Точикистон №18

21
18 (1060) 01.05.14 (Оѓози нашр: марти 1992) с. 2 с. 7 с. 8 Дар ин шумора: 27 нафарро муљозот дод Сардори хадамот с. 2 оѓози љанги сеюми љањон? Славянск с. 6 чаро лифтњо кор намекунанд? Душанбе с. 11 худро ба дор овехт зардаљўшро табобат кардан мумкин аст? Бародари Мирзо-љага Канзи шифо с. 4 Душанберо таъмин карда, рў ба Остонаю Маскав оварданист Соњибкоре, ки сомониро чї интизор аст? Доллар боло меравад с. 3 КОРМАНДИ КОМИССАРИАТИ ЊАРБИРО КЎФТАНД РУСИЯ БА МУЊОЉИРОН НАФАЌА МЕДИЊАД? РАИСИ ВИЛОЯТИ СУЃД ОЁ АЗ ЖУРНАЛИСТОН МЕГУРЕЗАД? ЊУЉУМ БА МАККА с.3 Њаљљи имсолаи мусулмонони Тољикистон зери хатар аст с. 15 с. 22

Upload: tojikiston

Post on 11-Mar-2016

471 views

Category:

Documents


10 download

DESCRIPTION

 

TRANSCRIPT

Page 1: Точикистон №18

№ 18 (1060) 01.05.14 (Оѓози нашр: марти 1992)

с. 2

с. 7

с. 8

Дар ин шумора:

27 нафарро муљозот додСардори хадамот

с. 2

оѓози љанги сеюми љањон?Славянск

с. 6

чаро лифтњо кор намекунанд?

Душанбе

с. 11

худро ба дор овехт

зардаљўшро табобат кардан мумкин аст?

Бародари Мирзо-љага

Канзи шифо

с. 4

Душанберо таъмин карда, рў ба Остонаю Маскав оварданист

Соњибкоре, ки

сомониро чї интизор аст?

Доллар боломеравад

с. 3

КОРМАНДИ КОМИССАРИАТИ ЊАРБИРО КЎФТАНДРУСИЯ БА МУЊОЉИРОН НАФАЌА МЕДИЊАД?РАИСИ ВИЛОЯТИ СУЃД ОЁ АЗ ЖУРНАЛИСТОН МЕГУРЕЗАД?

ЊУЉУМ БА МАККА

с.3

Њаљљи имсолаи мусулмонони Тољикистон зери хатар аст

с. 15

с. 22

Page 2: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014ТОЉИКИСТОН2

ЊАФТАЕ, КИ ГУЗАШТ

Акбари ТурсoнАкадемик

ТемурЗулфиќоровНависанда

Мењмон БахтїРаиси Иттињодияи нависандагон

НуриддинСаидов Вазири маориф ва илми ЉТ

ПировМањмадсаидМуовини вазири фарњанги ЉТ

Ќаюмов НуриддинАкадемик

Масъуди МиршоњїРаиси анљумани «Рўдакї»

АбдумудассирАњмадзодаСармуњаррири сомонаиwww.PRESSA.tj

ШарифЊамдамовРаиси шўрои муассисон ва мушовара, Сармуњаррир

УсмонНиёзовкотиби масъул

Муассис: Њайати кормандони њафтанома

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикис-тон тањти №0054/РЗ ба ќайд гирифта шуда, дар матбааи «Мега-print» ба чоп расидааст.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки ба мавќеи идораи он мувофиќат намекунанд.

Дар шумора аксњо аз шабакаи Интернет истифода шудаанд.Матолиби хусусияти таб-лиѓотидошта танњо бо пар-дохт нашр мешаванд. Масъ-улияти маводњои хусусияти таблиѓотидоштаро идора ба дўш надорад.

Барои дар дигар нашрияњо чоп намудани матолиб ва иќти-босњо аз «Тољикистон» иљо-зати хаттии идора ва нишон додани сарчашма њатмист.

Њуќуќи муаллифии њамаи ма-толиби шумора ба идораи њафтаномаи «Тољикистон» тааллуќ дошта, тибќи ќонун-гузории љории ЉТ ва байналми-лалї њифз карда мешаванд.

РОБИТА:Телефони идора: 238-54-51Почтаи электронї:[email protected]@pressa.tjШуъбаи эълону реклама: 238-78-78, 601-35-95Почтаи электронї: [email protected]Дафтари хабаргузорї дар вилояти Суѓд:Суроѓа: к. К.Хуљандї 114 х. 156-75-23,92- 730-06-50

Шуъбаи фурўш:93-445-26-12, 221-41-11

ЊАЙАТИ МУШОВАРА:

Хабарњо аз www.pressa.tj

Абдурањмон Ќодирї, Раиси вилояти Суѓд

Хадамоти гумруки Тољи-кистон фаъолияти се моњи аввалашро тањти роњбарии Рустами Эмомалї љамъбаст намуд.

Тавре ки аз Хадамоти гум-руки Тољикистон иттилоъ до-данд, Рустами Эмомалї барои бори аввал дар Хадамоти гум-рук ќабули кормандони нав ва ишѓоли мансабњои холиро тариќи озмун роњандозї кар-дааст. Бо супориши ў дар Ха-дамоти гумрук “Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои хизмат дар маќомоти гумрук” таъсис дода шудааст.

Дар мавриди мубориза бо ќонунвайронкунињо дар Ха-дамоти гумрук манбаъ афзуд, ки роњбарият дар натиљаи санљишњои хизматї нисбати

27 нафар санади муљозоти ин-тизомї имзо намудааст. Дар маљмуъ нисбати 35 нафар кор-манди гумрук муљозоти инти-зомї татбиќ гардидааст.

Манбаъ илова намуд, ки “дар 3 моњ 1494 њодисаи ќо-нуншикании гумрукї ошкор карда шудааст. Дар натиља 1216 нафар шахсони воќеї, њуќуќї ва мансабдор ба ља-вобгарии маъмурї кашида шуда, ба маблаѓи 991 њазору 260 сомонї љарима ситонида шуд. Маблаѓи умумии аз њи-соби ошкор ва пешгирии њо-латњои њуќуќвайронкунињои гумрукї ситонидашуда 26 миллиону 421 њазор сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба њамин давраи соли 2013-ум 3 миллиону 270 сомонї зиёд мебошад».

Сардори хадамот 27 нафарро муљозот дод

Абдурањим Холиќов, ра-иси Кумита оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, њам аз пасван-дњои "ов" ва "ович" даст кашид.

Минбаъд номи расмии ў Холиќзода Абдурањим Ѓаффор мебошад. Дар пайи як изњо-роти Прокурори генералии Тољикистон Шерхон Салим-зода дар бораи ному насаби миллї доштани мансабдоро-ни давлатї, дар њукумат но-мивазкунии мансабдорон ављ

гирифт. Дар муддати камтар аз семоњ, баъди ин изњороти Прокурори генералї, аллакай вазироне, ки ному насаби русї бо пасванди "ов", "ова", "ович" ва "овна" доранд, ангшутшу-мор монданд.

Рустам Менгалиев, вазири адлия, Шамсиддин Орунбе-ков, вазири фарњанг, Асадул-ло Рањмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радио, Суман-гул Таѓоева, вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї, Сирољиддин Аслов, вазири корњои хориљї аз њифзкунан-дагони ному насаби русї мањ-суб мешаванд.

Холиќзода Раиси Кумитаи дин шуд

Хабарногори љамъиятии «Тољикистон» ва муњар-рири газетаи ноњиявии «Ганљи ороста» Раънои Зо-ирдухт хабар дод, ки рўзи 29 апрел, њангоме, ки ра-иси вилояти Суѓд Абдурањ-мон Ќодирї барои ќабули шањрвандон ба шањри Иста-равшан омад, хабарниго-ронро ба толори ќабул роњ надодаанд.

Тавре ки ў мегўяд, онњо ми-сли солњои пеш ќабл аз оѓози ќабули шањрвандон ба назди бинои Њукумати шањр љамъ шуданд, аммо масъули ќабул онњоро аввал ба толори хурд бурда гуфтааст, ки танњо дар охири ќабул шумо метавонед бо роњбари вилоят суњбат кунед ва аз натиљаи вохўрї огоњ ша-вед. Аммо баъдтар онњоро аз ин толор њам рондаанд. Тавре ки рўзноманигор изњор медорад, намояндаи аз вилоят омада ба онњо гуфтааст, ки тибќи про-токол онњо њамроњи худ теле-визион ва хабарнигори худро овардаанд ва ба љуз онњое, ки

дар рўйхат њастанд, дигар касе ба вохўрї роњ дода намешавад. ВАО-и мањаллиро бошад бояд намояндагони њукумати мањал-лї номнавис мекарданд. Њамин тавр, дар дохили толор чї шуду мардум чї арзу ниёз доштанд, аз назари хабарнигорон дур монд. Мо ба хотири равшанї андох-тан ба ин масъала ба њукумати шањри Истаравшан занг задем. Роњбари дастгоњи ин њукумат, ки худро бо номи Султонов му-аррифї намуд, гуфт, ки онњо рўйхати журналистони мањал-лиро ба вилоят пешнињод наму-да буданд, аммо бо кадом сабаб онњо ба рўйхат дохил нагардида-анд, ба вай маълум нест.

Мувофиќи гуфти ў, аз 156 нафаре, ки онњо бояд дар ваќти вохўрии раиси вилоят њузур медоштанду рўйхаташон ба вилоят пешнињод гардида буд, танњо 48 нафарашон дар протокол љой ёфтаанд. То њол маълум нест, ки ба протокол њамроњ накардани рўзномани-горон супориши раиси вилоят буд ё масъулине, ки ба ин кор сафарбар шуда буданд.

Ќодирї, раиси вилояти Суѓд аз журналистон мегурезад?

Иди мењнат ва ё иди як-дилии зањматкашони дунё аз љумла дар Тољикистон 1 май таљлил мешавад.

1 май дар Тољикистон рў-зи истироњат эълон шудааст. Чун 1 май ба рўзи корї -панљ-шанбе рост меояд, ин рўз ти-

бќи ќонунгузории ЉТ «Дар бораи идњо» ба рўзи исти-роњатї гузаронида намешавад ва сокинони кишвар њамагї як рўз истироњат мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќи-ли Тољикистон иттилоъ до-данд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмањмадов дар назди маќомоти ан-дози вилоят вазифа гузо-шт, ки њар моњ наќшаи ља-мъоварии андозро то 120 дарсад ба иљро расонанд.

Сардори Раёсати хадамо-ти андози вилояти Хатлон Сирољиддин Гулмуродов дар ин робита изњор намуд, ки раиси вилоят љараёни иљрои наќшаи љамъоварии андозро љиддї зери назорат гирифта,

вазифа гузоштааст, ки санаи 22-юми њар моњ наќшаи ља-мъоварии андозњо на камтар аз 120 дарсад иљро карда ша-вад.

Ба гуфтаи ў, дар зарфи се моњи соли љорї иљрои наќ-шаи љамъоварии андозњо дар вилоят 108, 4 фоиз ё 130 млн. 487 њазор сомонї ба иљро рас-ида, ба буљет 141 млн. 499,5 њазор сомонї маблаѓ ворид шудааст, ки аз наќшаи пе-шбинишуда 11 млн. сомонї бештар аст.

1 май – истироњат!

Раис: Наќшаи андозро 120 фоиз иљро кунед!

Page 3: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014 ТОЉИКИСТОНОШКОРО 3

Рўз аз рўз ќурби доллар дар бозори асъори Тољики-стон майл ба болоравї до-рад. Коршиносон пешгўйї мекунанд, ки агар чунин њолат идома ёбад, нархи доллар то ба 600 сомонї мерасад ва шояд аз он њам болотар равад. Ин љасту хе-зи доллар ба асъори мил-лї ва иќтисодиёти кишвар чї таъсир хоњад расонд? Онњое, ки дар сари идора кардани пул нишастаанд, чї корњоро ба анљом мера-сонанд?

Тавре ки аз Бонки миллї ха-бар доданд, њафтаи равон дар нуќтањои мубодилаи асъори кишвар ќурби доллари ИМА каме баланд шуда, ба њисоби миёна 5,0330-5,0520 сомониро ташкил дод.

Дар ин давра ќурбњои миё-наи амалиёт бо рубли русї ва евро низ андаке баланд шуда, ба 0,1396-0,1406 сомонї барои як рубли русї ва 6,8690-6,8920 сомонї барои як евро баробар шуданд.

Ќурби миёнаи доллари ИМА дар нуќтањои мубодилаи асъо-ри шањрњои Душанбе 5,0430-5,0640 сомонї, Хуљанд 5,0600-5,0700 сомонї ва Ќурѓонтеппа 5,0400-5,0500 сомониро таш-кил намудааст. Аммо бо ин нархи муќаррарнамудаи Бонки миллї аз дўконњои саррофии Душанбе доллар харидан ѓай-риимкон аст.

Бояд гуфт, ки моње ќабл ќурби як доллар нисбат ба со-монї 4 сомониву 93-94 дирам (фурўш) ва 4 сомониву 95-97 дирам (харид) буд. Аммо он замон низ бо ин нарх доллар-ро аз дўконњои саррофии пой-тахт харида намешуд. Нобова-ста ба ин, соњибони дуконњои саррофї ба хости худ нархи 1 долларро 5-5,1 сомонї муайян мекарданд. Њафтаи гузашта бо-шад, ѓайричашмдошт нархи як доллар нисбат ба сомонї 507-510 сомонї мерасид. Ваќте ки сабаби болоравии долларро аз соњибони дўконњои саррофї мепурсидем, онњо иброз медо-штанд, ки айни замон миќдори доллар кам буда, хоњишмандон

метавонанд, ки танњо бо нар-хи гарон онро пайдо кунанд. Як нафар аз соњибони нуќтаи саррофї дар бозори «Корвон» гуфт, ки миќдори зиёди доллар дошт. Як соњибкор омада, онро бо нархи гарон хариду рафт. Ба таъкиди ў, афзоиши талабот ба доллар кушода шудани роњи Чин пас аз боришоти пай дар пайи охири моњи зимистон будааст. Њоло соњибкорон аз бозор доллари зиёд харида, ба хотири ворид кардани мол ба Тољикистон озими кишварњои хориљї мешаванд.

Файзуллоњ Фатњуллоев, муовини раиси Њизби ис-лоњоти иќтисодии Тољики-стон:

-Гароншавии доллар нисбат ба сомонї далелњои зиёд дорад. Бинобар арзон шудани нархи алюминий, кам шудани истењ-соли он, поин рафтани нархи пахта дар бозори љањонї ва зиёд шудани гардиши савдои хо-риљї воридоти асъори хориљї ба кишвар кам шуда истодааст. Аз љониби дигар, Тољикистон иќтидори калони содиротї ва мањсулоти раќобатпазир дар бозори љањонї надорад. Њам-чунин, вазъи сиёсиву иќтисо-дии Русияву Украина ба бозори асъори хориљї бетаъсир буда наметавонад. Зеро иќтисодиёти Тољикистон вобастаи Русия аст. Аз он љо муњољирони мо

тавассути бонкњо маблаѓи ка-лон интиќол медињанд. Бояд гуфт, ки ба болоравии ќурби асъори хориљї поён рафтани курби рубл боз њам таъсир ме-расонад. Албатта, воридоту со-дироти мањсулотро дар кишвар ба танзим даровардан лозим аст. Агар њар чї ќадар истењ-сол ва мањсулоти содиротии раќобатпазирро зиёд кунем, њамон ќадар воридоти асъори хориљї ба кишвар зиёд меша-вад. Вале мутаассифона, мањ-сулоти раќобатпазири мо дар миќёси кишварњои хориљї кам аст. Асъори воридотї аз њисоби маблаѓи муњољирони ба Тољи-кистон бозпас барои харида-ни мањсулоти беруна меравад, ки ба иќтисодиёти мо фоидае намемонад. Бинобар ин, инро низ ба танзим дароварда, бах-ши воќеии истењсолот, яъне ташкил намудани корхонањои истењсолї, ки махсулоти нињои истењсол менамоянд, бењтар намоем. Имрўз нархи мањсуло-ти ѓизої низ дар бозори љањонї майл ба болоравї дорад. Тав-ре маълум, мардуми мо ѓизои зиёд истеъмол мекунанд, ки он низ аз хориља меояд. Ин њам ба иќтисодиёти мо бетаъсир буда наметавонад.

Аз ин рў, мањсулоти воридо-тиро кам карда, истењсоли он-ро дар Тољикистон бояд афзун намоем. Асъори хориљие, ки ба Тољикистон ворид мешавад, танњо ба хотири воридоти тех-

ногияи нав аз хориљи кишвар истифода намоем. Бояд гуфт, ки рубли русї дар бозори асъ-ори Тољикистон тамоюли пас-травї дорад. Албатта, ин по-инравии рубли русї дар бозори асъори мо бетаъсир буда наме-тавонад. Чунки, пули русї дар ќиболи дигар асъори хориљї дар иќтисодиёти Тољикистон наќши асосї дорад. Рубли Ру-сия баробари дар иќтисодиёти гардиши озод доштан, инчунин бисёр корхонањои муштарак ва объектњое њастанд, ки сохтмони онњо аз љониби Русия анљом ёфта истодааст. Албатта, паст-шавии рубл дар навбати аввал ба мањсулоти истеъмолї ва ма-води сўхте, ки аз Русия ворид мешавад, метавонад таъсир расонад. Ба ин хотир, бояд ни-зоми бонкдорї фаъолтар бошад ва фарќияти болоравиро дар љумњурї назорат кунад.

Ба назари коршиносон њо-дисаи охир собит намуд, ки пули миллии мо, чун пули мил-лии дигар давлатњо аз нигоњи бехатарї чандон таъмин нест. Кам будани мањсулоти ватанї ва афзоиши воридоти моли хо-риљї дар бозори кишвар бои-си боло рафтани ќадри доллар гаштааст, ки ин тамоюл идома хоњад ёфт. Аммо суоли матрањ ин аст, ки таќдири пули миллии тољикї чї мешавад?

Усмон РАЊИМЗОДА,«Тољикистон»

Тавре ки ду њафта боз расонањои олам хабар ме-дињанд, вируси нави одам-куш бо номи MERS — CoV дар нимљазираи Араб зуњур кардааст, ки дар бораи та-биати он њанўз табибон чи-зе намедонад.

Аввалин гирифтори ин бе-мории марговарро дар Миср пайдо карданд, ки аз Араби-стони Саудї ба ин љо омада буд. Нишонаи аввалини виру-си MERS , мисли гирифторо-ни зукком сулфа ва њарорати баланд мебошад, ки бо ягон восита пеши роњи ин њарора-тбаландшавиро то дами марг гирифтан имкон надорад. Пас аз ду-се рўз бемор мефавтад. Пайдо шудани ин вируси навро олимони вирусолог аз уштур медонанд, ки дар Ара-бистони Саудї хеле зиёд аст. Дар шањрњои калони ин ки-швар, аз љумла Мака,Љидда ва пойтахти Арабистон-Ар-Риёз аллакай чандин гирифторони ин бемориро пайдо кардаанд ва 90 нафар ба њалокат рас-идаанд. Њоло шумораи ги-рифторони ин беморї алла-кай ба 400 нафар расидааст. Олимони амрико, Британияи Кабир ва Фаронса, ки бо даъ-вати Арабистони Саудї ба ин љо омадаанд, баъд аз омўзи-

ши беморї китф дарњам ме-кашанд ва то њол ба муќобили он ягон ваксинае пайдо нашу-дааст. Дигаршавии ин вирус мављуд аст, ки ин њолат мубо-ризаро боз њам душвортар ме-гардонад. Тавре ки хабар до-да мешавад, бемории зукоми шарќї (њоло ин номи шартии ин беморї аст) аллакай ба Ма-лайзия ва Индонезия ба во-ситаи њољиён рафтааст. Халид Парвиз, Котиби генералии созмони Association of British Hujjaj (Ассоциацияи њољиё-ни Британияи кабир) изњор намудааст,ки бењтар мебуд, агар шахсоне, ки иммуните-ташон камтар аст, имсол аз сафари њаљ даст кашанд.Њам-чунин, мављудияти бемории мазкурро дар њамсоякишвари Арабистони Саудї-Аморати Муттањидаи Араб низ тасдиќ кардаанд.

Шањрвандони Тољикистон низ ба шањрњои АМА, аз љумла Дубай зуд-зуд сафар мекунанд ва дар он љо зиндагї низ до-

ранд. Њамасола 6 њазор зоири-ни тољик ба Арабистони Сау-дї мераванд ва пайдо шудани чунин як бемории хатарнок дар ин кишварњо тољиконро низ ба ташвиш гузоштааст.

Иззатулло Азизов, сарму-тахассиси шуъбаи равобити байналмилалии Кумитаи дини назди Њукумати ЉТ

Њамасола дар арафаи маро-сими њаљ аз Вазорати Њаљљи Арабистони Саудї ба унвони мо мактуб мерасад, ки дар он талаб карда мешавад, ки ќабл аз сафар ба ин кишвар њамаи зоирин бояд ба муќо-били чандин беморињои гуза-ранда эм (ваксинатсия) карда шаванд. Чунин амал ќабл аз њаљљи умра њам пиёда карда мешавад. Бе доштани чунин санад Арабистон ба њудуди худ ягон нафарро иљозати вуруд намедињад. Аммо дар мавриди мављудияти бемории навбаро-мад ва пайдо шудани вируси њалокатбор дар ин кишвар мо

њанўз аз он љо ягон мактуби расмие нагирифтаем ва то имрўз аз мављудияти гириф-торони чунин беморї дар ки-швар низ иттилоъ надорем. Њочиёне, ки дар ин ваќтњои охир ба Арабистон, ба њаљљи умра рафта буданд, њамагї сињату саломатанд. Алњол тайёрї ба маросими Њаљљи фарзї мисли солњои ќаблї идома дорад ва бо расидани иттилои иловагї мо расонањо-ро аз он огоњ хоњем кард.

Сулаймони Садриддин, со-кини шањри Душанбе

Ростї, ман дар бораи пайдо шудани чунин як бе-мории навбаромад дар Ара-бистони Саудї ва хусусан шањри муќаддаси Макка, ки саљдагоњи њамаи мусулмонњои дунёст, аз расонањои русї огоњ шудаму мехостам дар ин бо-ра маълумоте бештаре дошта бошам. Ба љо овардани яке аз рукнњои асосии Ислом-таво-фи Каъба орзуи чандинсолаи

ман буд ва имсол пас аз рас-идани навбатам умедворам, ки ба ин маќсадам мерасам. Аммо хабари тањлукаовари пайдо шудани дарди бедавое дар Арабистони Саудї маро андаке мушавваш кардааст. Албатта, орзуи њар мусулмон аст, ки дар роњи Њаљ ба Њаќ пайвандад, вале на бо роњи си-роят ёфтан ба ягон маризии бедаво, ки аз ў боз чанд тани дигар сироят ёбанд. Бинобар ин, мехостам дар ин маврид Кумитаи дини назди Њукума-ти Тољикистон иттилои беш-таре дињад, то ки мо зоирон аз асли воќеа огоњ гардем.

P.S .Ваќте ки хабари мазкур омодаи чоп мегардид, агенти иттилооти Associated Press хабар дод, ки дар як ша-бонарўзи охир боз 16 нафар гирифтори бемории корона-вируси MERS-CoV гардида-анд. Шумораи умумии фавти-дагон ба 104 нафар расидааст.

Њуљум ба МаккаЊаљљи имсолаи мусулмонони Тољикистон зери хатар аст

Доллар боло меравадсомониро чї интизор аст?

Page 4: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014ТОЉИКИСТОН НАВГОНЇ4

Пурсишномаи њафтаномаи «Тољикистон» ва сомонаи «pressa.tj»

Вакилони парлумони Тољикистон дар Ассаблеяи байнипарлумонї масъалаи ба Тољикистон додани андози иљтимоии муњољирони

мењнатиро аз Русия талаб карданд. Оё Русия ба ин розї мешавад?

ЭЗОЊ: Хонандагони азиз, назари худро оид ба пурсишномаи

пешнињодшуда тавассути сомонаи www.pressa.tj баён намоед.

a)б)в)

№ 18Баъд аз Паёми навбатии Президенти Тољикистон ба Маљлиси Олї роњбарони сохторњои давлатї самт ва сифати кори

худро дигар мекунанд?

№ 17

Фар

моиш

ї бу

д 70

%

Мањбус ќасос

гирифт30%

Намедонам10%

Порахўрї кам

мешавад

82%

Не намекунад, зеро

аллакай њиллаи

камерањоро

ёфтанд

12%

Бале, Русия барои интиќол додани андози иљтимоии муњољирон розї мешавадНе, ин ба иќтисодиёти Русия зарар меорадНамедонам

Бале

, дар

он

љо

акса

рият

ро р

усза

бонњ

о т

ашки

л ме

кард

анд

69%Намедонам

10%

Ин таљ

овуз

нисба

т

ба ки

швари

дига

р аст

21% Нам

едон

ам5%

Миё

нара

вњо б

а хот

ири

манфиа

ти худ

нарх

ро

боло

бурд

анд

20%

Мас

ъули

ни бо

зорњ

о дар

фа

сли

тир

амоњ

ба ќ

адри

ко

фї к

арт

ошка

захи

ра

нака

рдан

д худ

75

%

Дар Файзобод хирсњо

одамхўрї мекунанд

Кормандони маќомоти милиса љасади се нафар-ро аз як оила, ки сокинони ноњияи Вањдат мебошанд, дар њудуди дењаи кўњи Ма-зори Файзобод пайдо кар-данд.

Тавре ки аз ШКД-и ноњи-яи Файзобод иттилоъ доданд, онњо бар асари њамлаи хирс ба њалокат расидаанд.

Фавтидањо Назаров Зай-дуллои соли таваллудаш 1958, нафаќахўр, маъюби гурўњи 2, њамсараш Шаропова Шаъми-гул Сайфуровнаи хонашин ва фарзанди ноболиѓашон На-заров Абдуманнони хурдсол, соли таваллуди 2009 мебо-шанд.Бино ба иттилои тафти-шоти пешакї, фавтидагон бо маќсади зиёрати мазори До-мулло Сурхиён ба пайрањаи кўњи Мазор рафта будаанд.

Ба Њусайнї дар Хоруѓ њуљум

кардандСайидумар Њусайнї, ва-

кили Маљлиси Намоянда-гон ва ноиби раиси Њизби нањзати исломии Тољики-стон, ки барои расонидани Паёми Президенти мам-лакат субњи 28 апрел ба Хоруѓ рафта буд, мавриди њамла ќарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ў, як гурўњи 15-нафарї дар дафтари ЊНИТ дар Хоруѓ ба ўву ро-нандааш дарафтода, гуфта-анд, барояшон ин њизби ис-ломї лозим несту бояд њарчї зудтар ин маконро тарк ку-нанд. “Ин 15 нафар мардони њамлагар буданд, ба љуз онњо 4 чањор зан низ буду берун аз бино одами зиёде ќарор до-штанд ”.

Ин вакили парлумон ме-гўяд, ки њарчанд онњо тала-би афроди њамлагарро ќонеъ карда, дафтари кории ЊНИТ-ро тарк кардаанд, вале њан-гоми савор шудан ба мошин ронандаи ўро мавриди латту кўби шадид ќарор дода, ба худи Њусайнї низ њамла на-мудаанд:

“Ронандаи маро чунон латту кўб карданд, ки дигар ќудрати пушти чанбарак ни-шастанро надошт ва ман ба љойи ў нишастам, ки ба ман низ дарафтоданду ќариб мон-да буд, ањволи маро аз ў бад кунанд.”

Сайидумар Њусайнї ме-гўяд, њадаф аз сафари онњо танњо расонидани муњтавои паёми солонаи Эмомалї Рањ-мон ба мардуми Хоруѓ буд, на чизе бештар аз он.

-Чун анъана, аксари соњибко-рони кишвари мо роњи осонтарини сармояљамъкунї - хариду фурўш, яъне тиљоратро интихоб карда-анд, вале шумо мехоњед бештар ба истењсолот машѓул шавед. Сабаб?

-Аслан тиљорат хариду фурў-ши мањсулот аст. Ќонунњои иќтисодиёт чунинанд, ки танњо мањсулоти истењсолшуда тиљо-рат мешавад. Имрўз дар кишвар мо бештар истеъмолкунандаи он мањсулотем, ки дар хориљ истењ-сол шудааст. Ман барои он ки тавозунро дар ин љода таѓйир дињам, ба истењсоли мањсулот машѓул шуданї њастам. Яъне он молеро, ки худамон аз уњдаи иљрои истењсоли он баромада метавонем, истењсол намоям.

-Яъне аз истењсоли помидору бодиринги ватанї сар карданиед?

-Бале, шумо мебинед, ки дар бозорњои мо аксар ваќт поми-дору бодиринги хориљиро ба фурўш мебароранд, ки сифатан паст буда, аз ин бењтарашро ху-дамон метавонем тамоми фасли сол истењсол кунем.

-Лекин сохтани гармхонањои замонавї ќимат мегўянд…

-Бале, ќимат аст. Аммо ин таљњизот барои як солу ду сол нест. Масалан, ман ваќте ки дар Чин кори чунин таљњизот ва натиљаи онро дидам, новобаста ба он ки як гектар гармхона ба маблаѓи 1 миллион доллари ам-рикої насб карда мешавад, розї шудам, ки онро харидорї намо-ям ва аввалин гектари он њоло васл шуда, кор карда истодааст.

-Ин гармхона аз гармхонањое, ки як замон дар Вањдат буданду Душанберо дар фасли зимистон бо сабзавот таъмин менаму-данд, чї бартарї дорад, ки шумо «ошиќи» он шудед?

-Фарќи ин гармхона дар ќиёс бо гармхонањои ќаблї аз замин то осмон аст. Дар гармхонаи на-ве, ки мо васл кардем, њама кор автоматї кунонида шудааст ва аз њарорати доимї сар карда, то на-мнокї ба таври худкора танзим карда мешавад. Масалан, агар дар кўча њаво 10-15 дараља сард бошад, дар гармхона 17 дараља аст ва агар дар кўча 40-45 дараља бошад њам, гармхона њамон ња-рорати лозимиро нигоњ медорад. Ѓайр аз ин, дар гармхонаи мо дар як сол то се давр њосил гирифтан мумкин аст. Ќудрати истењсо-лиаш бошад, аз 1 гектар то 140

тонна мањсулот аст.-Имрўз дар тамоми љањон оид

ба њолати ѓайритабиии мањсулоти ѓизої бештар менависанду ме-гўянд. Масалан себу нокњои зебо ва помидору бодиринги хушранги бозорњои мо на њамеша ба талабо-ти меъёрњои бехатарии экологї љавобгў будаанд. Мутахассисон мегўянд, ки як себи хубонии ба назар на он ќадар дилкаши мањал-лї аз лињози экологию санитарї аз дањњо чунин себи бо химикатњо рўёнидашудаи чинию покистонї бартарї дорад. Мањсулоти шумо оё ба талаботњои стандартї ља-вобгў хоњад буд?

-Он помидору бодиринге, ки њоло мо бори аввал дар гармхо-наи аввалинамон кишт кардем, на танњо ба стандарт љавобгў, балки аз лињози экологї шояд дар минтаќа бењтарин хоњанд буд. Зеро барои мо сифат дар љойи аввал меистад ва агар хари-дор як ду бор дар мањсулотамон камбудї пайдо кунад, њаргиз он-ро дубора намехарад. Агар шумо хоњед, ки истењсолотатон солњо идома ёбад, бояд аввал ба сифа-ти он диќќат дињед ва барои фо-идаи чандлањзаина шуда фоидаи чандинсоларо аз ёд набароред, ки ин марги истењсолот аст.

-Тавре, ки њамагон аз тариќи телевизион тамошо карданд, дар кори пешбурди истењсолот Пре-зиденти кишвар ба Шумо дуои нек доданд…

-Ин яке аз рўзњои бењтарин дар њаёти ман буд. Зеро худи Ља-ноби Олї дасти маро фишурда, барои фаъолиятам дар оянда дуои хайр доданд. Бо супориши он кас ният дорам, ки дар пайи гармхонањои азбайнрафтаи за-

мони Шўравї боз шаш гектар гармхонаи замонавї созам, ки дар он 360 нафар њамдиёрона-мон соњиби љойи кори доимї хоњанд шуд. Њукумати шањри Вањдат ва роњбари имрўзаи он низ ба фаъолияти ман хайрхоњ буда, њоло иљозати сохтмони ду бинои баландошёнаро дар маркази ноњия иљозат доданд, ки ин шабу рўз оѓоз мегардад. Боз онњо барои амалї гардидани наќшањои дигари ман дар мав-риди бо љойи кор таъмин наму-дани сокинон ва рушди саноату кишоварзии ноњия кўмаки бе-андоза мерасонанд, ки аз онњо миннатдорам.

-Чун калимаи «хайр»-ро ба забон овардед, пурсиданиам, ки оё воќеан њам тавре ки мегўянд, соњиби бозори калонтарини ноњия, бозори «Хайр» ва њамчунин сарпарасти тими футболи «Хайр» њастед?

-Бале, аввал мухлиси ашаддї

ва баъд сарпарасти он њастам ва гумон мекунам, ки тими мо дар солњои наздик дар чемпионати кишвар љойи аввалро хоњад ги-рифт. Барои ин мо ба командаи худ то њол панљ легионерро низ даъват намудаем ва аз бачањои худї дастаи махсуси футбол њам-чун бозингарони ояндаи «Хайр» таъсис додаем.

-Яъне, шиори Шумо легионер аз хориљаю мањсулот аз дохили кишвар?

-(Механдад) Не, агар илољаш бошад, тими футболамонро њам танњо аз бачањои њунарманди ху-дї мегирем, вале њатман мањсу-лотамонро баъд аз пурра таъмин намудани пойтахт бо сабзавоти тару тоза то ба Остонаю Маскав мебарем.

-Пас, ба ин кори хайр ба Шумо ва «Хайр»-и Шумо муваффаќият мехоњем…

Мусоњиб: А.АЊМАДЗОДА

Ќутбиддин дасти «хайр» дорад…

Соњибкоре, ки Душанберо таъмин карда, рў ба Остонаю Маскав оварданист

Намедонам35%

Не,

кори

онњо

мис

ли п

ешин

а як

ранг

бо

ќї м

емон

анд

36%

Бале, онњо бедор

мешаванд ва рў

ба мардум меоранд

30%

Ќутбиддин Хайров, соњибкор

МаълумотномаХайров Ќутбиддин Зайниддинович соли 1972 дар дењаи Чўян-

гарони шањри Вањдат дар оилаи муаллим таваллуд ёфтааст.Соњиби ду маълумоти олї -иќтисодї ва њуќуќї аст. Сарпарасти тими футболи «Хайр» мебошад.

Page 5: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014 ТОЉИКИСТОНМАВЗЎИ РЎЗ 5

Кишварњои равияи демо-кратї доштаи љањон 23 сол мешавад, ки рўзи 3 майро њамчун рўзи сухани озод ва матбуоти озод љашн меги-ранд.

Соли 1991 дар ин рўз намо-яндагони матбуоти озодандеши мамлакатњои ќитъаи Африка дар пойтахти давлати Намибия, шањри Виндхук, љамъ омада, оид ба сухани озод ва матбуоти озод декларатсия ба имзо рас-онданд, ки он дар сањифањои таърих бо номи «Декларатсияи Виндхук» наќши худро дорад. Мутобиќи ин санад, матбуоти озоду гуногунандеш ва мустаќил ќисматњои таркибии дилхоњ љамъияти демократї њисобида мешавад.

Бо назардошти ин ташаббус соли 1993 ЮНЕСКО 3 майро њамчун рўзи байналмилалии матбуоти озод эълон намуд.

Сухани озод ќаблан њам ор-зуи чандинасраи шахсиятњои гуногунандешу адолатхоњ буд ва дар ин бобат таърих бисёр лањзањои хотирмонро ёдовар мешавад.Дар шароити имрўза бошад ин озодї њам дар шакли шифоњї ва њам дар шакли хат-тї тариќи матбуот ва воситањои дигари ахбори омма зуњур меё-бад. Ба њар њол дар кадом ша-кле, ки набошад, сухани озод сўзанда ва аз доираи ќонунњои амалкунандаи ин ё он мамлакат, њамчунин аз доираи ваколатњои ба душ доштаи шахсони ба он масъул, бояд берун набошад. Зе-ро ин амалкард ба муноќишањо боис шуда, њатто бањсњои судиро ба вуљуд меоваранд ва асоси аз байн рафтани баъзе нашрияњои мустаќил мегарданд.

Ба ќарибї аз тариќи сомонаи интернетї хабаре пањн шуд, ки мисол овардани он шарњи мухтасарест рољеъ ба ин гуф-тањо. Дар ин хабар омадааст,ки «Маљаллаи «Жулдыздар отбасы – Аныз адам» дар Ќазоќистон шумораи нави худро ба 125-со-лагии Адолф Њитлер бахшида, кўшидааст «фашизм»-ро њаќ барорад.

Яке аз маќолањои он «Њит-лер-фашист нест» ном дошта, журналист андешањои бего-нањаросиро ошкоро таблиѓ ме-кунад.Хамчунин дар маќолаи дигари маљалла аз китоби Њит-лер «Майн кампф» сухан рафта, андешањои фашистии сарвари Рейхи сеюм љонибдорї карда шудааст.

Дар чои дигар сиёсати имрў-заи Владимир Путин, президен-ти Русияро бадтар аз Њитлер до-нистаанд.

Маљаллаи «Аныз адам» (Ин-сони афсонавї) барои ин амал-кардаш дар наќзи ќонунгузории Ќазоќистон муттањам мешавад.

Чун дар ин маќола сухан аз боби озодии сухан меравад,

мехоњам хотирањои худро аз боби арзи вуљуд кардану њада-фњои доштаи баъзе нашрияњои мустаќил дар собиќ вилоятњои Кўлобу Ќўрѓонтеппа ва вилояти њозираи Хатлон ёдовар шавам.

«Суруш» - аввалин нашрияи мустаќил Пас аз пош хўрдани давлати

шўравї аввалин њафтаномаи мустаќил ва озодандеш дар ќисмати љанубии кишарамон, дар шањри Ќурѓонтеппа, бо но-ми «Суруш» аз чоп баромад.

Вазифаи низомномавии њаф-танома воќиф сохтани хонан-дагон аз рўйдодњои иќтисодию сиёсї, иљтимоию фарњангии вилоят, љумњурї ва Иттињоди Шўравии собиќ ва берун аз он, инъикоси њаёти љавонони вило-ят дар марњилаи аввали раванди ошкорбаёнї мањсуб меёфт.

Нахустшумораи «Сурўш» 5 майи соли 1991 дар Рўзи мат-буотчиён нашр гардид.

Њафтанома њамагї 4 шумо-ра ба нашр расид ва маводеро ба табъ расонид, ки бештар ба њаёти љавонон, мушкилоти онњо дар марњилаи сурат гирифтани муносибатњои нави иќтисоди бозаргонї дар љомеа бањс ме-кард.

Дар бозори навташаккули матбуоти озоди давр дар як муд-дати кўтоњ њафтаномаи «Суруш» хонандагону њаводорони худро пайдо намуд. Аммо нашри њаф-танома бо сабабњои маълуми солњои 90-уми асри гузашта ва мушкилоти молиявї ќатъ гар-донда шуд.

«Љоми љам» «њубоб»-и рўи об

Вазъи номусоиди сиёсии Љумњурии Тољикистон, ки ак-нун истиќлолияти давлатї ба даст оварда буд, солњои 1991-92 дар вилояти онваќтаи Кўлоб низ љунбишњои сиёсиро ба вуљуд овард. Гурўњи демократияхоњон њар куљо сар бардошта, гирдиња-моињо ва дар назди бинои њуку-мати вилоят гуруснанишинињо доир месохтанд. Дар вилоят ва-зъи сиёсї ва иќтисодї торафт

муташанниљ мегардид. Созмо-ни рўшанфикрон бо номи «Ош-коро» фаъолияташро рўз аз рўз љоннок мекард. Гурўњи дигари демократияхоњону мансабта-лошон мардумро зидди сиёсати њукумати онваќтаи љумњурї ва сарнагун сохтани сохти тота-литорї ба љунбиш меоварданд. Ана дар њамин рўзњои мудњиш нашрияи оппозитсионие бо номи «Љоми љам» дар марка-зи вилоят – шањри Кўлоб арзи вуљуд кард.

«Љоми љам» сохти комму-нистиро чашми дидан надошт. Хабару маќолањояш хонанда-ро ба мубориза њидоят мекард. «Љоми љам» аз љониби мардуми ба азият дучор омада, дастгирї наёфт. Мухбирони он дар байни омма мањбубият наёфтанд. Баъ-ди дар Иљлосияи XVI Шўрои Олии Тољикистон дар шањри Хуљанд барќарор шудани њуку-мати конститутсионї нашрия худ аз худ аз байн рафт. Њамин тавр, нашрия дар давоми ду со-ли фаъолияташ (солњои 1991-92) аз худ «наќш»-и њубоби рўи обро гузошт.

Сухани озод зи «Бомдод» омад

Моњи сентябри соли 2004 бо пуштибонии молиявии Созмо-ни амнияту њамкорї дар Авру-по (САЊА) дар Тољикистон дар вилояти Хатлон њафтаномаи љамъиятї бо номи «Бомдод» ба майдон омад. Бисёрињо ба сарсухани он «Мо барои васл кардан омадем!» шубња карда, ба худ савол медоданд, ки онњо чиро васл мекарда бошанд?

Муассиси њафтанома То-либшоњ Саидов дар сухани та-брикотиаш бо номи «Бомдод муборак!» маќсади њафтано-маро шарњ дода, навишта буд, ки «Бомдод» ин орзуи њар рўзи нав, оѓози дунёи нав, фарљоми сиёњиву торикї ва тулуи нуру рўшноист.

Мехоњем, ки њафтаномаи «Бомдод» њар њафта зиндагии тираву сангини мардумро ну-ру сафо ва осонї бахшад, ба рўзгори печидаи њар яке ворид гардида, пайки ободї бошад,

умеди фардои некро ба дилњои сарду ноумедгашта љой дињад, барои мардум аз пањнои бека-рону пурњаводиси дунё хабаре, муждае расонад.

Мехоњам «Бомдод» оѓози бе-дорињо, ибтидои худшиносињо ва роњнамое бошад,ки мардум аз мушкилоту дардњои зиндагї ворањанд, ин «Бомдод» оѓози та-лошу муборизањои дастљамъї барои ободї, озодї ва сарсаб-зии кишвари азизамон бошад.» («Бомдод» №1 (01) 13 сентябри соли 2004).

Њафтанома рўзњои аввали таъсисёбї зери шубњаи маќомо-ти болої ќарор дошт. Онњо дар симои њафтанома чун нашри-яњои озоду мустаќили љумњурї танќидњои ошкору нешдорро интизор шуда, шубња мекар-данд, ки маводи интишор ме-кардаи он ташвишњои зиёдеро хоњад овард ва онро чун нашри-яи иѓвоангез мењисобиданд. Аз ин рў, чопи он ба мушкилињои зиёде дучор меомад.

Њафтанома 10 сентябри соли 2005 бахшида ба љашни яксо-лагии худ шумораи махсус ин-тишор карда, дар сармаќолааш зери сарлавњаи «Сухани озод зи «Бомдод» омад», мушкилот ва дастовардњои хешро чунин шарњ дод: «Тавлиди њафтано-маи «Бомдод» дар Хатлон њам-чун њафтаномаи мустаќил дар замоне ба вуќуъ пайваст,ки њафтаномањои мустаќил- «Рўзи нав» ва «Нерўи сухан»-ро баста буданд. Баъди интишори шумо-рањои нахустини њафтаномањои номбурда нашрияњои «Адолат» баста шуд ва «Одаму олам» низ аз чоп монд.

Дар ин рўзњо ба чоп расони-дани њафтаномаи мустаќил дар Хатлон кори басо мушкил буд, зеро мардуми љанги шањрванди-ро паси сар карда, «моргазидае-ро мемонд, ки аз банди ало ме-тарсад». Ќисме аз коршиносони мањаллї ба он бовар буданд, ки њафтаномаи «Бомдод» баъди се моњ, яъне моњи декабр, баста мешавад.

Њокимияти иљроияи вило-яти Хатлон, мегуфтанд «си-торашиносон» ,ќабл аз инти-хоботи Парлумони кишвар ин тифли озодандешро дар гањвора буѓї мекунад. Раљаби Мирзо сардабири њафтаномаи «Рўзи нав»-ро дар љумњурї бо оњан дар сараш зада бо-шанд, пас дар Хатлон Давлати Шоњэътибор(сармуњаррири њафтаномаи «Бомдод») -ро аз пешонааш мепаронанд.»

Хизматњои њафтанома мах-сусан дар маъракаи муњими сиёсии кишвар интихоботи Парлумони мамлакат басо на-заррас буд. Аз рўзи аввали чоп њафтанома суњбатњо бо сарваро-ни њизбњои сиёсї, барномањои њизбии онњоро дар сањифањои хеш љой медод.

Аз моњи феврали соли 2005 сар карда, њафтанома дар маъра-каи таблиѓотї дар ќатори ном-задњо аз ЊНИТ, ЊКТ, ЊСТ, худ-пешбарї ва таблиѓи номзадњо аз ЊХДТ-ро низ баробар донист. Муносибати њасана бо ЊХДТ ва њокимияти иљроияи вилояти Хатлон фикру андешаи корши-носони ноозмударо ботил баро-вард. Роњи сухани озод дар Хат-лон њамвор гардид. Алалхусус баъди амри Президенти кишвар Э.Рањмон «Дар бораи доир на-мудани нишастњои матбуотї», њар як ќаламкаши њафтанома-ро ќисме аз роњбарони идораю ташкилотњо ва раисони њокими-яти иљроия, мешинохтагї шу-данд.» («Бомдод», 10 сентябри соли 2005).

Њамин тавр, њафтаномаи «Бомдод» дар вилояти Хатлон ба ягона нашрияи хонданбоб табдил ёфт ва дардошнои мар-дум гардид.

Муњимаш он буд , ки њафта-нома бо дарназардошти камби-зоатии мардум ва пуштибонии молиявии САЊА бо теъдоди аз 800 то 1500 нусха ба мардуми вилоят ба таври ройгон пањн мешуд.

«Пайк»-и Ањмади Иброњим

Солњои баъдї дар њудуди ви-лоят боз як ќатор нашрияњои мустаќил арзи њастї намуда, бо фаъолияти пурсамари худ фазои иттилоотии вилоятро пурра гардонданд. Яке аз чу-нин нашрияњои мустаќили бонуфуз њафтаномаи « Пайк» аст,ки таъсисдињандаи он рўз-номанигори шинохта Ањмади Иброњим мебошад. Нахустин шумораи њафтанома моњи июли соли гузашта, баъди дар Вазо-рати фарњанги љумњурї расман аз ќайд гузаштан, аз чоп баро-мад. Вазорат дар навбати аввал нашрияро ба муддати 5 моњ ба ќайд гирифта, баъдан мебоист муњлати онро тамдид мекард.Аммо бо гузашти ваќт муњлати он дубора тамдид карда нашуд.Аз ин лињоз масъулони дод-ситонї фаъолияти нашрияро ќатъ карданд. Ба гуфтаи муас-сиси нашрия Ањмади Иброњим « навиштани маводи танќидї дар бораи камбудињои мансабдо-рони болої,ки барои он борњо њушдор гирифта буд, низ сабаб шудааст».

Њамин тавр дар ќисмати љанубии Тољикистон нашри-яњои мустаќиле,ки фаъолияти худро ба талаботи ќонунгузорї мувофиќ карда тавонистанд,то андозае хизмати мардумро ба љо оварданд ва ононе,ки наќши худро пайдо накарданд, мисли «њубоб» - и рўи об монданд.

Шералї ЯЊЁЕВ,«Тољикистон»

Сухани озод агар сўзанда ва хилофи ќонун бошад, љавобгарї њам дорад

Page 6: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014ТОЉИКИСТОН6 НИГОЊИ ДИГАР

Масъули сањифа Барнои Нозирдухт. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

МАЪЛУМОТНОМАИМАЪЛУМОТНОМАИ

Хосе Даниэл Ортега

СааведраХосе Даниэл Ортега Саа-

ведра сиёсатмадор, яке аз роњбарони инќилоби Сан-динистк дар соли 1979, ки низоми А. Сомосро сарнагун кард ва президенти Никара-гуа дар солњои 1985 – 1990 ва аз ноябри соли 2006 то замони имрўз мебошад.

Даниэл Ортега 11 ноябри со-ли 1945 дар шањри Ла-Либер-тади Никарагуа дар оилаи зиёї ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар факултаи њуќуќи донишгоњи Манагуа тањсилро идома додаст. Ў дар сини 15 солагї аз соли 1960 ба фаъолияти инќилобчигї оѓоз кард, ки борњо зиндонї шуда-аст. Даниэл соли 1974 пас аз озодї ба Куба сафар кард, ки чанд моњ омодагии партизаниро гузашт. Соли 1976 ѓайриконунї ба Никарагуа баргашт ва зидди низоми Самоси баромад на-муд. Пас аз пирўзии инќилоби Сандиниск Ортега дар соли 1980 сохтмони сотсиализмро дар Ни-карагуа оѓоз намуд…

Даниэл Ортега моњи ноябри соли 1984 президенти Никара-гуа интихоб гардид ва расман 10 январи соли 1985 ба фаъоли-ят оѓоз кард. Соли 1987 Ортега бо мушкилоти зиёди иќтисодї гирифтор гардида, маљбур шуд ќариб њамаи барномањои иљти-моиро баргардонад. Дар соли 1989, пас ќатъи кўмаки молї аз љониби ИШ, њукумати санди-нисткї роњњои рањои аз љанги шањрвандиро љустуљў намуда, як ќатор таѓйиротњо гузаронид ва интихоботи парлумониву президентї баргузор шуд. Дар интихоботи соли 1990 њизби му-холифин бо роњбарии Виолето Чаморро пирўзи ба даст овард ва пас аз ду моњ љойгузини Ортега гардид. Ортега дар интихобо-ти солњои 1996-2001 ба маќоми президентї номзадиашро гузо-шт, вале пирўзи ба даст наовард. Баъдан дар интихоботи прези-дентии соли 2006 президенти Никарагуа интихоб гардид.

Аз соли 1978 Даниэл Ортега бо шоира Росария Мурило ои-ладор аст. Ў Вазири фарњанги Никарагуа низ будааст.

Ин навбат сархати рас-онањои хабарии љањон-ро воќеањои Славянск ба худ ихтисос дод. Матбу-оти љањон вобаста ба њо-дисањои Славянски Украи-на менависад, ки Русия ба Шарќи Украина низомиёни тамринёфтаро барои забт ва супоридани биноњои њу-куматї ба мардуми мањал-лї мефиристад. Љо Байден дар Киев иттињодро миё-ни Вашингтон ва ѓарбга-роён мустањкам мекунад. Акнун Русия ва ИМА ба-рои мустањкам намудани мавќеи худ, дар кишваре, ки ба ду ќисм таќсим шу-дааст, талоши зиёд до-ранд.

Шањре, ки дигар рўзномањояш чоп

намешавандРўзномаи «Die Welt»-и Ол-

мон менависад, инак, беш аз як њафта мешавад, ки Сла-вянски Украина тањти назо-рати неруњои русгаро ќарор дорад. Шахсони силоњбадаст, ки худро хамчун мутахасси-си низомї нишон медињанд вориди шањр шуда, биноњои шуъбаи полис, маъмурия-ти шањр ва Хадамоти бюрои бехатариро зери идораи худ дароварданд. Рўзномаи «Die Welt» менависад, њодисае, ки дар Славянск рух дод ба таври худ дар ќисми шарќии Украина бењамтост. Зеро агар дигар шањрњои Украина аз љониби сокинон муњосира ва зери назорат дароварда шуда бошад, дар маљмўъ вазъият тањти идораи њукуматдорони мањаллї ќарор дошта, кор-хонањои давлатї фаъолияти худро идома медињанд. Аммо дар Славянск идораи њукума-ти мањаллї ва дигар биноњои маъмурї тањти назорати на-фароне, ки биноњоро тасар-руф кардаанд, ќарор дорад. Дар Славянск танњо фаъо-лияти шабакањои телевизио-нии Русия ба роњ монда шуда, рўзноманигорони мустаќилро барои интишори маќолаву гу-зоришњояшон тањдид карда, њар гуна фишор меоранд. Њатто рўзномањои мањаллї аз чоп намебароянд. Вобаста ба вазъияти номуътадили сиёсї дар ин љо ќуюди шабгардї љорї карданд. ВКД-и Украи-на эътироф менамояд, ки ди-гар идораи Славянск тањти назорати онњо нест. Намоян-дагони ВКД ин минтаќаро ха-тарноктарин шањри Украина унвон карданд. Њанўз мири шањр Нела Штеп дар асорати људоихоњон ќарор дошта, ми-

ри мардумї аллакай Вячеслав Пономарев, ки иштирокчии љанги Афѓонистон буда, то њол ба касе маълум набуд, эълон шудааст. Пономарев худро нафаре эълон кард, ки шањр ва дигар нињодњо ўро итоат мекунанд. Аммо муайян кардани он ки кї ба кї итоат мекунад аз имконият берун аст.

Нисбати Путин њам тањримот мешавад?

Рўзномаи «Corriere della Sera»-и Италия менависад, ки вазъият дар Украина то рафт печидаву мураккаб боќї ме-монад. ИМА ва Русия то рафт кўшиш доранд, нуфузи худро дар ин љо, ки ба ду ќисм људо шудааст, мустањкам намоянд. Љонибњо якдигарро барои иљро накардани тавофуќно-маи Женева айбдор менамо-янд. Ноиби президенти ИМА Љо Байден вориди Киев шуда, мехоњад эътилофи миёни Ва-шингтон ва њукуматдорони нави ѓарбгарои Украинаро тасдиќ намояд. Рўзнома ме-нависад: «Путин бо њар роњу усул кўшиш дорад Русияро барои русзабонњои дар њуду-ди собиќ Иттињоди Шўравї истиќоматдошта љолиб созад. Аз љумла маълум гашт, ки дастрас кардани шањрвандии Русия якбора осон меша-вад». ИМА аз Маскав талаб дорад гурўњњои полисе, ки дар ќисми шарќии Украи-на мустаќаранд, халъи силоњ карда шаванд. Њатто тањдид карданд, ки дар акси њол ни-сбат ба худи Путин тањримњо љорї карда хоњад шуд. Аммо љониби Русия изњор медорад, ки њамаи ин айбномањо беасос буда, баръакс худи Киев дар якљоягї бо гурўњњои милатга-роён њар гуна иѓвоњои нав ме-ангезад. Маскав таќозо дорад, ки дар худи Киев бояд мил-

латгароён биноњои давлатиро озод ва монеањои дар роњои автомобилгард гузоштаашон-ро бартараф намоянд.

Дар Украина гурўњњои хурди

артиши Русия амал мекунад

Дар ин маврид, рўзномаи «The New York Times»-и Амри-ко менависад, Артиши Русия, ки пас аз пошхўрии Иттињо-ди Шўравї заиф гашта буд, акнун мехоњад бо истифода аз имкониятњои худ, аз љум-ла низомиёни махсуси та-мринёфта ва захирањои табии худ бо роњи љанги иттилоотї нуфузи худро пурзур намояд. Маъмурияти Обама аз Маскав талаб кард, ки неруњои худро аз њудуди Ќрим хориљ намояд, вале љониби Русия баръакс мавќеи худро дар инљо як-бора боло бурда, низомиёни худро дар минтакаи сарњадї бо Украина мустаќар кард. Ба гуфти намояндагони амрикої љониби Русия њатто гурўњњои хурди худро барои муњосираи биноњои давлатию маъмурї вориди шањрњои Украина кард. Рўзнома менависад, Кремл аз наќшаи амалиёти густурда ва муњосираи Ук-раина даст намекашад. Вале барои амалї гаштани ин наќ-ша вазифаи аввалиндараљаи неруњои њарбии Русия ин аст, ки дар назди сарњади Украи-на бояд артиши ин кишварро фишор оваранд. Дар баробари ин бояд нагузоранд, ки ИМА кўмаки низомии худро ба Ки-ев расонад.

Рўзнома иттилоъ медињад, ки гўё дар ин ќазияи сиёсї русњо маѓлуб гашта, Ќасри Сафед низ талабу дархостњои худро дар баробари Маскав таѓйир дод. Аз љумла дар гуфтушуниди Женева оид ба Ќрим сухан гуфта нашуд.

Алњол бошад, барои маъму-рияти Обама масъалаи асосї ин аст, ки Кремлро бовар ку-нонад то аз назорати биноњои маъмурї дар ќисми шарќии Украина даст кашад.

Русия ќарордоди Женеваро иљро

намекунад Рўзномаи «The Wall Street

Journal» менависад, ноиби президенти ИМА Љо Байден барои гуфтушунид вориди Украина шуд. Ин дар њолест, ки ИМА барои аз вобастагии энергетикї баровардани Ук-раина аз Русия чорањои нав меандешад. Њамзамон ќайд карда мешавад, ки бо вуљуди дар њафтаи гузашта тавофуќ-нома барои ба эътидол овар-дани вазъият ба тасвиб расид, вале вазъият њамоно мураккаб буда, муноќишањо то њол идо-ма доранд. Љониби ИМА аз љараёни ќарордоди дар Жене-ва ба имзо расида ќаноатманд нест. Яке аз намояндагони воломакоми ИМА, ки дар ин сафар Љо Байденро њамроњи мекард, изњор медорад, ки агар дар ояндаи наздик вазъи-ят таѓйир наёбад, пас Амрико Русияро маљбур хоњад кард, ки барои ин якравиаш љубро-ни калон пардохт кунад.

Обама дар масъалаи Украина

мелангад Рўзномаи «The Washington

Post»-и Амрико менависад, ки президенти ИМА, ки чанд «хати сурх»-и худро инкор ме-кунад, дар масъалаи Украина мелангад. Рўзњои истироњатї фаро расидаву сипарї гаш-танд, вале Русия њамоно ва-зъиятро муташаниљ мекунад. Путин бори дигар огоњ кар-данњои ѓарбро инкор карда, тањримњоро ќабул надорад. Дар баробари он, президенти ИМА низ тавофуќномањоро риоя намекунад. Љон Керри дар мурофиаи Конгресс изњор намуд, ки алњол масъалањои љорї кардани тањримњо дар баробари бонк, соњаи энер-гетика ва канданињои кўњии Русия баррасї мегардад. Баъ-ди изњороти Љон Керри Сер-гей Лавров, вазири корњои хориљии Русия зери наќшаи бартараф кардани муноќиша имзо гузошт.

Вале Ќасри Сафед аз ин шартнома дури мељўяд. Обама бояд дар нињояти кор нисбат ба Украина тасмими љиддї гирад, дар акси њол Украина чанд таќсим мегардад, ху-лоса мекунад рўзномаи The Washington Post.

Славянск– оѓози љанги сеюми љањон?

Page 7: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014 ТОЉИКИСТОН 7ИЌТИСОД

Масъули сањифа Усмон Ниёзов. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

Мусоњиба бо Исмоил Тал-баков, вакили Маљлиси на-мояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон

-Шумо чанде пеш дар љаласаи Ассамблеяи байнипарлумонї, ки дар шањри Санкт-Петербург шуда гузашт, иштирок кардед. Бигўед, ки аслан маќсади таъ-сиси чунин ассамблея чист ва оё он ягон масъаларо ба таври воќеї њал карда метавонад?

-Ассамблеяи байнипарлу-монї ин як маќоми дастаља-мъист, ки кишварњои собиќ Иттињоди Шўравї аъзои он мебошанд. Штаб –квартира-аш дар шањри Санкт-Петур-бург аст. Љаласаи он дар як сол ду маротиба гузаронида меша-вад. Дар баъзе мавридњо роњ-барони парлумони кишварњо ба навбат раисии ассамблеяро ба уњда мегиранд. Роњбарии навбатиро Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия бар уњда дошт. Сипас, идомаи кори љаласаро Валентина Мат-виенко, раиси Шўрои федера-тсияи Маљлиси федералии Ру-сия гузаронд. Аз рўйи таљриба бо ќарори ассамблея љаласањои парлумонї дар дигар кишварњо низ сурат мегиранд. Масалан, соли гузашта дар шањри Биш-кеки Ќирѓизистон доир шуда буд. Ин навбат аз љониби Ар-манистон дархост гардид, ки љаласаи навбатї дар шањри Еревани Арманистон сурат ги-рад. Бояд гўям, ки дар њайати ассамблея комиссияњои доимї оид ба масъалањои њуќуќ, мудо-фиа, иќтисодоёт, иљтимоиёт ва ѓайра мављуданд.

Аслан, маќсади таъсис ёф-тани ин созмони парлумонї бањамоњангсозии ќонунњое, ки дар кишварњои узви ИДМ ќа-бул мешаванд, ба њисоб мера-вад. Њамчунин, аз байн бурдани мухолифатњои сиёсї, бархўрдњо ва санадњои меъёрї-њуќуќие, ки миёни кишварњои узв ќабул ме-шаванд, мебошад.

-Тавре ки огоњ шудем, дар ља-ласаи навбатии вакилони тољик масъалаи ирсоли андози иљтимої аз љониби муњољиронро аз Русия ба фонди иљтимоии Тољикистон дархост намуданд. Мазмуни ин дархост чист?

- Яке аз он мавзуъњое, ки бештар дарди љомеаи Тољики-стон асту ба он диќќат зоњир карда шуд, муњољирати мењнатї мебошад. Ин масъала дар Ко-миссияи иќтисодї-иљтимоии

ассамблея маври-ди бањсу муњоки-ма ќарор гирифт. Муњољирати мењ-натї, ки ќисми таркибии сиёсати

Тољикистон ба њисоб меравад, барои дар оянда муќаррар на-мудани нафаќаи муњољирони мењнатї дар ќаламрави Русия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва умуман кишварњое, ки аъзои њамин созмон њастанд, мавриди баррасї ќарор дода шуд. Ваќте ки ин мавзуъ бардошта шуд, раиси Хадамоти муњољирати Русия њам иштирок мекард.

-Чунин тарзи масъалагу-зориро вакилон чї гуна ќабул карданд, магар тавонистед, ки мушкилоти муњољирон ва ояндаи онњоро ба намояндагон аз дигар кишварњо, хусусан Русия фањ-монед?

-Бале. Аз рўйи маълумоте, ки дорам, аз 1 миллион зиёдтар тољикон дар Русия мухољиранд. Ваќте ки онњо ба кишварњои уз-ви ИДМ сафар мекунанд, њат-ман њар як корхона ё корфармо бо онњо шартномаи тарафайн баста, музди маош медињанд. Дар асоси маълумоти бонкї муњољирони мо аз Русия ба Тољикистон ќариб 4 миллиард доллари ИМА ба хотири пеш бурдани зиндагии ањли оилаа-шон равон мекунанд. Албатта, ин пули кам нест. Ба ин нигоњ накарда, боз муњољирон аз њи-соби маоше, ки аз корхонањои Русия мегиранд, андози иљти-мої месупоранд. Андози иљти-моии онњо ба њисоби миёна 20-25 фоизро ташкил медињад, он ба фонди њифзи иљтимоии Русия ворид мешавад ва дар он љо нигоњдорї мешавад. Онњо боз њаќќи хизматрасонињои гуногунро пардохт мекунанд. Агар инро низ њисобу китоб кунем, аз 1 миллиард доллар зиёдтар мебошад. Бинобар ин, ман масъала гузоштам, модо-ме, ки маблаѓи аз њисоби мао-ши муњољирони тољик ба фонди њифзи иљтимоии Русия мегу-зорад, бозпас ба фонди њифзи иљтимоии Тољикистон интиќол дода шавад. Чунки агар ин ма-блаѓњо гузаранд, оянда ба на-фаќа баромадани онњо мушки-лот пеш намеояд ва муњољирони мо чандин маротиба зиёд мета-вонанд нафаќа гиранд. Агар ин тартибро љорї накунем, њамон маблаѓњои барои андоз супори-даи муњољирон дар Русия мемо-над, ки албатта, ба фоидаи он кишвар аст.

Аммо мушкилот дар дигар љост. Намояндаи кишваре, ки муњољир ќабул мекунад, ба ин манфиатдор нест. Онњо наме-хоњанд, ки маблаѓњои андозњои њифзи иљтимої аз Русия ња-мроњи муњољирони тољик боз ба Тољикистон ояд. Њайати ва-килони рус бошанд, масъалаи ба миён гузоштаи моро нодида гирифтанд ва гўё ин дар таљри-

баи љањонї вуљуд надорад. Мо ба онњо гуфтем, ки ду-

руст, бисёре аз масъалањо дар таљрибаи љањонї нест, аммо дар замони Шўравї масъалаи муњољирати мењнатї набуд. Мо њама узви як кишвар бу-дем. Бинобар ин, ман масъа-лагузорї кардам, ки албатта, ин дар ќонунњои љории Русия нест ва ин танњо бо ќабули ќо-нун ва ќарорњое, ки аз љониби Тољикистону Русия ќабул ме-гардад, њалли худро меёбанд. Пешнињод кардам, ки дар асо-си Созишномањои ќабулшудаи байнињукуматї ва Ќонун «Дар бораи нафаќаи умумишањрван-дї» таѓйирот ворид шавад ва њаќќу њалоли муњољирони тољик, ки дар кишвари Русия њастанд, интиќол дода шавад. Албатта, Русия барои мо шари-ки стратегї ба њисоб меравад ва дар њама бахшњо њамкории зич дорем, вале ин маънои онро надорад, ки ин кишвар њаќќи муњољирони моро, ки барои рў-зи пиронсолї андози иљтимої месупоранд, аз худ карда, ша-рикашро сари «таѓораи шика-ста» гузорад.

- Ваќте ки ин пешнињодњоро ироа мекардед, раиси Хадамоти муњољирати Русия чї назар до-шт?

-Хушбахтона, раиси Хада-моти Русия моро хуб дарк кард. Охир, маблаѓе, ки аз њисоби муњољирони мењнатї ба фонди њифзи иљтимоии ањолии Русия ворид мешавад, њаќќи њалоли муњољирон аст. Чаро мо онро соњибї накунем?

Ман фикр мекунам, ки ин масъала дар доираи созишно-мањои байнињукуматии Русия ва Тољикистон њалли худро ёфта метавонад. Чунки дар санадњои байналмилалие, ки Тољикистон онро эътироф кардааст, Русия низ имзо гузоштааст. Кадом кишваре, ки аъзои Сандуќи байналмилалии асъор њаст, ка-ишварњое, ки муњољирони мењ-натї доранду аъзои ин сандуќ њастанд, онљо методологияи њисобу китоби махсус љой до-рад, ки аз ин низ мо истифода хоњем кард. Ногуфта намонад, ки муњољироне, ки шањрвандии Русияро ќабул кардаанд, аз њи-соби он андози њифзи иљтимо-ие, ки супоридаанд, аз нафаќа бархўрдоранд. Аммо на њамаи муњољирони мо шањрвандии Русияро соњиб шудаанд. Баъди муњокимаронињои тўлонї њай-ати вакилони Русия ба хулосае омаданд, ки дар натиљаи омў-зиш онњо хулосаи худро оиди мушкилоти нафаќаи муњољи-рон ба мо ироа хоњанд дошт. Мо низ бо сохторњои марбута, аз ќабили Вазорати молия,

Кумитаи андоз, Вазорати мењ-нат ва њифзи иљтимоии ањолї, Хадамоти муњољират атрофии ин масъала кор карда истода-ем, то ин ки роњи њалли онро дарёбем. Дар назар аст, ки моњи июни соли љорї раиси Маљли-си намояндагони Тољикистон Шукурљон Зуњуров ба шањри Маскав сафар анљом дода, бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин вомехўрад. Дар ќатори дигар масъалањо мавзўе, ки мо ба миён гузо-штем, низ баррасї хоњад шуд.

-Шумо фикр мекунед, ки он њалли худро меёбад?

-Бале, ба ин боварї дорам. Ба шарте, ки тамоми сохторњои марбута дар якљоягї ба ин масъ-ала кор кунанд. Ин маблаѓи ња-лоли муњољирони кории мост, барои талаб кардани он њаќ до-рем. Њоло ба унвонии Сарвазир Ќоњир Расулзода низ оиди ин масъала гузориш омода карда истодаем, то ин ки ба ин масъ-ала дахл намояд.

-Имрўз новобаста ќонун ва ќарорњое, ки нисбати муњољи-рони корї ќабул мешаванд, то њол фишор болои онњо ба назар мерасад. Шумо як маротиба ба фурудгоњи шањри Душанбе ра-вед. Њар рўз муњољирони зиёде бо сабабњои гуногун аз фурўдгоњ берун меоянд. Сабаб пурсед, ме-гўянд, ки онњо иљозати ба Русия рафтанро надоранд. Чаро ин масъаларо дар ассамблея ба миён нагузоштед?

-Дуруст, дар доираи сиёса-

ти муњољирони мењнатї ваќти муњокимаронї раиси Хада-моти муњољирати Русия иброз дошт, ки мо ќонунро нисбати муњољирон ќабул мекунем, ё баъзе монеањо пеш меояд, ки муњољирони мењнатї ба ќала-мрави Русия камтар ворид шаванд ва соњибтахассусњо биёянд. Аз лањни суханронии ў пай бурдам, ки як навъ фи-шор болои муњољирони мо аз љониби Хадамоти муњољирати Русия ба назар мерасид. Сипас, ман рў оварда гуфтам, ки мо дар доираи ассамлея фаъоли-ят карда, њамкориро густариш медињем, ќонунњои якдигарро њамоњанг месозем ва дар бах-шњои њарбї-техникї, иќтисо-дї њамкорї дорему Тољикис-тон Русияро шарики стратегї ќабул кардааст, дар асри 21 аз рўйи фишороварї ва чорањои пурзўрро нисбати муњољирон раво дидан, хуб нест. Мо ин-ро њељ гоњ ќабул нахоњем кард. Чунки њамаи мо њуќуку уњда-дорињои баробар дорем. Талаб кардем, ки њуќуќи муњољирони мо дар Русия њифз карда шавад. Мо набояд бо мушти зўр нис-бати муњољирони корї чунин тадбирњо андешем. Ваќте ки мо нисбати Шумо ва миллати рус эњтиром дорем, њукукњоя-шонро њимоят мекунем, бояд муњољирони кории тољикро низ эњтиромашонро ба љой овард.

Усмон РАЊИМЗОДА,«Тољикистон»

Таѓораи шикаста чаро Русия ба муњољирони тољик нафаќа

додан намехоњаду онњо њамарўза депорт мешаванд?

Исмоил Талбаков, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон

Page 8: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014ТОЉИКИСТОН ЌОНУН ВА ЉОМЕА8

Мард занашро бо табар куштМаќомоти тафтишотї ба

тањќиќи парвандаи Саъ-дулло Нуриддинов, соки-ни шањри Душанбе, оѓоз карданд, ки дар куштори њамсараш муттањам ме-шавад. Ба ќавли маќомот, гўё Нуриддинов њамсари худро бо табар ба ќатл рас-ондааст ва далелаш њам хиёнати дувумист.

Мавлудљон Салихов, ва-кили мудофеи Саъдулло Ну-ридиднов, гуфт, зерњимояаш чанд бор хиёнати њамсари ху-дро фањмида, шаби 18 апрели соли љорї ўро бо марде дар манзилаш пайдо намудааст. Њамон шаб њамсарашро куш-та, кўдаконро дар хонаи њам-соя мегузораду худ ба шуъбаи милитсияи Сино-1 меравад ва ќазияро мефањмонад,- афзуд Салихов.

Дар ин авохир њодисањои куштори њамсар аз дасти шавњар ба гумони хиёнат ва ё рашк дар шањру манотиќи Тољикистон афзудааст.

Моњи гузашта низ сокини 37-солаи шањри Истаравшан дар заминаи рашк зављаашро кушта, худро ба дор овехта буд. Феълан аз рўйи ин њо-дисањо парвандаи љиної оѓоз шуда, тафтишот идома дорад.

Шуњратро мањв кардандШуњрат Яхшимуродов,

с о њ и б к о р и т о љ и к д а р шањри Маскави Русия аз сўйи шахсони номаълум кушта шуд.

Тавре наздикони Яхшиму-родов хабар доданд, шоми 22 апрел соњибкори тољик дар наздикии манзили зисташ мавриди њамлаи мусаллањона ќарор гирифта, њанўз омили куштори ў муайян нашудааст.

Яхшимуродов соли 1995 дар ќатли ду нафар соњиб-маќом дар шањри Маскав муттањам шуда буд, ки он за-мон далели боздошти ўро тањ-лилгарон дорои хусусияти ан-гезањои сиёсї хонда буданд.

Яхшимуродов соли 1995 бо Созмони авфи байналмилал - Amnesty International ва Бунё-ди Оќохон њамкорї дошта, ба иттилои расонањои русї бо мухолифин низ равобити на-здик дошт.

Ў солњои охир ба њайси дабири кулли яке аз шир-катњои лањистонї – “Fair Play International” ифои ва-зифа карда, дар гузашта ба њайси муовини раиси корхо-наи коркарду истихрољи нафт ва металњои ранга “Тољ-Ал” фаъолият дошт.

Њар сол дар мавсими даъвати љавонон ба сафи артиш рўйдоде ба амал меояд, ки аз хотирњо то дергоњ фаромўш намеша-вад. Гурўњи одамоне, ки ба боздошт ва ба сафи артиш равон кардани љавонон машѓуланд, халќ лаќаби «облава»-ро додааст.

Овозањо аз Овчї

Ду сол пеш аз дасти «об-лава» аз ошёнаи дувум худро партофтани даъватшавандае, баъдтар дар як дењаи ноњияи Њисор аз биниаш зарба хўр-дани як корманди комисса-риати њарбї, соли гузашта бошад, њангоми «облава» ба деги равѓан афтидани љавоне дар Хатлон ва чанд њодисаи дигар намунањои хандаовару ѓамангези ин маърака мебо-шанд. Имсол бошад, овозаи лату кўб шудани кормандо-ни комиссиариати њарбї дар дењаи Овчии љамоати Вањдати ноњияи Ѓончї то ба Душанбе расид. Барои аз асли воќеа огоњ шудан ба хабарнигори «Тољи-кистон» дар вилояти Суѓд А. Дадабоев дар тамос шудем. Ў аз ин воќеа изњори бехабарї карда, гуфт, ки бо љурми ри-шваситонї боздошт шудани ду нафар корманди комиссари-ати њарбиро медонаду халос. Вале дар Вазорати мудофиаи љумњурї нафаре иброз дошт, ки аз ин воќеа бохабар аст ва чунин њодиса рух додааст.

-Пас онњое, ки нисбати кор-мандони комиссариати њарбї дар маъракаи даъват ба сафи артиш бењурматї зоњир кар-данду ба онњо дармеафтанд љазо намегиранд?-пурсидам аз њамсуњбатам.

-Албатта онњо бељазо на-хоњанд монд,-гуфт ў.

То љое мо огањї ёфтем дар њукумати ноњия ва Раёсати корњои дохилии вилояти Суѓд гуфтанд, ки ба латукўби кор-мандони комиссариати њарбї «облава» сабаб гаштааст.

-Њодисаи зўроварї нисба-ти корманди комиссариат дар дењаи Овчї 20-уми апрел рух додааст,-гуфтааст Исмоилзо-да Зуфар Муртазохон, раиси ноњияи Ѓончї ,- Кормандони комиссариат даъватшаванда Камоли Абдурасул, сокини дењаи Овчиро барои хизмати њарбї ба комиссияи тиббии ноњия бурданї мешаванд, ва-ле дар роњ бародари даъватша-ванда Камолиддин Шамолов

(номњо шартиянд ) гўё монеи бурдани бародараш шуда, ба мошини онњо њамла намуда, намегузорад бародарашро ба-ранд.

Дар дењаи Овчї бошад, ин њодисаро дигаргунтар шарњу баён карданд. Нафаре аз дењаи номбурда, ки нахост нома-шро баён созем, иброз дошт, ки кормандони комиссариат замоне мавриди латукўби пай-вандони даъватшаванда ќарор гирифтанд, ки онњо ба хонааш даромада, барои рафтани ў ба комиссияи тиббї ва хизмати њарбї тањдиду зўровариро ба кор бурдаанд. Аз ин њолат ба-родари даъватшаванда Камо-лиддин огоњ гашта, ба корман-дони комиссариат муќовимат нишон медињад.

Бори аввал нест, ки дар ноњияи Ѓончї барои «обла-ва» кормандони комиссариат аз тарафи сокинон зарбу лат мебинанд. Шояд онњо љасо-рати баланд доранд ва ё ба лату кўб одат кардаанд, ки аз бањри «облава» гузаштанї нестанд.

Мувофиќи маълумотњои ба мо расида, се сол пеш низ як корманди комиссариати њарбиро дар дењаи Далёни ин ноњия њангоми «облава», соки-нон захмї карда буданд.

Њанўз дар остонаи даъва-ти бањории љавонон ба сафи артиш Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон, фармон до-да буд, ки аз роњњои ѓайриќо-нунии даъвати сарбозон ба ар-тиш комиссариатњои њарбии

шањру навоњии кишвар даст кашанд.

Латукўби кормандони ко-миссариати њарбї барои «об-лава» гувоњї аз он медињад, ки гўё ин гуфтањои Сарвари давлат њанўз ба гўши эшон нарасидааст.

Порахўрии масъулин ва

«негодний»-њо суѓдїБоздошти ду корманди ко-

миссариати њарбї дар вилояти Суѓд њангоми гирифтани ришва ба маблаѓи 5 њазор сомонї дар телевизион намоиш дода шуд.

Тавре аз Комиссариати њарбии вилояти Суѓд иброз доштанд, Лутфулло Ѓайбул-лоев- иљрокунандаи вазифаи комиссариати њарбии ноњи-яи Шањристон ва Абдуќањњор Абдуљалилов -- ёрдамчии ка-лони сардори шуъбаи дувуми комиссариати њарбии вилояти Суѓд њангоми гирифтани пора аз шањрванд Нодир Љабборов ба маблаѓи 5 њазор сомонї бар ивази озод намудани даъват-шаванда Турдибоев дастгир шуданд.

Ин њодиса 4 апрели соли равон зимни амалиёти муш-тараки кормандони амният ва Прокуратураи њарбии гарнизо-ни Cуѓд ба вуќўъ пайваст.

Хангоми тафтишоти пеша-кї маълум гашт, ки дастгиршу-дагон - Лутфулло Ѓайбуллоев ва Абдуќањњор Абдуљалилов маќсад доштанд, бо роњи сох-

такорию ѓайриќонунї даъ-ватшаванда Турдибоевро аз хизмати њарбї озод намуда, 5 њазор сомониро миёни њам таќсим намоянд. Вале њангоми ситонидани пора дар њаљми 2 њазор сомонї ва 600 доллари амрикої онњо дастгир шуданд.

Хабари охирини ба мо дастрасшуда аз он гувоњї ме-дињад, ки волидони даъват-шавандањо барои ба хизмат сафарбар нашудани фарзандо-нашон роњу усулњои гуногун-ро меёбанд. Сардори Раёсати корњои дохилии вилояти Суѓд, генерал Шариф Назаров, њан-гоми мулоќоташ бо фаъолони Хуљанд дар Ќасри љавонони ба номи Лоиќ Шералї гуфтааст, ки шумораи даъватшаванда-гон ба хидмати њарбї дар ин шањр хеле кам буда, беш аз 40 дарсади љавонон худро њамчун бемор ё “негодный” сабт кар-даанд.

-Магар бењтар нест, ки дар шароити кунунї љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон рафта, хидмати Модар-Ватанро адо намоянд? Имрўз ќариб 42 фо-изи љавонони шањри Хуљандро волидонашон касалї баровар-даанд,- афзудааст генерал. Аз ин бармеояд, ки вазъи ба сафи Артиш љалб намудани љавонон дар вилояти Суѓд ба талабот љавобгў нест. Пас, оё метавон онњоро бе «облава» ба сафи Ар-тиш љалб кард?

Иззатбеки ИДИЗОД, «Тољикистон»

«Облава»-ро кўфтанд

чаро кормандони комиссариати њарбї гаравгони вазъиятанд?

Page 9: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014 ТОЉИКИСТОНЊУЌУЌ 9

Масъули гўша Эњсон Ќодиров. E-mail: [email protected]

Ба саволњои Шумо њуќуќшиноси идораи њафтаномаи «Тољи-кистон» Эњсон Ќодиров посух мегўяд. Шумо метавонед дилхоњ саволњои њуќуќии бамиёномадаи худро ба почтаи электронии мазкур [email protected] ироа намуда, дар шумораи ояндаи њафтанома посухи онњоро мутолиа намоед.

Кињо судя шуда метавонанд?Оид ба синну соли ќабул ба сифати судяи ноњия маълумот

медодед? Хонандаи синфи 9 Комрони Р.

Мувофиќи моддаи 85, ќисми 2-и Конститутсия (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ба вазифаи судяҳои шаҳр ва ноҳия, Суди ҳарбӣ, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки синни ӯ аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақќал 3 сол собиқаи кории касбї дошта бошад.

Кї чї њаќ дорад?Мехоњам бифањмам ки кадом амвол моликияти муштараки

зану шавҳар ба њисоб меравад?Истиќоматкунандаи ш. Душанбе Бобоева Д.

Мутобиқи талаботи қисмҳои якум ва дуюми моддаи 10 Ко-декси оилаи Љумҳурии Тољикистон акди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба љо оварда мешавад. Ақди никоҳ аз лаҳзаи дар мақомоти номбурда ба қайди давлатӣ гирифтанаш эътибори қонунї мегирад. Яъне, пас аз қайди давлатии ақди никоҳ дар байни зану шавҳар муносибатҳои молумулкӣ асоси ҳуқуқї пайдо мекунад. Минбаъд дар ља-раёни ақди никоҳ молу мулки якљоя бадастовардашуда, ки қонунгузории љумҳурӣ пешбинӣ намудааст, амволи муштараки зану шавҳар ба шумор меравад ва амволе, ки зану шавҳар дар давраи ҳамзистӣ љамъ овардаанд, моликияти умумии онҳо ҳисобида мешавад (қисми якуми моддаи 34 Кодекси оилаи Љумҳурии Тољикистон).

Кодекси оилаи Љумҳурии Тољикистон, ѓайр аз муайян на-мудани низоми ҳуқуқии молу мулки якљояи зану шавҳар, ин-чунин муносибатҳои ба моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар алоқаманд, вазъи ҳуқуқии молу мулки ҳамсаронро, ки дар аҳдномаи акди никоҳ муайян шудааст, ба танзим медарорад.

Молу мулки зану шавҳар аз кадом сарчашмаҳо ташкил шуда-наш мумкин аст? Кодекси оилаи Љумҳурии Тољикистон ба ин сарчашмаҳо: аз фаъолияти меҳнатӣ - музди меҳнат, аз фаъоли-яти соҳибкорӣ ва интеллектуалї - даромад ва дигар пардохтҳои пулиро дохил намудааст. Молу мулки якљояи зану шавҳар аз маблаѓҳои пулӣ, амволи манқул - автомошинаҳои тамғаҳои гу-ногун, дигар воситаҳои нақлиёт, амволи ѓайриманқул - хонаҳои истиқоматӣ, иморатҳо, мебели хона ва монанди онҳо, қоғазҳои қиматнок, вомбаргҳо (облигатсияҳо), барот (вексел), чек, сер-тификати бонкӣ, коносамент ва ѓайра, саҳмияҳо - саҳмияҳои одӣ ва имтиёзнок ва ѓайра иборат аст. Ҳамаи амволи номбурда, ки танҳо дар давраи занушавҳарӣ љамъ оварда шудаанд, молу мулки муштараки онҳо ба шумор меравад. Ин амвол новобаста аз он ки ба номи зан ё шавҳар гирифта шудааст, моликияти муштараки онҳо мебошад.

Чи тавре ки дар боло қайд карда шуд, муносибатҳои ҳуқуқӣ рољеъ ба молу мулки муштарак танҳо дар ҳолати дар ақди никоҳи расмӣ будани зану шавҳар пайдо мешавад. Дар мавриди набудани аќди никоҳи расмӣ ва мављудияти муносибатҳои ақди никоҳи воқеӣ, яъне зиндагии якљояи марду зан новобаста аз тӯлонӣ будани он асоси ҳуқуқиро рољеъ ба молу мулки мушта-рак ташкил намедиҳад. Дар ин ҳолат муносибатҳои молумулкӣ ба воситаи Кодекси оилаи Љумҳурии Тољикистон ба танзим дароварда намешавад.

Дар шароити ба Љумҳурии Тољикистон хос қисми зиёди занони дар ақди никоҳи расмӣ буда, ба пешбурди хољагӣ ва нигоҳубини фарзандон машѓуланд ва аз ҳамин сабаб, ё бо сабабҳои дигари узрнок даромади мустақилона надоранд. Ҳолати мазкурро Ко-декси оилаи Љумҳурии Тољикистон ба инобат гирифта, муайян иамудааст, ки ҳукуқ ба амволи муштарак ба ин занҳо низ тааллуқ дорад. Агар зан ба тарбияи фарзандон, пешбурди хољагӣ машғул шуда, дар таъминоти шавҳараш бошаду дар ин муддат ҳамсарон соҳиби ҳавлӣ, автомобил ва дигар молу мулк шаванд, он гоҳ новобаста аз надоштани даромади пулӣ зан ба молу мулки номбурда ҳуқуқ дорад. Ин талабот аз мундариљаи қисми сеюми моддаи 34 Кодекси оилаи Љумҳурии Тољикистон бармеояд ва он баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои занҳои хонашин равона шудааст.

ПУРСЕД, ПОСУХ МЕДИЊЕМ!

…Тавре ки халќ мегўяд, «њавои бад хуб мешаваду одами бад не». Инак, пас аз сардињои зимистон бањо-ри хуррам фаро расид ва имрўз мо он сардињоро ба ёд намеорем. Аммо агар шахсе бадие карда бошад, ин якумра дар хотирамон мемонад ва ё ин бадї боиси сарсонињо мегардад.

Ман соли 2008 тасмим ги-рифтам, ки аз фурсати ќул-лай истифода бурда, ќитъаи заминеро гираму обод кунам ва дар ваќти мувофиќ дар он љо худам бо наберагонаму фарзандонам истироњат га-моям. Ин буд, ки дар асоси аризаи ман бароям коопера-тиви «Агропром » дар љамоати шањраки Турсунзода, дењаи Истиќлол-5-и ноњияи Рўдакї замин људо кард.

Бо кўмаки хешу аќрабо ва дўстон, њамчунин пасандози худ дар ин љо хона сохтам. Аммо ба зиндагии мо зане ворид гашт, ки њаёти оромо-наамонро халалдор намуд. Ин зан собиќ келинам Гавњар Алимова буд…

Писарам Меликбой, ки оиладор набуд, соли 2008 бо ин зан шинос мешавад ва онњо ќарор медињанд, ки оила барпо намоянд. Занаш ќабл аз никоњ мегўяд, ки вай дар минтаќаи Шарораи н. Њисор 0,10 га замин дорад ва онњо якљоя дар ин замин хона сохта, зиндагї хоњанд кард. Аммо ваќте ки бо никоњи мусулмонї оиладор шуданд, (онњо никоњи давлатї надо-ранд) љойи зист надоштанд. Писарам аз ман хоњиш намуд, ки то ба охир расидани хона-ашон дар Шарора ба онњо имконият дињам, ки њамроњи ман зиндагї кунанд.

Чї илољ, вай фарзандам

аст ва ман њам бо ў шартно-ма баста, барои муваќќатан дар њавлиам зиндагї кардан иљозат додам. Њељ гумон на-доштам, ки келини навам бо маќсади ѓаразнок ба дари хо-наи ман по менињад.

Аввал мисли мусичаи бе-гуноњ буд, аммо баъдтар њар гуна наѓма баровардан ги-рифт. Чор нафар додарзодаи худро доим ба њавлї меовард ва онњо муддати тўлонї дар он љо мемонданд.

Ваќте ки сабаб мепурси-дам, мегуфт, ки инњо фарза-ндони бародари вафоткарда-ам мебошанд ва ман онњоро тарбия мекунам. Мегуфтам, ки охир ман танњо тую шавња-ратро муваќќатан ба ин љо роњ додам, на њамаи хешу табора-тро. Аммо ў мољаро мебардо-шт ва боз хешони дигарашро њам меовард.

Ман, ки як зани нафаќахўр ва солдида њастам, тоќати чу-нин мољароњоро надоштам. Маълум шуд, ки зани писа-рам як зане будааст, ки дар мавриди онњо мегўянд: «мор-ро дар хонаат роњ надењ, ки зањраш оќибат туро мекушад» .Бинобар њамин ман ба суди ноњияи Рўдакї ариза додам, ки Гавњар ва шавњараш Ме-ликбойро аз хонаи ман ро-нанд ва онњо дар замини худ рафта хона кунанд. Аммо зиндагии ин зан бо шавњараш низ дер напоид ва онњо соли 2012 аз њам људо шуданд. Аз зиндагии якљоя ягон фарзанд њам надоранд.

Аммо Гавњар оќибат зањри худро ба ман чаконд ва њоло даъво дорад, ки ў ба бўстон-сарои ман њаќ дорад.

Гумон кардам, ки суди њаќбин дар асоси њуљљатњо ва нишондоди шоњидон њално-ма мебарорад, вале бароям аниќ шуд, ки ин тавр набу-

дааст. Зеро суд бе ягон асоси њуќуќї ин даъвои маро рад кард ва Гавњар гўё дар сохтмо-ни бўстонсаро њаќ доштаасту бояд дар он љо зиндагї кунад. Худи ин зан бошад, талаб до-рад, ки ба вай бояд 6000 дол-лар дињам, то ки ў манзили маро тарк кунад. Дар кадом асос?

Охир, ў дар сохтмони хо-наи ман ягон зарра њам сањм надорад ва дар ин бора шоњи-дон-устоњои хонасоз Мирзо-каримов ва Саъдуллоев дар мурофиа шоњидї доданд. Ваќте ки онњо барои зинда-гии муваќќатї ба хонаи ман омаданд, он аллакай сохта шуда буд ва на Гавњар ва на шавњараш дар он ягон сањме надоранд.

Пас, чунин ќарори ноо-дилона аз куљост? Келини собиќам доим ба ман тањдид менамуд, ки як бародараш муовини раиси суди ноњияи Фирдавсї ва бародари дига-раш сардори судиљрочиёни ноњияи Сино мебошад ва ў на танњо як ќисми бўстонса-ро, балки њамаи онро аз ман кашида мегирад.

Ваќте ки судя бо сари хам ин њалномаро мехонд, дар ди-лам шубња пайдо шуд, ки ма-бодо гуфтањои собиќ келинам рост бошанд?

Њоло ман гирифтори бе-мории ќалб шудаам ва дар бемористон њастам; аммо такя танњо ба Худои таъоло ва суди њаќбин мекунаму аз њафтаномаи «Тољикистон» хоњиш дорам, ки ин мактуби маро чоп кунад, то ки ќозии њаќбини адолат њаќро ба њаќ-дораш расонад. Дуо мекунам, ки доим тарозўи адолат дар дасти некон бошад.

Шарифгул МЕРГАНОВА,нафаќахўр, ш. Душанбе

Тарозуи адолатдар дасти некон бошад…

Page 10: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014ТОЉИКИСТОН ЉОМЕА10

Дар дењоти дурдасти куњистон дар гузашта мањз ровиён зимни љамъома-ду мањфилњо кўфти кор ва яъсу ноумедиро аз ќалби мардум дур мекарданд. Шабњои дуру дарози зими-стон, ки њама љойро барф зер мекард, њатто робитаи байни рустоњо муваќќатї ќатъ мегардид, мардум ме-боист чї кор кунанд.

Бо як хўрдану хобидан му-роди њељ кас њосил намешуд, бинобар ин, мекўшиданд ва-силае ёбанд, ки бори вазнини рўзгори бадфарљомро аз дўши худ сабук гардонанд. Онњо хуб медонистанд, ки бе кўмак ва дастгирии якдигар њељ коре аз дасташон намеояд. Аз ин са-баб зарурате пеш меомад, ки бояд муттањид бошанд ва ин муттањидї ва якпорчагї мањз дар маъракаю љамъомадњо тарњезї мешуд. «Имшаб хонаи фалонї ва шаби дигар хонаи бисмадонї»,-гўён њамдигарро огањ месохтанд. Мардум бо чу-нин «гаштакњо» дасти холї на-меомаданд, яке нон таги каш, дигаре табаќи ширбиринљ бар даст ба маърака њозир мешу-данд. Чунин суњбатњо бисёр самимї мегузашт. Дар яке аз онњо, ки дар замони Шўравї сурат гирифта буд, ширкат до-штам. Баъзе лањзањои дилчаспи он њанўз њам аз сафњаи хотирам зудуда нашудаанд:

-Ба Худо савганд, мегуфт яке, барои гург ќапќон монда будам, сањарии барваќт рафта бинам ба љойи гург оњубаррае афтода-аст. Агар каме дер мекардам, аз сардї шох шуда мемурд, бечора.

-Ањ хуб одами хушризќ бу-даї, албат бирён карда хўрдиш, -гуфт акаи Барот.

-Оббо, наход, ки мехўрдаму њамсояњоро аз он њаќќи намак намекардам. Бовар кунед, бар-фи калон, ки боридааст, њай-вонњои бечора ба ќишлоќњо рўй овардаанд,- суханашро давом

дод ў. Гушнагї сахт аст. Калон-

тарњо мегуфтанд: «Лучї ба хона, гушнагї ба дарњо», яъне аз бенавої луч бошї, аз хона-ат набарої њам мешавад, вале гушнагї касро ба дарњо меба-рад. Дилам ба оњу сўхт, бечора диррас меларзид. Овардамаш ба хона, захми пояшро марњам бастам. Дар поёни љогањи хо-би бачањо љояш кардам. Емаш додам. Дар 2-3 рўз бо кўдакон унс гирифт. Бо онњо бозї карда мегардад. Насиб бошад, бањор, ки шуд, бурда ба сањро сараш медињам.

-Аљаб кори савоб кардї,- гуфт Муродалї. Хазрати Ода-мро барои нафсаш аз бињишт ронданд. Инсон бояд шика-станафс бошад. Шоир барњаќ гуфтааст:

Доро, ки шароб мехўрад, мегузарад,

Сад нуќлу кабоб мехўрад, мегузарад.

Бо пораи нони хушк ќаноат дорем,

Тар карда ба об мехўрем, мегузарад.

Ишкамро, ки бигўї, ѓори бетаг аст, њама гуна ѓорњоро пур кардан мумкин аст, ба љуз ишкам. Барои њамин инсон набояд бандаи ишкам бошад.

«Нафси саркашро мусаххар аќли пуртадбир кард».-гуф-тааст шоир, ки њаќ асту рост. Дар тўли таърих мањз њамин ќаноатпешагї мардуми моро аз мањвшавї наљот додааст.

-Э биё, акаи Њаќназар, дуто-ра бигир, боќимонда гапњоро насиб бошад, пагоњ шаб давом медињем, изњор дошт Нусра-туллоњ.

-Ба Худо савганд, гапи њаќа гуфтї. Биё, акаи Њаќназар, ай љигаркобаш сар кун,- гуфт Мирзомурод. Њаќназар дутор-ро љўр карда, пардаи якумро навохт ва он оњанги фалакї буд. Мардум њама сокит, паш-ша пар намезад. Оњанги фала-кї муъљизае дорад, ки сангин-

дилу бе рањмтарин инсонњоро ба андеша во медорад занги дилњоро зудуда, одамонро ба некї кардан рањнамун месо-зад.

«Сад вой дареѓ, ки дар ѓа-рибї мурдем» овози кашиш-дору ѓамолуди њофиз садо дод. Баъзењо оњи пурдард аз дил ба-роварданд. Бале, «дар ѓарибї мурданњоро» таќдири лоязолї аз ќадимулайём насиби марду-ми мо гардонида будааст:

«Дар ѓарибї љон ба сахтї медињад мискин Камол.» гуф-тани шоир аз ќаъри асрњо то имрўз аз хотирњо фаромўш нашудааст.

Сароянда рубоии:Эй кош, ки умри ман муќад-

дар мешуд,

Сарриштаи умр ба дасти модар мешуд.

Меришт таноби умри ман дуру дароз,

Даврони гузашта кош аз сар мешуд.

пешкаши шунавандагон ме-гардонад. Ањли маърака њамо-но ѓарќи фикру хаёланд. Њар кас сафањоти сарнавишташро вараќ мегардонад.

Воќеан, умр ба касе вафо накардааст, аз дил мегузаро-нам, барои њамин ќањрамони лирикї орзу кардааст, ки кош сарриштаи умр ба дасти модар мешуд.

-Ањ, садќаи овозут шавем, акаи Њаќназар, ана њамин хел ширинуш бигир,- гуфт Ѓоиб, ки пиёлаи чойро ба дигаре та-оруф мекард. Ин хел ќоѓазпе-чњояшро (нодирњояшро) наме-донам аз куљо меёбї?

Оњанги фалакї њамоно дилу љигари шунавандагонро тагу рў мекард. Он ба асабњо оромї бахшида, фикрњои маѓшушро аз майнањо сутурда, ба дилњо нерую тавоної ато менамуд. Дар њаќиќат, эй кош сар-риштаи умр ба дасти модар мешуд…

Салоњиддин ФАТЊУЛЛОЕВ

Сарриштаи умр ба дасти модар мешуд…

Солњои охир пойтахти Ватанамон-шањри Душан-бе ба таври шинохтана-шаванда таѓйир ёфтааст. Биноњои баландошёнаи замонавӣ ба њусни шањр њусн зам мекунанд.

Ободонӣ дар пойтахт ривоҷи тоза дорад. Бо вуљу-ди ин шаҳрвандон аз баъ-зе камбудиву норасоиҳои пойтахт шикоят доранд. И с т и қ о м а т к у н а н д а г о н и даромадгоҳи аввали хиёбо-ни Саъдии Шерозӣ, 27-и ноҳияи Сино 20- сол боз аз хизматрасонии лифт бенаси-банд. Муроҷиати чандинда-фъаи сокинон ба хукумати ноҳия бенатиҷа мондааст. Бошандагони хонаҳои поёнӣ аз ин бесоњибї суйистифода намуда, долонҳои лифтњои бекормондаро аз они худ на-мудаанд. Дар ноҳия корхо-наи «Лифттаъмир» фаъолият мекунад. Ба гуфти сармуҳандис Нарзуллоев Шариф корхона худмаблағгузор аст. Дар тобеия-ти хоҷагии манзилию коммуна-лии ноҳия 262-то лифт мављуд аст. Аз он 23-тоаш корношоям, яъне фаъол нестанд. Вакте са-баби кор накардани лифтҳоро пурсон шудем, гуфт, ки дар за-мони ҳараҷу мараҷҳои солҳои 1992-1995 бисёр қисмҳои

э ҳ т и ё т и и л и ф т ҳ о р о а з беназоратӣ ба яғмо бурданд. Ў мегўяд, маблағ намерасад. Ва бояд гуфт, ки барои таъ-мири лифт маблағи ҳангуфт лозим. Худи корхона маблағ надорад. Сармуҳандис иқрор гардид, ки дар ҳалли масъа-ла оҷиз аст ва коре аз даста-шон намеояду њатто ҳуҷраи корӣ надорад. Корхонаи лифттаъмир фақат ба хотири «хоҷа боғ дорӣ, дорам» таш-кил шудаасту халос. Ќарори ҳукумати шаҳр дар бораи озод намудани атрофи биноҳои баландошёна аз ҳаргуна иморату боғчаҳои худсохти ғайриконунӣ, ки дар маври-ди сўхтору дигар фалокатҳо монеа ба вуҷуд меоранд, ба тасвиб расида буд, ам-мо ин қарор на дар ҳама ҷо амалї мегардад. Саҳни хав-лии бинои 27-и хиёбони Саъдии Шерозиро шахсони мансабдор ѓайриқонунӣ аз худ кардаанд. Худо накунад, дар хонаҳои баландошёнаи ин бино сўхтор ба амал ояд, яқин идораи сўхторнишонӣ коре карда наметавонад. Чаро мақомоти дахлдори шаҳр, аз ҷумла идораи сӯхторнишонии шаҳри Душанбе ба ин эъти-бор намедиҳад?

Саид ХОТАМЇ,сокини шањри Душанбе

Хоља боѓ дорї? Дорам!

ё чаро лифтњо њанўз побанди љанги шањрвандианд?

Салом кормандон ва хонандагони њафтаномаи «Тољикистон». Донишљўйи Коллељи тиббии шањри Кў-лоб њастам. Ба хотири баён намудани изњори миннат-дорї ќалам бар даст ги-рифтаам.

Ростї, тани гарм бедард намешавад, мегўянд, ки аз хаќиќат беш нест. Пас аз дар-дњои хуруљкунандаи гурда ва муоинаи духтурон дар гурдаи ман сангро пайдо карданд, ки ягона роњи шифоёбї- љар-роњиро тавсия доданд. Ба ња-магон маълум аст, ки имрўз бе надоштани маблаѓ касе ба рўят наменигарад, яъне корат иљро намешавад.

Аз ин хотир ва бо умеди охирин ба Љаноби Олї мак-туб навиштаму вазъи моли-явї ва саломатиамро баён на-мудам ва аз ин марди шариф

кўмак талаб намудам. Пас аз андак ваќт ба мак-

туби ман љавоб омаду бароям кўмак намуданд. Бо кўмаку дастгирии Падари миллат Эмомалї Рањмон маро моњи январи соли љорї духтурон љарроњї намуда, аз гурдам сангро гирифтанд.

Маќсад аз нома нигошта-нам, изњори миннатдории ху-дро ба Президени Љумњурї баён намудан аст. Аз ин минбари баланд ба њамвата-нонам гуфтаниам, ки бояд шукргузор аз он бошанд, ки чунин Сарвари одилу ѓамхор ва хайрхоњро Худованд болои сари мо гузоштааст.

Дуо мекунам, ки њамеша дар корњои созандагиатон барору мувафаќият њамсафар бошад!

Ањмадљонова ФОТИМА, шањри Кўлоб

Аз Роњбарамон миннатдорам!

Page 11: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014 ТОЉИКИСТОН 11ЉОМЕА

Гурда ба гурўњи узвњои пешоббарор дохил меша-вад, ки вазифаи асосии он хориљкунї мебошад. Тибќи нишондињандањои тиббї, беморони гурда дар миёни ањолї зиёд шуда истода-аст.

Сабабњои гуногуни дучори беморињои хоси гурда зиёд аст, аз љумла санг ва илтињо-би гурда, норасогии музми-ни гурдањо ва ѓайрањо. Дар њаёти имрўзаи мо ивазку-нии (трансплантатсия) гурда маъмулї шудааст ва онро чун охирин имконият истифода мебаранд. Вале аз ин кори та-бибон ќисмате аз мардум бо нобоварї нигоњ мекунанд, ки гўё бо як гурда зиндагї кар-дан ѓайриимкон аст. Сари ин масъала бо доктори илмњои тиб, профессор Раљабалї До-стиев суњбате оростем.

–Гурда ва васл ё иваз карда-ни он то чї андоза инсонро аз марг наљот медињад?

Васлсозї ё трансплантатси-яи гурда дар Тољикистон ав-валин маротиба шашуми ноя-бри соли 2009 дар беморхонаи Ќарияи боло гузаронида шуда буд. Баъд аз ин дар маркази мо оѓоз гашт, ки чандин нафар-ро тавонистем аз марг наљот дињем. Яке аз он беморон Маќсуд Тўраев, сокини 22-со-лаи шањри Душанбе, њафт сол боз ранљи беморї мекашид, ба ин восита дубора ба зинда-гї баргашт. Падари Маќсуд барои барќарор кардани са-ломатии фарзандаш тамоми табобатњои тиббии муосир ва ќадимаро ба анљом рас-онид. Чандин бор ба Москав ва Эрон бурда, ба табибони машњур, ки берун аз кишва-ранд, нишон дод, вале касе љуръат накардааст, ки рости гапро гўяд. Нињоят умедашро аз табибони хориљї канда, пи-сарашро назди мо овард. Му-тахассисони маркази мо Маќ-судро ташхис карда, муайян карданд, ки ягона роњи рањої аз ин беморї васлсозии гурдаи дигар мебошад. Ин масъаларо ба пайвандони бемор фањмо-нидем, ки барои Маќсуд гур-даи хешу табор лозим аст, то мувофиќат намоянд. Падари

Маќсуд, ки 7 сол баробари пи-сараш ранљ мекашид, дарњол розї шуд, ки як гурдаашро ба писараш дода, љони ўро харад. Хушбахтона, имрўз падар ва писар худро наѓз њис мекунанд ва мо аз ин хурсандем.

- Баъзе корњое, ки имрўз ти-бибони тољик анљом медињанд, њайратоваранд…

- Як маќоли халќї аст, ки мегўянд «оби дари хона лой аст». Бояд гўям, ки на бояд но-шукри кард, зеро дар тамоми дунё омўзиши илми тиб як аст…

Мо, тољикон, ворисони Сино њастем, бинобар ин, бояд дар илми тиб пешќадам бошем. Абўалї ибни Сино бо дониши амиќаш машњури олам гашта буд, агар имрўз мо, наберагонаш аз дигарон дар-мон биљўем, барои табибони тољик айб аст. Маркази мо бо дастгирии Сарвари кишвара-мон Эмомалї Рањмон кушо-да шуд. Ин марказ дар Осиёи Миёна ягона буда, дорои та-моми асбобњо ва дастгоњњои тиббии муосир мебошад. Бан-да дар шањри Москва таљриба омўхта омадаму имрўз роњба-рии марказро бар дўш дорам.

-Оё гурдаи њар кас ба шах-си дигар мешавад? Барои иваз кардани он чї чиз муњим аст? Гурўњи хун, бофта ва мушакњо ё чизи дигар?

- Дар тиб пеш аз оѓози ива-зкунї ё трансплантатсия, та-моми ташхисњо ва тањлилњо гузаронида мешавад, то ки даќиќ карда шавад, оё гурдаи шахси донор ба бемор му-вофиќат мекунад ё не? Агар тањлилњо номувофиќ будани онро нишон дињанд, аз бањри чунин кор мегузарем.

– Нафаре, ки гурдаашро медињад, магар худаш баъд маљруњ ё бемор намешавад?

– Донор шахси солим аст ва дар як муддати кўтоњ, яъ-не то организм мутобиќат шудан, аз тезї, шўрї, талхї, сахтї, корњои вазнин, кор

бо маводњои сўзишворї даст кашиданаш њатмї мебошад. Ваќти муайяни гуфта шуда, ки гузашт, вай мисли пештара зиста метавонад.

– Мо њамеша дар бораи як гурда гуфта гузаштем, њола-тњое њастанд, ки њарду гурда аз кор бозмондаст. Оё ба воситаи ивазкунї њаёти ўро наљот додан мумкин?

–Чунин њолат буд. Љавоне аз ноњияи Ёвон дар њолате ба мо мурољиат кард, ки њарду гурдааш аз кор боз монда буд. Роњи ягонаи наљот васл наму-дани гурдаи дигар буд. Яке аз хешовандонашон, ки зани 40- сола буд, барои кўмак кардан як гурдаашро ба љавон дод ва ў наљот ёфт..

– Аз суханони шумо бармео-яд, ки одам бо як гурда зиндагї карда метавонад. Ин амал ягон хавф ё зарар дорад? Нафароне, ки як гурда доранд, соњиби фа-рзанд шуда метавонанд?

-Худованд инсонро бо ду гурда офаридааст, вале дар њолати аз кор баромадани як гурда одам бо як гурдаи дига-раш зиндагї карда метавонад, ба шарте, ки гурдаи солим бошад. Лозим ба ёдоварист, ки баъди васл кардани гурдаи шахси дигар дар як муддати кўтоњ организм ба он мутобиќ мешавад. Ин тоифаи одамон соњиби натанњо як, балки чандто фарзанд шуда мета-вонанд.

-Дар маркази табобатии шумо ба ѓайр аз гурда ( яъне узвњои дохилиро дар назар до-рем) дигар узвњоро њам иваз мекунанд?

-Бале, љигарро низ иваз карда метавонем. Бори аввал дар ин љарроњї табибонро аз шањри Маскави Русия даъват намудем. Айни њол мустаќи-лона ин корро мутахассисони соња бо дастгирии њамдигар ба анљом мерасонем.

Мусоњиб: Мањинаи ДАВЛАТ

«Тољикистон»

Падар гурдаашро ба писараш дод. Оё донор зинда мемонад?

Маќсуд Тўраев, бемор

Паёми навбатии Прези-денти Љумњурии Тољики-стон ба маќоми олии на-мояндагї ва ќонунгузори кишвар дар давраи омод-агї ба таљлили бистумин солгарди ќабули аввалин Конститутсияи Тољикистон пешнињод гардид. Дар иб-тидо Сарвари давлат бори дигар аз моњияти Сарќо-нуни кишвар ва ањамияти вижаи он дар давлатсозии навини тољикон таъкид на-муда, аз љумла зикр кард: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муњимтарини соњибистиќлолии давлат буда, аз љониби љомеаи љањонї, созмонњои бону-фузи байналмилалї ва давлатњои дигар эътироф гардидани соњибихтиёрии он аз њамин њуљљати таќ-дирсоз сарчашма меги-рад».

Паёми навбатии Прези-денти кишвар њарчанд аз нигоњи мантиќї иртиботи ќавї ба Паёмњои солњои пе-шин дошта бошад њам, вале аз лињози моњиятї ва фароги-рии мавзуъњо, тањлили воќе-ањои дар љањони зуд таѓирё-банда ба амал омада истода, омилњои љањонишавї, иќдо-му ташаббусњо барои тањки-ми мавќеи Тољикистон дар ин тањаввулот, мусоидатњо барои бењдошти сатњи зинда-гї, яъне дар маљмуъ масоили иќтисодию иљтимої ва сиё-сиро на танњо барои як сол, балки барои њафт соли оянда муайян менамояд.

Вобаста аз масоили фа-рогир ва роњи њалли онњо Паёмро метавон ба ду бахш- бахши сиёсати дохилї ва сиёсати хориљї таќсим на-муд, ки њар кадоме аз он чан-дин самтро дар бар мегирад.

Мусаллам аст, ки пешраф-ти њар кишвар ба дараљаи рушди иќтисодии он вобаста аст. Аз ин рў, самти аввали Паём пешрафти босуботи иќтисодї унвон дошта, дар он масоили муњими ин самт аз ќабили ММД, масоили бонкиву сармоягузорї, так-мили идораи иќтисодиёт, масоили саноати сабуку хурокворї, металлургияи ранга, энергетика ва кишо-варзї, паст намудани сатњи камбизоатї ва амсоли инро дар бар мегирад. Дар оѓози баррасии масъалањои иќти-содї зикр шуд, ки барномаи заминавии рушди иќтисо-дї пеш аз њама, Стратегияи

миллии рушд барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатњи некўањво-лии мардуми Тољикистон барои солњои 2013 – 2015 ва дигар барномањои соњавию минтақавї таъмин гардида, иљрои саривақтї ва самара-ноки онњо тањти назорати доимї қарор дорад. Таъкид карда шуд, ки барои расидан ба ин њадафи стратегї роњба-рони вазорату идорањо, ви-лоятњо ва шањру ноњияњо ва њамаи хизматчиёни давлатї вазифадоранд, ки ба иљрои босифат ва саривақтии ва-зифањои муайянгардида бо масъулияти баланд муноси-бат намоянд.

Зикр карда шуд, ки дар 7 соли сипаришуда маљмўи мањсулоти дохилї якуним баробар ва даромади пулии ањолї 1,7 баробар афзуда-аст, вале дар шароити руш-ди босуръати иқтисодиёти љањонї ва зарурати таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар нишон-дињандањои зикршуда моро қонеъ карда наметавонанд.

Дар ин раванд бунёди ин-фрасохтори муосир ва усту-вори њифзи иљтимоии ањолї њамчун вазифаи асосии Њуку-мат боқї мемонад.

Дар 7 соли гузашта тамою-ли иљтимоии буљети давлатї њифз гардида, њаљми харољот барои соњањои илму маориф, тандурустї ва дигар соњањои иљтимої њар сол ба њисоби миёна ба андозаи 35 фоиз афзоиш ёфт ва 23 миллиард сомониро ташкил кард.

Дар 7 соли оянда бо ин мақсад, яъне љињати њал-ли масъалањои иљтимої, аз њисоби њамаи сарчашмањои маблағгузорї беш аз 70 мил-лиард сомонї равона карда мешавад.

7 соли оянда, яъне то соли 2020, љињати расидан ба ин њадафњои стратегиамон аз њисоби буљет ва љалби сар-моя сафарбарсозии беш аз 35 миллиард сомонї пешбинї шудааст.

Соли љорї дар њамаи соњањои иқтисоди миллї боз 250 њазор љойњои нави корї таъсис дода мешаванд.

Президенти кишвар зикр кард, ки дар соњаи саноат сохта, ба истифода додани 150 корхонаи нави истењсолї пешбинї шудааст. Аз љумла бо имкониятњои захирањои табиии кишвар такя намуда, ба рушди металлургияи ранга диќќати махсус дода мешавад.

Абдуллои ҚОДИРЇ

250 000 љойи кори холї

ки дар ин бора Президент сухан гуфт

Page 12: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014ТОЉИКИСТОН12 МИНБАРИ БАЊС

Соли 1998, баъди хатми Донишгоњи миллии Тољи-кистон, ба аспирантураи Институти фалсафа (њо-ло Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва њуќуќ) и Академияи илмњои Тољики-стон дохил шудам.

Аз он замон то имрӯз дар ин даргоҳи илм кору фаъолият ме-кунам. Дар байн (солҳои 2006 2011)дар асоси озмун дар фа-култаи фалсафаи Донишгоҳи Бонн (Олмон) таҳсил ва пажӯҳиш карда, рисолаи илмӣ (PhD)-и худродифоъ кардам. Сипас, ба Тоҷикистон барга-шта, ба ҳайси корманди ил-мииИнститути фалсафа кори худро идома додам.

Дар муддате, ки барои таҳсил дар хориҷа қарор до-штам, ҳайати роҳбарияти Ин-ститут чанд дафъа иваз гардид.Профессор Шамолов охирин директори муассиса мебо-шад, ки дар зери роҳбарии ӯ кор мекардам. Ҳадафи ман аз бозгашт ба Институт хизмати содиқона ба ватан ва милла-ти тоҷик буд ва мемонад. Ман инро дар як сӯҳбати алоҳидаи худ бо мӯҳтарам Шамолов ва намояндагони Академи-яи илмҳо ва дигар мақомоти расмии кишвар баён карда будам. Шахсан ба худи ди-ректори Институти фалсафа гуфта будам, ки “Ман зиёда аз 15 сол аст, ки корманди Акаде-мияи илмҳо ҳастам. Барои ман илм муқаддас аст. Маҳз барои ҳамин дар ин муассиса кор ме-кунам”. Ва ман ҳеч гоҳ дар сар фикри аз ин даргоҳи муқаддас рафтанро надоштам.

Мутаассифона, дар мудда-ти хеле кӯтоҳ дар Институти фалсафа вазъият тағйир ёфт. Профессор Шамолов бо ман ва чанд нафари дигар аз аъ-зои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” ба пархош ва муомилаи номуносиб бар-хост. Шахсан худи ман узви доимии ин маҳфил мебошам, ки соли 1993 бо ибтикори файласуфи шинохтаи тоҷик– Комил Бекзода таъсис ёф-та буд. Он замон донишҷӯи курси дуюм будам ва ҳамроҳи ҳамкурсон аз Донишгоҳи мил-лии Тоҷикистон ба Академи-яи илмҳои Тоҷикистон мео-мадем, то ки дар ин маҳфили фалсафӣ ва фарҳангӣ ишти-рок кунем. Соли 2013 маҳфили “Ҷаҳони андеша” 20-солагии фаъолияти худро дар доираи маҳдуди иштирокчиёни до-имии худ, ки андаке бештар аз 10 нафар мебошанд, ҷашн гирифт. Дар яке аз чунин нишастҳо дар оғози соли 2013 мо ба хулоса омадем, ки дар

бораи фаъолияти 20 солаи худ як мақолаи ҷашние на-висем ва дар матбуоти даврӣ ба табъ расонем. Дар натиҷа, як мақолаеро омода кардем ва онро “Ҷаҳонбинии оянда (Ҷаҳонбинии алтернативӣ)” ном гузоштем. Аввал мехо-стем онро дар матбуоти даврӣ чоп кунем, вале муроҷиати мо ба чанд ҳафтанома бесамар анҷомид. Барои ҳамин, ба хулоса омадем, ки мақоларо дар шакли китоб нашр кунем. Аъзоёни доимии маҳфил дар ҳудуди 50 сомонӣ маблағгузорӣ карда, онро чоп карданд.

Ин ҷузъиётро ба он хотир ёдрас мекунам, ки баъзе на-фарони бадгумон ба ҷониби мо санги маломат заданд, ки гӯё мо кадом як фармоиши қувваҳои ғайрро иҷро карда-ем ва аз онҳо бар ивази чопи ин мавод подоши молӣ ҳам ги-рифтаем. Дар зери фишори ин гуна тӯҳмату бӯҳтонҳо ва ҳатто тавҳину таҳдидҳо ҳам аз тара-фи раёсати Институт ва ҳам аз тарафи рӯҳониён ба баъзе аз аъзоёни доимии маҳфил мо маҷбур шудем, ки ҷавобияҳо нависем ва билохира маҳфили “Гуфтумони фалсафӣ” ро қатъ кунем ва аз фаъолияти худ муваққатан даст кашем.

Ба ҳама маълум бод муддати зиёда аз як моҳ аст, ки аъзоёни маҳфил пароканда гардидаанд ва ҳар кас ба кору зиндагии шахсии худ машғул мебошад! Новобаста ба ин, ҳоло ҳам раёсати Институт ва ҳамчунин рӯзноманигорону мазҳабиён моро чун гурӯҳ ва фаъолиятҳои моро чун гурӯҳбозӣ муайян ва муаррафӣ мекунанд, ки ҳеч гу-на воқеияте надорад.

Бояд гуфт, ки маҳфили “Гуфтумони фалсафӣ” моҳи январи соли 2014 бо ибтико-ри раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дар заминаи

маҳфили “Ҷаҳони андеша” таъсис ёфта буд. Илм бе баҳс ва аз ҳама муҳим бе танқид наме-шавад. Аммо баҳсу танқид ҳам бояд ҳадду андозаи худро до-шта бошад. Қонунҳои дунявӣ ва инсондӯстонаи ҷаҳони муо-сир муқаррар кардаанд, ки ҳеч гуна амал набояд ба шаъну эъ-тибор ва зиндагии инсон хатар эҷод кунад. Ба ҳамин хотир ду-руст аст, ки на фақат Ҳукумати Тоҷикистон балки инчунин ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пеши роҳи тундгароёнро ме-гиранд. Бешубҳа, барномаҳо ва нақшаҳои тундгароёни динӣ ва дунявӣ бар зидди ормонҳои ҷомеаи демократӣ, аз қабили баробарӣ дар байни одамон но-вобаста ба тааллуқияти қавмӣ, нажодӣ, ҷинсӣ ва мазҳабию динияшон мебошанд. Мо дар китоби “Ҷаҳонбинии оянда” гуфтаем, ки зиндагии ин-сон арзиши аз ҳама баландро доро мебошад(саҳ. 15). Ин принсипи асосӣ ва куллии ҳамаи кишварҳои пешрафта ба шумор меравад. Ин яке аз консепсияҳои марказии амни-яти миллии кишвари мо низ ҳаст. Аз ҳамин дидгоҳ, ҳамаи мавзӯъҳои китоб фароҳам оварда шудаанд. Дар матлаб инчунин таъкид кардаем, ки дидгоҳи мо ба дастовардҳои илмӣ асос ёфтааст.

Гарчанде “Ҷаҳонбинии оянда” 5 марти соли 2013 чоп шуда буд, то моҳи феврали со-ли 2014 ба он вокуниши васеъ (на шифоҳӣ ва на хаттӣ) рух надод. Фақат моҳи сентябри соли 2013 Файзалӣ Абдулхонов – корманди Институти фал-сафа як тақризи 64 саҳифаӣ дар шакли китоб чоп кард ва бо забони таҳқиромез ба му-аллифон ҳуҷум кард. Забону мантиқи тақриз хароб ва маз-муни онхурофотӣ буд ва аз он ба мақолаи мо ҷавоби илмӣ ва

фалсафӣ ҷўстан низ беҳуда аст. Бо вуҷуди ин, на раёсат ва на кормандони илмии Институ-ти фалсафа ба ин тақризи кор-манди худ вокунише нишон надоданд. Гӯё ҳеч ҳодисае рух надода буд. Хомӯшӣ василаи ягонаи онҳо буд, то замоне, ки моҳи феврали соли 2014 боро-ни тавҳину таҳдидҳо аз тара-фи доираҳои мазҳабии тоҷик ба муаллифони “Ҷаҳонбинии оянда”, бахусус Комил Бек-зода, рехт. Акнун дар қатори дигарон раёсати Институт ҳам ба таҳдиду таҳқир гузашта буд. Муносибатҳои сард сардтар гардиданд.

Баъзе мунаққидони ин китоб, бахусус аз байни оли-мони Институт, бар ин на-заранд, ки гӯё муаллифон ба хотири шӯҳратманд шудан, ва ё ба сиёсатбозиҳо машғул шудан китобро таълиф карда-анд. Вале ба аксари хонандагон маълум аст, ки ҳеч кадоме аз ин муаллифон то ин вақт узви ягон ҳизби сиёсӣ набуд ва ё аз пайи мансабе ё манфиате ҳам нагаштааст. Кори ҳамешагии онҳо таҳлил, таҳқиқ ва барра-сии илмии масъалаҳои мубра-ми ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Муҳити раёсати Институ-ти фалсафа аз муҳити раёса-ти Академияи илмҳо бакуллӣ ҷудо ва бегона гардидааст. Ман дар вохурӣ бо профессор Фарҳод Раҳимов ва дар ҳузури узви вобастаи АИ ҶТ Карома-тулло Олимов ва профессор Абдулвоҳид Шамолов гуфта будам, ки Институти фалсафа қисман ба теологизатсияи (ди-нигардонии) илмҳои фалсафӣ машғул аст. Ин ақидаи ман нест, балки воқеияте мебошад, ки онро метавон бо далелҳо исбот кард. Ин мушкилии Институти фалсафаро про-фессори Донишгоҳи миллии

Тоҷикистон Султон Наврӯзов аллакай соли 2012 дар китоби худ бо номи “Игры в науку (в двух книгах. Книга первая)” дар як боби алоҳида бо номи “Теологизация науки и образо-вания” (саҳ. 100-154) ва дигар бобҳои ин ва дигар китобҳояш баён карда буд. Ба сабаби он ки ин мушкилии бисёр ҷиддии илми тоҷик аст, дар охири ин мақола баъзе мулоҳизаҳои шахсии худ ва ҳамчунин фи-шурдаи назари профессор Наврӯзовро дар мавриди дини-гардонии илмҳои академикӣ баён мекунам.

Директор ва ҳамчунин дигар масъулони Институти фалса-фа намехоҳанд ин ҳақиқатро қабул ва дар ҷавоб ба он чораандешӣ кунанд. Балки дар маҷлиси охири Институти фалсафа (19 апрели соли 2014) ӯ бори дигар пофишорӣ кард, ки теология (илоҳиётшиносӣ) ва калом бахшҳои фалсафа мебошанд. Боз таъкид кард, ки ӯро барои қабули аспирантони эронӣ ва афғон, ки тамоюли дингароӣ доранд ва муҳити ил-мии тоҷикро динӣ мекунанд, ҳушдор медиҳанд.

Ман намедонам ин эродро ба раёсати Институт кӣ ги-рифтааст, вале дар ҳақиқат як қисми донишомӯзони хориҷӣ корҳои дингароёна пешниҳод мекунанд. Албатта, дар бай-ни аспирантони хориҷӣ на-фароне низ пайдо мешаванд, ки бо диду масъалагузориҳои ғайримазҳабӣрисолаҳо ва мақолаҳои худро менависанд. Мо бечунучаро тарафдори чу-нин корҳо ва ҳамкориҳо мебо-шем. Ҳукумати Тоҷикистон Институти фалсафаро, пеш аз ҳама, барои тайёр кардани кадрҳои дохилӣ маблағгузорӣ мекунад. Аммо вақтҳои охир кормандони илмӣ бештар ба омода кардани рисолаҳои илмии донишомӯзони эронӣ машғул мебошанд. Албат-та, ҷаҳони муосирро бе робитаҳои илмӣ ва омӯзишӣ дар байни кишварҳои гуногун тасаввур кардан ғайриимкон аст. Кишварҳои пешрафта бо истифода аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии худ донишҷӯён ва донишмандони хориҷиро ҷалб мекунанд ва ба ин восита имкониятҳои зеҳнии худро тақвият мебахшанд. Ин гуна падида “байналми-лалишавии илму маориф” (“internationalization of science and education”) номида меша-вад. Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин раванди ҷаҳонишавӣ наметавонад бар-канор ва дар инзиво монад. Ба-рои ин зарур аст, ки мо сиёсати мавҷудаи давлатиро дар соҳаи

Барои чопи “Љањонбинии оянда” 50 сомонї додам

ва аз Институти фалсафа меравам...

Page 13: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014 ТОЉИКИСТОН 13МИНБАРИ БАЊСилм ва маориф барои танзими ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монем. Воқеан кори мо ҳушдор додан аст, ки муҳити илмии худро ғайриилмӣ ва ғайрифалсафӣ накунем. Даъ-вати мо аз он иборат аст, ки якҷоя роҳи ҳал ҷӯем ва пайдо кунем. Аммо афсӯс ҳушдор ва даъвати моро нодуруст фаҳмиданд ва будани моро дар Институти фалсафа дар зери савол гузоштанд. Пешниҳоде, ки мо бо директори Институти фалсафа дар ҳузури ҳайати раё-сати Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимов ва Кароматулло Оли-мов кардем, бисёр одилона ва беғаразона буд.

Пешниҳоди мо хеле одӣ, фаҳмо ва маъқул буд, ки як бо-ри дигар ин ҷо такрор мекунам: теология, калом, фиқҳ, ирфон ва тафсир илмҳои фалсафӣ не-станд, балки ба истилоҳ “илмҳои динӣ” мебошанд. Бо профессор Наврӯзов розӣ ҳастам, ки онҳо на илм, балки ақида мебошанд, дар ҳоле ки дар байни илм ва ақида, ақл ва имон ва монанди инҳо аз замин то осмон фарқ аст. Барои ҳамин, беҳтар мебуд агар ин гуна “илмҳо” ба салоҳияти м у а с с и с а ҳ о и о м ӯ з и ш и масъалаҳои исломӣ, аз қабили Маркази исломшиносӣ ва До-нишкадаи исломии Тоҷикистон вогузор карда шаванд. Мавриди зикр аст, ки илмҳои фалсафӣ низ ба омӯзиши масъалаҳои динию мазҳабӣ ва ирфонӣ машғул ҳастанд, вале бо исти-фода аз методологияҳои илмӣ. Дар илми муосир барои ши-нохти илмии матнҳои динӣ методологияи герменевтика (Гадамер) ва барои ташхи-си категорияҳо ва падидаҳои эътиқодӣ методологияҳои деконструксия (Деррида) ва таҳлили дискурсивӣ (Мишел Фуко) вуҷуд доранд. Соҳаҳое чун ҷомеашиносии дин (Карл Маркс, Макс Вебер, Эмил Дюркгейм, Мишел Фуко, Ле-ви Стросс), инсоншиносии дин (Фрайзер, Клифорт Ге-ертс, Токарев, Тайлор, Эванс Пичард, Бергер, Лукманн, Мирча Элиаде, Пйер Бодйе, Энтони Коҳен) ва равонши-носии дин (Вилям Ҷеймс, Зиг-мунд Фрейд, Карл Густав Юнг, Эрик Эриксон, Рудолф Отто) вуҷуд доранд, ки ба омӯзиши масъалаҳои дин сару кор до-ранд.

Боиси таассуф аст, ки айни ҳол дар Институти фалсафа баҳси давомдор ва мақсадноки назариявӣ ва методологӣ вуҷуд надорад. Сабаб дар он нест, ки мо мутахассис надо-рем. Баръакс, ман шоҳиди он ҳастам, ки чанд нафар дониш-манд кӯшиш карда буданд, ин гуна баҳси илмӣ-фалсафиро ба миён гузоранд. Аммо бо сабаби дар Институт кор накардан ва

ё аз ин муассиса рафтани онҳо ва кам доир гардидани семина-ру вохӯриҳои илмӣ чунин баҳс давом наёфт. Ягона семинари илмӣ методии Институт дар як моҳ як маротиба баргузор мешавад, ки ба гузоришҳои сардорони шӯъбаҳо маҳдуд аст. Пешниҳоди мо барои беҳбудии кори Институти фалсафа на фақат қабул нашуд, балки дар пайи он фишору таҳдидҳо бе-штару сахттар гаштанд. Му-носибат бо мо ончунон аст, ки гӯё ҷинояте содир карда бошем ва барои он бояд дар ҳар маҷлиси расмию бархур-ди шахсӣ бе сабаб ва бе шарҳу тавзеҳ сарзанишу накӯҳиш ёбем. Баъзе аз кормандони Институт олим будани худро фаромӯш карда, акнун дар ни-сбати мо категорияҳои динии “кофир”, “мулҳид” ва монан-ди инҳоро истифода мебаранд. Ин дар ҳолест, ки дар байни категорияҳои илмӣ ва динӣ аз замин то осмон фарқ аст. Дар баҳси фалсафӣ андеша вуҷуд дорад, на ақида. Андеша ҷараёни фикрие мебошад, ки вобаста ба таҷрибаҳои илмӣдар ҳоли иваз шудан ва такомул ёфтан мебошад. Ақида бошад қоим ва устувор буда, бо гуза-шти вақт иваз намешавад. Ба-рои ҳамин, як андешаи фалса-фиро бо категорияҳои динии “куфр”, “илҳод” ва ғайра на-бояд муайян кард ва баҳо дод. Дар ҳеч сурат, куфру илҳод ба олиму файласуф дахл надо-ранд. Дар ҳама давру замонҳо олимону файласуфони асил фикру андешаҳои гуногун до-штанд, вале дар айни замон якдигарро эҳтиром мекарданд ва аз якдигар меомӯхтанд.

Дар пайи ин гуна фишору таҳдидҳо маҷбур шудам, ки барои оромии фикрии худ муваққатан аз фазои тангшу-даи Институтифалсафа берун бароям. Барои ин аризаи худро ба Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод кардам. Умедворам, ки раёсат масъалаи теологизатсияро дар миён ме-гузорад ва барои ҷудо кардани илмҳои фалсафӣ аз ақидаҳои теологӣ қадамҳои мушаххас мебардорад. Умедворам, ки донишмандони тоҷик дар ин робита бетарафӣ намегузи-нанд ва мавқеи худро ошко-ро баён мекунанд. То самти андешаи Институти фалсафа аз теология ба илм иваз на-шавад, муборизаҳои мо бар зидди хурофоту ақибмондагӣ бесамар хоҳанд анҷомид. Ҳама гуна тағйироту инки-шоф аз андешаи солим бар-меояд, дар ҳоле ки Институти фалсафа маконе мебошад, ки дар он ҷо андеша тавлид ме-шавад.

Ҳафиз БОБОЁРОВ

НАЗАРИ ДИГАР ДОРЕД? НАВИСЕД, ЧОП МЕКУНЕМ!

[email protected], [email protected] Телефон барои тамос: 238-54-51, 238-54-37

Аслан ман файласуфњоро дўст медорам, зеро онњо ба њастии дунё назари дигар доранд. Ил-ми фалсафаро низ дўст медорам, зеро пояи асосии илм бањс аст ва бањсњои фалсафї охир надо-ранд. Шояд дар риёзиёт, иљти-моиёт, филология бањси сари мавзўъњо чанд соатию чанд лањза давом ёбад, аммо бањси фалсафї асрњо…

Чанде пештар (с.2013) даст-музди иштирокчиёни мањфи-ли фалсафии «Љањони андеша» ба муносибати 20-солагии ин мањфил, бо номи «Љањонбинии оянда (Љањонбинии алтерна-тивї) зери назари файласуф Комил Бекзода рўйи чоп омад. Ин китобчаи 39- сањифагї, ки ба гуфти худи Бекзода «Ин маќола њељ гуна китоби илмї, бањсї ва идеологию фалсафї нест» сару садоњо дар љомеа баланд гардидаю сањифањои иљтимоии интернетї низ «гарм» шуданд. Чаро? Аслан њама хабар доранд, ки илми фалсафа дорои ду равияи ба њам муќобил – идеализм ва материализм аст ва ин асрњо давом дошта, инкори Худову дин аз назари материалистон чизи нав ва бањсангез нест, њатто солњои Шўравї атеиз-ми илмї ном фанни таълимї дар донишгоњњо буд. Пас чопи китобчаи фалсафие, ки фа-рогирї доираи илми фалсафа аст, чаро проблемаи умумиба-шарї бошад? Ин бањсњо бояд дар доираи ин илм бањс мешу-данд. Дар љавоб ба ин китобча файласуф Абдулхонов Ф. М. китоберо бо номи «Мардона мурдан зиндагист ё вокунише ба рисолаи Љањонбинии оянда (Љањонбинии алтернативї)» (Душанбе-2013) чоп шуд. Ас-лан, ин мавзўъ кирои бањсу ба-ромад њам нест, зеро ман бовар дорам, ки инсоне, ки љиддан ба мављудияти Зоти пок бовар дорад, њељ гоњ бо хондани ин 40 сањифа аз эътиќодаш намегар-дад ё баръакс инсоне, ки бовар надорад бо мутолиаи китоби 64 сањифагии Абдулхонов мусул-мон намешавад… гап ба дарозо наравад, маќсади мо бањси ки-тобчаи Бекзода нест, зеро ин љониб файласуф набуда фило-лог аст.

Њафтаи гузашта («Тољикис-тон» №17 (1059) 24апрели соли 2014) дар њафтанома маќолаи Ёр Муњаммад тањти унвони ««Љањони андеша» магар иттињо-ди кофирон аст?» дар њимоя аз китобчаи «Љањони андеша» ва љавоб ба вокуниши Хайриддин Ќосимї чоп шуд. Мо интиќоде нисбат ба он маќола надорем, аммо нисбати ќисмати дуюми маќола ки тањти зерсарлавњаи «Бед гуфтанд тўдае тут фањмид» омадааст, чанд эрод њаст, ки хо-нандаи закї гумроњ нагардад…Оќои Ёр Муњаммад!! Шумо иќтибосеро аз ќисмати «Худо кист?»-и китобчаи «Љањонби-

нии оянда» ѓалат оварда, ме-хоњед хонандаро гумроњ кунед?! Агар воќеан љумлае, ки шумо аз љумлањои дохили китобча сох-таед ва онро иќтибос кардаед, дар мавриди Худо «… метаво-над, моро баъди марг зинда ку-над ва аз марги њамешагї наљот дињад» мебуд, бешубња китобча китобчаи динї мебуд ва њељ сару садое бар намеангехт. Аммо дар асл дар рисола чунин аст: «Мо… орзу мекардем…ки ба таври ња-мешагї зинда, зебо, љавон ва љо-видон зиндагї кунем. Худамон, ки натавонистем аз марг наљот ёбем, ќањрамонеро ихтироъ на-мудем, ки моро зинда кунад ва аз марги њамешагї наљот дињад. Ин ќањрамони орзуњои мо Худо ном дорад…» шакли дурусти љумлањо ин гуна аст, на ба он тарзе ки шу-мо овардед! Баъдан шумо њуќуќ надоред, ки љумлањои китобро пешу ќафо бурда, тањриф кар-да, ба сифати иќтибос истифода кунед, иќтибос модоме меша-вад, ки мо љумлаи муаллифро айнан биёрем, на маънояшро ё тањрифшудаашро!

Дигар шумо бузургони илму адаби тољикро туњмат мезанед, ки гўё онњо «… аз чањорчўбаи ќавонини шахшуда (исломї, динї .муаллиф) пой берун овар-да, андешаи ба афкори умум номаќбулро иброз доштаанд. Масалан, Носири Хусрави Ќу-бодиёнї «Мунозира бо Худо» эљод кард.»

Љаноби Ёр Муњаммад! Шумо «Мунозира бо Худо»-ро хонда-ед? То он љое ман медонам, он асар натиљаи охирин солњои њаёти Носири Хусрав буд, ки дар пайравии «Шикоят аз пирї» навишта шуда, аз нотавониву нотинљии рўзгори худ шикоят мекунад, оре шикоят ва ин ши-коят ба Худояш аст. Дар охири шикоятњош байти мисоловар-даи Шуморо мегўяд:Худоё рост гўянд: Фитна аз туст,Вале аз тарс натвонам љаѓидан.

Дар ин байт «фитна» ба маъ-нои аслиаш наомада, балки ифодакунандаи рўзгори шоир аст, ки бевосита Худояш ато фармуда, гарчанде ў намехоњад, ки ин гуна зиндагиаш бошад, аммо њељ коре карда наметаво-над…Офарин бар нажоди Фирдавсї,Он њумоюннажоди фархунда, Ў на устод буду мо шогирд, Ў Худованд буду мо банда.

Ин мисраъњоро мисол овар-да, шумо инро низ шояд берун љастан аз «ќавонини шахшуда» мењисобед ва мисраи Мавлонои бузург «Аз ту ба њаќ расидаам, Шамси ману Худои ман»-ро низ мисол меоред.

«Худо»-ро дар Фарњанги забо-ни тољикї чунин шарњ додаанд:

Худо(й)- 1. Зоти мавњуми олї, ки дар аќидаи дин гўё љањон ва љањониёнро офарида, гўё њамаро идора мекардааст, аллоњ, илоњ, холиќ, парвардигор, яздон; 2. Соњиб, молик

Худованд- 1. Худо; 2. Соњиб, молик; 3. Подшоњ, султон.

Муњаммадљон Шакурї ме-нависад: « «Худот» калимаи суѓдї буда, маънояш соњиб, шоњ аст…».

Дар баъзе луѓатњо «Худо» ба маънои «бузург» њам омадааст.

Пас мо метавонем мисраъњои болоро чунин шарњ дињем.

Ў (Фирдавсї. муаллиф) Худо-ванд – шоњ, соњиб, устод ,- буду мо банда- барда, шогирд, пайрав ва ѓ… на ин ки Ў яздон буду мо парастандагонаш. Дар мавриди ин мисраъ ку дарди ба хайр, аммо дар мавриди мисраъи Мавлоно, ки Офтоби оламафрўзи љањони Шарќ ва бевосита шарњдињан-даи Ќуръон буд, носазо гуфтан љурм аст. «Аз ту ба њаќ расидаам, Шамси ману Худои ман», яъне «Аз ту ба њаќ- њаќиќат, Худованд, зоти пок,- расидаам, Шамси ма-ну Худои- бузурги, шоњи, сањи-би, - ман.» Дар фарњанги забони тољикї «Њаќ –яке аз номњои Ху-до» маънидод шудааст.Ман чи гўям зоти он олиљаноб, Нест пайгамбар, вале дорад китоб.«Маснавии маънави»-и Мавлавї,Њаст «Ќуръон» бо забони пањлавї.

Ин байти Абдурањмони Љо-миро, ки ба гуфтаи шумо «дар шинохти ислом беназир буд» мисол оварда, мегўед, ки гузо-штани Ќуръон дар радифи як китоб љуръат талаб мекард.

Дар адабиётшиносї «тасвир» ном чиз њаст. Ба гуфти Р. Му-сулмониён тасвир-он калимаю ибора ва ё тарзи ифодае мебо-шад, ки ягон љузъи воќеиятро барљастаю аёнї ва муассиру хо-тирнишин акс намояд.

Ва Љомї низ чун шоир аз њамин истифода кардааст. Чи-зи дигар ин аст, ки «Маснавии маънавї» асари арзишмандї ир-фонї аст. Нодир Одилов як мањ-филро дар Китобхонаи миллї баргузор мекунанд, як бор ним бор равед! Дар њамон љо устод њар як њикояи «Маснавї…»-ро бо як ояти Ќуръон асоснок ме-кунанд, пас чї гуна ин асар таф-сири Ќуръон бо забони форсї -тољикї набошад? Яъне «Мас-навии маънавї»-и Мавлавї њаст –тафсири, тарљумаи - Ќуръон бо забони форсї.

Адабиёт бисёр љирмњое до-рад, ки дарки он хело мушкил аст ва набояд аз њар як асари бадеї илму фалсафа љўст, зеро барои тасвир, ташбењ шоир ња-ма корро мекунад, ба њама чиз монанд мекунад, аз њама муњим ин диќќатљалбкунанда бошад.

Муњтарам Ёр Муњаммад! Шо-яд давоми маќолаи Шумо кушо-ише дар фалсафа бошад, аммо эродњои ин љониб ба хотири пос доштани номи гузаштагони ада-биёти тољик аст, ки воќеан њама мусулмонони комил буданд. Шумо низ «ба гузашта аз туфанг тир наандозед, зеро ояндагон ба Шумо аз туп тир холї хоњанд кард»

Шоњини НОЗИРПУР

Тањрифи андеша низ куфр аст!

Page 14: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014 ТОЉИКИСТОН 15МАВЛУДНОМА

1 май ФАТТОЊ АЗИЗОВ (1949), 65- солагии зодрўзи доктори илми

иќтисод, профессор. АБДУЛЛО БЕРДИЕВ (1954), 60- солагии зодрўзи журналист. ЉЎРАБОЙ БУРЊОНОВ (1939), 75- солагии зодрўзи олими соњаи

биология.МАЗЊАРИДДИН ЃОЗИЕВ (1964), 50- солагии зодрўзи журналист.ИСКАНДАР ДАВЛАТОВ (1964), 50- солагии зодрўзи олими соњаи

иќтисод.АСЛИШО МАЗЊАБШОЕВ (1934), 80- солагии зодрўзи олими

соњаи тиб.МАЊМАДВАФО МАЊМАДЛОИЌОВ (1954), 60- солагии зодрўзи

журналист.РАУФ МУРОДОВ (1939), 75- солагии зодрўзи санъатшинос, про-

фессор, Ходими шоистаи њунари Тољикистон.МАРЯМ НАБИЕВА (1939), 75 - солагии зодрўзи олимаи соњаи

иќтисод.ИСМОИЛ РАЊИМЇ (1949), 65- солагии зодрўзи доктори илми

филологї, профессор.АБДУЛВАЊЊОБ СОБИРОВ (1934), 80 - солагии зодрўзи забон-

шинос, устоди йога.АЊМАД ХОЉАЕВ (1944), 70- солагии зодрўзи адабиётшинос,

шарќшинос.МУНИРХОН ХОЉАЕВ (1964), 50- солагии зодрўзи олими соњаи

география.ЊАЛИМАИ ХУШЌАДАМ (1954), 60- солагии зодрўзи нависанда,

сиёсатшинос.

2 май КАРИМЉОН ЊУСЕЙНОВ (1949), 65- солагии зодрўзи доктори

илми химия.НОДИРА ШУКУРОВА (1944), 70- солагии зодрўзи олимаи соњаи

педагогика.

3 май БЕГАЛЇ АЊМАДАЛИЕВ (1929), 85- солагии зодрўзи арбоби

њизбию давлатї.АНВАР МАЌСУДОВ (1964), 75- солагии зодрўзи олими соњаи

физика.

4 май ЗУМРАД ЃАЙБУЛЛОЕВА (1964), 50- солагии зодрўзи олимаи

соњаи химия, ихтироъкор. ЊОФИЗ РАЊМОНОВ (1964), 50- солагии зодрўзи журналист.НЕЪМАТУЛЛО САФАРОВ (1944) 70- солагии зодрўзи, олими

соњаи биология, Корманди шоистаи Тољикистон.ЗИЁДУЛЛО ШАЊИДЇ (1914-1985), 100- солагии зодрўзи оњанг-

соз, Њунарпешаи халќии Тољикистон, дорандаи Љоизаи давлатии ба номи Рўдакї.

5 майАББОСИ АФСАЊЗОД (1964), 50- солагии зодрўзи адабиётшинос.СУБЊОНЌУЛ ВАЛИЕВ (1949), 65- солгии зодрўзи журналист.ПИРУМШО ЗАЙДОВ (1949), 65- солагии зодрўзи олими соњаи

биология.ДАВРОН КАРИМОВ (1949), 65- солагии зодрўзи журналист.ИНОЯТ ШАРИФОВ (1944), 70- солагии зодрўзи олими соњаи

биология.МАРЯМ ЯУКАЧЕВА ( 1929), 85- солагии зодрўзи адабиётшинос-

эроншиноси тотор.

6 майЗАФАР ИСКАНДАРОВ (1954), 60- солагии зодрўзи олими соњаи физика.

ИСТАТОЙ РАЊМАТОВА (1924-2007), 90- солагии зодрўзи жур-налист.

7 майАЛИРИЗО РАЊМОНЌУЛОВ (1929), 85- солагии зодрўзи арбоби

фарњангї, Њунарпешаи шоистаи Тољикистон.

Таквими

Масъули гўша Ёрмуњаммади Сучонї. • E-mail: [email protected]

Арафаи љашни матбуот буд. Дар чунин рўзњои хо-тирмон ва умуман дар ња-ма лањзањо дил мехоњад бо нафаре њамсуњбат бошад, ки дилаш чун чашмањо соф, бо ширингуфторияш ѓами дилро берун кунад, зами-раш моломоли некию на-кўкорї бошад.

Хушбахтона, чунин шахсон дар њаёт љо-љо њастанд. Зин-дагиро њамин турфа мардум зебо мегардонанд. Шоњљони Абдурасул муовини директори

Радиои Тољикистон аз њамин ќабил мардон аст. Ў дар солњои душвори љанги шањрвандї пи-сарбачаи 4-солаи ятимеро ги-рифта, њамроњи фарзандони худ ба воя расонд. Имрўз он бача Шоњљонро падар мегўяд. Ў пайваста пайи накўкорист.

Шоњљон марди пуркорест. Бешубња ин аз он ваљњ аст, ки солаш аз рўйи мучал асп мебошад. Аспи малакаву эљо-даш њамеша дар парвоз аст. Ба кормандони љавони радио роњу равиши кор омўхта, барои љолибу шуниданї садо додани

барномањои радио сањм мегу-зорад ва њамеша дар пайи эљод аст. Ин њама сифатњояшро оварда гуфтанием, ки Шоњљо-ни азизи мо ба синни мубо-раки 60 расид. Шасти камоло-тро барои ин марди фариштахў шодбош бигўем:

Шуморо обурў бошад њамеша,Баланд аз ќуллањои кўњсорон . Ба олам бахту давлат ёратон бод, Чунин аст орзуи љамъи

ёрон

Гурўњи њамсабаќон

Шасти Шоњљон

Сулаймон Зиёев, барода-ри Мирзо Зиёев, мулаќќаб ба Мирзо-Љага- собиќ њола-тњои фавќулоддаи Тољики-стон ва фармондењи кулли нерӯњои мухолифини пеши-ни тољик - худро дар Тавил-дара ба дор овехтааст.

Саидраҳмон Аҳмадов, со-кини ноњияи Тавилдара яке аз наздикони Сулаймон Зиёев ха-бар дод, ки Сулаймони 27-со-ла ҳанӯз рӯзи 12 апрел худро овехтааст.

Ба гуфтаи Саидраҳмон Аҳмадов, Сулаймон ду моҳ пеш - дар поёни моҳи феврал - аз маҳбаси Ёвон озод шуда, ба Тавилдара омад ва дар ҳоле ки аз саломатияш шикоят ме-кард, осори шароити маҳбас дар рафтор ва гуфтори вай мушоҳида мешуд. Сулаймон ҳатто то андозае гирифтори шикасти равонӣ шуда буд. Љасади Сулаймон Зиёев дар ноҳияи Панљи вилояти Хатлон ба хок супурда шуд.

Сулаймон Зиёев ҳамроҳи дигар наздикони генерали собиқ Мирзо Зиёев соли 2010 барои ҳамдастӣ дар ошӯбҳои соли 2009 дар Тавилдара, ки Мирзо Зиёев ҳам дар љараёни ҳамон нооромиҳо кушта шуд, аз тарафи Суди олӣ ба мањбас

маҳкум шуд. Аммо пас аз фирори пур-

сарусадои гурӯҳи 25-нафараи маҳбусони боздоштгоҳи куми-таи амнияти миллӣ дар таъри-хи 22 ба 23 августи соли 2011, Сулаймон Зиёев ва Додарљон Булбулов низ ба гуноњи хабар надодан ба мақомот аз ин љи-ноят дубора ҳукми мањбас ги-рифтанд.

Дар тобистони соли 2009 мақомоти ќудратии Тољикис-тон дар ноҳияи Тавилдара ама-лиёти махсусро ба муќобили гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ба роҳ андохтанд. Гуфта мешуд, ки як гурӯҳи љангиёни собиқи оппозисиюн ба раҳбарии Неъмат Азизов "бо ташкили як иттиҳоди мусаллаҳи љиноӣ қасд доштанд, ки бо истифода аз зӯр ва силоҳ ҳокимият дар Тољикистонро ба даст ова-ранд." Дар љараёни амалиёти

саркӯби ин нирӯҳо, ки чанд моҳ таҳти чатри амалиёти "Кӯкнор-2009" идома дошт, худи Мирзо Зиёев, ки баъди барканориаш аз мақоми ва-зири ҳолатҳои фавқулодда тақрибан ду сол боз дар ватани бобоияш - Тавилдара - макон карда буд, ибтидо боздошт ва баъдан дар як шароити мармуз ба ҳалокат расид. Мақомот ме-гуфтанд, ки ӯ дар як даргирӣ бо љангиён кушта шуд. Баъдан гуфта шуд, ки Мирзо Зиёев низ дар ин қасди ошӯб ҳамдаст буд.

Дар амалиёти Тавилдара дар тобистони соли 2009 дар маљмӯъ 11 нафар кушта, 49 нафар, бо шумули ду писари Мирзо Зиёев - Саидаҳмад ва Муҳаммадризо- ва дастикам 4 бародари ӯ дастгир ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба мањбас шуданд.

Бародари Мирзо Љага худро овехт

Page 15: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014ТОЉИКИСТОН16 ТАБЛИЃ

• Бинои сохташ нотамом, ки барои тарабхона пеш-бинї шудааст. Суроѓа: Кол-хози Россия, дар назди та-рабхонаи «Тигровая балка» Тел: 98-888-97-77, 904-51-97-77

• Гўшвори нуќрагин, сан-гаш нофармон, касе онро баргардонад, мукофот инти-зор аст! Дар таърихи 26.04.2014 дар њудуди театри Опера гумшудааст. Тел: 93-486-41-41

• Насби антенаи моњво-равї- Андрей. Тел: 918-76-74-08

• Панљара, панљраи оња-нин, дарвоза, дарвозањои оњанин, пештоќ, ќатораи панљарањо, ароба месозем. Тел: 918-44-02-33, 935-44-02-33, 907-44-02-33

• Панљара, панљарањои оњанин, панљарањои зина, дарвоза, дарвозањои оњанин, пештоќ, крани борбардор месозем. Тел: 900-98-70-51, 936-000-451, 989-09-01-49

• 3 намуди мањс дар хона. Аз соати 08:00 то 19:00 занг занед. Тел: 915-88-88-47, Люба.

• Холу озахњоро бе љарроњї рафъ менамоем. Тел: 95-152-79-77

• Маркази тибби халќии “Кимиёи саодат”: њамаи на-муди паразитњо, кирмњо ва гиљањо “шлакњо”, дисбакте-риоз, сангњои рўда, (лямбля, остритса, аскарида ва ѓ.) су-роѓа: н.Рўдакї, љамоати Зайнабобод, дењаи Сароб (Коммунизми пештара), тел: 901-500-760, 919-01-71-73, 917-33-33-55, 918-12-52-12

• Дармонгоњи тиббии эн-доурологї хизматрасонињои тиббии зерин, аз ќабили майда кардани сангњои эн-доскопии гуногуншакли гурда ва роњњои пешоббарор, илтињоби ѓадудњои простата, омосњои пешобдон, љар-роњии пластикии гурда ва роњњои пешобгузар, љарроњї дар мавриди дошта натаво-нистани пешоб дар занњо ба дараљаи баланд кафолат ме-дињад. Тел: 918-74-72-30, 919-39-44-98

• Аттестати гумшуда, № ТШУ 203568, ки онро соли 1985 мактаби тањсилоти умумии №9 ба номи А.М. Горкий, с/з Турдиев, н. Московкский (Кўлоб) ба Набиев Нуралї Њалимович додааст, бе эътибор дони-ста шавад.

• Дафтарчаи имтињонї, ки онро соли 2011 Дониш-гоњи техникии Тољикистон (Коллељи техникии Тољи-кистон) ба номи М.Осимї ба Саидов Бахтиёр Њайта-лиевич додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Дипломи гумшуда, ки онро соли 1993 СПТУ №3 ба Сафарова Зебунисо Сад-

ридиновна додааст, бе эъ-тибор дониста шавад.

• Патенти гумшуда, РЯМ 0330117783 ба номи Асла-мов Абдуќодир Мусоевич бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи техникии гумшуда, бо суроѓаи н. Рўдакї, ќитъаи Зайнабо-бод, Сароб, х.352, ба номи Зиёев Саидрањмон Мир-мањмадович бе эътибор до-ниста шавад.

• Билети донишљўии кур-си 2-уми Донишкадаи мо-лия ва иќтисод, ки онро ба Раљабов Муродалї Сай-фуллоевич додааст, бино-бар сабаби гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста ша-вад.

• Дипломи гумшуда, НТ-1 № 334618, ки онро 26.07.1993 Омўзишгоњи тиббии н. Њисор, соли та-валлудаш 25.04.1972 ба Ша-рипов Юсуфљон Саидќуло-вич додааст, бе эътибор до-ниста шавад.

• Шиносномаи гумшудаи шањрванди Афѓонистон ба номи Фањима Азлиддин се-рияи ОА 005300, бе эътибор дониста шавад.

• Шартномаи хариду фурўши хона, тањти раќами №3799, ба номи Самиев Нуралї тааллуќ дорад, аз эътибор соќит дониста ша-вад.

• Билети донишљўии гумшуда Ф 6-32/2013, ки онро соли 2013 Донишгоњи технологии Тољикистон ба Ашуров Амир Њакимович додааст, бе эътибор дони-ста шавад.

• Шартномаи хариду фурўши гумшуда, бо фењра-сти 9Д-4792, ки 23.11.1992 сол дар идораи 1-уми нота-риалии ш. Душанбе, бо су-роѓаи кўчаи Айнї бинои 76/6, њуљ.26, ба номи Мада-лиев Яќуб Юсупљонович ба расмият дароварда шуда буд, аз эътибор соќит дони-ста шавад.

• Гувоњномаи шахсияти ЉТ № 004517, ба номи Па-лавонова Гулдаста Гулбе-ковна, аз 20.11.2008 сол, аз сабаби гум шуданаш, бе эъ-тибор дониста шавад.

• Дипломи гумшуда, бо № БТ-510896, ки онро 03.07.1979 сол Техникуми Совети Савдои Душанбе ба Њакимов Абдурањим Саи-дович додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Аттестати гумшуда бо № 293887, ки онро соли 1988 мактаби миёнаи

• № 19 ба Булоусов Юрий Геннадиевич додааст, бе

эътибор дониста шавад. • • Њуљљатњои гумшуда, ши-

носномаи техникии ба ќайд гирифташуда бо № 19099, аз 2.04.2003 ва шартномаи хариду фурўш №8Д-4-1002 аз 2.06.1993, бо суроѓаи кў-чаи Маяковский 6/1, њуљ.5, ба номи Мамадганимов Љума, бе эътибор дониста шавад.

• Шањодатномаи њуќуќ ба мероси гумшуда, ки дар идораи давлатии нотариалї аз 16.11.1992, бо № 8Н-403 ба ќайд гирифта шудааст, дар МБТИ ш.Душанбе аз 19.12.1992 бо № 4820, бе эътибор дониста шавад.

• Дипломи гумшуда бо №331828, раќами ќайди №15, ки онро соли 1993 Омўзишгоњи омўзгории ба номи Крупская ба Идибе-ков Валаматпочо додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Шартномаи хариду фурўш ва Шиносномаи техникии гумшудаи хона бо суроѓаи кўчаи Титова, гу-заргоњи 9, х.14/61 ба номи Бобоева Фаришта бе эъти-бор дониста шавад.

• Билети донишљўии гумшуда тањти №128/13, ки онро 16.02.2013 Дониш-гоњи техникии Тољикистон ба номи М.С.Осимї ба Њайдаров Азимљон додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Дафтари њавлии гумшу-даи хона ба номи Каримов Нурулло бо суроѓаи гузар-гоњи 16, кўчаи Ќањорова, х.48 бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи гумшудаи серияи А 3317747, ки онро 27 майи соли 2004 ШКД-и н. Фирдавсии ш. Душанбе ба Шарифов Љамшед Фай-зуллоевич додааст, бе эъти-бор дониста шавад.

• Шиносномаи гумшудаи серияи ОR 867068, аз шањрванди Афѓонистон ба номи Наљибулло Абдуља-бор бе эътибор дониста ша-вад.

• Дафтари њавлї ва ши-носномаи техникии гумшу-даи хона бо суроѓаи кўчаи Шмидта 20, њуљ.7 ба номи Назаров Нор Багриевич бе эътибор дониста шавад.

• Дафтари њавлии гумшу-даи хона бо суроѓаи кўчаи С. Шерозї 22/1, њуљ.83 ба номи Ѓаниева Хайрї бе эъ-тибор дониста шавад.

• Шиносномаи гумшудаи серияи А 0919712, ки онро 25 марти соли 2000 ШКД-и н. Фрунзе ба Рањимова Муњтарам Тошевна дода-

аст, бе эътибор дониста шавад.

• Дафтарчаи имтињонии гумшуда №24/10, ки онро соли 2010 Донишкадаи тар-бияи љисмонии Тољикис-тон ба номи С. Рањимов ба Иброњимов Улуѓбек Донё-рович додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Шиноснома бо №66152 ва дафтари њавлии гумшуда бо суроѓаи кўчаи Муњама-диев, х.62, њуљ.2 ба номи Зуњурова Гулдаста бе эъти-бор дониста шавад.

• Патенти гумшуда РЯМ 0130033283, РМА 015297477 ба номи Мансуров Умедљон Толибович, бе эътибор до-ниста шавад.

• Шартномаи хариду фурўш № 1Ш-831, бо су-роѓаи кўчаи Шевченко 75, х.31 «а» «б» ба номи Тала-бов Абдукарим бе эътибор дониста шавад.

• Соњибкори инфиродї Ашуров Зубайдулло Нурул-лоевич, ки бо шањодатно-маи № 0145271, РЯМ 0930041595, РМА 095161676 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Шарипов Абдурасул Абду-рањимович, ки бо шањодат-номаи № 0188562, РЯМ 0930053520, РМА 095472525 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Сафархонов Мањмадрасул Мирзохонович, ки бо шањодатномаи № 0018773, РЯМ 2030028853, РМА 205049294 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ мена-мояд.

• Соњибкори инфиродї Њамидов Фаррух Толибо-вич, РЯМ 0130025940, РМА 055117616 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ мена-мояд.

• Соњибкори инфиродї Юнусов Манучењр Файзул-лоевич, ки бо шањодатно-маи № 0197041, РЯМ 0230029525, РМА 025332834 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• ЉДММ «Гети Нетворк Солюшенс», воќеъ дар н. Шоњмансур, раќами шањо-датнома 0258000, РЯМ 0110019241, РМА 010094063 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

• ЉДММ «Орун Шукрон», воќеъ дар н. Шоњмансур, РЯМ 0110014988, РМА

010089391 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муд-дати 1 моњ ќабул карда ме-шаванд.

• Соњибкори инфиродї Рашидов Абдуразоќ Абдул-воњидович, № 0065028, РЯМ 0130079272, РМА 125605885, ки онро назора-ти андози н. Шоњмансур аз 10.04.2013 сол додааст, соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Њакимов Соњибљон Мирзо-евич, РЯМ 0530108545, РМА 55735505 фаъолията-шро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Фаќиров Љамшед Рањма-туллоевич, ки бо шањодат-номаи № 04300092273, РЯМ 0330180318, РМА 295558240 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ мена-мояд.

• Соњибкори инфиродї Њамидов Мањмадалї Саи-дакбарович, РМА 045232843, РЯМ 0330180318 фаъолияташро ќатъ мена-мояд.

• Соњибкори инфиродї Ќањоров Фаридун Раљама-дович, ки бо шањодатномаи №0007537, РЯМ 0430144844, РМА 035160116 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Нуриддинов Умедљон Ѓои-бович, ки бо шањодатномаи № 0105773, РЯМ 0930036727, РМА 040006719 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Ќосимов Садриддин Абду-рањимович, ки бо шањодат-номаи № 0102027, РЯМ 0331234998, РМА 045278705 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• ЉДММ «Агат Торг», воќеъ дар н. Сино, раќами шањодатнома 0079541, РЯМ 0410007465, РМА 040022445 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

• Соњибкори инфиродї Сирољова Раъно Хайриди-новна, ки бо шањодатномаи № 0097449, РЯМ 1530009553, РМА 155008938 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• ЉДММ «Амонат Са-фар», воќеъ дар н. Шоњ-мансур, раќами шањодат-нома 0001005, РЯМ 011000046, РМА 010082253 аз 16.07.09, барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муд-дати 1 моњ ќабул карда ме-шаванд.

Шумо метавонед эълонњои

худро тавассути смс бо раќами 7777 ба мо фиристед.

Телефон барои маълумот 238-78-78

Эътибор надорад

Барњам мехўрад

Саломатї

Мефурўшам

Хизматрасонї

Гумшуда

Page 16: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014 ТОЉИКИСТОН 17ТАБЛИЃ

Барњам мехўрад

Аз рўзи душанбе бо диди нав ба корњоятон оѓоз намоед ва ба худ љабр накунед, зеро беањамиятиатон вазнинњои бештар меорад. Шояд баъзе нофањмињо байни шумо ва ањли байтатон дар рўзи паљшанбе хотиратонро парешон кунад.Аз мушкилї ва нобаробарињои њафта озурда набошед.

Шахси дўстдоратон дар ин њафта рафторатонро дар коргоњ месанљад. Барои хамин эњтиёткориро пеша кунед. Кўшиш кунед, ки аз бовариаш набароед, зеро аз њама пеш дар нуќтаи назари ў меистед ва бовариро аз даст надињед. Барои он ки њама наќшањои шумо дар ин њафата амали гардад.

Барои нафаре, ки хеле зиёд шуморо дўст медорад, лозим њастед. Супоришњои шумо аз тарафи онњо сариваќти иљро мешавад. Ана њамин пешравињо ба шумо нерў ва ќувваи тоза мебахшад. Ин дар назари шумо оддї њам намояд, лекин таќдири минбаъдаи шуморо њал менамояд.

Њафтаи бобарор дар назар аст. Агар шумо дар њафтаи навин бо лоињаи нав ба кори худ оѓоз кунед, барои пешравии корњои дар наќша доштаатон ќадамњои устувор мешавад. Рўзи сешанбе ба имкониятатон нигоњ карда амал намоед. Рўзњои чоршанбе ва панљшанбе хуб мешуд, ки барои асабатонро ором намудан гузаронед.

Ин њафта асадњоро ягон баъзе навигарњо дар назар аст. Хоњиши ва эхтироми атрофиёнро њамеша дар мадди аввал гузоред, чунки дастгирї ва маслињатњои онњо метавонад дар пешравињои оянда бароятон кўмаки зиёд расонад. Дар лањзањои бебарор бояд руњафтода нашуда, чизњои наверо, ки барои мувафаќиятњо роњсипоратон мешавад, омўзед.

Сумбулањоро ваќтњои охир корњои зиёд монда кардааст. Бењтараш истироњатро низ фаромўш накунанд. Навбатдориа-тонро дар фаъолияти кориатон иваз намоянд. Суњбати дўстон ва пайвандон истироњати шуморо боз њам хубтару бењтар мегардонад. Хуб мешуд, ки то охири њафта барои истироњат ваќти зиёд људо кунед, масъалањои то њол њалнашудаатонро ба баъд гузоред.

Мизонњоро дар њафати навин ба корњои тозакунї љалб намудан хеле хуб аст. Дар асл нафароне, ки тањти ин бурљ ќарор доранд, ягона маќсади зиндагї карданро дар тоза будани атрофи хеш мењисобанд. Бештар асаби шуданаи мизонњо аз њамин сабаб аст.

Аќрабњоро њафаи бобарор дар назар аст. Дар риштаи тиљорат навгонињое, ки дер боз интизор будед, амалї мешавад. Дар муносибат бо хешу табор эњтиёткор бошед. Ваќти холиро барои ба саёњат баромадан људо намоед, зеро дар фасли бањор ба саломатиатон манфиатовар мебошад.

Шумо ба касе ваъдаи ќатъї додаед? Пас барои амали кардани он кўшиш намоед. Агар имкон бошад дар мудати кўтоњ онро ба анљом расонед, зеро он ба фаъолияти минбаъда дастоварди хуберо бароятон њадя меномояд. Дар ин њафта ќавсњо ба мушкилоти кам рў ба рў шуданашон мумкин аст. Бо имкониятњое, ки доред, натанњо кам кардани худсафедкунї, балки бањогузории худро дар њаётва корњои љиддиатон гузоред.

Дар авали њафта ба љадињо баъзе сюрпризњо метавонад, ки наќшаи кашидаашонро таѓйир дињад. Ин бар зарари шумо нест, чунки аз ин навгонї нерўи тозаро ба худ мегиред. Масъалаи маблаѓро дар як гўшае монед. Бисёр дастовардњо љаддињоро думболагиранд.

Дар сари шумо њамеша овоз садо мекунад ва ин шуморо халал мерасонад? Гуш кунед, агар сухан якчандбор такрор шавад, мумкин аст, ки онро бо эњтиёт ќабул кунед. Маслињат додан дар ин ваќт каме хатарнок аст. Ин њафта шумораи зиёдшавии дўстонатон дар назар аст. Вазифаи шумо ин аст, ки набояд нафароне, ки дар атрофатон љамъ омадаанд, дар мулоќоти аввал ранљонед.

Он чизеро ки шумо то имрўз омўхтеду амал кардед, дар ин њафта ояндаи хуби шуморо муайян мекунад. Барои ин лозим аст, ки ончизеро барои худ муњим намешуморед, аз худ дур кунед. Ин њафта барои њутњо њафтаи бобарорро ситорањо пешгўйї кардаанд. Онњоро мебояд аз нофањмињои дар авали њафта пайдо шуда аз худ дур кунанд. Ин амали онњо ќадамњои устуворро барои пеш рафтан муайян мекунад.

• ЊАМАЛ (21 МАРТ- 20 АПРЕЛ)

• САВР (21 АПРЕЛ - 20 МАЙ)

• ЉАВЗО (21 МАЙ- 21 ИЮН)

• САРАТОН (22 ИЮН- 22 ИЮЛ)

• СУНБУЛА (24 АВГУСТ- 23 СЕНТЯБР)

• • АСАД (23 ИЮЛ- 23 АВГУСТ)

• МИЗОН (24 СЕНТЯБР- 23 ОКТЯБР)

• АЌРАБ (24 ОКТЯБР - 22 НОЯБР

• ЌАВС (23 НОЯБР- 21 ДЕКАБР)

• ЉАДДЇ (22 ДЕКАБР- 20 ЯНВАР)

• ДАВЛ (20 ЯНВАР- 21 ФЕВРАЛ)

• ЊУТ (21 ФЕВРАЛ - 20 МАРТ)

ЗОДРЎЗ МУБОРАК!Саломиддини азизу мењрубон, дардошнои ёру дўстон, Шуморо ба муносибати

55-умин солгарди умратон, ки ба ин фасли зебои арўси сол- бањор рост омадааст, самимона табрик мегўем. Орзуманди онем, ки њамеша солиму бардам бошед, ба њар коре, ки бо нияти нек даст мезанед, комёб гардед.

Мегўянд, ки як сухани хуш садаќа аст. Шумо на танњо бо дўстону пайвандон лутфу мењрубонї мекунед, балки бо њама бо лањни гуворо муомила мекунед, ки ин аз фазилати баланд доштанатон гувоњї медињад. Дар ин лањзаи фарањбахш аз забони бобоямон Рўдакии бузургвор мегўем:

Љуз ин дуот нагўям, ки Рўдакї гуфтааст,Њазор сол бизї, сад њазор сол бизї.

Дуогўйи шумо љамъи дўстону пайвандон

Волида Ризоеваи азиз!Шуморо бо зодрўзатон табрику муборакбод намуда, гуфтаниям:Ба њар гул бингарам, рўйи ту љуям,Шукуфад ѓунчае бўйи ту љуям.Бар њар боѓе нињоли гулбасањро,Бубинам ќади дилљуйи ту љуям.

Бо эњтиром, Тољинисо

• Кооперативи Истењсоли «Файзи Замин» бо № 0059007, РЯМ 1210001715, РМА 120000669, воќеъ дар н. Рўдакї, фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

• Соњибкори инфиродї Њамидов Абдуњафиз, ки бо шањодатномаи № 0023563, РЯМ 0130006214, РМА 015163988 соњибкорї дошт,

фаъолияташро ќатъ мена-мояд.

• Соњибкори инфиродї Хо-лиќов Абдуалї, ки бо шањо-датномаи РЯМ 0430098836, РМА 045156955 соњибкорї дошт, аз сабаби гум шудани шањодатнома фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Холов Фахридин Љомањма-дович, ки бо шањодатномаи № 0056758, РЯМ 0330036594, РМА 025106140 соњибкорї дошт, фаъолия-

ташро ќатъ менамояд. • Соњибкори инфиродї

Сафаров Абдуњамид Талби-евич, ки бо шањодатномаи № 0055548, РЯМ 0330034980, РМА 045474038 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Усмонов Суњроб Мухторо-вич, ки бо шањодатномаи № 0001139, РЯМ 0331188660, РМА 045224026 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

ЉАВОБЊОИ СКАНВОРДЊОИ №17

Page 17: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014ТОЉИКИСТОН САЊИФАИ ТАЪРИХ18

Сарчашмаи њуќуќи ин-сон чист? Онњо аз куљо сарчашма мегиранд ва он барои љомеа чӣ ањамият дорад ва чаро рўзи ќабу-ли Сарќонун бо тантана аз љониби халќ ва дав-лат ид карда мешавад ва меъёрњои онро сарчашмаи кори худ медонанд?

Курўши Кабир гуфта буд; “Ман то рузе, ки зинда (подшоҳ) ҳастам, наҳоҳам гузошт касе молу амволи ди-гареро бо зўрї ё ҳар равиши нодурусти дигар аз ў бидуни пардохти арзиши воқеии он бигирад ва ба ў музд напар-дозад, мардон ва занонро ба номи барда (ғулом) ва каниз ё номҳои дигар бифурўшанд. Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оине-ро, ки майл дорад баргузинад, ҳар куљо мехоҳад сукунат на-мояд, ҳар касберо мехоҳад, интихоб намояд. Ин ва дигар амалҳои мушобеҳи Курўш бо-иси содири Эъломияи ҳуқуқи башари ў гардид ва ин санад зиёда аз ду ҳазору панљсад сол қабл аз ин содир шудааст, табиист, ки он санади атоӣ мебошад. Курўш фармонра-воии худро ба ҳељ мардумоне ба зўр таҳмил накард ва ба-рои ҳар миллате, ки шомили подшоҳии ўст, ҳаққи озодї пазируфт. Яъне ин Эъломи-яи Курўши Кабир сарчашмаи қабули қонунҳои муосир ва Конститутсия гаштааст.

Мафҳуми “Конститутсия” ин (барқарор мекунам, таъсис менамоям), дорои таърихи тў-лонист, ки ба сифати қонуни асосии давлат, сарқонуни мулк, муайянкунандаи ҳадду ҳудуди равобити мутақобилаи миёни инсон ва давлат, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад, ки ин анде-шаро аввалин бор Маркиз Ла-файет, муаллифи Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандї соли 1789 (Фронса), дар мод-даи 16 баён намудааст. Томас Пейн, яке аз мутафаккирони амрикоӣ ҳанўз дар қарни 18 ёдовар шудааст, ки Консти-тутсия қабл аз давлат арзи вуљуд мекунад ва давлат зодаи Конститутсия мебошад. Аз ин љост, ки “Конститутсия” са-нади давлат набуда, санадест мутааллиқ танҳо ба мардум.

Ќадами аввал барои амалї гардонидани қабули Кон-ститутсия ќабули Эъломияи истиќлолияти ЉШС Тољики-стон аз 24 августи соли 1990 гардид. Дар он истиќлолия-ти давлатии Тољикистон дар њайати ИЉШС ва чорањои амалї гардонидани он эълон карда шуданд. 9 сентябри со-ли 1991 Эъломияи мазкур бо њолатњои наве бой гардонида

шуд, ки онњо заминањои соњи-бихтиёрии Тољикистонро дар њайати ИЉШС боз њам васеъ кард. Баъди барњамхўрии Ит-тињоди Шўравї ба Эъломияи истиќлолияти Тољикистон ва Конститутсияи ЉТ таѓйироту иловањое дароварда шуданд, ки онњо соњибихтиёрии пур-раи њуќуќии Тољикистонро ба расмият дароварданд.

Дар хусуси номи консти-тутсияи нави љумњурї бањси доманадоре миёни тартиб-дињандагони лоињаи кон-ститутсия ва мутахассисони намоёни соњаи забон ва илму фарњанг, хусусан, баъди бо номи “Сарќонуни Љумњурии Тољикистон” ба муњокимаи умум пешнињод шудани ло-иња дар соли 1992 баргузор гардид. Ин бањс на ба тара-фдорони истилоњи “Сарќо-нун” ва на ба муќобилони он бартарии назаррас надод. Ҳангоми аз нав тайёр кардани лоиња шакли созишии номи он “Конститутсия (Сарќону-ни) Љумњурии Тољикистон” интихоб карда шуд ва бо ин ном дар раъйпурсї тасдиќ гардид.

Конститутсияи ЉТ, ки дар раъйпурсии 6 ноябри сол 1994 ќабул гардида буд, баъди аз тарафи комиссияи раъйпур-сї тасдиќ кардани натиљаи овоздињї ба чоп тавсия кар-да шуд ва он дар рўзномањои марказї 16 ноябри соли 1994 чоп гардид. Аз њамон рўз Конститутсия ЉТ амал карда истодааст.

Мавќеи конститутсия дар муайян ва ҳукми равон до-дани мазмуни ќонунњои сер-шумор ва санадњои њуќуќии Тољикистон бо роњи татбиќи асосњо ва заминањои муќар-раргардида хеле калон аст. Аз ин рў конститутсия ва њолату меъёрњои он дар ташакку-лёбии низоми њуќуќї ва ќо-нунгузории ЉТ, дар пойдор гардидан ва камолоти дав-латдорї дар Тољикистон ања-мияти муайянкунанда дорад. Моњияти Конститутсияи ЉТ њифзи ирода ва манфиати халќи Тољикистон буда, ма-вофиќи он меъёрњое муќар-рар мекунад, ки таркиби сох-тори љамъият, сохтори давлат ва низоми маќомоти дав-латї, њолату њуќуќии инсон ва шањрванд, вазъи њуќуќии шахсони мансабдор ва дорои салоњияти онњоро муайян ме-намояд.

Конститутсия на фаќат Ќонуни асосї, балки сана-ди махсуси њуќуќиест, ки бо эътибори олии њуќуќии худ аз дигар ќонунњо фарќ меку-над. Њељ як ќонуни дигар бо эътибори њуќуќии худ ба он баробар шуда наметавонад. Конститутсияи Тољикистон

дорои њамаи он хусусиятњое, мебошад, ки умуман ба ќо-нунњо хосанд.

Сарқонуни ЉТ аввалин маротиба мафҳуми таркиби халқро муайян намуда, тас-саруфи ҳокимияти давлати-ро аз љониби кадом созмоне, гурўҳе ва ё фарде манъ эълон кардааст.

Конститутсияи низоми нави маќомоти ќонунгузор ва иљроияро муќаррар карда, доираи салоњияти онњоро му-айян намудааст. Сарқонуни ЉТ усули таљзияи ҳокимиятро ба сифати пояи асли давлати ҳуқуқбунёд муайян намуда, дар моддаи 9-и хеш чунин ҳидоят медиҳад;. “Ҳокимияти давлатї дар асоси таљзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иљроия ва суд амалӣ мегар-дад”

Аввалин маротиба дар таърихи кишвар Сарқонун имконияти инкишоф ёфта-ни ҳаёти љамъиятиро дар асо-си равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои љамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъо-лияти онҳо мустаҳкам на-муд. Сарқонуни кишвар дар маљмӯъ худ таъинкунандаи самтҳои асосии мафкураи давлати тоза ба истиқлол рас-

идаи Тољикистон мебошад. Сарқонуни Тољикистон

шакли кишвардории (идории) љумҳуриро мустаҳкам намуда, аз роҳи эътирофи Президен-ти љумҳурӣ ба сифати раи-си давлат ва раиси ҳукумат таъсисёбии љумҳурии нави президентиро муайян кард. Сардори давлат-Президент тибқи Сарқонун аз тариқї райпурсї умумихалқї ќабул мешавад ва он курсии худро сарфи назар аз иродаи парла-менти кишвар касб мекунад. Сарқонун салоҳияти Прези-дентро ҳамчун ҳомии Кон-ститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, п о й д о р и в у б а р д а в о м и и давлат, мураттибии фаъо-лияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмила-лии Тољикистон буданашро муайян кардааст, ки чунин салоҳиятро Конститутсияҳои қаблї ба Президент ё Раиси ҳукумат надода буд.

Президент ба сифати Сарвари давлат дар соҳаи ҳокимияти судӣ низ аз салоҳиятҳои воқеӣ бархўрдор аст. Пешниҳоди номзадии Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститусионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ барои интихоб ва бозхонд ба

Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумҳурии Тољкистон ҳаққи Президент буда, тамо-ми дигар судяҳои љумҳуриро дар асоси пешниҳоди Раи-си Шўрои адлия Президент таъин ва аз вазифа озод ме-кунад.

Конститутсияњои солњои пешин роњи хеле осони таѓй-ирот дароварданро пешбинї мекарданд. Дар натиљаи ин ба Конститутсияи ЉТ солњои 1937 ва 1978 дањњо таѓйироту иловањо дароварда шуданд. Барои аз ин вазъи ногувор ба-ромадан дар Конститутсияи њозираи ЉТ тартиби мурак-каб пешбинї шудааст. Му-вофиќи моддаи 98 таѓйироту иловањо ба конститутсия бо роњи раъйпурсї сурат меги-рад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маљлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду њиссаи шумораи умумии вакилони халќ таъйин меку-нанд. Пешнињод оид ба таѓй-ироту иловањо ба конститут-сия се моњ пеш аз раъйпурсї дар матбуот чоп мешавад.

Баъди қабул ва мустақиман мавриди баррасї қарор ги-рифтани Конститутсия таи он солҳо музокироти тўлонии миёни тољикон, ки мақсади ниҳоиаш таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурӯъ шуда, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоия-ти миллӣ дар Тољикистон (1997), ба анљом расид.

Сарқонуне, ки 20 сол пеш муқаддам мардуми Тоҷикистон барои худ ва наслҳои оянда ба сифати васиқаи миллӣ қабул кард, бешубҳа, рӯйи хусусиёти иљтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, милливу анъанавӣ, мазҳабиву таърихии кишвар такъя мекунад. Таҳия ва қабули Сарқонун бузургта-рин воқеаест, ки дар таъри-хи Тољикистон рух дод ва навтарин дигаргуниҳоро дар соҳаҳои сиёсиву иљтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба вуљуд овард. Қабули Сарқонун саҳифаи нави таърихи сиё-сии Тољикистонро боз на-муд ва низоми миллии давлатдориро поягузорӣ кард. Љавҳари фалсафии Сарқонун аз андешаҳои ад-лу адолат, озодию истиқлол, баробарҳуқуқии тамоми афрод ва ҳукумат, мардум бар мардум илҳом мегирад ва моро зарур аст ба таври ҳамешагӣ дар устуворӣ ва так-мили Конститутсия ҳамчун як рукни муқаддасоти миллӣ кўшиш намоем.

Р. ИСМОИЛЗОДА,муовини раиси суди ноҳияи

Шоҳмансури шањри Душанбе

Санади мардумКуруш панљ њазор сол пеш пояи онро гузошта буд

Page 18: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014 ТОЉИКИСТОН 21АДАБИЁТМўмин хислати аљибе до-

шт. Ў нисбат ба њамсоло-наш худро бузургтар њисоб мекард. Љавони хушќаду ќомат буду, рўйи гирди зебояш њамеша писанди духтарон мешуд. Дар ла-бонаш доимо табассум чарх мезад. Аммо њар моњ як рўз худро аз мардум дур гирифта, дар гўшае танњо менишаст ва бо ду дасташ сарашро дошта худ ба худ гап мезад. Пас аз лањзае аз љой хеста, ба њар каси рў ба рў омада, хоњ љавон бошад хоњ пир, шикоят мекард:

- Сарам дарди сахт дорад. Гўё дар он кирме мељунбида бошад.

- Парї дорад, - ба саволњои мо бачагони шўхи кунљков посух медоданд волидон. - Бо париаш гап мезанад…

Баъд аз он ки аскари сур-хи балчабег махсуми Абду-рањимро њамчун «душмани халќ» барои итоат накардану ба мошин савор нашудан бо шамшер зада сарашро бурид, Сумбули соњибљамол бо писа-ри ягонааш Мўмини 10 - сола танњо монд. Шароити вазнини зиндагиро ба назар гирифта, ањли дењаи Кўли Сўфиён ќарор доданд, ки вазифаи подабони-ро ба уњдаи Мўмин супоранд.

Фаслњои бањору тобисто-ну тирамоњ Мўмини наврас њам худашу њам модарашро аз њисоби оши њалолу алафу гиёњњо ва мевањои туту писта, дулонаю чормаѓз мехўронд ва подаро мувофиќи табъи ањолї нигоњубин мекард.

Азоби Мўмин аслан фасли зимистон сар мешуд. Аз сар-мои сард ва гуруснагї пушти талу теппањои пурбарф баъзан дилаш бехуд мешуд. Ба болои ин чорвои мардум аз пайи дарёфти алафи хушки таги барфи баланд монда ба њар тараф парешон мешуд. Ўро ло-зим меомад, ки дар бари ёла-ву талу теппањо ба чор тараф давида, моли мардумро гирд оварад. Баъзан маљбур мешуд, ки бо мадади саги вафодораш ва њайёњую доду фарёд бузу гўсфандонро аз њуљуми гургон наљот дињад.

Њамон пагоњї Мўмин бо шиками гурусна подаро ба ха-ми Талхоб њай карда бурд. Го-ву гўсолањо ва бузу гўсфандон дарњол бањри дарёфти ѓизо ба њар тараф пароканда шуданд. Ин дам гурўњи гўсфандон ра-мида, ба сўйи подабону саг давиданд. Саги ба љањл омада пеши дарандаро гирифт.

Байни онњо афту дарафти шадиде ба миён омад. Мўмин болои њарбу зарби онњо раси-да, бо таёќ ба сари гург зад ва худаш надонист, ки аз њаяљо-ни баланди руњї ва гуруснагї бењол шуда болои барф афтид.

Чанд муддат дар ин њол хобиданашро дар ёд надошт. Чашмонашро кушода, болои сараш духтараки хушрўй ва си-яњмўйи њамсоли худашро дид.

- Љавони зебо будааст, - гуфт оне ки сари подабонро

болои зонуяш нигоњ медошт. - Афсўс, ки одамиро вафо

набувад. - љавоб гардонд ду-юмї, ки аз афташ канизи ин мањваш ба њисоб мерафт.

- Њоло мо бояд ўро аз гурус-нагї наљот дињем, - чашм аз рўйи зебои наврас намеканд нозанини мушкинмўй.

Каниз халтаи зардолуро, ки гўё навакак аз дарахт канда бо-шанд, пеши пойи Мўмин пар-тофт ва маликаашро њушдор намуд:

- Эњтиёт бош! Одамизод њељ гоњ ба ќавлаш вафо накардааст ва мо бояд ўро биозмоем. Зеро њар як фарди инсон чї тавре ки гуногунранг ва гуногунша-кланд, њамон тавр гуногунтабъ ва гуногунсират мебошанд. Онњо охир ба хиёнат даст ме-зананд.

Мањљабин бо аломати ри-зомандї сари зебояшро та-кон дод ва як дона зардолуро ба дањони чўпони дар њайрат монда гузошт.

- Ў њанўз љоњил аст, - зардо-луи дуюмро ба дањони Мўмин тиќќонда њўри афсонавї суха-нашро давом дод. - Бинем чун бузург шавад, баъд ба ќароре меоем.

Мўмин ба худ омад. Њайрон ба он зебосанам менигарист. Гарчанде ба одамї монанд бошад њам, поњояш амсоли поњои гўсфанд сумшикофта буданд.

- Пагоњ дар њамин ваќт ва дар њамин љой бо ту во-мехўрем, - овози парї ба гўши љавон садои зангуларо расонд. - Аз њузури мо ба касе дањон накушо ва париён њамон за-мон ѓайб заданд.

Бегоњї Мўмин подаро ба дења њай карда овард. Мардум медид, ки рўйи подабон ло-лагун буда, худаш бардамона ќадам мезанад.

- Бачам, аз хўрданї чї овар-

дї? - Сумбул писарашро дар пештоќи хона пешвоз гирифт.

Мўмин хомўшона халтаи зардолуро аз таги љомаи да-ридааш бароварда, ба дасти модар дод.

- Ин чї муъљиза? - Сумбул гоњ ба халта нигоњ мекарду гоњ ба фарзанд. - Дар ин чиллаи зимистон зардолуи њозиракак аз дарахт чида? Чї сењру љодуе? Ба аќли кас рост намеояд!

Мўмин ќавли ба мањљаби-ни моњлиќо додаашро ба хотир оварда, ба саволњои бешумори модар посух надода, ба хонаи дарун даромада, худро таги кўрпа гирифт…

Дар соати ваъдагї париён њозир шуданд. Парии зебоан-дом худро бари подабон ги-рифта, даст ба гарданаш бурд. Каниз халтаи зардолуро дар назди љавон гузошт. Ва ба ин

љуфти бо њам часпида нобова-рона нигарист.

- Эй, љавон! Шартро иљро кардї? - он сарвќади хуршедрў даст ба миёни Мўмин андохт.

Подабон бо аломати тасдиќ сар љунбонд, зеро ки ёрои су-хан гуфтан надошт.

- Агар њамаи шартњоямро иљро кунї, ба ту дўстии абадї ваъда медињам. Андеша кун! Агар хиёнат кунї, аз худат гила бинмо!

Ба мазмуни таъќиди моњи хушталъат пурра сарфањм на-рафта бошад њам Мўмин ањди вафодорї дод…

Шом мардум шоњиди он шуданд, ки подабон шодону ѓазалхон подаро ба дења овард. Бисёрињо аз тааљљуб китф дарњам мекашиданд.

Модар халтаи зардолуро ги-рифта, ин дафъа чизе нагуфт.

Аз сараш њазорњо фикру савол мегузашт. Ба худ меандешид, ки ин сирро чї тавр ошкор созад. Шаб аз пањлў ба пањлў гашта охир ба ќароре омад, ки аз ќафои писараш пояд…

Сумбул њамин ки бо азоб ба сари теппа баромад, пе-ши чашмаш манзараи аљоибе намоён гашт. Мањваше дар пањлўи Мўмин ќарор дошта ва онњо ѓарќи суњбатанд. Парии пирдухтар дар канор нишаста, онњоро посбонї дорад. Дар на-зди пойи писар халтаи зардолу мехобид. Чашми каниз ба зан афтидан баробар ў якбора бо љањл дод зад:

- Гуфта будам, ки љинси одамї ба хиёнат даст мезанад, бо дасташ зани дар сари теппа бударо нишон дода.

Моњи тобон парида аз љояш хест ва бо љањл хитоб кард:

- Э, љавон! Шарт њамин буд, ки даст ба ѓадр назанї! Пас, ин чї макр аст?

- Ман гунањкор нестам, - Мўмин њамин ќадар гуфтана-шро донист.

- Бењуда магў, бањона маљў. Акнун ба ту тўњфае мебахшам, ки тамоми умр азобу ранљ ка-шї, - гуфта паридухтар халтаи зардолуро бардошта ба сари Мўмин бо тамоми ќувва зад, ки аз чашмони љавон оташак парид ва ў болои барф афтид…

Мўмин чашм кушода болои сараш муллои дењаро дид, ки дуохонї дорад. Сумбул аз кар-дааш пушаймон шуда, ба њоли писараш ашки њасрат мерехт.

- Парї ёраш шудааст. Бо мурури замон дарди сараш мегузарад, - модарро тасалло дод мулло.

Вале дарди сари Мўмин на-гузашт ва њар сари чанд ваќт аз вохўрию мулоќотњояш бо парї дарак медод…

Зариф ЃУЛОМ

Тўњфаи парї

Озмуни умумиљумњуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии

бењтарини Тољикистон» дар соли 2014Натиљаи овоздињї

аз санаи 2.04 то 29.04. с 2014Аз рўи номинатсияи «Китобдори бењтарин»

Аз рўи номинатсияи «Китобхонаи бењтарин»

ЭЗОЊ: Овоздињї дар озмун ихтиёрист! Арзишнокии 1 (як) паёмак аз рўи тарифњои хизматрасонии ширкати контенпровайдерии «Zervana» муайян карда шуда, он 2 (ду) сомониву 90 дирамро (бо назардошти ААИ) ташкил ме-дињад. Марњамат ба китобдор ва китобхонаи писандидаатон овоз дињед! Натиљаи овоздињї њар њафта дар сомонаи www.gptb.tj дарљ мегардад! Дигар китобдорон ва китобхонањо дар санањои нишондодашуда овоз нагирифтаанд. Оиди овоз додан ба дигар китобхона ва китобхонањо метавонед аз сомонаи www.gptb.tj истифода намоед. Телефонњо барои тамос: 918226651, 917232816, 935559076

№ р/т

Номи китобдор Код Раќами ирсоли SMS

Миќ-дори

овозњо

1 ш.Душанбе, Шарипова Валъамат

Kt001 4545 46

2 ш. Хуљанд, Эргашева Муяссар

Kt024 4545 19

3 ш.Истаравшан, Зокирова Мукаррама

Kt015 4545 16

4 ш.Душанбе, Ахмедова Мавзуна

Kt004 4545 10

5 ш. Хуљанд, Раљабова Марњабо

Kt037 4545 5

6 н.Вањдат, Нурова Хайриниссо

Kt033 4545 4

7 ш.Панљакент, Собирова Сољида

Kt025 4545 3

8 ш.Душанбе, Юсупова Муњаббат

Kt003 4545 1

9 ш.Турсунзода, Саидова Гавњарой

Kt034 4545 1

№ р/т

Номи китобдор Код Раќами ирсоли SMS

Миќ-дори

овозњо

1 Китобхонаи давлатиибачагонаи љумњуриявї ба номи Мирсаид Миршакар

Kb044 4545 39

2 Китобхонаи давлатии патентию техникї

Kb043 4545 7

3 Китобхонаи вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоњин

Kb001 4545 5

4 Китобхонаи вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї

Kb002 4545 1

5 Китобхонаи шањрї ба номи Абулќосим Лоњутї

Kb045 4545 1

Page 19: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014ТОЉИКИСТОН22 КАНЗИ ШИФО

Масъули сањифа Иззатбек Идиев. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шўъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95Масъули сањифа Мањина Давлатова. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

Ваќтњои охир маро зар-даљўш азоб медињад. Ња-ма таъйиноти духтуронро сари ваќт мегирам, лекин он ба пуррагї нест наме-шавад. Ба вуљуд омадани зардаљўш аз чї вобаста-аст ва аз он чї гуна рањої ёбам?

Ашраф ЌОСИМОВ, сокини ноњия Панљ

Дар њаќиќат, ин њиссиё-тест, ки тањаммул карданаш мушкил аст. Зардаљўш дар ќисми поёнии ќафаси сина ба вуљуд меояд, ки он аз баланд шудани туршии меъда шањо-дат медињад. Он дар натиљаи берун кардани туршнокии љамъшуда дар меъда ба сурх-ной падид меояд. Гуфтан љо-из аст, ки дар ин ваќт шарба-ти меъда ва дигар модањо зиёд шуда, ба сурхной меафтад ва зардаљўш ба вуљуд меояд.

Сабабњои зиёди ба вуљуд омадани зардаљўш вуљуд до-рад, ки метавон чунин номбар кард. Ваќте ки давоми як сол зардаљўшро њис мекунед, са-баби он аз меъёр зиёд хўрдани ѓизо ва хўрокњои равѓанин, нўшокињои спиртї шуда ме-тавонад. Ноњинљоркунандаи

организм хўро-књои равѓанин ва серѓизо, чойи ши-рин, хлеби сиёњи н а в п у х т а ш у д а

шуда метавонад. Сабабњои асосии ин беморї, аз меъда ба сурхной рафтани шарбати меъда мебошад, ки ин марњи-ларо рефлюкс меноманд. Зар-даљўш бо оруѓ якљоя шуда, дарди ќафаси сина ва шикам, баъзан туршии он ба дањон меояд. Бемороне, ки аз дар-ди меъда азият мекашанд, дар онњо миќдори туршї зиёд шу-да, оњиста-оњиста ба илтињоб ва баъдан ба захми меъда ги-рифтор мешаванд. Дар ваќти зиёд шудани туршии меъда истифодаи сода мумкин нест, зеро баъд аз истеъмоли он дард ва хуруљи меъда зиёд мешавад. Истеъмоли доимии сода вайроншавии туршно-кии организмро ба вуљуд ме-орад. Инчунин бе таъйиноти духтур доруњои пасткунандаи шарбати меъдаро истеъмол

накунед. Истифодаи ноду-рурсти он аксуламал нишон медињад, мегўянд духтурони соња.

Зардаљўш давоми рўз баъди њар хўрокхўрї ба вуљуд омада-наш мумкин аст. Он шабона хуруљ мекунад, зеро дар њо-лати хобидан туршии меъда то сурхной меояд. Ба њамин хотир, ба пушт хоб рафтан айни муддаост. Ваќти хоб ќисми болои баданро баланд гузоштан бартарафкунандаи зардаљўш аст. Муолиљаи он дар чанд давр сурат мегирад. Њангоми њис кардани якум хуруљ, дар як рўз се маротиба истеъмоли шири гарм баъд аз хўрок тавсия дода мешавад. Агар баъди як њафта барта-риро эњсос накардед, сабаби зиёдшавии туршии меъдаро љустуљў кардан лозим аст. Њис

кардани сўзиш дар ќафаси сина аз беморињои дилу рагњо шањодат медињад. Ваќте ки зардаљўши њозима ё дил бе-морро нороњат кунад, аз ња-би нетроглитсерин истифода намоед ва агар он кўмак ку-над, ба духтури дил мурољи-ат кардан шарт аст. Ба вуљуд омадани зардаљўш аз њисоби љигар буда, бемор талхиро њис карда, болои забонашро зардї пахш мекунад.

Барои зиёд ва дарозмуддат нашудани зардаљўш бояд тар-тиби хўрокхўриро риоя кард. Духтури парњезї маслињат ме-дињад, ки кам- кам ва тез-тез хўрдан лозим аст, зеро меъда таранг ва сахт нашавад. Дар на-тиљаи чунин њолат кори меъда вайрон шуда, норасогињо дар он падид меояд. Баъди танову-ли ѓизо гашту гузор кардан хуб

аст, агар ин имконро надоред, баъд аз хўрок хўрдан, хоб на-кунед. Кўшиш намоед, ки 3-4 соат пеш аз хоб хўрок тановул кунед. Њангоми муолиљаи зар-даљўш, ѓизо бояд аз сафеда бой ва мањсулоти истифодашаван-да камравѓан бошад. Масалан, сихкабоби бо гўшти гов тайёр-шударо бо гўшти мурѓ ё моњї иваз кардан зарур аст. Картош-каро бирён накарда хўред, зеро чунин ѓизоњо шарбати меъдаро зиёд карда, хуруљи зардаро ме-тезонанд. Ѓизоњои намакин ва маводњои дар оби сирко тар-кардашуда ќатъиян манъ аст. Аз ин бармеояд, ки истеъмоли сирко бо пиёз, самбуса ва ди-гар ѓизоњо зиёновар аст.

Нўшидани чой ва ќањва зардаро баќувват мекунад. Инчунин обњои газдор ва та-мъи тездошта зараровар аст, зеро онњо сурхнойро ба дард меоранд. Баъзе занњои њомила аз зардаљўш азият мекашанд. Ин аз њисоби давраи аввали њомиладорї мебошад, ки баъ-зан ќайкунї ба вуљуд меояд. Муддатнокии зардаљўш аз чанд даќиќа то як соат, та-кроршавии он чанд маротиба дар як рўз, њангоми хобидан ва ё аз як пањлў ба пањлўи дигар гаштан ављ мегирад. Дар ин њолат бояд дар хонаи хоб каме гаштугузор намуда, нўшидани об низ аз манфиат холї нест. Истеъмоли шарбати картошка низ тавсия дода мешавад.

Зардаљўшонро чї гуна табобат кунам?

Кўдакам шашмоња аст. Ваќте ки сина мемаконам, пойњояшро ба шикам љавс карда, сахт гиря мекунад. Баъди ахлот кардан низ бе-тоќатии зиёд мекунад. Ме-гўянд, ки ширам ѓавс асту ба-рои њазм кардан, мушкилї мекашад. Аз чї сабаб кўда-кам ба чунин њолат гирифтор мешавад? Дар њамин маврид ба мо маълумот дињед.

Мунира Малаева, сокини ноњия Вахш

Кўдакони навзод њамеша аз шири модар истифода меба-ранд. То организми онњо одат кардан, бештар бетоќат ва но-ороманд. Гиря кардани кўдак се асос дорад, ваќти гурусна мондан, тар кардан ва дард кардани ягон узви бадан ги-ря мекунанд. Суоле, ки шумо рўйи коѓаз овардед, айни за-мон зиёд ба назар мерасад, ки

он бо сабаби ќабзияти шикам ба вуљуд меояд. Барои огоњ шу-дан ва маълумот пайдо карда-ни шумо дар ин мавзўъ чунин гуфтанием. Кўдакони то як сола, ки аз шири сунъї исти-фода мебаранд, бештар аз бе-

мории ќабзият азият мекашанд ва њатто, дар як шабонарўз як маротиба ахлот намекунанд.

Сабабњои аслї дар кўдако-ни синамак, тарзи нодурусти ѓизодињї ва аз худкунии мод-дањои ѓизої, инчунин бо нора-

сонии роњњои меъдаву рўда та-валлуд шудани онњо мебошад. Модар бояд худро дар давраи њомиладорї нигоњубин намо-яд, зеро њар як давр марњилаи инкишофёбии узвњоро дар бар мегирад. Занњо бояд кў-шиш намоянд, ки дар ваќти њомиладорї бемории зуком, асабонии зиёд нашуда, тарзи дурусти ѓизохўриро иљро на-моянд, зеро ин амал дар ваќти инкишофёбии тамоми увзњо наќши муњимро мебозад. Ав-валин нишонањои ќабзият дар кўдакон њангоми синамаконї кашишхўрии рўдањо, яъне пас аз ѓизо кўдак пойњояшро ќад карда, дар шикамаш мечаспо-над. Њангоми ахлоткунї бо-шад, ба мушкилї онро хориљ мекунад ва пас аз он гиря ме-кунад.

Муолиљаи ќабзияти кўда-кон на танњо бо таври њимо-лакунї сурат мегирад, балки дар баробари он муолиљаи

доругї ва дигар роњњое, ки ба дараљаи бемории ў вобаста-аст, таъйин мекунанд. Баъзе падару модарон бар он наза-ранд, ки њимола (клизма) як намуд аст ва он миќдори му-айян надорад. Лозим ба ёдо-варист, ки њимола набояд бе таъиноти духтур гузаронида шавад, зеро вобаста ба синну сол миќдори об муайян кар-да мешавад. Барои тамоми намуди ќабзият нўшонидани нўшокї тавсия дода мешавад. Њангоми ќабзияти заиф (ато-нический) мањси ќисми пеши шикам ба мисли гардиши со-ат хеле муфид аст. Ба намуди ќабзияти спастикї шамъ-доруи кўдаконаи глитсерин гузоштан айни муддаост. Бе таъйиноти духтур истифодаи ягон намуд доруро тавсия на-медињем, зеро онњо метаво-нанд, ки миќдори њаворо дар шикам зиёд карда, кўдакро дар њолати ногувор гузорад.

Кўдакам гиря мекунад, чї кор кунам?

Page 20: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014 ТОЉИКИСТОН 23ВАРЗИШ

Масъули сањифа Шўњрат Давлатшоев. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

Сармураббии дастаи мун-тахаби Тољикистон оид ба футбол Мўњсин Муњаммади-ев номи бозигарони дастаро, ки рўзи 4-уми май бо дастаи мунтахаби Афѓонистон дар вохўрии рафиќона ширкат мекунанд, эълон кард.

Ба њайат 23 нафар даъват шу-даанд, ки аз инњо 3 дарвозабон, 6 муњофизатгар, 9 ниммуњофизат-гар ва 3 њуљумкунанда њастанд. Аз легионерњо Ањтам Назаров аз дастаи АЗАЛ (Оазарбойљон) ба даста љалб шудааст. Муњофи-затгари «Газовик» (Оренбург, ФР) Фарњод Восиев ва бозигари «Габала» (Озарбойљон) Даврон Эргашев дар ин рўз дар њайати клуби худ бозї доранд, аз ин рў дар ин вохўрї ширкат намеку-нанд. Ањтам Назаров ва Хуршед Мањмудов ба дастаи мунтахаби футзал даъват шудаанд ва њоло дар Ветнам дар Чемпионати Осиё-2014 иштирок доранд.

Вохўрии рафиќонаи даста-ињои футболи Тољикистон ва Афѓонистон дар Варзишгоњи

марказии Душанбе, соати 18.00 баргузор мегардад.

Њайати дастаи мунтахаби Тољикистон:

Дарвозабонњо: Рустам Ризоев («Энергетик»), Алишер Туйчи-ев («Истиќлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Муњофизатгарон: Идибек Њабибуллоев («Хайр»), Сиёвуш Асроров, Наим Ўлмасов, Эраљ Раљабов, Љањонгир Љалилов (ња-ма аз «Истиќлол»), Њасан Руста-мов («Энергетик»).

Ниммуњофизатгарон: Фа-ридун Шарифов (КМВА «По-мир»), Нуриддин Давронов, Фатњулло Фатњуллоев, Ромиш Љалилов (њама аз «Истиќлол»), Иброњим Рабимов, Бахтиёр Ња-санов, Бахтиёр Чориев (њама аз «Энергетик»), Амирбек Љўра-боев («Хайр»), Абдурасул Рањ-монов («Регар-ТадАЗ»). Њуљум-кунандањо: Ањтам Њамроќулов («АЗАЛ», Озарбойљон), Шо-дибек Ѓаффоров («Энергетик»), Фарњод Тохиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Љахонгир Эр-гашев (њама аз «Истиќлол»).

Дар вохўрии љавобии ним-финали Лигаи чемпионњои Аврупо дастаи «Реал»-и Мад-рид (Испания) дар майдони дастаи «Байерн»-и Мюнхен (Германия), ки бо номи «Ба-вария» машњур аст, футболи олї нишон дод.

Њанўз дар даќиќаи 15-ум Сер-хио Рамос баъди зарбаи кунљї бо сараш њисобро кушода буд. Рамос баъди чанд даќиќа боз маротибаи дуюм гол зад. Ин бор вай баъди зарбаи љаримавї та-вонист, ки бо сараш тўбро вори-ди дарвоза кунад. Дар даќиќаи 34-ум чунин ба назар мерасид, ки аллакай кори немисњо та-мом шуда аст. Сегонаи Бензема, Бейл ва Роналду тавонистанд, ки баъди иљрои олї њисобро ба

3:0 расонанд. Голро Роналду зад. Ду даќиќа пеш аз анљоми бозї Криштиану берун аз майдон-чаи њариф тўбро барои задани зарбаи љаримавї омода кард. Немисњо саф кашиданд. Ро-налду њис кард, ки сафкаши-дањо ба боло мепаранд, аз ин рў тўбро аз зери пойи онњо ба сўи дарвоза зад. Гол! Ин голи 16-уми португалї дар Лигаи чемпионњо аст. «Байерн» дар майдони худаш пурра «тору-мор» карда шуд.

Дар њамин лањзањое, ки хабар ба нашр омода мешуд, «Челсї» (Лондон, Англия) бо «Атлетико» (Мадрид, Испания) вохўрии ља-вобии нимфинали Лигаи ќањра-монњоро мегузаронд. Вохўрии якуми ин дастањо бо њисоби 0:0 анљом ёфта буд.

Љ Дастањо В Ѓ М Б Гол Хол1 «Истиќлол» (Душанбе) 3 2 1 0 6-2 72 «Энергетик» (Душанбе) 3 1 2 0 4-3 5

3 «Хуљанд» (Хуљанд) 3 1 2 0 2-1 54 «Регар-ТадАЗ»

(Турсунзода)3 1 1 1 4-2 4

5 «Хайр» (Вањдат) 3 1 1 1 6-5 46 «Парвоз» (Бобољон

Ѓафуров)2 1 0 1 2-2 3

7 «Равшан» (Кўлоб) 2 1 0 1 2-3 38 «Вахш» (Ќурѓонтеппа) 3 1 0 2 1-2 39 «Далерон-Уротеппа»

(Истаравшан)3 0 2 1 1-4 2

10 КМВА «Помир» (Душанбе)

3 0 1 2 2-6 1

МАВЌЕИ ДАСТАЊО БАЪДИ ДАВРИ 3-ЮМ

Даври дубл ва рондашавињо

Даври сеюми чемпионати Тољикистон оид ба футбол миёни дастањои Лигаи олї ба «Равшан» ѓалаба овард, аммо «Истиќлол» натавонист чун њарваќта холњояшро афзун кунад.

Ин давр бо вохўрии бай-ни дастањои «Истиќлол» ва «Энергетик», ки њарду Душан-беро намояндагї мекунанд, дар Варзишгоњи марказии пойтахт оѓоз шуд. Њисобро аллакай дар даќиќаи 7-ум њуљумкунандаи «Истиќлол» Комил Саидов ку-шод. Дар охирњои ќисми якум хатти њимояи «Истиќлол» рахна шуд ва Наим Ўлмасов маљбур шуд, ки ќоидаи бозиро вайрон кунад. Довари вохўрї Насрул-ло Кабиров ба ў корти сурх дод. Бахтиёр Чориев аз зарбаи ља-римавї њисобро баробар кард. Дар ќисми дуюм барќчиён бо ташаббуси Шодибек Ѓаффо-ров боз хатти њимояи шогир-дони Мубин Эргашевро рахна карданд, аммо боз њам ќоидаи бозї вайрон карда шуд. Њасан Рустамов пеналтиро бе хато ба нишон расонд. Сармураббии «Истиќлол» барои наљоти бозї ба майдон Дилшод Восиевро баровард, аммо то охири вохўрї њисоб таѓйир наёфт. Танњо дар ваќти изофї ба Хуршед Мањ-мудов муяссар шуд, ки њисобро баробар кунад ва ба дастааш як хол орад.

Дар шањри Хуљанд дербии суѓдї баргузор шуд. «Хуљанд» бозигарони истаравшаниро аз дастаи «Далерон-Уротеппа» ќабул кард, аммо њисоб дар ин бозї кушода нашуд. Аз њарду тараф якнафарї барои ќоида-вайронкунї аз майдон ронда шуданд.

«Регар-ТадАЗ» дар мењмонї тавонист, ки КМВА «Помир»-ро бо њисоби калон шикаст дињад. Дар ин бозї Фирўз Рањматов дубл кард ва як голи дигарро Абдурасул Рањмонов зад. Дар ин бозї њам бозигар аз майдон ронда шуд. Комро-ни Мирзонаљот аз «Помир» ду

корти зард гирифт ва вохўриро дар даќиќаи 72-юм тарк кард.

Дастаи «Хайр» аз шањри Вањдат

дар мењмонии дастаи «Парвоз» аз ноњияи Бобољон Ѓафуров буд. Соњибони майдон бо ду-бли Комрони Мирзохон таво-нистанд, ки ѓалаба кунанд. Як голи љавобиро легионери эронї Њусайни Сўњробї зад.

Даври сеюм бо дербии хат-лонї анљом ёфт. Дар вохўрии байни дастањои «Равшан» ва «Вахш» кўлобињо бо њисоби камтарин ѓалаба карданд ва соњиби се хол шуда, дар љавдал ба љойи 7-ум баромаданд. Го-ли ягонаро Наврўз Рустамов бо зарбаи аниќ дар даќиќаи 17-ум зад. Дар ин бозї њам тарафњо бо њайати дањнафарї бозиро анљом доданд, зеро сардовар Насрулло Кабиров аз дастаи «Равшан» Шодиљон Муродов ва аз дастаи «Вахш» Сайдамири Сайдањмадро аз майдон ронд.

Њамин тавр, дар љадвали му-собиќа «Истиќлол» бо 7 хол дар зинаи аввал аст. «Энергетик» ва «Хуљанд» бо панљхолї зинањои дуюму сеюмро соњиб шудаанд. КМВА «Помир» бо 1 хол дар зинаи охир аст.

Чемпионати Тољикистон. Даври 3-юм.

«Истиќлол» - «Энергетик» - 2:2

Голњо: Комил Саидов, 7 (1:0). Бахтиёр Чориев, 39 (1:1). Њасан Рустамов, 52 – аз пеналтї (1:2). Хуршед Мањмудов, 90+5 (2:2).

Ронда шуд: Наим Улмасов («Истиќлол»), 38 – ќодавайрон-кунии «умеди охирин».

26 апрел. Душанбе. Варзиш-гоњи марказї. 800 тамошобин.

«Хуљанд» - «Далерон-Уро-

теппа» - 0:0Ронда шуданд: Манучењр Ањ-

мадов («Хуљанд»), 78 – бозии даѓал ба маќсади захмї карда-ни њариф, Сафаралї Каримов («Далерон-Уротеппа»), 78 – ба-рои тањќири сардовар.

26 апрел. Хуљанд. Варзиш-гоњи «20-солагии Истиќлолияти Тољикистон». 8000 тамошобин.

КМВА «Помир» - «Регар-Та-дАЗ» - 0:3

Голњо: Фирўз Рањматов, 38 (0:1). Фирўз Рањматов, 54 (0:2). Абдурасул Рањмонов, 83 (0:3).

Ронда шуд: Комрони Мирзо-наљот (КМВА «Помир»), 72 – 2 корти зард.

27 апрел. Душанбе. Варзиш-гоњи марказї. 500 тамошобин.

«Парвоз» - «Хайр» - 2:1Голњо: Комрони Мирзохон,

12 (1:0). Њусейни Сўњробї, 40 (1:1). Комрони Мирзохон, 72 (2:1).

27 апрел. Ноњияи Бобољон Ѓафуров. Варзишгоњи “Фуру-дгоњ”. 4000 тамошобин.

«Равшан» - «Вахш» - 1:0Гол: Наврўз Рустамов, 17.Ронда шуданд: Шодиљон

Муродов («Равшан»), Сайда-мири Сайдањмад («Вахш»), 67 – барои задани њариф.

28 апрел. Кўлоб. Варзишгоњи марказї. 3500 тамошобин.

Нишонзанњои бењтарини чемпионат инњоянд: Хуршед Мањмудов («Истиќлол») – 4 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр»), Њасан Рустамов («Энергетик»), Комрони Мирзохон («Пар-воз»), Фирўз Рањматов («Регар-ТадАЗ») – дуголї.

Вохўрии рафиќонаи тољикон бо афѓонњо

«Капитулятсия»-и немисњо

Рейтинги коэффисенти дастањои узви Конфедера-тсияи футболи Осиё нашр шуд, ки Тољикистон дар он бо 8,22 имтиёз миёни 46 ки-швар дар зинаи 26-ум ќарор дорад.

Агар то охири сол ин мавќеи Тољикистон дар рейтинг ба поён таѓйир наёбад, пас дар мавсими 2015 дар Љоми AFC кишвари моро ду даста намо-яндагї хоњанд кард. Дар ин су-

рат дастаи ѓолиби чемпионати Тољикистон иштироки худро аз даври гурўњии ин мусобиќа оѓоз мекунад, барандаи Љом бо-шад аз даври плей-офф. Дастаи «Равшан», ки дар Љоми AFC имсол бозї кард, дар њамаи бо-зињо шикаст хўрд ва натавонист, ки ба хазинаи Тољикистон ягон имтиёз орад.

Дар рейтинг Кореяи Љанубї дар зинаи аввал, Арабистони Саудї дар љойи дуюм ва Эрон дар љойи сеюм ќарор доранд.

Тољикистон дар љойи 26-ум

Page 21: Точикистон №18

№ 18 (1060) 1 майи соли 2014ТОЉИКИСТОН24 ФАРОЃАТ

Хандеду забон биомўзед!

НасибаДар худої аз косаи мулло ба љойи гўшт устухон баромад. Ўба њампањлўяш шикоят кард:— Ман саг будам, ки ба косаам устухон андохтанд?— Њељ гап не, ба дил нагиред, - гуфт дигаре.— Маро шарманда карданду чї хел ба дил нагирам? Афандї,

ки он љо буд, гуфт:— Дар худої аз насибаатон рўй нагардонед, ки ќањри Худо

меояд.

FATEOne day a mullah came to a Hudoi1. In his plate with soup he

saw a bone not meat.He complained to a man sitting next to him, «I’m not a dog. Why

have they put bones in my soup?»«Take it easy».«How can I if they discredit me before the others?»Afandi, who was also there noted, «Don’t rage against fate at a

commemoration meeting. You can call down the wrath of God».

Таъбири хобБулњавасе аз Афандї пурсид:— Таќсир, одам дар хоб бедона ќапад, таъбираш чист?— Бедонаро кї ќапид? – ба суол суол дод Афандї.— Ман.— Чанд бедона ќапидї?— Панљто.— Ба панљ соњибљамол њамхона мешавї,- булњавасро

њавасманд кард Афандї.

dREAM INTERpRETATION

Once a womanizer asked Afandi, «Sir, if one caught a dove in a dream, what does it mean?»

«Who caught it?» asked Afandi.«I did».«How many of them did you catch?»«Five».«Five beauties will come to your house», encouraged him Afan-di.

Лагадкўбї Афандї ба дўсташ, ки дар навбати хонагирї буд, маслињатдод:— Хонаро аз ќабати аз њама боло гиред.— Чаро? Чї хубї дорад? – пурсид дўсташ.— Хубиаш он ки, - гуфт Афандї лутф карда, - њељ кас ваќтубеваќт ба саратон лагадкўбї намекунад.

RATTLE OvERHEAdAfandi is giving some advice to his friend who is going to move

to a new apartment building, «You’d better choose an apartment on the upper floor».

«Why is it better?» his friend wondered.«Because nobody will rattle overhead day and night», explainedAfandi.

Сафо ЊАЛИМЇ

Як латифа бо ду забон

-Дар чашмони кињо оташи хашму ѓазаб забона мезанад?

-Њасудхўрон.***

Агар даст дастро мешўяд намегуфтанд, ришвахўр пай-до намешуд.

***-Кињо на фикр мекунанду

на фармонфармої,-Њайкалњо.

***Табассуми сохтаро дан-

донњои тиллої њам зеб наме-бахшад.

***Дар замони бозоргонї дў-

стиву рафоќат ва обрўю эъти-бори якдигарро дар чї меби-нед?

-Дур пулу мол.***

Аз хеши њасудхўр бегона бењтар аст.

***Баору номус мебуд, манфи-

ати шахсиашро аз љамъиятї боло намегузошт.

***Муфаттиш «эњтиёт-шарти

њаёт» гуфта, гоњ сурх мешуду гоњ сафеду кабуд.

***Фикрњои хомро њам бе бањсу

мунозира ќабул кардан мумкин?-Мумкин, ба шарте ки он

фикрњо аз они сардор бошанд.***

Ќариб буд, ки кормандони маќомоти маъмурї чигили њамаи љиноятро сад дар сад кушоянд.

***Тўмори дар мошинат овехта

њам пеши садамаро гирифта натавонист.

***Њаромхўри мумсик «аз бе-

корї-каду корї» гуфта, њољат-хонаро ба иљора гирифт.

С.ЊАЛИМЗОДА

Аз гап гап мебарояд