ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ …13.00.01 - Педагогикаи...

172
1 ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ Ба ҳукми дастнавис КУЧИБОЕВ ШӮҲРАТҶОН ИКРОМБОЕВИЧ ШАРТҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАТБИҚИ АНЪАНАВУ МАРОСИМҲОИ ХАЛҚӢ ДАР РАВАНДИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ МАКТАББАЧАГОНИ ХУРДСОЛ РИСОЛА барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ 13.00.01 - Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) Роҳбари илмӣ: доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шаропов Ш.А. Хуҷанд – 2018

Upload: others

Post on 22-Oct-2020

12 views

Category:

Documents


0 download

TRANSCRIPT

  • 1

    ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД

    БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

    Ба ҳукми дастнавис

    КУЧИБОЕВ ШӮҲРАТҶОН ИКРОМБОЕВИЧ

    ШАРТҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАТБИҚИ АНЪАНАВУ МАРОСИМҲОИ

    ХАЛҚӢ ДАР РАВАНДИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ МАКТАББАЧАГОНИ

    ХУРДСОЛ

    РИСОЛА

    барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ

    13.00.01 - Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот

    (илмҳои педагогӣ)

    Роҳбари илмӣ:

    доктори илмҳои педагогӣ,

    профессор Шаропов Ш.А.

    Хуҷанд – 2018

  • 2

    Мундариҷа

    Муқаддима.....................................................................................3-17

    Боби 1. Аз таърихи пайдоиш, ташаккул ва инкишофи

    анъанаву маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии

    Тоҷикистон........................................................................18-77

    1.1. Решаҳои иҷтимоию тарбиявии анъана, ҷашну

    маросими миллӣ ва марҳалаҳои эҳёи онҳо.........................18-42

    1.2. Ҷашнҳои миллии Наврӯз, Садаву Меҳргон ва аҳамияти

    ахлоқию фарҳангии онҳо.....................................................43-66

    1.3. Масъалаҳои пайдоиши идҳои динии Рамазону Қурбон

    ва ҷанбаҳои фарҳангию фалсафии онҳо............................67-77

    Хулосаҳои боби якум.....................................................................78-81

    Боби 2. Роҳҳо ва шартҳои татбиқи анъанаву маросимҳои

    халқӣ дар мундариҷаи тарбияи ахлоқии

    мактаббачагони хурдсол..............................................82-154

    2.1. Дигаргуниҳои кунунӣ дар низоми анъанаву маросимҳои

    Миллӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва

    аҳамияти тарбиявии онҳо....................................................82-115

    2.2. Натиҷаҳои кори таҷрибавию озмоишӣоиди татбиқи

    анъанаву маросими миллӣ дар мундариҷаи тарбияи

    миллии мактаббачагони хурдсол......................................116-143

    2.3. Шартҳои педагогии баланд бардоштани самаранокии

    татбиқи анъанаву маросими миллӣ дар мундариҷаи

    тарбияиахлоқии мактаббачагонихурдсол.........................144-154

    Хулосаҳои боби дуюм................................................................155-156

    Хулоса.........................................................................................157-163

    Феҳрасти адабиёт.......................................................................164-177

  • 3

    МУҚАДДИМА

    Аҳамияти таҳқиқи мавзӯъ. Дар марҳалаи муосир ва пайваста

    инкишофёбандаи ҳаёти ҷамъиятӣ тамоми инсоният, ҳар як мамлакат, ҳар як

    миллат, ҳар як халқ барои эҳё, пешрафт, ғанӣ гардонидан ва ҳифз намудани

    боигариҳои фарҳангӣ, маънавию ғайримоддӣ, меъёрҳои ахлоқии рафтори

    ҷамъиятӣ, ки дар давоми ҳазорсолаҳо ҷамъ шуда, то имрӯз аҳамияти худро

    гум накардаанд кӯшиш менамояд. Аз он ҷумла, дар соҳаи таълиму тарбия дар

    даврони соҳибистиқлолияти мамлакат андешаи бунёди мактаби комилан

    миллӣ бештар гӯшрас мешавад.

    “Истиқлолият, - мегӯянд Пешвои миллат, Президенти кишварамон,

    мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - дар таърихи давлатдории тоҷикон ва

    сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои

    шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору

    пойдор фароҳам овард”[ 178 ].

    Тарбияи инсони комил дар педагогикаи муосири тоҷик дар асоси

    қадимтарин ақидаҳои педагогии ниёгони мо сурат мегирад ва яке аз

    бузургтарин сарчашмаҳои он расму оин ва анъанаву маросимҳои халқӣ

    мебошад.

    Халқи тоҷик дар тӯли асрҳо дорои тарзи ба худ хоси ахлоқ ва фарҳанги

    арзишманди маънавӣ аст. Дар байни мардуми тоҷик, ба мисли халқҳои дигар,

    анъанаву маросими зиёде буданд ва имрӯз ҳам ҳастанд, ки ба рӯзгори

    меҳнаткашон таъсири мусбӣ расонида, дар онҳо ҳисси вафодориву

    мардонагӣ, ҷасорату сарбаландӣ ва ахлоқи ҳамидаро тарбия менамоянд.

    Анъана ва маросимҳои миллӣ ҳамчун қисми муҳимтарини педагогикаи

    халқӣ, ки дорои таърихи чандинасра мебошад, дар тарбияи ахлоқии насли

    ҷавон нақши муҳим доранд. Агар ба умқи таърихи халқ назар афканем, ба

    хулосае мерасем, ки тарбияиахлоқии насли наврас дар ҳама замон, дар ҳама

    гуна халқ кори аҳамияташ аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Ин масъалаи

    муҳим дар тӯли асрҳо ҳалли бомуваффақиятро танҳо дар сурати такя ба

  • 4

    таҷрибаи халқ дарёфтааст. Ин мероси абадиест, ки бо таҷрибаи халқ,

    анъанаву оинҳо, забон, таърих, санъат пайванд буда, аз насл ба насл

    мегузарад.

    Дар шароити муосири инкишофи ҷомеа муҳим аст, ки сатҳи миллию

    тарбиявии ахлоқӣ, худогоҳӣ ва худшиносии насли нав баланд бардошта

    шавад, зеро он самти асосии ташаккули инсони ватандӯстро муайян мекунад.

    Дар расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои халқи тоҷик муҳимтарин

    категорияҳои фалсафию ахлоқӣ инъикос ёфтаанд, ки ин арзишҳо ба ахлоқи

    умумиинсонӣ ва пешрафти иҷтимоию ахлоқии халқи тоҷик мусоидат

    менамояд. Дар шароити ислоҳоти низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии

    Тоҷикистон яке аз муаммоҳои мубрами оила, мактаб, ҳамчунин тамоми

    ҷомеа ва давлатро масъалаи тарбияи ахлоқии насли нави мамлакат ҳисобидан

    ҷоиз аст. Вайрон шудани низоми пештараи тарбия боиси пайдоиши

    муаммоҳои гуногуни ташаккули ахлоқии ҷавонон гардид. Зарурати ҷиддии

    бунёди низоми нави тарбиявии мувофиқ ба марҳалаи нав ба миён омад. Ин

    ҳадаф дар “Консепсияи миллии тарбия” [2006] ва Қонуни Ҷумҳурии

    Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи

    фарзандон” [2011] инъикос ёфтааст.

    Дар муқаддимаи китоби хеш “Этнопедагогика” Волков Г. Н. қайд

    мекунад: “Принсипи халқият, ки аз ҷониби К.Д.Ушинский ҳамчун принсипи

    муқаддаси тарбияи миллӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснок шуд, дар шароити

    демократӣ намудани ҷомеа аҳамияти беназире касб мекунад” [48].

    Ҳақ ба ҷониби Волков Г.Н. аст, ки мегӯяд: “Ташаккули омӯзгори

    комили мактаби ибтидоӣ бидуни омодагии махсуси этнопедагогии ӯ

    номумкин аст” [48].

    Классикон, асосгузорони педагогикаи илмӣ А.Каменский, К.Д.

    Ушинский ба омӯзиши таҷрибаи тарбияи халқӣ аҳамияти махсус медоданд.

    К.Д.Ушинский нуктаи барои илми педагогӣ асосиву муҳимтаринро баён

    кардааст: “Халқ низоми махсуси тарбияро дорад... Танҳо тарбияи халқӣ узви

    зиндаест дар раванди инкишофи халқ” [160].

  • 5

    Вазифаи таҳқиқи анъанаву маросимҳои халқӣ аз он иборат аст, ки чӣ

    гуна пайдо шудани онҳо, сабаби пойдор мондан ва шарти ҳифзи онҳо

    пайгирӣ шавад, эҳтиёҷ барои на танҳо нигоҳдошти онҳо, балки пайваста

    коркард шудани онҳо муайян гардад ва ниҳоят, роҳ ва шартҳои самаранок

    истифода бурдани онҳо дар таълиму тарбияи насли ҷавони муосир дар

    марҳалаи ҷадиди инкишофи ҷамъият муайян карда шаванд.

    Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар Ҷумҳурии

    Тоҷикистон барои бунёди мактаби миллӣ кӯшишҳои воқеӣ ба харҷ дода

    шудаанд. “Консепсияи мактаби миллии тоҷик” таҳия шуд, Қонуни Ҷумҳурии

    Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Стандартҳои давлатии таҳсилот дар

    Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Консепсияи миллии таҳсилот” қабул гардиданд.

    Дар солҳои охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти

    падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва Қонуни Ҷумҳурии

    Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии

    Тоҷикистон” қабул гардиданд. Ин қонунҳо сиёсати ҳозира ва ояндаи

    давлатро дар соҳаи тарбияи оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас

    таъйин карда, комилан миллӣ буда, барои танзими моҳият, ҳадаф ва

    мундариҷаи тарбияи миллӣ дар марҳалаи нави таърихӣ замина фароҳам

    меоранд, нақш ва аҳамияти онро барои ташаккули шахсияти ҳаматарафа

    инкишофёфтаи инсон муайян месозанд ва дар ниҳояти кор, барои ба

    истифодаи густурдаи таҷрибаи халқ роҳ кушода, мусоидат менамоянд.

    Дар “Консепсияи миллии тарбия” таъкид мегардад, ки вазифаи асосии

    мактаб дар марҳалаи ҳозира ташаккул додани худшиносии миллии насли

    наврас, аз ҷониби он аз худ шудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ ва

    умумибашарӣ мебошад. То ин ки наврасон нигоҳдорандаи хусусияти миллӣ,

    анъанаҳо, мероси ахлоқӣ ва фарҳангӣ бошанд, дар ҳаёт мавқеи фаъолонаро

    ишғол намоянд, дар илм, техника, фарҳанг ва дигар соҳаҳо дорои малакаҳои

    таҳқиқотӣ бошанд.

    Махсусияти миллии тарбия бо он муайян мегардад, ки ҳар як халқ

    дорои тарзи хоси ҳаёт мебошад, ки шахсиятро мутобиқ бо вижагиҳои

  • 6

    анъанаҳои миллӣ ва менталитети миллӣ ташаккул медиҳад. Вижагиҳои тарзи

    зиндагии халқҳои гуногун зери таъсири шартҳои махсус шакл мегиранд:

    шароити табиӣ ва иқлим, забон, мазҳаб (эътиқоди динӣ), шароити фаъолият

    ва меҳнат (заминдорӣ, шикор, моҳигирӣ, чорводорӣ ва ғайра).

    Ҳаёт нишон медиҳад, ки сарфи назар кардани асосҳои тарбия, ҳикмати

    чандинасра, ки онро наслҳои зиёди одамон ҷамъ кардаанд, аллакай

    натиҷаҳои манфиро ба бор овард: як насли одамоне ба воя расид, ки нисбат

    ба таърихи зодгоҳ, забони модарӣ, тақдири халқи хеш бепарвоянд. Инсон дар

    муҳити иҷтимоии халқияти мушаххас зиндагӣ карда, ногузир дар мувофиқат

    бо тарзи ҳаёти маҳз ҳамин халқ, ҷамоа, қавм ташаккул меёбад, тамоюлҳои

    арзишии онҳоро тарафдор буда, мувофиқи онҳо амалҳо, рафтору кирдорашро

    танзим мекунад.

    Ба ин далел ишора карда, педагоги бузурги рус К.Д.Ушинский навишта

    буд: “Тарбия, агар он беиқтидор будан нахоҳад, бояд халқӣ бошад, бояд

    халқият онро фаро гирад. Дар ҳар кишвар зери унвони умумии тарбияи

    ҷамъиятӣ ва шаклҳои сершумори умумии педагогӣ мафҳуми ба худ хосе

    нуҳуфтааст, ки онро хислат ва таърихи халқ офаридааст”. Ӯ ҳамчунин қайд

    кардааст: “Тарбияе, ки худи халқ офаридааст ва ба мабдаҳои мардумӣ асос

    ёфтааст, дорои он нерӯи тарбиявиест, ки дар беҳтарин низомҳои ба ғояҳои

    мафҳум асосёфта, ё баргирифта аз дигар халқҳо вуҷуд надорад” [160, 65].

    Ушинский К.Д. таъкид мекард, ки ғояҳои тарбиявии ҳар халқ то

    дараҷае бо рӯҳияи миллӣ фаро гирифта шудаанд, ки онҳоро ба заминаи

    бегона кӯчонидан ғайриимкон аст. Ҳар халқ шароити таърихии инкишофи

    худро дорост, ки дар хислати халқҳои ҷудогона таҷассум ёфтааст.

    Ин ақида бо хулосаҳои яке аз мутафаккирони барҷастаи халқи тоҷик –

    Абӯбакри Розӣ, ки дар асри IX зиндагӣ кардааст, ҳамоҳанг мебошад. Розӣ

    навишта буд, ки “вобаста ба ин сухан гуфтан дар бораи он, ки байни халқҳо

    дар ин амр афзалияти яке бар дигар ва тафовути бузурге мавҷуд аст, зарурат

    надорад” [16, 26].

  • 7

    Ҳақ бар ҷониби В.А.Сухомлинский аст, вақте ӯ мегуфт, ки оянда

    бидуни гузашта вуҷуд надорад. Ба инсон ҳофиза дода шудааст, ки зиндагии

    наслҳои зиёдеро таҷассум кардааст, - ҳофизае, ки асрҳо инҷониб вусъат

    дорад. Танҳо ба ҳамин сабаб ӯ инсон аст, ки то куҷо рафтани решаҳои

    дарахтеро, ки аз он рӯйидааст, мефаҳмад ва дар ёд дорад [158, 22].

    Ҳадафи мазкур тариқи иҷрои як қатор вазифаҳо ба даст меояд, ки

    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ба таври зерин инъикос

    намудааст: “Вазифаҳои низоми маориф тарбияи ҳисси шаҳрвандӣ ва

    ватандӯстӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ, шинос кардан бо дастовардҳои

    фарҳанги ҷаҳониву ватанӣ, омӯзиши таърих, расму оинҳои халқи тоҷик ва

    дигар халқҳои ҷумҳурӣ, аз худ кардани забонҳои давлатӣ ва хориҷиро дарбар

    мегирад”[65].

    Дараҷаи омӯхта шудани мавзӯъ. Анъанаву расму оинҳои сершумори

    миллии халқи тоҷик аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик ва олимони хориҷӣ

    омӯхтаву баррасӣ шудаанд. Теъдоди зиёди мақолаҳо, рисолаҳо,

    диссертатсияҳо ва ҳатто монографияҳо навишта шудаанд. Аммо бо итминон

    метавон гуфт, ки роҳ ва усулҳои татбиқи анъанаву маросим ва ҷашну идҳои

    халқи тоҷик дар тарбияи насли наврас ҳанӯз ҳаматарафа таҳқиқ нашудаанд,

    бинобар ин ба омӯзиши дақиқтаре сазоворанд.

    Анъана ва расму оинҳои халқи тоҷик аз ҷониби олимон - педагогон

    (М.Орифӣ, И.Обидов, Х.С.Афзалов, Б.Раҳимов, М.Лутфуллоев,

    Ф.Шарифзода, Қ.Б.Қодиров, И.Х.Каримова, С.Сулаймонӣ, К.С.

    Абдураҳимов, Дж. Файзалиев, Ш.А.Шаропов, М.Раҷабов, Т.Атахонов ва

    дигарон) таърихшиносони маъруф (Б.Ғафуров, А.Шишова, В.Бартолд,

    М.Ханикова, В.Наливкина, М.Андреева, Ю.Яқубова, А.Мухторова,

    С.Раҳимова, М.Бобоева ва дигарон), адабиётшиносон (С.Айнӣ,

    И.Брагинский, С.Табаров, М.Шакурӣ, Х.Мирзозода, С.Сабзаев, А. Сӯфизода

    ва дигарон) таҳқиқу баррасӣ шудаанд.

    Таҳлили тадқиқоти ин олимон нишон медиҳад, ки ба таъриху

    хусусияти анъана ва расму оинҳои миллии тоҷикон шумораи кофии корҳои

  • 8

    илмӣ бахшида шудааст. Аммо масъалаҳои аҳамияти тарбиявӣ, амалӣ ва

    маърифативу ахлоқӣ, татбиқи маросиму анъанаҳо дар фаъолияти тарбиявии

    насли наврас мавриди омӯзиши махсус қарор нагирифтаанд.

    Дар тадқиқоти олимони зикршуда на танҳо таҳлили меъёрҳои

    анъанаҳои халқӣ сурат гирифтааст, балки ба имконоти тарбиявии онҳо

    ҳамчун воситаи муҳими инкишофи шахсияти наслҳои нав диққати махсус

    зоҳир шудааст.

    Чунончи, дар кори дуҷилдаи М.Орифов “Аз таърихи афкори педагогии

    халқи тоҷик” ақидаҳои педагогии классикони адабиёти форсу тоҷики асрҳои

    IX - XIX тадқиқ шуда, маводи доманадоре оид ба педагогикаи мардумии

    халқи тоҷик оварда шудааст.

    Масъалаҳои тарбияи малакаву одатҳои рафтори баодобонаи бачагони

    хурдсол дар оилаи тоҷик ба воситаи эҷодиёти шифоҳии халқ ва асарҳои

    классикони адабиёти тоҷик дар асарҳои Б.Раҳимов ва мақолаҳои ҷудогонаи ӯ

    нисбатан муфассал таҳқиқ гардидаанд.

    Асарҳои бунёдии академикон М.Лутфуллоев, Ф.Шарифзода ва

    рисолаҳои илмии А.Паҳлавонов, М.Сайфуллоева, Б.Раҳимов, Т.Атохонов,

    А.Нуров, Б.Маҷидова, Ҷ.Файзалиевва дигарон масъалаҳои назариявӣ-

    педагогии анъанаву маросимҳои халқӣ, омӯзиши масъалаи аҳамият ва нақши

    анъанаҳои халқӣ дар тарбияи бачагон, дар омӯзгор ташаккулдодани донишу

    малакаҳои этнопедагогӣ, инчунин баррасии масъалаҳои педагогикаи

    мардумиро фаро мегиранд.

    Корҳои зикршуда ба қатори аввалин тадқиқоте маҳсубанд, ки ба

    масъалаҳои педагогикаи халқӣ рӯшанӣ андохтанд, дар онҳо қадамҳои

    нахустин дар ҷодаи омӯзиши масъалаҳои педагогикаи халқӣ ва истифодаи

    таҷрибаи он дар раванди тарбияи насли наврас ба миён гузошта шудаанд.

    Корҳои дигари педагогон, шарқшиносон, муаррихон, файласуфон,

    санъатшиносон низ вуҷуд доранд, ки дар онҳо мероси фарҳангиву илмии

    халқи тоҷик, ҳамчунин эҳёи сиёсӣ ва маънавии он дар асри XX таҳқиқу

    баррасӣ гардидааст. Ҳарчанд ки дар онҳо масъалаҳои педагогикаи халқӣ

  • 9

    бевосита тадқиқ нашудаанд, аммо консепсияҳои илмӣ ва хулосаҳои

    муҳаққиқон барои ҳар чи бештар дақиқ муайян кардани аҳамияти фарҳангӣ

    ва тарбиявии оину анъанаҳои халқӣ дар ҳаёти маънавии наслҳои нав ёрӣ

    мерасонанд.

    Ҳамин тариқ, назари таърихию педагогӣ ба масъалаи баррасишаванда

    имкон медиҳад, то хулоса гардад, ки дар маҷмӯъ теъдоди кофии тадқиқоти

    марбут ба соҳаи омӯзиши анъанаҳои халқӣ ва истифодаи онҳо дар

    педагогикаи мардумӣ вуҷуд доранд.

    Бо вуҷуди ин, дар таҳқиқи педагогикаи миллии тоҷик баъзе норасоиҳо

    ва масъалаҳои муҳими ҳалношудае ҳастанд, ки яке аз онҳо муносибати

    маҳдудназарона ба омӯзиши масъала мебошад, яъне дар ин маврид анъанаи

    мушаххас ва татбиқи он дар ташаккули сифати матлуб баррасӣ гардида,

    омӯзиши фарогир, таҳлилу тадқиқи ҷамъбастӣ сарфи назар мешаванд.

    Муносибати субъектҳо ва объектҳои тарбия ба анъанаву оинҳои халқӣ, аз

    ҷониби онҳо аз худ шудани ин анъанаҳо ба таври кофӣ омӯхта нашудаанд.

    Шакл, роҳу воситаҳои истифодаи анъанаву маросимҳои халқӣ дар низоми

    кори тарбиявии мактаб бояд боз ҳам мушаххастар гарданд. Аксаран дар

    тадқиқот вазъияти кунунии ҷамъият, решаҳои таърихии ин ё он падида ба

    назар гирифта намешаванд.

    Мавзӯъҳои рисолаҳои илмии ҳимояшуда роҷеъ ба масъалаҳои

    этнопедагогикаи тоҷик ва таърихи он доираи васеи вазифаҳои муҳимро фаро

    мегиранд, ки ба қонеъ кардани талаботи амалияи ҷамъиятӣ нигаронида шуда,

    ба тамоми ҳалқаҳои низоми таҳсилоти ҷумҳурӣ – муассисаҳои томактабӣ,

    мактабҳо, мактабҳои олӣ дахл дорад. Аммо бояд қайд кард, ки ба масъалаҳои

    омодагии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ барои татбиқи оинҳо ва анъанаҳои

    халқӣ дар мундариҷаву раванди ташаккули ақидаҳои ахлоқии

    мактаббачагони хурдсол таҳқиқоти махсусе бахшида нашудааст.

    Ҳамин тавр, байни талаботи давлат ва ҷомеа ба тарбияи ахлоқӣ дар

    мактабҳои муосир ва омодагии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ба тарбияи

    хонандагони хурдсол дар заминаи маводи анъанаву маросимҳои халқӣ

  • 10

    ихтилоф пайдо мешавад. Ин аҳамияти сиёсию иҷтимоӣ ва психологию

    педагогии омӯзишу баррасии масъалаи татбиқи анъанаву оинҳои халқиро дар

    раванди ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагон ва зарурати муайян

    кардани мундариҷа, шаклҳо ва методҳои омодагии омӯзгорони синфҳои

    ибтидоиро ба амалӣ кардани ин фаъолият дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи

    умумӣ асоснок менамояд.

    Ин омилҳо аҳамияти мавзӯи интихобшудаи таҳқиқ – “Шартҳои

    педагогии татбиқи анъанаву маросими халқӣ дар раванди тарбияи

    ахлоқии мактаббачагони хурдсол” - ро муайян мекунад.

    Ҳадафи таҳқиқотро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намудан, коркард ва

    санҷиши озмоишии шартҳои педагогии татбиқи расму оинҳои халқӣ дар

    раванди тарбияи ахлоқии хонандагони хурдсол ташкил медиҳад.

    Объекти таҳқиқот: раванди таълиму тарбияи хонандагони хурдсол ва

    фаъолияти педагогии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ.

    Предмети таҳқиқот – раванди ташаккули сифатҳои барои касб

    муҳими педагогҳо барои татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди

    ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагони хурдсол.

    Барои расидан ба ҳадафи таҳқиқ фарзияи кории зерин пешниҳод

    гардид: Ҷанбаҳои ташкилию педагогии омодагии омӯзгорони синфҳои

    ибтидоӣ барои татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули

    ақидаҳои ахлоқии хонандагони хурдсол самарабахш хоҳанд буд, ба шарте ки:

    яклухтӣ, бефосилагӣ ва пайдарпайии таъсироти педагогӣ ба омӯзгорони

    синфҳои ибтидоӣ ҳангоми раванди омодагии касбӣ таъмин гардад;

    раванди таълиму тарбияи кадрҳои педагогӣ ба хусусияти салоҳиятмандӣ

    дар фаъолияти касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ нигаронида шавад;

    ҳамкории зич ва ҳамоҳангии амалиёти якҷояи ҳамаи иштирокдорони

    фаъолияти педагогӣ таъмин шавад;

    омодагии этнопедагогӣ барои ҷорӣ кардани технологияи махсус

    коркардшуда, ки тайёрии омӯзгорони синфҳои ибтидоиро ба татбиқи

  • 11

    оинҳо ва анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули ақидаҳои ахлоқии

    хонандагони хурдсол таъмин менамояд, асос ёбад;

    Вобаста ба ҳадафи таҳқиқ ва фарзияи пешниҳодшуда иҷрои вазифаҳои

    зерин дар назар аст:

    1. Таҳлили илмию педагогии вазъи омодагии касбии омӯзгорони синфҳои

    ибтидоӣ, ки ба татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули

    ақидаҳои ахлоқии хонандагони хурдсол нигаронида шудааст;

    2. Муайян кардани шартҳои педагогии муносибати фаъолмандона ба

    омодагии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки ҳадафи он татбиқи расму

    анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули ақидаҳои ахлоқии

    хонандагони хурдсол аст;

    3. Таъмини шартҳои педагогии омодагии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ,

    ки ба татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули ақидаҳои

    ахлоқии хонандагон нигаронида шудааст;

    4. Аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудан ва тариқи озмоиш санҷидани

    самаранокии қолаби омодагии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки

    татбиқи расму анъанаҳои халқиро дар раванди ташаккули ақидаҳои

    ахлоқии хонандагон таъмин мекунад.

    Асоси методологии таҳқиқотро корҳои фундаменталии риштаҳои

    фалсафа, педагогика ва равоншиносӣ роҷеъ ба қонунияти шаклгирии

    шахсияти омӯзгор, ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагон, муносибати

    системавӣ ҳамчун методи умумии фалсафии маърифати илмӣ, ҳамчунин

    ҳуҷҷатҳои дастурӣ ва меъёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи

    маориф ташкил мекунанд.

    Асоси назариявии таҳқиқро стратегияи инкишофи шахсияти омӯзгор,

    ғояи фаъолияти иттилоотӣ ва интерактивии субъектҳо дар раванди таълим

    ташкил медиҳанд. Ба сифати асоси назариявии таҳқиқ корҳои олимони

    ватанӣ, рус ва хориҷӣ роҷеъ ба мавзӯи кори рисолаи номзадӣ, тадқиқоти

    монографӣ ва маводи матбуоти даврӣ истифода шудаанд.

  • 12

    Сарчашмаҳои таҳқиқ: таҳқиқотҳои файласуфон, педагогҳо ва

    равоншиносон оид ба масъалаи омӯхташаванда; маводи тадқиқоти

    диссертатсионӣ ва амалии олимон дар соҳаи этнопедагогика; адабиёти

    илмӣ, таърихӣ ва равоншиносию педагогӣ дар бораи расму анъанаҳои

    миллӣ; ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва расмии марбут ба сиёсати Ҷумҳурии

    Тоҷикистон дар соҳаи маориф; ҳуҷҷатҳои ҳукуматӣ ва Паёмҳои ҳамасолаи

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

    Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

    Тоҷикистон дар самти маориф; ҳуҷҷатҳои таълимии донишгоҳ; таҷрибаи

    педагогӣ ва муҳаққиқонаи муаллиф.

    Барои иҷрои вазифаҳои гузошта ва санҷидани фарзия маҷмӯи

    методҳои таҳқиқи илмӣ истифода шуд: таҳлили адабиёти асосиву иловагӣ

    роҷеъ ба масъалаи таҳқиқ ва ҳуҷҷатҳои таълимӣ; таҳлили назариявӣ

    (муқоисавӣ, ретроспективӣ, тарҳрезӣ); мушоҳидаи педагогӣ (мустақим ва

    ғайримустақим); пурсиш (анкета), санҷиш, озмоишҳои муқарраркунанда ва

    шаклдиҳанда; методҳои таҳлили сифатӣ ва миқдории натиҷаҳои таҳқиқ,

    коркарди оморӣ ва тавзеҳи маълумоти бадастомада, экспертизаи педагогӣ;

    баҳогузории экспертӣ, ки ба мушоҳидаи вазъият ва инкишофи раванди

    ташаккули сифати матлуб дохил аст.

    Пойгоҳи эксперименталии таҳқиқ инҳоянд: Донишгоҳи давлатии

    Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, мактаб - гимназияҳо ва мактаб-

    литсейҳои № 4 ва № 22 - и шаҳри Хуҷанд, мактабҳои таҳсилоти миёнаи

    умумии № 10 ва №24 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин мактабҳои № 1

    ва № 22 - и ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд.

    Таҳқиқ беш аз 60 омӯзгорони мактабҳо, 400 донишҷӯй ва 450

    хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро фаро гирифт.

    Ташкил ва марҳалаҳои асосии таҳқиқ. Кори таҳқиқӣ дар се давра

    анҷом ёфт.

    Давраи якум (солҳои 2009-2010) ба муайян кардани вазъи масъала дар

    назария ва амалия тариқи омӯзиш ва таҳлили адабиёти фалсафӣ,

  • 13

    ҷомеашиносӣ, равоншиносию педагогӣ бахшида шуд, ки имкони таъйини

    нуктаҳои ибтидоии таҳқиқро фароҳам овард. Масъалаҳо, объект, предмет ва

    ҳадафҳои таҳқиқ муайян гардида, самт, мавзӯъ ва фарзияи он таъйин

    шуданд; вазифаҳои хусусии он мушаххас гардиданд.

    Дар давраи дуюм (солҳои 2011-2012) озмоишҳои муқарраркунанда ва

    шаклдиҳанда гузаронида шуда, апробатсия ва ислоҳи муносибати

    фаъолмандона ба омодагии касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ сурат

    гирифт, ки ба татбиқи анъанаҳои халқӣ ба раванди ташаккули ақидаҳои

    ахлоқии хонандагони хурдсол нигаронида шудааст; шартҳои педагогии

    татбиқи қолаби омодагии касбии донишҷӯёнро таъминкунанда муқаррар

    гардиданд, ки имкони ба онҳо омӯзонидани татбиқи расму анъанаҳои

    халқиро дар раванди ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагони мактабҳои

    Тоҷикистон фароҳам меоранд, технологияҳои мувофиқу дуруст, низоми

    меъёрҳо ва баҳогузории сатҳи ташаккули салоҳияти донишҷӯён барои

    иҷрои вазифаи мазкур муқаррар шуданд.

    Дар давраи сеюм (солҳои 2013-2016) коркарди такрории қисмҳои

    назариявӣ ва озмоишии таҳқиқ, мураттаб ва ҷамъбаст кардани натиҷаҳои

    бадастомада, баровардани хулосаҳо ва тавсияҳои асосӣ, санҷиш ва ҷорӣ

    кардани онҳо дар амалия сурат гирифта, таҳияи диссертатсия ва

    автореферат амалӣ гардид.

    Навоварии илмии таҳқиқот аз он иборат аст, ки дар он як қатор

    шартҳои ба ҳам алоқаманд ва аз нигоҳи педагогӣ асосноки такмили тайёрии

    махсуси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки ба татбиқи расму анъанаҳои

    халқӣ дар раванди ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагони хурдсол

    нигаронида шудааст, муайян ва аз лиҳози илмӣ асоснок гардид:

    моҳият ва мундариҷаи омодагии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки

    ҳадафи он татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули

    ақидаҳои ахлоқии хонандагони хурдсол мебошад, ошкор гардид;

    шартҳои педагогии татбиқи дурусти омодагии омӯзгорони синфҳои

    ибтидоӣ, ки ҳадафи он татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди

  • 14

    ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагони хурдсол аст, муайян

    шуданд;

    коркарду озмоиши қолаби ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони

    синфҳои ибтидоӣ, ки ҳадафи он татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар

    раванди ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагони хурдсол

    мебошад, сурат гирифт;

    коркарди барномаи курси махсуси “Татбиқи маросиму анъанаҳои

    миллӣ дар раванди тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол” барои

    омода кардани омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ оид ба татбиқи

    маросиму анъанаҳои миллӣ дар раванди тарбияи ахлоқии

    мактаббачагони хурдсол;

    меъёрҳо ва сатҳи ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони синфҳои

    ибтидоӣ, ки ҳадафи он татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди

    ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагони хурдсол мебошад,

    муқаррар гардиданд.

    Аҳамияти назариявии таҳқиқот аз он иборат аст, ки он барои аз

    ҷиҳати назариявӣ асоснок намудани масъалаи баррасишаванда ва ошкор

    намудани қонунияти раванди ташаккули сифатҳои матлуб, ҳамчунин барои

    таҳлили самарбахшии технологияҳои ташаккулдиҳанда дар раванди таълиму

    тарбия, дар асоснокии назариявии омодагии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ,

    ки ҳадафи он татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули

    ақидаҳои ахлоқии хонандагони хурдсол мебошад, саҳми муайяне хоҳад

    дошт.

    Аҳамияти амалии таҳқиқотро коркарду санҷиши шартҳои педагогӣ ва

    технологияи ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки

    ҳадафи он татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули ақидаҳои

    ахлоқии хонандагони хурдсол аст, ҳамчунин коркарду татбиқи тарҳи курси

    махсус барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ташкил медиҳад. Тавсияҳои

    педагогии коркардшуда ҳамчунин метавонанд ба омӯзгорони мактабҳои олӣ

    ва донишкадаҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф барои

  • 15

    такмили омодагии донишҷӯён ва омӯзгорон, ки ҳадафи он татбиқи расму

    анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагон

    мебошад, ёрии методӣ ва амалӣ расонанд.

    Боэътимодӣ ва асоснокии натиҷаҳои таҳқиқот бо асосҳои ибтидоии

    назариявӣ, фарогирии таълимии озмоишӣ, дурустии ҳадафҳо, вазифаҳо ва

    методҳои таҳқиқ, ҳамчунин давомнокии кофӣ ва имкони озмоиши назоратӣ,

    омӯзиши ҳаматарафаи масъала, мӯътамад будани интихоби теъдоди

    иштирокдорони озмоиш, аҳамияти омории маълумоти озмоиш ва таҳлили

    сифатии онҳо таъмин мегардад.

    Матлабҳои асосие, ки барои дифоъ пешниҳод мешаванд:

    1. Консепсияи омодагии махсуси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки

    ҳадафи он татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули ақидаҳои

    ахлоқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мебошад ва консепсияи муносибати

    фаъолмандона ба раванди фаъолияти педагогӣ;

    2. Ҷанбаи мундариҷавии таҷрибаомӯзии педагогии омӯзгорони

    синфҳои ибтидоӣ, ки ба татбиқи расму анъанаҳои халқӣ дар раванди

    ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагони хурдсол нигаронида шудааст.

    3. Аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намудани технологияи педагогии

    омода кардани омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки ҳадафи он татбиқи расму

    анъанаҳои халқӣ дар раванди ташаккули ақидаҳои ахлоқии хонандагони

    хурдсол мебошад.

    Апробатсия ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот. Матлабҳои асосии

    назариявӣ ва натиҷаҳои тадқиқоти диссертатсионӣ дар мақолаҳои чопкардаи

    муаллиф инъикос ёфта, дар ҷаласаҳои кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва

    касбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

    ҳамчунин дар конфронсҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ дар

    шакли маърӯза пешниҳод гардида, муҳокима шудаанд.

    Сохтор ва ҳаҷми рисола ба мантиқи таҳқиқот созгор мебошад, ки аз

    аз муқаддима, ду боб, хулоса, феҳрасти адабиёт иборат аст. Мазмуни рисола

  • 16

    дар 163 саҳифаи чопи компютерӣ баён карда шудааст. Дар матн 10 ҷадвал ва

    1 диаграмма мавҷуд аст. Феҳрасти адабиёт 185 номгӯйро дар бар мегирад.

    Дар муқаддима аҳамияти мавзӯъ асоснок гардида, объект, предмет,

    ҳадафи таҳқиқ муайян шудаанд, фарзия, вазифаҳо, ғояи пешбари он тасвият

    ёфта, заминаҳои назариявию методологӣ, марҳалаҳо ва методҳои таҳқиқ

    таъйин гардиданд, навоварии илмӣ ва аҳамияти амалии кор тавсиф ёфта,

    матлабҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ва маълумот дар бораи апробатсияи

    натиҷаҳои таҳқиқ оварда шудаанд.

    Боби якум – “Аз таърихи пайдоиш, ташаккул ва инкишофи анъанаву

    маросимҳои миллии халқи тоҷик” номгузорӣ шуда, бобати масъалаҳои

    марбут ба решаҳои иҷтимоию тарбиявии анъанаву оинҳо, ҷашнҳои миллӣ ва

    марҳалаҳои эҳёи онҳо баррасӣ гардидаанд, идҳои анъанавии миллии Наврӯз,

    Сада ва Меҳргон тавсиф ёфта, аҳамияти ахлоқию фарҳангии онҳо муайян

    гардидаанд, масъалаҳои пайдоиши идҳои Рамазону Қурбон ва ҷанбаҳои

    фарҳангию ахлоқии онҳо баррасӣ шудаанд.

    Дар боби дуюм, ки унвонӣ “Роҳҳо ва шартҳои татбиқи анъанаву

    оинҳои халқӣ дар мундариҷаи тарбияи ахлоқии хонандагони хурдсол”-ро

    дорад, дигаргуниҳои ҳозирае, ки дар низоми анъанаву маросим дар

    Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯй медиҳанд, ҳамаҷониба тавсиф ёфта, роҳ ва

    шартҳои самараноки раванди таълиму тарбия барои тайёр намудани

    омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки ҳадафи он татбиқи расму анъанаҳои халқӣ

    дар раванди ташаккули ақидаҳои ахлоқии мактаббачагони хурдсол мебошад,

    таҳқиқ шудаанд.

    Дар хулоса ҷамъбасти матлабҳои таҳқиқ ва тавсияҳо аз рӯйи

    натиҷаҳои он оварда шуда, дурнамои тадқиқ вобаста ба самтҳои гуногуни

    масъала таъийн гардидаанд.

  • 17

  • 18

    БОБИ 1. АЗ ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ, ТАШАККУЛ ВА

    ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ МАРОСИМИ МИЛЛИИ

    ХАЛҚИ ТОҶИК

    1.1. Решаҳои иҷтимоию тарбиявии анъана, ҷашну маросими миллӣ

    ва марҳалаҳои эҳёи онҳо

    Дараҷаи инкишофи ҳар як ҷомеаро боигарии моддӣ ва маънавӣ –

    дастовардҳои молиявию иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ, адабиву фарҳангии он

    муайян мекунад.

    Агар талаботи иҷтимоӣ ба пешрафти иқтисодӣ ва фаъолияти меҳнативу

    истеҳсолии аъзои ҷомеа вобаста бошад, эҳтиёҷоти маънавӣ ба некӯаҳволӣ ва

    таъминоти иҷтимоии ҳамаи табақаҳои ҷомеа алоқаманд аст. Бинобар ин,

    масъалаи пайдоиши ҳама гуна падидаи ҷамъиятӣ, аз он ҷумла, анъана, расму

    оин, ақидаҳои мазҳабиро танҳо бо назардошти он, ки ҳама гуна падидаи

    иҷтимоӣ дар асоси эҳтиёҷи муайяни ҷамъиятӣ пайдо шудаву ташаккул

    меёбад, дуруст ҳаллу фасл кардан мумкин аст.

    Ин ҳамбастагии талабот ва анъанаҳо аз як тараф ба ҳам наздик шудани

    онҳоро имкон медиҳад, аз тарафи дигар – муносибати дутарафаи ботиниву

    объективии амиқи онҳо: қаробати равонӣ, самтёбии иҷтимоӣ, функсияҳои

    иҷтимоӣ, таърихи диалектикаи таносуб ва ҳаракати мушобеҳи раванди

    онҳоро дар фарҳанги иҷтимоии халқият таъйин намуда, нерӯ ва иродаи онро

    самт бахшида, ба инкишофи фаъолнокии иҷтимоии он мусоидат менамояд.

    Ин матлабҳо барои муайян кардани мавқеи ҷаҳоншиносонаи шахсият,

    баҳогузории дурусти нақши дин, эътиқод, анъанаҳо ва оинҳо дар инкишофи

    фарҳанги иҷтимоии инсонӣ аҳамияти ҷиддӣ дошта, таъсири мусбати онҳоро

    ба ҷаҳонбинии шахсият, ҳамчунин моҳияти инсонпарваронаву ҳаётдӯстонаи

    онҳоро ошкор менамоянд.

    Барои тафсири хусусияти равандҳои ташаккули анъанаву маросим дар

    фарҳанги иҷтимоии халқи тоҷик, мо дар ин фасл руҷӯи таърихиеро ба

    решаҳои иҷтимоии ин падидаҳо амалӣ мекунем, зеро барои фаҳмидани

  • 19

    моҳияти ин ё он раванди иҷтимоӣ таърихи пайдоиш, ташаккул ва таҳаввули

    онро дар давраҳои гуногун муайян кардан зарур аст.

    Барои дуруст муайян намудани таносуби эътиқод ва анъанаву оинҳо

    дар пайдоиши онҳо ба андешаи мо, ду масъаларо дар мадди назар қарор бояд

    дод: якум, сарчашмаҳои иҷтимоии анъанаву оинҳо ҳамчун шакли

    қадимтарини зуҳури эътиқод; дуюм, моҳият ва пайдоиши оинҳо, анъанаву

    маросим ҳамчун маҷмӯи махсуси ҳиссиву маъноӣ дар давраҳои мушаххаси

    ҳаёти ҷомеа.

    Тавсифи мухтасари маъно ва моҳияти мафҳумҳои “анъана”, “суннат”,

    “оин” “ид”, “ҷашн”, “маросим” бамаврид аст, зеро ин калимаҳо дар қаринаи

    мазкур ба сифати истилоҳ истифода мешаванд.

    Анъана унсурҳои мероси иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, аз насл ба насл

    мегузарад ва дар ҷомеа, синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоии муайян муддати тӯлонӣ

    боқӣ мемонанд. Муқаррарот, меъёрҳои рафтор, оину маросим ва ғайра, ки аз

    тарафи ҷомеа муайян шудаанд, анъанаҳо ба ҳисоб мераванд.

    Суннат тарзи қолабии рафтор, ки дар ҷомеа ё гурӯҳи иҷтимоӣ такрор

    мегардад ва барои аъзои онҳо муқаррарӣ мебошад. Таомули кӯҳнашуда дар

    раванди инкишофи таърихӣ бо одатҳои нав иваз мешаванд.

    Оин амалиёти анъанавие, ки лаҳзаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти

    истеҳсолии коллективи одамонро ҳамроҳӣ менамояд. Оинҳое, ки бо тавлид,

    тӯй, фавт алоқаманданд, оилавӣ ҳастанд; оинҳои деҳқонӣ ва дигар навъҳои

    он тақвимӣ номида мешаванд.

    Ид – 1. Ҳодисаи ботантана ва хурсандибахш;

    2. Пораи вақт, ки дар тақвим ба ифтихори як чиз ё ягон кас, ки

    аҳамияти қудсӣ (ғайримаъмулӣ, устуравӣ) дошта, бо анъанаи фарҳангӣ ё

    динӣ алоқаманд мебошад (иди Рамазон, Қурбон);

    3. Чорабинии нишотовар, фароғатӣ ё ботантана.

    Ҷашн – таҷлили ботантанаи ягон падида ё воқеа; тантанаи ҷамъиятӣ.

    Маросим – 1. Тартиби амалҳои маросимӣ; 2. Тартиби муқарраршудаи

    амалҳо ҳангоми иҷрои фарзи динӣ.

  • 20

    Қайд бояд кард, ки анъанаву оинҳои мардумӣ дорои аҳамияти

    фарҳангӣ, этнографӣ, таърихӣ, забоншиносӣ, ахлоқию эстетикӣ ва албатта,

    тарбиявӣ мебошанд.

    Талаботи иҷтимоӣ ва маънавӣ, ки боиси тавлиди анъанаву маросими

    гуногун шудаанд, дар амалҳои одамон ҷой доранд ва дар расму оинҳо

    омезиш ёфтаанд, ки дар ҳама замонҳо ҳамчун шакли зуҳури орзуву омол,

    эҳсосоти халқият нақши муҳим дошта, баргузор намудани онҳо воситаи

    ифодаи эҳсосот буд, зеро дар расму оинҳо эҳтиёҷоти навпайдои эстетикии

    одамон низ қонеъ мегардид.

    Махсусан бояд қайд кард, ки эътиқод ва анъанаву маросими халқӣ

    моҳиятан набояд ҳамчун падидаҳои хилофи ҳамдигар, балки ҳамчун

    дидгоҳҳои якдигарро такмилдиҳанда баррасӣ гарданд. Ин ё он шакли

    таомулу маросим ва ҷашнҳоро мутлақ шуморидан мумкин нест, зеро онҳо

    ташкилаҳои ниҳоят мураккаб, ба ҳам омехта ва сервазифае ҳастанд, ки дар як

    вақт якчанд талаботи иҷтимоии халқиятро қонеъ намуда, як қатор

    функсияҳои иҷтимоиро иҷро мекунанд.

    Ҳангоми баҳогузории самти ҳаракати анъанаву оинҳои миллии тоҷикӣ

    ҳолатҳои гуногуни таҳаввулии онҳо бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гиранд,

    аммо на ба он маънӣ, ки аз нишон додани хусусияти тағйироти ин маросим,

    анъана, ҷашнҳо даст бояд кашид.

    Фарҳанги миллии анъанавию маросимӣ ҳамчун муборизаи ду тамоюл

    инкишоф меёбад: аз як тараф – барои нигоҳ доштан ва мӯътадил кардани

    низоми мавҷудаи онҳо, аз тарафи дигар – барои мутобиқ намудан, таҷдид ва

    такмили онҳо дар вазъияти нави иҷтимоӣ. Мавҷудияти воқеии ин тамоюлҳои

    гуногун дар падидае ба унвони ҳаракати анъанаву оинҳо равшан инъикос

    меёбад.

    Эҳё, ҳифз ва устувор кардани ин фарҳанг бо фаъолияти танзиму

    тасҳеҳгарона ва сиёсати миллии давлат алоқаманд буда, самти таҳаввули

    унсурҳои муайяни он дар коллективи соҳибони ин фарҳанг бошуурона

    ҷараён мегирад.

  • 21

    Таърихи ҳафтодсолаи халқи тоҷик дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ

    давраи муҳими ташаккули миллат ва давлати мо дар вазъияти нави сиёсӣ

    буд. “Бо вуҷуди тамоми маҳдудият ва мушкилот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

    роҳи ноил шудан ба стандартҳои ҷаҳонӣ, илм ва технологияи нав, фарҳанги

    дунявӣ ва таҳсилот қадами таърихие ба пеш гузошт”, – қайд карда буданд,

    Асосгузори слҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

    Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба

    ифтихори ҷашни 15 - солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли

    тамаддуни ориёӣ[177].

    “Агар ҳодисаи якум аз эҳёи давлатдории миллии мо дар вазъияти

    комилан нави сиёсӣ оғоз ёбад, санаи дигар моҳиятан ва мазмунан таърихи

    ҳазорсолаи тоҷиконро инъикос менамояд. Ин ду ҷашни бузург ҳамчун

    ҳодисаҳои барҷастаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ бо раванди

    тӯлонии ташаккули анъанаҳои идоракунии давлат, роҳи пурпечутоби

    расидан ба истиқлолият ва рушди худшиносии миллӣ алоқаманд мебошанд,

    онҳо орзуву омоли чандинасраи миллати тоҷикро инъикос мекунанд” [177].

    Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ халқи тоҷик ҳамеша барои

    расидан ба озодии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ талош меварзид. Натиҷаи ин

    талошҳо дар ин ҷода давлати муқтадири мутамаркази Сомониён гардид, ки

    ҳатто баъди аз даст додани иқтидори пештарааш ба насли ояндаи хеш ба

    сифати рамз намунаи фарҳанги волоро ба мерос гузошт, ки барои халқи

    тоҷик имкони сарбаландона идома додани анъанаҳои бунёдкоронаи

    азалиашро фароҳам овард.

    Аз рӯзҳои нахустини истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳёи

    арзишҳои маънавии миллат – мероси фарҳангию адабӣ, забон, ёдгориҳои

    хаттиву меъморӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин ба

    масъалаи такмили арзишҳои маънавию фарҳангии халқи тоҷик аҳамияти зиёд

    дода шуд. Бо итминон метавон гуфт, ки анъанаву оинҳо, иду ҷашнҳо,

    маросимҳо, ки таърихи ҳазорсола доранд, симои наву замонавӣ касб карда,

    барои парвариши ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти

  • 22

    шаҳрвандии насли имрӯза, хусусан ҷавонон, барои ҳифзи арзишҳои

    маънавии миллат нақши муҳим бозиданд.

    Дар раванди амалӣ кардани сиёсати иҷтимоӣ дар давраи истиқлолияти

    миллӣ ба давлат муяссар гардид, ки то андозаи муайяне як қатор масъалаҳои

    хеле муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии сарвати таърихии миллию фарҳангии

    халқи тоҷик – анъанаву оинҳо, маросиму ҷашнҳоро ҳал намояд. Самти

    афзалиятнок дар доираи сиёсати иҷтимоии давлати наву мустақили

    демократии тоҷикон ғамхорӣ ба фарҳанги иҷтимоии халқ, муҳофизат ва эмин

    доштани он аз сӯиқасд ва амалҳои душманона эълон гардид.

    Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ

    ва байналхалқӣ бахшида ба санаҳои муҳим ва ҷашнҳо чорабиниҳои зиёде

    баргузор шуданд. Аз он ҷумла, ҷашнҳои 2700 - солагии Авесто, Соли

    тамаддуни ориёӣ, 1100 - солагии давлати Сомониён, 1000 - солагии

    “Шоҳнома” - и Абулқосими Фирдавсӣ, 1150 - солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,

    1025 - солагии Абӯалӣ ибн Сино, 800 - солагии Ҷалолиддини Балхӣ, 2500 -

    солагии шаҳри Истаравшан, 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти

    Имом Аъзам, 680 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 750 - солагии

    Камоли Хуҷандӣ, 960 - солагии Умари Хайём, 1000 - солагии Носири Хисрав,

    3000 - солагии Ҳисор ва ғайра.

    Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

    Ассамблеяи 64 - уми Генералии СММ қарор дар бораи Рӯзи байналхалқии

    Наврӯз қабул гардид. Ҳамин тариқ, яке аз ҷашнҳои қадимтарини халқи тоҷик

    – Наврӯз мақоми байналхалқӣ гирифт.

    Моҳи сентябри соли 2006 дар Тоҷикистон се ҳодисаи муҳим таҷлил

    шуд: 15-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли тамаддуни ориёӣ,

    ки дар кишвар ҳамчун ҷашни миллӣ эълон гардид ва 2700-солагии шаҳри

    Кӯлоб. Ба ин ҷашнҳо ҳамчунин Форуми умумиҷаҳонии тоҷикон ва халқҳои

    форсизабон рост омад.

    Форуми тоҷикон ва халқҳои форсизабони дунё аз рӯзҳои аввали

    фаъолияташ (сентябри с.2006) ҳадафи худро муайян кард: ба роҳ мондан ва

  • 23

    инкишоф додани робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо давлат

    ва мардуми мо, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангиву таърихии тоҷикон ва халқҳои

    форсизабони дунё. Дар давраи баргузор кардани чунин Форуми таърихӣ

    Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба натиҷаҳои

    назаррас ноил гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,

    Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора қайд кардаанд:

    “Албатта, омили асосии ин дастовардҳо ва комёбиҳо дарки чунин арзишҳои

    барои халқ муқаддас, ба монанди истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ,

    сулҳу субот, худшиносии миллӣ, меҳри Ватан ва ӯҳдадории шаҳрвандӣ

    мебошад. Маҳз афзалияти ин арзишҳо мавқеъ ва мақоми ҳар миллат ва

    халқиятро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад. ...Ва ин ҷо қайд кардан зарур

    аст, ки маҳз пояҳо ва арзишҳои ахлоқии воло метавонанд авҷи муаммоҳои

    глобалии ҷаҳониро, ки сабабгори тезу тунд шудани муносибатҳои байни

    тамаддунҳои гуногун шудаанд, бартараф карда, ба инкишофи робитаҳои

    самарабахши байни онҳо мусоидат намоянд” [177].

    Раванди амалӣ гардонидани нақшаҳои бузурги бунёдкоронаи

    Тоҷикистони соҳибистиқлолро баҳо дода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –

    Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид

    менамоянд: “Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ба мо

    имкон доданд, ки ба таърихи гузаштаамон бодиққат назар андозем, аз мабдаи

    тамаддуни қадими тоҷикон огоҳ шавем, то ки арзишҳои фарҳангии ниёгони

    хешро ба хотири устувор кардани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву

    худшиносӣ, ифтихори миллӣ истифода барем”.

    “Ҳадафи мо арҷгузории арзишҳои ахлоқӣ, илмӣ ва таърихии халқе

    мебошад, ки тамаддуну фарҳанги бузургро офаридааст. Мо мехоҳем ба

    одамони тамоми дунё ахлоқи волои ориёиро расонем, ки се арзиши

    олитаринро дарбар мегирад: “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек”. Дар

    ҷустуҷӯйҳои хеш барои дарёфти роҳҳои созиш, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии

    байни тамаддунҳо мо ба комёбиҳои чунин фарҳангҳои воқеан башардӯстонае

    амсоли фарҳанги ориёӣ муроҷиат накарда наметавонем” [177].

  • 24

    Ҳадаф аз ин чорабиниҳо бори дигар ба оламиён муаррифӣ намудани

    арзишҳои умумибашарии фарҳангии халқи тоҷик мебошад, ки дар таърих ва

    тамаддуни муосири он инъикос ёфтаанд.

    Фарҳанги иҷтимоии халқи тоҷик яке аз қадимтарин фарҳангҳо дар

    ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ниёгони тоҷикони имрӯза соҳибони қадимтарини

    он буданд. Дар мағзи он то имрӯз ганҷинаҳои беҳамтои маънавии фарҳанги

    маросимии ориёӣ маҳфузанд. Дар айни ҳол, он фарҳанги иҷтимоии

    инкишофёбандаест, ки тамоми мураккабиҳои ҷомеаро инъикос мекунад.

    Моҳият ва аҳамияти анъанаву оинҳо, таомулу маросимро ҳангоми

    муроҷиат кардан ба таҷрибаи иҷтимоии халқ, ки дар ҷомеа зиндагӣ карда,

    дар анъанаҳои худ ба меъёрҳои этникиву фарҳангӣ такя менамояд, ба таври

    возеҳ дарк метавон кард. Гузашта аз ин, ба андешаи мо, дар ҳама гуна

    таҳқиқоти таърихии илмӣ, ки маҷмӯи беҳаракати фактҳои парокандаро

    омӯхтаву ба як падидаи томи зинда муттаҳид менамояд, бояд образҳо ва

    рӯйдодҳои фарҳанги қадими тоҷикон, аслу таърихи пайдоиши он,

    мундариҷаи очеркҳои таърихии давраҳои гуногун, ки ба дин, таърих ва

    фарҳанги иҷтимоӣ бахшида шудаанд, зинда гарданд.

    Дар заминаи омӯзиши маводи ёдгориҳои таърихию этнографии қадим

    ва сарчашмаҳои фолклори тоҷикон далелҳои зиёди таърих, шаклҳои васеъ

    паҳншудаи фарҳанги иҷтимоии маросимию анъанавиро ошкор намуда, дар

    давраи таҳаввулпазири инкишофаш марҳалаҳои асосии ташаккули он муайян

    кардан, шартҳои амалкарди онро дар фарҳанги иҷтимоии тоҷикӣ тавсиф

    намудан, ҳамчунин роҳҳои мутобиқшавии онро дар арсаи нави таърихӣ

    муқаррар кардан, тавсифи пайдоиш ва таҳаввули анъанаву оинҳои халқи

    тоҷикро бо назардошти тасаввуроти муосир дар бораи қонунҳои омӯзиши

    анъанавии принсипҳои низоми меъёрии ягонаи таърихии он муаррифӣ

    кардан мумкин аст. Анъана ва оинҳо бояд бо назардошти гуногунии

    вижагиҳои онҳо, бо таваҷҷӯҳи махсус ба таҳлили типҳои стандартии мабдаи

    онҳо, ки ба қолабҳои ғоявию маъноии маросимии қадим асос ёфтаанд,

    тавсиф шаванд. Дар ҳамбастагӣ бо масъалаи анъанаву оинҳо бояд

  • 25

    масъалаҳои сохтори таркибии оинҳо ва маросим, нақши ҳодисаву воқеаҳои

    таърихӣ бо назардошти ҷараёншиносии онҳо баррасӣ гарданд.

    Мафҳуми анъанаву маросим дар назари аввал метавонанд ниҳоят

    густурда, ҳамчун падидаи умумӣ ва на он қадар муайяне фаҳмида шаванд,

    аммо ҳангоми омӯзиши бодиққати таърихи пайдоиш ва ташаккули онҳо

    ақидаи муқобиле ба миён меояд: ин мафҳумҳо ба мундариҷаи худ ба таври

    ҷолибу ҳайратангезе мувофиқат мекунанд.

    Таърихи мураккаби анъанаву маросимҳо аз давраи шаклгирии онҳо дар

    Осиёи Миёна, тағйироти минбаъда дар сохтори онҳо вобаста ба иваз шудани

    пойгоҳи иҷтимоӣ, васеъ ё маҳдуд гардидани доираи татбиқи онҳо, ҳамчунин

    вобаста ба дигаргуниҳои инноватсионӣ – ҳамаи ин масъалаҳо бояд бо такя ба

    далелҳои мӯътамади таърихӣ омӯхта шаванд.

    Ҳамаи ин, дар баробари он ки заминаи ҷолиби таърихие барои

    тадқиқоти илмии анъанаву маросимҳо ва таомулҳо фароҳам меорад, корест,

    ки таҷрибаи омӯзиши таърихи онҳоро дар раванди амалкарди тӯлонии

    иҷтимоияшон аз нигоҳи танқидӣ таҳлил ва ҷамъбаст карда, обуранги миллии

    ин чорабиниҳои иҷтимоию фарҳангиро бояд инъикос намояд. Заминаи халқӣ

    ва миллии анъанаву маросимҳоро пай дар пай омӯхта, таҷрибаи таҳқиқи

    таърихи онҳоро, ки аз ҷониби наслҳои зиёди олимони рус, аврупоӣ, ватанӣ

    анҷом ёфтааст, таҳлил ва ҷамъбаст намуда, мо ба хулосае расидем, ки

    ҷанбаҳои таҳқиқ дар аксари корҳо ба ҳам мувофиқат намекунанд, сатҳи

    илмии омӯзиши далелҳои фарҳангшиносӣ ва ҳаҷми тавзеҳи онҳо мухталиф

    аст, баъзе нуктаҳо дар онҳо умуман инъикос наёфтаанд, ошкор кардани

    раванди таърихи ташаккул ва инкишофи онҳо номураттаб сурат гирифтааст.

    Таҳқиқи таърихи пурраи фарҳанги иҷтимоии тоҷикон чунин маъно дорад, ки

    аз рӯйи барномаи камубеш яклухт хусусиятҳои таърихии хоси он аз оғози

    ташаккули ин фарҳанг то замони мо омӯхтаву вазъи ҳозираи он баҳогузорӣ

    шавад, дар рафти тавсифи он барои ҳифзи мустақилияти он ғамхорӣ зоҳир

    гардида, ба далелҳои истифодаи бепарвоёна “навовариҳо” ва шаклҳои

    ифротии муаррифии онҳо аз ҷониби “муаллифон” баҳои манфӣ дода шавад.

  • 26

    Андешаи мазкур барои офаридани манзараи ҳақиқии таърихи пайдоиш

    ва таҳаввули анъанаву оинҳо ва маросими тоҷикон аҳамияти барномавӣ

    дорад, он бояд ба принсипи таърихии омӯзиши падидаҳои фарҳангии ҳаёти

    ҷомеа мувофиқат кунад, зеро чунин муносибат на фактҳои ҷудогона, балки

    маҷмӯи падидаҳои ба масъалаи баррасишаванда дахлдорро бидуни ягон

    истисно фаро мегирад.

    Бахшида шудани таҳқиқи мо ба омӯзиши сарчашмаҳо ва тақдири

    анъанаву оинҳо тасодуфӣ нест, ки дар ин бора сохтори кори диссертатсионӣ

    низ шаҳодат медиҳад: ҷобаҷогузории бобҳо ва ҷанбаҳои таҳлили маводи

    фактологӣ дар ҳар яке аз онҳо, муқобилгузории сохтори ташкилии

    чорабиниҳои таърихию фактологӣ, ки дар онҳо пайдарҳамии ҷойгиршавии

    далелҳои таърихан мӯътамад ба тартиби диахронии инкишофи онҳо

    мувофиқат мекунад. Дар таҳқиқ ҳаҷми бузурги адабиёти илмӣ таҳлил шуд,

    ки аз дидгоҳи назарияи таърихӣ ва таърихию фарҳангшиносӣ дарк гардид.

    Маҳз чунин муносибат ба масъалаи таҳқиқ бо ҷалби маълумот аз корҳои

    олимони ватанӣ ва хориҷӣ ба мо имкон дод, ки тадқиқоти пешинаро аз

    нигоҳи танқидӣ баҳогузорӣ намуда, самти ҷусторҳои илмии хешро муайян

    кунем. Бо дарки он нукта, ки тарҳи мазкур, ба монанди дигар қолабҳои

    ҷусторҳои илмӣ, шояд манзараи воқеии ташаккул ва дар ҷомеаи давраи

    қадиму муосир амал кардани падидаҳои аз тарафи он инъикосшавандаро то

    андозае сода мегардонад, барои муҳаққиқони оянда зарурати пурра кардани

    ин тарҳро бо омӯзиши далелҳои нави таърихӣ таъкид мекунем.

    Вазъи ибтидоии анъанаву оинҳо пойгоҳест, ки барои дарки махсусияти

    давраи шаклгирӣ ва ҷараёнгирии онҳо имкон фароҳам меорад ва дар заминаи

    он инъикос намудани тамоми мураккабии раванди ташаккули фарҳанги

    миллии иҷтимоӣ, анъана ва оинҳои он, муайян кардани ҷойгоҳ ва мақоми

    онҳоро дар маҷмӯи далелҳои таърихӣ ва интихоби онҳо муяссар мегардад.

    Паси ҳар яке аз субстансияҳои таърихию фарҳанги номбаршуда – “маросим”,

    “анъана”, “оин”, “урфу одат” соҳиби онро дидан зарур аст, ки ба тафриқаи ин

    мафҳумҳо, исбот кардани бебунёдии шаклҳои сохтакоронаи татбиқи онҳо ва

  • 27

    ношоямии тарҳҳои сунъии намоишӣ, қолабҳои сарбастаи оинҳоро, ки барои

    расман инъикос намудани сохтори ба истилоҳ “табақаҳо” - и онҳо пешбинӣ

    шудаанд, имкон медиҳад.

    Анъанаву оинҳо ва маросимро ҳамчун воқеияти иҷтимоию фарҳангие

    тасниф кардан лозим аст, ки ба ҷомеа хизмат мекунад, сарвати бузургтарини

    он мебошад, дар шароити гуногуни иҷтимоии ҳаёти ҷомеа амал карда, бо

    кӯшишҳои ҷомеа такмил меёбад. Вобаста ба методикаи асосии таҳлил бояд

    манзараи таърихии чӣ тавр амал кардани унсурҳои ин фарҳанги қадим дар

    шароити муосир ва чигунагии алоқаи байни онҳо муқаррар гардад.

    Ба андешаи мо, ҳангоми таҳқиқи масъалаи мушаххаси таърихие, ки дар

    нуқтаи буриши субстансияҳои гуногун қарор дорад, мураккабии омӯзиши

    масъала афзун мешавад. Дар оғоз зарур аст, ки маркази таваҷҷӯҳ ба маҷрои

    созандаи ҷустуҷӯйи тамоюлҳои объективӣ, ғояҳо, ҳифз ва инкишофи

    анъанаву оинҳо равона гардад, ки воқеан имкони идора кардани вазъиятро

    фароҳам меорад, зеро минбаъд бояд таърихи факт дар замони қадим дарк

    гардида, аҳамияти ҳақиқии ин мазмун барои ҷомеаи муосири соҳибони ин

    фарҳанг муайян шавад, нигоҳи нав ба масъалаҳои гузаштаи таърихӣ асоснок

    шавад. Ин чунин маъно надорад, ки эътирофи ягонагии моҳияти анъанаву

    маросимҳои тоҷикон инкор мегардад, дар шароити нав чорчӯбаи баробарии

    иҷтимоии онҳо ноаён мемонад, балки аҳамият ва арзиши ин ё он анъанаву

    оин дар шароити нави ҳаёти ҷомеа муайян мешавад. Гузашта аз ин, аз ҷониби

    худи ҷомеа қабул шудани қарори мустақилона дар бораи муайян кардани

    арзиш ва аҳамияти ин ё он ҷавҳар (моҳият), субстрат (он чизе, ки асоси ягон

    падида, ҳолатро ташкил медиҳад) ва субститутсия (иваз кардани як шакл бо

    дигараш, ки одатан аз рӯйи таъинот ва амалкард ба он монанд аст) моҳиятан

    имкон медиҳад, ки вариантҳои табиӣ, дуруст ва мувофиқи мақсади ҳалли

    масъала инти�