А. П. Карпинский љамъбаст карда шуд. Сардори экспедитсияи комплексии АФ СССР академик Н. П. Горбунов дар оѓози Конференсия чунин гуфта буд: «Тољикистон кишвари ќадимтарини зироаткорї мебошад. Дар он њанўз дар сароѓози таърихи тамаддуни инсоният маданияти муњимми зироаткорї пайдо шудааст. Тољикистони ќадим намуди зироатњои зиёдеро офарида, такмил дода, њатто баъзеашонро ба дараљаи камолот расонидааст».1

1. Горбунов Н. П. Таджикская комплексная экспедиция. Нашр. АФ СССР, Ленинград, 1933, сањ. 13

Page 203: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

203

наср ва назм

Вале набояд фаромўш кард, ки Тољикистони кўчак дар баробари дўстони зиёд боз душманони бадкинаю њасадхўр низ дошт, ки бо њар роњ мекўшиданд то ба пешравии иќтисодиёту фарњанги он халал расонанд. Онњо ин аламу рашки худро њатто баъди истиќлоли Тољикистон (соли 1991) низ хостанд, ки амалї намоянд. Риштаи мањалгарої, ки дер боз дар вуљуди мардуми тољик банду баст шуда буд, барои душманони њам берунию њам дохилї воситаи асосии барангехтани онњо гардид. Дар ин љанги шањрвандї њазорњо мар-думи бегуноњ кушта шуда, садњо дењаю хонањои обод ба хок яксон карда шуданд. Мутахассисон зарари моддии љанги шањрвандиро дар Тољикистон ба 7 млрд. доллари амрикої бањо медињанд. Аз рўи њисоботи баъзе иќтисодчиёни љиддии мамлакат ин зарари моддї ба 15 млрд. доллари амрикої баробар меояд. Вале аз рўи баъзе нишондињандањои дигар, махсусан тањќири занону кўдакони тољик дар сарњади бегона, ѓорати молу амволи онњо, пањншавии беморињои сирояткунанда, таваллуди зиёди кўдакони ноќисулаќл ва ѓайра дар якљоягї аз 20 млрд. доллар афзун меояд! Оё зарари аз љумњурї фирор кардани мутахассисони баландихтисос, олимону адибон, духтурону муњандисонро ягон кас њисоб кардааст? Барои тайёр намудани як мутахассис чи ќадар маблаѓ сарф шудааст?

Дар њама давру замон ќуввањои интеллектуалї (аќлонї)-ро асоси мустањкамии иќтисодї ва пойдорию пешравии ќуввањои истењсолї њисоб мекунанд. Зеро њар кашифиёту навоварии олимону мутахассисон ба љамъият садњо миллион доллар фоида меоварад. Бењуда америкоињою љопонињо аз Россия ва давлатњои Аврупо садњо мутахассисону олимонро ба ивази сарфу харољоти зиёд ба кишвари худ набурдаанд.

Page 204: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

204

15-бањори Истиќлол

Душманони берунию дохилии Тољикистон то тавонистанд бо њазор найранг зиддиятњои дохилиро тезу тунд карда, муттањидии онро халалдор менамуданд. Азбаски руњиян мардуми тољик љангљўй нестанд, бинобар ин, аќли солим боло гирифт. Дар баробари љидду љањд ва талошњои Президенти кишвар Э. Рањмонов ва сарварони мухолифин, сањми Россияю Эрон ва бахше аз сиёсатмадорони он хеле бузург аст.

Натиљаи сулњи тољикон ва дар як муддати кўтоњ бо њам омадану ба кори ободонии кишвар даст задани бошандагони љумњурї дар тамоми дунё њамовозии зиёд ба амал овард. Дар сатњи Ташкилоти Давлатњои Муттањида таљрибаи сулњи тољикон маќоми хос пайдо кард ва барои омўзиши он ба Тољикистон намояндагони бисёр давлатњои љањон ташриф оварданд. Обрўй ва эътибори Тољикистон сол аз сол баланд шуда, равобити иќтисодии он васеъ мегардид. Дар ин муддат Президенти Тољикистон дар бисёр форумњои байналмилалї суханронї намуда, таклифњои хеле судмандро пешнињод намуд, ки ба ин васила мавќеи мамлакат дар арсаи умумиљањонї боз њам мустањкам мешуд.

Пешнињоди навбатии Президенти кишвар Э. Рањ монов аз минбари иљлосияи 54-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттањид дар бораи «Соли байнал милалии оби тоза» эълон намудани соли 2003 дар саросари љањон мавриди таваљљўњу дастгирии ањли башар ќарор гирифт.

Баъди истиќлол Тољикистон на ин ки аз љињати сиёсї мавќеи худро дар миќёси љањон пойдор намуд, балки аз љињати иќтисодї низ ба нишондињандањои назаррас ноил гардид. Суръати афзоиши маљмўи мањсулоти дохилї (ВВП) соли 1998 агар 5,3% ташкил

Page 205: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

205

наср ва назм

карда бошад, пас соли 2003 ин нишондињанда 10,2% ва њоло бошад, зиёда аз 11%-ро ташкил менамояд.

Дар њама давру замон ба даст овардани истиќлолият боз маънои онро дорад, ки боигарињои табиї бояд зери назорати доимї бошанд ва ба манфиати халќ истифода бурда шаванд. Ќадамњои аввалини Њукумати Тољикистон оид ба коркарду истифодаи сарватњои табиї, пеш аз њама истихрољи тилло, нуќра, металлњои ранга ва захирањои об ба талаботи шароити имрўза љавобгўй мебошанд. Махсусан манбаъњои оби кўлу дарёњои Тољикистон бузургтарин боигарии кишварро ташкил медињанд.

Шароити табиии Тољикистон барои пайдоиши як зумра дарёњои пуробу шўхи кўњї имконият ба амал овардааст. Аз њудуди љумњурї калонтарин дарёњои Осиёи Марказї: Ому, Панљ, Вахш, Сир, Кофарнињон, Зарафшон ва ѓайра мегузаранд. Онњо миллионњо гектар замину боѓу роѓ, сохтмон ва корхонањои саноатиро бо об таъмин мекунанд.

Њоло дар љумњурї зиёда аз њазор дарёю дарёча бо дарозии бештар аз 30 њазор км сабт шудааст. Њамаи ин дарёњо ба њавзаи ду дарёи азими Ому ва Сир тааллуќ доранд. Њавзаи дарёи Ому ба 227 њазор километри мураббаъ расида, нињоят васеъ аст ва сарњади он то ноњияњои баландкўњ, ки асоси пайдоиши дарёњост, идома ёфтааст. Ин сарњад асосан дар шимол дар ќаторкўњњои Олою Туркистон, дар Шарќ бо кўњњои Сарикўл ва дар љануб дар кўњњои Њиндукуш воќеъ гардидааст.

Тўли умумии дарёи Ому ба 2620 км расида, њаљми оби он назар ба дарёи Сир се маротиба зиёд аст. Аз љињати њаљми об ќариб ба дарёи бузургтарини Африко дарёи Нил баробар аст. Дар њудуди Тољикистон дарозии ин дарё њамагї ба 85 км расида, баъди њамроњ шудани рўдњои Панљу Вахш ба худ номи Омуро мегирад. Дарёи

Page 206: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

206

15-бањори Истиќлол

Ому шоњиди бисёр воќеањои таърихї мебошад. Ба воситаи ин дарё равобити иќтисодии давлатњои гуногун дар замонњои ќадим ривољ меёфт ва бисёр тољирон аз Руму Бобулистон ва Юнони ќадим бо ин љо тиљорат мекарданд. «Хазинаи Ому», ки бостоншиносон дар соњили ин дарё пайдо карданд, далели дурустии нуктаи мазкур аст. «Хазинаи Ому» соли 1987 дар љойи бо њам пайвастани Вахшу Панљ ёфт шуда буд ва он аз соли 1897 то њол дар Музеи Бритониё мањфуз аст. Мувофиќи маълумоти таърихї зимистони соли 1878 ин ганљина аз соњилњои Ому берун рафта, ба дасти љаллобони шањри Равалпинди афтод. Тољирони бухорої Вазиуддин ва Ѓуломмуњаммад ин ганљинаро ба генерал-майори англис А. Капнингем, нигоњбони осори ќадимаи Музеи Бритониё О. Френкс ва директори роњи оњани Њиндустон А. Грент фурўхтанд. Дертар њиссаи бештари онро О. Френкс харида, соли 1896 бо васиќа ба Музеи Бритония васият кард. Дар фењрасти Вазиуддин ишора шудааст, ки дар кўлбори сафарии онњо чанд зарфи тиллої, пайкарањои хурди тиллоиву нуќрагї, ороишот, инчунин дастпонаи калону заррин мављуд буд. Соли 1976 бо роњбарии олими маъруф ва бостоншинос Б. А. Литвинский боќимондаи «Хазинаи Ому» ёфт шуд. Бисёр бозёфтњо аз равобити иќтисодию фарњангии Юнону Бохтар гувоњї медињад.

Яке аз шохоби асосии дарёи Ому ва серобтарин дарёи љумњурї Панљ баъди бо њам пайвастани дарёњои Вахону Помир ин номро ба худ гирифта, бештар аз 900 км дарозї дорад. Ин дарё дар мавзеи Бадахшон бо њамроњ шудани дарёю рўдњои зиёд хеле сероб мегардад. Ин дарё аз сарњади љанубии Тољикистон низ дар масофаи садњо километр љорї мебошад. Дарёи Панљ иќтидори бузурги нерўофаринї дорад ва аз рўи

Page 207: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

207

наср ва назм

наќшањои пешбинишуда солњои минбаъда дар ин љо якчанд нерўгоњњои барќии обї сохтан мумкин аст.

Шохоби дигари Ому дарёи Вахш аст. Маљрои дарёи Вахш 524 км аст ва он аз пиряхњои Федченко ва Ќирѓизистон (дарёи Ќизилсу) сарчашма мегирад. Ин ду дарёча якљо шуда, Сурхоб ном мегирад. Дарёи Сурхоб њамроњ бо дарёњои Сорбоѓ, Сангинкамар серобтар шуда, дар дењаи Сарипул бо дарёи Хингоб њамроњ мешаваду номи Вахшро мегирад. Аз рўи њисобњои мављуда њамагї ба њавзаи дарёи Вахш 6276 дарё ва дарёчањои хурд бо дарозии умумии 17073 км ворид мегарданд.

Дарёи Кофарнињон аз љанубии доманакўњњои Њи-сор сарчашма гирифта, 387 км дарозї дорад. Ин дарё аз ба њам пайвастани дарёњои кўњии Сорбо ва Сардаи Миёна дар дењаи Ромит номи Кофарнињонро гирифта, манбаи оби он аз пиряху барфњои доимї иборат аст. Дарёи Кофарнињон дар масоњати хеле васеъ водии Њисорро шодоб мегардонад. Дар маљрои худ бо дарёи Варзоб якљоя шуда, бо сарњади вилояти Сурхондарёи Ўзбекистон то водии Ќубодиёну Шањритус расида, бо дарёи Ому њамроњ мешавад. Аз оби ин дарё инчунин киштзори Ўзбекистон ва ноњияи Ќубодиён васеъ истифода мебаранд.

Дарёи Зарафшон аз рўи маълумотњои обнигорї (гидрографї) ва мавќеи худ ба њавзаи дарёи Ому ман суб аст. Вале дањсолањост, ки оби ин дарё ба ман-зил намерасад. Дар ќисми ѓарбии ноњия талабот ба об нињоят калон аст ва тамоми сањроњои вилояти Самарќанду Бухоро онро ба дараљае истифода мекунанд, ки маљрои худро гум мекунад. Дар оянда истифодаи заминњои саргањи Зарафшон талаботро ба оби ин дарё зиёд менамояд. Шохобњои Зарафшон - дарёњои Яѓноб, Фон, Искандардарё, Моѓиён тезобу шўх буда,

Page 208: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

208

15-бањори Истиќлол

аз барфу пиряхњо ѓизо мегирад. Дар маљрои ин дарё шаршараи баланди кўњї мављуд аст, ки ба дигар дарёњо ќариб хос нест. Чунин зинаю шаршарањо дар сари роњи Искандардарё бештар дучор омада, баландии онњо то 30-40 м мерасад ва њамеша диќќати сайёњонро љалб мекунад. Дарёи Фон њам дарёи тезоб буда, он ба поёнтари дарёи Анзоб бо суръати тез дар байни сангу кўњпора ба масофаи ќариб 1 км нопадид ва аз сари нав аз ќабатњои санг мебарояд. Ин њодисаи табиї дар натиљаи заминљунбї дар асри гузашта ба амал омадааст ва њоло ин љо њам яке аз љойњои дўстдоштаи сайёњону мусофирон ба њисоб меравад.

Дар ноњияњои шимоли љумњурї ва ќисми тољи-кистонии водии Фарѓона дарёи Сир љорї мешавад. Дар њудуди љумњурї дарозии ин дарё ба 195 км мерасад. Ин дарё баробари обёрї ањамияти наќлиётї њам дорад. Бисёр дарёчаю обњое, ки аз доманаи љанубии кўњи Ќурама ва доманаи шимолии кўњњои Туркистон љорї мегарданд, то дарёи Сир нарасида, дар майдонњои киштзорњо истифода мешаванд.

Дар њудуди љумњурї дарёњое низ вомехўранд, ки ба њавзаи сарбастаи дохилї мансубанд. Масалан, дар шарќи Бадахшон дарёчањои на он ќадар сероб аз љумлаи Ќарољилга ва Музкўл ба Ќарокўл љорї мешаванд.

Хусусияти хоси љоришавии зиёд дар дарёи кўњї он аст, ки њудуди даќиќро миёни обхезї ва серобї гузоштан хеле мушкил аст: чунки њангоми боришоти бањорї-тобистонї обшавии ќабатњои барф низ якбора зиёд мешавад. Дар марњилаи пастобї боришоти атмосферї бар сатњи хушки замин масраф мешаванд, ки он боиси баландшаваии зиёди сатњи љараёни оби дарёњо намегардад.

Page 209: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

209

наср ва назм

Серобињои калон, ки њаљм ва масрафњои њадди аксари онњо дараљаи таъминоти 5 фоиза ва ё камтар доранд (такроршавии 1 маротиба дар 20 сол), асосан аз ду омил ба вуљуд меоянд: ба обанборњо ворид шудани њаљми калони боришот ва обшавии њамзамони барфу яхњои кўњсор.

Баъзе хусусиятњои пайдоиши серобї дар дарёњои кўњї, аз љумла дар Тољикистон яксон нест. Муддати серобї дар дарёњои кўњї зиёд аст, яъне 4-6 моњ, ки ин ба сабаби обшавии тадриљии барфњои дар њавзаи дарё аз поён ба боло густаришёфта мебошад ва ба њамин асос масрафи њадди аксари барфњои обшуда хавфи љиддї намеоранд. Барои ќиёс: дар дарёњои водигї њангоми мављудияти шароити њамгуна (масоњати якхелаи њавзањо ва њаљми захирањои барфї) давомнокии серобии дарёњо 5-10 баробар камтар буда, бузургии масрафи њадди аксари барфњои обшуда якчанд баробар зиёд нисбат ба дарёњои кўњї мебошад, ки сабаби он мањз обшавии њамзамон, яъне обшавии якбораи барфњо дар тамоми њавзањои дарёњои дар њамворї љоришаванда ба амал меояд.

Серобии аз љињати њаљм аз соњил беруншаванда дар тамоми дарёњои Тољикистон яксон ба амал намеояд. Дар солњои људогона ин њолат дар дарёњои дорои њавзањои дар баландии 2,5-3 км воќеъбуда ба мушоњида расидааст. Дар ин њолат њангоми мављудияти захираи бисёри барф (аз меъёр 2 баробар зиёд) дар натиљаи гармои зиёди тобистон њаљми зиёди серобиро бо масрафи зиёди об ба вуљуд меоранд. Масалан, солњои 1942, 1969, 1988 айнан чунин њолатро доштанд.

Дар солњои минбаъда боронњои шадиди бањорї њудуди васеи Тољикистонро дар зинањои поён ва миёнаи кўњњо фаро гирифтаанд, ки њавзањои дарёии онњо дар

Page 210: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

210

15-бањори Истиќлол

баландии 1,5 - 2,0 км воќеъ буданд ва ин боиси серобии њаљман камназир ва масрафи такроршаванда дар дарёњои пасткўњи Тољикистон гардид, чунин њолат солњои 1952, 1954, 1973 ба назар мерасид.

Дар давраи серобї дар тамоми дарёњои Тољикистон аз 70 то 90 фоиз њаљми умумии солонаи об љорї мешавад. Вобаста ба навъи таѓзияи дарёњо аз моњи июн то ноябр пасту баландшавї ба назар мерасад, вале хотимаи он ва камобї аз моњи феврал то моњи май идома меёбад. Дар дарёњои дорои њавзањои баланд (то 2,0 км) давомнокии камобї аз 130 то 270 рўз аст, ки ба њисоби миёна бошад 170 рўзро ташкил медињад. Дар дарёњои дорои њавзањои пасттар аз 2,0 км ин давра аз 165 то 275 рўз давом макунад, ба њисоби миёна ба 220 рўз баробар аст. Масрафи об дар ин давра камтар таѓйир меёбад ва боришот ба зиёдшавии масрафи обњо таъсири назаррас надорад. Танњо дар дарёњои дорои њавзањои паст (масалан, дарёи Тоирсу, Элок) боронњои тобистонї-бањорї метавонад обхезињои начандон баландро сабаб шаванд.

Дарёњои Тољикистон дорои ќувваи беинтињои энергияи электрикї мебошанд. Аз љињати захираи энергияи обї љумњурии мо баъди Руссия (дар њудуди ИДМ) дар љои дуюм меистад, њол он ки масоњати Руссия нисбат ба Тољикистон ќариб 120 баробар зиёд аст. Дар айни замон њиссаи асосии захираи гидроэлектрикии Осиёи Миёна дар њудуди Тољикистон љойгир аст. Њисоб карда шудааст, ки захираи умумии энергияи дарёњои ноњияи Осиёи Миёна ба 61 млн. квт-соат баробар аст ва 55 фоизи он ба њиссаи љумњурии мо рост меояд. Рафти тадќиќотњои минбаъда муайян намудаанд, ки дарёњои Тољикистон дар давоми сол имконияти истењсол намудани 535 млрд квт-соат ќувваи электрро доранд.

Page 211: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

211

наср ва назм

Гарчанде љумњурии мо аз љињати захираи энергетикї баъди Сибири Шарќї дар љои дуюм меистад, вале аз љињати арзонии сохтмон ва нишондињандањои иќтисодї љои якумро мегирад. Аз ин љињат вазифаи муњим истодааст, ки сарчашмањои энергетикии дарёњои љумњурї мукаммал омўхта шуда, барои ривољ додани манбаи энергетикї ва умуман иќтисодиёти ноњияи Осиёи Миёна истифода бурда шавад.

Пеш иќтидори оби дарёњо аксар барои чарх занонидани чархи осиёб истифода мешуд. Ќариб дар њар дења ду-се осиёб кор мекард. Њоло баъди бўњрони иќтисодї ќариб дар њама дењањои кўњистон осиёбњо аз нав барќарор шуда истодаанд.

Њанўз иштирокчиёни экспедисияи тољику помир дар асоси ин дарёњои пуриќтидор сохтани якчанд стансияњои электрикиро пешнињод намуда буданд.

Истифодаи энергияи дарёњои љумњурї ба солњои 30 асри ХХ рост меояд. Нахустин стансияи электрикии обї соли 1937 дар дарёи Варзоб бо иќтидори 7, 2 њазор квт. ба кор даромада буд. Соли 1939 бошад, дар дарёи Ѓунд стансияи электрикии барои шањри Хоруѓ низ ба кор сар кард.

Солњои минбаъда дар дарёи Варзоб стансияи Варзоби Поён (соли 1949) ва Варзоби Миёна (соли 1953) ба кор сар карда, талаботи бо энергияи электрдоштаи пойтахт ва корхонањои саноатии онро таъмин намуд. Дар солњои панљсолаи панљум ва шашум дар дарёи Вахш ќатори стансияи электрикии Сарбанд (210 њаз. квт.), Шаршара (31 њаз. квт.) ва Марказї (18, 6 њаз квт.) ба кор сар кард. Онњо барои пешрафти ќуввањои истењсолии водии Вахш кўмаки зиёд расониданд.

Дар байни дарёњои љумњурї захираи электрикии Вахш хеле бузург аст. Ин дарё дар якљоягї бо дарёи Панљ

Page 212: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

212

15-бањори Истиќлол

зиёда аз 75 фоизи захираи электрикии љумњуриро љамъ намудааст. Мављудияти релефу мањаллу иќлим яке аз сабаби асосии серобию тезобии дарёи Вахш гардидааст. Чунин шароитњо имкон додаанд, ки дар як километр маљрои Вахш ќариб 13 њазор киловатт ќувваи электр њосил карда шавад. Бо чунин нишондињанда дар дарёи пуриќтидори Енисей 4, 7 ва дар Лена бошад, 4, 4 њазор киловатт ќувваи электр гирифтан мумкин аст. Ба замми ин дарёи Вахш яке аз муњимтарин дарёи обёрикунандаи Осиёи Марказї аст ва афзалияти он зиёд мешавад.

Аз рўи лоињаи мављуда барои бештар ба даст овардани нишондињандањои иќтисодї солњои 60-ум сохтмони ГЭС-и Норак дар дарёи Вахш оѓоз гардид. Мавќеи нерўгоњи барќи обии Норак боз аз он љињат бартарї дошт, ки он дар байни ноњияњои Њисору Вахш ва Кўлоб љойгир шуда, барои њарчи бештар тараќќї додани иќтисодиёти ин ноњияњо шароит фароњам меовард. Нахустин агрегати Норак соли 1972 ба кор даромад. Иќтидори ГЭС-и Норак ба 2, 7 млн квт.-соат баробар буда, солона бештар аз 11 млрд квт-соат нерўи барќ њосил мекунад. ГЭС-и Норак асоси инкишофи соњањои муњимми саноати љумњурї - химия, металлургияи ранга ва мошинсозї дар њудуди муљтамеъи минтаќавию истењсолии љануби Тољикистон гардид. Дар натиљаи сохтмони ин ГЭС ѓайр аз заминњои ноњияњои Ёвону Обикиик ва даштњои Данѓара боз њазорњо гектар заминњои нав обёрї шудаанд. Њоло дар ин мавзеъњо дањњо хољагињои пахтакорї ва боѓу токпарварї ташкил ёфтааст. Соли 1976 аз лавњи хотири энергетикњои тољик њељ гоњ фаромўш намешавад. Дар ин сол бори нахуст хатти баландшиддати 500 киловатта аз ГЭС-и Норак то заводи алюминии тољик (шањри Турсунзода) расид. Он имконият дод, ки шабакаи энергетикии љануби

Page 213: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

213

наср ва назм

Тољикистон бо системаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна пайваста гардад. Ин барои самарабахш истифода бурдани энергияи ГЭС-и Норак, ки иќтидори он ба 2 миллиону 700 њазор киловатт расида буд, шароитњои муњим фароњам овард.

Дар ГЭС-и Норак њанўз њангоми сохтмони он як ќатор дигаргунињои техникї ба вуљуд омад. Бори аввал дар собиќ Иттињоди Шўравї гидроагрегати таљрибавї гузошта шуд, ки он ба воситаи об хунук карда мешавад. Тадбиќи ин агрегат имконият дод, ки бе њељ гуна чораи иловагї самараи кори ГЭС баланд гардад ва ба андозаи муњим металлу пўлоди аълосифат сарфа шавад. Аз тарафи дигар нахустин бор дар љањон дар Норак ба баландии 300 метр сарбанд бардошта шуд. Ба ќарибї як гурўњ олимону мутахассисони америкої њамроњи академик Собит Неъматуллоев дар Норак буданд. Баъди боздид сардори њайат Норакро «иншооти нотакрор»-и асри ХХ номид.

Баъди чанд сол бояд ГЭС-и Роѓун низ дар дарёи Вахш ба кор оѓоз намояд. ГЭС-и Роѓун 3, 6 млн. квт. иќти дор дошта, дарѓоти (он 335 метр) баландтарин дар дунё хоњад гашт.

Њаљми оби обанбори он назар ба Норак 4 млрд. метри муккааб зиёд мебошад. ГЭС-и Роѓун чун Норак ањамияти обёрикунанда низ дошта, имконият медињад, ки боз 260 њазор гектар заминњои нав аз худ карда шавад.

Њангоми сохтмони ГЭС-и Роѓун обанбори он ба дарозии бештар аз 65 км дар байни водии нињоят зебои кўњсор тўл мекашад. Ин водор мекунад, ки дар чунин љойњои хушманзара ва соњилњои обанбор сохтмони шабакаи густардаи табобатгоњњо ва хонањои истироњатї амалї гардад. Дар сурати истифодаи обњо шифобахшии

Page 214: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

214

15-бањори Истиќлол

ин мавзеъ табобатгоњњо ва хонањои истироњатии он ањамияти байналхалќї пайдо хоњад кард.

Захираи умумии нерўи барќи обии дарёи Панљ бошад, дар рафти љараёнаш ба 98 млрд. киловатт ва дар њавзааш ба зиёда аз 150 млрд. квт-соат муайян гардидааст. Мувофиќи лоињаи пешбинишуда дар дарёи Панљ имконияти сохтани 13 нерўгоњи барќии обї бо иќтидори 20 млн квт. мављуд аст. Хусусан ќисми поёнї ва миёнаоби ин дарё барои сохтмони нерўгоњњо нињоят мувофиќ мебошад. Калонтарин нерўгоњхои пешбинишуда Даштиљум (4, 0 млн. квт), Рўшон (3, 0 млн квт), Ширговат (1,9 млн. квт). Чумар (2, 0 млн квт). «Дарвозаи сангин» (2,1 млн квт) ва Москва (0, 8 млн. квт) мебошанд. НБО-и Даштиљум ањамияти обёрї низ дошта, истењсоли солонаи нерўи барќи он ба 12, 4 - 15, 6 млрд. квт-соат баробар хоњад буд. Ин нерўгоњ дар баландии 325 м сохта шуда, харољоти сохтмони он метавонад дар тўли ду-се сол љуброн шавад. Њаљми асосии обанбори НБО-и Даштиљум ба 10, 2 км3 расида, дар марњилаи оѓози бањрабардории он имконияти обёрї намудани 500 њазор гектар заминро дорад.

ГЭС-и Рўшон аз рўи лоиња иќтидори калон дошта, дар давоми як сол бояд 12, 4 млрд квт-соат нерўи барќ њосил кунад. Дар асоси ин нерўгоњ обанборе барпо карда мешавад, ки њаљми асосии оби он ба 4, 1 км3 баробар меояд. Дар дарёи Панљ сохтмони нерўгоњи обии Москва низ дар баландии 60 м ба наќша гирифта шудааст. Ин нерўгоњ дар як сол бояд 4 млрд. киловатт-соат энергияи электр њосил кунад ва арзиши аслии 1 квт-соати он хеле арзон хоњад буд. Дар байни ГЭС-њои номбурда сохтмони нерўгоњи Рўшон ва обанбори он ба сабаби шароити мураккаби кўњсор маблаѓгузории калонро талаб мекунад. Мувофиќи тањќиќот дар сароби дарёи Панљ ва шохобњои

Page 215: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

215

наср ва назм

он Ѓунду Бартанг низ нерўгоњњои иќтидорашон гуногун сохтан мумкин аст. Назар ба ќавли мутахассисон дар дарёи Ѓунд 12 нерўгоњ (Ѓунд-1, Ѓунд 2, Звор, Помир ва ѓайра) ва дар дарёи Бартанг сохтани 5 нерўгоњ (Сарез, Бартанг-1, Бартанг-2, Бордара ва Бартанг-3) имконпазир мебошад. Дарёи Бартанг аз кўли Бешутеки Афѓонистон об гирифта, мавзеъњои барои НБО мувофиќи он дар баландињои бештар аз 4000 м воќеанд.

Ќисми зиёди нерўгоњњои дарёи Панљ дар оянда барои инкишофи иќтисодиёти Афѓонистон низ мусоидат хоњад кард. Дар байни нерўгоњњои барќии оянда хусусан ањамияти ГЭС-и Даштиљум хеле калон аст. Аз рўйи шартномаи байнидавлатї минбаъд оби ин дарё ва энергияи арзони он ба нафъи њар ду мамлакат истифода хоњад шуд.

Баъди сулњу салоњ дар сарзамини Афѓонистон минбаъд масъалаи њар чи тезтар ба нафъи њар ду давлат истифодабарии обњои сарњадї ба миён меояд. Шохобњои асосии Панљро дар ќисмати Тољикистон дарёњои Техарв, Рохарв, Пишхарв, Курговат, Сунгат, Бартанг, Язгулом, Обихумбов, Ванљ, Ќизилсу ва аз тарафи Афѓонистон дарёњои Шива, Кукча, Љабой, Куфоб, Обитанг, Роѓ, Вахондарё, Хандуд, Зардоб ташкил медињанд. Дар баробари нерўњои калону миёна сохтмони нерўњои барќии хурд дар шохобњои дарёи Панљ аз ду тарафи дарё бисёр проблемањои иќтисодии њар ду давлатро њал мекунад. Масалан, дар вилоятњои Бадахшон, Тахор, Ќундуз, Баѓлон ва Самангони Афѓонистон бештар аз 300 њазор га заминњои њосилхез мављуданд, ки бо ёрии энергияи барќї (сохтани обанбор, стансияњои насосї ва ѓайра) имконияти азхудкунии онњо ба амал меояд. Ин яке аз роњњои бењтарини вазъи иќтисодї ва пешгирии роњи камбизоатї дар Афѓонистон мебошад. Њоло истењсоли

Page 216: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

216

15-бањори Истиќлол

солонаи ќувваи барќ дар Афѓонистон њамагї ба 420 млн квт-соат (дар Тољикистон зиёда аз 16 млрд. квт-соат) мерасад. Пас дар сурати истифодаи якљояи обњои сарњадї ва афзун намудани истењсоли энергияи барќї имконияти тараќќї додани њамаи соњањои муњимми иќтисодию тиљорат дар њар ду мамлакат пайдо мешавад. Аз тарафи дигар, ин ягона роњи дар Афѓонистон зиёд гардидани мањсулоти кишоварзї ва пешгирии роњи несткунии майдонњои растании нашъа мегардад.

Сохтмони нерўгоњњои барќи обї дар дарёи Кофар-ниён ва Зарафшон низ дар назар дошта шудааст. Дар Кофарнињон низ се ГЭС-и на он ќадар бузург бо иќти-дори умумии 500 њазор квт сохтан мумкин аст. Дар дарёи Зарафшон бошад, имконияти сохтани 9 нерўгоњи барќи обї бо иќтидори умумии ќариб 1,5 млн. квт мављуд аст.

Дарёњои хурди љумњурї низ дорои захираи бузурги нерўофаринї буда, истифодаи онњо дар оянда дар назар дошта шудааст. Сарфи назар аз вуљуди дарёњои сероб нафъи дарёчањо пурра санљида шуда, дар иттињодияи корхонањои таљњизоти барќии Иссиќкўл ба истењсоли дастгоњњои хурди тавлиди барќ шурўъ намуданд. Дастгоњи мазкур њамагї 80 кг вазн дошта, имконияти дар кўњсор иљро намудани бисёр корњои муњимро дорад. Чунин дастгоњ дар як шабонарўз ба гарм кардани зиёда аз њазор литр об ќодир аст, ки он барои дар шароити зимистон гарм кардани хонањои истиќоматї ва биноњои маъмурї имконият медињад. Чи тавре муайян гардид, заминшиносону љангалбонон ва кормандон посгоњњои обуњавосанљї њар сол бештар аз сад њазор тонна мањсулоти нафтро сарф мекунанд. Истифодаи чунин ГЭС-њои хурд имконияти сарфа намудани чоряки ин захираро дорад. Аз тарафи дигар, харољоти солонаи

Page 217: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

217

наср ва назм

ин нерўгоњњо хеле ночиз аст. Бартарии нерўгоњњои хурд боз дар он аст, ки дар шароити кўњсор заминњои барои кишоварзї мувофиќ зери об намемонад.

Гарчанде дар њудуди Тољикистон зиёда аз 64 км3 ва ё худ 55, 4% оби њавзаи бањри Арал ташаккул меёбад, вале мувофиќи ќарори Вазорати мелиоратсия ва хољагии оби собиќ Иттињоди Шўравї барои љумњурии мо њамагї дар њаљми 12 км3 (ќариб 11%) об људо шудааст, ки хеле тааљљубовар аст. Бо ин меъёри муайяншуда дар мавриди истифодаи об ва корбурди технологияи пешќадам љумњурї ќодир аст, ки майдони замини обёришавандаро танњо ба 840 њазор га расонад. Дар ин сурат то соли 2010 ба њар сари ањолї њамагї 0, 1 га замини обёришаванда рост меояд, ки нисбати дигар давлатњои њавзаи бањри Арал бештар аз ду баробар камтар аст.

Аз тарафи дигар як ќатор иншоотњои обёрикунанда, ки дар њудуди љумњурї сохта шудаанд, на њама ваќт ба манфиати он кор мекунанд. Масалан, ќариб тамоми иќтидори обанбори Ќайроќум дар ќисмати шимолии љумњурї ба нафъи давлатњои њамсоя истифода мешавад. Мањз бо ёрии обанбори Ќайроќум маљрои об њангоми обёрии заминњо дар Ўзбекистону Ќазоќистон ба низом оварда мешавад. Аз ин њисоб љумњурии мо дар фасли зимистон аз имконияти зиёди истењсоли энергияи барќ мањрум мегардад.

Ин њолат ба корхонањои саноати ноњияи шимолии љумњурї зарари зиёди моддї меоварад. Њол он ки аз ин њисоб зарари экологии ноњияи атрофи обанбор ва соњили дарёи Сир нињоят зиёд аст.

Аз ин хотир таќсимоти дурусти об боиси дар оянда бењтар гардидани бисёр нишондињандањои иќтисодї, алалхусус афзун гардидани мањсулоти кишоварзї дар љумњурии мо мегардад. Њоло ба њељ кас пўшида нест, ки

Page 218: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

218

15-бањори Истиќлол

бо сабаби вазъияти мураккаби демографї масъалаи бо маводи хўрока таъминкунии ањолї сол аз сол душвор мешавад. Зиёд намудани мањсулоти кишоварзї танњо дар сурати васеъ кардани майдони замини кишт ва баланд бардоштани њосилнокї ба даст меояд.

Суръати баланди афзоиши ањолї ва дар ин асос зиёд намудани мањсулоти кишоварзї дар љумњурї талаб менамояд, ки меъёри истифодаи об ва умуман низоми таќсимоти он дар байни давлатњои Осиёи Марказї бояд аз нав дида баромада шавад. Ин маънои онро дорад, ки дар ин бобат њамаи ќонуну меъёрњои њуќуќї дар асоси талаботњои байналхалќї риоя карда шавад.

Воќеањои охир дар Афѓонистон њаќ будани мав-ќеи Тољикистонро оид ба ин масъала дар мавриди он ки бе иштироки Афѓонистон њалли таќсимоти њавзаи Арал ѓайриимкон аст, тасдиќ намуд. Њол он ки созмони байналмилалии ЮСАИД аллакай зарурати ин масъаларо дар якљоягї бо мамлакатњои Осиёи Марказї ва Афѓонистон таъкид менамояд.

Дар арсаи љањонї нисбати таќсимоти об мо шоњиди бисёр кашмакашию тезу тундшавии муносибатњои тарафайн шудаем. Дар замони Иттињоди Шўравї њатто байни давлатњои Осиёи Марказї нисбати истифодаи об дар баъзе њолатњо ихтилофњо вуљуд доштанд.

Баъди ба даст овардани истиќлолият сарони давлатњои Осиёи Марказї (Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Тољикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон) дар Алма-Ато (соли 1992) ва Ќизил-Орда (соли 1993) вохўрда, зимни истифода ва таќсимоти об гуфтушунид намуданд. Дар Ќизил-Орда «Ќарордод оиди њамкории якљояи њалли масоили бањри Аралу Наздиарал, бењтар наму-дани вазъи экологї ва таъмин намудани инкишофи иќтисодию иљтимоии минтаќаи Арал» ба имзо расид.

Page 219: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

219

наср ва назм

Дар њуљљати мазкур вазифањои њуќуќию масъулияти дар як мамлакати минтаќа оид ба истифодаю њифз ва таќсимоти захирањои об пурраю равшан инъикос ёфтааст. Дар барномаи ќабулшуда, пеш аз њама ба масъалаи кор карда баромадани низоми якљояи таќсимоти об бо назардошти риоя намудани њуќуќи њар як давлати соњибихтиёр диќќати љиддї дода мешуд. Дар вохўрињои минбаъдаи сарони давлатњои мазкур таи чандин маротиба оид ба зарурияти њар чи тезтар кор карда баромадани ин масъала таъкид гардид. Бо вуљуди ин нисбати њалли масъалаи мазкур пешравии назаррас ба чашм намерасад.

Манфиати љумњурињои кўњсор каме таѓйир до-дани низоми мављудаи истифода ва таќсимоти обро дар њудуди минтаќаи Осиёи Марказї талаб менамояд. Зеро аз рўи меъёри мављуда Тољикистон њамагї 18-20 фоиз ва Ќирѓизистон 25 фоиз оби дар ќаламрави худ ташаккулёбандаро истифода мебаранду халос. Ин имконияти васеъ намудани заминњои обёришавандаро мањдуд менамояд.

Айни замон дар љумњурї 1,6 млн га замини обёри-шаванда мављуд аст, вале дар сурати ба њисоб гирифтани заминњои минтаќаи ќўњдоман ин нишон дињанда дучанд зиёд мешавад. Бо назардошти афзоиши суръатноки ањолию дар оянда зиёд намудани мањсулоти кишоварзї дар љумњурї, ба фикри мо, таклифи кормандони Институти тадќиќотии НИИГИМ-и назди Вазорати мелиоратсия ва хољагии оби Тољикистон ќобили ќабул буда, њаљми муќарраршудаи об аз 14, 3 км3, солњои оянда ба 20-22 км3 пешбинї карда мешавад.

Њангоми њаллу фасли таќсимоти обї байни љумњурињои Осиёи Марказї бояд љињати зарари табиї ва харољоти дохилии љумњурињои кўњсор, хусусан

Page 220: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

220

15-бањори Истиќлол

Тољикистон ба назар гирифта шавад. Яъне ѓайри обанборњо дар љумњурии мо соле миллиардњо сомонї бањри аз нав таъмири иншоотњои гидротехникї, сохтани дарѓотњои иловагї ва мустањкамкунии соњилњо аз њисоби обхезию селу кўчишњо ба амал меояд. Њамаи ин харољот бояд одилона барои њамаи љумњурињои Осиёи Марказї муќаррар карда шавад.

Ба назар гирифтани омилњои дигар низ аз рўи адолат мебуд, агар таќсимоти обро дар минтаќа ба њар сари ањолии мамлакатњои њавза ба роњ мемонданд. Њоло бошад, чунин таќсимот нобаробар аст. Масалан, тибќи њисобот соли 1994 истифодаи об бо маќсадњои бењдоштию бењзистї ба њар сари ањолї дар Ќазоќистон 2, 7, Туркманистон 4, 9 ва Тољикистон 2, 4 њазор м3 рост меояд.

Нишондињандањои харољоти умумї барои истифо-даю нигањдории шабакаи обёрї ва зањбурњо дар баробари њар љумњурї фарќи калон дорад. Масалан, дар Ўзбекистон ин раќам назар ба Тољикистону Туркманистон 5 баробар ва нисбат ба Ќазоќистон 20 баробар зиёд нишон дода шудааст. Ин тавр набояд бошад, зеро њамаи он шабакањо дар ваќташ аз рўи як меъёри (стандарти) замони Шўравї бунёд шудаанд. Фаќат нархи сўзишворї, сохтмон, музди мењнат каму беш фарќ мекард. Сарфи маблаѓ барои бозсозии бахши обёрї ва зањбурњо барои Тољикистон, ки ба њар гектар 40 долларї нишон дода шудааст, ба њаќиќат мувофиќ нест. Дар сурати то 50 фоиз фарсудашавии фондњои асосии системаи обёрї, барои барќарорсозии шабакањои обёрї ва зањбурњо 1040 доллар ба њар гектар лозим меояд.

Оид ба ин масъала андешањои Њамоњангсози Миллии Барномаи GЕF аз љониби Њукумати Тољикистон нисбати обанбори Ќайроќум ва танзими мавсимии

Page 221: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

221

наср ва назм

Сирдарё хеле муњим аст. Зеро дар Созишномаи соли 1998 омадааст, ки нерўи барќии системаи дарёи Норин-Сирдарё дар давраи нашъу намои зироат, ки аз талаботи Ќирѓизистон зиёдатї мекунад, ба њиссаи баробар ба Ќазоќистону Ўзбекистон содир карда мешавад ва љуброни он дар шакли пул, энергия ва ѓайра сурат мегирад. Њол он ки Тољикистон низ бояд ин љо илова карда шавад, зеро љумњурии мо ба Созишномаи Бишкек оид ба истифодаи ќувваи барќи силсилаи Норину дарёи Сир њамроњ шудааст ва ин обњо бевосита аз обанбори Ќайроќум мегузаранд.

Мехостем хотиррасон намоем, ки истифодаи об аз рўи меъёри байналхалќї дар аксарияти давлатњои љањон бо њисоби муайян нарх монда мешавад. Масалан, моњи августи соли 1993 байни Туркия ва Булѓория оид ба хариду истифодаи об барои обёрї шартнома ба имзо расид. Мувовиќи ин шартнома барои њар як м3 об Туркия ба Булѓория 0, 12 доллар медињад. Мувофиќи ин шартномаи мазкур Туркия ба ивази 15, 8 млн м3 об ќариб 2 млн. доллар харљ намуд. Аз тарафи дигар, боз Туркия ба миќдори муайян оби худро ба давлати Исроил мефурўшад. ИМА бошад, барои њар як м3 истифодаи оби дарёи Колумбия ба давлати Канада 5 сенти америкої медињад.

Ваќти он расидааст, ки дар асоси тањлили њамата-рафаи илмї манфиати љумњуриро оид ба истифодаи захирањои об ба назар гирифта, даромади он њисобу китоб карда шавад. Дохил шудани давлатњои Осиёи Марказї ба муносибатњои бозоргонї аз он ишора мекунад, ки манфиатњои тарафайн дар ин бобат мувофиќи меъёрњои њуќуќї ба эътибор гирифта шаванд.

Баъди истиќлол имкониятњои Тољикистон дар бобати сохтмони корхонањои нав ва аз њисоби инвестор-

Page 222: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

222

15-бањори Истиќлол

њои хориљї зиёд намудани тадќиќотњои геологї низ сол аз сол васеъ шуда истодааст. Чанде пеш сарвари «Газпром»-и Руссия Алексей Миллер бо нияти дар њудуди љанубии Тољикистон ба роњ мондани тадќиќотњои якљоя ба Душанбе омад. Мувофиќи созишномаи тарафайн дар Тољикистон коркарди нефту газ ба роњ монда мешавад ва дар мадди аввал 4 кони газ - Рангон, Саргазон, Сари ќамиш ва Олимтой мавриди тадќиќ ќарор хоњанд гирифт. Аз рўи нишондоди геологњо захираи конњои Ран гону Сариќамиш зиёда аз 40 млрд. метри муккааб ва захираи кони Саргазон бошад, бештар аз 30 млрд. метри муккаабро ташкил медињад. Айни замон дар давраи аввал барои оѓози корњои тадќиќотї аз љониби «Газпром» дар њаљми 6 млн. доллари амрикої маблаѓ људо карда мешавад.

Тадќиќотњои геологї аз он гувоњї медињанд, ки дар ќаламрави водињои Вахшу Кофарнињон ва Кўлоб захирањои хеле зиёди нефту газ нињонанд ва муайян намудани онњо дар солњои наздик ба кашф кардани як ќатор конњои калони ин соњаи муњим хоњад овард. Он гоњ Тољикистони соњибистиќлол дар як муддати кутоњ аз вазъи мураккаби танќисии нарасидани сузишворї баромада, ба бозори љањонї ба сифати воридкунандаи мањсулоти нефту газ ворид хоњад гашт.

Умед аст ки, Тољикистон дар арсаи байналхалќї на ин ки бо сиёсати устувори берунї, балки бо пешрафти соњањои муњимми иќтисодї низ мавќеи худро торафт мустањкам менамояд.

Page 223: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

223

наср ва назм

Атахон САЙФУЛЛОЕВ

МАЊБУБИ ЉАЊОН Ба истиќболи 15-солагии истиќлолияти

давлатии Тољикистон

Шањриёро, марди чун кўњи диёр –Бо матонат, босалобат, бовиќор.Чун сарафрозї ту то чархи барин,Бод мањкам маќдамат андар замин.Решаат мањкам бувад мисли чанор,Шоху баргат сабзу хуррам чун бањор.Чењра нуронї чу хуршеди само,Ќалби ту рўшан зи анвори вафо.Бо Ватан чун љону тан пайванд ту,Халќи моро бењтарин фарзанди ту.Ќалби ту – оинаи поки Ватан,Беѓубору тоза чун боѓу чаман.Мењри миллат дар дили ту љо гирифт,Мењри њар пиру љавон маъво гирифт.Рањкушои сўи истиќлол ту,Бо бузургони љањон њамбол ту.Бо ту Чину Њинду Эрон ёр шуд,Русу Љопон њамдаму њамкор шуд.Амрико хонад туро марди кабир,Њам Фаронса баршуморад камназир.Дар сиёсат оќилу фарзонаї,Мисли хуршеди само якдонаї.Ту абармарди замину ин замон,Сарвари тољику ёри ду љањон.Ихтилоф аз байни нољўрон барї,Машриќу Маѓриб ба паймон оварї.

Page 224: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

224

15-бањори Истиќлол

Рў ба њам оранд ин ду ќисми дањр,Аз миён берун намуда кину ќањр.То дар Афѓон таркише омад падид,Аз дили торики аѓёру палид.Бо љасорат њифзи Афѓон кардаї,Њифзи ањду њифзи паймон кардаї.То ки ин њамсояи бењтар зи љон,Соњибистиќлол бошад љовидон.Шањриёро, чун мусалмони асил,Сарвари шоиставу марди љалил.Њамчу ёр оѓўш кард ањли араб,Бо муњаббат, бо садоќат, бо тараб.Андаруни хонаи Яздон шудї,То ба ављи даргањи рањмон шудї.Лутфи њаќ он љо туро оѓўш кард,Дурри њарфи тозаатро гўш кард.Ту таманно кардї иќболи баланд,Тољиконро рўзгори дилписанд.Тољикистон машъали олам шавад,Саљдагоњи поки њар одам шавад.Њољї гардидиву њаљљат шуд ќабул,Дар дилат Ќуръону њарфи он расул.Каъба гардида зиёратгоњи ту,Роњи њаќљўї, муборак, роњи ту.Маккаро кардї зиёрат, эй њабиб,Ин шараф бар ту муќаррар шуд насиб.Макка – шањри ифтихори муслимин,Макка – шањри эътибори ањли дин.Макка – ёри њар мусалмони љањон,Макка њамчун дини мо шуд љовидон.Макка чун байти Худо машњур шуд,Макка сабзу Макка ѓарќи нур шуд.

Page 225: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

225

наср ва назм

Макка – маъвои мулоќоти Худо,Макка – шањри сидќу ихлосу вафо.Шањри мањбубу муќаддас, шањри пок,Нест шањре мисли он дар рўи хок.Маккаву Каъба нигањдори ту бод,Ќудраташ њар љо мададгори ту бод!Шањриёро, дўстї худ рои туБоѓи сулњу якдилї маъвои ту.Халќи мо гирди ту вањдат офарид,Бо ту пайвасту ѓами дунё надид.Тољиконро ту падар гардидаїМењри њар тољик ба љон варзидаї.То ки сарсабзу саодатёр бод!Хоб агар буд солњо, бедор бод!То ки бишносад худу боло равад,Бо рањи ту, сарвари доно, равад.То бисозад манзили ободи худ,То навозад дилбари озоди худБахту иќболи баландаш ёр бод,Ањли дил бо њамдигар ѓамхор бод.

Шањриёро, садри кулли тољикон,Мисли дунёиву бахти ту љавон.Тољикони рўи олам шуд ба њам,Бо талошу љањди ту, эй мўњтарам.Бо њама њаммиллату њамкеши худ,Анљуманоро шудї чун хеши худ.

Тољики олам бихонад сарварат,Дар Ватан ё берун аз он, рањбарат.Бо ту биншаста бигўяд рози дил,Чунки ў бо туст аз як обу гил.Аз Ватан бо сўзи дил гап сар кунад,

Page 226: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

226

15-бањори Истиќлол

Синаашро оташи миљмар кунад.Дар масофат гарчи дур аст аз Ватан,Бо Ватан бошад ба мисли љону тан.Тўтиёи чашми ў хоки Ватан,«Тољикистон, - гўяд ў, - фирдавси ман».Мењри кишвар дар дили ў аз ту аст,Накњате да манзили ў аз ту аст.Тољикистон дар рухи поки ту дид,Бо ту њар як сўњбаташ – рўзи саид.Тољикони рўи дунё муттафиќ,Чун бародар мењрубон, ёру рафиќ.Ин њама аз хизмати шоёни туст,Аз муњаббат, шўълаи имони туст.

Шањриёро, дар ѓами олам туї,Дар ѓами хушбахтии одам туї.Дар сиёсат роњи ту ибратпазир,Роњи њаќ, роњи сафову беназир.Роњи вањдат, сулњи кулли устувор,Роњи нусрат, њамдилии бобарор.Ањли илм, ањли сиёсат дар љањонГуфта барњаќ: Роњи ту – пайванди љон.

Роњи инсонпарварї, созандагї,Роњи озодї зи ќайди бандагї.Мўљиби омўзиш асту пайравї,Дилбадасторї бувад, роњи навї.Дар сиёсат офтобосо туї,Њамчу Сомон ифтихори мо туї.Дар сиёсат марди ботадбир ту,Бо назокат марди оламгир ту.

Page 227: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

227

наср ва назм

Шањриёро, бо ту обод ин диёр,Шањру водї, сарзамини кўњсор.Рањ кушої то ба аќсои љањон,Аз дили тољик то бањри дамон.Роњи ќисмат шоњроњи вањдат аст.Дастоварди ту бањри миллат аст.Файласуфу шоири волоназар,Кони маънї – Бедили олигуњар.Гуфта роњи кўњ бас мушкилгузар,Роњи нобобеву пурхавфу хатар.Байти олии варо бинвиштаанд,Дар дили ин кўњсори сарбаланд:«Як ќадам роњ аст Бедил, аз ту то домони хок,Дар сари мижгон чу ашк истодаї њушёр бош».

Аз ту шуд роњи хатар роњи зафар,Нест биме рањнавардонро дигар.Роњ роњи маќдами хуршед шуд,Роњи бахту толеъи испед шуд,Мерасад, оре, аз ин рањ бахти мо,Нест дигар ранљи рўзи сахти мо.Роњ-роњи корвони вањдат аст,Њамнажоди барф, равшанќисмат аст.

Рањкушо Фарњоди афкорат матин,Дар дили хорову дар кўњу камин.Роњи вањдат – роњи фардои Ватан,Роњи бахту роњи абнои Ватан.Шуѓли ту, эй дўст, инсонпарварї,Њамчу хуршеди фалак равшангарї.Барќи тољик то ки боз афзун шавад,Офтобе дар замин Роѓун шавад.

Page 228: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

228

15-бањори Истиќлол

Сангтўда њарду чун шамсу ќамар,Мазњару милоди анвори зафар.Тољикистон нурборон мекунї,Мушкили машриќ ту осон мекунї.

Шањриёро, ориёизебуфар,Парчами бахт аст хуршеди сањар.Шањриёро, роњи ту поянда бод,Ин рањи эњёгарї, созанда бод!Эй дилат хуршед дар рањи наљот,Душманони миллатат маѓлубу мот.

Бо ту мењан ёфт иќболи баланд,Дур бод аз хонадони ту газанд.Эй љањони нур, эй шамси зафар,Эй азизи халќи тољик, эй писар.В-эй ѓурури ту нишони ориё,Сурати марѓуби ту ёди ниё.Эй муборакрўй, марди мўътабар,Ифтихори тољиконро тољи сар.

Зинда бодо љашни истиќлоли мо,Љашни бахти оливу иќболи мо.Љашни озодї, адолат, ифтихор,Худшиносї, сарбаландии диёр.Љашни вањдат, љашни эњёи Ватан,Љашни илму љашни фарњангу сухан.Љашни пирўзии соњибдавлатї,Љашни тољик – ориёї миллате.Пас муборак бод љашни кишварам,Бар Шумову миллатам – зебу фарам!

Page 229: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

229

наср ва назм

Низом ЌОСИМ

ПАЙЃОМИ ПАЙВАНД

Зардушт

Эй оташи зебо, бисўз, эй оташи зебо, бисўз,Моро зи нури худ бисоз, оњу ѓами моро бисўз.

Аз даст бар дасте бирав, аз манзиле бар манзиле,Сард аст ин дунё, бубар гармии дилро бар диле.

Таќсим шав, таќсим шав, бар ў бирас, бар ман бирас,Кас бенасиб аз ту мабод, бар ањли ин мењан бирас.

Њар гўшаи ин мулкро пурнур созу гарм соз,Оташдилонро њар куљо бинмой чун худ сарфароз.

Њар хонаеро гарм кун, њар хонаеро нур дењ,Уммедњои рўшане бар хаставу ранљур дењ.

Рўшан њикоятњо бикун аз покии Зардуштамон,Дар пешамон кинро бисўз, то пок монад пуштамон.

Эй оташи зебо, бисўз, мо посдори оташем,Аз сардии дил барњазар, аз гармии дилњо хушем.

Мо зодаи як модарем, парвардаи як обу гил,Моро ба мо бинмо ќарин, моро ба мо кун гармдил.

Бодо зи танњої рањо з-ин баъд њар ангушти мо,Ангуштњои љамъи мо бодо аз ин пас мушти мо.

Page 230: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

230

15-бањори Истиќлол

Аз машъалат афрўхта сад машъали дигар шавад,Дар осмони поки дил њар ахгарат ахтар шавад.

Нури туву гармии ту бодо чу ганљ андўхта,Дар кишвари мо оташи аљдод бод афрўхта!

Сапитамен

Эй мардуми покљону дилравшан,Як љадди шумо – Сапитаменам ман.

Суѓдияму аз даритаборонам,Хасми баду ёри нек ёронам.

Онам, ки зи хештан гузашт осон,Бинмуд гузар барои мулк аз љон.

Чун Суѓд ба панљаи Сикандар шуд,Хушкид лабам, ду дидаам тар шуд.

Бехеш бисўхт ў «Авасто»-ро,На, балки бисўхт њастии моро.

Бигрифт ба фанд чун Мароќандам,Шуд зањр ба коми дил маро ќандам.

Юнонї аз ин диёр зар мебурд,Суѓдї ба диёр хуни дил мехўрд.

Аз бањри диёр хестам бебок,Ќавмам зи пайам равона шуд чолок.

Page 231: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

231

наср ва назм

Ёрам њама нанги номдорон буд,Тирам њама санги кўњсорон буд.

Якчанд ба љанги хасми дун будам,Пирўз гањеву гањ забун будам.

Якчанд агарчи хасм шуд ѓолиб,Донист, ки дорад ин Ватан соњиб!

Муќаннаъ

Эй ёр, Муќаннаъам, аз авлоди туям,Сад бор фидои рўњи озоди туям.

Дар кори вафо роњи туро бигрифтам,Роњи дили огоњи туро бигрифтам.

Омад чу араб ба ќасди ин мулку макон,Бо мардуми худ шудам варо офати љон.

Ман пешрави љомасафедон будам,Уммедфизои боумедон будам.

Аз номусу ном парчам афрохтаам,Дар Суѓду Бухоро ба араб тохтаам.

Дар Наршах агар шикаст аз ман хўрд ў,Дар љанги Самарќанд зи ман афсурд ў.

Афрўхт касе машъала дар кўњи СанамАз оташи чашми ањли ин мулк, манам!

Page 232: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

232

15-бањори Истиќлол

Он оташи нанг то кунун шуълавар аст,Дар њар гулу санг то кунун шуълавар аст.

Танњо на дили араб зи ман танг бишуд,Љояш ба њама љои Ватан танг бишуд!

Боке набувад, ки ман дар ин рањ мурдам,Чун парчами нангу ном боло бурдам!

Исмоили Сомонї

Манам шоњ Сомонї, эй анљуман,Яке љонфишон аз барои Ватан.

Маромам њама – вањдати халќи хеш,Яке халќ кардан зи ќавми пареш.

Маро аз дарахти хирад гашт тахт,Ба дилњо басо реша ронд он дарахт.

Ба адлу ба дод эй басо будаам,Шукўњи шањаншоњї афзудаам.

Ба тахтам хирад буду воло сухан,Зи ман муњтарам гашт халќи Ватан.

Биљўед аз он давр осори ў,Бухоро буду банда – девори ў…

Дареѓо, ки баъди ман аз рўзгорБа он тахту он бахт н-омад ќарор,

Page 233: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

233

наср ва назм

Зи бегонагон лашкар омад фузун,Шуд охир аз он њоли кишвар забун.

Хирад хор шуд, бехирад муњтарам,Зи фарри шањї дар љањон монд кам.

Зи љо рафт сомони сомониён,Хирадро, ту гўї, зи тан рафт љон…

Ва шодам кунун, баъди соли њазорЗи нав гаштї, эй халќи ман, шањриёр,

Биандеш некў зи даврони пеш –Парешониат мекунад синареш!

Бахуд бош, бегонахоњї макун,Ки бегонаат мекунад ѓарќи хун!

Аё эй Ватан – мулки озоду шод,Туро сарваре пок девор бод,

Накў бод бањри туву љонфидо,Сипар бод дар разми дунё туро!

Ба коми ту бодо љањону замон,Басомон шавад мулки сомониён!

Ибни Сино

Ибни Синоям, азизон, Ибни Синоям,Хок шуд љисмам,Вале бо рўњ барљоям.Аз сари инсоният дањ аср рафт, аммо

Page 234: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

234

15-бањори Истиќлол

Гуфтањоям рањнамояш монда то њоло.Буд даврам даври обу даври оташ буд,Буд дилкуш даври ман, њаргиз на дилкаш буд,Буд арзон умри одам, вой аз ин розам,Љањд кардам лек дардашро даво созам.

Пора-пора буд олам дар замони ман,Дар сари њар пора шоњеву амире буд,Аз њама сарњад тавонистам гузар кардан,Интизорам гарчи њар љо теѓу тире буд.

Кай халифа мерасид он дам ба гарди ман,Баъди маргам ќасди худ бигрифт чун душман:Беамон дар оташи љањлаш китобам сўхт,Њосили сўзу табу ранљу азобам сўхт.Зинда мебудам, шањони бехуду саркашАндар он оташ худамро мезаданд оташ.

Шодам аммо – оташи љонам фурўзон аст,Эй басо дил гарм аз ин оташи љон аст.То «Шифо»-и ман шифои љони одамњост,Раѓми ќонуни шањон «Ќонун»-и ман барљост.Љони ман меболад аз муъљизаи айём:Аз «Шифо»-и ман шифо мељуст худ Хайём!

Чанди дигар дар љањон гар зинда мемондам,Њарфи шуми маргро аз дањр мерондам,Бањри ин бошад кутуби ман гувоњи ман,Нўши инсон бод он дармонгиёњи ман!

Њарчи кардам, мон, фаромўши замон гардад,Пок осори ман аз њўши замон гардад,

Page 235: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

235

наср ва назм

Лек дар ёди њама давру замон бодо,Доимо дар пеши чашми одамон бодо:Дар замони дилкуши куштору исёнњоМурда-мурда, умр бахшидам ба инсонњо!1

Темурмалик

Чу озод шуд аз арабњо Ватан,Дамид андаке љони зебо Ватан.

Сарафкандагї чанде охир бишуд,Зи авлоди Сомону Тоњир бишуд.

Пас он турктозї сар овардашон,Чу мурѓони бе болу пар кардашон…

Зи њоли бад аммо батар низ буд,Муѓулони чун ѓўли Чингиз буд,

Ки ногањ чу мўру малах рехтанд,Шару шўри бемисл ангехтанд.

Аќаллан араб дину хат монда рафт,Муѓул мулкро пок афшонда рафт…

Чунон душманї кард њам бо Хуљанд,Ки шуд рўди Сир низ занљирбанд.

Биљўшид хуни хуљандии мо,Ба по хестем аз барои ѓазо,

1. Аз Лев Ошанин.

Page 236: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

236

15-бањори Истиќлол

Ба монанди чашмони бадфолашонБасо танг кардем ањволашон…

Чу мўру малахро њисобе набуд,Накард охир он азму он разм суд.

На, балки басо суд аз он азм монд,Ки бањри Ватан кўшиши разм монд!

Маѓал бо муѓул боњам овардамон,Барои Ватан љонфишон кардамон!

Восеъ

Восеъ манам, Восеъ манам, як тан зи мардони Худо,Чун зад ба љонам бандагї, бархостам бањри ѓазо.

Онам, ки халќ аз пушти ман гурзи гарон бигрифта буд,

Њоким зи ман дар чор сў саргашта буд, ошуфта буд.

Гурзи гарони тољикї аз шохи туту бед буд,Дар шохањои туту бед сад муѓчаи уммед буд…

Тољик зи по афтода буд, ёзонд ќад, бар пой хост,Аз пову аз пар монда буд, шуд аз дигар бар пой рост.

Гуфтам ба манѓит: баъд аз ин дар мулки мо ѓит-ѓит макун,

Моро људо аз њам масоз, аз нав парешу тит макун.

Манѓит ба макри манѓитї моро зи нав аз по фиканд,Бишкаст шохи мо зи нав, моро зи нав аз реша канд,

Page 237: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

237

наср ва назм

Бо макр сад соли дигар дар мулки мо ѓит-ѓит намуд,Моро ба мо шўронд боз, аз нав парешу тит намуд,

Сад соли дигар умри мо дар дасти ѓайри мо гузашт,Сад соли дигар чарх њам боре ба коми мо нагашт.

Тољик барои дод хест охир чу дар рўзи љазо,Шуд чархи гардун гўиё баракс гардон аз ќазо…

Сад ёд бод аз он њама озодадил, озодаљон,Сад ёд аз он дасти сабук, сад ёд аз он гурзи гарон.

Љамъї ту, инак, халќи ман, дигар парешу тит машав,Худ рањнамои хеш бош, аз пушти њар бехуд марав.

Љамъї ту, инак, халќи ман, дигар парешонї мабин,Љуз хотири љамъе дигар аз хатти пешонї мабин.

Бегонахоњият бас аст, бегонаљўї то ба кай?Якроњу якрў шуд љањон, моро дурўї то ба кай?

Дар њар замоне халќро бесарварї мушкил бувад,Бе сарвари арзанда ў ду пой андар гил бувад.

Чун сарварат арзанда аст, по мон зи пушти ў далер,Ў дастгири ту шавад, ўро бишав ту дастгир.

Гурзи гарони тољикї дигар мабодо туту бед,Дар боѓи сабзи бахт бош, бодо мададгорат умед!

Сар медињам бањри шумо, эй халќ, эй зебо Ватан,Пеши адўтон њељ гоњ сар хам нахоњам кард ман!

Page 238: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

238

15-бањори Истиќлол

Айнї

Бар вафоят дил супурдам, халќи ман,Борњо бањри ту мурдам, халќи ман.

Зинда кардам бохирад фарзандњот,То биёбї дар љањон арзанда љот.

Додам аз нав умр бар ањли хирад,Хидмататро то дар ин даврон кунад.

Ганљи умри бебањоро бохтам,То шањодатномаатро сохтам.

Гардњо афшондам аз таърихи пеш,Тољ мондам бар сари тољики хеш…

Халќи ман, умре на осон зистї,Ин замон њам эмин аз бад нестї.

Дар љањони неку бад њушёр бош,Љамъу љўру боњаму бисёр бош!

Тољи зар бодо њамеша бар сарат,Ганљи љону дил шавад афзунтарат!

Бахти ту бешу рањат бодо кушод,Айниат аз љон дуогўи ту бод!

Page 239: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

239

наср ва назм

Бобољон Ѓафуров

Буд тољик дар њама айёмНомвар бо силоњи нангу ном,

Кох аз кори пурсавобаш буд,Хишти он кох аз китобаш буд

Дона-дона нишона кардам љамъ,Бо ѓами љовидона кардам љамъ,

Он њама фаслу боб шуд охир,Душманафкан китоб шуд охир,

Дар бинои савоби тољиконМонд аз ман китоби «Тољикон».

Бар Ватан он муњаббати ман бод,Бањри тољик васияти ман бод:

Аз њашоњаш барои курсиву ком,Аз кашокаш барои мансабу ном,

Аз парешониву маѓалсозї,Аз назартангиву мањалбозї,

Аз њасад, аз ѓурури нобарљо,Аз шитобу надидани фардо

Ёди таърихи пурхатар бод он,Тољиконро чу як сипар бод он!

Page 240: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

240

15-бањори Истиќлол

Турсунзода

Эй Ватан, гањ љони ширин гуфтамат,Гањ навину гоњ дерин гуфтамат,

Карда бо номи ту ман оѓозњо,Карда бо боли ту ман парвозњо,

Бас сафарњо карда андар умр ман«Бо супоришњои халќи хештан»,

Дўстиро љустуљў кардам басе,Аз амонї гуфтугў кардам басе…

Эй Ватан, будам туро ман дўстдор,Будаам бо ёди ту дар рўзгор.

Дар канори бањрњои пурхурўшСавти дарёи туям омад ба гўш,

Буд фахрам доимо бо номи ту,Бо азизони накўфарљоми ту…

Донам: ин дам бањри ту мушкил бувад,Сабр аммо пешаи оќил бувад,

Бе љадалњо об дар љў н-омада,Кори бе андеша некў н-омада.

Олиму шоир фаровон бошадат,Кош аз онњо умр осон бошадат,

Page 241: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

241

наср ва назм

Њамчу Айнї љумла ѓамхори ту бод,Чун Ѓафуров аз пайи кори ту бод.

Бо тамаддун зиндаиву зинда бош,Сарбаланду фарруху поянда бош.

Хоњамат аз љон дар ин даври гаронСарварии неку некў сарварон,

Бахтат афзун, њосилат афзун шавад,Байни ёрон чењраат гулгун шавад,

Дар канорат бод доим дўстон,Парчамат бодо парафшон дар љањон!

Page 242: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

242

15-бањори Истиќлол

Ато ЊАМДАМ

«КИШТИЕ СОХТЕМ АЗ НАКЎКОРЇ»1

— Ато Њамдамович, ваќте ки иљлосияи 16-и Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон доир гардид, Шумо аз вазифаи вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон истеъфо дода будед. Аммо дар ин иљлосияи таърихї иштирок кардед.

— Бале, ман аз нахустин рўзи иљлосияи 16-и Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон то рўзи охиринаш иштирок доштам. Агар ёдатон бошад, то иљлосияи мазкур аъзоёни Раёсати Шўрои Олї, Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки ман њамчун вазири фарњанг, узви он будам ба таври расмї ба истеъфо рафтем. Дар он замон, ки њукумат фалаљ шуда буд, њама кор бояд аз сари нав шурўъ мегардид ва аъзоёни нав бояд интихоб мешуданд ва кор ба таври нав сурат мегирифт. Дурусттараш, њамчун собиќ вазири фарњанг ба иљлосияи 16 даъват шуда будам. Маро бо раиси Кумитаи давлатии амволи давлатии Љумњурии Тољикистон, зиндаёд Исматулло Каримов дар як њуљраи мењмонхонаи «Ленинобод» љо карданд. Тартибот, љобаљошавї, хўрду хўрок бо тамоми маънояш муњайё, вале вазъи сиёсї басо вазнин буд.

Дар Ќасри Арбоб депутатњо дар сафи пеш ва мо — собиќ вазирону раисони кумитањо аз паси онњо менишастем. Дар толори иљлосия аз ду тарафи ман Њаким Солиев – вазири савдо ва шодравон Исматулло Каримов – Раиси Кумитаи давлатии амволи давлатї менишастанд.

Табиист, ки дар иљлосия танњо депутатњо – ваки-лони халќ њуќуќи сухан гуфтан доштанд. Мо гўш ба

1. Мусоњиба бо Кароматуллоњи Ањмад.

Page 243: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

243

наср ва назм

њарфу диќќат ба њар амалу рафтори онњо дода, ор-зуманди он будем, ки њамдигарро хуб фањманд, барои сулњу сафо ва оромии кишвар талошњо кунанд, то Тољикистони азизро аз вартаи њалокат бирањонанд. Шахсан ман њамчун эљодкор ба њар сухану ба њар амал синчакорона эътибор медодам ва дар тарозуи аќл бармекашидам, хулосањо мебаровардам. Иштирокдорони љаласа ќарор карданд, ки яке аз депутатњои калонсол ва таљрибаандўхта иљлосияро раисї кунанд. 16 ноябр ин вазифаи масъул ба зиммаи Њабибулло Табаров вогузор гардид. Раис 19 ноябр пешнињод кард, ки бояд Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз миёни депутатњои дар љаласа ширкатдошта интихоб карда шавад. Ба ин мансаби баландмаќом мўњтарам Эмомалї Шарифович Рањмонов пешбарї ва интихоб гардид. Дар арсаи сиёсат пайдо шудани Эмомалї Шарифович барои бисёрињо ногањонї ва ѓайричашмдошт набуд. Дар њаќиќат ба сари давлат касе омад, ки ба маънои томаш тољики асилу мењанпараст ба шумор мерафт.

— Шумо Эмомалї Рањмоновро пештар њам меши-нохтед?

— Натанњо мешинохтам, балки њамкору њамаќоид будем.

— Чї тавр?— Соли 1990 ман њамчун депутат дар Шўрои Олї

кор мекардам. Даврон Ашўров – раиси Кумита оид ба масъалањои фарњанг, забон ва ёдгорињои таърихї интихоб гардид. Дар иљлосия ман муовини раиси кумитаи мазкур ва Эмомалї Рањмонов, Абдулмаљид Достиев, Хўљаањмад Хидиралиев ва дигарон узви њамин кумита интихоб гардидем. Ба њар маљлисњои кумита Э. Рањмонов ва А. Достиев њатман њозир мешуданд. Њарчанд ин ду шахси шоиста пешаи дигар доштанд,

Page 244: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

244

15-бањори Истиќлол

аммо масъалањое ба миён мегузоштанд, ки љолиби диќќат ва ќобили ќабул буданд.

Эмомалї Шарифович, ки он замон ба њайси раиси хољагии ба номи Ленини ноњияи Данѓара кор мекард, яке аз фаъолтарин аъзои кумита буд ва дар љаласа бо таклифњои судбахш нисбати рушду нумўи фарњангу тамаддуни кишвар пешнињодњо мекард. Мо моње як-ду маротиб дар Шўрои Олї љамъ меомадем. Албатта, дар ибтидо ба њайси сарвари як давлати кўњану вале алњол љавон пазируфтани љавонмарди чилсола на ба њама писанд омада буд. Вале њаёт нишон дод, ки вакилони мардум дар он рўзњои сарнавиштсоз хато накарданд. Ба гумони ѓолиби ман Эмомалї Рањмонов дар ин айёми сарнавиштсоз бозёфти нодир, тўњфаи илоњї барои мардуми тољик буд. Шукр ки чунин шахс то имрўз сарварии давлати соњибистиќлолро бар ўњда дорад. Ва њар ваъдае, ки аз минбари баланд кард, аз будаш зиёдтар ба љо овард.

— Мебахшед, Сардори давлат ба ѓайр аз даъват дар њамон рўзњо корро боз аз чї сар кард?

— Агар мушаххас гўем, корро аз бахшишу авф шурўъ кард. Рўњи Њусайн Воизи Кошифї асар карда буд, ки гуфтааст:

Авф фармудан муборак хислатест,Њар ки дорад авф, соњибдавлатест.

Бо таклифи Э.Ш. Рањмонов аз њамон минбари баланд лоињањои ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авфи умумї», гурезагон, имтиёзњо барои маъюбони љангу мењнат ва оилањое, ки саробони худро аз даст доданд, пешнињод гардид ва онњоро вакилон якдилона маъќул донистанд. Бубинед, ки аз он замон

Page 245: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

245

наср ва назм

то ин замон Президент 5 маротиба љурмдоронро авф карда.

— 20 ноябри соли 1992 Рањмон Набиевро комиссияи махсуси созмондодаи иљлосияи 16 бо сарварии шодравон Валентина Абдусамадова ба иљлосия овард. Ба ў имко ни сухан кардан доданд. Р. Набиев хушњол буд ё дилши-каста?

— Гумон мекунам, хушњол, вале аз њад зиёд хаста буд. Суханронии самимии ў касеро бетараф нагузошт. Ў мардона, бо сари баланд, бо дили пур, бо як ифтихори баланди миллї дар оѓози сухан чунин гуфт:

«Ман аввалан Эмомалї Рањмоновро ба муносибати ба вазифаи олї интихоб шуданаш муборакбод мегўям ва дар иљрои корњои душвору масъулиятнок муваффаќият орзу менамоям… Ба ў имконият дињем, ки љумњуриро аз бўњрони сахти сиёсї, иљтимої, маънавї ва иќтисодї барорад» Пас аз Рањмон Набиев Эмомалї Рањмонов сухан гирифта чунин гуфт: «Тамоми халќи љумњурї мар-донагию љасурии Набиевро бояд эътироф намояд. Ман ба Шумо, Рањмон Набиевич ваъда медињам: дониш, мањорат ва маслињатњои Шуморо дар кори худ исти-фода хоњам кард». Сарвари давлат ба ваъдааш вафо кард. Биёед, бо аќли сар нигарем, оё Президент аз роњи пешгирифтааш берун рафт? Магар бўњрони сахти сиёсї паси сар нашуд? Магар њамаи гурезањо ба маскани доимиашон барнагаштанд? Магар имрўз дастархони мо пур аз нозу неъмат нест? Дар бозорњо њазору як хел мањсулоти хўрока, сару либос, асбобу анљоми рўзѓор… Касе аќлу заковат дорад, ба шароити бозоргонї худро мутобиќ кард, зиндагии осоишта мекунад.

— Мегўянд, ки Шумо дар иљлосияи 16 аввалин шах се будед, ки дуюмбора вазир шудед…

Page 246: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

246

15-бањори Истиќлол

Ман аслан дар тўли ду солу дањ моњи вазириям се маротиба вазир интихоб гардидаам, ки њар кадомаш ќисса дорад. Чун аз мавзўи иљлосия дур наравем, гуфта-ниам, ки тахмин шаби 30-31 ноябр ба њуљраи мо Рамазон Мирзоев даромад ва аз ману Исматулло Каримов хоњиш кард, ки шарњи њол нависем. Ин аз он дарак медод, ки кињо ба вазифа пешбарї мешаванду кињо не. Њамин тавр, 2 декабри соли 1992 ба пешбарї ва интихоби вазирону раисони кумитањо сар карданд. Аввалин шуда аз минбар ба вазифаи вазирии фарњанг номи маро гирифтанд. Аз љой хестам. Эмомалї Рањмонов кўтоњакак гуфтанд: — Ато Њамдамовичро ман наѓз медонам. Кї савол до-рад?

Њама хомўш. Номзадии маро ба овоз монданд. Сад фоиз тарафдор, ягон кас зидду бетараф набуд.

Ваќте ки вазири фарњанг будам, бо њидояти Прези-денти кишвар Эмомалї Рањмонов ба Амрико ва Эрону Покистон рафтам. Дар Покистон мукофоти олии адабии он кишварро Президенти мамлакат Ањмадхон Лоѓарї ба ман супурд. Баъди он «дўстон»-и ман њай иѓвоњое набардоштанд, дар барномањои радиои «Озодї» аз номи ман сўњбати нашударо пахш карданд. Изњороти ман он замон дар рўзномаи бонуфузи «Садои мардум» чоп шуд ва нусхаи он ба унвони радиои «Озодї» ирсол гардид. Баъди ба њам омадани чанд вазорат бо пешнињоди Президент ба Дастгоњи раиси љумњур ба кор рафтам, нўњ сол дар як бино бо Президент кор кардам ва аз ин ифтихор дорам. Дар ин давра Президент хизмати хоксоронаи маро бо унвони Корманди шоистаи Тољи-кистон ќадр кард.

Иљлосияи таќдирсози 16-и Шўрои Олии Љумњурии Тољи кистон моро бо киштие ба уќёнуси њаёт њидоят кард, ки онро Президент Рањмонов идора мекунаду

Page 247: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

247

наср ва назм

пур аз накўкорист. Ва ин киштї аз ин уќёнусу дарёњо бомуваффаќият мегузарад. Ва мерасад он рўзе, ки орзую омоли Эмомалї Шарифович Рањмонов пурра амалї мегарданд.

Имрўз ман ин њама солњои сарнавиштсозро чун лентаи кино аз пеши назар гузаронда, љонбозињои Сарвари кишварро оиди вањдати миллї, худшиносї, эњё гаштани анъанањои неки халќї, рушди иќтисод, иљтимоиёт, илм, фарњанг дидаю эњсос карда аз номи шоир мегўям:

Эй рањбари рањкушо саломат бошї,Осон шуда сахти мо, саломат бошї.

Имрўз ки ту паноњи мардум шудаї,Худ дар панањи худо саломат бошї!

Page 248: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

248

15-бањори Истиќлол

Доро НАЉОТ

ОРИЁНО Таќдим ба соли 2006, ки соли тамаддуни ориёист

Ориёно!Ай тањранги ноби осмони тамаддун!Дуруд,мар турову дурахши кайгоњи1 туроаз Толори ойинањо,2

к- орастаїкаёранги3 худишро4

ба зулоли бомдоди авастоии Хуросон!

Ориёно!Ай аќиќи рухшони равоќи атиќ!Забарљади кохи истманди фарњанг!Дуруд,мар ноби асли туро«бо њазор ранги озинбаста»аз партави тољиконаи тољдар ањуропайванди шањаншоњии Порсуво5.

Ориёно!Ай абар!Ва барљойтар аз Бобулу Урартуву Осур!

1. Кайгоњ – тахт.2. Толори Ойинањо – номи ќасри Дориюши кабир дар Тахти Љам-

шед.3. Худиш – молик, подшоњ; кадхудо.4. Каёранг – ранги пок, сапед, покиза.5. Порсуво – номи кишвари Порс дар солномањои Ошурї.

Page 249: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

249

наср ва назм

Дуруд,мар ин равону бойистро,ки огоњтар аз «Дарахти Асуриг»1

фуруњидаи2

шинохту нишохти хешроба шањриёриву шањроройї,ва пиростаїчињилчароѓи Кохи чињилсутунро3

ба ситораљўши осмондараи КишвариЊазоршањр!4

Ориёно!Ай родманиш!Ай доштори доду дињиш Ва чароѓи дониш!Дуруд,мар бихрадии туро,«чи њар киаш хирад аст»,5

њунар дорад;чи њар киаш њунар аст,шодобестаз коризи фарњанг,чи њар киаш фарњанг аст,зиндагиаш бўёст аз бўяњои яснойї.

1. «Дарахти Асуриг» - номи манзумае ба пањлавии ашконї, ки бо назми зарбї, яъне бо усули шеъри сафед эљод шудааст.

2. Фуруњида – писандида.3. Кохи чињилсутун – ишора ба толори Оподоно дар Тахти Љам-

шед. 4. Кишвари њазоршањр – Мовароуннањрро дар сарчашмањои бостон

«Кишвари њазоршањр» гуфтаанд. 5. «чи њар киаш хирад аст»-и сатр аз «Андарзнома»-и пањлавї аст.

Page 250: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

250

15-бањори Истиќлол

зиндагиш рангорангбар осойи Аржанг

Ориёно!Ай тановар дарахтдар гузори тафбоди аждањои маќдунї,девбоди ѓули муѓул,самуми уштулуми Темури чаѓатойва њазору як шабехуну турктозу фареш!

Дуруд,мар ин пойиш Ва рўйишро,ки аз сабррешањо парвардаї Сабзбешањова шукуфањои варљовандиву1

Ориёнфарїва озодманиширо.Дуруд,мар ин радиву2

тамаддунофарироай хостгоњи фарри бењї,ва ай суруди баланди обшори усарён3

аз дамовандии рўњи башар-Ориёно! Ориёно! Ай, арйина вайиљањ!4

1. Варљованд – баландпоя, арљманд,барозанда. 2. Радї – хирадмандї; диловарї. 3. Усарён, усариён – бомдод (дар пањлавї). 4. «Арйиана вайиљањ» — сарзамини ориён.

Page 251: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

251

наср ва назм

КАБЎТАР ВА ЊУМО Ињдо ба дањумин солгарди Истиќлолияти Тољикистон

Ай бенињоят!Пањнои рўйишоѓуштаи чамани нињоят аст,ва гули рўњам ларзондар рањгузори пажўлиш;айдун,ки ибтидоям додайї аз интињои як шукуфтан.

Айдун,аз хокобаи вуљудаммоњият месабзад,ки гулест аз базри вањдатва абирогин аз абири абирофарин.

Айдун,дуки гардунатри тафаккурамроба калофи садбаргии миллат мепечадва садои андешаамроаз тору пуди «ё-њу»-и як кабўтар мерасад,ки андараш бол мезанад вањдати вуљуд.

Айдун,таљрибањои тавњидмеоѓозад вуслати парвозродар фазои армонњои кабутаронаи инсон.

Page 252: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

252

15-бањори Истиќлол

Ай бенињоят!бисоти зиндагиямсоддагии як кабўтар буд,ва њама нишотамлаззати парвозу шираи овоз.

Аммо,иблисчуѓдию каргасие ба хиёбонњо афшонд,ва калоѓњои ѓамзу каложањои бухлробо сангбори маломатба сари кабутаронаам шўронд,ки чаро кабутарам,на калмурѓ?!

Кабутаркушїовозамроба дилњои шикаста рехт,парвозамроба болњои гусаста омехт,фарёдамроба дори сукут овехт,ва сукутамро ба дори фарёд.

Ман,дар чањорсўи шигифтсар ба сўи остонњои ту мезадам,ай бесў ва ай бенињоят!

Page 253: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

253

наср ва назм

Ва ман,Иброњиме дар оташ будам,ки кабутариро ќаќнусї,ва оташро гулистон кардам.

Ва дар нињояти алови гулшукуфтаз аъмоќи дуои мурѓони нимбисмилсар баркашида њумое,бо хати парвози мустаќимба кўи њаќиќат.

Њумое,ки фазои умќи рўъяти мороогандаи атри умед кард,ва чун овоз афрошт,оворњо аз тан рехт,шайтанат ѓайб зад ба нопайдо,кабутарон рез кардандба оѓўши шаќоиќњои бими оштїва барги болњо печид ба боли баргњо.Њумое,ки дар ављи ситеѓи юмни миллатшањомати сомониаш аз њумоюнфариства љилои шуљоаташ аз шуљоати Алист.Айдун,аз моњияти вуљудгули «ё-њу» мебўям кабутарона,

Page 254: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

254

15-бањори Истиќлол

ва атри вањдат аз њавои мињан,ва анбари сиришт аз накњати бињишт;

Айдун,њумоюн мебинамба сари миллат њумои ављи саодатро,ва аз нињояти шукуфтане оѓоз мешавам;пас,гули рўњамромасун бидор аз пажўлиш,ай бенињоят!

Page 255: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

255

наср ва назм

Љамолиддин ТОШМАТОВ

МУБОРАКЌАДАМ (ОЧЕРК)

I

Чоштгоњ. Кенљабой дар ошхонаи нерўгоњи Бойѓозї хўрок мехўрд. Диспетчер Ирина Ањмадовна Бобкова омада дар пањлўи ў нишаст.

— Куљо мегардед, Кенља Давлатович? Расо, бо теле фон шуморо суроѓ кардам. Наёфтам. Нињоят, ба кор гаре њам таъин намудам. Ягон кас ба Шумо ягон гап зад ё не? – пурсид диспетчер.

— Не, - гуфт њайрон шуда Кенљабой – тинљї аст?

Ирина китф дарњам кашид ва гуфт:— Гўш кунед: имрўз баъд аз анљом ёфтани навбати

якум њатман ба назди калон равед.— Назди кадом калон дароям? – боз њайрон шуда

пурсид Кенљабой.— Ба њузури сардори «НоракИБОсоз» Евгений

Павлович Карпов-дия? – чашмонашро калон кушода ба Кенљабой нигарист Бобкова.

— Ман? Назди Евгений Павлович? – њуш аз сараш парид Кенљабойро ва шўхї кард: – Чї гуноње содир карда бошам? Чаро ў маро даъват кардааст?… Ё ин ки барои мустањкамсозии дарѓоти Бойѓозї супориши нав медо дагист? – гуфт Кенљабой худ ба худ.

Нињоят, кор ба охир расид. Коргарон бо автобус маркази Норак омаданд.

Page 256: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

256

15-бањори Истиќлол

Кенљабой саросема ба назди сардор шитофт. Ди-лаш дук-дук мезад. «Ман пештар ўро фаќат аз дур ё гоњ-гоњ дар маљлисњо дида будам. Аммо бо ў рў ба рў њамсўњбат нашуда будам. Чї гап бошад?»… аз дил мегу-заронд ў аз зинањо як-як баромада истода.

Кенљабой аз дари чармдори сардор ба дарун да-ромад.

— Омадї?.. Наѓз-наѓз! Биё имрўз корњоят читуранд – аз љои нишастааш суол медод Евгений Павлович ўро гарм пешвоз гирифта. Кенљабой њам саломалек карда ба курсии таги дар гузошта нишастан хост.

— Наздиктар биё. Ана ба ин курсї шин, – гўён кур сии рў ба рўяш бударо нишон дод сардор.

Кенљабой шармгинона ба њамон љо рафта ни-шаст.

— Хўш.. Мана, сохтмони нерўгоњи Бойѓозї њам ба охир мерасад. Ња, нагуфта агрегати чорўмаш њам ба кор медарояд. Баъд куљо меравем? – пурсид сардор бо табассум аз Кенљабой.

— Куљо мешуд, Евгений Павлович, - дар пеш сохтмони нерўгоњњои Сангтўда, Роѓун, истгоњњои барќии Помир моро интизор, - гуфт Кенљабой њам табассум карда.

— Хуб. Худи ту ба куљо рафтан мехоњї? – пурсид бо њисси кунљковї сардор.

— Шояд Сангтўда равам, - каме мулоњиза карда љавоб дод Кенљабой.

— Офарин! Ман аз ту њамин љавобро интизор будам, - далертар шуда илова намуд сардор.

— Хўш, ГЭС-и Сангтўда чї маъно ва ањамият дорад барои Тољикистон? Вай чї тавр сохта мешавад? Инро мефањмї? – пурсида монд Евгений Павлович аз Кенљабой.

Page 257: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

257

наср ва назм

— Номашро бисёр шунидааму вале кї месозад, чї хел месозанд, намедонам… Росташро гўям, дар ин бора маълумоти кофї надорам, - иќрор шуд Кенљабой.

— Њамту? Ин тавр бошад, гўш кун, - наќлашро сар кард Евгений Павлович. – Плани машњури «ГОЭЛРО»-ро шунида бошї, аз рўи наќша, дар муддати 10-15 сол сї истгоњи барќии хурду калон сохтан лозим буд, ки љамъ 1.650 њазор киловатт-соат ќувваи барќро њосил карда дар як сол 8,8 миллиард киловат-соат ќувваро ба Россияи ночор аз љанг баромада доданаш лозим буд. Ин барои соњањои хўрокворию озуќа, сару либос, наќлиёт, маорифу маданиятро равнаќ додан људо њам зарур буд. «Мувофиќи наќшаи пешнињодкардаи В.И. Ленин нахустин истгоњи барќї дар наздикии шањри Москва бо номи Кашира сохта шуд. Ба сохтмони он на танњо аз Россия, балки аз тамоми Осиёи Марказї корвонњои шутур, маводи гуногуни бинокорї - мех, белу каланд ва мисрону зоѓнўл фиристода буданд…

Дар худи ГЭС-и «Сангтўда-1»-и Тољикистон бошад, чањор агрегати њар кадом дорои 167,5 њазор киловат-соат нерўи барќ тавлидкунанда гузошта мешавад.

Инро бо ќувваи ГЭС-њои «ГОЭЛРО» муќоиса кун. Масоњати сохтмони ГЭС ќариб дањ гектарро ишѓол мекунад. Баландии дарѓоташ 75 метр аст. Дар обанбор 250 миллион метри мукааб об љамъ мегардад. Ќиру адирњои атроф гулистон мешаванд. Шањрчаи барќчиён бунёд мегардад. Баъди ГЭС-и «Сангтўда-1» 8 километр поёнтар аз он ГЭС-и «Сангтўда-2» бунёд мешавад. Ба он ду агрегати иќтидори њар кадомаш 110 њазор киловат-соат гузошта мешавад. Дар обанбораш 5 миллион метри мукааб об меѓунљад…

— Эњ-њэ, наќшањои олиљаноб-ку, Евгений Пав-лович! – бо њайрат гуфт Кенљабой.

Page 258: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

258

15-бањори Истиќлол

— Њо, наѓз фањмида гир, ки туро ба сохтмони иншооти «андак-мундак» мефиристам. Хуб, акнун рав, бо оилаат маслињат кун. Агар розї бошї, фардо ба Сангтўда меравї. Корњои аввалини созмондињии коллектив, кушодани роњ, ташкил намудани ќароргоњи муваќќатї ба зиммаи ту гузошта мешавад. Туро дирўз дар машварати мутахассисњо тавсия карданд. Яъне, мо ба ту боварї дорем!

Кенљабой хайрухуш намуда берун баромад ва ба сўи хонааш рањсипор шуд. Рањравон фикр мекард, ки кори њозирааш ба худаш мувофиќ, њамроњи коргарон њар рўз бе ташвиш ба кор меравад. Дуруст, касби худам гул барин. Таљриба њам дорам. Вай ёдовар шуд, ки соли 1969 дар Душанбе техникуми политехникиро хатм карда буд. Ба њайси «усто» ба «Ёвонводстрой» фиристоданд. Тахмин шаш моњ он љо кор кард. Пас ба хизмати њарбї даъват карданд. Дар шањри Рязан дар ваќти хизмат дар сохтмон кор кард. Соли 1978 аз он љо омада, ба Норак рафт. Дар сохтмони обанбори Пули Сангин ба њайси прораб кор кард. Соли 1980 ба сохтмони нерўгоњи Бойѓозї чун прораби калон ба кор фиристоданд.

Корро аз сохтмони роњ сар кард. Роњи Норак-Бойѓозї ва гардишгоњњои онро ба тартиб овардан лозим буд. Бадани кўњпорањоро тарошида, чуќуру пастињоро пур кардан, роњро рост бурида гузарондан ба зиммаи ман буд. Сї километр роњро дар муддати кўтоњ ба истифода додем… Аз байн ду сол гузашт. Барои њаракати автомобилњои калон роњ тангї кард. Масъала ба миён гузошта шуд, ки роњи соњили рости дарёи Вахш ба соњили чап гузаронда шавад.

Аз мавзеи Пастакон ба воњаи Ќоратош барои гу-заштан пули калон сохтан лозим омад. Ваќт кам буд. Бо вуљуди ин пулро хеле зуд сохтанд. Рафтуомади наќлиёт

Page 259: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

259

наср ва назм

осонтар шуд. Ин боиси босуръат анљом гирифтани сохтмони нерўгоњи Бойѓозї гардид.

Ана, акнун, ўро ба сохтмони нав – ба Сангтўда фи рис тониданд. «Рав бо оилаат маслињат кун! Розї бо-шанд…» - боз гуфтаи сардор ба хотираш омад.

Евгений Павлович одами доно, роњбари обрўманд, љеѓ зада «Ба Сангтўда меравї!, гуфта розигии маро пурсид. Корро ташкил мекунї», гуфта амр кунад, чї кор њам мекардам? Дарвоќеъ, очаи бачањо чї мегуфта бошад? «Не»! – гуфта ду пояшро ба як мўза андохта шинад, чї њам гуфта метавонам? Охир, шукр, се духтару се писарча дорам. Њам кор, њам тарбияи бачањо… осон не! Њоло њам сад шукр ба њамон Оишаам, ки њамаи корњои хона ва тарбияи кўдаконро ба зиммаш гирифта, барои ором кор карда гаштанам имкон медињад!..

II

Кенљабой баъди хўроки шом, чой нўшида аз масъ-алаи сохтмони Сангтўда гап сар кард. Дар байн як дам сукунат њукм ронд. Ба зудї дањан во накардани њам-сараш дилашро тазйиќ медод.

— Худатон медонед, мардак! – гуфт нињоят ў. – Агар дилатон кашол бошад, равед. Шукр, фарзандонамон нони сохтмон ќатї ба воя расиданд. Байни Нораку Бойѓозї рафтуо карда кор кардед, кам нашудем. Њама чиз дорем. Ором зиндагї мекунем. «Рўшанї аз як мулк то мулки дигар бурдан» савоб мегўянд дар урфият. Хуб, Сангтўдаашро њам бинед-канї, - гуфт Оиша.

— Кенљабой аз ин гапњои њамсараш рўњбаланд шуд.

Рўзи дигар, яъне 19 майи соли 1986 дар назди идора љамъ шуданд. Бо шариконаш ошно шуд. Онњо одамони

Page 260: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

260

15-бањори Истиќлол

дар сохтмонњо номбароварда – прораб Александр Кисел ков, бригадир Абдусалом Гурезов, бетончиён А. Љабборов, Њ. Ѓуломов, С. Њаётов, Р. Ќурбонов, Зинаида Кондрашова буданд. Баъд аз пешин, чизу чорањояшонро ба мошин бор карда, ба роњ баромаданд. Њаминаш бад, ки роњ чапѓалат буд. Аз Норак ба Сангтўда роњи рост нест. Тавассути роњи Данѓара сўи Ќўрѓонтеппа 110 километрро тай кардан лозим буд.

Ин њам дарди бахайр, лекин аз Навобод то Гулис-тон роњњо харобу валангар буданд.

Пирамардон ќисса мекарданд, ки ваќти кам шудани оби дарё одамон љамъ шуда, њашар карда аз дарё санг берун меовардаанд ва њар кас, ки хона сохтанї шавад, аз он истифода мебурдааст. Зеро дар мањалњои атроф санг набудааст. Аз ин рў њам номи дењаро Сангтўда гуфтаанд, - ќисса мекард ронанда Сафаралї аз роњ чашм наканда.

Дар мардум њамин хел ривоят њам њаст, ки гўё Искандари Македонї дар аснои аз ин мавзеъ гузар карда-наш ба лашкари хеш амр мекунад, ки њар як сар боз яктогї аз санги роњаш гирифта он љо тўда созад. Фар-мони ў дањон ба дањон меравад.

Дар бозгашт боз фармон медињад, ки њар як сарбоз санги худро аз тўдањои санг баргирад. Зинда мондагон яктогї сангашонро мебардоранд. Санги зиёде боќї мемонад.

Искандар сари ин сангтўдаи боќимонда нишаста зор-зор мегиряд, ки њамин ќадар аскараш талаф ёфта-аст.

Пас аз ду њазор сол аз пањлўи њамон Сангтўда Ќањра монони Иттињоди Шўравї Исмат Шарифову Сафар Амиршоев њам гузашта ба љанги зидди фашистон раф танд. Онњо њам барнагаштанд!..

Page 261: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

261

наср ва назм

III

Мо даруни вагонхона нишастаем.Ин вагон аз байнаш ду таќсим карда шудааст.

Дар нимаи аввал – мизи чањоркунља, дар атрофаш кур-сињо гузошта шудаанд. Дар як бурљ љевони хурдакак. Дарунаш пури ќоѓаз, кулоњ, асбобу анљоми гуногун. Дар пањлўи он асбоби муайянкунандаи сатњи замин гузошта шуда буд. Дар нимаи дигари хона-вагон кати хоб ва љевонча ва дар болои он телевизори калони «Рубин»-ро љой додаанд.

— «Ќабулгоњ»-и ман ана њамин љо, - хандид њамсўњ-батам – сардори мавзеи сохтмон Кенљабой. – Дар нимаш кор мекунам, нимаи дигараш љои хобам.

Рўзона ин љо хеле серодам мешавад, бисёр ѓало-ѓула… Бегоњї хона-вагони Кенљабой ба клуб табдил меёбад. Бинокорон њама љоро пур карда, телевизор мебинанд.Хаёлатон, ки азаматњо дар ќасри мўњташаме нишаста тамошо доранд. «Хона танг бошаду дил васеъ»-аш њамин-будагист.

— Хўш, биёед ман шуморо бо «буду шуд»-и Санг-тўда ошно созам, - гўён Кенљабой аз даруни љевон мисли дастархон наќшаи сохтмони лоињаро баровард, ки ба рўи он хатњои ранги љигарї кашида шуда буданд.

Аз фурсат истифода карда Кенљабойро бо нишони «Мењнати шоён», ки ба ќарибї мукофотонида шуда буд, табрик гуфтам.

— Ин нишони «Бойѓозї»-ст. Дар Сангтўда орден ме гиред-дия! –орзу кардам ман.

— Таќдир медонад, хоксорона китф дарњам кашид Кен љабой. – Канї, кардан гирем-чї! – Ў ба лоиња нига-рист.

Page 262: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

262

15-бањори Истиќлол

Пеши чашмонаш хатњои бењисоби каљу килеб… Лекин агар ба вай аз назари сардори сохтмон – Кенљабой назар афканем, он њама хатњои каљу килеб ба «сухан» медароянд...

— Ин лоиња – гуфт Кенљабой дасташро ба рўи ќоѓаз гузошта, - дар шањри Тошканд дар шўъбаи Осиёи Миёнагии пажўњишгоњи «Гидропроект»-и Умумииттифоќ кашида шудааст.

— Маќсади сохтмони он чист?— Маќсад? Истифода аз њар як ќатра оби Вахш!

– возењ гап мезад ў. – Обе, ки аз нерўгоњи Бойѓозї љорї мешавад, то расидан ба истгоњи Сарбанд (Калининобод) ќатрае кам намешавад. Маќсади мо ба ќисмати љануби Данѓара баровардани об, заминњои зиёдеро ќобили кишт гардондан. Ба он мавзеъњо њам об меравад, њам ќувваи барќ!

Муњимаш, худи табиат ба равиши дарё чунон шароит ба вуљуд овардааст, ки кўњњо ин дарёи азимро аз ду тараф мисли љўйборе ва њатто гуфтан мумкин, мисли соѓутарош «коса» сохта додааст, ки аз он дуруст исти фода накунем, айб аст.

Дар хусуси оби Вахшро тавассути нерўгоњи Сангтўда танзим кардан, оби Омуро ба мавсим нигоњ карда як зайл нигоњ доштан гап назанем њам мешавад. Зеро ин ба њама аён аст.

— Њоло ба ин љойњо нерўи барќ аз куљо меояд? Аз нерўгоњи Бойѓозї?- мепурсам ман.

— Не. Аз ГЭС-и Сарбанд, - гуфт ў. – Њамсояи ља нубии мо. Њоло аз он љо ба сўи Данѓара, ки истгоњи хурдтар дорад, хати барќ кашида мешавад. Вай аз љои њозираи мо якуним километр дуртар воќеъ шудааст. То Бойѓозї 25 километр хоњад буд.

Page 263: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

263

наср ва назм

Аммо илољи дигар нест. Њама чиз, техника ва таљњизот бо роњи Данѓара оварда мешавад. Хайрият, ки вазорати обу барќ ва Госплан шароити душвори кўњистонро ба назар гирифта як миллион рубл пул гузарондаанд, ки сарфи сохтмони роњи автомобилгард хоњад шуд. Њоло сохтмони роњ аз тариќи Бойѓозї оѓоз ёфтааст.

— Барои сохтмони истгоњ чї ќадар маблаѓ људо шудааст?

— Умуман барои њарду нерўгоњ ќариб панљсад миллион рубл маблаѓ људо кардаанд. Аз он 185 мил-лионаш барои корњои сохтмону монтаж. Як миллион – барои роњ, маблаѓи боќимонда барои сохтмони шањрчаи коргарон сарф мешавад.

— Дар љое ки худамон ќарор дорем, - гуфт ў – саридораи базаи механиконидашуда сохта хоњад шуд.

Инаш, - гуфт ў бо дасташ лоињаро нишон дода, - анборњои сохтмон, инаш заводи оњану бетонї. Дар як тарафаш ошхона барои 180 кас, дар тарафи дигараш – базаи автомобилї. Умуман љамъ бист бино бунёд ме гардад. Њоло ба сохтмони тањкурсии ин базањо сар кардем. Барои пойдевори заводи оњану бетон чуќурї канда шуд. Дар баѓали кўњ роњ сохта мешавад. Даст-гоњњои барќтанзимкунанда шинонда шуданд. Масолењи сохтмонро кашонда истодаанд. Теъдоди коргарон торафт меафзояд. Њоло ба шаст кас расид. Дар се моњи охири соли 1987 ба маблаѓи 50 њазор сўм корњои гуногун ба иљро расонида шуданд.

Боз як чиз, гуфт ў диќќатамро ба худ љалб карда. – Дар айни ављу барори кори сохтмон теъдоди коргарон ба се њазор кас мерасад. Дар сохтмонњо усули кори вахта љорї карда мешавад. Ин ба сифати кори сохтмон ва ављ

Page 264: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

264

15-бањори Истиќлол

гирондани мусобиќа имкон медињад, ин як. Дуввум аз Норак то ин љо омадурафт осонтар мегардад.

Ончи ки ба шумо гуфтам, дар ана њамин нишонањои рамзї нињонанд. Њамааш, «ња» нагуфта љомаи амал мепўшад.

— Њоло аз мошинолот – чињо дорем?— Дар айни ваќт ба мо чањор экскватор як бул-

дозер, панљ автомобили боркаш додаанд. Воситањои техникї бо навбат фиристода мешаванд. Акнун навбат ба «саёњат», - гўён лоињаро ќат карда, даруни љевон гузошт ва худ пеш даромад.

Аз хона-вагон баромада, сўи њамон мавзеъ ќадам задем, ки он љо обанбор ва бинои нерўгоњ сохта мешуд. Масофа то он љо аз сесад-сесаду панљоњ ќадам дуртар набуд. Тарафи росташ яклухт зови баланд. Тарафи чап замини кушод. Дарёи Вахш бањузур доман пањн карда, ялаќќос зада якмаром мешорид ва рафта-рафта дар байни кўњњои тарафи чап гум мешуд.

— Њў ана он дарахтони чинору тутро мебинед? – ишора кард сардор, - ин љо боѓистони хољагии «Ѓайрат»-и ноњияи Данѓара буд. Агар ба хољагї мењмони нозуктар ояд, ба ин љо оварда, мењмондорї мекарданд. Баъди иљрои плани пахтасупорї љамъомадњои тантанавї њам дар ин љо гузаронида мешуд.

Инак, он љо акнун бинокорони мо дам мегиранд. Бинои нерўгоњ дар худи њамон љо сохта мешавад.

Мо ба он љо наздик шудем.Воќеан њам љои олиљаноб. Се-чор ток ба танаи

чинор печида баромадааст. Хаёл мекунед, ки айвончаи дарозе бошад. Хўшањои ангур заб-зард пухтаанд. Дар поёни он истироњатгоњест, ки аз тахта сохтаанд.

Онсўтар рўи чањор оташдон дег гузоштаанд.

Page 265: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

265

наср ва назм

Аз шохњои баланди чинор хониши мурѓон ба гўш мерасад. Дар поёнтари он дарёи пурталотум љорист, ки даст дароз кунед ба оби сардаш мерасад.

Бо зинањои тахтагин ба шипангчае баромадем. Дар болотари кўрпачањои густурдашуда харсанги бузурге меистод. Рўи харсанг баромада ба атроф чашм андохтем. Дар аќиби харсанг об љамъ шуда буд, хаёл мекунед, ки њавзи бадвоњимаест…

Дарёи Вахш аз Бойѓозї фуромада, гўё мисли як љўйчаи шўхоб ба њамин њавз дохил шуда, аз пањлўи он санги азим баромада мерафт.

— Мисли ана њамин њавз бо љинсњои кўњї сарбанди обанбори нерўгоњ сохта мешавад, - гуфт Кенљабой ба сўи кўњњо ишора карда. – Бинои нерўгоњ дар љои њамин шипанг сохта мешавад. Ба фикри ман, худи табиат ња-мин љойро тахт карда мондааст ва мо агар нерўгоњро на созем, айб аст.

— Рост, - гуфтам дар љавоб сар љунбонда..

IV

Љанги беамони бародаркушї ба иќтисодиёти То љикистон зарари калон расонд. Дар њамаи соњањо танг дастии шадид рух дод. Боло рафтани нархи мол ва тан ќисии пул халќро сахт ба ташвиш овард. Хусусан нара сидани сўзишворї ва ќисмњои эњтиётї ба зиндагии мар дум таъсири сахт расонд.

Дар чунин вазъият нерўи барќ-манбаи асосии таъминкунандаи эњтиёљоти рўзгор, калиди ба кор ан-дох тани саноат ва истењсолот мањсулоти асосї буда-нашро бори дигар нишон дод. Инро ба њисоб гирифта Президенти мамлакат Эмомалї Рањмонов ба тамоми халќ мурољиат карда гуфта буд, ки:

Page 266: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

266

15-бањори Истиќлол

«… Бо назардошти вазъи иќтисодии имрўзаи љумњуриамон, то замоне ки њомї пайдо карда сохтмони бузургтарин нерўгоњи барќии Роѓунро аз нав барќарор мекунем, ба мо лозим аст, сохтмони нерўгоњи барќии Сангтўдаро бо захираю имконияти худамон рўи даст гирем. Онро сохтмони умумихалќї эълон бикунем. Агар нерўгоњи барќии Сангтўда пурра сохта ба кор андохта шавад, њар сол то 2 миллиарду 700 миллион киловат-соат барќ тавлид мекунад. Ин миќдор барќ эњтиёљи ќариб тамоми вилоят ва ноњияњои Тољикистонро ба он таъмин месозад…»

Ин мурољиатро тамоми зањматкашони љумњурї дастгирї карданд. Онро ба таври њашар сохтанї њам шуданд.

Бале. Нерўе, ки аз ин истгоњ њосил мешвад, оянда барои серу пур гардонидани мардуми аз љанги хароби-овар зарари калон дида, ба роњ андохтани наќлиёт, хољагињои зироаткор, саноат, ривољ додани илму фан, равнаќи фарњанг мусоидат хоњад кард.

Бисёр идорањо ва корхонаю ташкилотњо мувофиќи имконияташон ба суратњисоби Истгоњи барќии Сангтўда маблаѓ мегузаронанд. «Сангтўдаро аксия месозад» гуфтанд. Вале…

V

Чї хушнудї аст, ки соли чањордањуми истиќлолият дар таърихи сохтмон сањифаи нав кушод. Бо кўшишу талошњои Президенти мўњтарамамон Э.Ш. Рањмонов таваљљўњї дўстон ва сармоядорони давлатњои хориља боз ба Сангтўдаву Роѓун љалб карда шуд.

Дар пойтахтамон – Душанбе моњи январи соли 2005 раиси Љамъияти сањњомии «Системаи ягонаи энер-

Page 267: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

267

наср ва назм

гетикї»-и Руссия – Анатолий Чубайс, вазирони энерге-тикаи Тољикистон – Љўрабек Нурмањммадов ва Эрон – Њабибулло Бетараф љамъ омада дар масъалаи идома додани сохтмони нерўгоњњои барќии обии Сангтўда ва Роѓун машварат ороста паймон карданд, ки нерўгоњ-њоро якљоя месозанд. Дар ин бора созишномањои байни-њукуматї имзо шуданд. Мутахассисњо ба тайёр кардани наќшањо ва лоињањо шурўъ намуданд.

Онњо мўњлати сохтмони нерўгоњњоро аз рўи нишон-доди Созишнома то соли 2008-ум муайян карданд. Барои ин 500 миллион доллари амрикої лозим аст. Вазорати энергетикаи Руссия, ки яке аз сањмдорони асосии нерўгоњи Сангтўда аст, људо кардани 250 миллион доллар ва техникаю мошинњои њозиразамонро ба зимма гирифт. Давлати Исломии Эрон ўњдадор гашт, ки барои сохтмони нерўгоњи «Сангтўда-2» - 150 миллион доллари амрикої маблаѓгузорї менамояд.

Сарвазири Тољикистон Оќил Оќилов ва раиси Љамъияти сањњомии «РАО ЕЭС»-и Руссия А. Чубайс хишти аввалини бинои нерўгоњи барќии «Сангтўда-1»-ро гузоштанд.

VI

…Сардори участкаи сохтмон Кенљабой Зиёев дар даст бастаи папкаи лоињањо ба назди васлгар омада каме кори онро наззора карду гуфт: - Исто, Мањмуд! Чусур-часари электрод ќатъ шуд, шарорањо хомўш шуданд. Васлгар Мањмуд, ки симњои арматураро васл мекард, ниќоби васлгариро аз сар гирифта аз љояш хест ва сардорро дида андаке саросема шуд.

— Кадом маркаи арматураро васл мекунї? – бо оњанги љиддї пурсид Кенљабой.

Page 268: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

268

15-бањори Истиќлол

— 16«а» навъи 3, - гуфт Мањмуд.— Бин, чашматро калонтар кушода бин!, – ба

арматурањои девормонанд васлшуда ишора карда гуфт сардор. – Њамааш як маром – аз арматураи маркаи 20 васл шудагї. Њамту не? Симњои охирин – 4 дона васл кардагиат маркаи 16. Магар ту инро намебинї?

— Хайр, фарќаш чї? Дар даруни бетон монда меравад-ку? – гуфт Мањмуд бо оњанги бепарвоёна.

— Ту,чї? Навкор њастї магар? Фарќи маркањои арматураро намедонї? Хайр, имрўз васл мекунї. Пагоњ девори бинои ГЭС аз њамон љо кафад, кї љавоб медињад? Не! Бо «гўр сўзаду дег љўшад» кор буд намешавад! Бо наѓзї њамон арматураи 4 донаи борики васлкардаатро гирифта аз нав кун. Набошад, кори имрўзаатро брак мекунам. Аз мукофоти 15 мањрум мешавї!

Охир арматураи маркаи 20 тамом шуд. Чї, акнун бекор шинам? – пас намеомад Мањмуд.

— Маркаи 20 њаст. Барои чї аз бригадират напур-сидї? – Њозир рапорт менависам. – Кенљабой ба сўи вагони прораб рањсипор шуд.

— Хайр, хайр. Сардор! Бубахш... – аз ќафои Кенља-бой фарёд зада давид Мањмуд…

VII

Дар сохтмони ГЭС-и «Сангтўда-1» рўзи сешанбеи њар њафта, соати 12 гузарондани маљлиси кўтоњмуддат анъана шудааст. Ба он аз сардори Љамъияти сањњомии «НоракИБОсоз» сар карда то устоњо, прорабњо, сар-дорони объектњо, роњбарони наќлиёт, автабазањо ва корхонањо иштирок карда, кору бори дар давоми њафта басомонрасидаро љамъбаст менамоянд, вазифањои њафтаи

Page 269: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

269

наср ва назм

навро муайян менамоянд. Дар ин «наќшакашї» сардори участка Кенљабой Зиёев њатман иштирок мекунад.

Дар «наќшагирї»-и дирўза Кенљабой Зиёев чунин гуфт:

— Бардоштани девори бинои ГЭС аз рўи љадвал рафта истодааст. Бригадаи Тољ Ќодиров ѓайрат нишон медињад. Коргарон графикро сад фоиз иљро накунанд њам, дар байни коллективњо, бинокорон муташаккилона ва рўњбаландона кор мекунанд. Њафтаи гузашта аз шўъбаи корњои механиконидашуда талаб карда будем, ки ба участка кран фиристонад, ки трансформатори таќсими барќро гузошта, њаљми корро зиёд намоем. Ин иљро нашуд, њафтаи нав бояд иљро шавад! Ба ташкилоти пудратчї супориш додан лозим, ки дар участка доска, як тахтаи нишондод оварда шинонад. Бо воситаи он рафти кори њаррўзаро љамъбаст намуда, тарѓибот кунем ва натиљањои корро ба самъи коргарон расонем…

Хуллас, сардори участка дар дувоздањ масъала эрод гирифта, камбудию норасоињои мављударо њамаљониба тањлил кард. Мо ва ташкилотњои дахлдор аз ин бояд хулоса барорем, гуфт вай дар хотима.

Сардор имрўзњо хеле серкор аст, ба сархорї ваќт намеёбад. Њамаи кўшишу ѓайрати ў ба њарчи тезтар сохтани нерўгоњи барќї нигаронда шудааст.

Page 270: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

270

15-бањори Истиќлол

Зулфия АТОЇ

СОЛИ 2006

Соли нав, эй ганљи ноб, эй бебењо,Љилваи сидќу таманною вафо.Соли парвози баланди орзўДар вуљудат аз чаманњо рангу бў.Соли ёде аз љањони Ориё,Саљда бар рўњу равони Ориё.Соли љашну боздиду анљуман,Љилваи гулњои рангин дар чаман.Соли љашни хуррам истиќлоли мо,Менамояд бахт истиќболи мо.Зодрўзи шањри Кўлобу Саразм,Соли шодї, соли назму соли базм.Соли гандум, соли пахта, соли об,Соли атлас, њам чакан, њам офтоб.Сохтмони Сангтўда дар назар,Ранљи Анзобу рањаш дар пушти сар.Сохтмони Роѓшањру боѓшањр,Рањ ба сўи бањри Њинду сўи дањр.Сохтмони пули рўди Вахшу Панљ,Мењр подоши азобу дастранљ.Соли кашфи ахтарони ноаён,Равнаќу шеъру суруду достон.Чун Авасто нек будан дар нињод,Кини дилро як ба як додан ба бод.Соли рустан, сар баровардан зи хок,Соли ќалби поку соли дасти пок.

Page 271: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

271

наср ва назм

ДУШАНБЕРО ШУДАМ ПАЗМОН

Даме дур аз диёри худ Душанберо шудам пазмон,Ба чашмам акси ёри худ Душанберо шудам пазмон.

Зињї, марзи бињиштосо, бењин абру бењин дарё,Вале алъон бањори худ – Душанберо шудам пазмон.

Худоё, мулки бегона шавад њамдам маро ё на?Диёри ѓамгусори худ – Душанберо шудам пазмон.

Ба ёди оби ширинаш дили пуроташам гум зад,Хушово чашмасори худ – Душанберо шудам пазмон.

Турунљу норгил бинмуд, овањ, талх комамро,Шакарангуру нори худ – Душанберо шудам пазмон.

Бухорои навини хеш, шањри бењтарини хеш,Китоби зарнигори худ – Душанберо шудам пазмон.

Забони тўтии хушгў набошад чун забони ў,Забони хушгувори худ – Душанберо шудам пазмон.

Миёни ќасри афсона чу як гунљишки белонаМакони хоксори худ – Душанберо шудам пазмон.

Ба чашмам Айнию Сино, ба гўшам Лоиќу Мирзо,Суханпарвар диёри худ – Душанберо шудам пазмон.

Шукўњи њайкали Сомон бубухшояд фурўѓи љон,Дирафши тољдори худ – Душанберо шудам пазмон.

Page 272: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

272

15-бањори Истиќлол

Зари бегонањо зар не, дари бегонањо дар не,Њисори зарнисори худ – Душанберо шудам пазмон.

Сари сабзам аз ў бошад, баљо набзам аз ў бошад,Суруру ифтихори худ – Душанберо шудам пазмон.

ГАНЉВАР

Аз миёни обу оташ, аз масири ќарнњоАрмуѓон овард ганљаш халќи оташзоди мо.Шоњбайту ќиссаю афсонањо дар махзанашАрмуѓонаш бебањо, лаб нотавон дар гуфтанаш.Лањни ў сози рубобу дилнавоз оњангњост,Сањнааш наќшу нигори сўзании пурљилост.«Шашмаќом» андар маќомаш ганљи бодовард нест,Зеру бам дорад, валекин зери хоку гард нест.Хилќаташ якто бувад, њар ганљро халќ оварад,Офарин бар миллате, ки-ў ганљи дил меофарад.Ёдгори халќи мо гоње нињон дар ќаъри гил,Аз ѓубори кўзапора мерасад фарёди дил.Хиштњои Истаравшан чун китоби ќиссагў,Мекунам з-ин шањри армон хештанро љустуљў.Ном монд аз Њулбуку Суѓду Њисору шодмон,Кўзапора роз гўяд пеши мо бо сад забон.Ёдгори халќи мо танњо куњандевор нест,Рўи олам халќи мо беному беосор нест.Армуѓони халќи тољик дар вуљуди поки ўст,Дар замини ёдњо чун сабзбоѓе дар нумўст.Њифз бояд кард алъон ёдгори халќро,Кўзае, хиште, китобе – шоњкори халќро.

Page 273: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

273

наср ва назм

ЭЊДО БА ХУЉАНДШАЊР

Ало, минунишон манзил,Дурахшон кавкабе њастї.Ало, эй шањри мењрогин,Хумоюнмазњабе њастї.Тирози бањру бар гаштї,Хуљистаматлабе њастї.Туро рою равон Сайњун,На бељон ќолабе њастї.Камолатро пазируфтам,Бењин як мактабе њастї.Мањастї – моњ дар афлок,Ту дар тобу табе њастї.Сафоовар, сафобахшо,Сурўш андар лабе њастї.Хуљанд, афсонаи ширин,Њазору як шабе њастї!

ОЛИ СОМОН, ОЛИ ТОЉИК

Оли Сомон, оли тољик,Ахтари хушфоли тољик.Гавњаре аз бањри Сомон,Давлати навболи тољик.

Ёди Сомон ашки талхе дар гулўям,Чун ятимон модари худро биљўям.

Чархи Сомон, чархи гардун,Офтобе дар тамаддун.Нолаи Љайњуну Сайњун,Ќиссае аз ашку аз хун.

Page 274: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

274

15-бањори Истиќлол

Оли Сомон, ахтари Машриќзамин ту,Саргузашти дилнавозу дилнишин ту.

Ахтари Сомон дурахшонДар Хуљанду Рашту Хатлон.Ёди Сомон ёди ширинДар Њисору дар Бадахшон.

Саргузашти моњпора Оли Сомон,Мешавад рўшан дубора Оли Сомон.

ТОЉИКИСТОН

Тољикистон, хонаи ободи ман,Мањди ман, манзилгањи аљдоди ман,Реша дорад нахли мењрат дар дилам.Саљда меорам ба хокат,Саљда меорам ба обат.Аз гилу оби ту аст обу гилам.

Эй макони гулфишон,Зодгоњу маскани мардони кор.Аз дилу љонДуст медорам туро!

Тољикистон,Сарзамини бостон,Духтари кўтоњдастат як замон,Љои пайѓоме равон кард аз барои ошиќашКоњу ангишти туро.

Page 275: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

275

наср ва назм

Бе сухан мехост ў гўяд ба ёр:Бе ту, эй ёри азиз,Зардрў гаштам чу коњ,Дар фироќат он чунон њам сўхтам,Гаштам охир њамчу ангиште сиёњ.

Тољикистон,Мењри туОн чунон дар сина беандоза аст,Ман намедонам чи сонБо сухан гўям варо?Бе ту ман њам мешавам чун коњ зард,Аз ѓаму аз сўзу дардМешавам ман бе ту ангишти сиёњ.

Тољикистон, хонаи ободи ман,Гўшаи зебою сарсабз, эй Ватан,Бар танам мењри ту бо шир омадаст,Меравад бо љони ман!

Page 276: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

276

15-бањори Истиќлол

Шањрияи АДЊАМЗОД

НИЁИШ

Мо мардуми фарњангї дунёи дигар дорем,Бо мењри ањурої савдои дигар дорем.Бо нармиву мастурї машњур агар будем,Дар сафњаи дањр имрўз имзои дигар дорем.Моем найи нолон, аз ишќи Худо болон,Бо нойу навои нав Мавлои дигар дорем.Бегона њамељўяд аз мо асари айбе,Бо љурми адў бо худ ѓавѓои дигар дорем.«Шамшер чї кор ояд», моро ќаламе бояд,Бо шеваи созанда овои дигар дорем.Бо чењраи нуронї аз ањли Хуросонем,На турку на аъробї, бобои дигар дорем.Сармояи умри мо гурдони Аљам бошанд,Аз њикмати «Шањнома» эњёи дигар дорем.Пирўзу муборак бод њар соати истиќлол,Индам ба канораш мо фардои дигар дорем.

САНОИ ИСТИЌЛОЛ

Рањ ба сўи нури хуршед аст истиќлол,Саргањи дарёи уммед аст истиќлол.Миллати ойинадил, ойинаандешам,Мазњари пояндаи дид аст истиќлол.Суннати љамшедиям аз Ориё боќист,Ёдгори тахти Љамшед аст истиќлол.Бо таманнои висолат зиндагї кардем,Бо ту њар як рўзи мо ид аст истиќлол.Дар диёре, ки хирад оњанги бедорист,Шоми моро субњи таљдид аст истиќлол.

Page 277: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

277

наср ва назм

Лаззати вањдат бувад дар дўстї моро,Дар Хуросон шеъри тавњид аст истиќлол.Дўстонро чун бикардї њамдаму њамроњ,Душмани љони ту навмед аст, истиќлол.Инак, аз чашмони бинои Ватан хонам:Сўи фардо роњи испед аст истиќлол.Эй хушо, дар љону дар чашмони њар тољикГавњари мењри ту љовид аст, истиќлол.Зодрўзамро зи ёди хештан бурдам,Шодбоди рўзи тавлид аст истиќлол.

* * *Ба Истиќлоли мењан саљда орам,Намозамро ба даргоњаш гузорам.Бихонам ояти шукронааш беш,Ки њаст он њадяи Парвардагорам.Бибўсам парчами сабзи Ватанро,Хазони дил равад, ояд бањорам.Шабонгањ бодаи моњаш бинўшам,Сабоњаш бод доруи хуморам.Агарчи баргу борам борњо рехт,Њамоно такдарахти устуворам.Зи шеъри ноби илњоми ХудовандМаъонии накўро интизорам.Шањодатномаи ман «Шоњнома»-ст,Аљам-оѓози сабзи рўзгорам.Хуросони суханро шоире бод,Чу Фирдавсї бигўяд з-ифтихорам,Ки оре, Ориёиям ба оламВа бошад Зардуњишту Љам таборам!

Page 278: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

278

15-бањори Истиќлол

ТОЉИКИСТОН

Тољикистон, рўшанистони дилам,Аз таљаллї пур намої манзилам,Гавњари чашми маро бахшой нур,З-офтобат љони ман созад њузур.Дар сукути ту садоям, эй Ватан,Бо таби ту ошноям, эй Ватан.Дар заминат бо таманноњои хешБазри уммедам њамесозам пареш.Ояти мењри туро дорам ба ёд,Љонамозам сабзаи хоки ту бод.Вопасин аксе, ки аз олам барам,Акси мењри туст дар чашми тарам.Эй Ватан, пайѓамбару Мавлои ман,Сураи мењрї ту дар лабњои ман.Ќарз бошад њифзи ному нанги туБар ватандорон ба рўзи танги ту.Зиндаам бо нуру бо нори Аљам,Зинда бошад дар ту ашъори Аљам.Решаам аз олу авлоди Љам аст,Фитратам аз килки эљоди Љам аст.Эй Ватан, эй минбари шоирнавоз,Ман ба ту меоварам рўи ниёз.Тољикистон, файзи яздонии ман,Эй муњаббатхонаи љонии ман,Ман пур аз сарводаи оњи туям,«Камтарин шоир ба даргоњи туам»

Page 279: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

279

наср ва назм

ОЛИ СОМОН

Оли Сомон-хонадони бахти мо,Оли соњибтољу соњибтахти мо.Ин тулўи тозаат табрик бод,Офтобат бар сари тољик бод.Зинда бош, эй мардуми Сомоннажод,Нанги миллат боли парвозат кушод.Як замон моро ба њам овардаї,Љамъ моро дар Аљам овардаї.Дар Бухоро остони ту баланд,Дар Самарќанд ошёнат дилписанд.Борае бар Тољикистонї кунун,Вањдати халќи парешонї кунун.Дар Душанбе њайкалат боло шуда,Саљдагоњи мардуми дунё шуда.Њайкалат монанди пири рањнамоМедињад фотењаи нуру зиё.Ёди ту моро ба њам якљо намуд,Якдилу якрўву якпањно намуд.Шеваи тољик танинандоз шуд,Равзани гардун ба рўяш боз шуд.Оли Сомон оли шаъну шони мо,Бештар соз ин замон сомони мо.Ќисмати талхи ту андар ёди мост,Ёди ширинат зиёратгоњи мост.

Page 280: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

280

15-бањори Истиќлол

ИСТИЌЛОЛИ ТОЉИК

Муборак бод истиќлоли тољик,Дили аз фахр моломоли тољик,Паёми сабз орад кафтари ишќ,Ба гўши миллати хушфоли тољик.Љањони тољикон шуд ранг дар ранг,Хуљаста мешавад иќболи тољик.Тулўи тозааш омад дубораЗи баъди Оли Сомон, Оли тољик.Рањи фардои миллат гашта пурнур,Зи файзи хандаи атфоли тољик.Ватандоро, ватанро дўст медор,Ватандорї бувад омоли тољик.Ба Љоми Љам биёвар бодаи мењр,Ки дар вањдат бувад иќболи тољик.Куњанхоку куњанаљдоди дањрем,Набошад миллате амсоли тољик.Љањон донад, ки аз рўзи азал будСамарќанду Бухоро моли тољик.Ба сар бояд давидан, эй азизон,Ба побўсии истиќлоли тољик!

Page 281: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

281

наср ва назм

Њикмат РАЊМАТ

ТУЛЎЪИ ХИРАД Илњом аз корнамоињо ва гуфтаву навиштањои

Эмомалї Рањмонов

Љонфидо

Дар он лањзањое, ки аз осмон,Ту гўї, ки мерехт тиру камон.

Дар он лањзањое, ки дарёи хунРавон буд дар кишвари мо фузун.

Дар он лањзањое, ки дар њар маконАљал аз ќафои њама буд равон.

Дар он лањзањое, ки модар фиѓонКашидї зи кирдору кори замон.

Дар он лањзањое, ки њар як падарБа дил дошт доѓе зи ќатли писар.

Дар он лањзањое, ки тољики манБа чанголи деву даду Ањриман

Гирифтор буду басе хор буд,Њама љой бахташ нагунсор буд.

Дар он лањзањое, ки дар мамлакатЊама дар ѓами љони худ буд фаќат.

Page 282: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

282

15-бањори Истиќлол

Аё љонфидо, некмарди Ватан,Фитодї ту дар фикри дарди Ватан.

Њама гирдињам дар Хуљанд омаданд,Гање пасту гоње баланд омаданд.

Љасорат бикардиву бархостї,Пайи маслињат маљлис оростї.

Ливои адолат барафроштї,Накў номи тољик бардоштї.

Љасорат, ки кардї, туро офарин,Гузорї асар дар замону замин.

Љасорат дињад зеб њар фардро,Љасорат аён мекунад мардро.

Љасорат кунад бо хирад иттифоќ,Чу дуде пароканда гардад нифоќ.

Барои адолат намудї љадал,Хирад рањбарат гашту кардї амал.

Гирифтї инони суханро ба даст,Сухан аз дањонат чу оташ биљаст.

Сухан љасту рафту ба дилњо расид.Ба дилњои поку мусаффо расид.

Назар бар ту афканд парвардигор,Ба номи ту зад сиккаи шањриёр.

Page 283: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

283

наср ва назм

Њидоят туро дод яздони пок,Ки бардорї афтодагонро зи хок.

Мањорат туро дод љонофарин,Замину замону љањонофарин.

Ки кори љањон бар низом оварї,Раванди замон бар низом оварї.

Саодат туро дод чархи барин,Шудї соњиби тахту мўњру нигин.

Туро тахти тољик арзанда бод!Туро бахти тољик фархунда бод!

Ту будї, ки тољик омад ба њам,Рањо шуд зи чанголи љангу ситам.

Ту будї, ки тољик омад ба њам,Парешон бишуд абри дарду алам.

Ту будї, ки тољик шуд тољвар,Фурўзон бувад наљми бахташ ба сар.

Даъват ба Вањдат

Балое, ки моро ба дар омада,Балое, ки моро ба сар омада.

Балои азим асту бисёр бад,Ба гуфтору рафтору кирдор бад.

Page 284: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

284

15-бањори Истиќлол

Бувад ин бало хасми халќу Ватан,Бувад ин бало душмани љону тан.

Балоро бибояд, ки аз дар биронд,Балоро бибояд, ки аз сар биронд…

Илољи рањоист дар Иттињод,Умеди адўро дињад он ба бод.

Агар бигзарем аз низоъу нифоќ,Кунем иттињоду кунем иттифоќ.

Ба боди фано ќасди душман равад,Њама љангљўён нагунсар шавад.

Агар бо њам оему Вањдат кунем,Сари хасми миллат зи тан барканем.

Рањобахши миллат зи Вањдат бувад,Дави Рахши миллат зи Вањдат бувад.

Кушода зи Вањдат бувад роњи мо,Зи Вањдат бувад бахт њамроњи мо.

Зи Вањдат бувад бахти авлоди мо,Зи Вањдат бувад мулки ободи мо.

Зи Вањдат бувад хотири шоди мо,Зи Вањдат бувад шеъри озоди мо.

Њаёте, ки морост, аз Вањдат аст,Њар он чї гуворост, аз Вањдат аст.

Page 285: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

285

наср ва назм

Чї хуш гар њама ањди Вањдат кунем,Сари хасми малъун ба по афканем.

Сар аз як гиребон барорем агар,Набошад њарос аз ќазову ќадар.

Сар аз як гиребон барорем агар,Кунад Хўљаи Хизр бар мо назар.

Сар аз як гиребон барорем агар,Дињад дашти лабташна шањду шакар.

Сар аз як гиребон барорем агар,Фаровон дињад сулњу Вањдат самар.

Сар аз як гиребон барорем агар,Низоми љањонро бубинї дигар.

Сар аз як гиребон бурун оваред,Сару синаи љангљўро даред!

Паёми Исмоили Сомонї

Рўзгор ва муборизаи Исмоили Сомонї дар муттањидсозї ва сарљамъ овардани халќњои парешони ориёинажоди Мовароуннањру Хуро-сон як падидаи ибратомўзи халќист.

Э. Рањмонов

Туро, эй писандидаи хосу ом,Фиристам ба номат салому паём.

Ман аз ањди Сомону Исмоилам,Ба гуфтору корат њаме ќоилам.

Page 286: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

286

15-бањори Истиќлол

Ман аз корњои ту миннатпазир,Ба таърихи миллат надорад назир.

Маро, ки шањи Оли Сомон будам,Фарогири аркони даврон будам.

Намудї ту хурсанд бо корњот,Ба гуфтору рафтору пиндорњот.

Ба пиндору гуфтору рафтори нек,Ба омоли неку ба афкори нек.

Њама он, ки тољик бигрифта ном,Ба тољикї гўянд њарфу калом.

Ба поёни ќарни ду дањ хаста буд,Ба киштии бишкаста биншаста буд.

Ба дарёи офат шино менамуд,Илољи рањої аз онаш набуд.

Фитода ба мушкил миёни бало,На мушкилкушо дошт, не рањнамо.

Ту тољики худро зи чанги мамот,Ба дасти тавонот додї наљот.

Ту умри дубора ба он додаї,Тани хастаашро равон додаї.

Маконкардагумро макон додаї,Забонкардагумро забон додаї.

Page 287: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

287

наср ва назм

Ту будї, ки тољики баргаштабахт,Зи нав гашт соњиб ба тољу ба тахт.

Туро фарри шоњиву шоњї маќом,Сухан шоњї гўї ба хосу ба ом.

Маро њам ту кардї чунин мўътабар,Нињодї дубора ба сар тољи зар.

Маро њам намудї ту маснаднишин,Муборакќадам зери чархи барин.

Вагарна набудам асире зиёд,Маро бурда кайњо Бухоро зи ёд.

Аз он лањзае, к-Оли Сомон гузашт,Бухоро ба чанголи туркон гузашт,

Мани хастаљон дар асорат будам,Гирифтори таъну њаќорат будам.

Ту кардї маро аз асорат рањо,Ту кардї маро аз њаќорат рањо.

Ба шањри Душанбе бишуд љо маро,Миёни чаманзор маъво маро.

Кунун дар бари њамнажодон манам,Кунун мењтари њамнажодон манам.

Душанбеи зебо бувад мењанам,Ба гулдаста оянд бар диданам.

Page 288: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

288

15-бањори Истиќлол

Сарамро расондї ту бар осмон,Ба гетї сарафрозу поянда мон.

Шуд аз кардањоят дили банда шод,Калиди Бухоро ба дасти ту бод!

Паёми Камоли Хуљандї

Дарахти андешањои башардўстонаи шайх Камол мисли дарахти зиндагї асрњои аср сарсабзу устувор боќї хоњад монд.

Э. Рањмонов

«Дасти султонон намебўсад Камол».Камоли Хуљандї

Аё шањриёри диёри куњан,Таваљљўњ дорї, хушо, бар сухан.

Камоли Хуљандї сухан гўядат,Сухан бе њавои дањан гўядат.

Набуд чун ту шоње дар айёми ман,Шањи хайрхоње дар айёми ман.

Салотин њама љо ситамгар буданд,Љафокору золим ба кишвар буданд.

Аз ин рў, нарафтам ба дарбор ман,Суханро набурдам ба бозор ман.

Набудам, набудам санохони шоњ,Набўсидаам ман зи дастони шоњ.

Page 289: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

289

наср ва назм

Валекин маро ту ба кирдори хеш,Ба гуфтору рафтору пиндори хеш.

Яќин оварам, ки дигар кардаї,Ѓурур аз сари ман бадар кардаї.

Њар он чї, ки дидам ман аз корњот,Кунад аз ту бо некномї сифот…

Фурўзон ба мулк оташи љанг буд,Баѓалњои мардум пур аз санг буд.

Њаме синањо пур буд аз кинањо,Зи кина даронданд бас синањо.

Бародар зада додари худ ба теѓ,Зи ќатли бародар набудаш дареѓ.

Зи хуни баноњаќ равон буд рўд,Пур аз хуни пиру љавон буд рўд.

Ту будї, ки бо арзи арљи сухан,Њаме кинаљўро бубастї дањан.

Ту кардї хамўш оташи љангро,Баландї бубахшидї фарњангро.

Само шуд фурўзанда бар дидањо,Замин пур шуд аз файзу хайру сахо.

Ту будї, ки хуршед тобанда шуд,Њама абри тира пароканда шуд.

Page 290: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

290

15-бањори Истиќлол

Ту будї, ки рўшан бишуд осмон,Бишуд лољвардї замину замон.

Ту будї, ки тољик ба њам љўр шуд,Ба њам омаду ќавми пурзўр шуд.

Ту будї, ки тољик зи нав тољ ёфт,Шаби Лайлатулќадру Меърољ ёфт.

Ту будї, ки тољик шуд бениёз,Ту будї, ки тољик шуд сарфароз.

Камоли Хуљандии тољикзод,Ки доди сухан дар ѓарибї бидод.

Дуои ту гўяд ба лафзи дарї,Њалоли ту бодо бад-ин мењтарї.

Сипоси ту гўяд, ки андар Хуљанд,Лаби рўди Сайњун, ба љое баланд,

Ба по кардаї њайкали ў ба мењр,Ба мењри дили поку бикшода чењр.

Кунун бар тавофаш раванду раванд,Тару тоза гулњои хандон баранд.

Дар ин љо ба гўш ояд овози дил,Бигўянд арўсон ба ў рози дил.

Дар ин љо њаме шеърхонї кунанд,Бираќсанду кокулфишонї кунанд.

Page 291: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

291

наср ва назм

Аё шањриёри диёри куњан,Диёре, ки донанд арљи сухан.

Аё вориси неки Сомониён,Шањаншоњи арзанда, Рањмониён,

Камоли Хуљандї санохони туст,Ду дасташ ба пешу ба фармони туст.

Агарчи набўсида дасти шање,Набуда ситора ба назди мање.

Фуруд оварад сар ба пеши дањот,Санои ту хонад бад-ин кардањот.

Бибўсанд дастат, ба љо донад ў,Барои чунин шањ раво донад ў.

Паёми Бобољон Ѓафуров

Бобољон Ѓафуров пас аз Садриддин Айнї ягона шахсе буд, ки … дањњо шах-сиятњои сиёсї ва фарњангиро сарвару рањнамо шуда, барои баќои давлати мо, забону фарњанги бостонии мо ва шўњрати љањонї пайдо кардани ин илму фарњанг хидматњои бебањо кардааст.

Э. Рањмонов

Туро, эй бародар, муборак шавад,Ки аспи муродат чунин медавад.

Page 292: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

292

15-бањори Истиќлол

Ту сарвар ба мулки куњан гаштаї,Сазовори некў сухан гаштаї…

Яќин, хондаї «Тољикон»-и маро,Китоби баробар ба љони маро.

Бигир, он чи гўям, бародар, ба ёд,Ки аз ин китобам маро буд мурод:

Бихонанду донанд, к-андар љањонНиёгони моён набуда хазон,

Ки аз боди сар-сар парешон шаванд,Чу барге зи ар-ар паранду раванд.

Бихонанду огоњ аз худ шаванд,Пайи номи неки ниёгон раванд.

Шиносанд худро, кунанд ифтихорБа номи бузургони халќу диёр.

Шиносанд худрову ба њам шаванд,Пайи рушди кишвар фароњам шаванд.

Маро, ки чунин гуфтугў буд ба дил,Чунин орзуи накў буд ба дил,

Муяссар нашуд, то бубинам њаме,Гули боѓи уммед чинам њаме.

Надидам, надидам ман аз ин зуњур,Њама орзуро бибурдам ба гўр…

Page 293: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

293

наср ва назм

Ту будї, ки онон ба њам омаданд,Ба њам омаданду адўро заданд,

Шуданд иттињоду шуданд иттифоќ,Пароканда гардид абри нифоќ.

Шуданд иттифоќу шуданд иттињод,Бирафт орзуи адўвон ба бод.

Хушо, эй бародар, туї некбахт,Паси сар намудї басе рўзи сахт.

Зи љангу кашокаш гузаштї њаме,Аз обу аз оташ гузаштї њаме.

Дифоъ карда аз обу хоки диёр,Дифоъ карда аз хоки поки диёр.

Дифоъ карда аз халќу номуси он,Дифоъ карда аз модару хоњарон.

Расидї музаффар ба рўзи саид,Рањат бод монанди бахтат сафед.

Ту будї, ки тољики рўи љањонБа уммеди дидори њаммилатон,

Ба њам омад охир, бикард иттифоќ,Парешон бишуд абри шўру нифоќ.

Ту будї, ки тољики СомонниёБа њам омад андар дили Осиё.

Page 294: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

294

15-бањори Истиќлол

Бишуд дар Душанбе бапо Анљуман,1

Чунин рўзи хушро ту дидї, на ман.

Зи гулњои хушрўи гулбоѓи сулњЗи гулњои хушбўи гулбоѓи сулњ

Зи гулњои хушрўи Вањдатчаман,Зи гулњои хушбўи Вањдатчаман,

Ту дидї, надидам њар он гул, ки ман,Ту чидї, начидам њар он гул, ки ман.

Туро, эй бародар, њасад мебарам,Чу фарзанди кишвар њасад мебарам.

Туро, эй бародар, њасад мебарам,Чу фарзанди бофар њасад мебарам.

Туро, эй бародар, њасад мебарам,Чу фарзанди Ховар њасад мебарам.

Њалоли ту бодо чунин рањбарї,Њалоли ту бодо чунин сарварї!

Китоби мурод

Чу хондам кутубат, аё шањриёр,Фузун шуд ба дил мењри халќу диёр.

Талоши ту дар роњи сулњу салоњ,Бувад аз ниятњои некат гувоњ.

1. Анљумани тољикони љањон дар назар аст.

Page 295: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

295

наср ва назм

Туї огањ аз набзи асру замон,Туї огањ аз роњи кавну макон.

Туї огањ аз ќалби хурду калон,Туї огањ аз рози пиру љавон.

Ту будї, ки нусрат ба мо ёр шуд,Адў дар балоњо гирифтор шуд.

Ту будї, ки тољики равшанзамир,Рањо ёфт аз љангу сўзанда тир.

Ту будї, ки дењќон заминдор шуд,Кишоварзи хобида бедор шуд.

Кунун дар замин њарчи корад, аз ўст,Зи хоки сияњ зар барорад, аз ўст.

Ту будї, ки дохунда фархунда шуд,Лаби марди тољик пурханда шуд.

Ту будї, ту будї, ки субњи умедПас аз шоми торик бар мо дамид.

Ба кишвар амонї зи љањди ту шуд,Накў зиндагонї зи љањди ту шуд.

Ба љањди ту шуд мамлакат бегазанд,Ба љањди ту шуд номи миллат баланд.

Њисориву раштї ба њам омаданд,Пайи дафъи ањли ситам омаданд.

Page 296: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

296

15-бањори Истиќлол

Хуљанду Бадахшон ба њам дўст шуд,Ту гўї ду бодому як пўст шуд.

Хуљанду Бадахшон бародар шуданд,Чароѓи фурўзон ба Ховар шуданд.

Зарафшон зи нав зарфишонї намуд,Зарафшонї арзи маъонї намуд.

Бишуд аз нав обод Хатлонзамин,Зи дарду ѓам озод Хатлонзамин.

Маконкардагумњо макон ёфтанд,Равонкардагумњо равон ёфтанд.

Агар Тољикистонам ангуштар аст,Дар он мулки Халтон нигини зар аст.

Ту будї, ту будї, зи боѓи умедБару бори ширин ба мо њам расид.

Ту будї, ту будї, ки роњи навинШурўъ шуд зи Кўлоб то марзи Чин.

Ту будї, ту будї, ки Анзоб њамБикард оќибат сар ба тољик хам.

Расида ба маќсуди деринааш,Гузар дорад акнун вай аз синааш…

Бихондам китобат, аё њамзабон,Фурўѓи хирад гашта аз он аён.

Page 297: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

297

наср ва назм

Ба монанди хуршеди оламнамо,Ки њар субњдам рух намояд ба мо.

Хирад аз китобат тулўъ мекунад,Зи њар њарфи нобат тулўъ мекунад.

Хирад офтоб асту равшангар аст,Хирад одамиро фурўзонфар аст.

Хирад пешкори њама корњост,Хирад одамиро атои худост.

Ту кардї хирадро ба худ рањнамо,Набинї завол, эй азизи Худо.

Китоби туро хонда хурсанд мо,Зи гуфтори некат фарањманд мо.

Китоби ту морост мушкилкушо,Китоби ту бошад маро рањнамо.

Маро аз људоиву дурї чи ѓам,Китоби ту моро расонад ба њам.

Китоби туро хонда, бастам умед,Ба субњи саодат, ки ояд падид.

Китоби туро хонда шодон шавем,Ба њам мењрубонтар ба даврон шавем.

Дили пиру барно зи њарфи ту шод,Расонад китобат ба њар як мурод.

Page 298: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

298

15-бањори Истиќлол

Дили пиру барно ба даст оварї,Њалоли ту бодо чунин сарварї.

Тавонову донову фархунда бош,Абад шод бошу ба лаб ханда бош!

Њама нозу неъмат ба коми ту бод,Фалак гирдгардон ба номи ту бод!

Page 299: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

299

наср ва назм

Равшани ЁРМУЊАММАД

РОЊ БА СЎИ НУР (Ќайдњои сафар)

РОЊ

Њар сафар, он ё дуру дароз бошад ё кўтањмуддат, ба худ ташвиш дорад; кас меандешад бо кї њамсафар мешавад ва чї хушию нохушињо ўро дар пеш интизоранд. Сафар ба Сангтўда. Гарчанде медонистам њамроњи адибон меравам, тайёриаш ба сарам ташвиши бисёр наоварда бошад њам, ба њар њол зарур донистам, ки баъзе китобњоро вараќ занам, наќшаи маљрои дарёи Вахшро бинам, маълумотномањоро дар бораи истгоњи барќии Нораку Бойѓозї аз назар гузаронам.

Субњи барваќт, ба гуфти одамон хурўс бедор на-шуда, аз хоб хестаму ба љои таъиншуда, студияи теле-визиони тољик омадам. Хайрият, ки барваќт хеста буда-ам. Аз милисаи посбон пурсидам:

— Гуфтанд, ки аз њамин љо ба Сангтўда мера-ванд?

— Эъ, муаллим шитобед, ана њамин мошин ме-равад…

Мошин аз дарвоза мебаромад. Хештанро ба истиќболи он партофтам. Дохилаш пури одам ва асбоб-њои сабти навори телевизионї. Дигаронро ноором карда нишастам. Касе ба милисаи посбон гуфт:

— Агар шоиру нависандагон оянд, гўед, ки ба Комитети телевизион ва радио биоянд.

Аз дил гузаронидам: адибе, ки ба назди студияи телевизион хонда шудааст, боз саргардон шуда, наќлиёт кофта ба Комитети телевизиону радио меравад?

Page 300: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

300

15-бањори Истиќлол

Ба њавлии Комитет расидем. Одамони шинос би-сёр буданд: њунарманди машњур Саидќул Билолов, на-висандагон Љамолиддин Тошматов, Нозирљон Ёдгорї, шоира Рафоат, кормандони масъули телевизион ва радио, навозандагону раќќосони дастаи њунарии «Дарё». Дилам аз сафарам хунук шуд. Фикр доштам, ки барои шинос шудан ба сохтмони нерўгоњи барќии Сангтўда меравам, ба инжинерон, наќбканон, бетонрезон, кафшергарон, ронандагон, коргарони оддї сўњбат мекунам. Маълум мешавад, ки мо барои сухан гуфтан, шеър хондан, раќсу суруд намоиш додан ба он љо меравем. Яъне рў ба рў нею аз сањна ба одамон сўњбат мекунем. Дар ин њолат мушкил аст, ки адиб ба маќсадаш расад. Њама ба раќсу суруд таваљљўњи бештар медињанд.

Ману Љамолиддин Тошматовро дар мошине ши-нонданд, ки њунармандони ансамбли «Дарё» љой ги-рифта буданд. Албатта, њузури мо калонсолон онњоро бероњат мекард, зеро ки ин роњи дарозро шўхї накарда, нахандида тай кардан мушкил буд.

Ба роњ даромадем. Хомўш будем. Онњо дар баѓал асбоби мусиќї доштанду мо дафтари ќайдњо. Паси њам се автобуси хурд ва як «Волга» њаракат мекард. Комбинати гўшт, Комбинати чармгариро гузашта ба њудуди колхози «Россия» (њоло чї ном дорад намедонам) расидем. Аз љониби дасти чап хонањои ќатор сохтаанд. Касе њасад бурд, ки чи гуна хонањои зебо, дар љои хуб сохтаанд. Хомўшї ќатъ гардид. Њар касе њар чї дар бораи хонасозї ва хонањои сохтагї медонист мегуфт.

Албатта, хонасозї ва ободонї кори хуб ва хайр аст. Вале имрўзњо пулдорњо бисёр шудаанд. Агар иљозат дињед ними водии Њисорро харида, гирдашро девор

Page 301: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

301

наср ва назм

гирифта, дохилашро аз њавзу сохтмонњои хурду калон пур карда, дар дарвозааш посбон мемонанд. Агар шањрсозию ободонї њамин тавр давом кунад, пас аз дањ-понздањ сол маљбур мешавем, ки пахта, помидор, пиёзу гашнич ва дигар сабзавоту мевањоро дар теппањои ноњияи Рўдакї ва Њисор шинонему бикорем.

Дар китоби Радий Фиш «Љалолуддини Румї» тасвири аљиби манзарае њаст. Чингизхон, ваќте ки Бухороро забт мекунад, аз баландии теппае истода, ба водии пањновар менигараду ба њамсафонаш мегўяд: аљаб мардуми бефањм будаанд. Ин даштњои васеъ, сарсабз ва зеборо хона сохта, ба нестї расондаанд. Албатта, ин суханњо нисбианд, барои чорводор дашти васеъ аз Майдони Сурхи Москваю хиёбонњои Париж бењтару зеботар аст. Аз нигоњи пешрафти тамаддуни инсонї суханњои Чингизхон љоњилона менамоянд. Вале аз назари вайрон накардани табиат, хусусан рўи замин, ки наботот, њашарот, њайвонот, паррандагон ва инсонњоро мехўронаду мепўшонад мантиќе ва асосе дорад. Собит шудааст, ки 20 сотих замин як оиларо мехўронаду мепўшонад. Агар мо бе баркаш заминњоро барои хонасозї ба одамон тавзењ кунем, насли оянда меваю сабзавотро маљбур мешавад, ки аз Афѓонистону Покистон, ё дигар мамлакатњо биёрад. Њар як ваљаб замини водии Њисор бояд эњтиёт карда шавад.

Президенти мўњтарам Э. Ш. Рањмонов ба халќ замин тавзењ кард, ки кишт кунанд, ѓалла, сабзавот, мева ба даст оранд, рўзашонро гузаронанд. Аксарияти ин заминњо тањдоби хона шудаанд ва паси дарвозањо навиштаанд: «Хонаи фурўшї».

Мошини мо ором ба пеш меравад, мебинем, ки дар бисёр љойњо заминњо бекор хобидаанд. Ба ноњияи

Page 302: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

302

15-бањори Истиќлол

Хўљамастон мерасем. Ќади нињоли пахта як ваљаб. Алаф зер кардааст. Аз солњои шўравї ёд намекунам. Он замонро дар хоб мебинем. Вале бояд фикр кунем, ба ин ањвол ба куљо мерасем? На ин ки пахта, дигар зироатњо њам нашъунамо надоранд.

Аз муќобиламон автобусњои хурду калон мегу-заранд, ки дохили онњо пур аз занњои дењотиянд. Он-њоро дар бозорњои Душанбе бисёр дидаам. Чака, тухм, помидор, мева меоранд. Аз ин љо хўрокворї ва либос-ворї харид карда, дар дењот мефурўшанд. Мебинем, ки бо рафтуомади онњо меваю сабзавот дар бозорњои Душанбе арзон намешавад, баръакс нархњо сол ба сол боло мераванд.

Љо-љо дар доманаи талњо бузу гўсфандон мечаранд, ќад-ќади роњи мошингард гову харњо дум афшонда ба сўе равонанд.

— Чорво зиёд шудааст, — мегўяд ба ман Љ. Тош-матов.

— Шукр, — мегўям. – Пас аз чанд сонияе илова мекунам: - њамаашро љамъ кунам баробари чорвои колхози ба номи Ленини Анвар Ќаландаров намешавад. Дар њар колхоз чорво њазор-њазор буд…

Боз хомўш мемонем. Баъзењо пинак мераванд. Мошин ќаторкўњи Тераклитоѓро озод тай мекунад. Дар хамию баландии теппањо дарахтони писта рўидаанд. Пистањои машњури Данѓара, ки яке аз боигарињои асосии хољагии љангали ин љо ба њисоб меравад. Манзарањо ќалби найнавози «Дарё»-ро ба љўш овард. Ў аз дохили лифофа найро бароварду навохт. Аз ростї чунон навохт, ки ба рўњияи мо, табиат мувофиќ буд. Садои найро бисёр шунидаам ва дўст њам медорам. Вале таъсири ин садо дар ин њолат тасхиркунанда буд. Касро ба андеша

Page 303: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

303

наср ва назм

мебурд. Љавоне доира ба даст гирифт. Рўњияи хастаи мо љон даровард. Ба лабњо табассум давид.

Пас аз чанде мо ба сўи дасти чап баргаштем, ки ин роњ ба Сангтўда мебурд. Найнавоз найро ба лифофааш андохт. Аз ноободии роњи Данѓара – Кангурт лаб кушод. Кангурт фарзандони бисёр машњур дорад, бисёр род-мардони тољик интернати Кангуртро тамом кардаанд. Бизнесменњояш њам бисёранд, аммо наметавонанд, ки 20 км роњро обод кунанд. Њар ваќте модарамро хабаргирї меравам, љонам ба лабам меояд.

— Мушкил аст аз пулдорњо пул кандан, — гуфт Љамолиддин Тошматов. – Президент ягон рўз ин роњро њам обод мекунад.

Мошин баробари роњи оњани пањнбар, ки бо эњтимоми мўњтарам Э. Ш. Рањмонов сохта шудааст, њаракат мекунад. Теппањо дар пас мондаанд. Мо ба водї фаромадем. Ногоњ њамон найнавоз садо баровард.

— Ана, Сангтўда, ана Сангтўда!..Аз ронанда хоњиш кардем, ки истад, тўдаи сангњои

афсонавиро бинем.

АФСОНАИ САНГТЎДА

Аз роњи мошингард ба болои роњи оњан баромадем. Дашти васеъ. Дар байни он тўдаи санг. Баландиаш баробари хонаи якошёна. Сангњои калон дар дохилаш ва атрофаш нест. Сангњо ба андозае буданд, ки инсон ба як даст озод мебардорад ва аз љое ба љое мебарад.

Афсонаи Сангтўдаро дар замони кўдакиям борњо шунидаам. Падарам, ки чўпон буданд ва Данѓара чаро-гоњи зимистониашон ба њисоб мерафт, дар хусуси Сангтўда наќл мекарданд. Байни данѓарагињо дўстони зиёд доштанд. Онњо ба хонаи мо ба Оби гарм, пас аз

Page 304: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

304

15-бањори Истиќлол

муњољират ба Колхозобод бисёр меомаданд. Аксарият савори асп меомаданду дар бар чакмани пашмин дош-танд. Падарам мегуфтанд:

— Аскари Искандари Зулќарнайн њисоб надошта-аст. Ваќте ба соњили дарёи Вахш расидаанд, амр кардааст, ки њар кас як сангї гирифта дар соњил монад, то ў бидонад, ки аскараш чї ќадар аст. Аскарњо як сангї ба даст гирифта аз дарё гузаштаанд ва онро дар соњил гузоштаанд. Тўдаи бузурге шудааст. Ваќте лашкари Искандари Зулќарнайн шикаст мехўраду пас мегардад, ў мегўяд, ки њар кадоматон як сангї бигиред, то ман бубинам, чї ќадар аскарам њалок шудааст. Аскарњо як сангї мегиранд. Вале тўдаи бузурге боќї мемонад. Ин сангњои боќимонда нишонаи дар љанг ба муќобили тољикон кушта шудани аскарњои Искандар аст, ки то њоло касе онњоро њисоб накардааст ва њисоб њам надорад.

Ин афсона то чї андоза њаќиќат дорад, ба таърих-шиносону архиологњо вомегузорем, вале рамзи он аз диловарии мардуми Хатлонзамин шањодат медињад.

Ќиссаи дигаре њаст дар бораи ишќи поки љавони данѓарагї ва Ширбибї. Онњо якдигарро дўст медоштанд, ваќте душманон ба сарзамини тољикон њуљум мекунанд, љавон ба њимояи Ватан меравад ва ањд мебандад, ки душманро несту нобуд карда, ба кўи Ширбибї бармегардад. Онњо душманро саркўб мекунанд. Ваќте аз дарё гузаштанї мешавад, тири нокасе ўро захмї мекунад. Љавон дарёро гузашта, дар њамин љои сангњо ба шањодат мерасад. Ўро ба хок месупоранд. Ширбибї дар сари маќбарааш ин манораи сангро љамъ мекунад.

Ин ривоят ва ривоятњои дигар њам аз ватанпарастї ва поксириштии мардуми ин диёр њикоят мекунанд.

Page 305: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

305

наср ва назм

ИСТИЌБОЛ

Мошинњои мо паси њам ба ќитъаи сохтмон дохил мешавад. Кўфтаю хаста, пас аз тай кардани роњи дуру дароз аз мошинњо мефароем. Шукри худо мо – мењмонњо њам кам нестем: адибон, њофизону навозандагон, базлагўён, раќќосањо, кормандони телевизиони Тољикис-тон, масъулини Вазорати энергетикаи Тољикистон, ронандањо. Чењраи њама хуш аст.

Наворбардорони телевизион пеш мегузаранд, ки лањзањои вохўриро акс гиранд. Моро сараввал ба мутахассисони Љумњурии Федератсияи Россия ошно мекунанд: Геннадий Потов, Акоин Алдонов…

Пурсандаю саволдињандањо бисёранд. Кас наме-донад ба саволи кї гўш кунаду кадом љавобро ба даф-тараш ќайд намояд. Дар байни пешвозгирандагон чењ-рањои шиносро мебинам, вале гузашти солњо имконият намедињад номашонро ба хотир биёрам. Марде оњиста ба сўям даст дароз мекунад.

— Маро нашинохтед? – савол медињад.— Чењраатон гарм.— Муњаббат…— мегўяд ў ва собиќ раиси шањри

Норак Боймирзо Шукуровро ба ёд меорад.Муњаббат! Сохтмончии номдори ГЭС-и Норак.

Ќањрамони мењнати сотсиалистї. Депутати Совети олии Тољикистон, дорандаи чандин мукофотњо. Ба ришаш торњои сафедї давида.

Нависанда Нозирљон Ёдгорї маро ба љонишини вазири энергетикаи Тољикистон Абдулло Ёров шинос мекунад.

— Равшани Ёрмуњаммадро солњо боз мешиносам, на ин ки худаш, бародаронашро њам мешиносам, — мегўяд А. Ёров.

Page 306: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

306

15-бањори Истиќлол

— Хайр, њама ба якдигар шинос будаед, њољат ба муаррифї нест.

Абдулло Ёров, Нурулло Шўлашовро бе њељ дуди-лагї метавон гуфт, ки имрўз шоњсутунњои энергетикаи мо њастанд. Онњо таърихи сохтмони ГЭС-и Норак, Бойѓозї, оѓози Сангтўдаю Роѓунанд. Ба ман гуфтанд, ки хизмати Нурулло Шўлашов дар сохтмони Сангтўда калон аст. Тањти роњбарии ў Сангтўда-1 оѓоз шуд. Дар солњои мушкилтарин таљњизоти сохтмони ГЭС-ро нигоњ дошт. Барои идома додани кор кўшишњои зиёде кард. Оѓози навини кор њам нишоне аз хизматњои ўст.

Љамолиддин Тошматов, ки ба зимма гирифтааст љараёни кори сохтмони ГЭС-и Сангтўда-1-ро пурра нави-сад, ба ин љо ќаблан њам ду-се бор омадааст, ода монро аз мо дида бештар мешиносад, ором асту хомўшона мушоњида мекунад.

Коргарон паси њам омада салом мекунанд. Баъ-зеи онњо дастамро сахт мефишоранд. Гўё онњоро борњо дида бошам. Ба назарам чунин менамояд, ки мо рўзноманигорон, адибон, аксбардорон, муњаррирони барномањои телевизионї, масъулини дафтари матбуоти Вазорати энергетика аз сохтмончиён дида бисёрем. Ба касе оромона сўњбат кардан намешавад.

Марди миёнсоле, ки дар сар кулоњи наќбканї дорад, мегўяд:

— Ба гурўњњо људо мешавем. Санъаткорон ба мо-шин њояшон савор шаванд. Онњо ба љои вохўрї мера ванд. Ман шоиру нависандагонро ба рафти сохтмони ГЭС-и Сангтўда шинос мекунам.

Думболи ўро гирифта, оњиста мепурсам, ки кисту чикора аст.

— Мањмадалиев Мањмад, прораби сохтмон.

Page 307: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

307

наср ва назм

НЕРУГОЊИ БАРЌИИ САНГТЎДА

Њар тољик ифтихор мекунад, ки сарзаминаш дарёњои шўх ва ќуллањои сарсафед, водињои зархез дорад. Ифтихор хуб аст. Аммо танњо ба ифтихор шиками одам сер намешавад. Имкониятњо ва захирањоро истифода бурдан, иќтисодиёти мамлакатро ба по мондан, хољагии халќро ѓанї гардонида, некўањволиро таъмин намудан њунари дигар аст. Ваќте ки сохти шўравї барњам хўрд, истиќлолият ба даст овардем, њис кардем, ки мо дарёњои пуриќтидор дорем, синаи кўњњоямон пур аз симу зар аст, як миллион тонна пахта медињем, — гуфтану шиор кардан кор пеш намерафтааст. Барои ба кор омода сохтани кўчактарин иншоот мутахассис, замина, маблаѓ зарур будааст.

Њама шоњиди онем, ки Президенти љумњуриямон Э. Ш. Рањмонов аз рўзњои аввали ба кор шурўъ карданашон сиёсати хеле њам оќилонаи хољагидориро пеш гирифтанд. Ба иљрои корњое камар бастанд, ки бояд дар замони шўравї мешуд. Барои иљрои корњои бузург дар љумњурї ќабл аз њама сулњу осоиштагї зарур буд. Талош варзи-данд ва ин заминаро фароњам оварданд. Диќќати киш-варњои ба мо дўст ва хориљиёнро ба неъматњои табиии Тољикистон, захирањои ѓании энергетикї, мавќеи љуѓ-рофии он љалб карданд. Президенти мамлакат амиќ дарк намуданд, ки то роњи зеризаминии аѓбаи Анзоб, роњи бузурги Кўлоб-Ќалъаи Хумб-Хоруѓ-Ќулма, неругоњњои барќии Роѓун, Сангтўда-1, Сангтўда-2 ба кор надароянд, Тољикистон аз муњосираи иќтисодї берун намебарояд. Пайваста дар хусуси ба кор андохтани њамин ва дигар иншоотњои зарурии мамлакат гап мезаданд ва имрўз мебинем суханњояшон паси њам амалї мешаванд. Кор дар аѓбаи Анзоб, шоњроњи Кўлоб – Ќалъаи Хумб –

Page 308: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

308

15-бањори Истиќлол

Хоруѓ – Ќулма, ГЭС-њои Роѓуну Сангтўда бо суръат давом дорад. Нияти нек, оѓози нек буд ва Худо хоњад анљомаш њам ба некист.

Дар дарёи Вахш, ки аз ќалби кўњњо ва водињои Тољикистон љорї мешавад, то имрўз панљ истгоњи барќї: Сарбанд, Шаршара, Марказї, Норак, Бойѓозї ба истифода дода шудааст. Кор дар сохтмонњои ГЭС-њои Роѓуну Сангтўда дар замони шўравї оѓоз шуда буд. Сохтмони неругоњњои Сангтўда-2 бо иќтидори 220 МВт, Шўробод бо иќтидори 600 МВт дар назар аст.

ГЭС-и Сангтўда-1 дар он љое, ки дарёи Вахш танг-нои кўњњои Ширбибї ва Сарсаракро бурида мегузарад сохта мешавад. Иќтидораш 670 МВт ба наќша гирифта шудааст. Чор агрегат дорад, ки иќтидори њар яке 167,5 МВт мебошад. Обанбор майдони 9,75 км мураббаъро дарбар мегирад. Баландии дарбанд 7 5 метр мешавад. Харљи сохтмон 482,2 миллион доллари амрикоиро талаб мекунад. Сохтмон дар тўли панљ сол, яъне соли 2009 бояд ба итмом расад. ГЭС дар муддати 6,5 сол харљашро мепўшонад.

Пас аз сохтани ГЭС-и Сангтўда талаботи рўзаф-зуни хољагии халќи Тољикистон аз неруи барќ таъмин мегардад.

ОДАМОН

Прораб Мањмад Мањмадалиев моро ба сўи сохтмони бинои ГЭС мебарад. Ў хатмкунандаи мак-таби техникии сохтмони шањри Душанбе аст. 45-50 сола ба назар мерасад. То соли 1991 дар хољагии об кор кардааст. Аз соли 1991 то имрўз дар Сангтўда кор мекунад. Албатта, майдони сохтмон љои раќсу бозї нест. Пасто баланд аст. Кранњою булдозерњо

Page 309: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

309

наср ва назм

кор мекунанд. Мошинњои боркашон рафтуо доранд. Моњи январи соли 1961-умро ба хотир меорам. Пас аз хатми курс-конференсияи адибони љавон дар Иттифоќи нависандагони Тољикистон, мо, як гурўњ иштирокчиёни онро аз Душанбе ба Норак бурданд, ки шањри наву сохтмони ГЭС-и бузургро бинем. Сохтмончиён дар хонањои чўбин, лоин, хаймањо истиќомат мекарданд. Замин лой буду борони майда меборид. Ба њар њол дар Сангтўда вазъият дигар аст. Ќувваи барќ њаст, сохтмончиён аксарият аз Нораку Бойѓозї ба ин љо меоянд. Љои хоб, ошхонаи таомхўрї доранд. Ба мо гуфтанд, ки коргарон дар ду баст кор мекунанд. Як гурўњ 15 рўз кор карда меравад, ба љои онњо гурўњи дигар меояд. Ана, роњбарони сохтмон њамин рўзњои ивазшавии коргаронро ба эътибор гирифта, њар гуна вохўрию мулоќотњоро дар њамин рўзњо ба наќша мегиранд. Зеро, ки дар ваќти ивазшавии бастњо њама метавонанд иштирок кунанд: њам гурўњи коргароне, ки корро тамом кардаанд, њам гурўње, ки онњоро иваз мекунанд.

М. Мањмадалиев аз баландї бо дасташ поёнро ба мо нишон медињад:

— Ана, дар њамин љо бинои ГЭС-и Сангтўда-1 сохта мешавад, — мегўяд ў.

Мо ба поён менигарем. Сохтмончиён машѓули коранд. Ба он љо фаромада, ба онњо сўњбат кардан намешавад. Ба назарам тањдоби бино шубњатоб менамояд. Онро ба бинои ГЭС-и Норак муќоиса мекунам. Аз дарё дуртар. Аз М. Мањмадалиев мепурсам:

— Об аз куљо меояд?— Њоло њамаашро нишон медињам. Сарбанд, ки

баста шуд, аз обанбор об ба канали обгузар медарояд, ки дар пеши он дарѓотњои обќабулкунї истодаанд. Аз

Page 310: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

310

15-бањори Истиќлол

ин дарѓотњо ба чор трубина таќсим шуда, генераторњоро ба кор медарорад.

Ба њар њол боз њам мавќеъи бинои ГЭС бароям норавшан монд. Пурсандањо як ман нестам, бисёранд. М. Мањмадалиев имконият намеёбад, ки ба саволњоям пурра љавоб дињад.

— Тунелњои обгузар аз куљо мебароянд? – боз ме-пур сам аз ў.

— Њоло нишон медињам, мебинед.— Бинои ГЭС-ро бригадаи кї месозад?— Ана, онњо дар пањлуят истодаанд: Тољиддин

Ќодиров ва Ањмад Бобољонов. Тољиддин ба назарам шинос менамояд. Аммо кулоњи сараш пешонаашро пўшондааст.

— Тољиддинро нашинохтед?– аз ман мепурсад Љамолиддин Тошматов.

— Ња, Тољиддини машњур.— Бале, дорандаи љоизаи давлатии ба номи Ибни

Сино.— Сохтмони бинои ГЭС ба зимаи бригадаи бетон-

резон ва кафшергарон аст, суханашро давом медињад М. Мањмадалиев..

— Бинои ГЭС чорќабата мешавад. Дар он 4 агре гати нерудињанда љой мегирад. Сангтўда -1 ба сил-силаи неругоњњои дарёи Вахш дохил мешавад. Пас аз он ки Сангтўда-1, Сангтўда-2 ва Роѓун ба кор дароянд, иќтидори умумии энергетикии онњо дар як сол ба 9 миллион КВт мерасад. Дар заминаи ин неругоњњо комплекси минтаќавї-истењсолии Тољикистони љанубї аз љумла заводи нурињои азотии Вахш, комбинати электрохимиявии Ёвон, заводи аккумуляторњои Кўлоб пурра ба кор медароянд.

Page 311: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

311

наср ва назм

Аз поён шўълаи кафшер ба чашм мерасад. Мо худ дер омадаем. Роњбаладњо саросемаанд, ки зуд сохтмонро ба мо нишон дода, ба майдончаи вохўрї, ки он љо њама мулоќоти мо, њунарнамоии санъаткоронро интизоранд, биравем.

Ба сўи наќбњои обгузар њаракат мекунем. Љавоне ба сарам кулоњашро мемонад. Љавони хушчењраи резапайкаре моро истиќбол мегирад:

— Ѓиёсиддин, — муаррифї мекунад ўро ба мо М. Мањмадалиев.

Ѓиёсиддин бе њељ монеа дар бораи наќб, трубинањои обгузар, фоизи иљрои кор, маоши коргарон њикоят ме-кунад.

Ба кори сангини наќбканї шиносам. Солњои њаф-тодуми асри гузашта дар Афѓонистон њамроњи геологњо кор мекардам. Албатта он наќбњо њаљман хурд буданд. Наќбњои Ѓиёсиддин бузург буданд, ќутрашон 8 метр, дарозиашон 340-460 метр.

Боз аз прораб М. Мањмадалиев мепурсам:— Чаро дарозии трубинањои обгузар фарќ меку-

нанд. 340-460 метр?— Наќбњо ба тарафи обанбор бармегарданд. Аз

ин рў дарозияшон фарќ мекунад.Акнун ба саволи пештараам љавоб ёфтам: наќбњо

амудї не, дар шакли каме уфуќї канда мешудаанд. Об дар ду љо гардиш карда, сонї мустаќим ба агрегатњои нерудињанда бармехўрдааст.

Ѓиёсиддин Њанифов бештар аз бист сол мешавад, ки дар сохтмон кор мекунад. Дар наќби аѓбаи Анзоб, сохтмони ГЭС-и Роѓун, роњи оњани Ќўрѓотеппа-Кўлоб кор кардаст. Њоло сарвари ќитъаи Гидроспестройи шањри Роѓун дар трубинањои обгузари ГЭС-и Сангтўда-1 мебошад. Соњиби 8 фарзанд аст.

Page 312: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

312

15-бањори Истиќлол

Ба боло мебароем. Манзараи обанбор равшан дида мешавад. Дарёи Вахш осмонранг аст. Дењањои ањолинишин ба чашм наменамоянд. Ба мисли обанбори Норак дар зери он заминњои њосилхез, дењањои калони ањолинишин, гўристону мазорњо намемонанд. Њаљми пурраи обанбор 250 миллион метри мукаабро дар бар мегирад. Чуќуриаш 75 метр мешавад. Љойњое, ки мо истодаем зери об мемонанд.

Банди оби ГЭС-и Сангтўда аз сангу гил сохта мешавад. Арзи ќисми поёнии он 433 метр, тўлаш бо назардошти пуштањояш 517 метр аст. Дар сохтани он 4,5 миллион метрии мукааб хоку гил сарф мешавад.

Чашмам ба кўњпорае, ки байни кўњи Ширбибї ва Сарсарак хобидааст, меафтад. Аз М. Мањмадалиев мепурсам:

— Ин кўњпора чї мешавад? Дар љояш мемонад?— Не, мо онро мегирем. Бинед булдозер корро

сар кардааст. Ин кўњпорањо њамааш њамвор мешаванд. Мо зери бандро ба мисли шиша мешўем, баъд сохтмони онро сар мекунем. Барои анљоми ин корњо, аввал пеши обро бастан лозим.

Мо пас мегардем. Ба майдончае, ки мошинњо истода буданд, меоем. Њама ба мошинњо мешинанд. Ба соњили рости дарё мегузарем. Барои кор дар соњили рост пули ќавие сохтаанд. Мошинњо моро ба дохили наќбњои обпарто мебаранд. Аз ин тараф дар синаи кўњи Ширбибї ду наќб кандаанд, ки онњо дар баъзе ќисматњо бо њам мепайванданд. Наворбардори телевизион хоњиш мекунад, ки онро аз мошин поин кунем. Ба саргањи наќби обпарто рафта манзараи дарё ва љои банди обро аксбардорї кунад. Ў мемонад, мо дар дохили наќбњо, гўё ки ба хазинаи Алибобо афтода бошем, аз рост ба

Page 313: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

313

наср ва назм

чап, аз чап ба рост њаракат мекунем. Мошинњо аз дохил берун мебароянд. Нишастагон садо мебароранд:

— Наворбардор монд!Роњбалад механдад. Ронанда аз баромадгоњи наќби

дигар ба дохил медарояд. Наворбардорро мебинем, ки машѓули кор аст. Ў њам ба мошин мешинад.

— Ана, наќбњои обпарторо њам дидед. Онњо ќариб тайёранд, — мегўяд М. Мањмадалиев. – Њамаи ин корњо ќаблан анљом ёфтаанд.

Мо ба майдончае меоем, ки он љо рамзи дўстии Тољикистону Руссия гузошта шудааст. Санъаткорон дар офтоби гарми нимрўзї омадани мо ва љамъшавии коргаронро интизоранд. Пас аз чанд лањза коргарони сохтмон мошинсавор меоянд. Садои мусиќї баланд мешавад. Мебинам, ки гурўње аз коргарон муназзам ба раќс медароянд. Чењрањои хаста оњиста-оњиста гулгун мешаванд. Хоса сурудњои Маликаи Саидзод, њунарнамоии гурўњи њаљвнигорон, овози форами Саидќул Билолов ва љилваи раќќосањои љавони гурўњи «Дарё» базмњои афсонавиро ба хотирам меоранд. Чї хуш аст дидор дидан, чї хуш аст, бо њам будан, бо якдигар хурсандї кардан…

Мо бармегардем. Коргарон аз пасамон даст меаф-шонанд. Садоњо ба гўшам мерасанд: «Боз биёед!».

Сангтўда-Душанбе,сентябри 2005

Page 314: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

314

15-бањори Истиќлол

НОРИНИСО

ТОЉИКЕМ

Ту магў аз ину аз онем мо,Зодагони пири Канъонем мо.Нест байни мову ту бегонагї,Аз Хуљанду Рашту Хатлонем мо.Дар сабуриву адолатпарварї,Пораи лаъли Бадахшонем мо.Бо њама дарёдиливу соњирї,Ташнаи оби Зарафшонем мо.Шањрзоди њиммату мардонагїЗодагони Оли Сомонем мо.Дар њама пасту баландињои дањрШукр, фарзанди мусулмонем мо.Нест байни мову ту бегонагїТољикем, аз Тољикистонем мо.

ДАРД (Эњдо ба дўсти азизам

Тошева Саида Шарифовна)

Дарди ман дарди туву дарди Ватан,Дарди модар, дарди миллат, дарди зан.Дарди кулли мардуми равшанзамир,Бардамида аз дилам чун љўи шир.Аз нињоди асрњо берун шуда,Гоњ Лайливу гање Маљнун шуда.Бо таќозои замона омада,Аз дили чандин фасона омада.

Page 315: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

315

наср ва назм

Дарди ман дарде, ки дилро пора кард,Модари тољикро овора кард,Ќањр шуд маснаднишини мулки дил,Ишќ шуд бечораву хору залил.Як замоне дарди ман Тањмина дошт,Дарду доѓи њаљр андар сина дошт.Дарди ман Гурдофаридам кардааст,Пири Санъонро муридам кардааст.Дарди Исмоили Сомонї бувад,Дар нињодам фарри яздонї бувад.Дарди ман султони њастии ман аст,Аз камоли њаќпарастии ман аст.Бањри Сино теѓи бурро буд ў,Аз хирадмандї мубарро буд ў.Дарди ман дарди худогоњї бувад,Гоњ лабханду гање оње бувад.Дардњои Тољикистон дарди ман,Дарди миллат, дарди зан, дарди ВАТАН.

ЧОР ЃАЗАЛ

Ёрони муаззам, ба шумо ид муборак,Њамраъйиву њамрозиву тавњид муборак.Будед агар дергање бехабар аз дањрИмрўз хабардорию тавкид муборак.Дар кулбаи андешаатон субњдам аз сидќЯк тифлаки нав чун шуда тавлид, муборак.Шуд пора кунун љомаи найранги замонаЊамдардию њамбастии ноњид муборак.Хандида кунад пањн зару зевари худроАз доманаш ар духтари хуршед, муборак.Дар зери ќадамњои шумо аз гули худрўРўида гули нозуки тамњид, муборак.

Page 316: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

316

15-бањори Истиќлол

Ошуфта набошед, шаби иди шумороГар Норинисо гуфт ба таъкид, муборак!

* * *Шањри њунару мењру вафо шањри Душанбе,Љо гаштаї дар њастии мо, шањри Душанбе.Андар ќади дилљўю дилорою базебатДорї зи гули лола ќабо шањри Душанбе.Пошад зи чароѓи њунару илму маонїБар мулки дилу дида зиё, шањри Душанбе.Мехостам аз шоњии њарранги хаёлотДар бар бикунї тангќабо шањри Душанбе.Дар кишвари андешаи ман то ба њанўзїЧун тифлаки берўю риё, шањри Душанбе.Аз шодию андўњи ту дорад ѓазале чанд,Дар сафњаи дил Норинисо, шањри Душанбе.

* * *Хушбахт мешуморам худро, ки ёр дорам,Дар мулки Тољикистон боѓу бањор дорам.Аз шоми ноумедї њаргиз хабар надорам,Аз файзи субњ дар дил оњанги тор дорам.Бегона аст бар ман найрангу носипосї,Хоњам як умр з-ин ду худро канор дорам.Аз чархи бемурувват озорњо бидидам,З-ин рўй бар баду нек бешубња кор дорам.Парварда бо машаќќат дар боѓи зиндагонїДар мулки дидаву дил себу анор дорам.Хандида бигзаронам шабњои тор њарчанд,Аз ашк шаддае чанд беихтиёр дорам.Норинисо магўед, аз њар чї дар канор аст,То санги чархи таърих андар канор дорам.

Page 317: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

317

наср ва назм

* * *Тољикону Тољикистон зинда бод,Аќли модарзоди инсон зинда бод.Мекушоянд уќдањои розро,Роздону роздорон зинда бод.Ашки модарњо марезад, ай худо,Хотири љамъу парешон зинда бод.Њамрадифи сулњу шодиву умед,Шўълаи хуршеди тобон зинда бод.Бахт гардад то Зулайхоро насиб,Юсуфи Яъќуби Канъон зинда бод.Бањри талќини накўиву хирад,Сафња-сафња њарфи Ќуръон зинда бод.То нависад номае, Норинисо,Ишќ дар маѓзи дилу љон зинда бод.

Page 318: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

318

15-бањори Истиќлол

Мирзо ФАЙЗАЛЇ

БО ВАТАН БОШЕМ

Биё, эй њамватан, то љонфидои ин Ватан бошем,Ба љон омодаи амру нидои ин Ватан бошем.

Канораш гарму роњатбахш чун домони модарњост,Њама фарзандњои бовафои ин Ватан бошем.

Гирифта дасти њам, аз як гиребон сар бурун орем,Ватан аз мост, мо низ аз барои ин Ватан бошем.

Чунон бояд ватанхоњї, чунон бояд ватандорї,Ватан аз мо ризо, мо њам ризои ин Ватан бошем.

Худо нокарда, гар боди хазоне мевазад сўяш,Мададгору шифобахшу давои ин Ватан бошем.

Гадої дар Ватан волост аз шоњї ба мулки ѓайр,Фидои ин Ватан, шоњу гадои ин Ватан бошем.

Ватан киштию дањри пурталотум бањри тўфонист,Замоне шуд, ки мо худ нохудои ин Ватан бошем.

Ба њам пайваста ќатра-ќатра дарёи дамон гардем,Хурўшон мисли оби рўдњои ин Ватан бошем.

Биё, эй њамватан, то љонфидои ин Ватан бошем,Њама фарзандњои бовафои ин Ватан бошем.

Page 319: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

319

наср ва назм

МОДАРИ ЉОНИ МАНЇ, ЭЙ ВАТАНАМ

Эй Ватан, номи ту дунёи ман аст,Ќуллањоят сари болои ман аст,Хори роњат гули раънои ман аст,Хоки ту гавњару тиллои ман аст.

Модари љони манї, эй Ватанам,Тољикистони манї, эй Ватанам.

Тифли парвардаи армони туям,Љонфидо дар сари паймони туям,Њофизи њусни гулафшони туям,Андалеби чаманистони туям.

Модари љони манї, эй Ватанам,Тољикистони манї, эй Ватанам.

Гар ба њифзат надињам љону танам,Намакат зањр шавад дар баданам,Гар сари нанги ту паймон шиканам,Хоки ту ор кунад аз кафанам.

Модари љони манї, эй Ватанам,Тољикистони манї, эй Ватанам.

ЉОННИСОР

Њар гање љон медињам, бањри Ватан љон медињам,Номи поки Тољикистон дар дањан љон медињам.

Нестам аз воизони минбарии гапфурўш,Љонфидоям, бе ягон њарфу сухан љон медињам.

Page 320: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

320

15-бањори Истиќлол

Душманаш гар ќасди помолии ин гулшан кунад,Њамчу сарбозаш ба љанги танбатан љон медињам.

Мардуми њар гўшааш пайванд бо хуни мананд,Лозим ояд, бањри њар як њамватан љон медињам.

Модари ман, њамсари ман, духтари ман љонфидост,Ман барои нангу ору номи зан љон медињам.

Баъди маргам хокдонам дар Ватан бошад, бас аст,Фарќ не, ки бо кафан, ё бе кафан љон медињам.

АГАР АЗ ДАСТИ МАН ОЯД

Дар ин даврон, ки кишвар тинљу мардум њаст осуда,Ба ёдам мерасад дањ соли з-ин бигзаштаи Мењан.Маро пеши назар ояд замони бенизомињо,Ба њар сў рўканию мўканию нолаю шеван.

Ба њаллу фасли њар коре камону тир довар будАз он мардум парешону ба њоли хеш саргардон.Зи љанги шањрвандї хонавайрон, ѓарќи хуни хеш,Баќойи давлату миллат чу ашке дар сари миљгон.

Дар он айёми ќисматсоз њамчун офтоби субњ,Сухан аз сулњу аз вањдат бигуфт Эмомалї Рањмон.Шиори «Бар шумо ман сулњ меорам!» ливояш шуд,Ќавию устувор истод андар сангари паймон.

Каломи сулњ дар лаб Кобулу Тењрону Маскав рафт,Чу Исмоили Сомонї ба њифзи миллаташ бархост.Худованд андар ин азму талошаш рањнамояш шуд,Бубинед, ин замон сулњи миёни тољикон барљост!

Page 321: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

321

наср ва назм

… Њама аъмоли неки дигарашро як тараф монам,Фаќат бар хотири сулње, ки барпо кард дар кишвар,Ба ин шахси бузургу љонфидои миллату Мењан,Агар аз дасти ман ояд, гузорам њайкале аз зар!

ЌАНОАТ

Ифтихоре аз Ватан моро бас аст,Мењри он дар љону тан моро бас аст.

Кай талаб дорем чизе аз Ватан,Хоки он атри кафан моро бас аст.

Аз вафо бо набзи миллат њаммаромМезанад дил, ин задан моро бас аст.

Дар пайи љоњу љалоле нестем,Аз ќаторињо будан моро бас аст.

Пеши бар љойи нишони ифтихорТугмае дар пирањан моро бас аст.

Эй, ки мепурсї: «Чї додї бар Ватан?»,Додани доди сухан моро бас аст.

Page 322: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

322

15-бањори Истиќлол

Парда ЊАБИБ

ИНЪОМИ ОЗОДЇРўзи озоди Ватан эълом бод,Бењтарин рўзи њама айём бод,Парфишон чун дар сари Боми љањон,Парчамаш болотар аз њар бом бод.Шўълањои тоза аз хуршеди субњ,Сўи аќсои Ватан пайѓом бод.Сурати тољик ба ин озодагї,Сирати тољик вањиду том бод.Хезад аз дил эй басо илњому завќ,Маншаи озодиву илњом бод.Бахт њам мисли Ватан зебову хуб,Хушдилу хушрангу гуландом бод.Рўи мо бишкуфта бодо аз сурур,Рўи каф моро њамеша љом бод.Насли навро пиру устоди адаб,Рўдакиву Њофизу Хайём бод.Душман андар доми худ дар банд бод,Худ ба худ афтодаву эъдом бод.Сўи маќсуде, ки он армони мост,Аз ману ту њар замон иќдом бод.Аз паи њар лањза умри љовидон,Њам сад оѓозе зи њар анљом бод.Бод њар рўзаш наву пур аз навид,Шамъи рўяш тобиши њар шом бод.Чанд аз худкомагон ноком буд,Шањди шодияш кунун бар ком бод.Њар ќадар, ки дар љањон гул бишкуфад,Бањри миллат он њама инъом бод.Тољро чун эътибору ном дод,Тољ аслу мабдаи ин ном бод!

Page 323: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

323

наср ва назм

ЁДБУМ

Зодбуми баќои армонњо,Ёдбуми Курўшу сомонњо.Зиндаї бо умеди хуршедї,Сабза рўёнда аз ту боронњо.Гашт њар зарра хоки ту заррин,Аз вуљудат равон Зарафшонњо.Аз гили ту гули нухустин руст,Аз дилат шавќу шўри шарёнњо.Бори аввал ба хирмани оламРехт аз хўшањои ту донњо.Бостонитарин тамаддунат,Достонитарини дастонњо.Посдори фурўѓи бефарљом,Ёдгори наљиби давронњо.Пеш аз ту на он бувад, на ин,Ту нахустиниву сипас онњо…

ВАТАН

Рўзи ту бод идомаи оѓози зиндагїЊар лањзаат ба хотири эъљози зиндагї.Хушобуранг шеъри ман аз обу ранги туст,Хоки ту бод он њама пардози зиндагї.Бешак, фазои ту бувад аз осмон баланд,Фикри ту, эй Ватан буда парвози зиндагї.Андешаи ту парварад обугили маро,Ангезаи ту мекунад анбози зиндагї.Њар соате ту бигзарї аз соњати фалак,Бар ахтарон намудаї эъљози зиндагї.

Page 324: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

324

15-бањори Истиќлол

Ато МИРХОЉА

3800 МЕТР + КОРНАМОЇ

Аѓбаи Ќулма, ки дар хатти сарњадди байни Љум-њурии Тољикистон ва Љумњурии мардумии Чин воќест, тайи панљ соли охир вирди забонњост. Вуљуд доштани чунин кўњталро кам касон медонистанд, аммо имрўз чашми умеди ќариб кулли мамлакат ва њатто чандин кишварњои хориљї љониби Ќулма мебошад. Сабабаш, албатта, маълум: кушода шудани роњ аз болои ин гардана Осиёи Марказиро ба њам мепайвандад ва барои Тољикистон ањамияти стратегї дорад.

Аз соли 1997 боз сохтмони роњ дар Ќулма идома дорад. Муаллифи ин сатрњо ба кору зиндагии роњсозон дар ин баландтарин гўшаи љањон њамеша мароќи калон дошт. Бинобар ин, худихтиёр охири августи соли 2000-ум, роњи Ќулмаро пеш гирифтам.

ШАЊИДИ ЌУЛЛАЊО

Аз Мурѓоб то Ќулма 70 километр аст. Соат њанўз 4 нашуда, мошинаи мусофиркашон, ки махсус барои бурдану овардани коргарон људо карда шудааст, ба роњ баромад. Ба бахти мо њаво дар Мурѓоб гарм буд, аз ин лињоз коргарон дар тан либоси сабук доштанд.

Чењрањои њама офтобхўрда, дастонашон шахшўлу обилабаста. Ќисме баробари ворид шудан ба кузов дарњол хоби ширини сањариро давом доданд. Танњо иддаи каме паст-паст машѓули сўњбат шуданд. Дар оњанги суханашон мањзунї ва изтироб њис мешуд. Эњсос кардам, ки бадбахтие рух додааст. Бинобар ин, хавотиромез пурсидам:

Page 325: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

325

наср ва назм

— Чї шудааст, бачањо?Саволам таваљљўњашонро љонибам љалб кард.— Шумо кистед?— Ман – хабарнигор. Аз Душанбе.— Маро нашинохтед? – Суолкунанда кулоњро

аз сараш гирифт ва то ки ўро шиносам, рўяшро ба равшании чароѓ наздиктар овард.

Ба чењрааш зењн мондам. Дар як лањза симои садњо шиносњои овони наврасиамро дар лавњи хотира такурў кардам.

— Шумо Зулмакон! – бо боварї ва ќатъият нидо кардам ман.

— Бале, Зулмакон. – Аз он ки бехато шинохтамаш, рўњ гирифт ва ба ман наздиктар омаду вохўрї кар дем.

— Мо дар як интернат аз як коса ош хўрда, калон шудаем, – Зулмакон бо ифтихор ба њамроњонаш рў овард. – Њељ боварам набуд, ки мешиносед. Охир ман аз Шумо панљ - шаш сол хурдам.

— Хотираи љавонї наќш бар санг аст.Магнитофони ронанда суруди ѓамангез мехонд.— Дирўз сардори мо, дўсту рафиќи мушфиќи

тамоми роњсозони Ќулма Љумъа Азизов якбора бењуш шуда ѓалтид, – мањзунона сар хам кард Зулмакон.

— Раги майнааш кафидааст, – илова намуд љавони нимпўстинпўш. – Ба шифохонаи вилоятї бурданд.

— Шояд наљот дињанд? – суоломез ва бо умед ба ман нигоњ кард љавон.

Китф дар њам кашидам.— Илоњо, наљот ёбад, – марди куњансоле, ки пинак

рафта буд, ба гап њамроњ шуд. – Љумъа барои ин роњ чї ќадар љон коњонд. Наход...?

— Боз бармегардад, албатта меояд... – илтиљоомез зери лаб гуфт Зулмакон.

Page 326: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

326

15-бањори Истиќлол

Банда Љумъа Азизовро наздик нашиносам њам, њамчун роњсоз симои бароям нињоят ошно буд. Борњо номашро дар сањифањои матбуот дидаам ва аз кору бораш иттилоъе доштам. Ў аз аввалин сардорони муассисањои роњсозї буд, ки зањмати кушодани роњи Ќулмаро ба ўњда гирифт ва бори нахуст бригадаи роњсозонро ба ин аѓбаи сайронгоњи абрњо ва шамолњои тунд роњнамої кард. Ноябри соли наваду њафт дар Ќулма кор оѓоз намуд ва хатти нахустини онро рў-рўи гарданањои Помири Шарќї навишт. Моњи ноябри соли 1998 навбати аввали роњро тибќи лоињаи онваќта пурра ба истифода дод. Пас аз он ки мутахассисони ширкатњои байналмилалї лоињаи нави роњи Ќулмаро пешнињод намуданд, Љумъа Азизовро ин бор њам чун коршиноси пуртаљриба ба ин мавзеъ фиристоданд.

Љумъа бо дасти гирову дили гарм корро аз сари нав дар Ќулма ташкил кард. Аз соати 4-и субњ то дили шаб сари по буд. Ба тамоми љабњањои кор расидагї мекард, фаросату дониши мукаммалаш гирењи њар мушкилеро боз менамуд. Шўхї њам мекарду сарзаниш њам. Коргарон аз шўхии ў рўњ мегирифтанд, аз сарзанишаш хафа намешуданд. Зеро низоми кор дар ин љо мушобењи хатти аввали љабњаи љанг аст: фармони сардор тањлил намешавад, айнан дар ваќташ бояд иљро гардад.

Љумъа Азизов њамин тавр кор мекард. Ва сари кор аз по дарафтод. Фишори хун хиёнат кард ва аљал ба гиребони ин абармарди ќуллањо чанг андохт.

Ўро ќуллањои осмонхароши Тохтамиш ба шањодат расонданд.

— Расидем, – аз банди хаёлот садои њамсафаронам маро рањо мекунанд.

Мо пиёда мешавем.

Page 327: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

327

наср ва назм

УРДУГОЊИ ТУРКОН

Мошина дар назди дарвозаи шањрча истод. Агар дар биёбони беодаму беканор якбора ба мавзее расед, ки иморатњои сохти аврупоии зебо дорад, албатта, он маконро шањр мехонед. Ин шањракро коргарон «Урду-гоњи туркон» ном кардаанд.

Коргарон ба ошхона мешитофтанд. Азбаски рељаи рўз дар урдугоњ нињоят фишурдааст, њар кор бояд дар ваќташ анљом ёбад. Ба ношто дер монї, аз худат гила кун, ба хўроки нимрўзї нарасидї, дигар касе ба додат намерасад. Аммо ба кор бояд барої – «ман хўрок нахўрдам» сабаб намешавад.

Маро ба назди Гулназар Имомназаров – муњандиси роњсоз рањнамої мекунанд. Роњравон иморати барњаво ва тозаву озодаи турконро тамошо мекунам. Дар Душанбе њам алъон чунин бинои тамйизу хушсохтро кам дучор меої. Хонањои хоб, утоќњои корї, ташнобњои алоњида. Девори иморат аз девори махсуси сафедранг буда, равшан ва дилкушост. Аз роњрав бо гўшаи чашм ба кабинањои корї назар меандозам. Њама бо компютер муљањњаз.

Гулназар Имомназаров муњандиси Маркази тат-биќи лоињаи роњи Мурѓоб - Ќулма будааст. Чењраи соддаву муомилаи хушаш аз дили мењрубону фазилати фитриаш дарак медоданд.

Бо ў њамсўњбат мешавам.— Чаро навбати якуми роњ ба санљишгарони

байналмилалї писанд наомад?— Бале, ноябри соли 1998 сохтмони роњ анљом ёфт.

32,6 км-ро сарфи назар аз тамоми мушкилоташ сохта ба истифода додем. Аммо, мутаассифона, меъёри љањониро ба назар нагирифтем. Ин љо, албатта, ба шитобкорї

Page 328: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

328

15-бањори Истиќлол

њам роњ додем. Зеро, гумон доштем, њар ќадар зудтар коррро анљом дињем, њамон ќадар мушкилоти иќтисодии вилоятро тезтар њал мекунем. Чашми умеди мардум њоло љониби Ќулма аст. – Ва лабханде зада илова мекунад: – Саросемакории даврони коммунистї аз ёдамон њоло њам набаромадааст. Мисли солњои пешин миќдорро ба назар гирифтему сифатро нася гузоштем.

Оре, саранљом кор чунин сурат гирифт, ки ин ќа-дар зањмату харољот ќариб зоеъ рафт. Пас аз санљиши экс пертњо ќарор шуд, ки роњро... аз сари нав сохтан ло зим аст.

Ва ин бор туркон омаданд.Онњо аз Љумњурии Туркияанд. Корман дони шир-

кати байналмилалии роњсозии ЭНТС мебошанд. Шир-кати мазкур дар роњсозї аз рўи меъёри умумиљањонї машњуртарин муассиса дар тамоми кураи арз аст. Дар Арабистони Суудї, Либия, Италия, Покистон, Эрон, Ќирѓизистон, Ўзбекистон ва дигар манотиќи олам роњ сохтааст. Роњњои сохтаи ширкат маќбули оламиёнанд.

Соле ќабл бо лоињаи сохтмони роњи Ќулма дар тендери байналмилалї ширкат карда, байни тамоми довталабон љои аввалро ба даст овард. Пас аз мувофиќат бо Њукумати Тољикистон корро дар баландии 3500-3800 метр дар диёри домани гардун оѓоз намуд.

Бо Гулназар - ако сўњбаткунон берун мебароем ва гирду атрофи ўрдугоњро чарх мезанем.

Дар ќисми љануби ўрдугоњ барои таъмини гармї ва об дегхона сохта истодаанд. Ман бо коргарон сўњбат меороям. Аз таъминот бо љабњаи кор њама мамнунанд. Аммо шикояти аксари кулли коргарони оддї аз камии маош аст. Њисоби миёнаи музди мењнат дар «ўрдугоњи туркон» барои коргарони мањаллї 40-50 сомонї будааст. Сабаби норизоии онњоро хуб дарк мекунам. Баландии

Page 329: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

329

наср ва назм

кўњистон, нарасидани њаво, рељаи сахт ва интизоми нимњарбии кор, дурї аз зану фарзанд, сардии њаво, њар рўз дар масофаи 80 км рафтану омадан... ва њамин ќадар маош.

Вале чї илољ? Як нафар љавонмарде, ки, масалан, дар дењааш моње як сўм њам даромад надорад, маљбур аст, бо чунин маош дар ин муассиса ба кор дарояд. Лоаќал оилашро аз нон таъмин карда метавонад.

Барои рафъи норизої ба онњо савол медињам:— Бо ширкат ќарордод доред?— Дорем.— Њаќќи мењнататон дар ќарордод зикр ёфта-

аст?— Ња.— Онро пурра мегиред?— Мегирем.— Пас, ин љо гуноњ дар ширкат нест, гуноњ дар

камбизоатии мардуми мост, ки ќувваи кориашро маљбур аст арзон фурўшад.

Њама сукут меварзанд. Ва касе мегўяд:— Ба њаминаш њам шукр.— Пас аз ин мулоќот тасмим мегирам, ки ба њузури

љаноби Бекир Тегинли-уѓлу – менељери кулли ширкати ЭНТС дароям. Эшон камваќтиро сабаб оварданд ва мо дар орзуи сўњбаташон њамроњи Гулназар роњи урдугоњи «Бадахшонроњ»-ро пеш гирифтем.

УРДУГОЊИ «БАДАХШОНРОЊ»

Урдугоњи «Бадахшонроњ»-ро бо урдугоњи туркон њољати ќиёс њам нест. Дар он љо биноњои замонавии дабдабанок, назму тартиби оњанї, ин љо хиргоњњои бобоии ќирѓизї, як дараља бенизомии одатии мо -

Page 330: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

330

15-бањори Истиќлол

парвардагони замони Шўравї ва давуѓељњои зиёдатї ба назар мерасад. Ба ќавли Њофиз «бубин тафовути рањ аз куљост то ба куљо».

Бо Гулназар-ако ба хиргоње ворид мегардем, ки ситоди урдугоњ аст. Дар атрофи мизњои корї сардорони бригадањо, роњбарони идорањои мухталиф ва сардори сохтмони роњ, муовини мудири кулли Иттињодияи истењсолии «Бадахшонроњ» Хушназар Абдурањимов нишаста, наќшаи кории рўзро тарњрезї мекунад.

Пас аз муаррифию шиносої Хушназар рољеъ ба вазъи кор сўњбат мекунад. Ў мегўяд, ки «Бадахшонроњ» низ дар баробари ширкати ЭНТС дар сохтмони роњ иштирок дорад. Барои ташкили босуръат ва муназзами кор аз тамоми муассисоти роњсозї ба Ќулма бењтарин коргарон ва коромадтарин техника сафарбар шудааст. Алњол дар бунёди роњ 11 экскаватор, 10 булдозер, 6 грейдер, 6 каток, 5 мошини боркун, 12 обкашон, 50 худфурор, 4 автокран ва мошинњои боркашу мусофирбар масруф мебошанд.

Хоки мањал аз хок дида, зиёдтар ба ќум наздиктар аст. Аз ин рў, бадощт нест ва дар њамин шакл њамчун маводи сохтмонї истифода кардани он танњо зарар дорад. Пас аз боронгарии сахт таркибаш зуд вайрон шуда, боиси фурў рафтани роњ мегардад. Бинобар ин, роњсозон тарзи нави коркарди онро ба роњ монданд. Акнун ба хокдонњо (карерњо) об кашонда, бо хок меомезанд ва гили њосилшударо ба мошинњо бор карда, ба сохтмон мефиристанд. Тохтамиш (љамоати дењоте, ки Ќулма ба он дохил мешавад) аз чўлу биёбон, талу кўњдоманањои беоб иборат аст. Бинобар ин, мошинњои боркаш аз 6 то 33 км масофа об мекашонанд. Барои конњои хок дар як рўз 500 тонна об лозим аст!

Page 331: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

331

наср ва назм

Оре, сохтмони чунин роњ зањмати зиёд талаб мекунад. 240 њазор метри мукааб хокро бардошта, шибба кардан магар зањмат нест?! Аз соати 6-и субњ то 6-и бегоњ, баъзан то як поси шаб дар обу гил жўлида, араќ ре зондан ва ќадам ба ќадам хирмани хокро анбоштан магар зањмати миёншикан нест?

Аммо ояндаи неки фарзандон, ободии Тољикистон шўълаи умедест, ки сохтмончиёнро завќ мебахшад, рагњояшонро бо хуни номусу њамият пур месозад ва онњоро ба корнамої мехонад. Чї тилисмњо дорад нерўи созандаи Инсон!

ДАР МИНТАЌАИ БЕТАРАФ

Бо чунин андешањо, инак, банда савори «Зил»-и амаки Шукрихудо њамроњи саркорон Гулназару Хушназар љониби сарњадди Чин роњ пеш мегирем. Вориди минтаќаи бетараф мешавем, ки онро кўтоњак «Система» мегўянд.

Мошини мо сўхткашон аст ва рањорањ бояд тамоми техникаи коркунандаро аз сўзишворї таъмин намояд. Хушназар Абдурањимов чунин маълумот медињад:

— Дарозии роњ 32 километру 600 метр аст. То ба имрўз 4 км рўкаш, 10 км мумфарш гардида, дар 18 км-и боќимонда хоктеппа бардошта шудааст. Ќариб кулли техникаи мо кўњна мебошад, аз ин сабаб кор кашол меёбад.

Дар њаќиќат њам, дар аснои роњ назди кадом мошине, ки таваќќуф мекардем, соњибаш аз чизе шикоят мекард; њатман як - ду нафар саропо равѓанолуд машѓули тармим буданд.

То ба нуќтаи охирини минтаќаи бетараф расида-намон саркорони гурўњњои кории туркњо бо мошинњои

Page 332: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

332

15-бањори Истиќлол

сабуксайри «Нива» чандин маротиба њоли коргарони худро хабар мегирифтанду пас мегаштанд. Коргарони онњо танќисї намекашанд. Эњтиёљашон дарзамон бароварда мешавад. Бинобар ин, сифату миќдори ко-рашон низ ба маротиб бењтар аст.

Диќќати маро новањои соруљии обгузар љалб мекунанд, ки ќад-ќади роњ, њар љо-њар љо тўб буданд. Ман зарурати онњоро дар ин баландии беобу бебарф (зимистон аз шиддати сармо дар ин љо барф њам намеборад) надониста, ба Хушназар суол медињам. Ў лабханде зада, мегўяд:

— Агар гўем, ки Ќулма болои ях љойгир шудааст, хато намекунем. Бо андаке гарм шудани њаво омадани сел аз эњтимол дур нест. Баъзан боронњои шиддатнок низ ин талњоро обёрї мекунанд. Бинобар ин, дар минтаќањои хавфноки роњ бояд чунин новањо шинонем, ки теъдодашон 33 то хоњад буд.

Дере нагузашта ин «мўъљиза»-и Ќулмаро бо чашми худ дидам. Дар яке аз ќитъањои назди сарњаддии роњ љониби экскаваторе тоб хўрдем. Экскаватор замин меканд ва љои кандаи ў њамон дам аз об лаболаб мегашт. Грейдеррон Шанбе Салимшоев мегўяд:

— Ќулма, ба назари ман, айсберги бузургест, ки аз ќабатњои хоку барф иборат аст.

Ба сутуни сарњад мерасем. Он тараф хоки Чин. Ќуллањои нуќрагуни кўњи Нузгутата аз рафъати Ќулма пасттар метобанд.

Оре, касе, ки Помирро «Боми љањон» хондааст, мубо лиѓае накарда. Аз ин баландї ба ќавли устод Тур-сунзода дар шўълаи хуршед сигор дар додан мумкин аст.

Воќеан, шукри Худо, ки ин минтаќа амнтарин сарњадди кишвари мо мебошад. Умуман, бо Љумњурии

Page 333: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

333

наср ва назм

Чин муносибати мо њамеша бародарона будааст ва њоло њам пас аз барњам хўрдани Иттињоди Шўравї масъалаи муайян кардани хатти сарњад хеле мусолиматомез њал гардид.

Сокинони Тохтамиш аксаран чўпонанд ва авлоди ќирѓизони кўчманчие њастанд, ки садњо сол боз гоње чарогоњњои Чин ва гоње Тољикистонро истифода мебурданд. Ба ќавли маъруф, байни Чину Мочин равуо доштанд...

Алќисса, 32, 6 км роњи сохташавандаро дидам ва як рўзи кўтоњ њам бошад, дар фазои кории он ворид будам. Тамоми бардоштамро агар дар як вожа баён созам, он чунин аст: «Корнамої!».

Оре, ба чунин баландї љуръат карда баромадан худ корнамоист, чи расад ба он, ки бо техникаи нимдошт роњи мувофиќ ба таќозои стандарти умумиљањонї созї! Ана дар њамин маврид, дар њамин рафъати уќобгузар унвони маќолаи мазкур дар андешаам барќ зад: «3800 метр + корнамої»...

Ба урдугоњи «Бадахшонроњ» бармегардем. Рањо-рањ Хушназару Гулназар дар бораи пешќадамтарин коргарони сохтмон њикоят мекунанд. Инњо Юсуф Мир-мастов ва Саша Зарифхонов аз ДСУ-8, Неъмат Силе-монбердиев ва Саидрасул Саидюнонов аз ДСУ-34, Ак бар Љумъаев ва Майрамбек Мамадсаидов аз ДРСУ-26, Дўстназар Бойназаров ва Абдурањмон Амидов аз ДРСУ-29, Рањматшо Чиндонов аз ДРСУ-21, Одина Му-боракшоев ва Худодод Худододов аз бунгоњи наќ лиётии №-50, Одилбек Гапарови комендант, Саломат Сайид-валиеви нонпаз ва...

Дар назари ман њама ин мардони офтобхўрдаву обилазада бо љомањои равѓанолуду мўзањои лойин, чаш-мони камхобу нигоњњои барроќ пешќадам буданд, дар

Page 334: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

334

15-бањори Истиќлол

њар сурат, ќадаме аз њар яки мо фаротар ва фарозтар – болои Боми љањон нињодаанд.

Яке аз онњо – Додхудо Мирмастов (механик аз ДСУ-8) гуфт:

— Ман ба шароити Ќулма одат кардаам: хобам намебарад, на шаб, на рўз.

Танњо яке аз онњо дар омади гап ин гуна сухан ба забон овард, аммо сафи чунин бехобон кам нест, он ба дањњо нафар мерасад.

Оре, ин ќањрамонон ба хотири фардои мо хоби худро гум кардаанд.

Майи соли 2001

Page 335: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

335

наср ва назм

Нуруллоњи ОРИФ

ТОЉИКИСТОН

Зебу фахри Тољикистонем мо,Дар фазояш рў ба љавлонем мо.Аз Душанбе, аз Хуталон, аз Њисор,Аз Хуљанду аз Бадахшонем мо.

Гарчи хокат мўмиёи дардњост,Мењане, ки Тољикистон номи туст.Бењтар аз љон, эй диёри нозанин,Манзаратро дўст дорам, дўст, дўст.

Зебу фахри Тољикистонем мо,Дар фазояш рў ба љавлонем мо.Аз Душанбе, ,аз Хуталон, аз Њисор,Аз Хуљанду аз Бадахшонем мо.

Зарра-зарра, ќатра-ќатра, мушт-мушт,Мо њама якрўњу яктан гаштаем.Дар дифои хоки покат мў ба мў,Сахт чун пўлоду оњан гаштаем.

Зебу фахри Тољикистонем мо,Дар фазояш рў ба љавлонем мо.Аз Душанбе, аз Хуталон, аз Њисор,Аз Хуљанду аз Бадахшонем мо.

Нест бе ту вањдат асло пойдор,Тољикистони бањорандоми ман.Мисли модар мешавї хурсанд агар,Шўњраи офоќ гардад номи ман.

Page 336: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

336

15-бањори Истиќлол

Зебу фахри Тољикистонем мо,Дар фазояш рў ба љавлонем мо.Аз Душанбе, аз Хуталон, аз Њисор,Аз Хуљанду аз Бадахшонем мо.

ВАТАН

«Хоки Ватанам сурмаи чашмони ман аст»Санги баѓалаш аќиќу марљони ман аст.Пироњани шоњиям зи карбоси мањаш,Пайванд ба љонаш, ба Худо, љони ман аст.

Эй љон Ватанам, љон Ватанам, љон Ватанам,Оѓўши хушат бињишти армон, Ватанам.

Як лањза дилам гар аз барат дур шавад,Ширу шакар андар дањанам шўр шавад.Сўят нигарам агар чу як одами ѓайр,Ду дидаи ман кўр шавад, кўр шавад.

Эй љон Ватанам, љон Ватанам, љон Ватанам,Оѓўши хушат бињишти армон, Ватанам.

Аз обу гилат љисми маро сохт Худо,Љон дар баданам ба наѓма андохт Худо.Дар чашми њама маро зи як дењаи дурЧун шоири ту бихонду бишнохт Худо.

Эй љон Ватанам, љон Ватанам, љон Ватанам,Оѓўши хушат бињишти армон, Ватанам.

Page 337: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

337

наср ва назм

ТАРОНАИ ВАЊДАТ

Шукри њаќ, сармашќи мањфилњостем,Тољбарсар миллати яктостем.Дур з-оѓўши Ватан чун зарраем,Дар Ватан як узви ин дунёстем.

Вањдат аст оину кори тољикон,Вањдат аст умре шиори тољикон.

Зиндагї худ бўи вањдат мекунад,Бўи иќболу саодат мекунад.Бўи мењру бўи сењру бўи шеър,Бўи оёти њаќиќат мекунад.

Вањдат аст оину кори тољикон,Вањдат аст умре шиори тољикон.

Умри неки љовидон аз вањдат аст,Шодии пиру љавон аз вањдат аст.Мењани ободу зебои мароИфтихору шаъну шон аз вањдат аст.

Вањдат аст оину кори тољикон,Вањдат аст умре шиори тољикон.

Page 338: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

338

15-бањори Истиќлол

ПАЙВАСТАН

То Ватан якто бувад, якљо шудем,Якдилу якљону якмаъво шудем.Гирди хони орзу љамъ омадем,Бо дигар пайваста мањкам, мо шудем.Ќатрасон аз чашмањо мерехтем,Мои кўчак љўй не! — Дарё шудем.Дар каломи шоири бедордил,Рањ ба рањ чун шеъри нав иншо шудем.Бо ту мо, эй Тољикистони азиз,Миллати арзандаи дунё шудем.

СИПОСНОМА

Шукро, ки тољикам,Аз насли орён.Эй, ошнои ѓайр,Аз ман маљў зиён.

Абёти Рўдакист,Сармашќи кори ман.Фирдавсиву Камол,Њаст ифтихори ман.

Бе ёди Мавлавї,Ман роњ кай равам.Пушти хаёли хеш,То моњ кай равам.

Page 339: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

339

наср ва назм

Синои ман навишт,Ќонуни зиндагї.Дар дафтари башар,Бо хуни зиндагї.

Љомї намеравад,Аз марзи ёди ман.Њар рўз мерасад,Њофиз ба доди ман.

Саъдї ягона буд,Дар интихоби панд.Аз боби гуфтањош,Хўрдем ќанд, ќанд.

Бедил накў навишт,Шеъре, ки кас нагуфт.Шоњин ба дањри шеърБикшод пар, нахуфт.

Бингар, ки насли ман,Чикорагар буданд.Машњури касби хеш,Дар бањру бар буданд.

Page 340: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

340

15-бањори Истиќлол

Шералї МЎСО

РОЊИ БИЊИШТ

Њар як роњ ибтидо дорад. Роњи мо ба сўи роњ меравад. Ин роњ шоњроњи Кўлоб – Дарвоз – Ќулма аст. Ва он аз хонаи радио оѓоз ёфт. Њанўз субњ надамида шоирони шинохта Салимшо Њалимшо, Алї Бобољон, Бањриниссо, нависанда Карим Давлат ва банда ба он љо њозир шудем. Офтоб оњиста-оњиста аз паси кўњ сар мекашид. Партави он сањни обзадаи хонаи радиоро љило медод. Боди серун вазида, бўи алафу гулњоро ба димоѓ мезад. Баробари рўшан шудани њаво атроф софтар ва гўё васеътар мешуд. Дарк намудам, ки њама хурсанду масруранд. Ин табиист, албатта. Охир, чунин сафар шояд дар умри инсон як бор ба вуќўъ ояд.

Инак, раиси маркази тадбиќи лоињаи сохтмони роњи автомобилгарди Шикев – Зиѓар, Нурулло Наимов, худ дар паси фармони мошин ба хидмати мо мерасад.

— Падари ман њам шофёр буд,— шитобон гуфт Салимшо Њалимшо ва хушњолона табассуме кард.

Њама ба ў дида дўхтем, гўё нигоњамон мегуфт, ки: « Хайр чї?»

— Шофёрон духтаронро бинанд тормозро зер мекунанд, мардонро бинанд газро,— боз бо њамон шукуфтањолї гуфт Салимшо Њалимшо.

— Ман ин хел не, — гуфт Нурулло ва дар бораи сохтмони роњ маълумоти мухтасар дод.

Ин ќитъаи роњ аз дењаи Шикев оѓоз ёфта, дар дењаи Зиѓари ноњияи Дарвоз анљом меёфтааст. Дарозии он сиюњашт километр буда, барои он сиюду миллион доллари амрикої људо карда шудааст. Роњро фирмаи

Page 341: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

341

наср ва назм

туркии «ОЯК-Иншаат» месозад. Сохтмон тирамоњи соли 2003 оѓоз ёфта будааст.

Њоло дар он 250 нафар мутахассисони туркї ва 450 нафар коргарони мањаллї зањмат мекашидаанд.

Инак, мошини мо ба роњ мебарояд. Тўли роњ Нурулло ягон бор лаб ба сухан во накард. Ба пурсиши мо чунин посух дод:

Њоло ман ронандаам ва бехатарии шумо барои ман муњимтар аст.

Узри ўро пазируфта, ману Карим Давлат барои кўтоњ кардани роњ ба наќли латифаю воќеањои хандаовар пардохтем. Бештар Карим Давлат гап мезад. Вай инро чунин шарњ дод:

— Субњона нахўрдаам, гушнаам.Чун ба Норак расидем, мошинро доштем, то як

пиёла чой бинўшем. Духтаракони ќобил тез ба хидмати мо расиданд.

— Гўштбирён, сихкабоб, моњибирён дорем. Чї мефармоед? Њама бо аломати савол ба якдигар нига-ристем.

— Гўштбирёну сихкабобро дар Душанбе њам хўрда метавонем. Бењтараш ба мо моњибирён биёред.

Ин таклиф ба њама маъќул афтод. Пас аз тановули моњибирён боз ба роњ баромадем. Акнун Карим Давлат гўё ба дањон об гирифта буд.

— Каримљон, кошкї шиками шуморо сер наме-кардем,—њазломез гуфтам ман. – Аз наќл мондед.

— Ман ин зиёфатро њалол кардам,— гуфт ў.—Акнун то гурусна монданам ором мешинам.

— Тўли роњ мо ба чанд иќлим рў ба рў омадем. То ноњияи Шўробод тобистон буд. Дар Шўробод бошад, гўё бањор њукм меронд. Чун аз Шўробод гузаштем осоиши мо коњиш ёфт. Акнун мошини мо оњиста ва такон хўрда

Page 342: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

342

15-бањори Истиќлол

мерафт. Ин дам худро мисли касе эњсос мекардем, ки аз ободию сањнањои пуршукўњи бањорї ба биёбони хушк, хатарнок ва берањме гирифтор шудааст. Бо вуљуди ин мо аз манзарањои нотакрори табиати гирду атроф чашм намекандем. Аз тарафи чап теппакўњњои сабзу хуррам мисли махмал назаррабої мекарданд. Поёнтар аз теппакўњњо киштзорњо ва боѓистонњо як-як пеши назар пайдо мешуданд. Бањриниссо, ки дар курсии пеши мошин менишаст, њайратзада гуфт:

— Мо дар пойтахт зиста, намедонем, ки Тољикистон чунин манзарањои аљибу пуршукўњ дорад.

Роњи мо лаб-лаби дарёи Панљ идома дорад. Аз тарафи чап кўњ, кўњ ва боз кўњ. Кўњњои сар ба осмон-кашида хомўшу сад роз дар нињод менамуданд. Дарёи пуроб равон, сар ба сангњо мезанад, талотум мекунад. Сигор дуд медињад Салимшо Њалимшо ва чашм аз дарё намеканад. Баъд худ ба худ механдад. Сипас ба мо мегўяд:

— Ман боре устод Мўъмин Ќаноатро танќид кардам. Гуфтам, ки аз Панљ об хўрдию рафта «Мављњои Днепр»-ро навиштї.

— Нахо-о-од? – бо њайронї гуфтам ман. – Ва ба шумо њељ чиз нагуфтанд?

— Эй бародар! – бо садои хоси худ гуфт ў. – Ба гапи њаќ чї њам мегуфтанд?!

Инак, мо ба мавзеи Яхчи Поён ва баъдтар ба роњи ќирпўши бараш ёздањметраи чун кафи даст њамвор дохил мегардем.

Акнун мошин чуноне мерафт, ки мо худро дар баѓали роњати модар њис мекардем. Беихтиёр мисрањои устод Гулназар ба ёдам меояд:

Page 343: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

343

наср ва назм

Ин роњ, ки бар тани Ватан шарён аст,Роњи шарафи Эмомалї Рањмон аст.

Дар вуљудам њаловати тозае медамад, рўњам по-лоиши дигаре дармеёбад, гўё ин лањза ба фарози кўњи баланде баромада бошам, ки аз он љо рў ба рўям бињишти Худо, олами пок падид меомад.

— Девдара дур аст?—бетоќатона мепурсем аз Ну-рулло Наимов.—Не, ќариб омадем,— мегўяд ў ва пас аз чанде мошинро медорад.—Ана Девдара!

Диламон тапид ва сахт ба њаяљон омадем. Вале аз он Девдарае ки ба тани одам мурѓак медавид, ному нишон пайдо накардем. Ба хорокўњи ба осмон сарка-шида ва ѓори пуркардашуда нигариста, то чї андоза дањшатнок будани ин мавзеъро тасаввур кардем. Ва боз њам тасаввур кардем, ки коргарон ин љо чї далерию ќањрамоние нишон додаанд. Ин буд, ки њама баробар:

— Ўњў! – гўён, хитоб намудем.Девдараро Салимшо Њалимшо наѓз медонис-

тааст.— Пеш аз ин љо мегузаштї-ї,— бо њамон садои

хоси худ гуфт ў,— дилат меларзид.Сипас як хандаи аљибе карда, илова намуд:— Акнун дилам роњат кард.Ваќте ки сохтмон оѓоз меёбад, баъзењо мегўянд:

«Бо думи шер бозї нашояд». Вале бо зўри бозуи одамон, бо зўри бозуи мардуми мењнатии тољик, бо зўри бозуи дўстї Девдара обод гашт.

Воќеан њам Девдара ба Гулдара табдил ёфта буд!

— Ин аз мўъљиза њам зиёдтар аст,— ба ваљд омада гуфт Алї Бобољон.

Ба фикрам, бисёр наѓзу дуруст гуфт!

Page 344: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

344

15-бањори Истиќлол

Мо ба созандагони он ањсану офарин хондем ва мошин боз ба роњ афтод. Чун ба дењаи Зиѓар расидем, гўё ки дар ягон мамлакати хориљї бошем. Роњ чун кафи даст њамвор. Дар ин ќитъаи роњ шаш купрўк сохта шудааст, ки ба ќавли баъзењо аз тамошояш сер намешавї. Барои пиёдагардњо аз ду тараф пайроња сохта, истгоњњои замонавї низ бунёд ёфтаанд.

Инак, мо ба мањаллаи сохтмончиён, ки дар де њаи Хостав воќеъ будааст, ворид мегардем. Дењаи Хос тав 70 хољагї дошта, ба љамоати дењоти Нулван таал луќ доштааст. Дарахтони гуногун, ки ба осмон ќад каши-даанд, бо чанд шохи дар нўки худ дошта, бо нури офтоб талош меварзиданд. Онњо аз вазидани шамол алвонљ хўрда, шавшуви лаби бањрро ба хотир меовар-данд. Дар даромадгоњи мањалла байраќи Тољикистон партавфишонї мекард. Аз ин моро њисси ифтихор фаро мегирад.

Мањалла дар як селрањаи вайрона бунёд ёфта, ба сони як шањрчаи ободу зебо назаррабої мекард. Атроф њама сафо, зебо ва пурљило буду нур аз дида мерабуд.

Муовини якуми раиси ноњияи Дарвоз Муњаммад-набї Назиров, раиси љамоати дењоти Нулван Мирзоалиев моро бисёр хуш пешвоз гирифтанд.

Аз шодии дидор, илтифоту мењрубонї, аз дўшамон бори гарони афсурдањолии роњи дањсоата фурў рехт.

Ин лањза борон борид.— Њар рўз меборад?Яке бошитоб љавоб дод:— Не, ин ба шарофати пою ќадами шумо.Дар хонањое, ки тамоми шароиташ муњайё буд, љой

гирифтем. Борон њамоно меборид. Ќатрањо ба шишаи

Page 345: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

345

наср ва назм

тиреза ангушт мезад. Дили ман лабрези эњсосоти ширин мегардад. Зери лаб худ ба худ мехонам:

Мезанад борон ба шиша,Тора-тора, ришта-ришта…Њамчу ангушти фаришта…

Пас аз каме дам гирифтан, моро ба хўроки шом таклиф намуданд.

— Мо шуморо нороњат сохтем, маъзарат мехо њам, — гуфтем мо.

— Мењмон дўсти Худо аст,— хушњолона гуфт Муњамаднабї.—Таомули мо њаминро таќозо мекунад. Низомї фармудааст:

Њар кї омад, лаљомгир шуданд,Ба худаш мењмонпазир шуданд.

Дар даромадгоњи ошхонаи коргарї чанд нафар коргарони турк моро ињота карданд. Чењрањои офтоб-хўрдаашон аз хурсандї гул мекард. Онњо бо як шодию ифтихор бо забони кандаи русиву тољикї ба мо арзи матлаб мекарданд. Ба сўњбат коргарони мањаллї њам роњ шуданд. Чанде аз онњо сип-сиёњ шуда. Гўё дуд мекар-данд.

— Мо аз онњо касб ёд гирифтем. Њатто забони тур киро омўхтем,— бо ќиёфаи рўшан ва пурэњсос гуфт яке.

— Ин тур бошад, нуран ало нур! Дўстии худро ќавї гиред. Дар олам бе дўст будан мушкил аст. Дўст, ёру њамдам будан неъмати Худо аст. Шумо бояд аз ин фахр намоед. Зеро устод Мирзо Турсунзода – рўњашон шод бод! — чї хуб гуфтаанд:

Page 346: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

346

15-бањори Истиќлол

Одамон аз дўстї ёбанд бахт,Душманї орад ба мардум рўзи сахт.

Бо сокинони дењаи Хостав вохўрдем, сўњбат кардем. Мардум басо ризоманд, шоду мамнун буданд. Сохтмони ин роњ ба мо бахт овард, њаёти ширину осуда овард, мегуфтанд онњо. Пеш аз њама соњибкорї тараќќї кард. Занњои мањаллї соњиби кор шуданд. Мардум мањсулоти худро дар њамин љо мефурўшанд. Бо як мењру муњаббати хосаву беандоза номи сарвари давлат Эмомалї Шарифович Рањмоновро мегирифтанд. Мегуфтанд, ки ў Худодод аст, дар чењрааш нури Худо дорад. Гаштаву баргашта дуо мекарданд, ки сињату саломат бошанд.

Ва ин лањзањо мисрањои шоир Мирзо Файзалї ба ёдам омаданд:

Ба ин марди Худо аз љону дил шукрона бояд кард,Дуъои давлату љонаш ба њар як хона бояд кард,Њама умр эътирофи хизматаш мардона бояд кард,Ба роњи сулњ рафта, зиндагї ањлона бояд кард,Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,Ватан обод бо ин рањбари фарзона бояд кард.

Ваќте ки аз ошхона баромадем, офтоб дар паси амвољи ќуллањои кўњ ба ѓуруб мерафт. Ба уфуќ шарора ва шаъшаъаи гулобї мепошид ва атрофро басо љаззоб зебо мегардонд. Мо аз тамошои манзарањои афсонавии гирду атроф њељ серї надоштем. Дар васфи ин гўшаи диёрамон њазорон шоирон бењтарин чакомањои дилангези худро сурудаанд. Чї хуш фармудааст Лоњутии ширинсухан:

Page 347: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

347

наср ва назм

Бадахшон чатри симини замин аст,Табиатро дар ангуштар нигин аст.

Нињоят, торикї фаро расид. Шаб серун буду хуш-њаво. Дар сукути шаб гўё тамоми садоњои олами зулмот ба гўш мерасид. Асрори шаб кашф мешуд. Барои мо дар берун мизе гузошта, чой оварданд. Сари пиёлаи чой аз сўњбати њамдигар лаззат мебурдем. Ин дам моњи мунир баромада, гўё ба замин шир меполид. Осмон наќши уќёнуси лољувардиро мемонд, ки дар вусъати он ситорањо мисли моњињо шиновар буданд. Аз ин манзара илњоми Салимшо Њалимшо ва Алї Бобољон љўш зад магар, ки ба наќли њикояту ривоятњо пардохтанд.

Бад-ин минвол як пос аз шаб гузашт.Ва боз… поси дигар аз шаб сипарї гашт.Дидам, ки њикояту ривоятњои онњо то рўз њам та-

мом намешавад. Лекин сањар чорабинињои асосї ин-тизор. Бояд аз хоб намонем.

— Хайр, устодон, ба фикрам шакара камаш наѓз. Акнун хоб кунем.

Субњи рўзи нав, рўзи якшанбе дамид. Њаво салќину гуворо ва тару тоза. Басо зебо буд атрофу акноф. Гулу гиёњи аз донањои борони дирўза њалќабаргўш нур аз дида мерабуд. Насими атромез рўњу равонро навозишкунон ба кас тавоної мебахшид. Шилдир-шилдири оби дарёчаи Хостав оњанги гўшнавози махсус дошт.

Оре, њусни љаззоби нотакроре дошт табиат!Ва мо њар яке аз тамошои атроф маънињои навро

ба таври худ кашф мекардем.Боз роњи мо ба сўи роњ буд. Ва њазор андеша дар

хаёламон рў мезад, гирд мегашт. Хуршед нур кашида, ќатрањои боронро мечинд. Моро раиси лоиња, фарзанди халќи турк, сохтмончии касбї Суха Доган роњнамої

Page 348: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

348

15-бањори Истиќлол

мекард. Вай љавонмарди сивушашсолаи миёнаќад буд. Чењраи зебои мардона, дилкаш ва назаргир дошт. Риши пасти сиёњаш дар манањи кўтоњаш хеле муносиб афтода буд. Ботамкину ором ва пурилтифоту нармсухан, ба њамаи саволњои мо аниќу кўтоњ љавоб медод.

Суха Доган кори ширкати худро бо софдилї, њавсала ва хушкорињо иљро намуда, ба боварии мардуми тањљої соњиб шудааст. Аз ин љост, ки байни онњо як тамосу алоќаи ногусастанї, њамрозию њамкорї ва ба якдигар об хўрдан пайдо шудааст. Вай Дарвозро ватани худ мешуморад.

— Толеъ ба ман мадад кард,— гуфт ў бо хуш-њолї.

Аз ќадим боз одамон тан ба кушодани ин роњ дода буданд, аммо муяссар нашуданд. Дар замони Њукумати Шўравї њам ин орзу љомаи амал пўшида натавонист. Ба бунёди ин роњ Фарњоди афсонавї њам ќодир нест. Лекин шумо афсонаро ба њаќиќат табдил додед. Оллоњ ба сари шумо борони рањмат меборад. Савоби ду љањон насибатон мешавад.

Дўст он бошад, ки гирад дасти дўстДар парешонњолию дармондагї.

Ваќте фањмидем, ки ширкат бар зарари худ кор мекунад ва ин зарар дањ миллион доллари амрикоиро ташкил медињад, дар тааљљуб мондем.

— Бо вуљуди ин сохтмонро идома дода истодаед?—пурсидам аз Суха Доган.

— Чї тавре мегўянд: «Ал ваъдаву дайн», — дарњол љавоб дод ў. – Ќавли љентелмен ќонун аст!

— Охир, ин муќобили ќонунњои бизнес-ку? – бо њайронї пурсидам аз ў.

Page 349: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

349

наср ва назм

— Бале, ин гапатон рост, — бо тамкин љавоб дод ў. – Вале аввалан барои хотири Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмонов ва сониян барои обрўи ширкат мо ин сохтмонро ба охир мерасонем.

Дар њоле, ки бањри дилам кушода шуда буд, аз ў суол кардам:

— Хуб, забони тољикї ба шумо маъќул аст?— Чаро не? – бо шавќу хурсандї посух дод ў ва

ситоиш намуд: — Бисёр забони ѓанї, нарм ва шево аст.

— Охир, забони мо, забони назми оламгир аст!— О, рост, — табассуми шавќангез карда гуфт ў.

– Ман орзу дорам, ки забони шуморо омўзам.— Боварї дорам, ки комёб мешавед. Ман ба

мардони хушќавл эњтиром ва эътиќод дорам. Шайх Саъдї фармудааст:

Бе азми дурусту саъйи комилКасро нашавад мурод њосил!

— О, хуб фармудааст! – масрурона гуфт Суха Доган.

Мо ба яке аз ќитъањои роњсозон омадем. Бо њама вохўрдию њолпурсї кардем.

— Монда нашаветон!— Саломат бошед!— Коратон бобарор бод!— Рањмат!Дар њамин љо Суха Доган дарди дилашро ка-

фонд.— Коргарони тољик каме танбал њастанд,— гуфт

ў. – То тори сарашон наистї кор намекунанд.

Page 350: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

350

15-бањори Истиќлол

— Ба ќањрамонњои Азиз Несин монанд будаанд-да,— дафъатан гуфт Карим Давлат.

Маънидор чашмак зад Суха Доган ва гул-гул шу-куфта хандид. Сипас гуфт:

— Не, њоло корро ёд гирифтаанд. Мо ба онњо њат-то идораи техникаи махсусро њам боварї мекунем.

Мо дар ин љо бо коргари пешќадам Гулњусайн Давлатњусайнов, ки ду сол пеш аз дењаи Ушхарф омада будааст, шинос шудем. Вай дар бораи худ гап назад, ситоиши Суха Доганро кард.

— Хушахлоќ аст,—гуфт Гулњусайн. – Гуфтору кирдораш ба њам мутобиќ. Сар то по њунар аст. Ва ин њунарро ба мо меомўзонад.

Ба километри 47-ум, яке аз ќитъањои вазнини сохт-мони роњ омадем. Дар ин љо лаби дарёи Панљи нооромро симбандї мекардаанд. Вале аз коргарон нишоне наёфта, њайрон мондем. Ногоњ дидем, ки онњо як-як паси њам аз кўњ мефароянд.

— Аз дењаи Арзишки Афѓонистон паронданд, намемонанд, ки кор кунем, — фањмонд яке. – Гўё ки аз кори мо оби дарё хеста хонањои онњоро зер мекарда бошад.

Ростї ба ин чандон бовариамон наомад.— Бовар намекунед? – пурсид ў. – Ана њоло худ

шоњид мешавед.Ва онњо ба кор шурўъ карданд. Лањзае пас садои

тир ѓул-ѓула андохт. Тир ба тани кўњ расида, чангу хок ва сангпорањоро ба њаво хезонд. Ин лањза раиси ноњияи Дарвоз Саидљон Носиров расида омаданд. Ва ин воќеаро чунин шарњ доданд:

— Онњо бо ин роњ мехоњанд, ки таваљљўњи њукумати худро љалб кунанд.

Page 351: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

351

наср ва назм

Ба бригадаи сохтмончиёни Тозаљон Мањмудов омадем. Кори онњо ба номи бригадирашон мутобиќ буд. Басо тозаву озода кор мекарданд. Тозаљон бо чашмони дурахшон даст дароз кард ва дастамро фишурд. Дастонаш шахшўл ва ќавї буданд. Тозаљон ду сол пеш ба ин љо омада будааст. То ба ин љо омаданаш ба нафаќа баромада, давлати пирї мерондааст. Ба ростї, чашмони љозибадору рухсораи чун анор сурх ва гуфтору њаракатњои чусти ўро дида, бинанда њељ гумон намебарад, ки шастусесола аст. Ба назар чашмонаш механдад, чењрааш механдад.

Онњо ќариб, ки беистироњат кор мекардаанд.— Мо њаргиз ба хастагї ва яъс эътиќод надорем,—

гуфт Тозаљон.«Одамизод – гавњари ќобил» гуфтани пирони

рўзгордида бегап набудааст. Мегўянд, ки агар азм кунад, кўњу дарёњоро чаппа мекунад.

Мо кори онњоро мушоњида намуда, ба ин заррае шубња накардем!

— Охир, ин сўхтан аст-ку?!Як гулў афшонда, калта-калта сулфиду гуфт:— Бале – «То насўзї насозї!» — гуфтаанд. Њофизи

Шерозї гуфта?«Дило бисўз, ки сўзи ту корњо бикунад».Сўњбати мо њељ ќўр намегирифт. Вай дар бораи

худаш сухане намегуфт.— Кори мо пеши назаратон,— гуфт ў. – Агар ягон

кори арзандае карда бошам, ќатори дигарон кардаам.Бале, «Мушк он аст, ки худ бибўяд…»Кори онњо чун нури офтоб ба чашм мехўрад. Ва

ба дилу дида нуру зиё меоварад.— Суха Доган мард аст, — гуфт ў. – Дар мусибату

тангдастї ѓамхорї мекунад.

Page 352: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

352

15-бањори Истиќлол

Пеш аз рафтан ба ў суол додам:— Ба љавонон чї таманнову орзу доред?— Пеш аз њама аз сарвари кишварамон Эмомалї

Рањмонов ибрат бигиранд. Ваќтро чун ў ќадр кунанд ва аз гузашти умр ѓофил намонанд.

Ѓофил машав, ки умр чун киштии дар обИстода менамояду чун тир меравад.

Дар километри 42-уми роњ ба мўъљизаи табиат рў ба рў омадем. Кўњи азимеро дидем, ки аз ќуми каб-кабуди топ-тоза иборат буд. Трактори махсус бе ягон душворї, тез ва моњирона онро ба мошинњо бор мекард. Мошинњо ин ќумро бурда ба роњ мерехтанд.

— Ин толеъи баланди мо, — хушњолона гуфт Суха Доган.

Обмўрињое, ки сохта мешуд, моро ба дарёи њайрату тааљљуб ѓарќ намуд.

— Наход, ки барои як љўйча об чунин иншоот сохта шавад?—гуфт касе аз дастаи «Дарё». – Њамин ќадар оњану бетонро сарф кунанд?

— Обмўрї бояд, ки љавобгўи илми имрўзаи роњсозї бошад,—дар љавоб гуфт Суха Доган.—Дар акси њол об роњро дар як сол вайрон мекунад.

— Умуман ба ин роњ чанд сол кафолати корї медињед? – пурсидам аз Суха Доган.

— Сї сол, — љавоб дод ў. – Вале агар роњ хуб истифода шавад, метавонад садсолањо хизмат кунад.

Ба километри 35-ум, ќитъаи вазнинтарини сохтмон омадем. Дар ин љо бояд синаи кўњи хороро шикофта туннел месохтанд. Аммо бар асари ќимматї аз он даст мекашанд. Ва ќарор медињанд, ки кўњро тарконанд. Вале дењаи Ѓумайи Афѓонистон, ки рў ба рўи ин ќитъа

Page 353: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

353

наср ва назм

ќарор дорад ба ин имкон намедињад. Аз ин рў маљбур мешаванд, ки кўњро сантиметр ба сантиметр тарошида гиранд. Барои ин ваќти бисёре лозим мешавад. Ва сохтмони роњро кашол медињад.

* * *Соати дувоздањи рўз базми сохтмончиёну ањли

эљоду санъат оѓоз ёфт. Гўё замин кафида одам рўида буд. Базмро раиси ноњияи Дарвоз Саидљон Носиров ифтитоњ бахшид.

Рўзи оддї ба рўзи саид мубаддал гашт!Нахуст санъаткорон бо таронањои диловези худ

рўњи мардумро болида гардонданд. Баъд риштаи суханро шоири шинохтаи тољик Салимшо Њалимшо ба даст гирифт.

— Инсонњо бињиштро орзу мекунанд. Вале роњи бињиштро шумо ёфтед,—бо чунин суханон баромади худро оѓоз намуд Салимшо Њалимшо ва баъд ба хондани шеърњои худ пардохт.

Ин лањза офтоб ба болои сарњо рост шуда, чунон тасфид, ки гўё њама мављудоти оламро сўхта хокистар кардан мехост. Вале касе ба ин ањамият намедод. Њама њушу гўш шуда буданд. Ба ин манзара дида дўхта, ба ёдам мисрањои Њаким Абулќосим Фирдавсї омаданд:

Љањон ёдгор асту мо рафтанї,Ба мардум намонад ба љуз гуфтанї.

Рањми табиат омад, ки рўи офтобро пораи абре пўшонд. Соя доман кашид. Њофизони дастаи «Дарё» бисёр дилнишину дилчасп месуруданд. Аз завќу шавќ

Page 354: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

354

15-бањори Истиќлол

коргарон ба раќс мебаромаданд. Аз сидќи дил мераќси-данд.

Баромади дастаи «Ѓарибшо-компания» њам хеле шавќовар буд.

Баъд шоира Бањриниссо шеърњои тозаи худро ќироат намуд. Пас аз баромади санъаткорон сухан ба банда дода шуд:

— Чї саодати бузургест, ки имрўз мо ба хидмати шумо расидем. Ин лањзањо чунин мисрањо ба ёдам меояд:

Ватанам,Эй Ватани майдаи мардони калон!

Бале, Ватани мо хеле хурд бошад њам мардони калон дорад. Ва он мардони калон шумоед. Зеро бо ранљу зањмати худ чунин шоњроњи бузургро бунёд мекунед. Гўё устод Абулќосим Лоњутї дар њаќќи шумо гуфта бошанд:

Боиси ободии олам – туї,Ранљбаро, маънии одам – туї.

Ман аминам ки ин корнамоињои шумо дар сањифаи китоби дўстии Тољикистону Туркия бо хатњои заррин сабт хоњад ёфт. Ва эљодкорони мо васфи шуморо сароида, асарњои сазовор хоњанд навишт. Чуноне, ки устод Боќї Рањимзода – рўњашон шод бод! – гуфта буданд:

Васфи туро сароям, халќи бузургворам,Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.

Page 355: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

355

наср ва назм

Шоири шинохтаи тољик Алї Бобољон ишоратан ба Суха Доган гуфт:

— Дўсти азиз! Ин базми тољиконаю туркона аз рафоќати халќњои мову шумо гувоњї медињад. Ман ба азму иродаи шумо, ки аз сарзамини хеле дур ба мадади Тољикистон омада, бо шогирдони сершумори худ аз дили кўњсор шоњроњ мекушоед, бепоён њамду сано мегўям.

Мўњтарам Суха Доган! Мехоњам дар ин лањза хотири шуморо бо якчанд шоњбайти шоирони классики тољик болида гардонам. Халќњои мо аз ќадимулайём бо њам ќудову анда буданд. Бубинед, нобиѓањои назми машриќзамин Абдурањмони Љомї, Алишери Навої, Шамсиддин Шоњин ќаробати халќњоямонро бо чї абёти муњаббатомез ситоиш кардаанд:

Нигори турку тољикам кунад сад хона вайрон,Ба он мижгони тољиконаву чашмони туркона.

* * *Забони ёри ман турк асту ман туркї намедонам,Худоё, кош мебудї забонаш дар дањони ман.

* * *Шаб ки гул дар табаќу бода ба соѓар кардам,Базми туркона ба ёди рухи дилбар кардам.

Директори лоиња Суха Доган шоирро барои чунин суханони самимона бо расму ойини миллї бародарвор ба оѓўш гирифт.

Аз савту тарона ва раќсу сањнањои њунармандони тољик ронандаи турк Ёшул Ављу илњом гирифта,

Page 356: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

356

15-бањори Истиќлол

таронањои туркї ва тољикї хонд. Хеле гарму дилнишин суруда, њамаро ба шўру шавќ овард.

Дар охир Суха Доган гуфт:— Пеш аз њама ба Президенти Тољикистон Эмо-

малї Рањмонов изњори ташаккур менамоям. Ин ќисмати роњро роњи Турку – Тољик меномем. Он њамеша аз мо ёд хоњад овард.

Мо аз омадани худ ба ин сохтмон бисёр шоду мамнун будем. Бо сохтмончиён хайрухуш накардем.

— То боздид! – гуфтем ва ба роњ баромадем.Офтоб сўзон гашт карда, ба уфуќ моил мешуд.

Оњиста-оњиста атрофро торикї фаро гирифт. Аммо дили мо равшан буд. Ба мо гуфтанд, ки бадахшониён ин роњро роњи Эмомалї Рањмонов њам мегўянд.

Ба фикрам, бисёр наѓзу дуруст мегўянд!Ва мо њам бо камоли ифтихор ва ѓурур метавонем

бигўем:— Роњи Эмомалї Рањмонов – роњи бињишт аст!

Июли соли 2005.

Page 357: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

357

наср ва назм

Лаъљубаи МИРЗОЊАСАН

ЗИНДАГОНЇ ЁФТ ТАВЛИДИ ДИГАР (Эњдо ба роњи Дарвоз-Кўлоб)

Санги соњил шўри дарё бишканад,Тирамањ амвољи гулњо бишканад.Ќатра дар дарё фитад, дарё шавад,Путки вањдат санги хоро бишканад.

Сахраро овози мо бегона буд,Пой дар занљир чун девона буд.Солњо андар хаёли мардумонЌудрати Фарњоди мо эњё набуд.

Зиндагиро марг ин љо кушта буд,Тифли он дар хоку хун оѓушта буд.Рози ворастан зи чоњи бежанїГўйї мањбуси сукути пушта буд.

Кўњ не, девори оташ буд он,Дошт зидди бахт њукми љовидон.Табли шодї мезад аз шавќ Ањриман,Буда холї аз сапедї осмон.

Тешаи Фарњоди кўњкан зўр ёфт,Зулмати ин тангноњо нур ёфт.Кўњ љунбиду ба олам рух намуд,Ќудрати эъљози кўњи Тур ёфт.

Он чи буд аз њасрату вањшат, гузашт,Ноумедї, њайбату њайрат гузашт.

Page 358: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

358

15-бањори Истиќлол

Бахти инсон чун Сиёвуши «гуноњ»,Аз миёни оташи дањшат гузашт.

Зиндагонї ёфт тавлиди дигар,Шом њам афтод дар пои сањар.Аз Бадахшон сўи Хатлон боз шудРўйи роњи мењр шањроњи дигар.

РОЊИ ОРМОНЊО

Ба сони як раги шарён рањи Дарвозу Хатлон аст,Ту гўї дар нињоди кўњи хоро набзи инсон аст.Замоне пайкари кўњ гўиё тобути армон буд,Фурў шуд пардаи маргу кунун дар пайкараш љон аст.

Замоне кўњи хоро пой дар занљири дањшат буд,Замоне њокими хунсард ин љо деви вањшат буд.Дар ин љо фитрати фарзанди Одам мањви њайрат буд,Ѓаму андўњи инсонро дар ин љо доми хилват буд.

Баногањ кўњи сокит дар нињоди хеш эњё шуд,Сукуташ аз ќафас барљасту дар хомўшї ово шуд.Дарида пардаи торики сањмангези њайратњо,Гирењи нолаи булбул кушуду гиря шево шуд.

Ба гўшам мерасад аз нав садои тешаи Фарњод,Занад аз зарбањои тешаи ў деву љин фарёд.Дар ин љо марг меафтад ба чоњи танги нобудї,Дар ин љо зиндагонї зина-зина мешавад бунёд.

Page 359: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

359

наср ва назм

Рањи васлу умед асту рањи таќдири инсон аст,Равон з-ин роњи васлат корвони бахти хандон аст.Шабењи риштаи рангини Марям дар хаёли мост,Миёнаш њамчу як гулдаста Хатлону Бадахшон аст.

Биё, ай дўст, ваќти хандаи гулѓунчаи роз аст,Биё, дарвозаи Дарвози зебо домани боз аст.Туро оѓўш мегирад Бадахшон дар канори худ,Ки љои мењру асрор асту эъљозеву њам ноз аст.

Page 360: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

360

15-бањори Истиќлол

Маљид САЛИМ

ИСТИЌБОЛ АЗ ИСТИЌЛОЛ

Истиќлолият ифтихор аз соњибдавлатї ва ватан-дории миллати сарбаланду бафарњанги тољик мебошад, ки 15 сол боз таќдирашро ба дасти худ гирифта, ба љомеаи мутамаддини љањонї бо роњу равиш ва симои хоса пайвастааст. 15 сол муќаддам дар сарзамини То-љикистон воќеае ба амал омад, ки дар таърихи халќи тољик ва тамоми тољикистониён гардиши куллї ба вуљуд овард.

9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии дунё давлати мустаќилу соњибихтиёри Тољикистон арзи њастї намуд ва аз оѓози марњилаи наву созандае дар њаёти мардуми кишвар башорат дод.

Аз ин рў санаи 9 сентябр барои халќи тољик на танњо њамчун рўзи Истиќлолияти Давлатии Тољикистон, балки њамчун санаи барќарории адолати таърихї азизу мўътабар мебошад.

Ниёгони барўманди мо барои истиќлол, ободиву эњёи ин сарзамини бињиштї талошњои зиёде кардаанд. Он айём касе гумон надошт, ки рўзе мерасад тољикон низ соњиби давлат ва истиќлолият мегарданд. Баъдтар аз фурўравии давлати бузурги Сомониён дар тўли њазор соли охир миллати тољик бори дуюм соњибистиќлол гашт.

Боз шаъну шукўњи ватани мањбуби мо ба тамоми дунё пањн гашт ва тољик Истиќлоли милливу давлаташро ба даст овард.

Дар Љумњурии Тољикистон Љашни Истиќлолият ба тантанаи дўстию вањдат, сулњ ва созандагї табдил ёфта,

Page 361: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

361

наср ва назм

мардумро бо азми дурусту саъйи комил, сўи комёбињои нави мењнатї њидоят месозад. Сад шукр, ки миллати тољик тањти роњбарии Эмомалї Рањмонов дар солњои Истиќлолият роњи бузурги созандагиву бунёдкориро тай намуда, ба дастовардњои бузург ноил гардид. Ин њаќиќати таърихист, зеро мањз бо кўшишу зањмат ва талошњои доимии фарзанди барўманди Ватан Э. Рањмонов оташи љанги шањрвандї дар Тољикистон тамоман хомўш гашта, њазорњо њамдиёрони бо амри таќдир фирорї гашта ба ватани хеш баргаштанд. Созишномаи истиќрори сулњ ва оштии миллї амалї гашт ва мамлакат ба марњилаи нави таърихї ворид шуд.

Эмомалї Рањмонов аз рўзњои аввали ба арсаи сиёсат ворид шуданаш фаъолияти пурсамари худро бо назардошти манфиатњои миллї оѓоз намуд. Дар он шабу рўзњо мањз бо ранљу зањмати ў миёни нерўњои муќобил сулњу созиш ба амал омад, ки ба ин љасорату истеъдоди Сарвари Давлат боис гардид. Дар замоне, ки Давлати Исломии Афѓонистон дар њолати љанг ќарор дошт, бори аввал барои мулоќот бо сарварони иттињоди мухолифин ба Кобул сафар кард.

Њамин тавр Сарвари Давлат пешвои муттањид-кунандаи миллат гардид ва тољиконро боз дар арсаи байналхалќї чун миллати дорои анъанаи беш аз ња-зорсола шинохтанд ва эътироф намуданд.

Солњои истиќлолият мавќеи Тољикистон чун узви комилњуќуќи љомеаи љањонї, СММ ва субъекти муно-сибатњои байналхалќї дар арсаи байналмилалї боз њам мустањкам гардид.

Дар пойтахти Тољикистон-шањри Душанбе чора-бинињои муњим, аз љумла вохўрии сарони кишварњои аъзои Иттињоди иќтисодии Осиёи Марказї ва Саммити

Page 362: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

362

15-бањори Истиќлол

сарони кишварњои форуми Шанхай гувоњи он аст, ки нуфузи байналмилалии Тољикистон тадриљан меафзояд. Дастгирї ёфтани ташаббуси Президенти Љумњурии Тољикистон Э. Рањмонов дар бораи соли 2003-ро «Соли оби тоза» ва солњои 2005-2015-ро дањсолаи ама-лиёти «Об барои њаёт» эълон намудан ва аз љониби аксар кишварњои љањон доир ба ин пешнињодот ќабул гардидани резолютсияи СММ далели афзудани эътибори Давлати тољикон дар сатњи байналхалќист.

Робитањои гуногунсоњаи Љумњурии Тољикистон бо давлатњои њамсоя, созмонњои байналхалќї ва ташки-лотњои молиявї густариш меёбанд. Њоло муносибатњои дўстона ва њамкорињои мутаќобилан судманд бо тамоми кишварњои хориљї барќарор гаштааст. Дар ин самт густариши муносибатњои дўстї, њамкорї ва њамгирої бо кишварњои аъзои Иттињоди Давлатњои мустаќил њам чун яке аз афзалиятњои устувори сиёсати хориљии То љикистон мебошад.

Тањкими муносибатњои њамаљониба бо Федератсияи Россия манфиатбахш буда, он чун шарики боэътимоди стратегии Тољикистон боќї мемонад.

Њар як халќу миллат орзуи онро дорад, ки ватанаш, мамлакаташ соњибистиќлол, озоду комилњуќуќ ва бо дигар халќу кишварњои дунё њамешагї дар робита бошад. Агар имрўз воќеъбинона бингарем, мебинем, аксари давлатњои хурду бузурги олам ба орзуву ормонњои чан-динасраи хеш кайњост, ки расидаанд. Вале, афсўс, боз кам нестанд, он кишварњое, ки то њанўз ба мустаќилияти комил, озодии воќеї нарасидаанд ва њамарўза љањду талош ба он доранд, ки ба рўзи фирўзи соњибистиќлолї бирасанд.

Page 363: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

363

наср ва назм

Оре, истиќлолият њар давлатро ба осонї муяссар намегардад. Тољикистон низ то расидан ба ин рўз монеа, мушкилињои зиёдеро паси сар кард. Њанўз дар ибтидои истиќлолияти худ ба зарбањои гарони љанги шањрвандї дучор омад, вале хирад ва андешаи фарзандони фарзонаи миллат боис шуд, ки дар Тољикистон вањдату ягонагї, њамдилї оќибат тантана кунад.

Дар оѓози марњилаи нави давлатдории тољикон таљлил шудани 1100-солагии давлати Сомониён ва бунёд гардидани маљмааи пуршукўњи шоњ Исмоили Сомонї рўйдоди муњим буд. Хизмати бузурги Исмоили Сомонї дар он аст, ки ў суннатњои давлатдории миллатро эњё намудааст. Њоло нисфи кишварњои олам истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро ба расмият меши-носанд ва бо Тољикистон муносибати дипломатї бар-ќарор кардаанд. Иштироки Љумњурии Тољикистон дар фаъолияти Иттињоди давлатњои мустаќил, СММ, Созмони амният ва њамкорї дар Аврупо, Созмони њамкории Шанхай ва як ќатор созмонњои дигар яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати Тољикистон мебошад.

Солњои истиќлолият Тољикистон дар бахши иќти-содиёт њам ба комёбињои беназир соњиб гаштааст. Бунёди роњи оњани Ќўѓонтеппа-Кўлоб, роњи мошингарди Кўлоб-Ќалъаи Хум мувофиќи наќша анљом ёфтанд. Сохтмони наќби Анзоб чун шоњроњи аср идома дошта, бинокорон кўшиш доранд, ки онро дар мўњлати кўтоњтарин ба анљом расонанд.

Њоло дар Љумњурї бунёди нерўгоњњои барќї бо-суръат идома дорад. Бунёди нерўгоњи Сангтўда бо иќтидори бузург имконият медињад, ки эњтиёљот нисбати барќ таъмин гардад. Њамзамон сохтмони нерўгоњи барќии Роѓун низ идома меёбад.

Page 364: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

364

15-бањори Истиќлол

Яке аз дастовардњои Истиќлолият густариши робитањои берунї ба шумор меравад. Дар ин робита метавон аз тањкиму пешрафти алоќањои гуногунсоња бо сойири кишварњои љањон сухан ронд. Дар даврони истиќлолият беш аз 280 корхонаи муштарак ташкил ёфт, ки онњо дар рушди иќтисоди миллї сањми назаррас доранд. Муносибатњои Љумњурии Тољикистон бо кишварњои бузурги олам ИМА, Чин, Руссия, Њиндустон, Фаронса ва дигар давлатњо инкишоф ёфта, дањњо корхонањои муштараке, ки дар заминаи ин робитањо ба миён омадаанд, бори дигар аз мавќеи босазои Љумњурии Тољикистон дар арсаи байналхалќї дарак медињанд.

Корхонаи муштараки Тољикистону Чин «Ришта» соли 1988 дар Њисор ташкил гардид ва дар коркарди мањсулоти кишоварзї ва бахусус татбиќи равандњои ислоњоти иќтисодї наќши муњим гузошт. Иљрои сариваќтии наќшањои истењсолї боиси он шуд, ки иќтидори иќтисодии корхона васеъ шуда, коргарон сари ваќт бо маош таъмин гарданд. Ин љо муассисаи дар љањон машњури итолиявию тољикии коркарди нахи пахтаи «Љавонї»-ро низ метавон номбар кард. Корхона дар шањри Хуљанд фаъолият дошта, дар ду баст кор мекунад. Коргарљавонон баъди омўзиши амиќ, таљрибаи техникаи муосир, њоло мањсулоти хушсифат истењсол карда, ба хориља мебароранд. Дар вилояти Хатлон низ тайи солњои Истиќлолият як силсила корхонањои истењсолї аз нав ба фаъолият оѓоз карданд. Корхонаи трансформаторбарории шањри Ќўрѓонтеппа баъди дар давраи Истиќлолият аз нав бо Руссия њамкории муштарак пайдо намудан, тавонист захирањои дохилиро ба кор андохта, бо ёрии мутахассисони мањаллї ба истењсоли трансформатору таљњизоти хурди барќї, ки

Page 365: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

365

наср ва назм

имрўз ањолї ба он эњтиёљи зиёд дорад, оѓоз кунад. Њамин тавр, афзоиши инвеститсияњои хориљї ба иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон нишонаи эътирофи сиёсати ислоњоти иќтисодии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмонов аз љониби маќомоту ташкилоти байналмилалї мебошад. Дар тўли солњои Истиќлолият як силсила чорабинињои муњими фарњангию илмии дорои ањамияти байналхалќї баргузор гардиданд. Аз љумла, таъсиси Анљумани тољикон ва форсизабонони љањон, љашнвораи Њазораи Фирдавсї, 680-солагии Мир Сайид Алии Њамадонї, 675-солагии Камоли Хуљандї, 1100-солагии давлати Сомониён, љашнњои Б. Ѓафуров, М. Турсунзода ва ѓайра бо ширкати мењмонони хориљї далели ин гуфтањоянд.

Њамин тариќ, Тољикистон тайи 15 соли мустаќилият тавонист обрўву нуфузи худро дар арсаи байналхалќї баланд бардошта, бо кўшишу талошњои Президенти Љумњурї Э. Рањмонов ва љонибдории мардуми кишвар аз сиёсати пешгирифтаи ў сулњу вањдати поянда ба даст орад, иќтисодиёти муосирро ривољ дињад ва рў ба асолати таърихиву фарњангии хеш оварад.

Тайи солњои Истиќлолият нисбати адабиёту фарњанг, рушду нумўи илму маориф тадбирњои зиёде амалї шудаанд. Дар ин самт Президенти Љумњурї Э. Рањмонов аз њама бештар ба адабиёти бадеї, эљоду њунари адибон диќќати хоса зоњир намуданд.

Таваљљўњи Сарвари Давлат ба ањли эљод буд, ки дар Тољикистон нахустин шуда бо фармони Раиси Љумњур мањз ба фарзандони барўманди миллат, адибон С. Айнї, М. Турсунзода унвони олии «Ќањрамони Тољикистон» дода шуд. Ин иќдоми он аст, ки хизматњои пурарзиши адибон дар роњи ташаккули худшиносии миллї, талќини

Page 366: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

366

15-бањори Истиќлол

маърифати сиёсї, фарњангї њамеша дар маркази диќќати Давлату Њукумати Љумњурї ќарор доранд. Президенти Љумњурї Э. Рањмонов дар мулоќот бо зиёиёни мамлакат бори дигар атрофи бурду бохти адибон, асарњои нав ва фаъолияти Иттифоќи нависандагон дар солњои истиќлолият суханронї намуда, аз љумла ќайд намуд: «Имрўз барои хонанда асарњое лозиманд, ки арзиши истиќлолияти давлатї, ѓояи худшиносии миллї, ватан-парастиву инсондўстї, мењнати њалолу зиндагии боша-рафона, арзишњои миллї ва умумибашариро талќин намоянд».

Њамин тавр, Истиќлолият нерўбахши адибон гашта, бо ќудрати бузурги созандагї асарњои нав ба нав эљод мешаванд. Асарњое, ки рўњи замонро таљассум карда, аз бунёдгарони замони нав, шуљоату корнамоињои ниёгони барўманди мо њикоят мекунанд.

Page 367: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

367

наср ва назм

Њидоятуллоњ РАЊМОНЇ

ПОНЗДАЊ СОЛИ ИСТИЌЛОЛ

Марњабо, эй бањори Истиќлол,Марњабо, бар диёри Истиќлол,Пиру барно дар ин макон дорандДидаи интизори Истиќлол.Дар дили мо муњаббати миллат,Дар лаби мо шиори Истиќлол.Мешукуфад чаман-чаман дигар,Нахли мо дар канори Истиќлол.Сояи ѓам ба соя бардорад,Аз сари мо чанори Истиќлол.Халќи моро дигар ба по монад,Дасти Парвардигори Истиќлол.Халќи тољик ба њар куљо гардадБаъд аз ин бахтиёри Истиќлол.Шоњи мо бардаму саломат бод,Ў бувад њам мадори Истиќлол.Душмани мо дигар набитвонад,Ќасди мо, аз фишори Истиќлол.Тољикистон шавад макони сур,Бо дафу чангу тори Истиќлол.Дорад ин дам ба арза Рањмонї,Љону дилро нисори Истиќлол.

ИСТИЌЛОЛИ ТОЉИК

Љашни Истиќлоли тољик мешавад наздик,Љашни истиќболи тољик мешавад наздик.Сарзамини Тољикистон мешавад гулхез,Хонањои Тољикистон мешавад гулрез,Њам дару дарвозањои Тољикистон мешавад гулбез.

Page 368: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

368

15-бањори Истиќлол

Кўчањо аз тозагї оинаи рўзанд,Лампањои барќ шабњо шањрафрўзанд,Осмонињо назар бар сўи мо дўзанд,Осмонињо зи мо ин бахт омўзанд.

Шањри мо оинабандї мешавад бо оини халќаш,Мешавад аз нав ба њукми пешини халќаш.Зањр кай гардад дигар њар љуръаи обаш,Талх кай гардад дигар њар луќма дар њалќаш.

Ин куњанмиллат, ки дар тан захми пур дорад,Ин куњанмиллат, ки захмин њам тану љонаш,Ин куњанмиллат, ки захмин аст виждонаш,Ин куњанмиллат, ки захмин аст имонаш,Аз њама захми тану љонаш рањої ёфт,Њам зи захми талхи имонаш рањої ёфт.

Њамзабони ман ба чашми худ зиё дорад,Дар забонаш бањри рафъи дардњояш мўмиё дорад.Сўи њамдигар табассумњои гарму дилкушо дорад,Хона-хона, дил ба дил рафту биё дорад.

Сарзамини тољикон ѓарќи чароѓон мешавад дигар,Чўл не,Њомун не,Боѓу гулистон мешавад дигар.Ќибла аз бањри ѓарибон мешавад дигар,Орзуи бенасибон мешавад дигар.Зодбуми Оли Сомон мешавад дигар.

Мекунад гул пора-пора Рашту Хатлонаш,Мешавад лаъл

Page 369: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

369

наср ва назм

Хора-хора ќуллаи кўњи Бадахшонаш.Зар шавад љорї, ба љои реги дарёи Зарафшонаш.

Зўњра њайрони Душанбешањри мо дар осмон монад,Моњ то субњи сањар аз завќи дил дар кањкашон монад.Шамс њам дар хонаи мо ошён дорад,Ошён дар хонадони тољикон дорад.Хонаи мо хонаи мањтобу хуршед аст!Хонаи мо хонаи армону уммед аст!

Шоми талхи миллати овора њам бигзашт,Дардњои ин дили садпора њам бигзашт.Понздањ шуд соли Истиќлоли ин миллат!Понздањ шуд соли истиќболи ин миллат!

Тифли миллат гарчи садњо дарду доѓе дар љигар дорад,

Бар алайњи нотавонбинњо самар дорад.Балки бо худ аз барои рўзи фардояш,Балки бо худ аз барои шўру савдояшДевони падар дорад.

Њаркї ў дар хотираш панди падар дорад,Бар њама коре зафар дорад.Тифли кўчак гашта по-по, рўи по омад,Хеста, афтида ў обилапо омад.Гарчи Истиќлоли ўро понздањ сол аст,Ў ба хору зории садсолањо омад.Пас аз ин подории садсолањо омад.

Мардумаш аз њар куљо баргашта меоянд,Аз ѓарибї мардуми саргашта меоянд.

Page 370: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

370

15-бањори Истиќлол

Сарвари мо аз барои ин љадал дорад,Дафтари бахши гунањњо дар баѓал дорад.

Сарвари мо дар талоши амри Рањмон аст,Ў нишони тахту тољи Оли Сомон аст.Аз ќудумаш Тољикистон Тољикистон шуд,Балки ў худ Тољикистон аст.

Дар миёни шањри мо истода Фирдавсї,Дар миёни шањри мо гањвораи Сино.Дар фазои хонаи мо њазрати Њофиз,Дар фазои Тољикистон рўњи Мавлоно.Њайкали Исмоили Сомонї ин моро,Пойбарљо, љои девори Бухоро,Буд Душанбешањри мо шањри Чанористон,Шуд Душанбешањри мо шањри Бањористон.Њар чанораш ёдгоре аз љавонмардон,Њар гулаш аз гулшани рўи љавонмаргон.Он љавонмардони нокоми љавонмарг,Он љавонмаргони бо номи љавонмард.Аз сари сабзе ба сабзї ёдгоре монд,Њамчу рамзи ифтихоре монд.

Понздањ солат муборакБахти Истиќлоли тољик!Понздањ солат муборакТахти истиќболи тољик!

Page 371: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

371

наср ва назм

Лутфишоњи ДОДО

ШАЙДОИ ИСТИЌЛОЛ БОШ

Бо Ватан ай тифл дар дунёи истиќлол бош,Андалеб астї агар шайдои истиќлол бош.Зиндагї аз килки истиќлол дорад ранги нав,Гар ту дењќонї бари сањрои истиќлол бош.Њар лаби баста зи истиќлол гўё мешавад,Гар зарир њастї, дило бинои истиќлол бош.Њар сари хам мешавад боло сўї хуршеди нанг,Килк дорї, дар паи иншои истиќлол бош.Гарду чанги чокарињоро зи рух дур афканад,Тољ бар сар мекунад волои истиќлол бош.Каъбаи умед номи поки истиќлол аст,Умрњо ай тифл, зери шохи истиќлол бош.Аз чаманзорон садои андалебон бишавї,Дар мињан чун булбули гўёи истиќлол бош.Боѓи љаннат дар чаманзорони истиќлол љўй,Њар куљої, бо сари болои истиќлол бош.Дарси ѓаввоси биёмўзу бирав бар сўи мављ,Умрњо дар синаи дарёи истиќлол бош.Бурљи истиќлол хуршеди фалакро нур дод,Зери мењри нури ў Мирзои1 истиќлол бош.

БОЃИ АНДАЛЕБОН

Чун парасту болафшон, ТољикистонГирдат омад њар парешон, Тољикистон.Пок бинмудї ѓубори чашми кўрам,Ай табиби дардмандон, Тољикистон

1. Устод Мирзо Турсунзода дар назар аст

Page 372: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

372

15-бањори Истиќлол

Аз хазонат њарфи дигар нест дар боѓ,Гашт боѓи андалебон, Тољикистон.Абри истиќлол рўи хоки мињанМечаконад оби њайвон, Тољикистон.Халтаи пурбоди ту пур гашта аз сим,Сахразорат шуд зарафшон, Тољикистон.Аз ѓубори ќарни беше карда тоза,Рўњи поки Оли Сомон, Тољикистон.Лоиќу Мўъмин Ќаноат, Гулназарњо,Дар барат пири сухандон, Тољикистон.Чун ба рўи доманат маъвои ман шуд,Серам аз як бурдаи нон, Тољикистон.Килки ќисмат њар чи хоњї, лек њастї-мЊаст гирди ин намакдон, Тољикистон.Сард бошї, гарм бошї бо ту њастам,Рўи сангат роњати љон, Тољикистон.Њар ки сардат гуфту рафти сўи «Гармї»Мирад андар лозуристон, Тољикистон.

Page 373: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

373

наср ва назм

Раљабалї АЊМАДОВ

РОЃУН ШАРЌРО МУНАВВАР МЕКУНАД

Пайѓоми идома ёфтани кор дар нерўгоњи обии барќии Роѓун моро ба ин шањри овозадор овард. Хиёбони марказии онро шиору лавњањои «Барои бунёди нерўгоњ зарбдорона кор мекунем», «Шўњрати диёрамонро баланд мебардорем» зиннат медоданд. Одамон дар бар либосњои идона ба муљассамаи баланди алюминии мунаќќаш, ки рамзи дўстї ва оѓози сохтмони нерўгоњро дошт, нигариста, якдигарро табрик мегуфтанд. Дар чењрањои шукуфони онњо осори њаёти осоишта, иттињоду бародарї, бахту саодат њувайдо буд.

Њозирон ин рўзи фирўзро дербоз интизор бу-данд…

Ёд дорам: сї сол муќаддам дар собиќ дењаи Љўшон (аз ѓояти гармї ин мањалро чунин ном бурдаанд), љамъ-омади ботантана барпо гардид. 27 сентябри соли 1976 буд он рўз. Офтоб дурахшон. Пас аз суханронињои намоян дагони шањрњои гуногуни Иттифоќи Шўравї санги аввалини сохтмон гузошта шуд. Аз ин иќдоми наљиб њозирон якдигарро ба оѓўш гирифта, табрику тањният мегуфтанд.

Намояндагони ахбори омма шањри ояндаро дар оѓўши кўњњо, талу теппањо, лаби бањр чун шањри афсонавї, сарбанди нерўгоњро дар дунё аз њама баланд, иќтидори истењсолии солонаи нерўи барќро беш аз 13 миллиард киловат-соат ба ќалам медоданд.

Ин гуфтањо, навиштањо дар назари баъзењо муѓлаќ менамуданд. Бовар намекарданд, ки дар чунин як гўшаи дурдасти кўњистон иншооте бунёд мешавад гўш

Page 374: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

374

15-бањори Истиќлол

нашунида, чашм надида. Аммо баъди он ки бинокорони гулдасту олињиммат миён баста, дили кўњро шикофтанду садои мошинњои азамат ба осмон печид, боварї њосил намуда, њамфикр шуда гуфтанд: «Њиммат баланд дор, ки мардони рўзгор, аз њиммати баланд ба љое расиданд».

Роѓун сохтмони зарбдори умумииттифоќї эълон гардид. Халќњо ва миллатњои гуногун зери шиори «Эста-фетаи коргарї» бо маќсади тезонидани суръати сохтмон корро дар ду-се баст ташкил намуданд. «Эстафетаи коргарї» фишанге шуд, ки бинокорони шањрњои гуногунро дар бунёди нерўгоњњои азими Тољикистон-Нораку Роѓун муттањид сохт, ба дўстї ва дастгирии як дигар даъват намуд. Тартиб додани лоињаи онро оли мону мутахассисони шањри Тошканд ба зимма ги-рифтанду таъмини масолењи бинокорию таљњизотњои тех никии онро коргарони шањрњои Маскав, Минск, Харков, Свердловск, Алма-Ато.

Натиљаи љидду љањди якљоя ва ташкили дурусти кор буд, ки шањри Роѓун дар муддати кўтоњ ќомат афрохт: дар маркази он ба миќдори 115 њазор метри мураббаъ биноњои бисёрошёнаи истиќоматї, истењсолї, боѓча, яслї, маѓоза, ошхона, мактаб сохта ба масофаи 26 километр наќбњои обгузару мошингард сохта шуданд. Шањр ободу зебо шуда, шукўњу шањомат пайдо мекард.

Аммо, баъд, нафароне хостанд, ки баландии сарбанд ва сатњи бањр паст карда шавад. Ин зарбаи сахте шуд ба кори бинокорон. «Ба болои сўхта намакоб» дар љумњурї љанги шањрвандї сар заду кўрдилон даст ба ѓорат заданд. Андеша накарданд, ки бо ин амали хеш теша ба решаи хеш мезананд.

Page 375: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

375

наср ва назм

Модари љонсўзи диёр Нигор Рањмонова, ки умри хешро дар кори таълиму тарбия сарф карда, талхињои зиндагиро чашида, ба камоли пирї расидааст, аз гузашта ёд мекард:

— Соли 1936 интернати омўзгории шањри Душан-беро хатм карда, ба кори таълиму тарбия оѓоз намудам. Он ваќт шумораи муаллимон ангуштшумор буд. Њамроњи Аваз Љамилов, Љойлоб Ятимов, Нусрат Юсуфов, Азиз Хољаев, Љунайд Пањлавонов ва боз чанде дигарон пои пиёда аз дења ба дења рафта, ба шогирдон хату савод меомўхтем. Баъди Љанги Бузурги Ватанї зиндагї рангу таровати нав гирифт: хонањои њозиразамон, роњњо, мактабњо бунёд ёфтанд. Дар собиќ ноњияи Обигарм, ки то солњои панљоњум ягон мактаби миёна вуљуд надошт, дари чандин мактабњои миёна, њафтсолаю ибтидої ба рўи фарзандони мардум кушода шуд.

Холаи Нигор аз пешравињо ќисса карда, лањзае чанд даст ба домани андеша зад. Сипас аз њодисањои ба сари миллат омада ва кашол ёфтани сохтмони нерўгоњ афсўс хўрда гуфт:

— Агар ГЭС-и Роѓун сари ваќт сохта, ба истифода дода мешуд, олам гулистон мешуд…

— Аз рўи маълумотњо, — изњор намуд муовини директори мудирияти НОБ-и Роѓун Шамсулло Мањмад-аминов,—агар ду агрегат ба кор дарояд, илова ба пар-дохти маоши бинокорон тамоми харољотњо пўшонда мешавад.

— Шукр,— њамфикр шуда гуфтанд дигарон,— мардуми мо даст ба бунёдкорї зада, ба натиљањои назаррас ноил шуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки сарвари давлатамон Эмомалї Рањмонов наќби Анзоб, нерўгоњњои Сангтўда ва Роѓунро иншоотњои муњими

Page 376: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

376

15-бањори Истиќлол

асри ХХI номида, сохтмони онњоро зери назорат ќарор додааст.

Моњи маи соли 2002 ба нависанда Равшани Ёрму-њаммад муяссар гардид, ки њамроњи Президенти кишвар Э.Ш. Рањмонов ба шањри Роѓун биёяд.

Вай пас аз тамошои нерўгоњ ва шањр аз таассуроти сафараш чунин њикоя кард: «Муаллиме бо як шиша шир ба дарс медарояд ва шишаи ширро рўи миз мегузорад. Талабањо њайрон мешаванд, ки ин шиша ба дарси онњо чї иртибот дорад.

Муаллим пеш аз оѓози дарс тирезаро кушода, шишаи ширро ба берун мепартояд. Шиша мешиканад ва шир мерезад. Сипас рў ба хонандагон оварда мегўяд:

— Кї рафта шир ва шишаро меорад?Хонандагон тааљљуб карда мегўянд:— Шиша шикаст, шир рехт, онро чї тавр ме-

орем?Муаллим мегўяд:— Ана дидед, мову шумо сари иштибоњ њарчанд

нолем њам, кор пеш намеравад. Афсўсхўрињо бефоида. Коре кунем, ки оянда шиша нашиканад, шир нарезад.

— Аз кї нолем, ба Роѓун аљнабие наомада, худ ба дасти худ онро хароб кардем…

Президенти мамлакат Эмомалї Рањмонов дар вохўрї бо сокинони шањр чунин изњор намуд: «Ба ша-рофати ГЭС шањри шумо дар тамоми дунё машњур аст. Бисёр шањрњои калон ва њатто ќадимро дар хориља намешиносанд. Ба сохтмони ин ГЭС кишварњои бузурги њамсоя, аз љумла Ќазоќистон, Афѓонистон, Покистон, Њиндустон, Хитой таваљљўњ доранд.

Page 377: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

377

наср ва назм

ГЭС-и Роѓун ба як минтаќаи бузург ќувваи барќ медињад. Ањолї соњиби касб ва кор мешаванд. Нури барќи он Шарќро мунаввар мекунад».

Вохўрии сарвари давлат ба мардум пару бол бахшид. Мо дар сўњбат бо одамони касбу кори гуногун дарёфтем, ки онњо ба оянда боварии калон доранд. Роѓун гуфта, бањри дамон, ѓунљоишаш 13,3 миллиард метри кубї об, шодоб шудани њазорон гектар заминњои ташналаб, аз маводи кишоварзї ѓанї гардидани бозору дўконњо, аз ќувваи истењсоли барќи арзони он ба кор даромадани садњо корхонањои саноатї, бо љои кор таъмин шудани њазорон одамонро дар назар доранд. Барќ гуфта нафту газ, ангишт, болоравии босуръати илму фарњанг, баланд гардидани дараљаи хизмати маданї-маишии мардумро мефањманд.

Таи солњои охир Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати энергетикаи љумњурї кўшишњои зиёде ба харљ доданд, то ки сохтмони барои љумњурї њаётан муњим-нерўгоњи Роѓун идома ёбад. Нињоят 16 октябри соли 2004 байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва яке аз бузургтарин љамъияти сањњомии дунё «Русский алюминий» (РУСАЛ) созишномаи њамкорї ба имзо расид. Тарафњо ўњдадор шуданд, ки аз 1 январи соли 2005 то 31 декабри соли 2009 марњилаи аввали сохтмони нерўгоњи Роѓунро бо бакорандозии ду агрегат бо иќтидори 4 млрд квт- соат дар як сол амалї месозанд.

1 феврали соли 2005 ширкати «Русал» ва Вазорати энергетикаи Тољикистон, ширкати олмонии – Ламай-Германия-ро ба сифати паймонкор (пудратчї) барои омода сохтани лоињаи техникї-иќтисодии бонкї барои сохтмони навбати аввали нерўгоњи Роѓун интихоб карданд.

Page 378: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

378

15-бањори Истиќлол

«Русал» инчунин ўњдадор шудааст, ки ба сохтмони заводи нави коркарди алюминий дар вилояти Хатлон 560 млн доллар мегузорад.

Ин њама аз азму талоши Президенти кишвар Эмо малї Рањмонов шањодат медињад,- изњор намуд намоян даи ширкати «Русал» дар шањри Роѓун Сайдал Рањи мов ва сармуњандиси мудирияти сохтмони НОБ-и Роѓун Сирољиддин Мирзоев.—Мардум аз чунин ѓамхорї шукргузоранд.

Шукронаи давру замони осоишта ва давлати со-њиб истиќлол мекунанд, ки чароѓи умеди онњоро аз нав фурўзон месозад.

Муаллифи ин сатрњо бо амри таќдир аз ибтидои сохтмони нерўгоњи Роѓун то имрўз шоњиди љамъомаду вохўрињои бисёре будам. Хабару маќолањои зиёдеро аз рўзномањо хондам. Аќидањо гуногун буданд: яке ин нерўгоњро иншооти нотамом арзёбї мекарду дигаре ба ояндаи Љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон некбинона назар андохта, «Роѓун албатта бунёд мешавад» ме-гуфт.

Инак, он рўз фаро расид: 26 сентябри соли 2005. Соат 8-и пагоњї. Бо вуљуди он ки то оѓози љамъомади ботантана њанўз ваќт бисёр буд, мактаббачањо ду тарафи роњ ќатор истода, гулафшонї мекарданд.

Анбўњи одамон ба хиёбони маркази шањр њозир шуда, омадани мењмонони олиќадрро интизорї мека-шиданд.

Њаво абрї буд. Ягон-ягон донањои борон ба замин мечакид, аз омад-омади фасли зимистон дарак медод.

Нињоят дар осмон чархболњо чун кабўтарон пайдо шуданду баъди чанде ба замин нишастанд. Мењмонон фуруд омаданд. Байни онњо Президенти кишвар Эмомалї

Page 379: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

379

наср ва назм

Рањмонов ќадам мезад. Гулдухтарони кўњистон онњоро бо нону намак истиќбол намуда, «хуш омадед, нури дида, тољи сар» гуфтанд мењмоннавозона.

Пеш аз вохўрї бо сокинони шањр Эмомалї Рањ-монов њамроњи мењмонон аз наќбњои обпарто, наќби зери сарбанд, бинои агрегатњо дидан карда, ба бинокорони гулдаст њамду сано хонданд.

Пас аз шиносої бо нерўгоњ Сарвари давлат њам-роњи вазири энергетика ва саноати Федератсияи Россия Виктор Христенко, сафири фавќулодда ва мухтори Россия дар Тољикистон Рамазон Абдулатифов, раиси Шўрои директорони љамъияти сањњомии «Русал» ва вазири энергетикаи Љумњурии Тољикистон вориди майдони марказии шањр гаштанд. Ин љо рамзи «Рус-ал» пудратчии асосии сохтмони нерўгоњи барќи обии Ро ѓун, ки аз фулизии нуќрагун бунёд ёфта буду дар он байраќњои давлатии Љумњурии Тољикистон ва Феде-ратсияи Россия љило медоданд, диќќати њозиронро ба худ мекашиданд.

Сипас лањзаи буридани лента, ки аз саршавии сохтмони нерўгоњ дарак медод, оѓоз ёфт. Садои пурмављи ќарсак ба осмон печиду абрпорањои болои шањр пароканда шуданд. Офтоби оламтоб аз нав шўълапошї кард.

Президенти кишвар бо ќадамњои устуворона ба минбар баромад.

Аз дастовардњои љумњурии соњибистиќлоли Тољи-кистон, захирањои энергетикаи он, мардуми соњиб-фарњанги тољик ва дўстии халќњо њарф зада, њозиронро бо ин рўзи сарнавиштсоз табрик кард.

— Имрўз, 26 сентябрро њељ гоњ аз хотир набароред!-изњор дошт Президент.

Page 380: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

380

15-бањори Истиќлол

Ин рўз натанњо ба мардуми шањри Роѓун, балки барои тамоми мардуми Тољикистон низ ид аст, фаромўш-нашаванда аст.

Њозиронро ба оѓози кори сохмон вазири энергетика ва саноати Россия Виктор Христенко, раиси Шўрои директорони Љамъияти сањњомии «Русский алюминий» Олег Дерипаска табрик намуданд.

Рўзи неки таърихї, рўзи фархунда ва дилафрўз буд 26 сентябр барои њамагон. Шоду хандон буданд онњо. Банда ба чењраи шукуфони онњо нигариста, дастовардњои солњои охирро баркашида, дуои пирони рўзгордидаро шунида, шукри он мекардам, ки Љумњурии соњибистиќлол дорему сарвари ѓамхор ва хирадманд.

Page 381: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

381

наср ва назм

Абдусаттори РАЊМОН

ЌАСИДАИ МЕЊАН

Ибтидои њастиям, эйМењанам,Иртиќои њастиям, эй Мењанам.

Шири модар, ки ѓизош аз мењри туст,Шуд ѓизои њастиам, эй Мењанам.

Файз аз файзи ту дар хони падарШуд баќои њастиам, эй Мењанам.

Шуд зи ишќат ишќи ман дар дил зиёд,Дилрабои њастиам, эй Мењанам.

Аз ту мењри оламе дар ман фузуд,Чун сафои њастиам, эй Мењанам.

Он чи ќимат буд аз ту ёфтамМан барои њастиам, эй Мењанам.

Шўњрату овозаат шуд шањпареБар њумои њастиам, эй Мењанам.

Парниён шуд регу сангу хори туЗери пои њастиам, эй Мењанам.

Додам оро дилбари мењри туроБо ќабои њастиам, эй Мењанам.

Нашканам бо ту, ки мењрат гаштаастМўмиёи њастиам, эй Мењанам.

Page 382: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

382

15-бањори Истиќлол

Хоки ту равшангари чашми дилам,Тўтиёи њастиам, эй Мењанам.

Шеъри Мирзои ту андар гўши дањрШуд садои њастиам, эй Мењанам.

Ахтарони ќањрамонмардони туШуд љилои њастиам, эй Мењанам.

Чашми дил аз чор сўе сўи тустИртифои њастиам, эй Мењанам.

Шиквае аз ту раво бинам агарНоравои њастиам, эй Мењанам.

Аз ту сар печам, сарам бишкаста бодДар сарои њастиам, эй Мењанам.

Аз навои рудат ар н-оям ба завќБенавои њастиам, эй Мењанам.

Месароям ман суруди њастиат,Дар њавои њастиам, эй Мењанам.

Саљда орам бо дуои неки туБар худои њастиам, эй Мењанам.

Дар ту — дар љаннат шумурдан хешроМуддаои њастиам, эй Мењанам.

Њаст баски њастиам аз њастиат,Ман ризои њастиам, эй Мењанам.

Page 383: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

383

наср ва назм

Нуриддини АМРИДДИН

ЊАМДАРДУ ЊАМРОЗ

Кистам ман? Тифлаки парвардаи нозат, Ватан,Њамдаму њамќисмату њамдарду њамрозат, Ватан.

Риштаи умрам бувад пайванд бо номи хушат,Торњои сози дил њамљўр бо созат, Ватан.

Офтоби бахти ман аз доманат сар мекашад,Љони ман бодо фидои сењру эъљозат, Ватан.

Њар куљо бошам, маро ёди ту аз худ мебарад,Бишнавам аз дурињои дур овозат, Ватан.

Табъи ман аз мењри ту њар дам равонї мекунад,Мешавам чун андалеби наѓмапардозат, Ватан.

Ман ба раѓми хасми бадхоњат, агар лозим шавад,Дар само пар мекашам монанди шањбозат, Ватан.

Кистам ман? Вориси имрўзу фардои туам,Дар ќаламроњи сухан гардида сарбозат, Ватан.

Рўзи Истиќлоли ту оѓози умри тољик аст,Љовидон бодо ба олам файзи оѓозат, Ватан.

ТОЉИКАМ

Не шимолї, не љанубї, эй азизон, тољикам,Аз табори покзоди Оли Сомон, тољикам.

Page 384: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

384

15-бањори Истиќлол

Чор ќутби Тољикистон хонаи мењри ман аст,Њар куљо бошам дар ин марзи ниёгон, тољикам.

Решапайвандам чу нахли сабз дар ин марзу бум,Ѓунчаи бишкуфтарўйи боѓи армон, тољикам.

Нур мегирад ду чашмам аз гули рўйи Ватан,Нури имони ман аст, бо нури имон тољикам.

Каъбаи иќболу бахти ман бувад ин хоки пок,Мекунам умре тавофаш аз дилу љон, тољикам.

Кистам ман дар канори ин замини мардхез,Нури уммеди дили уммедворон, тољикам.

Ороиёиљавњарам, тољи шараф дорам ба сар,Ворисе аз дудмони тољдорон, тољикам.

Дар њама олам Ватан яктост, чун модар ба ман,Тифли домони вафои Тољикистон, тољикам.

ДИЁРИ ОРИЁ

Тољикистон, эй диёри Ориё,Чун нигине дар канори Ориё.

Дар дили таърихи ин хоки куњан,Монда њамчун ёдгори Ориё.

Синаи пуроташи Машриќзамин,Ќалби пуршўру шарори Ориё.

Page 385: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

385

наср ва назм

Гулшани рангини армону њавас,Њусни зебои бањори Ориё.

Аз гули рухсораи ту бишканам,Њар куљо бошам хумори Ориё.

Хиттаи мењру вафои тољикон,Решапайванди табори Ориё.

Гўшае аз равзаи сабзи бињишт,Ќитъае аз нангу ори Ориё.

Сабт гашта номи ту бо њарфи зар,Дар китоби рўзгори Ориё.

Љовидон пояндаву фархунда бош,Ай Ватан, андар мадори Ориё.

ЃАЗАЛСОЗИ ВАТАН

Ай Ватан, ман њамдами рози туам,Нахлаки сабзи сарафрози туам.

Њар куљо бошам канори ин љањон,Тифли поки домани нози туам.

Њусн мегирад зи рўят рўйи ман,Дар бањори њусн анбози туам.

Андаруни сина то дил метапад,Њамнафас бо наѓмаю сози туам.

Page 386: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

Эй, ки болу пар ба ман бахшидаї,Волаву шайдои эъљози туам.

Дар фазои бахту иќболи баланд,Шоњини дар ављи парвози туам.

Дар гулистони вафою ишќи пок,Андалеби наѓмапардози туам.

Дар китоби љовидони зиндагї,Умр то бошад ѓазалсози туам.

Page 387: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

М У Н Д А Р И Љ А

Мењмон Бахтї Љавонмард омад ба тахту ба тољ!.....................................4Мўъмин Ќаноат Роњи абрешим ................................................................... 19 Оини вањдат ...................................................................... 21Гулназар Нозиш ................................................................................ 22 Панљакент ......................................................................... 23 Шукрона ........................................................................... 24 Зинда бош ......................................................................... 25 Хонаи инсон ..................................................................... 25Гулрухсор Ориёно ............................................................................... 27 Ворис ................................................................................. 29 Ватандор ........................................................................... 31 Решапайванд ..................................................................... 33 Таронаи муњаббат ............................................................ 34Абдулњамид Самад Роњи шараф ....................................................................... 36Сафармуњаммад Айюбї Истиќлол. .......................................................................... 47 Суруди Тољикистон .......................................................... 48 Тољи ман ........................................................................... 49 Сардафтари офоќ ............................................................. — Ишќро пеши ман оред ..................................................... 51 Бираќсед ............................................................................ 52Њаќназар Ѓоиб Тахтгоњи ниё ..................................................................... 53 Файзи фазл........................................................................ — Модари Кўлоб .................................................................. — Таронаи ориён .................................................................. 54 Тољи Истиќлол ................................................................. 55 Ёрони вафо ....................................................................... — Тољикистон ....................................................................... 56Сайидалї Маъмур Туро болонишин кардам ................................................. 58 Роњи аѓбањо ....................................................................... — Ѓазали истиќбол ............................................................... 60

Page 388: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

Суруди тољикони љањон ................................................... 60 Рубоиёт .............................................................................. 62Саттор Турсун Виљдон агар бедор аст ..................................................... 65Аскар Њаким Шеъри Ватан .................................................................... 88 Суруди фардо ................................................................... 89 Санги ман – алмос (Пора аз манзума) ............................ 92Камол Насрулло Хок агар бар захм дармон аст ........................................ 95 Мулки љонон .................................................................... 96 Эй њамдиёр ........................................................................ 97 Замини эътиќод ................................................................ 99 Суруди Душанбе .............................................................. — Симои Ватан ................................................................... 100 Ёди Ватан ........................................................................ 101Рањмат Назрї Офарин ............................................................................ 103 Эњё ..................................................................................... — Таблакбозї ..................................................................... 104 Рў ба ќибла ....................................................................... — Рањнавард ........................................................................ 105 Ниёиш ............................................................................... —Муњаммад Ѓоиб Ватанро дўст медорам ................................................... 107 Олами афсона ................................................................. 108 Ватандорї ....................................................................... 109 Мафњум ........................................................................... 110Кароматуллоњи Мирзо Пайванди роњњо ............................................................. 111Бобо Њољї Пешаи ман ...................................................................... 125 Дашти Кокул .................................................................... — Сарзамини оли сомон .................................................... 126 Хандаи бахт .................................................................... 127Алї Бобољон Аз Шкев – Зиѓар ба бањру бар ..................................... 128Басир Расо Дидаи ибрат кушо .......................................................... 136

Page 389: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

Мулк-мулки мост ........................................................... 139 Самари озодї ................................................................. 140 Ќитъа ................................................................................. —Ќурбон Восеъ Рукне аз сиёсати байналмилалии Президент ............... 141Мањмадалишоњи Њайдаршо Њарфи Ватан ................................................................... 154 Сухан дар ситоиши мењан ............................................. 155 Роњи вањдат ..................................................................... 156 Чењраи миллат ................................................................ 157Салимшо Њалимшо Ќуллаи Армаит ............................................................... 159Њадиса Суруди вањдат ................................................................. 166 Тољикистон ....................................................................... — Эй Душанбе .................................................................... 167 Магў ................................................................................ 168Бахтиёр Муртазо Наќби Анзоб – дарвозаи васлгар ................................. 170Њољї Мурод Ушшоќи Анзоб ............................................................... 187 Наќбкан ............................................................................. — Ѓазали наќбканон ........................................................... 189 Рубоиёти Майхўра ......................................................... 190 Рубоиёти Уштураѓба ...................................................... 191Ширин Бунёд Њафт бурљи Тољикистон ................................................ 193 Вањдат дар остонаи Дарвоз ........................................... 194 Љашни Истиќлол ............................................................ 195Одина Мирак Имрўз – шуо, фардо офтоб ........................................... 196 Сари Пулак ..................................................................... 197 Шањри Роѓун .................................................................... — Шабњои Роѓун ................................................................ 199 Майдон ............................................................................ 200Холназар Муњаббатов Файзи Истиќлол ............................................................. 201Атахон Сайфуллоев Мањбуби љањон ............................................................... 223

Page 390: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

Низом Ќосим Пайѓоми пайванд (силсила) ........................................... 229Ато Њамдам «Киштие сохтем аз накўкорї» ...................................... 242Доро Наљот Ориёно ............................................................................. 248 Кабўтар ва њумо ............................................................. 251Љамолиддин Тошматов Муборакќадам ................................................................ 255Зулфия Атої Соли 2006 ........................................................................ 270 Душанберо шудам пазмон ............................................ 271 Ганљвар ........................................................................... 272 Эњдо ба Хуљандшањр ..................................................... 273 Оли сомон, оли тољик ...................................................... — Тољикистон ..................................................................... 274Шањрияи Адњамзод Ниёиш ............................................................................. 276 Санои Истиќлол ............................................................... — Ба истиќлоли мењан саљда орем.................................... 277 Тољикистон ..................................................................... 278 Оли Сомон ...................................................................... 279 Истиќлоли тољик ............................................................ 280Њикмат Рањмат Тулўъи хирад (манзума) ................................................. 281Равшани Ёрмуњаммад Роњ ба сўи нур ................................................................ 299Норинисо Тољикем ........................................................................... 314 Дард ................................................................................... — Чор ѓазал. ....................................................................... 315Мирзо Файзалї Бо Ватан бошем ............................................................. 318 Модари љони манї, эй Ватанам ................................... 319 Љоннисор........................................................................... — Агар аз дасти ман ояд ................................................... 320 Ќаноат ............................................................................. 321

Page 391: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

Парда Њабиб Инъоми озодї ................................................................. 322 Ёдбум............................................................................... 323 Ватан ................................................................................. —Ато Мирхоља 3800 метр – корнамої .................................................... 324Нуруллоњи Ориф Тољикистон ..................................................................... 335 Ватан ............................................................................... 336 Таронаи вањдат ............................................................... 337 Пайвастан ....................................................................... 338 Сипоснома ........................................................................ —Шералї Мўсо Роњи бињишт ................................................................... 340Лаъљубаи Мирзоњасан Зиндагонї ёфт тавлиди дигар ....................................... 357 Роњи ормонњо ................................................................. 358Маљид Салим Истиќбол аз Истиќлол ................................................... 360Њидоятуллоњ Рањмонї Понздањ соли Истиќлол ................................................ 367 Истиќлоли тољик .............................................................. —Лутфишоњи Додо Шайдои Истиќлол бош ................................................. 371 Боѓи андалебон ................................................................ —Раљабалї Ањмадов Роѓун Шарќро мунаввар мекунад ................................ 373Абдусаттори Рањмон Ќасидаи Мењан ............................................................... 381Нуриддини Амриддин Њамдарду њамроз............................................................ 383 Тољикам ............................................................................ — Диёри Ориё ..................................................................... 384 Ѓазалсози Ватан ............................................................. 385

Page 392: БАЊОРИ ИСТИЌЛОЛkitobhona.tj/downloads/badei/15soliistiklol.pdf4 15-бањори Истиќлол Мењмон БАХТЇ ЉАВОНМАРД ОМАД БА ТАХТУ БА

15 БАЊОРИ

ИСТИЌЛОЛ

(Маљмўаи насру назм)

Мусаввир У. АШЎРОВМуњаррири ороиш А. МУЊАММАДИЕВМуњаррири сањифабандї М. САИДОВАТарроњ Ф. РАЊИМОВЊуруфчини компутерїва мусањњењ Р. АТОЕВА

Ба матбаа 03.07.06 тањвил гардид. Чопаш 18.07.06 ба имзо расид. Андозаи 84х1081/

32. Ко ѓази офсет. Њуруфи адабї. Љузъи

нашрию њисобї 12,75. Адади нашр 600 нусха. Супориши №43/06.

Нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон, 734018, ш. Душанбе,

кўчаи Н.Ќаробоев, 17 а.

Дар матбааи нашриёти «Эљод» чоп шудааст.734025, ш. Душанбе, хиёбони Рўдакї, 36. Тел.: 221-95-43. E-mail: [email protected].