Точикистон №16

21
16 (1058) 17.04.14 (Оѓози нашр: марти 1992) с. 3 с. 13 с. 7 Дар ин шумора: кї чї вазифа гирифт? Таѓйироти кадрї с. 2 чаро даст ба фоњишагї мезананд? ноболиѓон с. 8 як вазири поквиљдон Таќдири с. 21 дар Хулбук ричард Фрай с. 12 Анвар Юсуфов медали нуќра гирифт варзиш с. 23 с. 6 даври дуюми интихобот оѓоз ёфт афѓонистон 13 нафар дар коми марг Хатлон с. 4 ба Таваљљуњи раиси “ТољиксодироТбонк” комил бекзода: Худоро инкор накардаам! вањдаТ: дасТи мадади президенТ с.5 паноњандагони сиёсї ё љиноят зери пардаи демократия

Upload: tojikiston

Post on 13-Mar-2016

277 views

Category:

Documents


9 download

DESCRIPTION

 

TRANSCRIPT

Page 1: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17.04.14 (Оѓози нашр: марти 1992)

с. 3

с. 13

с. 7

Дар ин шумора:

кї чї вазифа гирифт?

Таѓйироти кадрї

с. 2

чаро даст ба фоњишагї мезананд?

ноболиѓон

с. 8

як вазири поквиљдонТаќдири

с. 21

дар Хулбук

ричард Фрай

с. 12

Анвар Юсуфов медали нуќра гирифт

варзиш

с. 23

с. 6

даври дуюми интихобот оѓоз ёфт

афѓонистон

13 нафар дар коми марг

Хатлон

с. 4

ба Таваљљуњи раиси “ТољиксодироТбонк”комил бекзода: Худоро инкор накардаам!вањдаТ: дасТи мадади президенТ

с.5

паноњандагони сиёсї

ё љиноят зери пардаи демократия

Page 2: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014ТољикисТон2

њафтае, ки гузашт

акбари турсoнАкадемик

темурзулфиќоровНависанда

Мењмон БахтїРаиси Иттињодияи нависандагон

НуриддинСаидов Вазири маориф ва илми љт

ПировМањмадсаидМуовини вазири фарњанги љт

Ќаюмов НуриддинАкадемик

Масъуди МиршоњїРаиси анљумани «Рўдакї»

абдумудассирањмадзодаСармуњаррири сомонаиwww.PRESSA.tj

шарифњамдамовРаиси шўрои муассисон ва мушовара, Сармуњаррир

усмонНиёзовкотиби масъул

Муассис: Њайати кормандони њафтанома

Њафтанома дар Вазорати фарњанги љумњурии тољикис-тон тањти №0054/РЗ ба ќайд гирифта шуда, дар матбааи «Мега-print» ба чоп расидааст.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки ба мавќеи идораи он мувофиќат намекунанд.

Дар шумора аксњо аз шабакаи Интернет истифода шудаанд.Матолиби хусусияти таб-лиѓотидошта танњо бо пар-дохт нашр мешаванд. Масъ-улияти маводњои хусусияти таблиѓотидоштаро идора ба дўш надорад.

Барои дар дигар нашрияњо чоп намудани матолиб ва иќти-босњо аз «тољикистон» иљо-зати хаттии идора ва нишон додани сарчашма њатмист.

Њуќуќи муаллифии њамаи ма-толиби шумора ба идораи њафтаномаи «тољикистон» тааллуќ дошта, тибќи ќонун-гузории љории љт ва байналми-лалї њифз карда мешаванд.

Робита:телефони идора: 238-54-51Почтаи электронї:[email protected]@pressa.tjшуъбаи эълону реклама: 238-78-78, 601-35-95Почтаи электронї: [email protected]Дафтари хабаргузорї дар вилояти Суѓд:Суроѓа: к. К.Хуљандї 114 х. 156-75-23,92- 730-06-50

шуъбаи фурўш:93-445-26-12, 221-41-11

њайати Мушовара:

Хабарњо аз www.pressa.tj

Президенти кишвар Эмомалї Рањмон як гурўњ кадрњои ба вазифањои нав пешнињодшударо барои сўњбат ба њузур пазируфт.

Насим олимов, муовини вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї, тоњир Нуров, муовини сардори Хадамоти гумрук, њалим Мањмудов, муо-вини директори агентии назо-рати маводи нашъаовар, Назо-кат одинаева, муовини якуми директори агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа,Љамшед њомидов, намояндаи доимии Љумњурии тољикистон дар назди Шуъбаи Созмони Ми-лали Муттањид ва дигар таш-килоти байналмилалї дар Женева, Сайдаброр зуњуров, сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амво-ли давлатї, Неъматљон рабиев, сардори Хадамоти иљозатно-мадињии фаъолияти шањрсо-зии Кумитаи меъморї ва сох-тмон, Мављуда келдиёрова, сардори Хадамоти давлатї оид ба назорат дар соњаи энерге-тикаи Вазорати энергетика ва захирањои об, Бањодур исупов

,– сардори Хадамоти назорати давлатї дар соњаи бехатарии иншооти гидротехникї дар на-зди Вазорати энергетика ва за-хирањои об, анвари вайсидин, муовини якуми Директори генералии Корхонаи воњиди давлатии «Хољагии манзилию коммуналї», абдусаттор Са-идов , директори институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи академияи илмњо, гулчењра Ќоњирова, директори инсти-тути астрофизикаи академияи илмњо, зайниддин Муњиддинов, директори институти химияи ба номи В.и. Никитини ака-демияи илмњо, Довудшо На-врўзшоев, директори инсти-тути биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови академияи илмњо, зайнулобидин кобули-ев, директори институти масъ-алаи об, гидроэнергетика ва экологияи академияи илмњо, Наргис гадоалиева, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии тољикистон оид ба масъалањои амнияти миллї, ањмад идиев, муовини Шир-кати муштараки тољикис-тону Чин «тРаНС-тоЉиК ГаЗ ПиПЛаЙН КоМПаНи ЛтД» таъин шуданд.

Таъиноти кадрї: кї, чї вазифа гирифт?

Го Шенкун, вазири ам-нияти љамъиятии Љумњу-рии мардумии Чин бо са-фари расмї ба Тољикистон меояд. Дафтари матуботи Вазорати корњои хориљии Тољикистон хабар ме-дињад, ки сафари Го Шен-кун ба Тољикистон рўзњои 18 ва 20 апрел сурат ме-гирад.

аммо дар мавриди барно-маи сафари Вазири амнияти љамъиятии Чин ба тољикистон иттилоъе пахш нашудааст.

Дар њамин њол ба иттилои ин манбаъ ќабл аз сафари рас-мии вазири амнияти љамъия-тии Чин рўзњои 16 ва 17 апрел мулоќоти котибони Шўроњои амниятии кишварњои узви Созмони Њамкорињои Шан-хай дар шањри Душанбе бар-

гузор мегардад.Ќарор аст, ки дар ин нишаст, котибони Шўроњои амниятии тољики-стон, Ќазоќистон, Ќирѓизи-стон, Русия, Чин, муовини котиби Шўрои амнияти Уз-бекистон, котиби генералии Созмони Њамкории Шанхай ва Сохтори минтаќавии зид-диттеррористии ин созмон ширкат хоњанд кард. Ниша-сти котибони Шўроњои ам-ниятии кишварњои узви Со-змони Њамкорињои Шанхай дар шањри Душанбе дар њо-лест, ки аввали моњи љорї дар шањри Ќайроќќуми вилояти Суѓд, дар шимоли тољикистон нишасти вазирони мудофиаи ин созмон баргузор шуд.

Њамзамон дар ин нишаст Чан Вансюан, вазири мудо-фиаи Чин сафари расмї ба тољикистон анљом дод.

Го Шенкун ба Душанбе меояд

Го Шэнкун, вазири амнияти љамъиятии љумњурии мардумии Чин

Маркази миллии тестии назди Президенти Тољикис-тон давраи сабтиноми довта-лабонро дароз кард. Ситора Назарова, масъули Марка-зи миллии тестї гуфтааст, ки баќайдгирии иловагї аз санаи 16 то 30 апрели соли 2014 барои довталабоне, ки дар давраи асосии сабтином аз ќайд гузашта буданд, му-айян шудааст.

ба гуфтаи ў, дар ин муддат довталабон метавонанд «номгўи ихтисосњои интихобшуда, муас-сисањои тањсилоти олии касбї, шакл, намуд, забони тањсил ва дигар маълумоти шахсии худро бо пардохти маблаѓ дар фили-алњои бонки давлатии амонат-

гузории тољикистон «амонат-бонк» ба андозаи 14 сомонї иваз намоянд. аз маблаѓи муќаррар-гардида танњо довталабоне, ки падар ва модари онњо дар ќайди њаёт нестанд, озод мебошанд». Масъулони маркази миллии те-стї мегўянд, ки сабтиноми ило-вагии довталаб танњо дар нуќтаи баќайдгирие, ки ў ќаблан дар он сабтином шудааст, ба роњ монда мешавад. Ќаблан гуфта мешуд, сабтиноми довталабон аз рўйи ин низом аз 1-уми марти соли равон то 15 апрел идома кунад. Эњтимол меравад ин тасмими масъулони маркази миллии те-стї ба хотири иљро нашудани наќшаи довталабон ба муасис-сањои олии кишвар роњандозї шудааст.

Маркази миллии тестї мўњлати баќайдгириро дароз кард

Владимир Жириновский, роњбари ЛДПР, гуфтааст, кишварњое, ки замоне дар њайати Русия буданд, орзуи ба он пайвастанро доранд.

Дар мусоњиба бо радиои “Эхо Масква” аз тољикистон, Ўзбе-кистон, туркманистон, Ќазоќи-стон, Молдова, озарбойљон, арманистон ва Гурљистон ном бурдааст. “Муѓулистонро њам бояд зикр намуд. Сербия њам

орзуи бо Русия буданро дорад”,-афзудааст Жириновский.

ба ќавли ў, вилоятњои љану-бу шарќии Украина вазифа-доранд, ки дар њайати Русия бошанд: “ин њаќќи Русия аст. ин империяи Русия аст, ит-тињоди Шўравї аст”. аз ин пештар Владимир Жиринов-ский чандин бор даъват кар-да буд, ки Ќарабоѓи куњї низ ба њайати Русия шомил карда шавад.

Жириновский Русияро ба Тољикистон њамроњ карданист

Page 3: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014 ТољикисТонгузориш 3

15 апрел Президенти ки-швар Эмомалї Рањмон ба-рои иштирок дар маросими супоридани хонањои истиќо-матї ба оилањое, ки аз офати табии дар моњи ноябри соли 2013 зарар дида буданд ва мулоќот бо мардум ба ноњи-яи Вањдат сафар кард.

Дасти мадад ба зарардидагони офат

Иштирок дар маъракаи су-поридани 138 хонаи истиќоматї дар љамоати ба номи Карим Исмоилов ва мулоќот бо роњба-рону фаъолони ноњияи Вањдат аз њадафњои асосии боздиди ко-рии Сарвари давлат аз ноњияи Вањдат номида шуд.

Тавре ки медонем, дар на-тиљаи заминларзае, ки моњи но-ябри соли гузашта, дар ноњияи Вањдат шуд, 104 хона пурра ва беш аз 259 манзили зист хароб гашта буд.

10 ноябри соли 2013 дар њу-дуди Тољикистон заминларза сурат гирифта буд. Дар муд-дати як шабонарўз се маротиба заминларза шуданашро касе дар солњои охир ба ёд надошт. Маркази ин заминларза дар њудуди ноњияи Вањдат буд. Дар ин заминљунбї дар 11 дењаи ља-моатњои Карим Исмоил, Раљаб Исмоил, Бозорбой Бурунов ва Чорсўи шањри Вањдат хонањои мардум валангор шуданд. Зил-зила асосан ба 8 дењаи љамоати Карим Исмоилов, ба шумули Арбобдара, дар Найдара, Мењ-натобод, Гулдара, Сангпар ва ѓайра, њудуди 70 хонаро пурра хароб карда буд. Худи њамон рўз бо супориши Сарвари давлат ситоди кўмак ба зарардидагони заминларза бо роњбарии љони-шини Сарвазири кишвар Муро-далї Алимардон ташкил карда шуд. Бо супориши Њукумати мамлакат ва ноњияи Вањдат дар њудуди љамоати Карим Исмои-лов 16 гектар замин барои сох-тани хонањои истиќоматї ба за-рардидагони заминларза људо шуда буд. Бо кўмаки Њукумати мамлакат, ноњия ва дигар шањру ноњияњои кишвар, инчунин соњибкорон дар муддати панљ моњ, 138 бино ба пуррагї сохта шуд. Калиди хонањои навсохтро ба сокинонаш Президенти мам-лакат Эмомалї Рањмон супо-рид. Хонањо бо тамоми асбобњои рўзгор љињозонида ва дар ин шањраки навбунёд як бунгоњи тиббї низ сохта ба истифода дода шуд.Инчунин барои мар-думи камбизоат ва омўзгорону табибон бо супориши Сарвари давлат 116 гектар замини дигар барои сохтани хонањои истиќо-матї људо гардид.

Президенти кишвар Эмо-малї Рањмон дастур дод, ки дар мањаллаи навбунёд мактаби на-

ви замонавї барои 1600 нафар талаба сохта ба истифода дода шавад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар назди роњбарияту фаъолони ноњия ва мардуми сершумори дењоти атрофи дењаи навбунёд суханронї намуда, до-ир ба таъмини рушди босубот ва босуръати ин минтаќаи зебои кишвар андешањои љолиб баён намуд. Таъкид гардид, ки ноњи-яи Вањдат дар оянда бояд ба бењтарин ва бузургтарин ноњияи саноатї табдил ёбад. Бояд дар ин ноњия чандин корхонањои саноатї сохта ба истифода до-да шавад. Ба масъулини дахлдор дастур дода шуд, ки шабакањои таъминкунандаи оби кишова-рзї ва иншооти фарсудаи зањ-кашии ноњия аз нав барќарор карда шаванд.

Бо итминон таъкид гардид, ки шањри Вањдат мавќеи худро чун яке аз мавзеъњои саёњат ва туризми љумњурї бояд устувор гардонад.

Хишти аввали ояндаи нек

Дар ин рўз хишти аввали за-води нави сементбарорї гузо-шта шуд. Соњибкори мањаллї , олими соњаи технология Рањ-матљон Эшонов роњбарии ин заводро бар душ дорад. Ин за-вод асосан бо сармояи давлати Чин сохта мешавад. Фарќияташ аз дигар заводњои муштараки Тољикистон дар он аст, ки баъди сохта ба истифода додани завод ,ин моли софи давлати Тоики-стон мегардад. Дуюмин бурд дар он аст, ки дар ин корхона њама мутахассисони тољик кор мекунанд. Аз худи њамин сол сар карда, аз Донишгоњи тех-никии Тољикистон 50 нафар донишљўёни тољик барои таљри-баомўзї ба давлати Чин мера-ванд. Завод асосан бо техноло-гияи навтарини муосир сохта ба истифода дода мешавад. Бурди дигараш аз дигар завод асосан ба воситаи дастгоњњои нави

муосир фаъолият мекунад. Як чизро бояд ќайд намуд, ки за-вод дар наздикии шоњроњи бу-зурге, ки сохтмонњои аср сохта мешаванд, љой гирифтааст ва ба шањри Душанбе наздик аст.

Он мањсулоти хоме, ки барои тайёр кардани семент гириф-та мешавад, якуним километр дуртар аз завод љой дорад. Барои овардани мањсулоти хом сарфи зиёде намешавад. Завод сементи маркаи 500-ро истењсол меку-над. Баъди ташхиси мутахасси-сон маълум гардид, ки маркаи ин заводи навсохт дар љањон љои аввалро мегирад. Тасмим гирифта шудааст, ки дар гирду атрофи завод ва талу теппањо дарахтњои мевадињанда меши-нонанд. Ин маънои онро дорад, ки нашъунамои дарахтон ва ка-будизоркунии гирду атрофро мардум дида, боварї пайдо ку-нанд, ки аз љињати экологї завод зараровар нест.Завод дар се баст кор мекунад ва 280 нафар мута-хассисони тољик соњиби љойи кор мешаванд. Дигар заводњои муштараке, ки дар Тољикистон сохта мешаванд, 50 ва ё 70 фоиз мањсулоти он азони сармоягузо-рон мегардад. Ин ба он замина мегузорад, ки нархи семент дар

бозорњои кишвар паст фарояд ва мардум танњо аз сементи худї истифода баранд. Завод дар як рўз 1000 тонна семент истењсол мекунад.

Зимни сафар Президенти кишвар аз рафти сохтмон ва роњандозии кори гармхонаи сабзавотпарварї, ки дар шафа-ти шоњроњи Душанбе-Вањдат аз љониби соњибкорони мањал-лї аз ЉДММ Голден Груп дар масоњати 6 гектар бунёд меё-бад, шинос шуд. Аз иттилои роњбари ин ширкати ватанї Ќутбиддин Хайров бармеояд, ки њоло дар масоњати ним гек-тар гармхона бо технологияи навтарини замони муосир сох-та шуда, дар он навнињолњои помидор шинонда шудааст. Дар ним гектари дигар сохт-мону омодасозии гармхонаи дуюм идома дорад. Як соли оянда њамин гуна гармхонањо дар масоњати 6 гектар бояд сох-та ба кор дароварда шаванд.

Тавре зикр гардид, дар њар гектари гармхона то 60 нафар бо кори доимї таъмин мегар-данд, зеро дар ин љо натанњо дењќонону мутахассисони соњаи кишоварзї, балки кормандони муњандисию техникї низ ба кор

љалб карда мешаванд. Дар 6 гек-тар наздики 360 нафар бо кор ва маоши зиёда аз 1000 сомонї таъмин мегарданд.

Дар гармхонањо тавассути шабакаи мустаќили гармидињї ва салќинсозї дар чор фасли сол гармии аз 18 то 30 дараља нигоњ дошта мешавад, то ки сабзавот бенуќсон ва хушлаззат шавад.

6 гектар гармхона бо харљи ќариб 30 миллион сомонї аз њисоби маблаѓњои худи соњиб-корон бунёд меёбад. Ѓайр аз ин, гармхона бо истифодаи фа-ровон аз нерўи барќ ва гармии буѓхонаи худї гарм ё салќин карда мешавад ва бо вуљуди ин фоидаовар хоњад буд, зеро аз њар гектари он аз ду гардиш дар як сол то 320 тонна поми-дор ва аз 3-4 гардиш то 180-240 тонна бодиринг истењсол карда мешавад. Мањсулоти ин гар-мхонањо асосан аз моњи ноябр то охирњои моњи май ба бозор пешнињод мешавад, яъне дар мавсими камчинї ва ќиматии сабзавоти тару тоза. Тавре ит-тилоъ доданд, давоми ду сол харољоти сохтмон ва таљњизоти гармхона пурра бармегардад ва минбаъд он танњо ба фоида кор хоњад кард.

Соњибкори мањаллї Ќутбид-дин Хайров азм дорад, ки дар ља-раёни ободонию созандагии як гўшаи мулки бобої сањмгузор бошад, њамчунин ба арзонсозии нархи помидору бодиринг дар фасли зимистон, таъмини фа-ровонї дар бозори дохилї ва ба хориљи кишвар содир намуда-ни сабзавоти барваќтї ширкат кунад.

Ин соњибкори мањаллї њам-чунин азм дорад, ки дар гар-мхонањо парвариши гулњо ва лимўро низ ба роњ монад.

Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз иќдоми соњибкор ватанї Ќутбиддин Хайров, натиљањо ва дурнамои кораш хушњол гардида, ба ў барору комёбї хост ва маслињатњои муфид дод.

Президент дар Вањдатсокинони аз заминларза зарардида соњиби хонањои нав шуданд

Page 4: Точикистон №16

Нимаи дуюми рўзи 12 апрели соли равон,абрњои сиёњи пароканда гўё «ма-слињат» карда бошанд, ки дар болои ќаторкуњњои мавзеи Зиѓараю Шоњбачаи ноњияи Ховалинг ба њам омаданд ва ба самти дењоти љамоатњои Дањана ва Зира-кии шањри Кўлоб бо ѓазаб ѓурридаю чахмоќзада роњ пеш гирифтанд.

Мардуми дењаи Мирапоќи љамоати дењоти Дањана пай бурданд, ки ин абрњои сиёњ ягон офатеро ба сари мардум меоранд. Борони шадид ва жолаи ќурутмонанд лањзае нагузашта њама љоро фаро ги-рифт. Бо маслињати пирони дења љавонон либосњои бо-ронногузар ба бар карда, ба ёрии подабонњо, ба домана-кўњ шитофтанд, то ки чорвои калону майдаи мардумро бе осеб ба дења биёранд. Хайри-ят ин тадбир асос шуду чорво талаф наёфт. Аммо жола ба дарахтони саропо гулбасар ва киштзорњою њавлињо бетаъсир намонд. Соате нагузашта, да-рахтон бе баргу њосил ва зиро-атњои кўчаткардаю кошташуда ба хок яксон шуданд.

Аз шиддати боридани жола кўњу пуштањо ва њавлињо сап-сафед шуд. Гўё барфе борид мисли зимистони ќањратун.

Сокини 94 - солаи дења, иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї, Мањмуд Талбов даст ба гиребон бурда ,тавба мегуфт, ки дар ин умри босамараш бо-ре њам чунин боридани жоларо надидааст.

Абрњои сиёњ њамоно ѓаза-болуд самти њаракатро идома медоданд ва аз болои мав-зеъњои љамоати дењоти Бал-хобии ноњияи Мўъминобод ва «Зарбдор»-и шањри Кўлоб гузашта, ба њудуди љамоати дењоти Саричашмаи ноњияи Шўрообод роњ пеш гирифтанд ва сарњадро убур карда, ба ки-швари Афѓонистон рафтанд. Борони бошиддату жола ба са-ри мардуми ин мавзеъњо њам ѓазаб кард ва гўё ќасос гириф-тагї барин ба онњо њисороти зиёде овард. Аз њама бештар сокинони дењаи Одинабойи љамоати дењоти Саричашмаи ноњияи Шўрообод зарари љиддї дид. Дар натиљаи бори-ши шадид ва лаѓжиши пораи кўњ дар ин дења молу амволи мардум ба коми обу лой рафт. Боришот бошад то нисфи шаб дар ин мавзеъ идома ёфт. Ањли оилањое, ки манзилњояшон дар макони хатарнок љойгир шуда буд, њушёрї карда,ба љойњои бехавф кўчиданд. Аммо аз лаѓжиши кўњ баъзе хонањо зе-ри лойоба монда ,13 нафар ба њалокат расиданд. Танњо ба ањ-ли дења муяссар шуд, ки ду на-

фар, яке Мижгонаи 26-сола ва дигаре кўдаки 6 моњаро наљот дињанд. Аз ин офати табиат, он рўз бошандагони дењањои Арабњо, Пистамазор, Ялла-будї, Мишхорон ва боз чанд дењањои гирду атроф низ хи-сороти зиёде диданд ва беш аз 150 чорвои шахсї нобуд шуд. Обњои аз боришоти борону жола дар кўњу даман ва дарањо љамъ шуда, шабона аз мавзеи Чордара гузашта, ба дењаи Ту-гараки ноњияи Восеъ «њуљум» карданд. Обу лой ба ќисмати болои дења, ба хонањо ва мак-табу иншоотњо даромада,ба амволи мардум зарар расонд ва ѓафсии лойоб дар њавлињо ва баъзе љойњои дигар беш аз ним метрро ташкил дод.

Роњбарияти маќомоти иљро-ияи мањаллии њокимияти дав-латии ноњияњо, зерсохторњо ва нињодњои ќудратї аз ин хабари мудњиш огањї ёфта, фавран ба ёрии мардуми офатдида ома-данд. Кормандони Ситоди њо-латњои фавќуллода, бо исти-фода аз таљњизотњои обкаш, обњои њавзшуда ва бо замбарњо лойлуќаи дар хонаву њавлињо даромадаро кашиданд.

Рўзи дигар бо супориши Сарвари давлат, муовини Сарвазири Тољикистон Муро-далї Алимардон њамчун садри гурўњи корї дар њайати вази-рони корњои дохилї, тандуру-стї ва њифзи иљтимої,наќлиёт ва раиси Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гра-жданї љињати расондани кўма-

књои аввалия ба зарардидагон аз борони сел, ба минтаќаи Кўлоб омад.

Аз рўи маълумотњои мављу-да ,аз таъсири борони сел дењањои Панљосиёб, Ѓарабдара ва Лойлуќаи љамоати дењоти «Зарбдор»-и шањри Кўлоб њам зарари љиддї диданд. Тавре аз Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании Тољи-кистон ба њафтаномаи «Тољи-кистон» иттилоъ доданд, дар љамоати дењоти «Зарбдор»-и шањри Кўлоб 4 хонаи истиќо-матї ва 15 иншооти ёрирасон зери обу лой монда, њангоми аз чарогоњ баргаштан 106 мо-ли майда, 15 сар моли калони шохдор ба њалокат расидааст. Кумитаи њолатњои фавќулодда ба оилањои зарардидаи ноњияи Шўробод ва Восеъ 60 хайма,

30 тонна сўзишворї ва маво-ди ѓизоии зарурї , Барномаи рушди Созмони Милал бошад 1,5 тонна сўзишвории дизелї фиристоданд.

Њамчунин комиссияи њуку-

матї пешнињод намуд,ки ои-лањои зарардида ва манзилњои истиќоматии хавфнок ба љойњои бехафв кўчонида шаванд.

Шералї Яњёев,«Тољикистон»

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014ТољикисТон фољеа4

Пурсишномаи њафтаномаи «Тољикистон» ва сомонаи «pressa.tj»

Њадаф аз сафари Го Шенкун, вазири амнияти љумњу-рии мардумии Чин ба Тољикистон чист?

ЭзоЊ: Хонандагони азиз, назари худро оид ба пурсишномаи

пешнињодшуда тавассути сомонаи www.pressa.tj баён намоед.

a)б)в)

№ 16Кадом омил боиси болоравии нархи картошка

дар бозорњои Тољикистон гардид?

№ 15

Фар

моиш

ї бу

д 70

%

Мањбус ќасос

гирифт30%

Намедонам10%

Порахўрї кам

мешавад

82%

Не намекунад, зеро

аллакай њиллаи

камерањоро

ёфтанд

12%

Барои мустањкам кардани мафќеи Чин дар Осиёи Марказї Таъмини амнияти президенти Чин дар Соз-мони њамкории ШанхайНамедонам

Бале

, дар

он

љо

акса

рият

ро р

усза

бонњ

о т

ашки

л ме

кард

анд

69%Намедонам

10%

Ин таљ

овуз

нисба

т

ба ки

швари

дига

р аст

21% Нам

едон

ам5%

Миё

нара

вњо б

а хот

ири

манфиа

ти худ

нарх

ро

боло

бурд

анд

20%

Мас

ъули

ни бо

зорњ

о дар

фа

сли

тир

амоњ

ба ќ

адри

ко

фї к

арт

ошка

захи

ра

нака

рдан

д худ

75

%

Офат дар Хатлон13 нафарро ба коми марг бурд

Page 5: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014 ТољикисТонмавзўи рўз 5

Мо њоло шоњиди аз сари нав таќсим шудани љањон њастем. Баъд аз хотима ёфтани љањони дуќутба (Шўравї ва љонибдоронаш аз як тараф ва Амрикою та-рафдоронаш аз љониби ди-гар), ки бо пош хўрдани Ит-тињоди Шўравї анљом ёфт, то оѓози њодисањои Украина то андозае дар љањон оромї ва њамдигарфањмии байни кишварњои гуногун пайдо шуд.

Аммо маълум гардид, ки њамаи ин муваќќатї будааст ва боз њам авзои минтаќањои гуногуни олам рў ба ташаннуљ овард. Он манбаъњои хурд-хур-ди хатарзо наќши муњимме дар авзои умумии љањон на-доштанд, аммо инќироз дар Украина аз њамаи онњо фарќ мекунад ва акнун дар ин мин-таќа манфиатњои асосии ду абарќудрат-Амрикою Русия рўйи миз гузошта шудаанд. Дар ин бањси алњол лафзї ка-доме аз инњо ѓолиб меояд, вакт нишон медињад, вале агар кор аз љанги сард ба гарм гузарад, оќибаташро касе пешгўйї кар-да наметавонад. Аммо мавзўи мо њарчанд ба њамин бањсњо вобаста аст, аммо дигар аст…

…Дар тамоми љањон љиноят-коронро ба чанд гурўњ људо ме-кунанд, ки яке аз ин гурўњњоро сиёсї меноманд. Яъне ин гуна шахсон гўё ба хотири њадафњои сиёсии худ мубориза мебаранд. Аммо њастанд онњое, ки љи-ноятњои вобаста ба куштору террор ва ё љинояти иќтисодї содир намудаанду ба кишвари дигар фирор намудаанд. Ваќте ки ин гуна шахсон ба њудуди давлати дигар мераванд, кў-шиш менамоянд, ки худро њамчун сиёсатмадор ва ё му-боризи роњи озоди муаррифї намоянду гўянд, ки онњоро дар ватанашон барои фаъолияти сиёсиашон таъќиб менамоянд. Њарчанд кишваре, ки онњо ќаблан шањрванди он буданд, боздошту ба љазо гирифтор на-мудани чунин шахсонро талаб кунанд њам давлате, ки чунин ашхосро дар хоки худ роњ до-даст, вобаста ба манфиати худ амал хоњад кард. Њол он, ки дар њамаи санадњои имзонамудаи ќисми зиёди кишварњои узви СММ дар бораи баргардони-дани љинояткорон ба кишваре, ки дар њудуди он љиноят содир гардидааст, гуфта шудааст. Ва-ле новобаста аз ин манфиатњо бояд љинояткории вобаста ба ќатли одамон ва ё љиноятњои иќтисодї баргардонда мешу-данд. Аммо њоло ин тавр нест. Барои ин гуфтањои худ чандин мисол оварда метавонем. За-моне Березовскийро дар Русия мехостанд барои љиноятњои иќтисодиаш суд кунанд, аммо

ў тавонист дар Инглистон па-ноњандагии сиёсї ба даст овар-да, то охири умр он љо монад, ки марги асроромезаш то њол тахмину гумонњои зиёдеро ба бор овардаст. Гурезањои ба ња-мин монанд, ки аз кишвари мо њастанд, бо дархости Тољикис-тон Ќувватов дар Дубай ва Аб-дуллољонов дар Киев дастгир шуданд ва њарду њам бо гуноњи љиноятњои вобаста ба иќтисо-диёт. Аммо магар онњо дар асоси њамон санадњо ба кишварњоя-шон баргардонида шуданд? Не! Зеро гўё онњо дар зери њимояи «љањони демократї» будаанд. Њол он ки масалан касе дар ёд надорад, ки Ќувватов ќаблан дар Тољикистон ягон талаби сиёсї карда бошад ё узви ягон њизби мухолиф бошад. Ў то за-моне, ки ба манфиатњои иќти-содиаш хатар тањдид нанамуд, ба сиёсат «туф» мекард. Яъне њоло ба чашми бе ин њам хира-бини демократия устокорона хокистар пошид. Аммо ин «де-мократия» тавре ки њаводиси охирин дар дунё нишон до-данд, танњо барои кишварњо-

ест, ки худро њокими љањон ме-шуморанд ва худи онњо талаб мекунанд, ки «кўрнамак»-њоя-шонро дигарон баргардонанд. Талаби њамарўзаи Амрико аз Русия дар бобати додани Эд-вард Сноуден-собиќ корманди хадамоти чосусии Амрико, ки асрори зиёди ин кишварро ба маърази умум гузошт, далели ин гуфтањост. Њол он ки Сно-уден гурезаи сирф сиёсист ва ин љо тиљорат ё одамкушї ягон дахле надорад.

Дар Фаронса љинояткори иќтисодии дигар аз Ќазоќи-стон –Мурод Аблязов бо та-лаби чанд кишвар, аз љумла Ру-сия, Украина, Ќазоќистон ва ѓайра дастгир шуд, ки зиёда аз ду миллиард долларро дуздида-аст. Њоло ў дар мањбаси Люин, наздики шањри Экс-Прован-са ќарор дорад. Фаронса ваъда карда буд, ки ўро ба «соњибо-наш» бармегардонад. Аммо њодисањои охирини љањон, ки боз њам дунёро ба ду ќисмат таќсим кард, монеи боздо-дани Аблязов шуданд. Њатто Украинаи акнун «демократї»,

ки аз Русия њам бештар талаби бозгардонидани 500 миллион доллари дуздидаи Аблязов аз Украина буд, дигар дар ин бора њарф намезанад. Зеро њадафњо дигар шуданд. Фаронса бошад, ба чунин хулоса омадааст, ки Аблязов дигар љинояткори иќтисодї, ё аниќтараш дузд нест. Пас имрўз Аблязов кист? Паноњандаи сиёсї? Оё Дар Франсия медониста бошанд, ки нафарони аз ѓоратгарињои бешумори Аблязов гириф-торшуда дар ќатори бонкњои Англия, Федератсияи Русия, Љумњурии Ќазоќистон инсти-тутњои молиявии Франсия низ њастанду ба амалњои ѓайриќо-нунии Мухтор Аблязов дар дањњо кишварњои Аврупову Осиё маќомоти њифзи њуќуќ мароќ зоњир менамоянд.

Бояд дарк намуд, ки нафа-ре, ки иќтидори обу лой кар-дани чунин миќдори калони маблаѓњоро дорад, барои вай

таъсис додани созмону таш-килотњои њифзи њуќуќе, ки ќо-нуншиканиву љиноятњои ном-бурдаро пардапўшона њифозат менамоянд ва ё ташкили ягон мањфили сиёсї мушкилие на-дорад. Баъдан ин гурўњи «24», «25» -у боз ким кадом њисобњои саргумзада дар сањнаи сиёсї як намоён мешаванду спон-сори худро дар назари љањони демократї «азияткашидаи сиёсї» ќаламдод мекунанд ва бо њамин аз љинояткори одї ба сиёсатмадор табдил медињанд. Бо назардошти ин бењтар ме-буд, агар ѓарбињо пеш аз он ки худро демократ ќаламдод намоянд, бояд хомро аз пух-таву сараро аз пуч људо карда тавонанд. Вагарна демократия низ мисли дигар вожањои бад-номшудаи «коммунизм», «со-циализм» ва чандин «изм» њои дигар худро бадном мекунад…

А. АњмАдзодА,«Тољикистон»

Паноњандагони сиёсї ё љиноят зери пардаи демократия

Абдумалик Абдуллољонов

Умаралї ќувватов

Эдвард Сноуден

Мурод Аблязов

Page 6: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014ТољикисТон6 нигоњи дигар

Масъули сањифа Барнои Нозирдухт. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

МаълуМотноМаиМаълуМотноМаи

Пол БийяПол Бийя сиёсатмадор,

собик сарвазир ва нињо-ят президенти Камерун мебошад. Пол 3 феврали соли 1933 дар Кемирун ба дунё омадааст. Ў соли 1956 литсейи генерал Ле-клеркро дар Камерун хатм намудааст. Дар соли 1962 Донишкадаи тањќиќотии Парижро хатм намуд.

Ў аз рўи ихтисос њуќуќши-нос мебошад. Дар њамон сол Бийя ба кори давлатї даро-мада, дар садорати президент Ањмад Ахиљо фаъолият ме-кард. Баъдан дар соли 1964 директор дар Вазорати ма-ориф, љавонон ва маданият таъин гардида, дар соли 1965 дабири кули вазорат таъин шуд. 30 июни соли 1975 Пол Бийя ба вазифаи сарвазири Камерун ба фаъолият оѓоз кард. 4 ноябри соли 1982 президент Ањмад Ахиљо ба истеъфо рафт ва 6 ноябр ти-бќи конститутсия Пол Бийя љойгузини ў гардид. Бийя соли 1983 Ахиљоро барои та-бадуллоти давлатї гунањгор кард. 6 апрели соли 1983 ни-зомиёни њукуматї табадду-лоти низомиро пешгирї кар-данд. Баъдан Бийя гвардияи љумњуриро пароканда кард. Ў дар интихоботи 14 январи соли дигар ѓолиб омад ва 24 апрели соли 1988 дигарбора бо 98 дарсади раъй президент интихоб шуд. Пол Бийя дар интихоботњои солњои 1992, 1996, 1997, 2007 ва 2011 бар-гашта, президент интихоб шуд. Бийя ду маротиба, бо Жанна Ирен Бийя ва Шантал Бийя оила бунёд кардааст. Ў соњиби як фарзанд-Френк мебошад.Бийя дар ќато-ри диктаторњои љањон љойи 19-умро ишѓол мекунад.

рўзномаи «њамшањрї», Эрон. Мавзўи муњими рўзнома: «инти-хобот дар афѓонистон: «Кї, кай ва барои чї ?»

Рўзнома менависад, дар Афѓониситон интихоботи пре-зидентї баргузор гардид – ав-валин бор дар таърихи кишвар, ваќте ки роњбари кишвар их-тиёрї, тибќи конститутсия, мусолиматомез ќудратро ба ра-иси љумњурии баъдї интиќол медињад. Аз 12 млн. нафар ин-тихобкунанда дар интихоботи президентии кишвар, ки 5 апрел баргузор шуд, беш аз 7 млн. раъй доданд. То њол натиљаи нињоии интихобот маълум нашудааст.

Кадоме аз номзад имконияти бештар барои пирўзї дорад

Рўзнома менависад, ки кор-шиносон ба он назаранд, ки ягон нафар аз номзадњо дар давраи аввал 50 дарсади раъй ва як овоз ба даст оварда наметаво-над. Дар ин њолат Афѓонистонро мебояд давраи дуюми интихобо-тро баргузор намояд, ки 28 май муайян шудааст. Ба назари назо-ратчиёни афѓону хориљї танхо се нафар аз 8 номзад метавонанд дар ин интихобот раќобат намо-янд. Инњо собиќ ёвари карзай ва роњбари ВКХ Расу Залмаи паштун, собиќ вазири иќтисод Ашраф Ѓанї Ањмадзайи паш-тун ва собиќ Вазири корњои хориљии Афѓонистон Абдулло Абдуллои тољик. Далели он ки паштунњо бузургтарин ќавманд ба номзадњои паштун имкони-яти бештар медињад, аммо на то андозае, ки дар даври аввал пирўз гарданд. Ин номзадњо дар Афѓонистон ва дар берун аз он њам маъруфанд, зеро дар замони њукмронии Карзай вазифањои баланди роњбарикунандаро ба ўњда доштанд.

Њимоят аз бехатарии интихобот

Рўзнома менависад, ки амни-яти интихоботро беш аз 350 000 нафар низомиён ва кормандони маќомоти бехатарї њифз наму-данд. Новобаста аз ин толибон дар баъзе аз минтаќањои Афѓо-нистон террор анљом доданд. Дар рўзи баргузории интихо-боти президентї ва мунисипа-лии Афѓонистон дар натиљаи њамлаи террористон беш аз 20 нафар ба њалокат расида, 43 на-фар захмхои гуногун бардош-танд. ВКД иттилоъ медињанд, ки маќомоти амниятї беш аз 140 њамлањоро бекор кардаанд.

ИМА аз интихоботи Афѓо-нистон розї аст

Барак Обама, президенти ИМА, баргузории интихоботро мусбат арзёбї мекунанд. Оба-ма интихоботро барои ояндаи демократии кишвар ва идома-дињии дастгирии байналмилалї

мухим хонд. «Мо бо мардуми афѓон, амният ва намояндагони њавзањои интихоботї дар ваљд њастем. Ин як ќадами бузург аст».

Рўзнома менависад, ки ин-тихоботи президенти нав роњро барои њалли масъалаи боќї мон-дани нерўњои хориљиро пас аз хурўљ дар соли равон њал месо-зад. Њомид Карзай аз имзои со-зишномаи тайёр бо Вашингтон то баргузории интихоботи пре-зидентї даст кашид. Њар се ном-зад омодаанд, ки онро анљом бидињанд. Барои Ќасри Сафед бастани тавофуќ бо президенти нав имкон медињад, ки ба осонї бо ў забон ёбад. Барои Кобул бошад ин созишнома на танњо роњ барои њамкорї дар масъалаи омўзиши низомиён, балки ги-рифтани итминон барои кўмаки молї аст. Дар ин вазъият тањ-лилгарон аз баёни андешахои худ дар мавриди раванди воќеот дар ин кишвар худдорї мекунад.Умуман, онњо зикр мекунанд, ки артиши Афѓонистон ново-баста аз омодагии комил техни-каи низомї надоранд. Њукума-ти Афѓонистон метавонад дар танњої бо мухолифи асосиаш бимонад. Маскав аллакай ба ихтиёри Афѓонистон 6 чархбол гузоштааст ва ваъда медињад, ки боќимонда 24-тои дигарро ворид созад.

Ришва ва муњаддирот-

ду мушкиле, ки Афѓонистони

муосирро танг кардааст

Рўзнома менависад, дар ки-швар то њанўз ришвахўрї ва истењсоли маводи мухаддир дар ављ аст. Барои бахо додан ба вазъияти Афѓонистон бояд дар хотир дошт, ки роњбари толибон Мулло Умар дар 32-34 музофоти ин кишвар ќумандорони соягї таъин кардааст. Рўзнома мена-висад, ки дар њоли њозир танњо дар баъзе минтакањои кишвар тарёк тавлид намешавад. Уму-ман ,дар марзи Афѓонистон аз се ду њиссаи истењсоли героин дар љањон ѓун карда мешавад. Дар ин тиљорат толибон танњо 10-

20 дарсад фоида ба даст меорад. Боќимонда дар дасти президен-ти амалкунанда ва ќумандонони ин кишвар тааллуќ дошт. Но-вобаста аз натиљаи интихоботи президентї, Афѓонистон мар-кази истењсоли тарёк ва героин дар љањон боќї мемонад ва ин хатари бештар аз террористону низомиёну толибон аст.

Хурўљи нерўњои амрикої аз хоки

АфѓонистонРўзнома менависад, дар њоли

хозир, тибќи маълумоти НАТО дар Афѓонистон 33 500 сарбози амрикої њузур дорад. Хурўљи нерўњои хориљї дар охири соли љорї ба наќша гирифта шудааст. Амрикоињо ва иттифоќчиёна-шон пурра хоки Афѓонистонро тарк карданї нестанд, пас аз хурўљ дар кишвар беш аз 10. 000 нафар сарбозон барои таъмини амният боќї мемонанд. Барои ин бояд тавофуќи дуљониба баст, ки аз ноябри соли 2012 дар наќша мебошад. Аммо 6 феврали соли 2014 Карзай ба ин созишнома имзо нагузошт ва изхор дошт, ки то баргузо-рии интихоботи президентї ба ягон санад имзо намегузорад. Пас аз хурўчи нерўњо кишварро чї интизор аст? Рўзнома ме-нависад, ногузир аст, ки пас аз хурўљи нерўњои амрикої ќисма-ти асосии кишвар – њамаи мин-таќањои паштуннишин – зери назорати толибон медароянд. Онњоро Покистон дар ин њол пурра дастгирї мекунад. Музо-фотњои Хазарейскро Эрон на-зорат хохад кард ва дар шимол бошад Ўзбекистон ва ќисман Туркманистон манотиќи марзии худро пўшиш хоњанд дод. Дар Тољикистон бошад, баръакс, исломгароёни мањаллии афѓон мисли пешин марзро бо Тољи-кистон, интиќол аз гурўњњои мусаллањ дар хоки Тољикистон ва њамлу наќли маводи мухад-дир дар Осиёи Марказї тариќи Тољикистон ва баъдан бо Ќир-гизистон зери назорат мегиранд. Њоло муќобилияти шадид барои назорат болои Афѓонистон миё-ни бозингарони асосї Покистон ва Чин дар ављ аст.

Њамлаи дуюми Россия ба Украина

Рўзномаи The Washington Post –и Амрико менависад, шояд њамла ба шарќи Укра-ина аллакай оѓоз шудааст ва ин њодисањои иттифоќафтода воќеањои Ќримро ба ёд меорад. Кї дар шарќи Украина би-ноњои њукуматиро банд карда-аст – нерўњои махсуси Россия ё украинњои омодашуда дар Рос-сия? Як чи маълум аст: маќсади Путин – таѓйири марзњои баъ-диљангии Аврупо ба фоидаи ки-швараш, ба воситаи дипломати-яи бардурўѓ ва дар ваќти зарурї бо нерў, мебошад. Њафтаи гуза-шта Љон Керри иддаъо намуд, ки ИМА барои ишѓоли биноњои њукуматї дар се шањри Украина бар зидди бахшњои иќтисодии истихрољи маъдан, энергетика ва бонкдории Россия тањрим љорї хоњад кард. Рўзнома мена-висад, вокуниши шадиди Ѓарб њамлаи Россияро пас аз ишѓоли аввалин бинои њукуматї мета-вонист боздошт намояд, акнун вазъият хатаровартар гаштааст. Кремл метавонад, ки аз хунре-зии 13 апрел шуда, барои њам-лаи ошкоро истифода бубарад. Шояд аллакай барои боздошти љанг дар шарќи Украина хеле дер шудааст. Агар амалиётњои 13 апрел ба вуќўъ пайваста идо-ма ёбанд, Вашингтон њамчунин бояд Киевро бо њама таљњизот мусаллањ созад. Агар украинњо маљбур шаванд, ки барои њифзи кишварашон мубориза баранд, пас ба онњо кўмак зарур аст, ме-нависад The Washington Post.

Ба Путин бањона лозим буд, ки онро дарёфт

Тањољуми Россия ба шарќи Украина аллакай оѓоз шуда-аст, менависад The Wall Street Journal. Дар ин маврид тафовут дар он аст, ки Украина аќаллан ќисман ба ин ходиса вокуниш нишон медињад. Дар тирпар-ронињои Славянск ва дигар шањрњо ќурбонињо ба назар мерасанд ва ин вазъият он чи-зе аст, ки ба Путин барои са-федкунии фиристодани нерўњо барои химояи аќалиятњои рус-забон лозим аст. Њафтаи ра-вон намояндагони ИА, ИМА, Украина ва Россия бояд роњ-хои њалли дипломатиро аз ин бўњрон мавриди баррасї ќарор бидињанд. Роњи њал барои Россия он аст, ки мехоњад ба Киев шартњоеро бор намояд, ки миёни он эътирофи забо-ни русї њамчун забони дуюми давлатї, уњдадорињо барои во-рид нашудан ба ИА ва НАТО ва ислоњоти федеративї муњим мебошанд.

Афѓонистон даври дуюми интихобот оѓоз ёфт

Page 7: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014 ТољикисТон 7мушкилот

Масъули сањифа Усмон Ниёзов. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

Ќисми зиёди кормандони корхонањои давлатї моњо-наи худро аз тариќи банко-матњо мегиранд. Албатта, ин хуб аст, њатто љойи бањс на-дорад. Аммо, вале, лекин…

Мегўянд, ки ба техника бо-вар кардан мумкин нест, зеро он метавонад њар лањза инсонро дар њолати ногувор ќарор дињад. Албатта, ин аќида нодуруст аст. Чунки техника њам дар дасти инсон аст. Агар инсон онро дуруст истифода барад ва дар хидмати мардум ќарор дињад, сазовори эътимод хоњад буд.

Банда аз банкомате, ки ба «Тољиксодиротбонк» тааллуќ дорад, истифода менамоям ва њар моњ ба ќадри зарурї тавассу-ти он маблаѓи бароям лозимро мегирам. Аввали моњи апрел, аниќтараш рўзи якум, назди банкомат, ки дар ќисмати поё-ни маркази савдои «Каёнуш», воќеъ дар кўчаи Асадулло Ѓу-ломов, рафтам. Банкомат кор намекард. Худи њамон рўз ба

хадамоти ёрирасони бонк, раќамњои 600-40-40 занг задам. Баъд аз гузаштани андак ваќт гў-шакро яке аз кормандони бонк бардошту сабаби дар тамос шу-данамро пурсид. Пас аз муар-рифї, аз фаъолият бозмондан ва макони банкоматро гуфтам. Ў дар љавоб изњор намуд, ки дархости шумо ќабул шуд ва

њамкоронамон дида мебароянд. Ба ваъдаи ў бовар кардам ва

баъд аз чанде назди банкомат омадам. Банкомат њамоно хомўш буд. Рўзи 2.04.2014 аз раќамњои телефони дар боло зикр шуда дигарбора дар тамос шудам. Хотиррасон кардам, ки дирўз дар тамос шуда будам. Њамкоронатон дирўз ваъда кар-

да буданд, ки банкоматро ба кор медароранд, вале њануз њам кор намекунад.

Ин корманди «Тољиксоди-ротбанк» низ гуфт, ки дархостам ќабул шуд, онро барќарор ме-кунанд. Боз њам бовар кардам, вале њайњот ваъда ба њаво рафта буд. 3.04.2014 пас аз нисфи-рўзї боз бо телефони макзур, бо шахси масъул дар тамос шудам. Ин дафъа низ ваъда доданд. Дар љавоб гуфтам, ки се рўз боз занг мезанаму њељ ин дастгоњро соз кунанд. Аз он тараф овози зане баромад, ки мегуфт: агар саросе-ма бошед, равед, як банкомати дигар дар Автовакзал дорем, аз он љо маблаѓи худро гиред.

Аз байн 13 рўз гузашта бошад њам, вале мутаассифона то њол ин банкомат фаъолият наме-кунад. Дар таблиѓњои радио ва телевезион бонкњоро дўст ва шарики боэътимод муаррифї мекунанд. Дар чунин њолатњо чї гуна ба дўсти худ бовар кунем, ки хизмати сариваќтї намера-сонад. Як нуќта барои ман но-

равшан аст, ки муштариён дар-хост, пешнињод ва шикоятњои худро ба кї гўянд, ки сари ваќт иљро шаванд? Ба раиси бонк? Ба шуъбаи ќабули дархост ва ё ба худи коргарони техникї? Дар њоле, ки хадамоти ёрирасон барои ќабули дархосту шикоят ва дигар масъалањои муштариён роњандозї шудааст, пас чаро онњо масъулиятро эњсос на-мекунанд? Агар чунин бошад, бояд ба муштариён кореро ба анљом расонид, ки онњо воќиф гарданд. Барои мисол, дар ои-наи экранаш чунин навишта шавад: «Дастгоњ ба муддати 10 ё 15 рўз кор намекунад ё то на-сби дастгоњи нав аз дигар бан-коматњо истифода намоянд». Ин масъала бори якум нест, ки боиси норозигии корафтода-гон гашта бошад…. Мо ба ин иктифо мекунем, ба умеди он ки масъулон аз хоби ноз бедор ва пайи иљрои вазифаи бардуш доштаашон шаванд.

Мањина Давлатова

Ваъдањои пучБА тАВАљљўњи рАиси «тољиксодиротБонк» тољиддин ПирзодА

Чанде ќабл дар Марка-зи љумњуриявии «иттилоот ва муошират» бо иштироки рўзноманигорон, намоян-дагони институтњои бай-налмилалї ва ташкилотњои љамъиятї муаррифии Ас-сотсиатсияии миллии во-лонтёрони тољикистон доир гардид.

Дар љумњурї солњои охир дањњо ташкилоти љамъиятї фаъолияти худро дар бахши волонтёрї анљом медињанд. Ќиёмиддин Миралиев, раиси Ассотсиатсияи миллии волон-тёрони Тољикистон ба чанд

саволи мо љавоб гуфт.

-Саволи ав-валин, волонтёр кист?

- Ф а ъ о л и я т и

волонтёрї (ихтиёрї) яке аз фаъолияти бемузди маъмулие мебошад, ки дар кишварњои пешрафтаи олам ба роњ монда шудааст. Ба фаъолияти волон-тёрї асосан љавонон машѓул гардида, њангоми њодисањои гуногун ба таври ройгон ба шањрвандон хизмат мерасо-нанд.

Њаракати волонтёрї пади-даи нав набуда, солњои зиёд аст, ки дар кишварњои олам роиљ мебошад. Он бо муру-ри замон дар Тољикистон низ шакл гирифта, рушд ёф-та истодааст. Маќсади аслии таъсиси Ассотсиатсияии мил-лии волонтёрони Тољикистон ин ташкил ва шароити мусо-ид фароњам овардан ба хоти-ри бењдошти зиндагии ањолї мебошад. Тавре маълум аст, фаъолияти волонтёрї барои кўмак расонидан ба ќишри ниёзманди љомеа равона гар-дидааст. Яъне, он масъалањое, ки хусусияти иљтимої доранд, бевосита њаракати волонтёрї ба он таъсир мерасонад. Ба ми-сли ба наќшагирии оила, пе-шгирии беморињои сироятї, экология, муњити зист, тарзи њаёти солим ва ѓайраро волон-тёрон ба анљом мерасонанд. Бояд зикр намоям, ки аз соли 2000- ум ин љониб дар Тољи-кистон њаракати волонтёрї фаъолият дорад, вале то имрўз

як системаи муйяни њамоњан-гї ё идоракунї вуљуд надошт. Бинобар ин, яке аз њадафњои асосии ассотсиатсияи мо ин ташаккули системаи њамоњан-гсозї ва умуман ба роњ мондан ва танзими муносибатњо дар як чањорчўбаи муќарраршуда мебошад. Њамчунин, ќабули Ќонун «Дар бораи фаъолияти волонтёрї дар Тољикистон» заминае барои таъсиси ассо-тсиатсия гардид.

-маќсад аз ташкили ассо-тсиатсия чист ва чаро волон-тёрњо њатман бояд гирди он љамъ оянд?

-Дар назди ассотсиатсия вазифањои зиёде гузошта шудааст. Яке аз он вазифањо ташаккул додани заминањои меъёрию њуќуќї мебошад. Албатта, мо ќонунро дар бо-раи фаъолияти волонтёрї ќа-бул кардем, вале консепсияи фаъолият то њол вуљуд надошт. Акнун дар асоси чањорчўбаи ќонуни ќабулшуда, мо фаъо-лиятро ба роњ монда, самараи корро бењтар истифода меба-рем. Айни замон, консепсия ва барномањои кории худро омода карда истодаем.Агар фаъолияти волонтёрї дар як марказ муттањид бошад, кори онњо осон ва фаъолият танзим мегардад.

-Волонтёрњо ягона созмоне нестанд, ки дар байни љавонон

кор мебаранд. оё ягон њамоњан-гї дар байни ин ассотсиатсия ва дигар созмонњои марбут ба љавонон дар назар гирифта шу-дааст?

-Асосан, фаъолияти волон-тёрї на танњо бо ташкилотњои кор бо љавонон, балки бо та-моми соњањо ба роњ монда ме-шавад. Яъне, фаъолияти во-лонтёрї ба њама соњањо якхел аст. Ин фаъолият ба хотири сарфаи кор мусоидат мекунад. Вазифаи мо он аст, ки дилхоњ шахсро тавассути кироя ва их-тисосмандонро барои анљом додани коре, љалб намоем.

-Айни замон, ассотсиатсия чї ќадар аъзо дорад?

- Бояд гўям, ки аъзо шудан ба ассотсиатсия тавассути сомона сурат мегирад ва ба ќайдгирї акнун оѓоз шудааст. Њоло сомо-наи ассотсиатсия тањия шуда истодааст. Новобаста ба ин, мо тариќи худкор, аллакай чандин ташкилотњоро ба аъзогї ќабул намудем. Мутобиќи барнома њар ташкилоте,ки аъзо мешавад, бояд 5 нафари дигарро њамроњи худ њамчун волонтёр аъзо кунад. Волонтёр њамон нафаре дониста мешавад, ки дар даст шањодат-номаи волонтёрї дошта бошад.

-Дар сурати ба Ассотсиатсия аъзо шудан, волонтёр аз ин чї манфиат мебинад?

-Сатњи дониш ва малакаи кории худро боло мебарад.

Њамчунин ў метавонад, ки барои кори мувофиќ пайдо кардан тавсия гирад. Агар дар соњаи тиб волонтёрї анљом дињад, дар дилхоњ беморхона соњиби кор мешавад. Бинобар ин, ба дилхоњ соња волонтёр ташкил шуда, ба рушди мин-баъдаи онњо мусоидат мекунад. Њамчунин фаъолияти волон-тёрї дар дафтарчаи мењнатї ќайд мегардад, ки ин то як ан-доза ба баромадани нафаќаи минбаъда таъсир мерасонад.

-Синну соли волонтёрњо низ ба назар гирифта мешавад?

-Албатта, синнну сол аз 16 болост. Баъдан наќша дорем, ки њаракати волонтёриро дар Тољи-кистон ташаккул дода, дафтар-чаи махсусро низ тасдиќ намо-ем. Ќадами баъдї, омўзонидани аъзоёни ташкилотњои аъзои ассотсиатсияшуда,мешавад.

-Албатта, он чизњое, ки ном-бар кардед, бе харољот анљом намеёбад. Сарпарасти моли ас-сотсиатсия кист?

-Шумо дуруст гуфтед. Оѓози кори ассотсиатсия бо дастги-рии Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати љуњурї анљом меёбад. Вале танњо бо маблаѓи худи ин ку-мита анљом додани ин кор ѓай-риимкон аст. Аз ин лињоз, мо бо дигар ташкилоту донорњои молиявї низ њамкорї меку-нем.

Волонтёр кист?ё падидае, ки дар љањон собиќа дораду дар Тољикистон нав аст

Page 8: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014ТољикисТон доѓи рўз8

вы Ѓунчањои барваќтшукуфтаЧаро ноболиѓон даст ба фоњишагї мезананд?

Ту зиќ шудаї?

Чанд рўз пеш аз мурофи-аи Суди Олї баромада, аз роњи зеризаминї гузашта, сўи коргоњ-бинои «Шарќи озод» меомадам. Аз пањлўям духта-ри 15-16 солае, ки рўймоли сафед ба сару куртаи атлас ба бар дошт,нимтабассум кар-да гузашт. Бо гумони он ки ягон шиносам набошад гашта ба ќафо нигоњ кардам, ки ў бо имои даст маро ба сўи худ даъват кард. Шояд мушкиле дошта бошад, гуфтаву гашта ба наздаш рафтам.

-Зиќ шудаї? -пурсид ў.-Ња, бисёр зиќ шудаам,-бо

муроди њадафашро фањмидан гуфтам ман.

-Ман њам зиќ шудаам, -гуфт ў.

Маќсадашро фањмида, сар-хам сўи коргоњ роњ пеш гириф-там. Рањорањ ќисмати ояндаи ин духтаракро андеша карда, дилгир мешудам.

Наход кор ба дараљае расида бошад,ки ноболиѓони даст ба фоњишагї зада, синну солро њам ба эътибор нагиранд?-хиљолатомез худ ба худ суол кардам ман.

Духтарони ноболиѓро чї ба ин дунёи ифлос рањнамун ме-созад?

Бекасї, бепарвоии воли-дайн, вазъи иљтимої ё намо-иши филмњои фањш? Зеро мувофиќи маълумотњои ба мо расида, маќомотњои интизо-мї борњо аз афзудани шумораи фоњишањои ноболиѓ изњори ташвиш кардаанд ва даъват бар он мекунанд, ки зидди ин падидаи номатлуб мубо-ризаи якљоя бояд бурд. Тибќи омори расмї, дар соли 2013, 1641 занону духтарони фоњиша ошкор шудааст, ки дар муќои-са бо соли гузашта 338 нафар зиёд аст. Аз ин њисоб 41 нафа-рашон духтарони ноболиѓанд. Соли гузашта дар мамлакат 189 фоњишахона ошкор шудааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 39 адад афзудааст. То љое мо огањї дорем, дар аксар парвандањои таљовуз ба номус ќањрамонњои асосї фоњишањои ноболиѓанд.Ќисме аз онњо аз хонањояшон гурехтаанд ва ё волидонашон аз бањри онњо гузаштаанд. Ди-рўз савори мошини мусофир-каш ба љониби Ќарияи боло мерафтам ва аз магнитофони мошин суруде садо медод,ки матлааш чунин буд: Малинкие девушки влюбляются ,

Малинкие девушки потси-лются.

Ин суруд таќдири тираи Парвинаи ноболиѓро пеши

назарам љилвагар кард.Кас ба саргузашти Пар-

винаи 14 –сола,ки љавони ба ў њамхобашударо бегуноњ мешуморад,шинос шуда, дар њайрат мемонад.

Парвина киро дастгирї мекунад?

Парвина гўё аз дасти Ањ-мадљони Мавлон, љавоне аз ноњияи Њисор, мавриди ишќ-варзї ва даст задан ба корњои шањвонї ,ќарор гирифтааст.Ин љавонро суд ба мўњлати 2 солу 6 моњ равонаи мањбас кард.Баъди ин Парвина изњо-ри норозигї карда, бо исрор мегўяд, ки бо фишор ба муќо-били Ањмадљони Мавлон баёнот додааст ва њабси ўро аз рўи адолат намешуморад.

Дар асл Суди ноњияи Њисор њанўз 5-уми декабри соли 2013 Ањмадљони Мавлони 24- сола-ро ба гуноњи «њаракати дорои хусусияти шањвонидошта» ра-вонаи мањбас кард. Ба гуфтаи Парвина ў дар аввалњои моњи январи соли 2013 аз љониби се љавони ношинос таљовуз шу-да буд, аммо суд ба љои онњо Ањмадљонро ба мањбас кашид.Кор ба дараљае расид,ки Пар-вина дар рўзи охири мурофиаи судї, дилашро кафонда гуфт ,ки ў њатто тамоман Ањмадљон-ро намешиносад. Бо вуљуди ин ки кормандони милиса рафтори ўро пайваста назорат мекунанд, вале ин њељ дигаргу-ниеро дар сарнавишти ў ворид накард.Ин гуна мисолњо хеле зиёданд.Боре ба идори њафта-нома зани рустаборе омада ,аз бедарак шудани духтари15-со-лааш шикоят кард.Ў гуфт,ки як худам зањмат мекашам,то

фарзандонамро бо обу ѓизо таъмин намоям ,вале духтарам Мадина хонаро тарк карда гу-рехтааст.Ба гуфтаи модар ши-носњояш боре Мадинаро дар боѓи Роњи Оњан бо духтарони кўчагард дидаанд,ки дугонањо-яш ўро Мадинача лаќаб монда-анд.Модари љигарсўхта ба боѓ меравад,вале боз духтарашро намеёбад. Ў то њанўз акс дар даст Мадинаашро мекобад.

Хушбўй магар гум шудааст?

Дар баъзе аз расонањо дарљ шудани хабари ѓайб задании Хушбўйи 15-сола низ касро ба дунёи андеша водор месозад.Аз рўи баъзе маълумотњо ўро волидонаш барои идома на-додани тањсил дар мактаб ба хонаи хешовандонаш бурда-анд.Ин хуб аст ,ки ноболиѓ ба духтарони кўчагард њамроњї накардааст,вале Хушбўй бояд тањсилашро давом дињад,хонаду маълумот гирад.Ба гуфтаи модари Хушбўйи духтараш 15 рўз боз бедарак аст.

Ба гуфтаи модар духтараш рўзи 26 март њам ба дарс на-рафта буд ва рўзи дигар аз хона баромада, дигар барнагашта-аст. Вай мегўяд, Хушбўй 2-3 рўзи охир парешонхотир буд ва мегуфт, ки намехоњам ба дарс равам.

Роњбарияти мактаби раќа-ми 88-и шањри Душанбе, ки Хушбўй дар он љо дар синфи 8-ум тањсил мекард, мегўянд, ки ду њафта боз вай аз тањсил дар мактаб дур монда ва гўё «гум» шудааст.

Мўсо Асозода, сарвари мак-таби номбурда, чанд рўз пеш

гуфта буд,ки Хушбўй бено-мунишон нашудааст, балки зоњиран волидонаш ўро ба хо-наи холааш ,ба ноњияи Ёвон, фиристодаанд.

- Рўзи 29 март, ваќте ба син-фњо даромада, тафтиш кардам, Хушбўй Содирова хонандаи синфи 8 «Ё» дар дарс набуд. Њар хонандае, ки бесабаб ду рўз ба мактаб наомад, мо ўро «гумшуда» эълон мекунем ва ба ин далел Хушбўй низ ба ин гурўњ шомил аст. Мо ба маќомот хабар додем,- гуфт М.Асозода.

- Рафтораш намунавию тањ-силаш хуб буд,-мегўянд нисба-ти Хушбўй дар мактаб.

Вобаста ба ин ќазия мо њоло ягон хулосаи даќиќ бароварда наметавонем.Сарвари мактаб њаќ аст ё волидайн инро ваќт муайян мекунад,вале њастанд падару модароне,ки барои идома додани тањсили фарза-ндонашон монеа эљод меку-нанд.Дар ин маврид далелњо зиёданд.Фаќат соли гузашта Прокуратураи генералии Тољикистон 75 парвандаи љиної нисбати падару мода-рон бо гуноњи монеъ шудан ба тањсили фарзандон кушо-да буд. Ин парвандањо дар заминаи Ќонуни масъули-яти падару модар дар таъли-му тарбияи фарзандон банду баст шудаанд.Ба андешаи мо имрўз ваќти он расидааст,ки ба тарбияи ноболиѓон пеш аз њама волидон ,мактабу атро-фиён бештар масъулият до-шта бошанд,чунки ѓунчањои барваќтшукуфта умри дароз намебинанд.

Иззатбеки ИдИзод, «Тољикистон»

Дарёфти тапонча

аз љавони 20-сола

Маќомоти корњои до-хилї њангоми боздошт аз манзили зисти як љавони 20-сола як адад тапонча ва беш аз 36 кило маводи мухаддир дарёфт карда-анд.

Аз дафтари матбуоти Ва-зорати корњои дохилї рўзи 15-уми апрел хабар доданд, ки кормандони ин нињод рўзи 14-уми апрел зимни гузаронидани амалиёти опе-ративї-љустуљўї дар рў ба рў тарабњонаи «Шањриёр»-и шањри Душанбе, Љамолид-дин Ятимов, соли таваллудаш 1994, сокини ноњияи Панљро њамчун гумонбар дастгир кар-даанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ аз манзили истиќоматии Яти-мов, воќеъ дар кўчаи Муњам-мадиеви Душанбе беш аз 34 кило маводи нашъадори «њашиш» ва беш аз 2 кило «афюн», њамчунин як адад тапончаи тамѓаи «Макаров» бо 6 дона тир дарёфт шуд. Њоло Љамолиддин Ятимов дар боздоштгоњи муваќатии ин вазорат нигњдорї мешавад ва аз рўи ин њодиса парвандаи љиної оѓоз гардида, тафтиш идома дорад.

Муовини вазирро

рабудандАфроди ношиноси му-

саллањ дар Афѓонистон Ањмадшоњ Воњид, муовини вазири ободонї ва роњсо-зиро, рабудаанд.

Маќомоти расмии Афѓо-нистон гуфтанд, ки ин афрод рўзи 15 апрел њангоми ба кор рафтани Ањмадшоњ Воњид ба мошини ў њамла кардаанд ва ронандааш дар ин њодиса за-хмї шудааст.

Гулоѓо Њошимї, сардори бахши тањќиќи љиноятњо дар раёсати пулиси Кобул, гуфт, њамлаварон мошини муови-ни вазирро аз роњ хориљ карда ва сипас худи ўро ба мошина-шон андохта фирор кардаанд. Маълум нест, одамрабоён аз кадом гурўњанд.

Забењулло Муљоњид, су-хангўи Толибон, гуфтааст, ки онњо аз ин њодиса хабар надо-ранд. Одамрабої бо њадафи ситонидани пул аз тарафи Толибон зиёд дида мешавад, вале бори аввал аст, ки чунин маќоми баландпояи Афѓони-стон ба дасти одамрабоён ме-афтад.

Page 9: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014 ТољикисТонпосух 9

Масъули гўша Эњсон ќодиров. E-mail: [email protected]

Ба саволњои Шумо њуќуќшиноси идораи њафтаномаи «Тољи-кистон» Эњсон ќодиров посух мегўяд. Шумо метавонед дилхоњ саволњои њуќуќии бамиёномадаи худро ба почтаи электронии мазкур [email protected] ироа намуда, дар шумораи ояндаи њафтанома посухи онњоро мутолиа намоед.

Кї коргари кироя мањсуб меёбад?

Савол: Соњибкори инфиродие, ки дар асоси шањодат-нома фаъолият менамояд њуќуќи истифодаи коргари кирояро дорад ё не?

Сокини ш. Вахдат СаидоВа М.

Љавоб: Мутобиќи ќисми 21 ќарори Њукумати Љумњурии Тољи-кистон аз 31.08.2012, №451 “Дар бораи тасдиќи Ќоидањои андоз-бандии соњибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шањо-датнома фаъолият менамоянд” соњибкори инфиродии дар асоси шањодатнома фаъолияткунанда њуќуќ дорад дар фаъолияти худ мењнати кирояро истифода намояд. Њамзамон, чунин соњибкор ўњдадор аст, аз музди мењнати коргари кирояи худ андози да-ромад ва андози иљтимоиро ба буљет њисоб ва пардохт намояд.

Интернет –кафе патент дорад?

Савол: Ман интернеткафе дорам? Оё бо патент фаъо-лият карда метавонам ё не?

Сокинини ш. душанбе Комрон

Љавоб: Бинобар сабаби дар номгўи фаъолиятњои бо патент андозбандишаванда, ки бо њамин ќарор тасдиќ гардидааст, пешбинї нагардидани фаъолияти мазкур Шумо наметавонед бо патент фаъолият намоед.

Фаъолияти Шумо њамчун фаъолият дар соњаи бизнеси бозї ба њисоб рафта, тибќи низоми махсуси андозбандї барои субъ-ектњои бизнеси бозї андозбандї карда мешавад.

Маблаѓи патент чї хел муќаррар мешавад?

Савол:Мо дар 8 метри мурабаъ ба фаъолияти савдо машѓулем. Маблаѓи Патент барои 6 метри мурабаъ муай-ян аст. Барои 2 метри мурабаи иловагї чї маблаѓ андоз пардохт менамоям?

Љавоб: Маблаѓи патент бо назардошти намудњои фаъолият гуногун муќаррар шудааст.Њангоми то 6м2 будани масоњати љойи фаъолияти Шумо, маблаѓи патенти барои намуди фаъо-лият пешбинишуда пардохт шуда, барои њар як метри квадратии зиёдатї (то 10м2) 45 сомонї (15 сомонї андози даромад ва 30 сомонї андози иљтимої) иловагї пардохт менамоед.

ПУРСЕД, ПОСУХ МЕДИњЕМ!Камерањо ришвахўриро барбод дод

Бањори имсола пойтахти кишварамон ранги дигар ги-рифт. Шояд то замони фаро-расии таљлили навадсолаги-аш Душанбе боз њам бењтару зеботар гардад.

Аммо он чї то имрўз анљом дода шуд, аллакай мавриди тањ-син аст. Њоло ба гулгаштњо пой-тахт баромада, кас аз машоми нави Душанбе, ки онро лолањои зебо бо худ овардаанд, сармаст мегардад. Имсол Душанбе ло-лазор шудааст. Ба маънои асо-сиаш ба як сайргоњи лола табдил ёфтааст. Ба кадом гулгаште нигоњ накунї,њама љо лолазор. Хусусан ин гулњои зебо њалќадавраи на-зди бинои Сирки давлатиро хуб зебо намудаанд. Лолањои сурху сафед, лолањои зарду сабз, хулоса лолањои њафтранг. Њамаи ин та-вассути идораи кабудизоркунии маќомоти шањрдории пойтахти кишварамон сурат гирифтааст.Имсол бо ташаббуси шањрдорї дар њамаи љодањои шањр аз ња-ма зиёдтар гули лола шинонида

шудааст, ки ба њусни шањр њусни нав зам мекунад. Аз њама аљибаш он аст, ки дар пасманзари (фони) кўњњои атрофи пойтахти кишва-рамон ин навоварї њеле аљиб ба назар мерасад. Лолањо гўё рамзи 90 -солагии пойтахтамон шуда-анд, ки тирамоњи имсол љашн гирифта мешавад.

Боз як навигарї ин дар даво-ми ним соли охир пайдо шудани камерањои назоратї дар тамоми љодањои шањр мебошад. Акнун Душанберо њоло бехатартарин шањр гуфтан мумкин аст. Баъд аз насби камерањои назоратї, тавре, ки нишондодњои омории БДА нишон медињанд, садамаи наќлиётдар пойтахт ќариб пурра аз байн рафтааст. Њамаи ин пе-шравию муваффаќият дар муд-дати хеле кўтоњ ба даст омаданд. Албатта, дар ин кор махсусан сањми Раиси шањр Мањмадсаид Убайдуллоев калон аст, ки њуќуќи шањрвандони маркази љумњуриро њимоя намуд ва бо ташаббуси вай иќдоми насб кардани дурбинњои назоратї сурат гирифтанд. Акнун

ронандагоне, ки ќаблан ќоидаро риоя наменамуданд, дигар дар кўчањои шањр худсарона ќоида-ро вайрон намекунанд ва њаёти худу шањрвандонро зери хатар намегузоранд. Боз як бартарии ин тарзи назорат дар он аст, ки минбаъд кормандони тамаъљўи БДА низ наметавонанд аз ронан-дагони ќоидаро вайроннамуда ба ивази бахшиши гуноњашон ришва гиранд . Яъне бо як тир ду нишон зада шуд ва волоияти ќонун таъмин гардид. Агар та-шаббуси роњбари шањр дар ин љода дар дигар шањрњои бузурги кишвар-Хуљанд, Ќурѓонтеппа, Истаравшан ва Кулоб њам љорї гардад, бо боварї метавон гуфт, ки волоияти ќонун ва бехатарии сокинон таъмин хоњад гардид. То љашновораи пойтахти 90 солаа-мон њанўз ваќт њаст ва умедворем, ки то он замон дар Душанбе боз чандин навгонињои фарањбахш сокинонашро интизор аст…

Н. Садиров,раиси Суди ноњияи

Фирдавсии шањри душанбе

Дар шумораи 14/1056/ аз 03.04. 14 -и њафтаномаи шумо натиљаи тањќиќоти журналистии хабарни-гор Иззатбек Идизод бо номи «Як далели хом ду љавони бегуноњро ба мўњлати тўлонї равонаи мањ-бас намуд» чоп шудааст, ки дар як фасли маќола нисбати банда сухан меравад ва ба он «Икромї киро дастгирї мекунад?» ном гу-зоштаанд.

Бо камоли масъулият изњор медорам, ки нисбати зани куш-ташуда Мухшулбї Рањматова дар муассисаи мо ягон њуљљат мављуд нест ва чунин хулоса аз љониби ман тартиб дода нашудааст.

Далелњои дарљ намудаи хабар-

нигор комилан ѓаразнок буда, ни-сбати ман тўњмате беш нест. Пеш аз анљоми тањќиќоти журналистї бояд хабарнигор њаќиќатро муай-ян менамуд. Ў метавонист ба ман занг занад ё вохўрда, асли воќеаро рўшан намояд.

Мутаассифона инро зарур на-шуморида, ба иштибоњ роњ дода-аст. Ман тайёрам, ки тамоми даф-тар ва санаду хулосањои соли 2013 тартибдодаро ба шумо пешнињод намуда, гуфтањои хешро исбот намоям.

Бо њимоятгар ва хабарнигоре, ки мањбалро аз маъќад ва пешро аз пас фарќ намекунанд,судбозї карданї нестам. Таљовуз ба но-

мус маънои алоќаи љинсї бидуни розигии зан ба мањбали ўст, на ба маъќад, чунон ки хабарнигор дар чандин љой ќайд кардааст.

Аз шумо хоњиш менамоям, ки тибќи талаботи Ќонуни матбуот, раддияи маро дар шумораи ояндаи њафтаномаи «Тољикистон» ба чоп расонед.

Тамоми шуморањои пешинаи њафтаномаро хондаам ва мањорати баланди касбии кормандони онро ќадр дорам, вале паст задани шаъ-ну эътибори касбии хешро дар ин њафтаномаи мўњтарам ќабул на-дорам. Коршиноси њарбии судию тиббї, подполковники хизмати тиббї Алихон Икромї.

Ба њафтаномаи «Тољикистон»

Аз идорА:

Мўњтарам Алихон Икромї!Мо номаи шуморо гирифтем.

Барои вокунишатон аз Шумо си-посгузорем. Пеш аз њама навишта-ед, ки «дар муассисаи мо ягон њуљљат мављуд нест ва чунин њуљљат аз номи ман тартиб дода нашудааст. Мутаас-сифона, номи шумо ва гуфтањоятон дар њукмњои суд, аризаи даъвогии волидони мањкумшудањо ва баро-мади адвокат дар чанд љойи дигар зикр шудааст. Он чї ки мо гуфтем ва мавриди бањрабардорї ќарор до-даем, аз рўи њамин њуљљатњост. Аз љумла, дар таъиноти коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 31 октябри соли 2013 омадааст: (ай-нан) «Шоњид А. Икромї дар муро-фиаи судї баён намудааст, ки рўзи 8 феврали соли 2013 мањкумшудагон Алимуњаммадї Абулќосим, Фирўзи Шералї ва Хўљаев Мањмадрўзиро дар тавќифгоњи ш.Кўлоб аз муои-наи тиббї гузаронида, дар натиља маълум гардид, ки ангушти дасти

рости Алимуњаммад љароњат гириф-тааст ва њангоми сўњбат охирон гуф-тааст, ки љароњатро модараш ба ў ба воситаи ќайчї расонидааст».

Дар шикояти назоратии адвокат, аъзои коллегияи адвокатњои вилоя-ти Хатлон А.Њасанов ба Раёсати Су-ди Олии Тољикистон низ омадааст: «Мутахассис, эксперти судї- тиббї Икромї хулосаи ташхиси тиббї- биологї, ки аз тарафи мутахассиси соњаи биологияи МТТС, Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон Абдуллоева Р.Н. пешнињод карда шудааст, шарњ дода, бо маќсади дастгирї намудани маќомоти таф-тишот ва гунањгор донистани зерњи-мояи мо онро ба манфиати тафти-шоти пешакї маънидод намудааст, яъне мутахассис дар хулосаи худ се банди иловагї њамроњ намуда, шарњ додааст, ки гўё ошкор нашудани нутфа дар ковокии мањбали Рањма-това бо чунин асосњо:

а) алоќаи љинсї нопурра, яъне дар дањлези мањбал гирифта шудааст…

б) нутфањо ба њам омехта шуда,

боиси вайрон шудани якдигар гарди-даанд.

в) љасад муддати чанд соат дар об истодааст ва нутфањо дар ќитъаи узвњои љинсї аз таъсири об вайрон шуда, шуста шудаанд, вобаста аст.

Њатто, дар дискњо њам сабти овози Икромї аз мурофиаи судї љой доранд. Калимањои мањбал ва маъкадро њам мо аз њамин вараќњо дастрас намудаем».

Агар шумо тавре навиштаед дар ин корњо даст надошта бошед, пас дар ин љо ё сањв аз љониби адвокат рафтааст ё сохтакорї дар рафти омода кардани парванда роњ ёфта-аст. Мо њаргиз намехоњем обрўйи касеро паст занем. Њадафи мо рўи об баровардани адолат аст, на аз ин беш. Агар дар њуљљатњои расмии судї номи шумо ва сабти суханро-нии шумо роњ ёфта бошад, гуноњи муаллиф дар чист? Умед дорем, ки барои рўи об омадани њаќиќат шумо талош хоњед варзид ва чи гуна дар њуљљатњои судї роњ ёфтани ному на-сабатонро ошкор хоњед намуд.

Page 10: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014ТољикисТон љомеа10

Дар Муассисаи махсус-гардонидашудаи наќлиёти тиббии Раёсати тандуру-стии ш. Душанбе ваќти корї аз соати 730-и пагоњї оѓоз меёбад. Дар навбати аввал ронандањо роњхат гириф-та, ба њуљраи духтур барои аз муоина гузаштан ворид мегарданд.

Баъдан наќлиётро механик аз ташхиси техникї мегуза-ронад. Сипас, ронандањо ба нуќтаи таъмини сўзишворї ва равѓанњои молиданї, ки дар дохили муассиса мебошад, мутобиќи меъёри муайяншу-да аз сўзишворї пур мекунад. Ҳамширањои санитарї њар як наќлиётро аз њама гуна вирусњо ва дигар ифлосињои сироятї бо хокаи хлор ва моеъи махсусе, ки аз ин хока таёр мекунанд, мешўянд. Ана акнун наќлиёт њамаљониба омодаи кор шуд. Аз баландгўякњое, ки дар атроф ва дохили њуљраи истироњатї насб шудаанд. Садои љиддии навбатдори шуъбаи танзим ба-ланд мешавад, ки (3-тий бри-гада на выезд) ё 4-ум бошад ё 6-7-ум.

Ҳамин тавр кори ронанда бањри хизмати халќ ва бемо-рон оѓоз меёбад. Мошини ёрии таъљилї аз дарвозаи мошинса-рой берун мешавад, духтур бо њамроњии њамшираи шафќат ба дохили он савор шуда, ба роњ мебароянд. Духтур ба ронанда суроѓаи беморро маълум меку-над. Ронанда бояд њарчї тезтар ба суроѓаи бемор шитобад, вале мутаассифона ба мушкилињо рў ба рў мешавад. Ба гуфти ронандаи воситаи наќлиёти 03 раќами давлатиаш В59-70 РТ Тураев Абдумалик аввалин мушкилї ин ба (пробка) там-ба афтидан аст, ки пиёдагард, БДА ронанда њама рўз на як бору ду бор дучор мешавад. Роњњои кандаву љуќуридор низ бисёранд, ки наќлиётро пеш аз муњлат ба нафаќа мефиристад. Баъзе ронандањои мошинњои шахсї роњу роњравњоро банд мекунанд. Мушкилии дигар номгузории кўчаву мањаллањо мебошад, ки онро дар деворњои бино ё симчубњо насб нашуда-аст, мошини 03-и ёрии таъљилї гирди як бино дар шаби тор 2-3 маротиба чарх мезанад то ин ки суроѓаро ёбад. Дар њамин лањ-зањо телефони њамроњї ягона мушкилкушои духтурону бе-морон мебошад. Суроѓаро, ки ёфанд, ба ошёнањои 9-12-16 баромадан лозим меояд. Дар-ди бемор сабук бошад ягон сўзандору мекунанду тавсия ва ё маслињат медињанд, ки кадом дору ё ѓизои лозимаро истифода намоянд. Агар бе-мор дар њолати вазнин ќарор дошта бошад, ўро сўзандору карда, ба беморхона бурдан

лозим меояд. Соњибони бемор зан ё пиронсолон бошад, соати 1-3–и шаб ба ки мурољиат ме-кунанд, албатта ба ронандаро ба ёрї љеѓ мезананд. Аз ошёнаи баланд фаровардани беморе, ки худаш роњ гашта намета-вонад хело мушкил аст. Ваќте ки беморро ба беморхона овар-данд, ўро њатман њуљљатгузорї менамоянд. Баъд ба танзимгар (диспетчер) занг зада, аз худ хабар медињанд.

Бригадаи раќами 4-и дар ноњияи Сино буда озод аст. Танзимгар зангњои аз љониби беморон ќабулкардаашро, ки дар њамон ноњия ё минтаќае, ки мошини 03 озод мебошад, суроѓаи навбатиро ба воситаи телефон– ратсия мефањмонад ва њамин тавр дар як сафар то 3–4 ё зиёд барои беморон хиз-матрасонї мекунад. Ёдовар мешавем, ки барои бригада ваќти муайяни хўрокхурї ва истироњат вуљуд надорад. Ҳар бригада, ки ронанда, духтур, њамшираи шафќат, санитарка бояд давоми шабонарўз ба 10-11 бемор хизмату кўмаки худро дареѓ надошта, содиќона адо намоянд.

Бригадањо аз якдигар фарќ доранд. Барои имосл: бригадаи раќами 4 барои хизматрасо-нии кўдакону наврасон бошад ин бригада иборат аз духтури кўдакона, њамшираи шафќат ва мошине, ки дорои таљњизо-ти њамин соња муљањњаз гардо-нидашуда мебошад. Бригадаи раќами 10 барои беморони дар-ди дил (ќалб) ин љо њам духтур бояд тахассуси соња, яъне (кар-диолог) бошад мошини 03 низ бо таљњизоти соњавї муљањњаз бошад. Бригадањое, ки аз сафар бармегарданд, ба таги даромад-гоњи марказї омада духтуру њамшираи шафќат ва санитар-каро мефарорад. Ронанда низ роњхаташро оварда, назди тан-зимгар мегузорад то масофаи тайнамуда ва суроѓањои хизма-трасонидашударо дар китоби

навбатдорї ќайд намояд. Си-пас, мошинро ба гараж медаро-рад ва то сафари навбатї мета-вонад хўрок истеъмол намояд, чой нўшад ё истироњат кунад, ки дар муассиса шароити му-фид муњайё мебошад. Ба суоли ман, ки боз чи хел мушкилињо-ро паси сар мекунед? Мудири анбор Шер Намозов аз нараси-дани ќисмњои эњтиётї ва фар-судагии наќлиёт, ки баъзеашон аз давраи Шўравї то њол фаъо-лият доранд, норозигиашро баён кард. Ронандаи наќлиёти 03, ки хизматрасонии беморо-ни бачагонаро ба уњда дорад, аз беањамиятии баъзе ронан-дагону посбонони беморхонаи марказии љумњуриявии Қарияи Боло шикоят намуда, мегўяд, ки њатто то бинои лозима рафта наметавонад. Дохили њавлињо пур аз наќлиёти шахсии дух-турон ва беморон мебошад. Боз нарасидани сўзишворї ба фаъолияти мо мушкилї эљод мекунад, ки он љо бемор ин-тизор ва дар њолати ногувор ќарор дорад, сари ваќт расида наметавонем. Дигар њама хуб, маошамонро сари ваќт меги-рем, бо хўроки гарм ва љойи хоб, садову симо, шашкаву шоњмот ва њафтаворњо таъмин мебошем. Баъди иљрои уњда-дорї ронанда мошинро тоза шўста, њолати техникиашро дида мебарояд то ягон нуќсоне надошта бошад. Агар нуќсоне пайдо шуда бошад, он гоњ бо ёрии механики навбатдор ва таъмиргар онро бартараф ме-кунанд. Ҳамин тавр 24 соати навбатдорї ба анљом мерасад. Қиёс ба гуфтањое, ки дар боло зикр гардид, норозигии мар-дум оиди хизматрасонии ёрии таъљилї низ вуљуд дорад. Ман дохили наќлиёти мусофирбари хатсайри раками 37, ки ба та-рафи мањаллаи Авул-и ноњияи Сино равон буд, аз њамсафарам пурсидам, ки шумо аз хизма-трасонии 03 розї њастед ё не? Ў дар љавоб изњори норозигї

карда гуфт, ки давраи Шўравї хизматрасонии 03-ро дидааму фањмидам. Дар ин давраи њо-зира гоњ пули бензин мегўянду гоњ пули резинро талаб меку-нанд. Ба суханони мо мўйса-феде таваљљуњ намуда, худро сокини муќимии мањаллаи Авул њозира Бунёдкорон бобои зиёда аз панљоњ набераву абера Мањмадљонов Юнус муаррифї намуд. Ў мегўяд оилаи бузург албатта ба ёрии таъљилї муњтољ аст. Давоми солњои охир чанд маротиб 03-ро талаб кардем, гоњ сари ваќт гоњ дертар омада њарорати бадану фишори хунро санљида сўзандору гузаронида тавсия ва маслињат дода ме-раванд. Рўзе фишорам баланд шуд, набераамро гуфтам ба 03 занг зан ў чанд маротиб занг зад ва оќибат суроѓаро пурсиданд. Баъди тахмин 40-50 даќиќа, ки баъди намози шом буд расида омаданд. То омадани онњо њам-соя лимончой карда, нўшонда дод. Ҳарорату фишори хунамро санљида ањволат бисёр вазнин аст гуфтанд духтуру њамшираи шафќат. Шуморо дарњол би-старї кардан лозим, лек љойи Шуморо мебурдагї нест. Зеро касалињои фишори хун хело зиёданду беморхона дигар љой надорад. Маблаѓи сўзишворї ва доруву сўзандоруро писарам дар љояш пардохт кард. Њолати падарам вазнин бошад, ўро њат-ман ба беморхона бурдан лозим як њисобаша ёбед ман ќарздор намемонем гуфта як садсо-монаро ба дасташ дод. Духтур маро болои кат хобонда капе-лница монду баъди њамон дору ањволам наѓз шуд. Дигар ба бе-морхона рафтан њам ниёз на-доштам. Ба њар њол будагиашон манфиати мардум аст, гуфт дар охир бобои Юнус. Дар куљое кор аст камбудї низ аст. Мо ба бењбудї ва ба дараљаи олии хизматрасонии 03 умед дорем. Зеро шайтон ноумед мегўянду банда ба умед.

Анвари ҲољимАнсур

24 соати 03аз мушоњидањои рўзноманигор

Боздошти волидайни

фарзандфурўшДар вилояти Маскави Ру-

сия падару модар бо гуноњи фурўши ду кўдаки худ бар ивази як миллион рубли ру-сї боздошт шуданд.

Тибќи иттилои маркази матбуотии Вазорати корњои корњои дохилии Русия, ин шањрвандони Узбекистон рў-зи 7 апрел баъд аз гирифтани маблаѓ аз сўи маъмурини пулис боздошт гардиданд.

Волидайни ин ду тифл дале-ли фурўши фарзандони худро камбизоатї ва масрафи роњ то Узбекистон, ки онњоро дар ва-тан инчунин се фарзанди дигар интизор аст, унвон кардаанд.

Мувофиќи хабари рас-онањои русї, волидайни мазкур гўиё дар яке аз кучањои вилояти Маскав эълонеро гузоштаанд, ки мехоњанд, духтари навзо-ду писари яксолаи худро ба маблаѓи 1 миллион рубли ру-сї фурўшанд. Дар њамин њол кормандони яке аз шабакањои телевизионии Русия баъд аз дидани ин эълон ба Шуъбаи корњои дохилї мурољиат кар-да, дар рафти амалиёт њамчун љониби “харидор” наќш офа-ридаву барои боздошти воли-дайни “фарзандфурўш” кўмак кардаанд.

Суди ноњияи Исмоили Со-монї мурофиаи маљруњ шудани афсари милитсияро Душанбе аз дасти нозири минтаќавї бар-расї карда, ўро хунукназарї ба андозаи 250 нишондињанда ба-рои њисобњо-10000 сомонї ља-рима ва аз њаќќи ишѓоли ман-сабњои муайян мањрум кард.

Суди Исмоили Сомонї, Хољазода Фирдавси Њафиз, ки бо фармони вазири умури до-хилї аз тобистони соли 2012 ба њайси нозири минтаќавї дар шуъбаи умури дохилии ноњияи Исмоили Сомонї кор мекардааст, баъди анљоми ба-сти корияш таппончаи хид-матї бо 8 тирашро ба ќисми навбатдорї насупорида бо худ бурдааст: “Рўзи дигар бархи-лофи талаботи бехатарї, ин нозири минтаваќї дар дохи-ли автомашинааш, тамѓаи «BMW» таппончаашро дар њолати омодагии љангї ќарор дода, дар ѓилофи таппонча мегузорад.”

Зимни њозир шудан ба утоќи корї нозири дигар лейтинанти милитсия Неъ-матов Муњаммад таппончаи Хољазодаро дар њолати љангї дида, кўшиши аз ў гирифта-ни таппончаро мекунад: “Дар ин лањза Хољазода хунукназа-рона рафтор карда, куланги тапончаро зер мекунад. Дар натиља ба узвњои њаётан муњи-ми Неъматов љигар, талхадон ва меъда зарари вазнини љис-монї расонда мешавад.”

Бо кўмаки духтурон њаёти Неъматов наљот дода шуда, Хољазода ба љазо мањкум шуд.

Page 11: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014 ТољикисТон 11андеша

Њама халќу миллатњои олам забонашонро аз муњимтарин муќаддасот мењисобанд. Зеро њамагон хуб дарк намудаанд, ки ни-шонаи асосии њар миллату халќ забони ўст ва танњо аз рўи забон медонанд, ки ин шахс мансуб ба кадом мил-лат аст, вагарна дар дунё миллатњои ба њам шабењ кам нестанд…

Миллати тољикро њам тавас-сути ин забонаш, ки имрўз «рўйи маснади худ такя задааст», яъне, давлатї шудааст, мешиносанд. Њар тољик бояд фаромуш наку-над, ки тўли дарозои торих, за-бони тољикї ба чї мушкилињое «даст ба гиребон нашудааст» то тавонад ба даврони мо «беосеб» бирасад. Замони шўравї забони тољикї «чї ањвол дошт», ба касе пўшида нест ва танњо зиёиёни сарсупурдаи мо тавонистанд, ки онро ба маќоми азалї ва асосиаш баргардонанд ва ин зумраро мардум хуб мешиносад ва аз эшон эњтиром дорад ва боз онњоеро њам «хуб шинохта кар-да», ки барои давлатї шудани за-бони тољикї (форсї) «љонашон мебаромад!!»-муќобил буданд…

Бо давлатї шудани забони тољикї (форсї) мо гуфтан наме-хоњем, ки мардуми мо забонњои дигарро наомўзаду ёд нагирад ва истифода набарад. Бигузор љаво-нони мо босавод бошанду дањњо забонњоро донанд ва дар маврид зарурї истифода бубаранд, вале аввалтар аз њама забони модарии худро бояд донанд, онро дўст доранду њифз карда тавонанд…Ва бояд љавонони мо (њамагон) бидонанд, ки забони тољикї-за-бони расмї ва давлатии Тољи-кистони соњибистиќлол аст ва дар њама кунљу канори кишвар, аввалтар, бештар ва пештар аз њама забонњои «хурду бузург»-и дигар ин забони муќаддас дар истифода бошад!!...

Миллати тољик садсолањо ор-зу мекард, ки давлати мустаќили худро доштаю забони миллаташ расмї ва бонуфуз бошад. Ва дар њаќиќат имрўз њамин тавр њам шудааст ва давлати мустақил дорему забонамон давлатӣ аст!

Забони тољикї дар замони шўравї на он ќадар њоли хароб дошт, вале забони русї нуфузаш бештар буд ва ба ќавле «тољикї расмї набуд»…Бештари љаласа-ву љамъомадњои расмї, идора-вию майдатар…, ба забони русї мегузаштанд. Њатто дар ноњи-яњое, ки аксарашон миллати ғайритољик буд, љамъомадњоя-шонро ба забон ё лањљаи худ ме-гузарониданд. Имрўз њам мо аниќ гуфта наметавонем, ки за-бони тољикї дар баъзе ноњияњо дар кадом њолат аст, вале барои мо муњимтарин дастовард ин аст, ки забони тољикии мо-забо-ни давлатї ва расмии кишвари мост. Ва бењтарин дастовард боз ин аст, ки имрўз-пас аз соњиби-стиќлол шудан, дар пойтахти Ватанамон-шањри Душанбе «забони тољикї дар маснаду тах-ти худ аст» ва дар њама доирањо

забони тољикї дастболосту дар истифодаи њамарўза!!...

Бо вуљуди ин мо мехоњем, ки нуфузи забони тољикї мудом боло раваду расмї будани он фа-ромўш нашавад.Яъне, дар њама кунљу канори Ватани мањбуба-мон, аз пойтахт оғоз шуда, тамо-ми љаласаву љамъомадњои давла-тиву расмї, љамъиятиву дигар шаклњо танњо ба забони тољикї гузаронида шаванд. Зеро аз як сў агар ин забон давлативу расмї аст, аз сўи дигар аксар миллату халќњои маскуни ғайритољики Тољикистон забони тољикиро медонанд ва агар њар касе њам намедонад, ваќти он расидааст, ки ёд гирад, зеро забондонї ин пеш аз њама ба манфиати њар шахс аст. Тарғиби азбарнамоии забонњои дигарро ба роњ монда-ем, чаро тарғиби забони худро фаромуш кунем?! Навиштањо бояд дар тамоми љумњурї бо забони давлатї бошанд, дар баъзе њолатњо бошад ,дар љойњои зарурї, забонњои русї ё инг-лисї нисбати забони давлатї майдатар навишта шаванд, то расмї будани забони мо аёнтар гардад. Муоширату гуфтугў бо-шад, њар кас ихтиёр дорад, ки ба инглисї гап мезанад ё ба русї, ё яғнобиёю, ўзбакию шуғнонї…Муоширати миёни мардумон-ро њељ кас мањдуд накардааст. Ваќтњои охир, дар баъзе њола-тњо беэњтиромињо нисбати за-бони давлатї ба назар мерасанд. Инро ашхосе анљом медињанд, ки ё савод надоранду аз забони давлатї будани забони тољикї бехабаранд ва ё ғайритољиканду ин амалро барќасд анљом ме-дињанд…Њарчї њастанд, масъ-улони Кумитаи забон ва исти-лоњоти назди Њукумати љумњурї ба ин «ноќисињо» ва беэњтиро-мињо нисбат ба забони тољикї таваљљуњ бикунанд ва њалли онњоро ба манфиати забони тољикї анљом бидињанд. Аз сўи

дигар, вазифаи ин кумита њам мањз њимояи забони тољикї асту «аз газандњо рањо додани он»…Агар ин ањвол давом кардан ги-рад, њар забоне «сар халонда», мавќеи забони давлатии моро, ки садсолањо миллати мо мехост, ки «болонишин бошад», танг ку-нанд, ториху гузаштагони мил-лат моро ва пеш аз њама ин ку-митаи масъулро намебахшанд.

Б у б и н е д , њ а т т о мағозачадораке, ки аз забони инглисї бехабар асту намедо-над, ки Англия ва Амрико дар кадом ќитъа љойгиранд, пушти дари фурўшгоњи бе мизољаш, навиштааст: open. Гумон кар-дааст, ки агар «open» нависад, бештари харидоронаш, ки моли хушсифат њам надорад, хориљиё-ни серпул мешаванд...Ба љойи он ки ба забони модару падараш ва забони давлатї нависад: “Боз аст” ё “Кушода”. Дар аксари мағозаҳои пойтахт, минҷумла қатори мағозаҳои “Гули-стон” (пушти тирезаву дарҳо) “скидка” навиштаанд, мисле мафҳуми тоҷикии он набошад. Мардуми мо, хоса онҳое, ки аз деҳот омадаанд, “скидка”-ро аз куҷо медонанд? Ва чаро русӣ навиштанд, тоҷикиашро фаро-муш мекунанд? Сахт аламовар аст, ки дар эълони навбатии бо-лои бинои Сирк “Индийские слоны”-с 5 апреля по 18 мая”-ро ба чашм дидем, ки ин ма-гар эҳтиром ба забони давлатӣ аст?! Боз бо ҳарфҳои калоне, ки аз болои тайёра ҳам хонда мешаванд...Бо забони давлатӣ “сиркбозӣ кардан” хубӣ наме-орад!... Ва ё дар эълони калони назди чорраҳаи ТВ “Сафина”: MacCofee тарҷума шудааст: “Ру-зи ман бо кахва бехтар аст”. Куҷо шудаанд ҳарфҳои “қ” ва “ҳ”? Ё “Речаи кори”...Ин магар хато нест ё талаффузи ғайритоҷикї забони тоҷикиро ёд гирифтанро намемонад? Чунин хатоҳо дар

навиштаҳои эълонҳои пойтахт зиёданд, ки онҳоро ҳам шояд кормандони Кумитаи забон дидаанд. Агар номгузориҳои бе-маъниву хунуки болои мағозаву тарабхонаҳоро биёрем, ҳисобаш гум аст. Бубинед, дар як қисмати хиёбони Рўдакӣ: Маркази видео Гид, Мерве, Pazza, Элегант, Кан-три, Лимонад....навишта шуда-анд. Магар дар тоҷикӣ каманд мафҳумҳо барои номгузорӣ? Дар навиштаҳои русӣ ҳам хатоҳо зиёданд. Агар дар якҷо “Стомо-тология” нависанд, дар ҷои ди-гар “Стаматалогия” ё “Стамото-логия” менависанд. Русзабонҳо агар бихонанд ба забондонии мо чӣ мегўянд? Мо зидди навиш-тани дигар забонњо, аз љумла, англисиву русї нестем. Бигу-зор “дар пушти хонањояшон њам бинависанд”, вале бештар, калонтар ва аз њама аввал бо за-бони тољикї навиштани унвони макон ё маќсад шарт аст ва пас аз ин ихтиёр доред, ки ба забо-ни “яғнобї њам”нависед. Зеро забони тољикї забони расмї ва давлативу асосии Тољикистон аст ва ин љо пойтахти њамин забон-Душанбе аст, ки мавќеи забони тољикї дар њама љо ва аз њама бояд боло бошад!!

Забони давлатї мегўем, ва-ле дар баъзе мағозаву ошхонаву тарабхона, кўчаву пасткўчањои пойтахт навиштањоеро мехо-нем, ки мисле “дар Амрикоем ё дар Русия”... Дар бисёр љойњо савдогарони “забондоне” кам нест, ки болои фурўшгоњи худ ё бинои сохтаашон менависанд: “продаётся” ё “продаются”!! Ба мисле дар забони тољикї чунин мафњум набошад...”Мы откры-лись»!! Ин чї маъно дорад?! Ва чаро мафњуми тољикиаш ња-мроњи ин навиштаи русї нест?! Дар ТВ-њои мо рекломњои русї бо тољикї «баробар шудаанд»… То доруњои пешгирї аз «сулфа», «простотит», «атсазанї»…бо за-

бони русї пахш мегарданд, ки ин њайратовару аламовар аст, боз тавассути ТВ-њои мо!!! Магар он рекломњои на чандон заруриро ба забони давлатї-тољикї бар-гардонидан кори мушкил аст?! Ё филмњои зиёде ба забони русї дар ТВ-њои мо пешкаш мегар-данд. Магар дар ТВ-њои Русия боре филм ба забони ингли-сиву тољикї…нишон дода ме-шавад?! Охир, дар Тољикистон, аксар барномањои ТВ-њои Русия пешкаши тамошобинон аст-ку?! Мардум метавонанд аз он шаба-кањо филмњоро бо забони русї тамошо бикунанд. Дар барно-маи алоҳидаи русӣ мумкин аст филм ё рекломро ба забони русӣ пахш кардан, мисли барномаи “Новости”-и ТВ-ҳои мо. Вале ҳољат ба филмњои бетарљумаи русї ва рекломҳои на он қадар зарурӣ дар ТВ-њои мо нест.

Имрўз дар пойтахт мењмон-хонањои боњашамат ва њози-разамон ќомат рост кардаанд ва бе мењмон њам нестанд. Мењмонхонањое њастанд, ки аз номи бегона доштанаш оғоз шуда, навиштањои дохил ва хизматрасониашон ба забони ин давлате, ки дар он ќарор до-ранд (Тоҷикистон!!), навишта нашудаанд. Замину боду њавои мо…нағзу забонамон не?!...Ин њолатњоро бояд кї назорат би-кунад ва ба танзим дарорад?! Магар дар Русия, Инглистон ва кишвари дигаре ба њамин усул њаст? Њаргиз ин тавр нест! Агар ин тавр мебуд, њамон соат дари ин мењмонхонаро ширеш ва ба доимї «бо он хайрухуш мекар-данд» .Бояд мо нуфузу обрўи за-бонамонро фаромуш накунем ва дар њама љо дар истифода бошад.

Оё Кумитаи забон ва исти-лоњоти назди Њукумати љумњурї чунин ашхоси «забони давла-тиро як сў монда»-ю забонњои ғайрро “мехалонида”-ро боре таъкид ва ё љарима кардааст?!.. Ваќтњои охир болои тоќи чанде аз ошхонањо ва ќањвахонањоеро мебинем, ки нуќтае ба тољи-кї набуда, пурра бо навиштаи њарфњои лотинї (инглисї) аст, ки касе намедонад, ки ин “чї даргоњ аст”...Ин амалро чї бањо гузорем?! Дар сурате, ки забони тољикї дар чунин љойњо “пурра фаромуш шудааст”...Фармо-ишвараќањои (меню) бисёре аз љойњои хурокхўрї-тарабхо-нањо, меҳмонхонаҳо, бештар ба забонњои русї ва англисї мебошанд. Љарима он тараф истад, чунин љойњое, ки забони давлатиро фаромуш кардаанду ба эътибор намегиранд, бастан лозим, то ба дигаре “панд гар-дад”. Агар њамроњ бо забони давлатї бо русї ё англисї ме-навиштанд, на он ќадар ќањри кас меомад. Вале, забони дав-латиро ба ёд наовардан, ин та-ассуфовар аст. Мо намегўем, ки “ањвол дар њама љо љунин аст”, аммо рўз аз рўз навиштањои во-жаву мафњумњои ғайритољикї зиёд шуда истодаанд.

Неъматуллои Нурулло,рўзноманигор

Ба таваљљуЊи Кумитаи ЗаБон ва истилоЊоти наЗди ЊуКумати љумЊурии тољиКистон

Худшиносї ё бегонашиносї

навиштаљоти нолозим магар хилофи ќонун нест?

Page 12: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014ТољикисТон12

Охири моњи марти соли равон аз тариќи расонањои интернетї хабари мудњише ба олам пањн гардид. Ин ха-бар дар синни 94-солагї аз олам даргузаштани дониш-манди маъруф ва шарќши-носи амрикої, профессори донишгоњи Гарвард ва до-ктори ифтихории Дониш-гоњи миллии Тољикистон Ричард Нелсон Фрай буд ва он барои донишмандони дунё андуњи гароне овард.

Ричард Фрайро дар Тољи-кистон њамчун тањќиќгари тамаддуни Хатлонзамин хуб мешинохтанд ва эътирофаш мекарданд. Ў бори нахуст ба Тољикистон моњи октябри со-ли 1990 дар њайати 30 нафараи намояндагони байналмилалї ва ЮНЕСКО, љињати тањќиќи ёдгории таърихии асрњои 9-11 –ќалъаи Њулбук, омада буд. Сафар ба ин кишвари афсо-навї барои ў орзуи беш аз 50 сола мањсуб меёфт. Он замон Ричард Фрай профессори до-нишгоњи Кембриљи ШМА шу-да кор мекард.

Зимни сафари хеш ба Хат-лонзамин Ричард Фрай бо маќсади интишори андешањои дар дил дошта, сўњбате орост бо њайати эљодии рўзномаи «Хатлон» (нашрияи кумитаи вилоятии Њизби Коммуни-сти Тољикистон ва Шўрои депутатњои халќии вилояти Кўлоб). Ва он боиси тавлиди муколамаи журналист Сафар-муњаммад Аюбї тањти унвони «Хуталон бароям мамнуъ буд» гардид. («Хатлон», 20 октябри соли 1990, №119).

Аз сўњбат бо Ричард Фрай маълум буд, ки ў аз сафараш ба диёри Хатлонзамин хеле хушнуд ва ќаноатманд аст. Махсусан баъди шиносої бо шањри Кўлоб, ноњияи Восеъ ва ёдгории таърихии асрњои IX – XI таассуроти нињоят хо-тирмоне бардошта, ин макон-ро зеботарин ва мардумашро донотарин номид.

Ричард Фрай њамчун олими шинохтаи дунё, бостоншинос ва муњаќќиќ бисёр мехост, ки таърихи тамаддуни ин кишвар-ро омўзад ва мавриди тањќиќ ќарор дињад. Аммо омадани ў ба Хуталон мамнуъ будааст, зе-ро дар симояш агенти содиќи СРУ-ро медидаанд. Танњо баъ-ди сиёсати бозсозии Горбачёвї ба вай имконият фароњам ома-дааст, ки ба диёри бостонии Хуталон сафари корї анљом дињад.

Ў баъди сайри озодонаи кў-чаю хиёбонњои шањри Кўлоб ба рўзноманигонрони вило-ят чунин изњор дошт: «Агар махфї карда гўем, дар тамоми

дўнё будам, аммо дар шањри Кўлоб нафасам рост гирифт. Њавояш покиза њаст. Шањри сабз, гулгаштњои мунаќќаш ва умуман одамони хушрўяш са-фо мебахшанд. Њамин покиза-гиро нигањ доред. Аз дањ заводу фабрика дида, обод кардани ќалъаи Њулбук барои шумо муњимтар аст. агар ин ќалъа обод гардад, танњо аз њисоби туризм диёри шумо баробари корхонањои муќтадир даромад мегирад. Њулбук корхонаи бе-дуд аст. Њулбук хазинаест, ки болояш хуфтаед ва худ намедо-нед, ки рўи хазинаед. Сари ба-ланд ва ѓаюрии шумо њам шояд аз њамин љињат бошад? Талаб кунед, исроркорї намоед, то Њулбук обод шавад».

Ин пешнињоди олими бо-стоншинос гўё ба гўши роњ-барони давр расида бошад, ки таъмиру тармими ќалъаи Њулбук ба барномањои фарњан-гї ворид гардида, ба ин маќ-сад маблаѓи муайяне људо ва корњои бунёдкорию азнавсо-зии он ба роњ монда шуд.

Ричард Фрай пас аз зиёра-ти маќбараи мутафаккири бу-зурги Шарќ Мир Сайид Алии Њамадонї дар шањри Кўлоб изњор намуд, ки «таърихи бунёди маќбараи Мири Кабир 300 – сол баъди хоку тўроби Њулбук аст. Чунин маќбарањои аз љињати меъморї монанд дар њар гўшаю канори Машриќ-замин њастанд ва танњо ба но-биѓањо мансубанд.

Алњол ин маќбара дар њо-лати тармим аст ва як гурўњи донишмандонеро фароњам бояд овард, ки санъати меъ-мории онзамонаи маќбара-ро барќарор кунанд. Бо як тармими одиякак кор дар он љо ба анљом намерасад. Агар санги дари маќбара дар дигар мулк мешуд, њазорон нафар ба зиёраташ меомаданд. Ин гуна маконњо ба њимояти дав-лат эњтиёљ доранд. Агар сади

роњ нашаванд, худи маблаѓњои љамъшуда барои тиллокорї кардани он басанда њастанд. Хуб мешуд, ки боѓоти атрофи маќбара низ ба номи Мири Ка-бир гузошта шавад, зеро чунин бузургон шоистаи гулбоѓон ва њатто шањрњоянд. Бигузор Кў-лоб бо Њамадон ва Кашмир бародашањр шаваду робита кунанд.

Кўшиш мекунам, ки баъди муддате дар Амрико бо њаёту эљоди амири Кабир наздиктар шинос шавам ва агар имкон бошад љашнвораи ўро дар до-ираи ЮНЕСКО толиб бошам».

Андешањои ин олими ши-нохта бобати таъмиру тарми-ми маќбараи Мир Сайид Алии Њамадонї, бародаршањрша-вии шањри Кўлоб бо шањрњои Њамадону Кашмир, љашнво-раи ў дар сатњи ЮНЕСКО ва номгузорї кардани ягон љойи мувофиќ ба хотири абадї гар-дондани ин шахсияти маъруф солњои истиќлолии кишвара-мон, тањти роњнамоии Прези-денти мамлакат, Љаноби Олї, Эмомалї Рањмон љомаи амал пушонда шуд. Соли 1995 љаш-нвораи 680-солагии Мир Сай-ид Алии Њамадонї дар сатњи баланд љашн гирифта шуд. Ба ин муносибат маќбари ў бо иштироки олимони маъруф ва бо санъати баланди меъморї тармиму азнавсозї карда шуда, дар пањлўи он осорхонаи ки-шваршиносї сохтаю ба номаш номгузорї гардид.

Хамчунин яке аз ноњияњои сарњадии вилоят – ноњияи Мо-сква ба номи ў гузошта шуд. Шањрњои Њамадону Кашмир бо шањри Кўлоб бародаршањр гардиданд. Соли гузашта дар ќатори љашнворањои 3 њазор солагии Њисор, 600 – солагии шоир ва мутафаккири Шарќ Абдурањмони Љомї, 100-сола-гии бастакори шинохтаи тољик Зиёдулло Шањидї, љашнвораи 700-солагии Мир Сайид Алии

Њамадонї бо ќарори ЮНЕС-КО пешбинї шуд.

Дар лањзаи вохўрї бо Ричард Фрай таваљљуњи эљодкоронро њамкорињои илмию тањќиќо-тии ў бо њамсараш Адан Нобї љалб сохта, аз ин бобат пурсон шуданд. Ў аз боби шуѓлњои илмии њамсараш Адан Нобї посух дода, изњор намуд, ки «ў донишгоњи Коломбияи Ню-Йоркро хатм карда, дар онљо рисолаи илмии адабиётши-носї њимоя кардааст. Њозир дар донишгоњи Гарвард дарс мегўяд. Дар ин донишгоњи Амрико ба доништалабон дар-сњои тољикї ва ўзбекї медињад. Масалан, аз осори Садриддин Айнї ва Абдурањмон Фитрат дарс мегўяд. Воќеан, рисолаи илмии хонумам осори Сад-риддин Айнї ва Абдурањмони Фитрат аст. Рости гапро гўям, дар Амрико оиди бостонши-носии тољикон хеле кам дарс мегўянд. Ин албатта бо айби солњои пешини муносибатњои мову шумост.Акнун, ки бо њам омадем, равобити илмию фарњангї низ доман пањн ме-кунад, шояд факултањои нав пайдо шаванд».

Шунидан кай бувад монан-ди дидан гуфтаанд. Ричарнд Фрай њам то ба шањри Кўлоб омадан ин диёри бостониро тамоман дигар хел тасаввур мекард.Аммо рушди ин диёр-ро чун бо чашми худ дид ,ни-гоњаш дигар шуд.Аз ин лињоз ба журналистон ваъда дод,ки « Ваќте ба Амрико бар мегар-дам аз харитасозон хоњиш ме-кунам, ки Кўлобро дурусттар тасвир кунанд. Охир Кўлоб шањрест, ки бо дењкадањои атрофаш беш аз 140 њазор на-фар ањолї дорад. Забони мар-думаш низ тамоман забони мардуми Хуросон аст. Фаќат дар талаффуз каме калимоти русї ва туркиро њамроњ ме-кунанд».

Шералї Яњёев

Ричард Фрай тањќиќгари тамаддуни Хатлонзамин ё порањо аз

орзуњои дар дил нуњуфта

сањифаи таърихДасти мадади

Убайдуллоев ба осебдидагон

Шањрдории Душанбе ба зарардидагони сел дар ноњияњои Шўроободу Ња-мадонї ва Восеъ 160 тонна маводи ѓизої ва масолењи сохтмонї фиристод. Шав-кат Саидов, сухангўи раиси шањр гуфт, ин миќдор мавод рўзи 16 апрел тариќи 14 мо-шини боркаш ирсол шуд.

“50 дарсади ин кўмак ба осебдидагони ноњияи Шўро-обод, шаш мошини иборат аз маводи ѓизої барои ноњияњои Њамадонї ва Восеъ пешбинї шудааст”,-гуфт манбаъ. Ин кў-мак баъд аз супориши Мањмад-саид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе, дар љаласаи рўзи 14 апрел аз љониби сокинон ва субъектњои хољагидории шањр фароњам шудааст.

Талбаков аз СПАД нафаќаи муњољиронро

талаб кардИсмоил Талбаков, вакили

парлумон ва муовини раиси Њизби коммунисти Тољикис-тон, дар љаласаи Ассамблеяи байнипарлумонї оид ба Созмо-ни паймони амнияти дастљамъї масъалаи муњољирони кориро ба бањс кашид.

Ў 16 апрел ба маќомоти СПАД гуфтааст, ба муњољирони кории тољик замони ба синни нафаќа расиданашон андози иљтимоие, ки ќаблан дар ин кишварњо пардохт кардаанд, ба инобат гирифта шавад. Сафа-ри њайати расмии парлумонии Тољикистон ба шањри Санкт-Петербург тањти рањбарии Шу-курљон Зуњуров, Раиси Маљлиси намояндагон аз рўзи 15 апрел ба ин сў оѓоз шудааст.Муњаммада-то Султонов, сухангўи палатаи поёнии парлумони Тољикистон гуфт, љаласаи Ассамблеяи бай-нипарлумонї оид ба СПАД рўзи 16 апрел оѓоз шуда, идома дорад.

Дар Хуљанд боз масъалаи марз…Дар шањри Хуљанд му-

лоќоти навбатии њайатњои байнидавлатии Тољикис-тону Ќирѓизистон оид ба аломатгузорї ва ташхиси марз, сурат гирифт.

Тавре ки аз дафтари мат-буоти њукумати вилояти Суѓд хабар доданд, намояндагони њукумати вилоят њайати љониби Ќирзистонро дар Ботканд пе-швоз гирифта, ба Хуљанд роњ-намої кардаанд. Дар мулоќот масъалаи сохтмони роњњо дар ќитъањои мавриди бањс маври-ди муњокима ќарор дода шуд. Дар ин мулоќот њайати љониби Тољикистонро Мањмадтоњир Зо-киров, раиси Кумитаи замин ва геодезї намояндагї мекунад ва њайати Ќирѓизистонро Ќурбон-бой Искандаров, муовини раи-си Комиссияи байнињукуматии таќсими марз, муаррифї кард.

Page 13: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014 ТољикисТон 13минбари бањсКомил Бекзода:

«Љањонбинии оянда” дар шакли китобчаи иборат аз 40 сањифа моњи июли соли 2013 бо теъдоди 100 нусха дар нашриёти «Кайњон»-и шањри Душанбе ба табъ расида буд. Аммо ин ки-тоби хурд бо тиражи хурд дар љомеаи маданї бањси бузургеро ба бор овард. Чаро? Њоло вобаста ба ин маќолаеро ба табъ расони-даистода, умедворем, ки хонандагони њафтанома аз он дар канор намемонанд.

…Комил Бекзодаро дер боз мешиносам. Пеш аз њама ў ин-сони озодандеш аст.Дар њама кор талош меварзад то сабки худ ,садои худро дошта бошад.Дар бисёр мавридњо муќоби-ли љараён амал мекунад,ки ин равишаш на ба њама писанд меояд.Њанўз дањ сол пеш бо як китобаш «Гурез аз Хайём» ва дар сўњбатњои рў ба рў бо дунёи андешааш ошної пай-до карда,боварї доштам,ки нисбати афкору андешааш во-куниши тунде ба миён меояд.Њамин тавр њам шуд.Таълифи «Љањонбинии оянда»-аш, чанд муддат аст,ки бо вокунишњои тунд рўбарў шудааст.Њар-чанд ў мефањмонад,ки њадаф аз интишори ин китоб зин-да кардани кадом як бањс дар љомеа набуда, он як мақолаи њисоботї дар шакли прото-кол мебошад,сипањсолорони лашкари дини мўбини ислом бо навиштањои худ ба ў санги маломат мезананду осудааш гузоштанї нестанд .Ваќте ки њамсўњбаташ шудем,ў гуфт,ки ба ин бањс нуќта гузоштааст .Хондани номгўї китобњоеро тавсия кард, ки асли масъаларо мекушоянд.

-Бархе аз дўстон ба хотири муљодала бо ман, мавзўъњои «Љањонбинии оянда»-ро ба бањс кашидаанд, ки дигар дар ин мавзўъ бо касе суњбат кар-данї нестам.Ин мақола њељ гу-на китоби илмї, бањсї ва идео-логию фалсафї нест.Ба хотири хотима ёфтани ин бањси хасакї аз ин баъд дар ин мавзўъ бо ка-се муљодала намекунам ва њар кас бо мо бањс мекунад, ки-тобњои зиёд дорем, марњамат гирифта мутолиа кунанд,-гуфт Бекзода..

-Сабаби рў задани ин ки-тобчаи бањсбарангез дар чист? - пурсидам аз ў .

-Вақте мо мањфили «Љањони андеша» -ро ташкил кардем, баъдан баъзењо гуфтанд, ин мањфил нест, чойхонаи Бек-зода мебошад. Мо тасмим ги-рифтем, барои барњам задани ин нофањмињо дар шакли ху-лоса мақолаеро ба нашр рас-онда, љомеаро огоњ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чї кор кардем,- шарњ дод ў.

-Шумо Худоро инкор карда-ед?- боз суол кардам ба ў.

-Не,-гуфт ва шарњ дод,-Дар мавриди љой доштани бобе дар бораи инкори вуљуди Ху-дованд дар “Љањони андеша” мавзуъеро дар ин бора дар мақола љой додаем, ки аз ња-ма муфассалтарин қисмати он мањсуб мешавад,вале, дар љомеа ин қисми мақолаи мо каме дигартар матрањ шудааст: масъалаи љавњарї ин аст, ки мушкили асосии инсоният ба назари «Љањони андеша» вуљу-ди марг ва мурдани инсонњост. Њамаи динњо њам кафолат ме-дињанд, ки гўиё пайғамбарону Худоњояшон инсонро пас аз мурдан зинда карда, ба онњо њаёти абадї мебахшанд. Мо дар асоси китобњои илмии њо-зира гуфтем, илми имрўза ал-лакай роњу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад.

Дар китоб омадааст, ки ил-ми имрўзаи љањонї аллакай 24 роњу усули зинда кардани ин-сонро медонад. Мавлоно Румї дар замони худ гуфта буд:

Гар таваккул мекунї дар кор кун,

Касб кун, пас такя бар Љаббор кун.

Шояд ин «олимон»-и мо дар замони Мавлоно мебу-данд ,тањти гапро нафањмида, ўро маломат не, балки сангсор мекарданд. Бекзода дар қарни 21 айбдор кардани як нафарро ба куфр амали хандаовар медо-над, зеро мегўяд, дар љомеаи њуқуқбунёд, њар нафар њаққи озодона баён кардани ақида ва назари худро дорад.

Аз љумла Амруллоњи Низом назари файсалуфони тољикро бо овардани далелњо аз оятњои мухталифи Қуръон рад карда-аст.Пешнињоди чунин анде-шањо ва он њам аз сўи дониш-

мандони фалсафа, метавонад љомеаро ба хушунат бикашад,- мегўяд А.низом.

Ваќте нафаре андешањо-яшро озодона ва беѓаразона баён мекунад, чї гуна хушу-нат миёни љомеа пайдо меша-вад? Монед њар нафаре ,ки дар дилаш гуфтание дорад ,берун орад.Ё шумо ба дањони озо-дандешешон ќулфи дањмана заданиед.Бењтар намешавад,ки тоату ибодатамонро сидќан ба љо орему бо ростию са-доќат худро њар чи бештар ба он молики олам наздикта-ру наздиктар намоем.Ваќте Иоган Гуте шоири маъруфи Олмон дар замони худ дини мубини исломро ќабул кард ва хушњолтарин лањзаи умрашро дар хондани намози љамоа бо бошќирдњо гуфт,њаммаслакон ва њамнажодонаш ба ў њамла кардаву асабњояшро хароб накарданд-ку.Ё ба ислом га-равидани Криштиан Роналду футболбози машњури порту-галї ва садњо њазорон нафар намоядањои динњои дигар ,ки аз мазњаби худ рў тофтаву ба ислом ворид шудаанд,мавриди мазаммати касе гаштаанд? Бекзода њини сўњбат ба мо гуфт ,ки ў худоро инкор накардааст ,касоне, ки дар ин маврид гуф-тан мехоњанд, аввал китобро мутолиа кунанду баъд ибрози назар намоянд.Аз он иќтибос биоранд.Он чи ки парвардигор медонад, мо намедонем:

Кас намедонад дар ин бањри амиќ

Сангреза ќадр дорад ё аќиќ.

Дар њамин равиш тањли-лгар Саъдии Юсуфї, инкори вуљуди Худовандро аз сўи ин донишмандони тољик мањкум мекунад , аммо мегўяд, љо-меаи Тољикистон ба њељ ваљњ зери таъсири ин гуна ақидањо қарор намегирад. Вай меафзо-яд, «њоло мо ба ин хулоса мера-сем, ки имрўз таъсири дин дар андешаи файласуфони тољик ба маротиб бештар аз он аст, ки файласуфони тољик дар дин таъсире карда бошанд. Яъне,мо шоњиди як раванде њастем, ки њатто файласуфони мо, онњое, ки чанд соли пеш фикри диниро ба унвони рав-шанфикрї қабул надоштанд, имрўз аз Худову расул ёд меку-нанд. Аммо ба фикри ман, дар маљмўъ ин китоб наметавонад таъсиргузор бошад ва ё мав-риди писанди мардум қарор бигирад.»

Агар китоб таъсиргузор на-бошад ва мавриди ќабули мар-дум ќарор нагирад ,ин часпу талошњо ва гилагузорњо барои кист?

Њамчунин домулло Зубай-дулло дар ин маврид ибрози

назар намуда ,гуфтааст, ки чу-нин назарияи «инкори худо»-ро дар њар гўшаи дунё шунидан мумкин аст, вале масъалаи ас-лї ин аст, ки оё мардум ,љомеа, чї гуна ин назарияро қабул мекунад,- ин аст масъалаи асосї. Комил Бекзодаро њанўз аз даврони мактабхониаш дар ин рўњия тарбия кардаанд ва агар вай омода бошаду бо мо бањси ошкору чашм ба чашм кунад, мебинем, ки аз нигоњи мантиқ ин назария то куљо пуч аст.Домуллои азиз, Шумо боз чї гуфтание доред.Ба гуфтаи шумо чунин назарияи «инко-ри Худо «-ро дар њамаи гўшаи дунё шунидан мумкин аст?. Пас Шумо ба њамаи онњо бањ-си чашм ба чашм карданиед,ё фаќат бо Комил Бекзода?

Э ш о н и М а њ м у д љ о н Тўраљонзода њам аз ин ќатор ќафо намондааст.

Ў ба ин мавзўъ аз гузаштаи начандон дур ёд оварда мегўяд: ««монанди достони Фиръав-ни Миср ва фиръавниёни асри 20, њар кадом аз мо ва Шумо, хонандагони азиз, дар таърих-чаи зиндагии хеш саргузашти бисёр касонеро медонем, ки дар айёми љавонї ва мансабдо-рию сарватмандї, ончунон масту мағрури дунё ва молу мансаби дунё буданд, ки Ху-дову ибодаташ ба гушаи хаёлу хотири эшон намегузашт. Ва баъзе аз онњо, аз љумла,баъзе мансабдорони коммунист ва коммунистмаоб на танњо мун-кири Худо, балки душмани сарсахти Ӯву дин ва мардони роњаш буданд. Њатто бо Худо ва динаш эълони љанг карда буданд. Њангоме, ки эшон ба рўзгори пирї ва нафақаю боз-нишастагї расиданду дарњои њукумат ва мансабдориро ба рўи худ бастанд, ба сабаби заъфу нотавонї умедашон аз тўли зиндагї ва мансабу вази-фа қатъ шуд, фосилаи худро бо қабр ва дарвозаи марг чанд қадам диданд, якбора 180 да-раља тағйири равиш доданду бо ришу тасбињ, Худогўю на-мозхон ва масљидрав шуданд. Сабаб ва иллати ин инқилоби азим ва тањаввулоти бузург дар зиндагии афроди гузашта дар чист? Албатта, посухи ин суол, њамон имони фитрї ва майлу љозибаи руњї – равонї аст, ки дар чунин њолати ноумедї онњоро ба сўи Худо мекашо-над.»

Ба фикри мо њар касе ,ки худро ба сўи Худо мекашад, ўро мо бояд табрик кунем ,на таъ-на .Боре шоњиди он будам ,ки майзадае баъди солиёни даро-зи араќхўрї роњ ба сўи масљид гирифта,панљ ваќт намозашро мехонд.Борњо мешунидам,ки дар ѓоибаш мегуфтанд: лаъ-

натии майзада намозхон шу-дааст.Њайрон аз он будам ,ки чаро нафаре шукр намекард,ки ин бадгуњар роњи ростро пеша кардааст ?

Ин њамлагарон сухани њамдигарро об медињанд.Аз љумла,Хайриддини Қосимї дар навиштаи худ андешањои Комил Бекзода ва њаммаслако-нашро падидаи нав намедонад.Аз навиштањои Амруллоњи Но-зим изњори хушњолї мекунад.

-Мањфилњои сиёсї ва ан-дешакадањои умдаи љањон бар ин нукта эътироф доранд, ки мактаби моддигароии атеистї ба унвони идеология дучори бўњрони шадид гардид ва ан-дешаи ботили бехудоии он ба партовгоњи таърих рехта шуд. Аммо иддае аз файласуфмао-бони моддигаро њанўз њам аз андешаи ботили худ даст бар-надоштаанд ва ба шиддат дид-гоњи бехудоии бепояву асосро матрањ мекунанд,-мегўяд ў.Мо гуфтанием,ки агар њамин тавр бошад, ин андешањои файла-суфони тољик дар сурати бо-тил буданашон ба партовгоњи таърих хоњанд рехт ва шумо њам ташвиш кашида,табли изтироб назанед. Шумо ба-рин дањњо нафари дигар ваќти ќимати худро бењтар мебуд ,ки бењуда сарф накарда ,бењтараш ба зикри Оллоњ гузаронед. Ин маслињати беѓаразонаи мост. Хоњед ќабул доред ,нахоњед не.Охир мо бисёр ваќт мегўем ку : ин дунё дунёи мо нест ва њар як нафасамон бояд ба зи-кри Оллоњ гузарад.Пас ин на-виштанњои дуру дароз барои кист?Таги њар суханро бисёр кобем, оќибат он моро ба куфр мебарад.Боз мехоњам ба Мав-лоно Румї рўй орем:

Онон ки талабгори Худоед, Худоед,

Берун зи Шумо нест, шумоед, шумоед.

Агар њамин байти Мавлоно-ро дар ягон мањфили љоњилон хонед, ба маънї сарфањм на-рафта, њатман шуморо кофир эълон мекунанд.Суханро ба дарозо намебарам..Ин љониб ё љониби дигарро тарафдорї карданї нестам.Ман љонибдо-ри мављудияти он зоти покам .Фаќат ба хотири як пешнињод ва бењуда гўлу надарони-дани азизонам рўи вараќи сафедро сиёњ кардам .Пеш-нињодам чист ? Агар илми мо то ин андоза боло рафта бошад,биёед бо амри Парвар-дигор, як тайёра ё автобусе созем, тамоми оламро бо их-тирооти худ тасхир намоем,то аз мамлакатњои Ѓарб муњтољи накашем.

Љањонгири ШуЉоъ,шањри Душанбе

Худоро инкор накардаам!

Page 14: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014 ТољикисТон 15мавлуднома

17 апрелЗўњро Каримова (1934-1976), 80- солагии зодрўзи раќќоса,

Њунарпешаи шоистаи Тољикистон.

наталя Содиќова (1924), 90- солагии зодрўзи адабиёт-шинос.

18 апрел ФирўЗа мањмудова (1954), 60- солагии зодрўзи забон-

шинос (русї).

19 апрел убайдуллои аКрамЗод (1964), 50- солагии зодрўзи жур-

налист.

Сангимади даминЗода (1934-2011), 80- солагии зодрўзи журналист, Корманди шоистаи Тољикистон.

умеда ЃаФФорова (1964), 50- солагии зодрўзи доктори илми филологї.

Ѓуломњайдар Ѓуломалиев (1904-1961), 110- солагии зодрўзи оњангсоз, мутриб, устоди раќс, Артисти халќии СССР.

ороЗо иСмонов (1934), 80- солагии зодрўзи арбоби љамъи-ятї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон.

20 апрел муњаббат абдунаЗарова (1944-1997), 70- солагии зодрўзи

олимаи соњаи иќтисод.

абдуСалом атобоев (1934-1985), 80- солагии зодрўзи нависанда, драматург.

тамара ниКиФорова (1919-2006), 95- солагии зодрўзи олимаи соњаи техника (кишоварзї).

турСунбой Содиров (1939), 75- солагии зодрўзи жур-налист.

21 апрелабдулло ашўров (1904-1976), 110- солагии зодрўзи рас-

сом.

татяна беК (1949), 65- солагии зодрўзи шоираи рус, мутарљи-ми осори адибони муосири тољик.

Худоёр Љабборов (1949), 65- солагии зодрўзи журналист.

22 апрелабдуСамад Самиев (1949), 65- солагии зодрўзи доктори

илми фалсафа, профессор.

23 апрел муХбирЉон КенЉаев (1971) 43- солагии зодрўзи журна-

лист - публитсист, Сармуњаррири рўзномаи «Паёми Душанбе»

ќурбоналии абдулло (1964), 50- солагии зодрўзи саро-янда, Њунарпешаи шоистаи Тољикистон.

њориС малиКов (1934), 80- солагии зодрўзи олими соњаи математика

алеКСандр Љабборов (1954), 60- солагии зодрўзи олими соњаи математика.

- Рўзи љавони њифзи њуќуќи муаллиф.

Таквими

Масъули гўша Ёрмуњаммади Сучонї. • E-mail: [email protected]

Бори нахуст бо њидояти шоири рангинбаёни тољик, устоди равоншод Ашўр Са-фар соли 1977 шеъри на-хустини Сайид Ѓоиб бо номи «Духтари кўњсор» дар рўзно-маи «Роњи ленинї» (Вилояти Кўлоб) ба табъ расид. Ва пас аз ин нигоштањояш пайваста дар ин рўзнома чоп мешу-данд. Мањз аз њамин давра ў устуворона по ба арсаи эљод нињод…

Сайид пинњонї шеър мегуфт, аммо ба чоп намедод. Ахир ка-моли њамнишинї бар ман асар кард. Ба ў пайрав шудам. Дар синфи нўњум њамсинфи хушрўе, духтараки миёнаќади ба тану тў-ши сафеди сафед доштем. Наме-донам, аз рўйи њавову њавас ва ё аз рўйи бесарии бачагона рўзе дар васфи он хубрў шеъри њаљ-вие навиштам. Сайид лабу лунљи шеърамро ба ќавле њамвор кард. Шеъри хубе «истењсол» шуд. Дар як дам он аз даст ба даст гузашт. Њамсинфон он моњрўро мавриди мазоќ ќарор доданд. Пушт-пуш-ти партањо маро хуб тозонд. Аз карда пушаймон гаштам. Кї ме-донад, ки шеваи рафтор аз рўйи дилбандї ва ё мењр буд. Ва ња-мин шуд кўшиши аввалу охири банда, шогирдии ману устодии Сайид дар роњи нозимї.

Пас аз хатми мактаб дўстам роњи Кўлобро пеш гирифту ман баъди сарсонињои зиёд сокини шањри Душанбеву муњассили бахши шабонаи Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин шудам. Сайид до-нишљўйи Донишкадаи педаго-гии шањри Кўлоб шуд, дар бахши забон ва адабиёти тољик. Њамин тавр чандин соли дигар аз њам дур мондем…

Ў аз суњбат бо журналистон худро дур мегирифт. Худнамо-иро намеписандид. Њарчанд худ замони соњибистиќлолии ватан корманди телевизион буд…

Аммо, ба ќавле, рўзе ба ќап хўрд. Фасли поиз, бо ў баногањ дар чанористони хиёбони Рўда-кии шањри дилорои Душанбе бар хўрдам. Њол пурсидам, гуфт, аз хатнасури дўстрўякони шо-гирдам Саймиддин (С.Ризоев, номзади улуми иќтисод – У.Ш.) меоям. Ва ќасди хона рафтан до-рам. Бо њам дар сояи чанорњои осмонбўс фароѓат доштем. Чун фурсат муносиб афтод, аз шоири ширинбаён ба чанд суоли хеш посух љустам. Нахуст гуфтам, ту аз дидору вохўрї бо ањли васоити ахбор дурї мељўйї. Аз ин ваљњ, аксар бар он назаранд, ки ту хе-ле дер ба арсаи адабиёт, шеъру шоирї гом нињодаї.

Хандаи дилнишине заду гуфт:Саидам дер омад гар ба мулки

назм, боке нест,Њар он чї зуд рўяд, тезтар но-

буд мегардад.Гуфтам, ба њар њол чунин ше-

ваи рафтор ќобили ќабул нест. Гили маро чунин сириштаанд, гуфт ханда бар лаб.

Майдапурсї кардам. Бо ни-яти шеъргўйї кай ба даст ќалам гирифтї? Ва ў оњиста домони суњбат аз даст рањо кард. Дар синфи панљумї шеъри бачаго-нае навиштам. Он «Дарвозабон» унвон дошт. Шеърро ба омўзго-ри фанни химия Аброр Рањмат, ки табъи баланд дошт, нишон додам. Тавсия доданд, ки ба рўз-номаи «Пионери Тољикистон» (њоло «Анбоз») бифиристам. Шеър чоп нашуд, аммо аз идо-раи рўзнома мактуб-маслињате гирифтам, ки муносибати ходи-мони рўзнома, масъулияти эшон маро ба эљод дилгарм намуд…

Ин расанро њини дар курси аввали донишкада тањсил на-мудан мустањкам доштам. Бо тарѓиби донишманди варзида, устод Аламхон Кучаров ба мањ-фили «Адибони љавон» шомил шудам. Дар мањфил шеърњои донишљўёни нављўро муњоки-ма мекарданд. Аввали њар моњ бо шоир ва ё нависандае вохўрї баргузор мегардид. Шоирони шинохтаи кишвар Муњаммад Ѓоиб, Салими Хатлонї, Сафар Аюбзодаи Мањзун, Темур Сул-тон ва дигарон, ки дар арсаи адабиёти тољик имрўз майдон-дорї мекунанд, дастпарварони ин мањфили ёдмонанд…

Бобати шеъри нахустини чоп-шудааш љўё шудам. Гуфт, соли 1977 дар курси дувум мехондам. Дар толори бузурги донишкада ба ифтихори таљлили Иди На-врўз бо ширкати адибони ном-вар Лоиќ, Мављуда Њакимова, Ашўр Сафар ва дигарон базми шеъру суруд ба вуќуъ пайваст. Баъди шоирони мумтоз навбат ба аъзои мањфили «Адибони ља-вон» расид…

Сайид Ѓоиб як шеъри худ – «Духтари кўњсор»-ро ба самъи

њозирин пешнињод намуд. Њи-ни аз минбар поин шудан устод Ашўр Сафар ўро наздаш хонда: «Ту шеър мегуфтаї, ман беха-бар. Бо њамин шеърат пагоњ ба идораи рўзнома («Роњи ленинї» – У.Ш.) биё!».

Рўзи дигар, соати њашти па-гоњї ба идораи рўзнома расид. Дар шуъбаи адабї гуфтанд, ки «Мавлоно» њоло наомадаанд. Ва то омаданаш ходими рўзнома – Аюбї сари байти зери шоири љавон андеша ронд:

Дар бањори шањр мебинам зи бими резаборон,

Духтари кўњсор, ба сар соябон бигрифтаї.

Шоир болои ибораи «зи би-ми резаборон» эрод гирифт. Ў мегуфт: ин љо рубоист «гарди ре-заборон» бигўем. Сайид сар на-мефаровард: «гарди резаборон» мазмуни минбаъдаро мекоњонад. Эшон гапашро гузарониданї мешуд. Аммо шоири љавон ба ќавле по аз рикоб намеканд…

Дар ављи бањс устод Ашўр Сафар омад ва Сайиди ба бањ-сафтодаро аз банд рањонда, ба њуљраи кории хеш бурд. Пас аз чанд рўз «Духтари кўњсор» пурра бе тањрир чоп шуд. Аз он лањза ба баъд дар рўзномаи вилоятии «Роњи ленинї» рубої, дубайтї, шеъру ѓазалњои шоири нављў Сайид Ѓоиб пайваста ба табъ мерасиданд…

Боре аз Сайид пурсидам, дар љодаи шеъру шоирї киро устод мехонад. Бе истињола гуфт, ба-родари бузургам Муњаммад Ѓо-иб. Аслан волидайн бадоњатан шеър мегуфтанд. Бахусус пада-рам, порањои шеърии як ваќтњо гуфтаашро бе ягон сабт, то дер дар хотир дошт…

Солњои донишљўйї аз усто-дам Аламхон Кучаров сабаќи шеър омўхтам, хулоса кард шо-ир…

(Давомаш дар сањ.18)

Сабурї мояи фирўзї омад

Page 15: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014ТољикисТон16 таблиѓ

Њавлї бўстонсаро • 2 њуљрагї, ќабати 2, би-

нои хиштини 4 ошёна, мањаллаи Фурудгоњ, кўчаи Титов, хонаи 30, њуљ. 18. Тел: 917-41-02-78

• Насби антенаи моњво-равї- Андрей. Тел: 918-76-74-08

• 4 намуди мањс: умумї, урологї, таскинбахш, ба-рои тамоми синну сол. Тел: 985-43-47-49

• Холу озахњоро бе љар-роњї рафъ менамоем. Тел: 95-152-79-77

• Маслињати барќарорку-нии саломатї медињем. Тел: 919-06-86-88

• Маркази тибби халќии “Кимиёи саодат”: њамаи намуди паразитњо, кирмњо ва гиљањо “шлакњо”, дис-бактериоз, сангњои рўда, (лямбля, остритса, аскари-да ва ѓ.) суроѓа: н.Рўдакї, љамоати Зайнабобод, дењаи Сароб (Коммунизми пеш-тара), тел: 901-500-760, 919-01-71-73, 917-33-33-55, 918-12-52-12

• Дипломи гумшудаи № 255549, ки онро соли 1992 Омўзишгоњи тиббии ноњи-яи Њисор ба Рањматшоева Ганљина Силемоншоевна додааст, бе эътибор дони-ста шавад.

• Дафтарчаи имтињонии гумшуда, ки онро соли 2008 Донишгоњи техникии Тољикистон ба Некдили Ризопур додааст, бе эъти-бор дониста шавад.

• Шиносномаи техникии гумшуда, ки онро соли 2012 МБТИ ноњияи Фирдавсї, бо суроѓаи гузаргоњи 3, кў-чаи Н. Ќарабоев 12, њуљ.1 ба Аминова Холбї додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Васиятномаи гумшудаи хона ДШ № 0500938, ки онро соли 2010 идораи но-тариалии ноњияи Шоњман-сур, бо суроѓаи гузаргоњи 9, кўчаи Титова, х.14/61 ба Латипов Эраљ Тешаевич додааст, бе эътибор дони-ста шавад.

• ЉДММ «Юнитекс», воќеъ дар н. Шоњмансур аз 24.04.2009 сол, РЯМ 0110004492, РМА 010081930, аз сабаби гум шуданаш бе эътибор дони-ста шавад.

• Шиносномаи техникї ва шартномаи тўњфаи гумшуда, ба ќайд гирифта-шуда дар реестри бо № 6Д-214, аз 7.10.1993, бо суроѓаи кўчаи Хатлон, х.42 ба номи Акбаров Одил бе эътибор дониста шавад.

• Гувоњнома дар ивази ди-плом № 000228/94 ба номи Юсупова Муќаддас Ад-мадљиновна, дар њаќиќат

Омўзишгоњи тиббии ш. Ко-фарнињон (њозира Вањдат), соли 1994 хатм кардааст аз сабаби гум шуданаш бе эъ-тибор дониста шавад.

• Дипломи гумшуда, ки онро соли 1996 Дониш-кадаи Санъат ба номи М. Турсунзода ба Солиев Ди-ловаршо Сайфуддинович додааст, бе эътибор дони-ста шавад.

• Шиносномаи техникї ва шартномаи њадия аз 12.10.1979 бо №6Д-3778, ки ба номи Салиев Алимљон Шодиевич дар кўчаи Ќазон тааллуќ дорад бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи техникї ва шартномаи хариду фурўш бо реестри № 1Ш 4017, аз 27.09.2006 сол, бо суроѓаи кўчаи Рўдакї, х.98, њуљ. 20, ба номи Калонов Бањриддин Саломович бе эътибор дониста шавад.

• Шањодатномаи (ди-плом) тањти № ТСИ 0008154, аз 19.06.2003сол гирифтаашро гум кардааст, ба номи шањрванд Раљабо-ва Мањтовбї Сафархуљаев-на, аз эътибор соќит дони-ста шавад.

• Шиносномаи шањрван-ди Љумњурии Исломии Афѓонистон ба номи Ањмад Башир Абдул Бако ки соли таваллудаш 06.06.1976, истиќоматкунандаи шањри Душанбе кўчаи Айнї, би-нои 50, њуљ. 11 бе эътибор дониста шавад.

• Шартномаи хариду фурўши гумшудаи њуљра (квартира), ки дар идораи нотариалии ноњияи И. Со-монї тањти фењрести 1Ш-644 аз 22.06.2006с ба номи Нодирова Марњабо Муњи-буллоевна, оиди њуљраи воќеъ дар ш. Душанбе, кў-чаи Ќањњорова, хонаи 13, њуљ.11 ба расмият даровар-да шудааст, бе эътибор до-ниста шавад.

• Билети донишљўии гумшуда ба номи Рустамов Одил Солиевич, ки онро соли 2013 Донишгоњи Сла-вянии Россияю-Тољикис-тон бе эътибор дониста ша-вад.

• Аттестати гумшуда ба номи Мирзоева Зуњра Аб-дуазизовна, ки онро соли 1997 мактаби миёнаи №42 ш. Душанбе бе эътибор до-ниста шавад.

• Аттестати гумшуда, ки

онро соли 2010 мактаби миёнаи №25 ш. Душанбе ба Сафолова Мавлуда Бобољо-новна додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи гумшуда серияи А6551379, ки онро 4 январи соли 2012 ШКД-и ш. Панљакент ба Њамроев Абдувакил Абдуназарович додааст, бе эътибор дони-ста шавад.

• Дафтари њавлии гумшу-да, бо суроѓаи гузаргоњи 3, Н. Ќарабоев 7/3, њуљ 57 ба номи Курчиева Матлуба Уринбоевна, бе эътибор дониста шавад.

• Дафтари њавлии гумшу-да, бо суроѓаи кўчаи Дењо-тї, х. 23/17 ба номи Сайфи-динов Сулаймон Мерољо-нович, бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи гумшуда серияи А6247756, ки онро соли 2011 ШКД-и н. Румї ба Шарипов Дилшод Ќур-бонович додааст, бе эъти-бор дониста шавад.

• Дафтарчаи имтињонии гумшуда бо № 759, ки онро соли 2013 Донишкадаи мо-лия ва иќтисоди ЉТ ба Са-миев Навшод Сайбурњоно-вич додааст, бе эътибор до-ниста шавад.

• Шартномаи хариду фурўши гумшуда бо фењра-сти 9Д-340, аз 12.05.1994, бо суроѓаи ш. Душанбе кў-чаи Бинокорон, х7, њуљ.7 ба номи Карамова Нуринисо Мирљалоловна, ба расмият дароварда шуда буд, бе эъ-тибор дониста шавад.

• Аттестати гумшуда ба номи Ќурбонова Тањмина соли 1998, синфи 8-ум хатм кардааст, мактаби миёнаи №17 додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи техникї бо реестери №5533, шарт-номаи хариду фурўши ба ќайдгирифташуда дар рее-стери 29Д-528, аз 15.11.2007, њуљљати интер-нетии вараќаи ба ќайдги-рии №5533, дафтари њавлї бо суроѓаи н. Шоњмансур, кўчаи Репина, гузаргоњи 5, х.14 бе эътибор дониста шавад.

• Шањодатномаи гумшу-даи хариду фурўш, Литери 1,1/ЦБ-минтаќаи исти-роњатї воќеъ дар 27,6 км.м., шоњроњи Душанбе-Суѓди н. Варзоб, ба номи Саксадова Наима Бозоровна, бе эъти-

бор дониста шавад. • Билети донишљўї, ки

онро соли 2010 Донишгоњи технологии Тољикистон ба Хокироев Аслиддин Нусра-туллоевич, бе эътибор до-ниста шавад.

• Дипломи гумшуда, бо № 2230 ки онро 26.07.1993, Коллељи тиббии ноњияи Њисор ба Шарипов Юсуфљон Саидќулович до-дааст, бе эътибор дониста шавад.

• Дипломи № ПП0038585, ки онро соли 1999, Коллељи давлатии расомї ба номи Мирзорањмат Олимов, ба Сафаров Усмон Ањмадович додааст, бе эътибор дони-ста шавад.

• Аттестати гумшудаи АБ-57749, соли хониши 1995-1996, мактаби миёнаи №53 њозира № 60 хатм на-мудааст, соли таваллуд 25.06.1980, бо суроѓаи љ.д.Оќќурѓони ноњияи Ле-нин ба номи Азизова Хати-ча Мирзоалиевна бе эъти-бор дониста шавад.

• Аттестати гумшудаи АБ 50253, соли хониши 1997-1998, мактаби миёнаи №53 њозира №60 хатм намуда-аст, соли таваллудаш 03.06.1981, ба номи Бобо-хољаева Оишамоњ Нарзул-лоевна бе эътибор дониста шавад.

• Маълумотномае, ки онро соли 1997 барои хат-ми мактаби миёнаи №53 соли таваллудаш 09.05.1982, бо суроѓаи ноњияи Рўдакї ба Азизова Адолат додааст, бе эътибор дониста шавад.

• ЉДММ «Роњат-11», воќеъ дар н. Шоњмансур, № 0257335, РЯМ 0110016711, РМА 010091325 барњам мехурад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

• Соњибкори инфиродї Амнов Сунатулло Абдуса-торович, ки бо шањодатно-маи № 0031723, РЯМ 0430011991, РМА 045774849 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• ЉДММ «ИКАР-АВИА-СЕРВИС» фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 2 њафта ќабул карда мешаванд.

• Соњибкори инфиродї Хаитов Пулод Меликович, ки бо шањодатномаи №

0020008, РЯМ 0930004525, РМА 095177067 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• ЉДММ «Маркази сав-дои Вохўрї» воќеъ дар н. Фирдавсї, РЯМ 310006455, РМА 030007132 барњам мехўрад. Њамаи арзу шико-ятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

• Соњибкори инфиродї Ќањорова Њурмат Чоршам-биевна, ки бо шањодатно-маи № 0152920, РЯМ 0430071400, РМА 045873916 соњибкорї дошт, фаъолия-ташро ќатъ менамояд.

• ЉДММ «Золотая земля», нозироти андози н. Октя-бри ш. Екатеринбурги Ха-дамоти Федералии Андоз додааст, РМА 6672301761, аз 27.08.2009, фаъолията-шро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

• ЉДММ «Фаридун 2012», воќеъ дар н. Файзобод, раќами шањодатномаи 0254500, РЯМ 1410002569, РМА 140005224 барњам мехўрад. Њамаи арзу шико-ятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

• Соњибкори инфиродї Бегов Толиб Муњидинович, ки бо шањодатномаи № 0022376, РЯМ 0230004565, РМА 025093054 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• ЉДММ «Душанбе ин-шоот» ИНН 010086837, РЯМ 0110012962, РМА 010086837 фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

• ЉДММ «Промстрой сервис» РЯМ 0110004107, РМА 0110020936, ИНН 010020936 фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

• Соњибкори инфиродї Исоев Иноятулло Љаборо-вич, РЯМ 0430163681, РМА 025168497 фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Азизов Далер Амониллое-вич, ки бо шањодатномаи №008653, РМА 4055272833, РЯМ 4030067773 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• ЉДММ «Зав» РМА 040031742, РЯМ 0410012103 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

Шумо метавонед эълонњои

худро тавассути смс бо раќами 7777 ба мо фиристед.

телефон барои маълумот 238-78-78

Саломатї

Эътибор надорад

Барњам мехўрад

Мефурўшам

Хизматрасонї

Page 16: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014 ТољикисТон 17таблиѓ

ЗодрўЗ муборак!Аё модар ќадамњоят бибўсам,Аё модар бидодї ту њаётам.Дар олам нест кас болотар аз ту,На симу зар, на тољу тахту давлат.Бароям њастї њамчу ганљи ноёб,Аё модар, ќадамњоят бибўсам.19 апрели соли 2014 модарам Зарифова Иноятхон 50 сола мешавад. Бо ин љаш-

ни хотирмон модарљон Шуморо сидќан табрик гуфта, бароятон њамаи хушињои оламро таманно дорам.

Духтаратон Њафизахон. Њафтаи нав барои нафарони зери ин барљбуда, дар муњаббат бобарор аст. Мулоќот бо шахсе, ки дер интизораш будед, охири њафта ситорањо пешгўйї мекунанд. Бо атрофиён корњое, ки шахсї њастанд, њалу фасл нанамоед, зеро шояд шуморо нодуруст фањманд.

Саврњо дар ин њафта хеле дар ѓазаб мешаванд, чунки корњои ба ин њафта гузоштаашон ба хубї анљом намеёбад. Шуморо лозим аст, ки новобаста аз њолататон бо атрофиён хушмуомила бошед. Дар њама маврид маслињати онњо ба шумо зарур аст.

Дар корњоятон саросемагиро роњ надињед, зеро шитоб-корї оќибати нохуб дорад. Вобаста ба њаво либосатонро интихоб кунед, ки эњтимоли нохуб шудани саломатиатон дар назар аст. Ваќтро барои мулоќот људо намоед.

Корњои аз тарафи роњбар шудаатонро сари ваќт иљро намоед, зеро ин санљиш барои оянда дар ин самт боварии роњабаратонро ба шумо зиёд мекунад. Дар рўзњои офтобии фасли бањор ба тамошои талу теппањо баромаданро низ фаромўш накунед.

Фасли бањорро дар вохўрињои ошиќона бо нафаре, ки шуморо дўст медорад, рад накунед. Дар коргоњ бо њамкорон ва атрофиён муносибати хубро ба роњ монед. Забонатонро аз ѓайбату дуруѓ нигоњ доред, ки бењуда нагуфтаанд, ки «забон дар дањон соябони сар аст».

Аксари нафарони зери ин бурљ буда, хеле ором ва ботамкинанд. Дар муњаббат онњоро нафарони зиёд ба зери ќаноти худ гирифтан мехоњанд. Дар коргоњ ва муносибат бо њамкорон эњтиёткор буданро фаромўш насозед. Дар охирњои њафта пешнињоди мешударо ќабул кунед, зеро он ояндаи шуморо њал менамояд.

Мизонњоро њафтаи серташвиш дар назар аст. Ба саломатии худ ањамият дињед, зеро шумо аз њад зиёд эњсосотиед. Мулоќотњоятонро ба таъхир нагузоред. Зеро он барои ояндаи шумо мусоидат мекунад. Он чизеро ки дер боз интизор будед, охири њафта амалишавии он дар назар аст.

Дар тиљорат шуморо бурдборињо њамсафар хоњад шуд. Муњаббат ва дўстдориро дар мадди аввал гузоред, зеро он сарчашмаи њама пешравињои шумо мебошад. Кўшиш кунед, ки дар баробари корњои давлатї боз ваќтњо истироњатро низ људо намоед.

Ќавсњоро ба маротиб масъалањои печ дар печ сарсон кардааст. Набояд аз ин дилшикаста шуд, зеро ин санљиши шумо дар назди роњбаратон мебошад. Салома-тии шуморо атрофиён бањои ќаноатбахш медињанд, чунки асабонии шумо оромии оиларо аз байн бурда истодааст. Охири њафта хушхабаре мешунавед, ки њамаи проблемањоятонро мепўшонад.

Дар њафтаи навин нафаронеро вомехўред, ки дер боз интизорашон будед. Аввали њафта саломатиатон аз рўйи беањамияти нисбати худатон нохуб мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки аз њамаи чиз даст кашида, хоб кунед. Он нафаре, ки шуморо намехоњад, бењатараш фикри ўро аз саратон дур созед.

Тамоми њафта шуморо хушхабарњо болида мегардонад. Корњои хонаро дар рўзњои истироњатї ба наќша гиред. Бо кўдакон сайру гашт рафтанро низ аз мадди назар дур намонед. Кўшиш намоед, ки гапи касеро ба касе нарасонед, зеро љанљолњои меомадаро ба сари шумо бор карданашон аз эътимол дур нест.

Дар атрофи ањли байт буданро фаромўш накунед. Дар корхона муносибатро бо њамкорон ќавї намоед. Дар соњаи тиљорат љиддї муносибат намоед, зеро он нафароне, ки шуморо ба њамкорї даъват карда истода-анд, хело аз санљиш мегузаронанд. Аз ин рў љиддї буданро фаромўш насозед.

• ЊАМАл (21 МАрТ- 20 Апрел)

• САВр (21 Апрел - 20 МАй)

• љАВЗО (21 МАй- 21 ИюН)

• САрАТОН (22 ИюН- 22 Июл)

• СуНБулА (24 АВгуСТ- 23 СеНТяБр)

• • АСАД (23 Июл- 23 АВгуСТ)

• МИЗОН (24 СеНТяБр- 23 ОКТяБр)

• АЌрАБ (24 ОКТяБр - 22 НОяБр

• ЌАВС (23 НОяБр- 21 ДеКАБр)

• љАДДї (22 ДеКАБр- 20 яНВАр)

• ДАВл (20 яНВАр- 21 ФеВрАл)

• ЊуТ (21 ФеВрАл - 20 МАрТ)

Сўгворї

гурўњи дўстон ва шогирдон аз марги нобањангоми устод Мањмадшарифи Ќо-сим сахт андўњгин буда, ба фарзандон ва аќрабои марњум аз самими ќалб изњори њамдардї менамоянд.

Page 17: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014ТољикисТон хотирот18

(Аввалаш дар сањ.15)Шеърњояш дар матбуоти

љумњуриявї ба назар намераси-данд. Њар он чи чоп шуда, дар Кўлоб буд. Сабаб пурсидам. Гуфт, худам намефиристам. Дар Кўлоб чоп мекунам. Посухи кўтоњу ќаноатбахш. Розї шудам ба хулосааш…

Маљмўаи нахустинаш бо но-ми «Гули себ» соли 1994 дар ма-тбааи шањри Кўлоб бо кўшишу ибтикори устод Муњаммад Ѓоиб рўйи чопро дид.

Њини хабаргирї бародар аз пайвандон дафтарњои Сайидро бо худ ба Кўлоб мебарад. Бои-си зикр аст, ки маљмўаи мазкур ќабл аз чоп дар шуъбаи Кўлобии Иттифоќи нависандагон маври-ди муњокима ќарор гирифтаву ба чоп тавсия шуда. Муњарри-ри маљмўа устоди равоншод Шоњмузаффар Ёдгорї аст. «Гу-ли себ» аз шеърњо, рубоиву ду-байтињо, мухаммасу марсияњо мураттаб гашта…

Аз ў пурсидам, китобњои баъдї чи сон рўйи чопро ди-данд. Гуфт, шогирдони ќо-билам Саймиддин Ризоев ва Наљмиддин Саидов сањм ги-рифтанд. Онњо ду маљмўаи шеърњоямро: «Парвози хаёл» (1997, «Шарќи озод») ва «Дунёи орзу» (1997, «Пайк») ба чоп рас-онданд. Аз бародарон Салими Хатлонї, Муњаммади Эгамзод

ва шогирдони дастбахайрам си-посгузорам…

Чун он суњбати ёдмон соли 2000-ум ба вуќўъ пайваста буд, пурсидам, ки се соли охир чї? Гуфт, хапу хомўшам ва хандаи ширине заду афзуд, дар кўлбор дафтари шеъре моломоли ѓазал, рубої, дубайтї, мураббаъ, му-хаммас, марсия дорам. Онњо ба рўзи умед, оромакак хобанд, то расидани муждае аз соњибдиле. Гуфтамаш, омад он соњибдил, бидењ кулбори шеърњоятро…

Он маљмўаро худ мураттаб на-мудам ва унвон додамаш «Боли оташ». Маљмўа соли 2003 тавас-сути нашриёти «Шарќи озод» ба дасти њаводоронаш расид. Аз ин падида шоир фарањманд гашту дуои некам дод…

Хуб шуд, ки устод Муњаммад Ѓоиб онњоро (С.Ѓоиб ва Т.Хоља) ба кор љалб кард. Онњо акнун сар аз соли 2000-ум мухбири те-левизиони Хатлон шуданд. Ду шоир, ду омўзгори фанни забон ва адабиёти тољик, ду аъзои Ит-тифоќи нависандагони Тољи-кистон, ду адиби музофотї, ду тан аз ќаламкашони забардаст, ду шоири барњаќ ва шоиста, ки имрўз акнун дар он ќаламрав назирашон пайдо нест. Ху-шоянд буд, ки онњо њамљоя бо бањонаи овардани кассетањои ба навор гирифтаашон гоњу ногоњ ба пойтахт меомаданд. Њар бори

омаданашон дидор медидем ва бо имкони муносиб ва фурсат соате чанд суњбат меоростем, дарди дил мекардем, ѓубори дил мебаровардем…

Ана дар чунин яке аз вохўрињо, ба тахмин нимаи соли 2004 ба-родарони њамватан Сайид Ѓоиб ва Тўлќин Хоља бори ба пойтахт омаданашон ба дидорбинии ин љониб омаданд. Ва њамон рўз, ба гуфти мардуми кўњистон њавои дањан кардам. Гуфтам, Сайид тамоми ѓазалњоятро гирд биёр. Тўлќин Хоља, ки дар адабиёти муосири тољик, бењтар аз вай рубоиву дубайтии ба халќ на-здик нагуфта, ин ганљинаро гирд оваранд. Шарт гузоштам, њар ду як ѓазал дар васфи модар ва яки дигар дар тавсифи падар бигўянд, Сайид хандиду гуфт, ман як шеър дар хусуси модар дорам. Гуфтамаш, ин тан нест, тоза бигў. Розї шуданд…

Онњо ваќти ваъдагї њозир шуданд. Ва хуш аст, ки бо им-кон ба ваъда вафо намудам. Ѓазалиёти Сайид Ѓоибро тањти унвони «Шоњи бутон» («Шарќи озод», 2005) ва рўбоиву дубай-тињои Тўлќин Хољаро бо унвони «Захми нигоњ» («Шарќи озод», 2005) ба чоп расондам, к-аз он мамнунам…

Оид ба салиќаи шоирии Сай-ид Ѓоиб Шоири халќии Тољики-стон устод Гулназар мегўяд:

«Таассуроти ман аз сурудањои Сайид хуб аст. Сухани ў устувор, бамантиќ ва пурмуњтавост. Рав-шан аст, ки пайваста меомўзад ва зањмат мекашад. Дар рубоиву дубайтињояш содагї ва равша-нии шеъри халќ њукмфармост. Ѓазалворањояш низ басо равон ва хушоњанганд»..

Пас аз воќеањои нобасомони солњои навадуми асри гузашта дили њассоси шоир дардманд га-шт. Табибон бар он буданд, ки табдили пеша намояд. Бо ба те-левизиони Хатлон ба кор омадан (соли 2000-ум) ањволи саломати-аш рў ба бењбудї нињод. Ў акнун дар гашту гузор буд. Пиёдаву са-вора аз дења ба дења, аз кўњ ба кўњ, аз пушта ба пушта мегашт. Ва гоње мегуфт: «Мо марди рањем, дар сафар мегардем»…

Давоми дањ соли охир бо иб-тикори устоди ѓамхору мушфиќ Исо Ѓулом дар ноњияи Данѓара мањфили адабии «Офтоб» арзи вуљуд дорад. Дар ин мањфил ду узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон – Сайид Ѓоиб ва Тўлќин Хоља навпардозонро роњбарї доштанд. Ва тўли ин солњо ќисме аз эшон барои чо-пи маљмўаи шеърњояшон рў ба пойтахт меоварданд. Нафаро-не, ки ба назди банда меома-данд, бо мулоиматї мегуфта-машон, ки хуб мешуд ашъори хешро то ба пойтахт омадан,

аз назари устодон Сайид Ѓо-иб ва Тўлќин Хоља гузаронда, сипас ба нашриёт бањри чоп биёред. Чунин як суњбати ёд-мон тобистони соли 2006, бо муаллима Биної Давлатова ба вуќуъ пайваст. Ўро бо маслињат ба назди шоири ширинбаён Сайид Ѓоиб рањнамун сохтам. Шоир бонуи навќаламро хуш пазируфта, шеъргунањои ўро аз назари тањќиќ гузаронда ба вай фотењаи хубе њам дода:

Соли 2007-ум хабари ноху-ше расид. Ќалби нозуки шоири шўридадил Сайид Ѓоиб бар аса-ри ранљурї, нољурињои замона аз тапидан бозмонда. Бо ёру баро-дарон, дўстони њамватан, шогир-дону муътаќидон шитофтем ба зодгоњи шоир – рустои Алиљон. Сокинони ин рустои зебоманза-ри кўњистон бори нахуст чунин издињоми мардумро медид ва акнун эњсос менамуданд, ки чи-гуна фарзанди фарзонаи хешро аз даст додаанд…

Инак њафт соли расост, ки ў дар бари мо нест. Аммо хотираи некаш аз ќалби љигарбандон, наздикону пайвандон, дўстону шогирдонаш зудуда нагашта. Њамзамон маљмўањои ашъори ў ёди ў њамроњи мост.

Ў сабур буд ва сабурияш мояи пирўзї бор овард…

Умари ШЕРХОН

Сабурї мояи фирўзї омад

Page 18: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014 ТољикисТон 21адабиётМан медонам, њамин ки ба

љаноби прокурор сарлавњаи афсонаамро иброз намоям, вай боѓазаб мегўяд:

-Калимаи «поквиљдон»-ро бояд хат зад, зеро халќ фикр ме-кунад, ки гўё дар олам вазирони бевиљдон вуљуд дошта бошанд. Аммо ин калима хат зада ша-вад, дар парлумон саволборон мешавад, сўи вазир чашм дўхта, мехоњанд фањманд, магар вазир-ро поквиљдон номидан нанговар аст?...

Ман хеле хуб медонам, лањ-заи басо љаззоб, лекин намета-вонам хомўш бошам. Аз њама кори муњиме, ки аз дасти љаноби прокурор меояд, ин муњофизати вазирони Австрия аст. Аз дусар воќеаи тасвири ман на дар Ав-стрия ва умуман на дар ягон давлати ба њама маълум ба вуќўъ мепайвандад, сухан дар бораи давлати хаёлї меравад, аз ин рў, онро ман афсона номидам.

Хуласи калом, њикоятро сар мекунем.

Буд –набуд подшоње буд ва ў вазире дошт, шахси поквиљдон, мисли ситора дурахшон. Рўзњои аввал вай аз пеш гузаштагонаш њељ фарќ намекард. Чун ба ў «волоњазрат» гуфта мурољиат мекарданд, аз хурсандї гул-гул мешукуфт, аз табрикот маѓрур мешуд ва худро хушбахт медо-нист.

Аммо моње нагузашта, му-дирони шўъба баъди њисобот додан ба волоњазрат наќлњои њайратовар мекарданд. Љано-би вазир ахбороти онњоро па-решонњолона шунида, соатњо чашмони андешамонандашро ба атроф дўхта, дар паси мизи хатнависї менишаст. Ва торафт њолу ањволи вай тааљљубовар ме-шуд. Ин таѓйироти њолати вай аз таваљљўњи ањли оила пинњон

намонд. Аммо сабаби инро фањ-миданї шуда, саволи бисёр дода бошанд њам, вай љавоби дуруст намедод ва ё хомўширо афзал медонист. Фаќат рўзе баъди но-што димоѓаш чоќ шуду ба хону-маш чунин суханонро раво дид:

-Субњи имрўз ба назди под-шоњ даромада, арз мекунам, ки аз кор меравам.

Хонуми вазир ин гапро шуни-да, аз њуш рафт, вале њанўз вай ба њуш наомада, шавњараш дар назди подшоњ њозир шуд.

-Волоњазрат,-гуфт ў,-хоњиш-мандам маро аз вазифаи вазирї сабукдўш намоед, ба ин рафто-рам сабабњои љиддї дорам.

-Дўстам,-гуфт подшоњ,-ту чї, аз аќл бегона шудї? Кай чунин воќеа рух додааст, ки кас яку як-бора андеша накарда, ба истеъ-фо рафта бошад?

-Сабаб дорам волоњазрат, иљозат фармоед, шарњ дињам. Дар ин бора гап задан айб аст, бењтараш замин накафад, ки дароям.

-Гўш кун,-пурсид подшоњ,-боз ягон гуноњ накарда бошї-а? Амр мекунам, зуд сабаби рафта-натро ба ман ошкоро гўй.

-Хуб шудааст,-таљанг шуда љавоб дод вазир. Волоњазрат њамин тавр мехоста бошанд, чї илољ ва бо садои паст ило-ва намуд:-Аз сабаби он ки ман аз ўњдаи вазирї намебароям, хоњишмандам аз вазифа озодам намоед.

Сипас сар хам карда, итоатко-рона мунтазир шуд, ки ба сараш чї хел барфу борони пурѓазаб

меборад.Аммо подшоњ хомўш буд ва ў

бељуръатона сар бардошта, дид, ки подшоњ аз тањти дил механ-дад. Вазир гаранг шуд.

-Маълум мешавад, ки под-шоњи одил, истеъфои банда ќабул шуд?-бељуръатона гуфт ў.

-Ња, бале, туро барои он аз ва-зифаат озод намоям, ки аз уњдаи кор намебаройї? Љўраљон, ин тавр бикунам, ба ман лозим ме-ояд, ки ќариб њамаи соњибман-сабонамро аз кор ронам. Агар то индам тамоми вазиронро ба ин тоифа њамроњ намоем, онгоњ бидон, аз њама вазири поквиљ-дони ман туйї ва медонї барои чї? Барои он ки ту ростќавл њастї. Ман инро ќадр мекунам, чї хеле, ки дар хотир дорам, ман мутлаќо дар ќаламравам вази-рони кордон надоштам. Ногоњ ту омадию талаб мекунї, ки ба истеъфо равї. Ин обрўи туро ме-бардорад ва маро шод мекунад. Ту аввалин вазири поквиљдони ман њастї. Боќї њамаашон бењу-нарии хешро бо суханронињои пуч мепўшониданд ва мекўши-данд, ки дар вазифаи худ њарчи зиёдтар истанд. Ту бошї тамо-ман одами дигарї! Ва мехоњї, ки аз чунин шахси тилло халос шавам? Њатто аз гўшаи хаёлам њам намегузаронам! Љони шири-ни ман, ту то охири умрат вазир мемонї! Фањмидї?

Вазир маљбур шуд, ки итоат кунад. Чун дар њамаи рўзномањо хабари дар љояш мондани вазир дарљ гардида, зављаи муњтарамаи вазир нафаси озод кашида, ба

хизматгоронаш фармуд, ки ба-рои олиљоњаш хўрокњои дўстдо-штаашро пазанд.

Вале кор бо ин тамом на-шуд. Љаноби вазир аз пештара дида, ба фикру хаёли маѓшуш ѓўтаввар гардид. Љои тааљљуб нест. Масъалаи оё вай дар вазифаи вазирї мемонад, аз фикраш дур намешуд ва ин ба обрўю эътибораш табдил ёф-та буд. Љаноби вазир ин тавр муњокима меронд: «Агар ман боз истеъфо доданї шавам,пас ин чунон ки подшоњ гуфт, маъ-нои кўшиши мањрум кардани мамлакат аз ягона вазири по-квиљдонро дорад ва ин моњи-ятан хиёнат ба давлат хоњад буд. Агар ман ба истеъфо на-равам, њарчанд медонам, ки ба вазирї намешоям-магар ин њам хиёнат ба давлат нест, љин занад! Аз ин мебарояд, ки чї тавре набошад, ман хиёнатко-ри давлат мешавам. Сарамро ба кадом девор занам намедо-нам. Хулласи калом, љои ман паси панљара аст, ман бошам дар ин љо нишаста, њарзагўйи мекунам, ки мани хиёнаткори давлатро «волоњазрат» гўянд! Калла кафонда фикр мекунам, ки чї кор кунам!»

Хонуми вазир чунин мепин-дошт:- Хуб шуд, ки подшоњ истеъфои шавњарашро нахост, акнун умед кардан мумкин аст, ки нафаќаи пурраи њамсараш таъмин хоњад шуд ва подшоњ њиммат карда, мукофоти пулї њам хоњад дод. Ваќте ки љаноби вазир ба вай шубњаи худро баён

кард, ќариб дилаш аз задан мон-да буд.

Њамин тавр, шавњараш наме-донист, ки чї хел рафтор кунад. Чї бояд кард? Нињоят ба хотир овард. Барои чї рўњшиносон дар дунё вуљуд доранд? Ин фикр наљотбахш буд. Оре, рўњшино-сон бояд кўмак расонанд. Аз эњтимол дур нест, ки шавњараш аз аќл бегона шудааст! Бечора! Аз душвории корњои давлатї маѓзи сараш осеб дидааст! Ња-мин тариќ, нафаќаи вазирї ни-гоњ дошта хоњад шуд, эътиќоди подшоњ ќавї гардид, хулоса кор вадаванг!

Инак, рўњшиносони бењтари-ни мамлакатро барои машварат даъват карданд.

Хонуми вазир бетоќатона мунтазир буд, ки онњо чињо мегўянд ва оќибат ба чї ќарор меоянд. Љамъбасташ бад нашуд.

-Ба хулоса омаданд, ки вай аќлашро гум кардааст?-пурсид хонум.

-Табибон китф дарњам каши-данд.

-Чун инсон шояд аќлаш дар љояш бошад, хонуми воло-маќом. Аммо њамчун вазир дар њаќиќат девона шудааст.

-Рост мегўед?-Набошад-чї! Магар дар њаёт

мушоњида шудааст, ки нодонта-рин вазир гуфта бошад, ки вай дар љои худ нанишастааст,-бо як овоз љавоб доданд табибон.

Љаноби вазир рўзњои худро дар шифохонаи рўњї гузаронд. Чунин буд таќдири фољианоки нахустин вазири поквиљдон дар яке аз шоњигарии давлате, дар паси њафт ќатор силсилакўњњо ва њафт бањру уќёнусњои бењудуд.

Ярослав Гашек (адиби чех)

аз русї тарљумаи Њ. Имодї

Таќдири як вазири поквиљдон

Наргис синну солаш ља-вон -њанўз ба 23 нарасида-ву шавњар накарда буд. Дар ноњияи Мўминобод бо па-дару модараш зиндагї ме-кард. Он солњо мардум аз љињати иќтисодї азоб ме-кашиданд. Асо Самиев бо-шад дар шањри Душанбе бо Любов Василевна хонадор шуда, соњиби 4 фарзанд буд.

Баъди 20 соли зиндагии якљояи хушу хурсандона Лю-бов Василевна беморї вазнин шуда фавтид. Асо баъди ба хок супурдани њамсари мењрубонаш ба ноњия ба дидорбинии хешу аќрабояш омад. Падари Наргис ба ќавли акои Асо дар маъра-кае мегўяд, ки њар кас обу нон додани фарзандашро ба гардан гирад, духтарашро ба ў медињад.

-Ман инро метавонам,-ме-гўяд Асо ва Наргисро ба никоњи мусулмонї гирифта, ба шањри Душанбе меорад. Онњо дар хо-

наи 4 њуљрагие, ки пеш Асо бо Любов зиндагї мекард, љой шуда, дар давоми 12 соли њаёти якљоя ба сар бурданашон соњиби ду фарзанд -духтару писар шу-данд.

Баъдтар байни зану шавњар дилхунукї пайдо шуда, муноќи-шањо сар заданд. Кори онњо ба суду судбозї расид. Наргис ари-за барои бекор кардани аќди никоњашонро навишт. Суд зану шавњарро аз њам људо кард. Аз чи сабаб бошад, ки Наргис ба-рои људо кардани алимент ариза нанавишт. Шояд сарчашмааш њамин бошад, ки нигоњубин ва таъмин фарзандонро Асо пеша-кї ба гардан гирифта буд. Саба-би људоиро Наргис дар духтари Асо Зулфия медонад. Ў мегўяд, ки Зулфия ба корњояшон му-дохила карда, ба зиндагиашон монеа эљод мекунад. Ба фикри мо ин далели Наргис он гуна мушкили гирењаш нокушоян-да нест, ки боиси вайроншавии

оила гардад.Асо бошад, нисбати занаш

бадгумон шуд. Ў мегўяд, ки На-ргис њаргуна одамонро ба хона оварда, борњо дарро ба рўяш боз накардааст ва маљбур шу-дааст, ки ба нозири минтаќавї мурољиат намояд. Ин зан бо Саидмурод ном њофиз хонадор шудааст. Њамин ки ба ў чизе фањмонданї шавам, ба як хе-ши дурашон, ки дар Прокура-тураи генералї кор мекунад, занг мезанаду он мард ба нози-ри минтаќавї, бо њар роњ маро гунањгор карданї мешаванд.

-Њадафи Наргис аз хона-доршавиаш бо ман ба даст овардани хонањоям буда-аст, на барпо кардани оилаи солим,-афзуд Асо Самиев,- вагарна ў њуљљатњои хонаеро, ки дар он мувофиќи ќонунњои амалкунанда тамоман њаќбар нест, гирифта пинњон наме-кард. Танњо бо дахолати суд ва нозири минтаќавї Наргис

њуљљатњои хонаро ба соњибаш гардонд. Хонаро то омадани Наргис Асо моњи ноябри соли 1992 бо њамсари пештарааш Любов Василевна харида буд. Наргисро бошад соли 1999 ба занї гирифта, ба ин хона овар-дааст. Суд ба хотири ду фарза-ндаш Наргисро дар њамин хона маскун кард, ба шарти он ки ба зиндагии соњибхона ва на-здиконаш халал ворид накунад. Вале Наргис инро ба инобат нагирифта, касеро, ки хоњад, ба хона оварда љой мекунад. Бо њаќоратњои болохонадо-раш Наргис асабњоямро хароб кардааст, тамоми чизу чораи хонаамро фурўхт- мегўяд Асо. Ин мард ба танг омад. Маќсад гузошт, ки хонаро ба духтараш Зулфия туњфа кунад. Ба идораи нотариалии ноњияи Сино му-рољиат кард, вале баъди даъвои Наргис он аз љониби суд бекор карда шуд.

-Ман њайрон аз онам, ки ча-

ро њамчун соњибмулк хонаамро ба духтарам, ки модари шодра-вонаш дар харидани ин хонањо сањми бештар дошт, њаќќи туњфа кардан надоштаам. Дар ин љо са-воле ба миён меояд, ки суд зану шавњарро људо кард. Онњо дар хонае, ки аз як дар медароянд, оё осуда зиндагї карда метаво-нанд? Охир дар ин хона ду фа-рзанди ноболиѓ зиндагї карда-ву боз фарзандони Асо (аз зани пештарааш) ба дидорбинии па-дар меоянд. Њамчунин ба назди Зулфия омадани одамони барои Асо ношинос низ дар дили ў оташу кинаву нафратро бедор мекунад ва оќибати он ба ягон њодисаи нохуш оварда расондан аз эњтимол дур нест. Гирењи ин мушкилотро кї мекушояд?

-Онњо дар ошёнаи якум зин-дагї мекунанд, агар як хона ба ў додаву бо розигии идораи лоиња-кашї аз тарафи балкон ба На-ргис роњ кушоянд, шояд онњо то андозае ором гиранд.

ГирењЗану шавњари људошуда метавонанд дар як хона бошанд?

Page 19: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014ТољикисТон22 канзи шифоДаруни

њафтпўст чї дорад?

онро дар шароити хона муо-лиља кардан мумкин аст?

Бобоямро як беморие азият медињад, ки наметаво-нем онро аз баданаш дур со-зем. Ба хотире, ки ба духтур рафтан намехоњад, аз ши-кояти мо бемориашро њафт-пўст гуфтанд. Мехостам, дар бораи њафтпўст ва роњњои табобати он маслињат ме-додед.

Нилуфари Саидзода, н. Вахш

Њафтпўстро оташак низ ме-гўянд, ки ба гурўњи беморињои илтињоби фасоднок дохил ме-шавад. Ин дар мавзеъњои ка-лони бофтањо ба вуљуд меояд. Њафтпўст аксаран дар одамо-ни лоѓар, ки ќоидањои гигиенаи шахсиро иљро намекунанд, му-шоњида мешавад. Пўшти гар-дан, тахтапушт, сурин ва ронњо љойњои баромадани њафтпўст мебошад. Бемор дарди сахтро њис карда, њарораташ баланд мешавад. Муолиљаи њафтпўст низ мисли пучак сурат мегирад.Ба бемор пенсилин 8 маротиба ва стрептомитсин ду маротиба дар як шабона рўз бо роњи до-хилимушакї гузаронида шуда, витаминњо, ѓизоњои парњезї, инчунин муолиљаи физиотера-певтї таъин мекунанд. Дар тиб-би ќадим барои муолиљаи чунин беморињо аз хамиртуруш исти-фода мебурданд. Хамиртурушро дар болои њафтпўст гузошта ме-банданд, ки он тамоми ифлосї ва чирку зардобашро кашида мегирад.

Чаро гўши кўдак дард мекунад?

Н и ш о н а њ о и а с о с и и гўшдард чунинанд: кўдак сарашро ин тарафу он тараф љунбонида, бо дасташ онро ќапида, беист гиря мекунад.

Тифлаки ширхора синаи модарашро макида наметаво-над, чунки ваќти макидан дард бештар хурўљ намуда, њарорати баданаш то 38-40 дараља ба-ланд мешавад. Барои шубњаат-онро тасдиќ намудан, нармаки пушти гўши кўдакро каме зер кунед. Агар кўдак якбора гиря кунад, ба варами гўш мубтало гаштааст. Дар кўдакони семоња найчаи садобар ба таври амудї љойгир буда, имконияти тариќи биниву гулў гузаштани њар гуна вирусњо љой доранд. Чун ќоида шамолкашии гўш бо њарорати баланд ва дарди сахти пардаи гўш оѓоз меёбад. Баъзан вара-ми гўш чандон шиддатнок на-мегардад. Дар ин њолат кўдак аз дарди гўшаш шикоят мекунад, аммо њарорати баданаш баланд намешавад.

Кафидани пойонро чї гуна табобат кунем?

Каме хунук хўрам, тамо-ми гирди лабонамро таб-хол гулкорї мекунад ва дер шифо меёбад. Ростї, наме-донам, ки ин аз куљо пайдо мешавад. Баъзењо мегўянд, ки аз тарс мебарояд, вале дар ман нотарсида ин бе-морї хуруљ мекунад. дар бораи беморї ва сабабњои ављи он маълумот дињед.

Яќубљон Муќимов, донишљўйи ДМТ

Табхол бемории сироятї-вирусї буда, бо шаклу андо-зањои гуногун бештар дар луоб-парда ва пўсти одам мебарояд. Њашт намуди табхол маъмул аст. Намуди якуми он одї буда, танњо дар лаб мебарояд. На-въи дуюмаш ба бемории гул ё ќизилча монанд мебошад. На-муди сеюми табхол бо сабаби мононуклеозї ба вуљуд меояд. Сабабе, ки чорум намудашро ба вуљуд меорад, аз рўйи фаъо-

лияти њуљайрањо вобастагї до-рад. Пайдошавии навъњои ди-гари табхолро то имрўз муайян накардаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки табхол дар луобпардаи рўй, чашм, увзњои таносул ва сис-

темаи марказии асаб мебаро-яд. Сабабњои пайдо шудани он паст будани гигиенаи шахсї ва алоќаи наздик бо шахси бемор мебошад.

Аломатњои бемории табхол хеле маъмул аст. Он аз оби-

лањои хурду калон ва гуно-гуншакли сурх иборат буда, хориш мекунад. Дар рўзњои ав-вал беморро дарди мушакњои атрофи сар, њарорати баланди бадан ва мавзеи он, бемадорї ,азият медињад.

Муолиљаи он ба таври одї сурат намегирад. Мутаассифо-на, то имрўз доруњои махсуси вобастабуда, ба таври даќиќ рўйи кор наомадааст. Дар миё-ни мо як сухани маъмул аст, аз тарс табхол мебарояд, ки он асоси илмї надорад. Вале ќайд кардан ба маврид аст, ки њангоми тарсидан тамоми рагу пайванд ва майнаи сари одам чанд сония ё даќиќа дар њолати садама ќарор мегирад ва бо-иси ба вуљуд омадани тамоми беморињо мегардад. Дар бисёр њолат табхол аз шамолкашї ва ба организм афтодани микроб ба вуљуд меояд. Ба воситаи доруњо ва истифода аз тибби ќадим метавонед, ки табхолро муолиља намоед.

Холи табдорчаро азоб медињад?

Масъули сањифа Иззатбек Идиев. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шўъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95Масъули сањифа Мањина Давлатова. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

Њамеша љўроб мепўшам, аз он хотир, ки поям ме-кафаду ба ягон даво сињат намешавад. Ин њолат бе-штар дар фасли гармї ва пўшидани пойафзолњои резинї ба амал меояд ва њатто хун меравад. Кўшиш карда истодаам, ки имсол пеши роњи онро гирам ва мехоњам, ки дар ин маврид маслињатам дињед.

Хурсандой ШарипоВа, сокини н. рўдакї

Пойи зебо ва дилкаш бо-иси ифтихор ва орзуи њама занњо мебошад. Кафидагии пойњо сабабњои зиёд, аз љум-ла номутобиќ будани љойи зист, занбурўѓ,( яъне грибок) дошатни пойњо, шуда мета-вонад. Бо фаро расидани фасли гармї бисёри занњо ба панља, пойњои кафида ва даѓал ањамияти љиддї ме-дињанд, зеро барои пушида-ни пойафзоли зебо, дилкаш ва диќќатљалбкунанда бояд пошнаи пой њамвору сўфта бошад. Њама кўшиш ва талош мекунад, ки нуќсонњои љой-доштаро бартараф кунанд. Ќисми зиёди занњо савол ме-дињанд, ки кафидагии пош-наи пойро чї гуна дур созем? Барои бартарф кардани муш-килии шумо чанд маслињат медињем.

Кафидагии пошнаи пойро чї гуна

муолиља мекунанд? Ваќте дохили дорухонањо

мешавем, барои тамоми бемо-рињо малњамњо гузошта шудааст, ки ба аќидаи бисёрињо фоидаи дилхоњ намедињад. Агар ба шу-мо ягон навъи малњам манфиат бахшид, ўро ба дигар кас тав-сия надињед, зеро организм ва пўст аз як дигар фарќ мекунад

ва метавонад, ки ба шахси тав-сия додаатон ,фоида накунад. Њангоми кафидагии пошнаи пой аз гулу гиёњњои шифобахш, ки дар тибби ќадим маъмул аст, истифода намоед. Ин намуди табобат марњилаи дарозмудда-тро талаб канад њам, вале агар дар муддати муолиља аз дасту-рамалњои додашуда сари ваќт истифода намоед, дар муддати кўтоњ мушкилиатон бартараф мешавад.

Барои мањкам шудани захм ва нест кардани бактерияњо , њамвор ва зебо кардани пўсти шахшул истифодаи бисёр ала-фњо, аз љумла, бобуна, алафи газанда, мармарак, решаи булут ва чойкањаки дар бо љўшонда-шуда , хеле фоидабахш аст.

100 грамм яке аз ин алафњо-ро дар зарф андохта, бо об пур мекунем. Онро дар болои алов гузошта, баъд аз љўшиданаш дар алови паст 20-30 даќиќаи дигар мегузорем. Дар оби ала-фдор 15 даќиќа пойњоятонро нигоњ доред. Баъд пойњоро аз об хушк карда, малњами нар-мкунанда молед. Ин амалро пеш аз хоб кардан лозим аст.

Малњами асалин барои кафидагии

пошна.Ба хамагон маълум аст, ки

асал љињати шифобахшии зиёд дорад. Барои бартараф кар-дани илтињоб, сулфа задан, мулоим кардани мўйи сар ва пўст тавсия медињанд. Инчу-нин кафидагии пошнаи пойро дур карда, онро мулоим, но-зук, дилкаш менамояд. Пеш аз хоб ба пошнаи поятон асал молида, бо салафан печонед. Сањар поятонро бо оби гарм шўед. Ин ќоидаро њама рўза такрор намоед, то он ваќте ки пўсти поятон ба табъи дилатон шавад.

Page 20: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014 ТољикисТон 23варзиш

Рўзи шанбеи 12-уми апрел даври 23-юми чем-пионати Тољикистон оид ба футбол миёни дастањои Лигаи олї оѓоз шуд.

Дар вохўрии аввалини чемпионат дар мавсими 2014 навдастаи Лигаи олї «Дале-рон-Уротеппа»-и Истарав-шан дар майдони худ бо да-стаи «Энергетик»-и Душанбе вохўрд. Ин вохўрї бо натиљаи якранг – 1:1 ба анљом расид. Ин бозї бо ширкати 11 њазор тамошобин дар Варзишгоњи марказии Истаравшан баргу-зор шуд. Дар даќиќаи 30-юми бозї дастаи «Энергетик» њаќи задани пеналтиро ба даст овард. Зарбаро собиќ бози-гари дастаи «Равшан» Њасан Рустамов зад, аммо дарво-забони «Далерон» Фарњод Юлдошев онро баргардонд. Рустамов аввалин шуда ба тўб расид ва муаллифи авва-лин голи чемпионат дар ин мавсим шуд. Соњибони май-дон баъди чанд даќиќа голи љавобї заданд. Абдурањмон Рањмонов бо зарбаи аниќи худ дарвозабони «Энергетик» Миралї Муродовро маљбур кард, ки тўбро аз дохили дар-воза гирад.

Вохўрии дуюми ин давр дар Варзишгоњи марказии

Душанбе миёни дастањои «Истиќ-лол» ва «Регар-ТадАЗ» баргузор шуд. Голи яго-наро дар ин бо-

зї собиќ бозигари «Регар» Хуршед Мањмудов ба дарво-заи турсунзодагињо зад. Дар ќисми дуюми бозї довари марказї Парвиз Муртазоев бозигари мењмонон Њикма-тулло Расуловро барои «љид-дан вайрон кардани ќоидаи бозї» аз майдон ронд, ки ин аввалин корти сурх дар ин мавсим ба њисоб меравад. Ду-шанбегињо бо ин ѓалабаи худ соњиби 3 хол шуданд.

Дар нишасти баъди бозї сармураббии «Истиќлол» Мубин Эргашев ќайд кард, ки шогирдонаш дар њамаи бо-зињо бояд бо ќувваи дучанд мубориза баранд, чунки дар ин мавсим бозињо осон на-хоњанд буд. Сармураббии «Регар» Алишер Њаќбердиев аз бозии шогирдонаш ќано-атмандї карда гуфт, ки но-вобаста аз њайати њариф, ки 99 фоизи дастаи мунтахаби Тољикистонро ташкил меку-нанд, бачањо то охир мубори-за бурданд. «Ин бозї барои даста ва барои ман њамчун мураббї имтињони љиддї буд», - гуфт Њаќбердиев.

Рўзи якшанбе дастаи «Хайр»-и Вањдат дар сафар бо дубли Мирзобек Мирзоев бозиро бо КМВА «Помир» якранг кард.

Ин аввалин дубли чем-пионат дар ин мавсим буд. Дар даќиќаи 33-юм бозига-ри «Помир» Руслан Тилоев аз майдон ронда шуд. Дастаи «Хуљанд» дар майдони худ дар даќиќањои охир голи ягона-

ро зада, бар дастаи «Вахш»-и Ќурѓонтеппа ѓалаба кард – 1:0.

Бозии дастањои «Равшан»-и Кўлоб ва «Парвоз»-и ноњи-яи Бобољони Ѓафуров, аз са-баби дар Љоми AFC ширкат кардани дастаи шањри Кўлоб, аз рўзи 13-уми апрел ба рўзи 7-уми май гузаронида шуд.

Чемпионати Тољикистон. Лигаи олї. Даври 1-ум

«Далерон-Уротеппа» - «Энергетик» - 1:1

Голњо: Њасан Рустамов, 30 (0:1). Абдурањмон Ќурбонов, 36 (1:1).

12 апрел. Истаравшан. Ва-рзишгоњи марказї. 11 000 та-мошобин.

«Истиќлол» - «Регар-Та-дАЗ» - 1:0

Гол: Хуршед Мањмудов, 28.12 апрел. Душанбе. Ва-

рзишгоњи марказї. 1000 та-мошобин.

КМВА «Помир» - «Хайр» - 2:2

Голњо: Алия Силла, 30 (1:0). Фаридун Шарипов, 38 (2:0). Мирзобек Мирзоев, 45+1 (2:1). Мирзобек Мир-зоев, 90+1 (2:2).

13 апрел. Душанбе. Ва-рзишгоњи КМВА Вазорати мудофиаи ЉТ. 3000 тамошо-бин.

«Хуљанд» - «Вахш» - 1:0Гол: Манучењр Ањмадов,

88.13 апрел. Хуљанд. Варзиш-

гоњи «20-солагии Истиќлоли-яти Тољикистон». 7000 тамо-шобин.

Футболи Тољикистон оѓоз шуд

Дастаи мунтахаби љавоно-ни Тољикистон оид ба футбол (U-16) дар мусобиќаи њар-солаи байналхалќии Љоми Каспий ширкат хоњад кард.

Ин мусобиќа байни футбол-бозони то 17-сола аз 28-уми май то 6-уми июн дар кишва-ри Озарбойљон мегузарад. Дар Љоми Каспий 12 даста иштирок мекунанд. Мувофиќи ќуръака-шї дастаи мунахаби љавонони Тољикистон дар гурўњи «С» бо дастањои Љопон ва Гурљистон бозї мекунад. Љавонони тољик рўзи 29-уми май бо љопонињо ва 30-юми май бо гурљињо ќувва месанљанд.

Дастањои иштирокчї ба чор гурўњ људо шуданд, ки

дар њар гурўње се даста бо њам бозї мекунанд. Дастањое, ки дар гурўњи худ љойи якумро мегиранд, баъди ду бозї дар нимфинал ва финал мубори-за хоњанд бурд. Дастањое, ки зинањои дуюмро соњиб меша-ванд, барои ишѓоли љойњои 5-8, дастањои љойи охир барои маќоми аз 9 то 12 мубориза ме-баранд.

Дастањо дар гурўњњо чунин таќсим шуданд:

Гурўњи «А»: Озарбойљон-1, Афѓонистон, Булѓористон.

Гурўњи «В»: Озарбойљон -2, Ќирѓизистон, Эрон.

Гурўњи «С»: Љопон, Гурљи-стон, Тољикистон.

Гурўњи «D»: Туркия, Ўзбеки-стон, Ќазоќистон.

Љавонони тољик

ба Љоми Каспий мераванд

Масъули сањифа Шўњрат Давлатшоев. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

Анвар Юнусов дар му-собиќаи анъанавии бай-налмилалї бокс, ки дар Полша аз 8-ум то 13-уми апрел баргузор шуд, меда-ли нуќра ба даст овард.

Дар мусобиќаи XXXI бай-налмилалї оид ба бокс ба хо-тираи мураббии машњур Фе-ликс Штамм Анвар Юнусов дар вазни то 60 кг љойи дуюмро гирифт. Вай аввал бар Артур Субњонќулови русиягї, баъдан бар Де Љесус Љодисони бра-зилї, сипас бар Давид Оливер Љоуси ирландї ѓолиб омад ва ба финал баромад. Боксчии тољик дар ќувваозмоии финалї аз Отар Ераносян аз Гурљистон бо њисоби 1:2 маѓлуб шуд ва бо медали нуќра сарфароз гашт.

Дар ин мусобиќаи анъанавии байналмилалї 98 мард ва 43 зан аз 23 кишвар ширкат доштанд. Дар њисоби умумидастаї дастаи мунтахаби Полшан бо 4 медали тило, 4 нуќра ва 6 биринљї ѓо-либ шуд. Дастаи мунтахаби Ру-сия бо 2 медали тило, 2 нуќра ва

2 биринљї дар љойи дуюм ва да-стаи мунтахаби Гурљистон бо 2 медали тило ва 4 – биринљї дар љойи сеюм ќарор гирифтанд.

Тољикистон бо як медали нуќра баъди се дастаи пешсаф, инчунин дастањои Ирландия, Англия, Ќазоќистон, Украина, Иёлоти Муттањидаи Америка ва Канада љойи 10-умро азони худ кард ва аз тимњои Ќатар, Руминия, Испания, Чин, Булѓористон, Белгия, Бела-рус, Юнон ва Зеландия Нав, ки соњибони медалњо шуданд, пеш гузашт.

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринљии Олимпиадаи Лондон-2012 , ба ин мусобиќа роњ дода нашуд. Дар номае, ки аз номи ташкилкунандагони ин мусобиќаи байналмилалї ба унвони ин боксчї омадааст, гуфта мешавад, ки дар мусо-биќа байни занон дар вазни то 60 кг њамаи 16 љой пур шудааст.

Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов дар чемпионати Осиё, ки моњњои май-июн баргузор мешавад, ширкат хоњанд кард.

Анвар Юнусовмедали нуќра гирифт

Page 21: Точикистон №16

№ 16 (1058) 17 апрели соли 2014ТољикисТон24 фароѓат

Хандеду забон биомўзед!

Хулќи бадМардумозоре њар рўз дилу забони гўсфандро бирён карда

мехўрд.Аз ў пурсиданд:— Забону дили гўсфанд чї фоида дорад?— Мехоњам, ки дилам софу забонам пок шавад, - гуфт ў.— Наход барои аз мардумозорї халос шудан дилу забони

гўсфанд фоида бахшад?Афандї, ки ин суњбатро бо диќќат гўш мекард, гуфт:— Бењуда! «Хулќе, ки бо шир ояд, бо љон барояд».

Ill-naturedEvery day an ill-natured man ate a roasted tongue and a heart

of a sheep. People asked him, «What’s the use of it?»«I want my heart to be kind and my tongue to be sweet and

hon- est», followed the answer.«Will such food really help you to get rid of the habit of offend-

ing people?»Afandi, who was following their conversation, noted, «It’s no

use! The leopard cannot change his spots!»

Илњом гурехтБулњавасе хост шеъре нависад. Њамин ваќт харе њангас зад.

Ў бо ќањр гуфт:— Лаънатї, илњомамро гурезонд!— Наход њангаси хар илњомро гурезонад? – пурсиданд аз ў.Афандї, ки он љо буд, гуфт:— Ња, «Шайхро њунар нест, хонаќоњ танг аст».

InspirationA graphomaniac wanted to write a poem. At that very moment

he heard a cry of a donkey. The unfortunate poet exclaimed angrily,«Damned donkey! My inspiration has left me!»«Do you mean to say that the cry of this donkey could cause it?»people asked him.Afandi, who was there said, «Don’t lay the blame at someone

else’s door».

ГўсфандмиљозЗани сабукпое баъди шаш моњи хонадорї писар таваллудкард. Аз шавњари девонаавзояш пурсиданд:— Кўдак аз кї: аз ту ё дигар кас?— Аз они худам! – дўѓ зад ў.— О, дар шаш моњ?..Афандї, ки мољарои онњоро гўш мекард, гуфт:— Маѓал накунед?! Мумкин, соли занаш гўсфанд бошад.

The year of the ramA frivolous woman delivered a baby six months after her mar-

riage. Relatives asked an angry husband, «Who is the father of this boy?»

«I am», he responded menacingly.«In six months’ time?»Afandi, who heard them quarrelling, said, «Stop quarrelling!

Maybe his wife was born in the year of the Ram».

Сафо њалимї

Як латифа бо ду забон