maorifi_tojikiston #6 2012

80
Маорифи ТољикисТон № 6 ноябр – декабр 2012 Маљаллаи илмї, маърифатї ва таълимию методї

Upload: shodi-shokirzoda

Post on 09-Mar-2016

285 views

Category:

Documents


40 download

DESCRIPTION

Maorifi_Tojikiston #6 2012

TRANSCRIPT

МаорифиТољикисТон

№ 6ноябр – декабр

2012

Маљаллаи илмї, маърифатї ва таълимию методї

СардабирШодї ШОКирЗОда

ЊАЙАТИ ТАЊРИР:ирина КаримОва, президенти Академияи тањ силоти Тољикистон, доктори илмњои пе­да гогї, про фес сор, узви пайвастаи Академияи тањ силоти То љи кис тон.

мањмадулло ЛУТФУЛЛОЕв, узви пайва­стаи Ака демияи тањсилоти Тољикистон, док­тори илм њои пе дагогї, профессор.

Шамсуллоњ иСЛОмОв, номзади илмњои пе­да гогї.

ШЎРОИ МАШВАРАТЇ:Нуриддин СаидОв, вазири маорифи Љум­њурии То љикистон, доктори илмњои фалсафа, профессор.

рањимљон СаидОв, сардори Хадамоти дав­латии назорат дар соњаи маориф, номзади илмњои техникї.

абдурозиќ риЗОЕв, раиси Кумитаи љумњу­рия вии иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илм.

Шарифмуроди иСрОФиЛНиё, директо­ри Па жў њиш гоњи рушди маорифи Академияи тањ си лоти То љикистон, доктори илмњои фи­лологї.

Латофат НаЗирОва, директори Донишкадаи љум њуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кор мандони маорифи Академияи тањсилоти Тољи кистон, номзади илмњои педагогї.

Файзулло ПарТОвОв, директори Маркази таъ лимию методии назди Вазорати маориф, ном зади илмњои педагогї.

Њабиб иСКаНдарОв, собиќадори мењнат, ба ран даи Љоизаи Президенти Љумњурии Тољи­кис тон дар соњаи маориф.

мањмудхон ШОЕв, котиби матбуотии Ва­зорати маориф.

Муассисаи давлатии Маљаллаи «Маорифи тољикистон»

мУаССиС:вазорати маорифи

Љумњурии Тољикистон

Маљалла аз моњи июли соли 1991 то моњи феврали соли 2006 бо номи «Адаб» 73 шу мора чоп шуд.

Дар таърихи 28-уми июли соли 2006 тањти ра-ќами 001-3110 дар Вазо-рати адлияи Љум њурии То-љи кистон аз нав њамчун «Муассисаи дав латии ма-љаллаи «Маорифи Тољи-кис тон» ба ќайд ги рифта шудааст.

Шумораи №6 (114)

Дар маљалла ба хотири гуногунандешї маќолањое низ чоп мешаванд, ки идо-раи нашрия метавонад бо муаллифон њамаќида на бо-шад ва масъулиятро ба дўш нагирад.

Идора маводро дар њаљ-ми то 8 сањифаи компю-терии њарфи андозаи 14-и Times New Roman Tj ќабул менамояд.

Чопи матолиби нашрия бо нишон додани манбаъ ва ирсоли њатмии нусхаи он ба идораи маљалла мумкин аст.

Дастхат ва суратњо ба муал лифон баргардонида на мешаванд.

Ф е Њ р И С Т И М а Т о Л И бЉаШНвОра

Ирина Каримова, Мањмадулло Лутфуллоев. Академияи тањсилоти

Тољикистон - нињоди олии илми соњавї .......................................5

иСЛОЊОТи маОриФ - ТаЌОЗОи ЗамОН

Рањматшо Рањматов. Ќонуни роњнамо ва сарнавиштсоз ........................... 16

Сайфуллоњ Мањкамов. Омўзиши таљрибаи пешќадам - яке аз воситањои

баланд бардоштани мањорати педагогии омўзгорон ................. 26

биёЕд, ба аНдЕШа ПардОЗЕм

Фотењи Абдуллоњ. Чањор гуфтор дар бораи омўзгор ................................... 30

биОмЎЗЕм, ТО биОмЎЗОНЕм

Таваралї Нозимпур Зиёзода. Даврабандии таърихи халќи тољик

ва таърихи умумї њамчун масъалаи методологї ....................... 41

Мўњсин Шарифов. Наќши фанњои љомеашиносї дар ташаккули

маърифати шањрвандии хонандагон ............................................ 51

КОШОНаи мЕЊр

Шодї Шокирзода. Њамнишини воизи хирадманд ......................................... 56

Мирзоалї Алиев. Шасти камолот .................................................................... 64

миНбари ТаЉриба

Бибивахї Мирбобоева. Таълими њамгиро ва самаранокии он

дар таълими забони модарии синфњои ибтидої ........................ 68

Њасан Содиќов. Бори дигар оид ба корњои хаттї ва шаклњои он ............... 72

Гулмурод Неъматов. Истифодаи бозињои таълимї дар дарс ...................... 75

Фатњулло Кароматзода. Интихоби касб – рукни асосии кори

таълиму тарбия .............................................................................. 77

ПаЙКи мЕЊр

Донишманди тољик - узви Академияи забони арабї дар Ќоњира ............... 79

4 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

Н О м а и м Е Њ р

Ба таъсиси Академияи тањсилоти Тољикистон дањ сол пур шуд. Ин нињоди олии илмии соњавї дар шароите арзи вуљуд кард, ки дар саросари љумњурї ќадамњои нахустини ислоњоти соњаи маориф гузошта мешуданд. Худи њамин раванд муњимтарин вазифањои Академияи тањсилоти Тољикистонро муайян намуд, ки он аз нигоњи илмї таъмин ва асоснок кардани ислоњот буд. Ба ин маънї муњимтарин вазифаи Академияи тањсилоти Тољикистонро инки­шофи тањќиќи бунёдї дар равияњои асосии илмњои педагогика, психологияи педагогї, дидактикаи умумї ва хусусї, таъмини тањќиќи илмии дурнамо, ки барои баланд бардоштани сатњи мактаб ва маорифи љумњурї муњим мебо­шад, њамоњангсозии илми педагогикаи мактаб ва муассисањои олии таълимї ба хотири инкишофи њамаљонибаи илми педагогика ва амалї намудани сиёса­ти ягона дар соњаи маориф ва амсоли инњо ташкил медињад. Хушбахтона, фаъолияти густурдаи Академияи тањсилоти Тољикистон бозгўи он аст, ки ин нињоди олии илмї ба пешрафти тањќиќи бунёдї ва амалии соњаи маориф таъсири пурфайзе расонида, дастовардњои аъзои пайваста ва вобастаи он, њайати профессорону кормандони муассиса дар амалї гардидани сиёсати маорифпарваронаш роњбарияти давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон наќши басо муассир ва мондагор доранд. Имрўз аъзои пайваста ва вобастаи академия устодони арљманд М.Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, У.Зубайдов, И.Х.Каримова, У.Нўъмонов, С.Бандаев, Ќ.Ќодиров, С.Шербоев, профессор С.Сулаймонї ва дигарон ба сифати бунёдгузори самтњои бунёдии илми педагогикаи миллї ёд мешавад ва таълифоти пурмояи эшон на танњо дар дохили кишвар, балки аз тариќи нашрияњои мўътабари илмии хориљї низ пайваста чоп мешаванд ва ин албатта, боиси ифтихори њар соњибватан мебошад.

Бо истифода аз фурсат тамоми кормандони Академияи тањсилоти Тољикистонро ба муносибати дањумин солгарди таъсиси муассиса самимона тањният гуфта, барояшон хонаободї, сарбаландї ва тавфиќи бештаре дар зиндагї ва корњои илмиву эљодиро хоњонем.

Бо самимияти беандоза,Ноилшо НУРАЛИЕВ,

сармуњаррири њафтаномаи «Омўзгор»,Саида НАБИЕВА,

сармуњаррири маљаллаи «Маърифати омўзгор»,Шодї ШОКИРЗОДА,

сардабири маљаллаи «Маорифи Тољикистон»

5«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

Давлати абарќудрати шўравї пас аз солњои 50-уми асри XX имко-ният дошт, ки дар љумњурињои со-биќи ќаламраваш, аз љумла, дар То-љикистон Академияи илмњои педагогї таъсис дињад. Вале танњо бо як муас-сисаи илмии Академияи илмњои пе-дагогии ИЉШС ќаноат карда, бањри сомони ин амри хайр њатто кўшише ба харљ дода намешуд. Он замон гоњ ошкор ва гоње њам пинњонї дастуре садо медод, ки проблемањои назари-яи педагогика дар академияи мавсуф тањлилу тањќиќ шаванд, басанда аст. Пажў њишгоњњое, ки дар љумњурињои алоњида ташкил ёфта буданд, асосан масъалањои амалии таълиму тарби-яро мавриди тањлилу тањќиќ ќарор дињанд. Албатта, ин тамоил, аз як та-раф, дуруст буд, зеро нерўњои асосии

илми педагогика дар маркази ягона ва умумї - Академияи илмњои педаго-гии ИЉШС гирд оварда шуда буданд. Аз тарафи дигар, ба назари мо, ба эъ-тибор нагирифтани ќонуниятњои био-логию табиї, хусусиятњои психоло-гии насли наврас, имконият ва вазъи таърихию маънавии халќу миллатњо иштибоњи бузург мањсуб мегардид. Зеро педагогика њамчун илм ваќте ба дархости љомеа љавоб медињад, ки њамаи ќонунияту принсипњо, хусусия-ту имкониятњои он ба назар гирифта шаванд. Дар акси њол он аз амалия фарсахњо дур хоњад шуд.

Солњои 90-уми асри гузашта ба сурати ошкор эњсос мешуд, ки ама-лияи низоми таълиму тарбия дар мактабњои Тољикистон ба назария эњтиёљ дорад. Барои коркард ва тањ-

Ирина КАРИМОВА,Президенти Академияи

тањсилоти Тољикистон,

Мањмадулло ЛУТФУЛЛОЕВ,

узви пайвастаи Академияи тањсилоти

Тољкистон

аКадЕмиЯи ТаЊСиЛОТи ТОЉиКиСТОН

НИЊОДИ ОЛИИ ИЛМИ СОЊАВЇ

6 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

ќиќи назарияи боэътимод муассисаи илмие лозим буд, ки гурўњи оли-мони соњаро муттањид созад. Дар Тољикистон шароити айнию зењнии ташкили чунин муассиса пухта ра-сида буд. Ин ва дигар омилњо моро водор намуд, ки тавассути маљлису сўњбатњо, вохўрию рўзномањо фикра-монро изњор намоем. Хушбахтона, равшанфикрони зиёд моро дастгирї намуданд. Бар замми ин таќдир баландї карду бахт ба рўи халќи тољик хандид: Љумњурии Тољикистон (соли 1991) соњиби истиќлоли воќеї ва комилан мустаќил гардид. Бо вуљуди он ки роњ њамвор набуду мушкилињои зиёди сиёсї, иќтисодї ва иљтимої пешорўямон ќарор до-штанд, аќл бар эњсос ѓолиб омаду иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар шањри Хуљанд Эмомалї Рањмонро рўи кор овард. Ин фарзанди асили миллат, ба ќавли профессор Иброњим Усмонов, «њамчун нохудои киштии наљотбахши сарнавишти миллат» киштиро аз шикастанњо ва порашуданњо наљот бахшид» Эмомалї Рањмон дар кору фаъолияти худ маорифу таълиму тар-бияро самти асосї ва стратегї эълон намуда, онро омили муњимтарини тањкими давлат ва наљоти миллат номид.

Сарвари кишварамон нагузошт маориф, ки дастоварди бузурги мил-лати мутамаддин аст, пош бихўрад. Ў бо ифтихор мегўяд: «Мањз неъмату баракати њамин истиќлолият аст, бо вуљуди бўњрони шадиди иќтисодии њанўз аввали солњои 90-ум сарза-да мо тавонистем, ки ба тамоман

фалаљ шудани соњаи маориф ва па-роканда гардидани марказњои илмию фарњангиамон роњ надињем». Пре-зиденти мамлакат Эмомалї Рањмон хуб дарк мекард, ки бе тањќиќи масъалањои назарї ва омўхтани таљрибаи пешќадами љањонї кори таълиму тарбияро пеш бурдан амри муњол аст. Бинобар ин дастур дод, ки барои таъмиру сохтмони биноњои нави таълимї, таълимгоњњои типи нав, марказњои илмию тарбиявї, варзишгоњњо, таљњизоти компютерию таълимї, аз љумла, ташкили Акаде-мияи илмњои педагогї тамоми чорањо андешида шаванд. Ин даъват тамоми ходимони илми соњаи таълиму тарби-яро рўњбаланд намуда, бањри тањияи њуљљатњои зарурї камари њиммат ба-станд.

Бояд эътироф намуд, ки дар ин хусус сањми вазири маорифи ваќт Сафаралї Раљабов (равонаш шод бод!) кам нест. Гурўњи кор мањз бо роњбарии ў њуљљатњои асосиро омо-да ва ба Њукумати кишвар пешнињод намуд. Дар таърихи 3-юми декабри соли 2002, тањти раќами 482 ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Академияи илмњои пе-дагогии назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон» ба тас-виб расид. Моњиятан ин ќарор аз оѓози фаъолияти ин нињоди илмии олии соњавї дарак медод, ки зо-даи истиќлоли Тољикистони азиз аст. Нахустпрезиденти Академия академик Мањмадулло Лутфуллоев (Мањмадуллои Лутф) интихоб гардид.

Пас аз ин вобаста ба фаъолияти Академия амри Президенти кишвар

7«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

Эмомалї Рањмон ва ќарори дигари Њукумати љумњурї содир шуданд. Дар амри Президенти Љумњурии Тољикистон, ки 30-юми июли соли 2004, тањти раќами АП-1496 содир шуда буд, масъалаи унвонпулї њал гардид. Тибќи он унвонпулии узви пайвастаи (академики) Академияи илмњои педагогии назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон дар њаљми баробар ба 100 (сад) доллари ШМА ва узви вобастаи ин Академия дар њаљми баробар ба 50 (панљоњ) доллари ШМА муќаррар карда шуд. Моњи апрели соли 2011 њаљми ун вон-пулї ду баробар афзуд, ки ин аз ѓам-хории маќомоти олии кишвар нисбат ба илму ањли илм гувоњї медињад.

Ќарори Њукумати Љумњурии Тољи-кистон аз 29-уми апрели соли 2009, раќами 264 дар хусуси иваз намудани номи академия содир шуд ва тибќи он Муассисаи давлатии «Академияи илмњои педагогии назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон» Муассисаи давлатии «Академияи тањсилоти Тољикистон» номгузорї карда шуд.

Ба ин тариќ, алњол дар њайати Раё сати Академияи тањсилоти То љи-кистон, ки сарварии онро академик И.Х. Каримова ба ўњда дорад, 4 узви пайваста ва 7 узви вобас та фаъоли-ят мекунанд. Сохтори академия аз шўъбањои арзёбии тањсилот, илм ва татбиќи мавзўъњои фармоишї, омў-зиши масъалањои сиёсати тањсилот, бахшњои аспирантураю докторантура (дар назди Пажўњишгоњи рушди мао-риф), кадрњо, шўъбањои муњосиботу хољагидорї иборат аст.

Академияи тањсилоти Тољикистон ба њалли масъалањои банаќшагирї, њамоњангсозї, роњбарии илмию ме-тодии рушди тањќиќи афзалиятноки бунёдї ва амалии соњаи маориф, ис-тифодаи пурсамари дастовардњои илм ва тарбияи кадрњои илмии ба-ландихтисос машѓул аст. Дар наз-ди академия Шўрои дифои рисолаи докторї доир ба тахассуси педаго-гикаи умумї, таърихи педагогика ва тањсилот (13.00.01) ва тахассуси ме-тодикаи таълими забонњои тољикї ва русї (13.00.02) фаъолият меку-нанд. Маљаллаи «Паёми Академияи тањсилот» нашрияи академия мебо-шад.

ДАЊ СОЛИ љУСТУљЎ ВА чАНД ВАЗИФА

Ќобили ќайд аст, њамаи онњое, ки узви Академияи тањсилот Тољикистон мебошанд, педагогњои асил буда, мактаби бузурги илмї ва роњбариро паси сар кардаанд. Њамин аст, ки дар њалли бисёр масъалањое, ки љомеа ба миён мегузорад, ба азми дурусту саъйи комил сањмгузорї мекунанд. Дар ин маврид аз чандеи онњо ёдовар мешавем.

Якум. Баробари пош хўрдани Ит-тињоди Шўравї тањияи тамоми њуљ-љатњои мактабу маориф, аз ќабили наќшањои таълим, барномањои таъ-лим ва њатто китобњои дарсї, ки пеш аз марказ (Маскав) ворид ме-шуданд, ба дўши худамон афтод. Вале мо аксаран таљриба надоштем. Инак, зарурате пеш омад, ки кадрњои мањаллиро барои тањияи ин мавод

8 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

тарбия ва пешбарї намоем. Наќшаю барномањои таълим ва китобњои дар-сї, ки бо андаке таѓйир имрўзњо дар мактабњо истифода мешаванд, асосан њамон ваќт аввал аз љониби корман-дони илми Пажўњишгоњи илмњои педагогї (њоло Пажўњишгоњи рушди маориф) ва баъдтар аз тарафи аъзои Академияи илмњои педагогї гузошта шудаанд.

Аъзои академия дар тањияи Ќо-нуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо раи маориф», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулия-ти падару модар дар таълиму тар-бияи фарзанд», «Конепсияи мак-таби миллї», «Консепсияи миллии тањсилот», «Консепсияи миллии тар-бия дар Љумњурии Тољикистон» сањми сазовор гузошта, худ стандартњои давлатии тањсилоти фанњои синфњои ибтидої, забони модарї, адабиёт, таърих, география, химия, биоло-гия, математика ва ѓайраро мураттаб сохтанд, ки њамаи ин дар китобњои «Стандарти давлатии тањсилоти мак-таби миёнаи умумї» (ќисмњои 1 ва 2) дарљ ёфтааст ва њоло боз худи аъзоё-ни академия ба онњо таѓйир ворид месозанд.

Дуюм. Дар робита ба соњибистиќ-лолии љумњуриамон масъалаи эњёи педагогикаи ниёгон ба миён омад. Ќариб аксарияти аъзои академия во-баста ба мавзўи тањќиќии худ ба ин масъала дахл карданд ва хуб шуд, ки имрўз њар як муњаќќиќ кори худро аз афкори педагогии ниёгонамон оѓоз менамояд ва чун аз бузургон ба некї ёд мекунад, кораш барор мегирад.

Тањќиќњо оид ба масъалаи афко-ри педагогикаи ниёгон оѓози коранд. Баробари ин чанд асари муњим рўйи кор омад. Китобњои М.Лутфуллоев «Эњёи педагогикаи Аљам», «Ша-рафномаи миллат», «Тољикистон-Ватанам, ифтихорам», «Пандномаи Аљам», «Тољикистони соњибистиќлол ва масъалањои тарбия», «Инсон ва тарбия», «Педагогикаи башар»; шод-равон Х.Афзалов «Таърихи педагоги-каи халќи тољик (дар њаммуаллифї), «Системаи маорифи халќ дар мам-лакатњои мутараќќї ва рў ба тараќќї (дар њаммуаллифї), «Таърихи педаго-гикаи тољик»; Ф.Шарифзода «Маъ-рифат - асоси рушди љомеа (дар њаммуаллифї), «Њикмати афкори пе-дагогии ниёгон» (дар њаммуаллифї), «Педагогикаи ќарни XXI»; Ќ.Ќодиров «Аќидањои педагогии Фирдавсї», «Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тољикон аз ањди ќадим то зуњури ислом», «Самтњои дидактикии истифодаи технологияњои иттилоотии таълим дар мактаби олї»,«Таълимоти маорифпарварї дар таърихи афко-ри иљтимоии халќи тољик», «Афко-ри педагогии њамасрони Рўдакї», «Вожаномаи истилоњоти педагогї - психологї», «Дирўз ва имрўзи мао-рифи Љумњурии Тољикистон» (дар њаммуаллифї), инчунин «Анталогияи педагогии халќи тољик» (гурўњи му-раттибон, ба забони русї) ва ѓайра аз њамин ќабиланд.

Муаммои таълими њамгиро ва таф риќа. Дар аксари кишварњои гу-ногун силсилаи фанњо, ки маќсаду вазифањои дидактикиашон бо њам наздиканд, ба тариќи њамгиро, яъне,

9«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

њамроњ, махлут таълим дода меша-ванд, ки дар забонњои дигар инте­гратсия меноманд. Интегратсия аз калимаи лотини интегратион гириф-та шуда, ба маънои барќарорсозї, мукаммалсозї, пайвастсозї, комил кардан, пурра кардан меояд. Ма-салан, агар ба наќшаи таълимии синфњои ибтидої назар андозем, дар сатри аввал як фанни умумии «Забони модарї» навишта шудааст. Дар мактабњои мо ба сохти таълими мактабњои Русия таќлид карда, ин фанни умумиро пора-пора намуда, дар шакли «Забони модарї» (грам-матика ва имло), «Хониш», «Њусни хат» ва «Машѓулиятњои инкишофи нутќ» пешнињод намуданд, яъне аз як фанни барои мо муњим чор фан сохтанд. Дар натиља, талабањо чор сол хонда, на дуруст хонда метаво-нистанд, на навишта. Њалли ин му-амморо академик Файзулло Шариф-зода ба зимма гирифта, гирењи онро кушод: љињатњои манфию мусбатро дар тарозуи аќл ва озмоиш гузошта, њаќиќатро барќарор намуд. Аз ин њаќиќати воќеї ќариб бист сол гу-зашта бошад њам, њанўз њам баъзењо табл мезананд, ки мо «хониш»-ро аз даст додем. Њол он ки агар талабањои синфњои I-IV њафтае 4-5 соат хониш мехонданд, њоло 8-10 соат хониш ме-хонанд. Ба китобњои дарсии «Забо-ни модарї», ки мувофиќи таълимоти њамгиро таълиф шудаанд, як назар андозед. Њамаи дарсњо (ба љуз имло) аз хониш сар мешаванд:

– матнро мехонем;– оид ба мазмуни матн саволу ља-

воб мегузаронем;

– ќањрамонњои мусбату манфиро муайян мекунем;

– љонибдории худро изњор мена-моем.

Агар муаллифе ин талаботро на-гузошта бошад ва муаллиме онро анљом надињад, пас, ин айби таълими њамгиро нест!

Пояњои илмию амалии таълими њамгиро дар чанд асари академик Ф. Шарифзода, аз љумла, «Таълими њамгиро - асоси инкишоф ва тар-бия», «Назария ва амалияи таъли-ми њамгиро дар марњилаи ибтидоии мактаби миёна», «Таълими њамгиро: проблема, тањќиќ ва андешањо (ду ки-тоб), «Педагогикаи њамгиро» асоснок карда шудаанд.

Машриќзамин на танњо бо хурше-ди нурбахшу њаловатбахш, бо шои-рону нависандагонаш, бо сарзамини њосилхезаш, мевањои шањдбораш, родмардони љасуру далераш машњур аст, он ифтихор дорад, ки олимону мутафаккирони зиёдеро ба олам њадя намудааст. Фарзанди барўманди халќи тољик, олими њамадон Абўалї ибни Сино, дар доираи илми Авру-по бо номи Авитсинна машњур аст, њанўз дар асри X масъалаи таълими тафриќаро ба миён гузошта буд. Ба ќавли ў, «Устод… бояд бидонад, ки наметавонад ба њар шогирд њар санъа­теро (илм, касб, њунар) таъмин кунад, балки њар кадом аз шогирдон завќу шо­истагии омўхтан ва фаро гирифтани саноати махсусеро доранд. Бояд ба њар кас муносиби завќу истеъдодаш саноат омўхт, вагарна таълиму тар­бия натиљаи матлуб намедињад».

10 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

Афкори педагогии Ибни Синоро оид ба таълими тафриќа Хоља На-сруддини Тусї (1218-1293) дастгирї мекунад. Ў ба масъалаи табиат ва сиришти кўдак ањамият дода мена-висад: «Бењтар ва шоистатар он аст, ки ба табиати кўдак назар ва тариќи фаросату зиракии ў эътибор дињанд ва донанд, ки чї навъ илму њунарро барои ёд гирифтан дар нињоди ў сиришта бошад, ўро ба он навъи њунар машѓул гардонанд. Зеро њама кас ба ёд гириф­тани њама чизњо истеъдод надорад».

Њамин тавр, бунгоњи таълими тафриќа кишвари мо бошад њам, ин љо ривољ наёфт. Баръакс, дар Авру-пои ѓарбї ва Амрико макон касб на-муд. Пас аз ташкили Давлати Шўравї дар кишвари мо то солњои 30-и асри гузашта (ХХ) то андозае таъсир дошт. Солњои 30-юм як ќисм педагогњо ва роњбарони маорифи халќ моњияти таълими тафриќаро баррасї наму-да, дар бобати татбиќи амалии он андешањои худро баён кардаанд. А.В.Луначарский «Принсипњои асо-сии мактаби ягонаи мењнатї»-ро омо-да карда, ќайд намуд, ки «Мактаби ягона ин маъно дорад, ки њама бачањо ба ин ё он типи мактаб дохил шуда, зина ба зина пеш мераванд ва то зинаи охирин ќадам мегузоранд».

Барои он ки минбаъд мактаб роњгум назанаду якрангаю яктипа на-шавад, Луначарский фикрашро эзоњ медињад: «Бинобар он, аз синну соли муайян иљозат дода мешавад, ки дар мактаб шохањо ё гурўњ ё зергурўњњо ташкил гарданд. Ва таълими фанњои алоњида дар ин зергурўњњо бо рангу бўи тоза идома ёбад». А.В. Луначар-

скийро на танњо њамчун комиссари маорифи халќ, инчунин педагоги барљаста њам мешинохтанд. Дар су-рате, ки вай дар мактаб гурўњњо ва зергурўњњоро пешнињод менамояд, пеш аз њама, ќобилият ва истеъдоди гуногуни бачањоро дар назар дошт ва наѓз мефањмид, ки дар њамаи солу замонњо «ба давлат мутахассисон ло­зиманд… на онњое, ки њама чизро каму беш мефањманду ягон чизро то охир намедонанд».

Оре, ин фикри солиму андешаи нек буд дар њамон солњо ва агар амалї мешуд, мактаби мо имрўз ба бўњрони якрангию камањамиятї фурў намерафт. Њалли проблемаи таъли-ми тафриќа дар замони истиќлолият ба зиммаи академик У.Зубайдов аф-тод. Ў оид ба таълими тафриќа кори бунёдї ба анљом расонд ва дар чанд маќолаю китобњои худ, аз љумла «Тафриќа - нерўи пешрави раван-ди таълим» исбот кард, ки таълими тафриќа дар асоси ќобилият, лаёќат, дониш, пешрафт, имконият ва шавќу њаваси бачањо ба роњ монда мешавад.

Дар асоси ба назар гирифтани њамин љињатњо ё нишондодњо мо метавонем талабањоро ба гурўњњо ё зергурўњњо таќсим намоем. Вале бай-ни ин нишондодњо имконият мавќеи алоњидаро ишѓол мекунад, зеро вай на танњо ба шогирд, инчунин, ба падару модар, давлат, љомеа низ во-баста аст. Баъзан талабае њама чиз (ќобилият, дониш…)-ро дорост, вале имконияти тањсил надорад.

Азбаски таълими њамгиро ва таф-риќа доманадоранд, олимони пурко-ри Академияи тањсилот Ф. Ша риф-

11«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

зода ва У.Зубайдов мактаб њои илмии худро таъсис додаанд, ки солњои охир чанде аз шогирдони онњо оид ба пањлўњои људогонаи њамгиро ва тафриќа рисолањои номзадї дифоъ кардаанд ва баъзеи дигар аз пайи тањќиќ мебошанд.

АъЗОИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОљИКИСТОН - МУАЛЛИФОНИ КИТОБЊОИ

ДАРСЇ ВА ДИГАР ВОСИТАЊОИ ТАъЛИМ

Олимони зиёдеро медонем, ки китобњояшон др маѓозаю љевони китобњо зери чанг мондаанд. Ин, албатта, боиси таассуф аст. Аммо натиљаи илми олимони педагогї, ки бештар дар рисолањо, китобњои дарсї, воситањои таълим, дастурњои методї, хрестоматия ва дигар маљ-мўањо ифода меёбад, харидор до-ранд. Бозори илми аъзои Академияи тањсилот њамеша тафсон аст. Хушбах-тона, њамаи аъзои академия муалли-фи китобњои дарсї барои мактабњои миёна ва олї мебошанд.

Як бартарии муаллифон - аъзои Академияи тањсилот њамин аст, ки онњо китобњои дарсї ва дигар маводи таълимро дар асоси назарияи коркар-даи худ тањия менамоянд. Чунончи, муаллифи китобњои дарсии «Забони модарї» барои синфњои 7, 8, 9 Саида-мир Аминов назарияи дар асоси матн (на калимаю љумлањои пароканда) омўхтани ќоида ва таърифоти грам-матика ва имлоро тањќиќ намуда, дар њамин асос китобњои дарсии зикршу-даро пешнињод намуд.

Хамчунин китобњои дарсии акаде-мик Файзулло Шарифзода «Алифбо» (дар њаммуаллифї), «Забони модарї» барои синфи 2 (дар њаммуаллифї) дар асоси таълими њамгиро офарида шудаанд. Њатто асарњои пурарзиши «Масъалањои мубрами педагоги-каи муосир» (ду китоб), «Муаллим - офарандаи накўї ва пешравињо», «Педагогика» (бо њаммуаллифии И.Х.Каримова) барои мактабњои олї ва шунавандагони такмили ихтисос ѓояи њамгироро фаро гирифтаанд.

Китобњои дарсию таълимии ака-де мик Убайдулло Зубайдов «Хи-мия» (рањнамои муаллим), «Вита-мин њо ва пайвастагињои фаъ оли би ологї», «Таълими химияи био-логї» «Омўзиши маводи мањал дар курси химияи мактаби миёна», «Кор њои амалї аз химия дар синф-њои 8-9», «Химия ва биохимияи полимерњои биологї», «Масъала ва машќњо аз химияи органикї», «Ин-сон ва экология» (дар њамуаллифї), «Инсон ва иќтисодиёт», «Химия» барои синфи 8, «Химия» барои син-фи 10 (дар њаммуаллифї), «Мето-дологияи таълими химия», асарњои узви вобастаи Академияи тањсилот Сирољиддин Бандаев «Методические пособия для студентов химических и фармацевтических факултетов» (дар њаммуаллифї), «Дастур барои иљрои корњои лабораторї аз синтези органикї», «Њалли масъалањо аз хи-мияи органикї», «Методњои људо ва муайян кардани константњои асосии моддањои органикї» аз њамин сифот бархўрдоранд. Китобњои Ѓуломќодир Бобиев «Методикаи таълими химия»,

12 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

«Таърих ва методологияи химия», «Методикаи омўзиши химияи даќиќ», «Проблемањои актуалии химия», «Корњои берун аз синфї аз химия», «Химияи биологї», «Нишондодњои методї доир ба химияи органикї» низ бо чунин усул навишта шудаанд.

Узви вобастаи Академияи тањсилот Мансур Нўъмонов дастурњои зиёде офаридааст, ки «Маводи дидактикї аз математика ва алгебра» барои синфњои 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 (њар кадом алоњида-алоњида дар њаммуаллифї), «Пайдарњамии таълими математика дар мактаби тањсилоти умумї», «Дар-си математикаи умумї», «Мухтаса-ри методикаи таълими математика», «Теоретико-методологические осно-вы методики обучения математике», «Гуфтор дар ситоиши математика ва омўзиши он», «Муќаддимаи ме-тодикаи таълими математика» на-мунаи бењтарини таълифоти давраи соњибистиќлолии кишвар мебошанд.

Президенти Академияи тањсилоти Тољикистон академик Ирина Кари-мова самтњои гуногуни гуманизатсия (башардўстї) ва гуманитаризатсия-ро тањлилу тањќиќ намуда, асарњои «Фарњанг-сарчашмаи гуманизм», «Некї бор орад некї»-ро манзу-ри хонандагони сершумор гардо-нид. Мавсуф њамчунин муаллифи китобњои дарсии «Забони русї» ба-рои мактабњои таълимашон бо забо-ни тољикї мебошад.

Узви вобастаи Академияи тањсилот Саидбой Шербоев ба масъалањои забон ва таълими он машѓул аст. Асарњои «Таълими баъзе масъалањои синтаксиси забони тољикї», «Асосњои

илмию методии таълими синтаксиси љумлањои содаи забони тољикї дар синфњои V-VIII», «Хабарњои феълї дар забони адабии њозираи тољик», «Корњои беруназсинфї аз забони модарї дар мактаби миёна» (дар њаммуаллифї), «Методикаи таъ-лими забони модарї дар мактаб», «Практикуми забони тољикї» (дар њаммуаллифї) ва ѓайра ба ќалами ў тааллуќ доранд. Аъзои вобастаи Ака-демияи тањсилот Таѓойбобо Шукур-зод асосан проблемаи таълими физи-каро мавриди тањлилу тањќиќ ќарор медињад. Асари чорљилдаи ў «Техно-логияи њалли масъалањо аз физика» дар шањри Москва ба табъ расидааст.

Аз китобњои таълимї, дарсї ва методии академик М.Лутфуллоев «Алифбо» (дар њаммуаллифї), «Баъ-зе масъалањои таълими забони мо-дарї», «Дарс», «Дидактикаи муосир», «Маљмўаи имло», «Лафзи ширин» (дар њаммуаллифї), «Методикаи таълими забони модарї дар синфњои ибтидої», «Асосњои таълими ибти-доии забони модарї», «Истиќлолияти Тољикистон ва маорифи навин», «Таф-сири ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару мо-дар дар таълиму тарбияи фарзанд» (дар њаммуаллифї), «Муќаддимаи омўзгорї» (дар њаммуаллифї), «Пе-дагогикаи миллии халќи тољик» ва ѓайра талабагони мактабњои миёна, донишљўён ва падару модарон ис-тифода мебаранд. Китобњои дарсию таълимии ў дар Афѓонистон, Эрон, Ќазоќистон, Ўзбакистон низ ба табъ расидаанд.

13«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

Дар Академияи тањсилоти Тољи-кис тон доктори илми педагогика, профессор Саъдулло Неъматов масъу-ли таълими забони давлатї дар синфу мактабњои ѓайритољикї буда, дар ин самт як ќатор корњо анљом додааст, ки асарњои «Таълими њамгирои за-бони русї дар мактабњои тољикї», «Таълими системаи «Феъл»-и забони русї дар мактабњои тољикї», «Наза-рия ва амалияи тарљума», «Маводи аттестатсионї аз забони русї» аз ин зумраанд.

Корњои зиёди илмию тањќиќиро дар академия доктори илми педаго-гика, профессор Сафар Сулаймонї анљом медињад. Ў машѓули тањќи ќи проблемањои педагогикаи фарњангши-носии кишвари ба мо дўсти Эрон мебошад. Ба ќалами ин олими пур-кор асарњои зиёде тааллуќ доранд, ки номгўи намунаи онњоро меорем: «Фарњангшиносї: назария ва ама-лия” (-Душанбе: Ирфон, 2012. -528 сањ.), «Тамаддун. Иборат аз 4 китоб (дар њамммуаллифї.-Душанбе:Ирфон, 2003-2006), “Китобхонашиносї” (ки-тоби дарсї барои донишљўён. -Ду-шанбе: Маориф ва фарњанг, 2012), “Библиотечное дело в Иране: История и современное состояние” (-Душан-бе: Дониш, 1994.-309 с.), “Обучение и воспитание в исламе: на материа-лах Ирана” (-Душанбе: Ирфон, 2010. -124 с.); “Китобшиносии Ирон ва ис-лом” (-Душанбе: Ирфон, 2007.-392 с.), “Афкори педагогии устод Муртазо Мутањњарї” (-Душанбе: Ирфон, 2010. -132 с.), “Китобхонањои электронї” (-Душанбе: Ирфон, 2009.-150 с.), “Ориёињо: суннатњои фарњангї ва

таълиму тарбиятї” (-Душанбе: Ир-фон, 2009.-146 с.); “Донишномаи пе-дагогикаи навин” (-Душанбе: Офсет, 2009. -800 с.), “Педагогикаи ислом” (-Душанбе: Ирфон, 2009.-234 с.) ва ѓайра. Бо ташаббуси мавсуф нашрияи илмии Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон - “Педагогика” таъсис гардида, беш аз 10 шумораи он чоп шуд. Бо ибтикори Сафар Сулаймонї маљаллаи “Паёми Академияи тањсилоти Тољикистон” куллан таѓйир гардида, ахиран 4 шумораи он дар соли 2012 дастраси олимону муњаќќиќони соња гардид.

Ногуфта намонад, ки сохторњои тобеи Академияи тањсилот мувофиќи наќша асосан ба офаридани дастур-њои таълимї, илмию методї машѓул буда, баъзе корњои илмию тањќиќиро низ анљом медињанд. Њоло дар Пажў-њишгоњи рушди маориф як гурўњ олимони љавон даст ба корњои илмї задаанд, ки мо аз онњо умеди калон дорем. Њамин тавр, кормандони До-нишкадаи такмили ихтисос ѓайр аз вазифаи асосии худ ба офаридани дастурњои методї, китобњои дарсї ва тањќиќи илмї машѓуланд.

АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТ ВА МУЊИТИ ИЛМ. ВАЗИФАЊО

Фаъолияти Академияи тањсилоти Тољикистон басо доманадор буда, муњити илмии он низ фарох ме-бошад. Он бо Академияи илмњои љумњурї, Академияи тиб, донишгоњ ва донишкадањои љумњурї, раёса-ти идорањои маорифи вилоятї ва шўъбањои маорифи шањру ноњияњо

14 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

робитаи ќавї дошта, бо Академияи тањсилоти Русия, Ќазоќистон, Бело-рус, муассисањои илмию фарњангии Эрон, Афѓонистон дар асоси шар-тномаи тарафайн њамкорї менамо-яд. Раёсати Академияи тањсилот њар сол тибќи наќша 4-5 мизи мудавва-ру конфронсњои илмию амалї доир намуда, аъзои он дар симпозиуму конфронсњои хориљ аз Тољикистон фаъолона иштирок менамоянд. Онњо тавассути рўзномаю маљаллањои љумњуриявї бањри бењтар шудани сифати донишу тањсил андеша ме-ронанд, мењмони доимии шабакањои телевизонї мебошанд.

Бо вуљуди он ки Академияи тањ-си лоти Тољикистон, сохторњои он, кафедрањои педагогикаи умумї, дидактикањои хусусї ба тањлилу тањќиќи проблемањои ин фанни ин-сонофар машѓуланд, боз вазифањои басо муњиме дар назди мо ќарор доранд. Ин вазифа ва проблемањо дар наќшаи дурнамои академия гурўњбандї карда, баъзеи онњо дар китоби академик Ф. Шарифзода зикр гардидаанд. Минљумла,

1. Сиёсати нави давлатии соњаи маориф (тањсилот) дарТољикистони соњибистиќлол.

2. Фалсафаи тањсилот дар асри XXI.

3. Љањонгирии илми педагогика ва стандартизатсияи муосири тањсилот.

4. Тамоилњои рушди тањсилот, на-зария ва амалияи илми педагогика дар љањони муосир.

5. Фаъолияти педагогї дар мак-табї олї; њамоњангї ва мухолифат дар назария ва амалия.

6. Моњият ва масъалањои тањсилот.7. Љараёни навгонї (инноватсионї)

дар тањсилот.8. Демократисозии тањсилот ва ра-

ванди таълим дар марњилаи кунунї.9. Инсонгароии тањсилот ва тар-

бия.10. Њамгироии илм ва тањсилот.11. Љараёни њамгирої ва тањсилот.12. Масъалаи њамгироии мак-

таби олии Тољикистон дар низоми тањсилоти љањонї.

13. Истифодаи ѓояи таълими таф-риќа дар љараёни муосири тањси лот.

14. Бўњрони иќтисодии љањон ва тањсилот дар Тољикистон.

15. Самтњои асосии ислоњоти мао-риф дар Љумњурии Тољикистон.

16. Тањќиќи афкори педагогии ниёгон ва мавќеи он дар педагоги-каи миллї.

17. Технологияи навгонї дар таъ-лим ва тарбия.

18. Мутобиќсозии тањсилот ба дар-хости касбии љомеа.

19. Муњити иљтимоию фарњангии тањсилот.

20. Масъалаи тарбияи динї - маз-њабї дар мактаби муосир.

21. Маданияти оиладорї ва омода намудани љавонон ба њаёти оилавї.

22. Педагогикаи њамкорї.23. Мотиватсияи таълим ва тар-

бия.24. Риояи сабру тањаммул ва то-

ќат пазирї дар низоми тањсилот - дар-хости объективии љомеаи муосир.

25. Масъалањои тарбия ва таълими кўдакони маъюб ва бепарастор.

26. Валеология - самти дурнамои тањќиќї - илмию педагогии асри XXI.

15«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ЉаШнВора

27. Масъалањои методогияи нави-ни тањќиќњои педагогї.

Ба ин тариќ, мўњтавои тањлилу тањќиќи педагогикаи миллии моро бояд масъалањои тарбияи шахсияти фаъол, созанда ва эљодкор, ватану ватандорї, эњсоси худогоњии миллї, равнаќ ва ташаккули андешаи миллї, худшиносии таърихї, њамгироии арзишњои миллї ва умумибашарї, педагогикаи мардумї, сифат ва са-маранокии дониш ва тањсилот, хусусиятњои таълиму тарбияи бачањои лаёќатманд, созмонњои талабагї, фа-ъолияти марказњои эљодї, ташкили кўдакистонњои оилавї, тарбияи са-мараноки кадрњои педагогї, наќш ва мавќеи хадамоти аттестатсионї, омўхтан ва пањн намудани таљрибаи судбахши педагогї, роњњои самарано-ки љалби падару модарон ба мактаб ва тарбияи фарзандон, тарбияи та-факкури эњёгарона ва офаранда, ба назар гирифтани омилњои ботинї ва зоњирии мактаби миллї, методикаи таълими самараноки забони модарї ва забонњои хориљї, адабиёт, таъ-рих, силсилаи фанњои даќиќ, тарбияи сињатию саломатї ва покии инсон, инсони соњибмаърифат, сарфаю са-риштаи неъматњои моддї, ошкор сох-тани ќобилиятњои нуњуфта, бунёди устувори маънавият, ахлоќи њамида, шарафу номус, њимматбаландї, ро-стию парњезкорї, дўстию рафоќат, сулњу салоњ, муќаддас донистани рамзњои давлатї, чор унсури њаёт, истифодаи самараноки обу замин,

њурмату эњтироми падару модар, ди-гар шахсони калонсол, њифзи хурдсо-лон, сабру тањаммул ва тоќатпазирї, далерию љасурї, зиракию њушёрии сиёсї, дил бохтан ба касбу њунарњои гуногун, сабабњои коњиш ёфтани шавќу раѓбати талабагон ба таъ-лим, ба мутолиаи китоб, хусусиятњои таълим дар гимназия ва литсейњои Тољикистон, љињатњои мусбат ва манфии ташкили мактабњои махсу-си бачањои лаёќатнок, хусусиятњои ташкили таълиму тарбияи талабагони мактабњои ёрирасон, роњ ва тарзњои самараноки такмили ихтисоси муал-лимони мактабњои ёрирасон, зару-рият ва хусусиятњои љорї намудани тањсилоти миёнаи умумии 12-сола дар шароити Тољикистон ва ѓайраро фаро гиранд.

Ѓайр аз ин педагогикаи мактабњои олї, миёнаи касбию техникї, мактаб - интернатњо, дефектология (тифло-педагогика, сурдопедагогика, оли-гофренопедагогика), педагогикаи антропологї, валеология ва дидакти-каи хусусиро лозим аст, ки дар роби-та бо дархости љомеаи муосир вазифа ва масъалањои хоси худро тањия ва тањлилу тањќиќ намоянд.

Вазифа ва муаммою масъалањои илми педагогика кам ва сањл нестанд, вале онњо њалшаванда ва ба маќсаду хоњиш, њиммату ѓайрати муњаќќиќон марбут мебошанд. Тавре ки мегўянд:

Ба њар коре, ки њиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

16 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

Дар боби 4-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», моддаи 12 «Ўњдадорињои омўзгор, маќомоти давлатї, муассиса ва дигар ташкилотњое, ки масъалањои вобаста ба таълиму тарбияи кўдакро танзим мекунанд» (ќисми 1, банди њафтум)-и чунин омадаст: «Дар муассисањои таълимї бо маќсади расонидани кўмакњои педагогї, равонї, методї ба падару модар «Рўзњои падару модар»-ро ташкил намоянд». Нахуст бояд ќайд намуд, ки ќонуни мазкур њамаи моро водор месозад, ки нисбат ба ояндаи насли наврас ва давлату миллатамон бетараф набошем ва дастаљамъона бањри рушду такомули онњо сањмгузор бошем. Аз ин лињоз мувофиќи маќсад аст, ки дар њамаи муассисањои таълимї «Рўзњои падару модар» ташкил карда шаванд.

Кўмаки педагогї аз ин иборат аст, ки бояд волидайн фарзандони ху-дро барои ба мактаб рафтан ва таълиму тарбияи дуруст гирифтан омода созанд. Бузургмарде бењуда нагуфтааст, ки «Мурѓ њам чўљањояшро дўст медорад, вале кори аз њама олї тарбия карда тавонистан аст».

Ба мо маълум аст, ки ибтидои тарбия аз луќмаи њалол аст. Ба ќавли Мавлонои Балхї,

Адаб тољест аз нури илоњї,Бинењ бар сар, бирав њар љо, ки хоњї.

Толибилм њар ќадар ахлоќи наљиб дошта бошад, донишаш ба њамон андоза афзун мешавад. Барои ба мактаб омода намудани кўдакон бояд

Рањматшо РАЊМАТОВ,сармутахассис оид ба њуќуќи

кўдаки маќомоти њокимияти давлатїдар ноњияи Кўњистони Масчоњ

ЌОНУНИ РОЊНАМО ВА САРНАВИШТСОЗ

Агар мо имрўз насли дорои ахлоќи њамида ба камол нарасонем, фардо љомеа ба мушкилоти иљтимоиву фарњангї дучор меояд.

Эмомалї РАЊМОН

17«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

дар нињоди онњо иродаи ќавї, гапдаро будан, суханшунавї, бо шавќу завќи баланд эњтироми калонсолону бузургонро ба љой овардан ва ѓайраро тарбия намоем. Пуртоќатї, ќатъият, мунтазамї воситањои асосии ахлоќи њамида мебошанд.

Кўмаки равонї калиди сењрноки муваффаќият аст. Олими барљастаи рус К.Ушинский навишта буд: «Барои бомуваффаќият таълим додану тарбия намудани бачањо онњоро аз њар љињат хуб донистан зарур аст».

Бояд ќайд намуд, ки фаъолияти таълимї ва азхудкунии бошуурона аз њама муњим буда, барои кўдакон бозї мактаби тайёрї бо њаёт аст. Бачањоро аз хурдсолї ба корњои некў одат кунонидан аз манфиат холї нест.

Муњимтарини одатњо рафтори ахлоќї, аќлї (пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек), мењнатї, тозагї ва маданї мебошанд. Амалњои гу-ногуни фикрї аз ќабили муќоиса, тањлил, таркиб, абстраксия, конкре-тонидан ва љамъбасту хулоса кардан дар ин љода басо муфиданд.

Тарбияи тафаккури љомеъ ба рушди њамаљонибаи кўдак мусоидат менамояд. Густурдагї, амиќї, мустаќилї, фаврият, моњир ва танќидї будан муњимтарин сифатњои тафаккур мебошанд.

Дар давраи ба балоѓат расидан, ки давраи душвори тарбия аст, рељаи ќатъии донишомўзї, хоб, истироњат, мењнат, хўрок, машѓулиятњои дои-мии илмомўзї, хондани китобњои бадеї, тамошои намоишњои ахлоќию тарбиявї басо муфиданд.

Зимни расонидани кўмаки методї мо бояд се саволи оддиро пеши назар орем:

– Чиро омўзонидан лозим аст?– Чї тавр омўзонидан мебояд?– Чаро мањз њамин тавр омўзондан мебояд?Меъёри ваќти дарстайёркунї, њаљми сањифа ва ё миќдори калимањои

навишташаванда дар њар дарс (махсусан, синфњои 1-4), мавзўи вазифаи хонагї ва сифати иљроиши онњоро њар як падару модар бояд донад. Њамеша ба муассисаи таълимї рафта, ба сифати таълим, дониши фар-занд, тарзи иштироки ў ба дарсњо диќќати љиддї додан аз њама муњим аст.

Мунтазам рўзномаи фарзандро аз назар гузаронидан бисёр муњим мебошад. Ба мо зарур аст, ки насли наврасро тарзе тарбия дињем, ки худ мустаќилона ба донишњо мусаллањ гардад, яъне њамеша фаъол бошад.

Ба маќсади андаке ёрї расонидан ба падару модарон мо наќшаи на-мунавии гўшаи падару модарро пешкаши онњо менамоем.

18 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

ГЎША БАРОИ ПАДАРУ МОДАРОН

1. Нусхаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти па-дару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

2. Муддати дарстайёркуни хонандагон дар як рўз (синфњои 2-11).3. Меъёри бардоштани вазн барои кўдакон (синфњои 1-11).4. Њаљми корњои синфї аз фанни риёзї (синфњои 2-4) дар як рўз.5. Миќдори навишти калимањо барои синфњои 1-4 дар як соат (аз фанни

«Забони модарї»).6. Натиљаи љамъбасти чорякњо барои синфњои 2-11 ва миќдори соатњои

аз дарсњо ѓоиб будани хонандагон.7. Рељаи рўз барои њар ду баст.8. Тарзи њаёти солим: дастурамалу маслињат ва аёниятњо.9. Гўшаи «Маслињат ба оилањои љавон».10. Рўйхати адабиёти тавсиявї барои падарону модарон, маводи

маљаллаю рўзномањо оид ба таълиму тарбия.11. Порчањо аз ашъори бузургон дар васфи падару модар, эњтироми

калонсолону бузургон, ахлоќи њамида, дониш, хирад, ватандўстї ва ѓайра.12. Акси хонандагони аълохон ва волидайни дар таълиму тарбия на-

муна.13. Акси собиќ хонандагони бењтарин ва омўзгорони намуна, аълочиёни

маориф, навоварон.14. Намунаи ифтихорномањо ва эљодиёти хонандагон (шеърњо, њикояњо,

иншоњо ва расмњои бењтарин.15. Нусхаи оинномаи муассисаи таълимї.16. Намунаи акси либоси расмии мактабї.17. Гўшаи тарѓиби таљрибаи оилањои пешќадаму намунавї.18. Гўшаи саховатмандон (мухтасар оид ба саховаташон ва арзи сипос

ба онњо бо аксњояшон).19. Иќтибосњо аз Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти

падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».20. Дафтар барои фикру мулоњиза ва дархосту пешнињоди шањрвандон.21. Эълонњо (рўзњои љаласа, љашнњои гуногун, табрикот, вохўрї бо

адибону олимон, вакилони мардумї, њофизон, њунармандон, фаъолон, ашхоси машњур ва ѓайра).

Тавре ки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон мефармоянд, «дар наз-ди маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњои љумњурї айни њол комиссияњои доимї оид ба њуќуќи кўдак фаъолият менамоянд ва мувофиќи маќсад мебошад, ки минбаъд салоњияти

19«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

ин маќомот васеъ карда шуда, масъалаи назорат аз балои раванди таъ-лиму тарбияи фарзанд аз тарафи падару модарон ва дигар муассисањои таълиму тарбия ба зиммаи он гузошта мешавад».

Бо маќсади њамоњангсозии кори комиссия оид ба њуќуќи кўдак мо наќшаи чорабинињоро ба тариќи намунавї тартиб додем, ки барои бони-зом иљро шудани раванди татбиќи ќонуни мазкур мусоидат хоњад кард.

«Тасдиќ мекунам»Муовини Раиси ноњия,

Раиси Комиссия оид ба њуќуќи кўдак_________________ Зокирова Г.А.

«___» __________________ соли 2012

Наќшаи чорабинињои Комиссия оид ба њуќуќи кўдаки маќомоти њокимияти давлатї дар ноњияи Кўњистони Масчоњ бањри амалї намудани Ќонуни љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Т/р мундариљаи чорабинињомўњлати

иљромасъул

1 Ташкили чорабинињои гуногун оид ба таблиѓу татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо-раи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Мунтазам Комиссия оид ба њуќуќи кўдак

2 Риояи моддаи 5, ќисми 3-и ќонун дар мактаб-интернати шањраки Мењрон

Мунтазам Маъмуритяи мактаб-интернат

3 Риояи моддањои 7,8-и ќонун дар мактаб-интернат

Мунтазам Маъмурият ва омўзгорону му-раббиёни мактаб-интернет

4 Тарѓиби моддањои 5, 7, 8-и ќонун дар байни ањли љомеа

Мунтазам Комиссия оид ба њуќуќи кўдак

5 Мусоидат намудан ба раван-ди таълиму тарбия дар низоми тањсилоти умумї ва иловагї

Мунтазам Комиссия оид ба њуќуќи кўдак

20 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

6 Таблиѓи тарзи њаёти солим байни хонандагон ва падару модарон

Мунтазам Маркази ташак-кули тарзи њаёти солим

7 Дастгирии кўдакони болаёќат Мунтазам Шўъбаи мао-риф, муассисањои таълимї

8 Њавасмандкунии кўдаконе, ки дар пешгирии њуќуќвайронкунии кўдакон сањм гузоштанд

Мунтазам Муассисањои таълимї

9 Њавасмандкунии падару мо-дароне, ки ўњдадорињои худро муваффаќона иљро менамоянд.

Мунтазам Маъмурияти мактабњо

10 Гузаронидани гардиш (рейд)-њои муштарак бањри пешгирии њуќуќвайронкунии кўдакон

Дар даво-ми сол

Коркуни масъули ШКД, Рањматов Р.

11 Њангоми аз тарафи падару модар ва хонандагон риоя накардани талаботи Оинномаи муассисаи таълимї ба маќомоти њифзи њуќуќ мурољиат кардан

Дар мав-риди зарурї

Маъмурия-ти мактабњо, Рањматов Р

12 Дар мавриди риоя накардани ўњдадорињо ва санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон аз тарафи шањрвандон бо тарти-би муќарраргашта ба маќомоти њифзи њуќуќ мурољиат намудан

Дар мав-риди зарурї

Маъмурия-ти мактабњо, Рањматов Р

13 Дар муассисањои таълимї ба маќсади расонидани кўмаки педагогї, равонї ва методї таш-кили «Рўзњои падару модарон»

Мунтазам Маъмурияти мак-таб, роњбарони синфњо, омўзгорон

14 Ташкили чорабинињои васеи гу-ногун оид ба масъалањои таълиму тарбияи кўдакон, мусобиќањои гуногуни варзишию маданї ва намудњои гуногуни озмунњо

Мунтазам Шўъбаи мао-риф, маъмурия-ти мактабњо ва муассисањои вар-зишию маданї

15 Ташкили чорабинињои гуногун оид ба масъалањои њифзи њуќуќу манфиатњои кўдакон

Мунтазам Р.Рањматов, кор-куни масъули ШКД

21«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

16 Гузаронидани гардишњо ва ама-лиёти гуногун ба маќсади пешги-рии њуќуќвайронкунии кўдакон

Мунтазам Р.Рањматов, кор-куни масъули ШКД

17 Дар њар семоња шунидани ахбори аъзоёни Комиссия оид ба њуќуќи кўдак дар бораи раванди иљрои ќонун

Дар се як маротиба

Комиссия оид ба њуќуќи кўдак, Р. Рањматов

18 Андешидани чорабинињои гу-ногун бањри пешгирї кардани њар гуна њуќуќвайронкунињо ва љиноят аз тарафи кўдакон

Мунтазам Р.Рањматов, кор-куни масъули ШКД

19 Таъсиси гўшаи алоњида рољеъ ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фар-занд»

Дар даво-ми сол

Р.Рањматов

20 Ташкили сўњбату вохўрињо бо кўдакони душвортарбия ва пада-ру модари онњо

Мунтазам Р.Рањматов, кор-куни масъули ШКД

21 Дар якљоягї бо коркуни масъули ШКД гузаронидани чорабинињои гуногун, аз љумла, гардишњои «Наврас», «Бачањо» ба хотири муайн кардани кўдакони душвор-тарбияву кўчагард ва андешидани чорањои зарурї нисбат ба пешги-рии ќонуншикании кўдакон

Дар даво-ми сол

Р.Рањматов, кор-куни масъули ШКД

22 Љалби кўдакони ятиму бепарастор ва аз оилањои камбизоату душ-вортарбия ба мактаб-интернат ва дигар мактабњои махсуси гуногун

Мунтазам Р.Рањматов ва комиссия оид ба њуќуќи кўдак

23 Дар њар нимсола ба маќсади ра-ванди иљориши ќонун шунидан ва муњокимаву тањлили иљрои мод-даи 12-уми ќонун

Њар ним-сола

Комиссия оид ба њуќуќи кўдак

22 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

24 Дар зарурат барои муњокима ва тањлили раванди иљроиши ќонуни мазкур даъват намудани масъулин (аз муассисањо ва ташкилотњои гуногун)

Дар зару-рат

Масъулини оид ба иљрои ќонуни маз-кур (моддаи 12)

25 Дар якљоягї бо комиссияњои доимї оид ба тартиботи њуќуќи ноњиявї ва љамоатњо ташки-ли вохўриву сўњбатњо ва дигар чорабинињо оид ба пешгирии њуќуќвайронкунии кўдакон

Дар даво-ми сол

Р.Рањматов дар якљоягї бо комиссияњои доимї оид ба тартиботи њуќуќи ноњиявї ва љамоатњо

26 Тартиб додани наќшањои гуногун ва навиштани маќолањо оид ба ќонун

Дар даво-ми сол

Р.Рањматов

27 Ташкили љаласањои сайёри Ко-миссия оид ба њуќуќи кўдак дар љамоатњо, мактабњо бо иштироки васеи фаъолон ва шањрвандон

Дар даво-ми сол

Комиссия оид ба њуќуќи кўдак, раисони љамоатњо, маъмурияти мактабњо

Назорати раванди иљрои наќшаи чорабинињо ба зиммаи сармута-хассис оид ба њуќуќи кўдаки маќомоти њокимияти давлатї дар ноњияи Кўњистон Масчоњ Р.Рањматов гузошта шавад.

Барои иљрои пурсамари бандњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулити падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд дар њар як муассисаи таълимї наќшаи чорабинињои мактабї тартиб дода шавад. Масъулини мактабњо мувофиќи ќобилияташон наќшањои гуногун омода карда метавонанд ва мо наќшаи зерро њамчун намуна пешкаши хонандагони маљалла менамоем.

23«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

Наќшаи чорабинињои мактабї оид ба амалї намудани Ќонуни љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулити падару модар

дар таълиму тарбияи фарзанд»

Т/р Чорабинињомўњ ла-ти иљро

масъулон

1 Ташкили чорабинињои гуногун оид ба амалї намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти пада-ру модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Мунта-зам

Маъмурия-ти мактаб, омўзгорон

2 Байни омўзгорону хонандагон дар љаласањои синфї ва умумимактабї, ин-чунин маљлиси падару модарон мавриди тарѓиб ва омўзиши њаматарафа ќарор до-дани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таъ-лиму тарбияи фарзанд»

Мунта-зам

Маъмурия-ти мактаб, омўзгорон

3 Ташкили «Рўзњои падару модар» дар мак-таб бо маќсади расонидани ёрии педагогї, равонї ва методї ба онњо

Мунта-зам

Маъмурия-ти мактаб, омўзгорон

4 Ба роњ мондани тарбияи насли наврас дар рўњияи ватандўстї, тањаммулгарої, башардўстї, њисси баланди миллї ва на-фрат ба ифротгароиву экстремизм

Мунта-зам

Маъмурия-ти мактаб, омўзгорон

5 Баровардани гўшаи «Барои падару модар» бо маќсади шарњу эзоњ ёрии педагогї, равонї ва методї ба падару модар

Январ, январ

Маъмурияти мактаб

6 Риояи моддаи 12, ќисмњои 1,2-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъу-лияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Мунта-зам

Маъмурия-ти мактаб, омўзгорон

7 Таблиѓи тарзи њаёти солим дар байни хо-нандагон ва волидайни онњо

Мунта-зам

Маъмурия-ти мактаб, омўзгорон

8 Дастгирии кўдакони болаёќат ва мувофиќи майлу раѓбаташон ташкил намудани дарсњои шартномавии иловагї барои хоњишмандон

Мунта-зам

Маъмурия-ти мактаб, омўзгорони фаннї

24 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

9 Андешидани тадбирњо барои баланд бар-доштани сифати донишандўзии хоннада-гон

Мунта-зам

Маъмурия-ти мактаб, омўзгорони фаннї

10 Њавасманд намудани кўдаконе, ки дар пешгирии њуќуќвайронкунї сањм гирифта-анд

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб

11 Дар зарурат мурољиат намудан бо маќомоти њифзи њуќуќ нисбат ба падару модароне, ки талаботи боби 5, моддаи 15-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон ««Дар бо-раи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя намекунанд

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб

12 Ташкил ва тарѓиби шаклњои нави таълиму тарбия дар муассисањои таълимї

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб

13 Ташкил ва гузаронидани маљлисњои синфї ва умумимактабии падару модарон бо маќсади баррасии ахлоќу рафтор ва сатњи дониши хонандагон

Њар чоряк

Маъмурия-ти мактаб, роњбарони синфњо

14 Ташкили чорабинињои гуногун рољеъ ба њифзи њуќуќу манфиатњои кўдакон

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб

15 Омўзиш ва тарѓиби таљрибаи пешќадами «Оилањои бењтарин» дар байни дигар оилањо

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб

16 Њавасманд намудани падару модаро-не, ки дар таълиму тарбияи фарзанд ўњдадорињояшонро пурра иљро менамоянд

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб

17 Ташкил ва гузаронидани њар гуна чорабинињо рољеъ ба пешгирии њуќуќвайронкунии кўдакон

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб дар якљоягї бо кормандо-ни ШКД-и ноњия

18 Ташкили љаласањо, сўњбатњо, вохўрињо бо падару модарон оид ба пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тар-бияи фарзанд

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб ва роњбарони синфњо

25«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

19 Ташкили сўњбату вохўрињо бо кўдакони душвортарбия ва волидайни онњо

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб ва роњбарони синфњо

20 Дар якљоягї бо кормандони масъули ШКД-и ноњия гузаронидани чорабинињои гуногун, аз љумла, рейди «Наврас» ва ѓайра ба хотири муайян кардани кўдакони душвортарбияву кўчагард ва андешида-ни чорањои зарурї нисбат ба пешгирии ќонуншикании кўдакон

Мунта-зам

Шўъбаи маориф, маъмурияти мактабњо, ШКД

21 Њамкорї бо комиссияњои доимї оид ба ќонуният ва тартиботи њуќуќии вакилони халќи ноњия оиди ба тањсил фаро гириф-тани кўдакони душвортарбия ва аз мактаб берунмонда

Мунта-зам

Шўъбаи маориф, директорони мактабњо

22 Љалби кўдакони ятиму бепарастор ва аз оилањои камбизоату душвортарбия ба мак-таб - интернати ноњия ва дигар мактабњои махсуси љумњуриявї

Мунта-зам

Шўъбаи маориф, директорони мактабњо

23 Ташкили љаласањо, љамъомадњои гуногун, сўњбату вохўрињо оид ба шарњу эзоњи боби 2-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон ««Дар бораи масъулияти падару модар дар таъ-лиму тарбияи фарзанд»

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб ва роњбарони синфњо

24 Риояи моддаи 13-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон ««Дар бораи масъулияти пада-ру модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Мунта-зам

Маъмурияти мактаб ва роњбарони синфњо

Эзоњ: Дар њар нимсола оид ба иљрои наќшаи чорабинињои мактабї оид ба иљрои ќонуни мазкур ба сармутахассис оид ба њуќуќи кўдаки ноњия маълумот пешнињод карда шавад.

Назорати иљрои бандњои наќшаи чорабинињои мактабї ба зиммаи директори мактаб С.Домуллоев гузошта шавад.

26 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

Дар айни њол масъулини Вазора-ти маорифи Љумњурии Тољикистон, донишкадаву марказњои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф ва шўъбањои маорифи шањру ноњияњои љумњурї ба омўзиши таљрибаи пешќадами омўзгорон диќќати хосса медињанд, ки боиси дастгирист. Маќсади асосии омўзиши таљрибаи пешќадами омўзгорї он аст, ки муаллимону мураббиёни љавон ва камтаљриба аз онњо бањравар гарданд ва дар кори амалии хеш аз чунин таљрибањо истифода намоянд. Фаъо-лияти як ё якчанд муаллим ё мураббї объекти омўзишро дар бар меги-рад. Хуб мешавад, дар мадди аввал таљрибаи пешќадами иштирокчиёни озмунњои љумњуриявии «Муаллими сол», «Мураббии сол», «Директори сол», «Роњбари синфи сол», «Бењтарин китобхони сол» омўхта шавад.

Пеш аз шурўи омўзиши таљрибаи пешќадам сарчашмањо ва манбаъњои адабиёти зарурї, маводи илмиву методї ва њуљљатњои давлатї ам-соли Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи тањсилоти олї ва баъд аз муассисањои тањсилоти олии

касбї», «Дар бораи љавонон», «Дар бораи тандурустї», «Ќонуни забони Љумњурии Тољикистон», ќарорњои Њукумати Љумњурии То љикистон «Дар бораи Вазорати ма ориф», «Дар бораи Стандарти давлатии тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон, тањсилоти ибтидоии касбї ва олии касбї», «Кон сепсияи миллии тањсилоти Љум њурии Тољикистон», «Консепсияи миллии тарбия», «Барномаи давла-тии тарбияи ватанпарастии љавонони Тољикистон барои солњои 2006-2010», «Консепсияи миллии инкишофи тар-бияи љисмонї», «Барномаи таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон»-ро омўхтан ло-зим аст. Сипас ному насаб, рўз, моњ ва соли таваллуд, миллат, маълумот, касб, ихтисос, собиќаи корї, иштирок дар курсњои такмили ихтисос, дараљаи та-хассус, њолати саломатї, њайати оила, шароити зиндагї, корњои љамъиятї, њавасмандкунї, корњои эљодї ва мукофотњои муаллим ё мураббиеро, ки таљрибаи пешќадами ў омўхта меша-вад, дар вараќањо (картотекањо) ќайд менамоем. Дуруст аст, ки дар бараи фаъолияти омўзгори интихобшуда бо мудири шўъбаи маорифи шањр ё ноњияи дахлдор, директори мактаб,

Сайфуллоњ МАЊКАМОВ,мудири кафедраи фанњои гуманитарии ДљТИБКСМ

оМЎЗиШи ТАљРиБАи ПЕШЌАДАМЯкЕ АЗ ВосиТАЊои БАЛАнД БАРДоШТАни

МАЊоРАТи ПЕДАГоГии оМЎЗГоРон

27«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

љонишинони ў ва њамкасбону њамкорон маслињат карда, фикру аќидањои эшон-ро дар бораи омўзгори интихобшуда ба инобат мегирем. Ба ин маънї, пай-васта бо барнома, наќшаи таќвимї-мавзўї, наќша-конспекти яксоатаи дарс, наќша ва конспекти соатњои тарбиявї, маърўзаву маќолањо ва дафтар (журнал)-и синфњое, ки ў дарс мегўяд, ошно гардида, ба 5-10 дарсњои омўзгори интихобгардида иштирок ме-кунем ва хулосањои амиќ мебарорем. Њангоми вохўрї бо мудири шўъбаи маориф, нозиру мушовирон, директори мактаб, љонишинони ў ва њамкасбону њамкорон донистан айни муддаост, ки онњо:

• Кори омўзгори интихобшударо чї гуна арзёбї кардаанд?

• Кадом љињати дарс ё машѓу-лияти муаллим ё мураббї ба онњо писанд афтодааст?

• Чаро ин омўзгор ба натиљањои баланд ноил шудааст?

• Ў сарбории хешро чї гуна иљро мекунад?

• Вай ба иљрои корњои љамъиятї чї тавр муваффаќ мегардад?

• Кињо таљрибаи кори ўро омўх-таанд?

• Аъзои иттињодияи методї нис-бат ба ў чї гуна аќида доранд?

• Ин муаллим ё мураббї аз кадом усулњои дарс ва воситањои таъ-лим бештар истифода мебарад?

• Нуќсони корњои вай дар чист? Њамин тавр, барои омўзиши

таљрибаи пешќадами омўзгорї мак-таберо бояд интихоб намуд, ки муал-лимони ботаљриба, босалоњият, кор-дон ва коромўз дошта бошанд. Дар он мактаб нисбати банаќшагирии

маводи таълим, усулњои пешќадами таълим, ташкили гўшањои пурмазму-ни методї, гузориши иттињодияњои методї, мањфилњои фаннї, конф ронс-њо, сифати машѓулиятњои таълимї, тарбияи омўзгорони салоњиятдору ботаљриба, гузориши корњои хаттї, амалї, лабараторї, тарбияи хонанда-гони донишманду бомаърифат, таш-кили корњои эъљодиву маърифатї, муносибати хуб доштан бо адабиё-ти бадеї диќќати алоњида дода, ба нишондодњои намоёни таълимї ва тарбиявї ноил гардида бошад. Гузо-риши њамаи ин корњо тавассути таш-кили таљрибаи пешќадами омўзгорї, кордониву корфањмї ва эљодкории омўзгорон ва мураббиён ба љо овар-да мешавад.

Таљрибаи пешќадами омўзгориро дар мактаб љонишини директор оид ба ќисми таълим роњбарї ва назорат мекунад. Ў бояд кулли омўзгорони мактаб, алалхусус омўзгоронеро, ки акнун ба кори таълимї-тарбиявї ќадам нињодаанд ва ба омўхтани таљрибаи пешќадами педагогї ниёз доранд, ба ин кор даъват намояд. Вай метавонад барои амалї гардидани ин кор даф-тари махсус бо маќсади иштирок на-мудан ба дарсњои омўзгорон ташкил намояд ё худ барои њар як омўзгор дафтари алоњида ташкил намуда, дар гўшаи таљрибаи пешќадами педагогии мактаб овезад. Баъзе љонишинон бо маќсади амалї гардонидани таљрибаи пешќадами омўзгорї ва назорати он анкетањо (саволномањо) ташкил меку-нанд, зеро он ба муаллиме, ки тањлили дарсро кам мефањмад ё намефањмад, ёрї мерасонад. Муаллими љавон низ бояд њамроњи љонишини таълимии

28 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

ИСЛоЊоТИ МаорИФ - ТаЌоЗоИ ЗаМон

мактаб ё ягон муаллими пуртаљриба, ки тањлили дарсро њамаљониба дарк мекунад, ба дарсњои омўзгорон дохил шавад ва нуктаи назарашро оид ба фа-ъолияти муаллими дарсдињанда дар њамаи лањзањои дарс иброз намояд. Ў бояд мунтазам ба дарсњои муаллимо-ни пешќадам ва навовар дохил шуда, аз онњо таљриба андўзад ва мањорати омўзгориашро сайќал дињад.

Омўзиши таљрибаи пешќадами омўзгорї ба омўзгор имконият ме-дињад, ки дониш, мањорат ва малакаи педагогиашро мувофиќи талаботи за-мон, бахусус, усулњои фаъоли таълим сайќал дињад. Таљрибаи пешќадами омўзгорї на танњо тавассути дарс, балки ба воситаи дигар шаклњои таъ-лим низ сурат мегирад. Њар он амале, ки ба методикаи таълим тааллуќ до-рад, бояд омўхта шавад. Мањз ба во-ситаи њамин усул муаллим метавонад дар худ омилњои муњимми омўзгориро дарёбад ва онро амалї намояд. Тала-боти имрўзаи љомеа аз омўзгор хеле калон аст, зеро давлати демократї, њуќуќбунёд ва соњибистиќлоли Тољикистон ба шањрвандони дониш-манду таљрибаомўз ниёз дорад. Бе бунёди ин амал љомеаро пеш бурдан кори нињоят душвор аст. Айни замон дар мактабњо омўзгорони босалиќа ва устоди кори хеш нињоят каманд. Бинобар ин зарур аст, ки маъмурия-ти мактабњо ба тарбияи омўзгорони босаводу кордон машѓул бошанд. Шўъбањои маорифи шањру ноњияњо бо фармони махсус мактабњои таљ-рибаи пешќадами педагогиро дар базаи ягон мактаби ботаљриба ва босалоњият ташкил намоянд, ки дар он омўзгорони мактабњои ноњия алоќаи

доимї карда, таљрибаи бою бомаъ-рифати омўзгориро омўзанд. Чунин мактабњо бояд мувофиќи талаби за-мон ва талаботи методї љињо зонида шуда, шароити хуби омў зандагї до-шта бошанд. Мањз ташкили мактабњои таљрибаи пеш ќадами педагогї мета-вонад мушкилот ва камбудњои дар омўзгорї вуљуддоштаро барњам дињад.

Дар мактабњои такягоњї (базавї), ки омўзгорон таљрибаи омўзгорї (педагогї) меомўзанд, бояд ташки-ли корњо њамаљониба хубтар бо-шад, зеро таълим њамеша тадбирњои зиёдеро талаб мекунад. Дар чунин мактабњо асосан омўзгороне таљриба меомўзанд, ки дар таълимгоњи худ имконияти иштирок намудан дар иттињодияи методиро надоранд. Роњбарии мактабњои такягоњї бояд ба ихтиёри омўзгороне дода шавад, ки дониши баланд. таљрибаи њамаљониба ѓанї дошта, устоди кори худ бошанд. Машѓулиятњо бояд бештар амалї таш-кил карда шаванд, зеро омўзиши амалї ба омўзгорон маводи хуби методї ва омўзгорї медињад.

Кабинети методии шўъбањои мао-рифи шањру ноњияњо бояд ба ташки-ли мактабњои таљрибаи пеш ќадами омўзгорї, ќитъавї ва такя гоњї диќќати махсус дињанд, зеро айни замон омўзгорон имконияти мустаќилона омўхтани навигарињои илмї ва мето-диро надоранд. Инчунин дар вуљуди аксари омўзгорон, вобаста ба шарои-ти зиндагї ва муњити он хусусиятњои мустаќилона омўхтани таљрибаи омўзгорї то њол ба расмият надаро-мадааст.

29«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

Чанде пеш китоби њаљман хурд, вале пурмўњтавое ба дастам афтод бо исми «Нури дида», ки баргузидаи шеър, њикоя ва очеркњо дар васфи муаллим мебошад. Ин китоб соли 1986 дар тањияи Д. Мирфайё­зова ва пешгуфтори собиќ сармуњаррири њафтаномаи «Омўз­гор», нависандаи хуш­завќ Бобо Насрид­динов (равонаш шод бод!) аз тариќи на­шриёти «Маориф» бо теъдоди дањ њазор нусха чоп шудааст. Дар маљмўаи мазкур нигоштањои адибо­ну олимони маъруф аз ќабили Мўъмин Ќаноат, Лоиќ Ше­ралї, Гулрухсор, Бо­зор Собир, Убайд Раљаб, Бобо Њољї, Ўрун Кўњзод, Саттор Турсун, Бобо Насриддинов, Абдулњамид Самадов, Юсуф Акобиров, Фотењи Абдуллоњ, Пайванди Гулмурод ва дигарон андар ситоиши зањмати сангину пурмасъу­лияти омўзгор, ки «зоњиран хоксорона, вале амалан яке аз корњои бузургта­рин таърих» (К.Д.Ушинский) мебо­шад, гирд омадаанд. Умедвори онем, ки кош дар замони мо низ чунин китобњои саршори мењру самимияти беандоза нисбат ба пешаи омўзгорї мунтазам тањия, танзим ва чоп бишаванд, зеро мо чун зањмати имрўзаи муаллим­ро ба гунае, ки дил мехоњад, сазовор ќадрдонї карда наметавонем, шояд

бад­ин васила андаке њам бошад, муал­лимони азизу арљмандро ба кору фаъо­лияти пурсамар дилгарм ва љавононро бањри ба ўњда гирифтани ин пешаи пурмасъулият њидоят намоем. Аз

њамаи нигоштањои китоби «Нури ди­да» мењри чашму дили муаллифон ба сурати ошкор ба мушоњида мерасад. Шояд аксарияти муаллимони калонсол дар бойгонии шах­сиашон нусхае аз ин китобро дошта бо­шанд, вале ба назари мо, аксари муалли­мони замони муосир аз мављудияти ин ки­тоб огањї надоранд.

Аз ин рў, тасмим гирифтем, ки яке аз

нигоштањои бењтарини ин маљмўаро бо номи «Чањор гуфтор дар васфи омўзгор», ки ба ќалами муњаќќиќ ва нависандаи пурмутолиа, пуркор ва пух­такор Фотењи Абдуллоњ тааллуќ до­рад, бо андак тасњењи љузъї пешкаши хонандагони арљманди маљалла намоем. Масъалањои бамиёнгузаштаи муаллиф бањри ислоњи соњаи маориф ва виљдони бедори љомеа ­ омўзгорони муаззам бо вуљуди сипарї шудани фосилаи за­монии зиёд њолиё низ басо муњим ва сариваќтї буда, љўёи роњњалњои му­носиб мебошанд.

Муњаммадљони ШОДЇ

30 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

Гуфтори якум: Муаллим чї гуна бояд бошад?

Муаллимї њунарест оливу наљиб. Вале на он кас муаллим аст, ки тар­бия ва маълумоти муаллимї мегирад, балки он кас аст, ки ботинан эътиќод дорад, ки муаллим њаст, бояд бошад ва дигар хел буда наметавонад. Ин эътиќод ањёнан вомехўрад ва фаќат бо ќурбонињое исбот мешавад, ки кас ба њунари худ мекунад.

Лев Толстой

руљўи лирикї. Аз навиштаи як рўз­номанигор. Ваќте ки муаллим мегўем, пеши назари мо марди ѓамхору дилсўз ва мушфиќу мењрубон наму-дор мешавад, ки бе таълим, бе мак-таб, бе маориф њаёташро тасаввур

намекунад, тамоми дороии маънавию ахлоќиашро сарфи шогирдон месо-зад. Муаллим дар њаёти њар кадоми мо наќше гузоштааст ва саргузашти мо бе номи ў, бе фаъолияти ў, бе сар-гузашти ў тасаввур намешавад. Мо њама аз ў сабаќи илму маърифат ги-рифтаем ва хайру шарофат омўхтаем.

Муаллими њаќиќї кист? Чун ба сари ин муаммо ба андеша равам, да-ставвал андоми нуронии шахсе пеши назарам љилвагар мешавад.

Соли 1957 ман баъди хатми син-фи њафтум ба омўзишгоњи педагогии шањри Панљакент дохил шудам ва дар он љо чањор сол аз аќл ва њим-мати наљибмарде бањра бардоштам, ки зуд ва њамешагї дар дилу дидаи ман маъво гирифт. Ин шахс муалли-

Фотењи АБДУЛЛОЊ

ЧАЊОР ГУФТОР ДАР БОРАИ ОМЎЗГОР

ОЃОЗ

Ислоњоти мактаб ба давраи наве дар њаёти мактабу маорифи кишвар ибтидо гузошт ва аз њар муаллим та ќозо кард, ки як бори дигар ба рўзгори худ назари тааммуќ андозад, онро ба тањлил гирад ва аз худ бипурсад, ки оё фаъолияташ ба талаботи рўзафзуни давру замон љавоб дода метавонад. То чї дараља дар бораи табиат ва моњияти пешаи худ тасаввур дорад ва аз худ, аз њампешагони худ чї дархост дорад. Махсусан, дар рўзњои мо, ки талаб аз муаллим, аз дарс ва шахсияти ў хеле афзудааст, чї кор кунад ва чї хел кор кунад ва чї хел рафтор намояд, ки ба сухани хуш ва ташаккури мардум сазовор шавад?

Дар ин маќола кўшиш шудааст, ки рољеъ ба рисолати муаллим дар љомеаи муосир ва шахсияти ў чанд андешае иброз гардад.

31«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

ми адабиёт Абдуљаббор Шарифзода буд.

Шарифзода ошиќи китоб буд, дар хонааш чандин љевон китоб дошт, пулашро сарфи китоб мекард ва аз бозорњо аз дасти китобфурўшон девонњои шуарои ќадим, фарњангњо, тазкирањо, таърихномањо, баёзњои фузуне гирд оварда буд, онњоро ба-рои худнамої нагирифта буд, ме-хонду аз худ мекард ва ба дигарон мебахшид. Фарњангро дўст медошт, аз илмњои гуногун воќиф буд ва ин шеърро вирди забон дошт:

Илмро њаргиз наёбї, то набошад шаш хисол,

Њирси вофир, фањми комил, љамъи хотир, кулли њол.

Њам дигар устоди мушфиќ, саъй њам бояд мудом

Лафзро тањќиќ кардан то расад њадди камол.

Ин устоди мушфиќи мо соњиби ин шаш хислат буд ва мекўшид, ки шо-гирдонаш низ соњиб бошанд.

Шарифзода ошиќи сухан буд, су-хани зеборо дўст медошт ва моро сухансанљию суханшиносї меомўхт, бо амри ў њар кадом луѓатнома тар-тиб дода будем, ки дар он аз рўи алиф бо калимањои номафњумро бо шарњу эзоњашон менавиштем ва сипас аз худ мекардем. Шарифзо-да аз ќабили муаллимоне набуд, ки луѓаташон аз њадди њаштсад-њазор калима нагузарад, ў фарњангеро ме-монд иборат аз чињил-панљоњ њазор калимаву ибора; хонандагоне буданд, ки барои фањмидани забондонии му-аллим маънии луѓатњои нодирро аз

ў мепурсиданд, ў дафъатан шарњу тавзењ медод, гоње бо байте далела-шонро асос мебахшид.

Шарифзода ошиќи адабиёт буд, билхосса адабиёти классикї, як де-вон шеърро аз ёд медонист ва њар гоњ ки шеъри шевое мехонд, ба изтироб меомад, ба шўр меафтод, ноором ме-шуд ва чашмонаш барќ мепошиданд, ончунон барќе пуртавон, ки дар чаш-мони мо низ менишаст ва хунамонро ба љўш меовард. Шарифзодаи ошиќ моро ошиќи адабиёт, ошиќи шеър, ошиќи Рўдакию Фирдавсї карда буд.

Ў ба сабабе ошиќи сухан ва адаби-ёт буд, ки ошиќи зиндагї ва зиндагон буд, шогирдони худро дўст медошт ва љањд мекард, ки аз гили эшон пай-караи зебое битарошад, зеро наѓз ме-донист, ки аз ин гил пайкараи зишт тарошидан сањл аст; љањд мекард, ки шогирдонро суханпарасту шеърпа-раст ба камол бирасонад, зеро наѓз медонист, ки аз онњо душмани шеъру сухан сохтан сањл аст. Роњи душвор, вале наљибе пеш гирифта буд ва то вопасин нафас сарфароз дар ин роњ ќадам мезад ва иќрор шудан бояд, ки аксаран тираш ба њадаф мерасид.

Солњост, ки устод Шарифзода пад руди љањон кардааст, аммо ў њанўз бо ман (бо садњои дигар низ) падруд нагуфтааст, инак мебинем, ки ў вориди синфхона мешавад, њама бо эњтиром аз љой бармехезанд; «Салом» мегўяд муаллим, «Салом!» мегўянд дар љавоб шогирдон ва дарси зе-боиву нафосат оѓоз меёбад, муал-лими мењрубон моро ба уштурони хаёл савор карда, ба сайру саёњати

32 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

асри дањ - «асри тиллои мадания-ти тољик» мебарад, мо аз дарвозаи Самарќанд ба Бухорои бињиштмаъво по мегузорем, аз кўчаву хиёбонњои сабзу хуррами он гузар мекунем, дар бозорњо гўш ба мубоњисаву мунозираи ањли китобу маърифат медињем, аз њашамат ва љозибаи кохњову кўшкњо, мењмонсаройњову китобхонањо, боѓњову бўстонњо ба њайрат меоем, тоќињоямон аз дидани арки Бухоро, ки Сиёвуши некмазњар бино кардааст, рўи хок меафтад, аз Рўдизар оби њаёт менўшем, аз бўи Љўи Мўлиён маст мешавем, пеши маќбараи Исмоили Бузург сари таъ-зим фуруд меорем, инак дар дарбор базми љамшедие оростаанд, амир Наср ибни Ањмад, вазир Балъамї, сафирон, саркардагон, дарбориён, со-зандагон, сарояндагон њузур доранд ва Рўдакии азимушшаън бадењатан ќасидае мехонад (ки сонї бо номи «Модари май» шўњрат меёбад) ва њама ба ваљд меоянд… муаллими мо низ ба ваљд меояд, мо низ ба ваљд меоем!

Муаллим моро њолати ваљд ва њайрат аз шеър, сухан, маданият, Ватан ва забони модарї меомўхт, бузургдошти њама чизи муќаддас ва азиздошти њама парастањоро меомўхт, моро пос доштани гузаш-таи пуршараф таълим медод, то ба ќадри имрўзи ќањрамонї бирасем, моро эњтироми Рўдакию Айнї ёд медод, то бузургони халќњои дигар-ро эњтиром бикунем, моро азиз до-штани забони модарї сабаќ медод, то забонњои дигарро низ азиз дорем,

зеро наѓз медонист, ки мафњумоти муќаддаси «Ватан», «идеал», «мада­ният», «адабиёт», «шеър» ва ѓайра мањз тавассути забони модарї, њамон забоне, ки нахустин бор бо аллаи мо-дар ва навозиши падар, бо лабханди бобою бибї, бо мењрубонии хешо-вандону њамдењон дар гўшу дили мо акси садо дод, устувор ва подор хоњад шуд.

Сабаќеро, ки аз мактаби Шариф-зода гирифтаем, метавон мухтасар бо як калима ифода кард: парастиши муќаддасот. Њатмї нест, ки муалли-ми адабиёт аз шогирдони худ шоир созад, аммо њатмист, ки дар нињоди шогирдони худ парастиши шеъру су-хан, Рўдакию Айнї, забони модарию Ватанро пайрезї бикунад ва ѓараз аз парастиши муќаддасот инсон сохта-ни њар кадоме аз шогирдон буд, зеро диле, ки дар он муќаддасоти халќ љой нагирифтааст, холї, торик ва бењаёт аст. Бале, устод Абдуљаббор Шариф-зода кўшо буд, ки аз њар кадоми мо инсон созад, худ ки инсон буд, љањд мекард, то дигарон низ инсон биша-ванд!

Пас муаллими њаќиќї онест, ки мекўшад шогирдони худро инсон со-зад. Зимнан вазифаи тарбияро бузур-гон њамеша аз он иборат донистаанд, ки инсонро инсон созад. Аз љарроњи некўноми рус Н.И. Пирогов пурси-даанд: «Шумо аз фарзандони худ чї сохтан мехоњед?» «Мехоњам инсон созам», -гуфтааст ў дар љавоб.

Инсон сохтан маънии аз шогир-дони худ шањрвандони шоистаи љомеа ба камол расониданро дорад.

33«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

Шањрванди шоиста касе мешавад, ки маънии зиндагии худро дар хидмати халќу Ватан дарёбад, Ватанро беш-тар аз худ дўст дорад ва лањзаи зарур барои њифзи он љон супорад.

Аммо муаллим бањри он ки шањр-вандони шоиста тарбия бикунад, худ бояд ки шањрванди шоиста бошад, дар фаъолияти иљтимоии худ маъ-нии муњим бубинад, дар роњи таъ-лими насли наврас љон нисор кунад, ба њаќќонияти кори худ эътимод дошта бошад, дар мактаб ва дар байни мардум њамчун ташвиќгари оташќалби њаќиќат, њамчун мубо-ризаи матинирода бањри тантанаи ормонњои наљиби инсонї арзи њастї бинамояд. Бидуни шубња, ин гуна му-аллим дар љомеаи мо обрў меёбад ва сазовори бовару њурмати мардум мешавад. Рўзгори арљмандтарин педагогњои замони шўравї Макарен-ко ва Сухомлинский далели гуфтаи мост. Муаллим Абдуљаббор Шариф-зода низ аз ин ќабил буд, сазовори эњтироми халќ ва шарафёби ордени «Ленин» гардид. Ин гуна муаллимо-ни огоњдил, худгудоз ва љонсупор дар диёри мо кам нестанд. Чун бо эшон рў ба рў шавем, бо эњтиром салом медињем ва аз самими дил арзи та-шаккур мекунем.

Ононе, ки шогирдони худро њам-чун шањрвандони шоистаи Ватан ба камол мерасонанд, муаллимони њаќи-ќианд. Аммо бо таассуф ќайд бояд кард, ки дар бисёр дабистонњо бо муаллимони бевиљдон ва дилкўр ду-чор омадан мумкин аст, ки на фаќат сарам-дилам дарс дода, ба чашми

давлат хок мепошанд, балки боз дар байни мардум пешаи омўзгориро, ки аз пушти он рўзашон мегуза-рад, нањ мезананду таъна мекунанд. «Муаллимї њам касб шуд? Одам ки њељ чиз нашуд, муаллим мешавад», «Ањмада бинед, ду сол дар магазин кор карда соњиби «Волга» шуд, ман бошам 30 сол аст, ки аз муаллимї љон меканаму њељ не ки мошин ха-рам. Рўзам базўр мегузарад», «Кас духтараша ба муаллим медињад? Муаллим ќашшоќ аст», -чунин аст таќрибан мулоњизањои носолими ин ќабил муаллимон дар бораи пешаи худ дар байни мардум.

Ин зайл муаллимон дар байни хонандагон низ њамин аќидаро пањн мекунанд. Ба ин боре як хонанда бо нафрат чунин наќл кард: Дар дарси муаллиме сухан аз интихоби касб мерафт. Талабаи мазкур гуфтааст, ки ман муаллим мешавам. Муаллим бо зањрханда изњори роз кардааст: «Чї, касби дигар ќањт зад, ки му-аллим мешавї? Бачањо, ба шумо як насињати падарона дорам. Њама чиз шаведу фаќат муаллим нашавед! Ман шахсан аз касби интихобкардаам норозї њастам. Аз ноилољї муаллимї мекунам».

Вой бар њоли муаллиме, ки аз нои лољї дарс медињад, вале сад вой бар њоли хонандагоне, ки аз ноилољї дарси ин гуна муаллимро гўш меку-нанд! Ин гуна муаллимон ба мурдобе шабоњат доранд, ки бо бўи касифу палашти худ њавои атрофро вайрон мекунанд.

Аммо муаллимони њаќиќї мисли рўдњое њастанд, ки замини ќалби шо-

34 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

гирдонро сарсабз мекунанд ва дар он тухми хайру шарофат, нуру нафосат мекоранд.

Хизмати муаллим пеш аз њама бо он муайян мегардад, ки вай дар кадом поя дарс медињад, дарси ўро хонандагон фаро гирифтаанд ё не, дарси вай ба дониши хонандагон до-ниши нав зам кард ё не. Яъне дар рафти дарс савол, дониш, маърифат ва муњаббати муаллим санљида ме-шавад.

Гуфтори дуюм: Хонанда - ойинаи муаллим

Талаба зарфе нест, ки пур бояд кард, балки машъалест, ки бояд дар­гиронд.

Константин Ушинский

руљўи лирикї. Аз иншои як хонан­да: Муаллими химияи мо њам моро дўст медорад ва њам фанашро. Дарси ўро њамеша интизорем ва мехоњем дарсаш тамом нашавад.

Муаллими физикаи мо на моро дўст медорад, на фанашро. Аз дарси ў гузаронем ва мехоњем дарсаш њар чї зудтар тамом шавад.

Шоир дар шеър ифода мешавад, сароянда дар суруд. Њунари муал-лимро дарс ифода мекунад. Мањз дарс намоёнгари истеъдод ва ќудрати муаллим аст.

Дарси муаллими њаќиќї нотакрор аст, њар дарс ба рўи бача олами тозае мекушояд, њар дарс ба чароѓи аќли бача равѓани тозае мерезад. Дарси нав барои муаллим њамон хел ќадру ќимат дорад, ки барои шоир шеъри

нагуфтааш ва барои сароянда суру-ди носурудааш. Танњо бо њамин гуна муносибат муаллим метавонад ба му-роди дил бирасад.

Њангоме ки муаллим ба синф ме-дарояд, чашмони ошнои шогирдон ба сўяш кунљковона менигаранд ва гўё ки мепурсанд: «Ку бубинем, имрўз муаллим чї њарфи тозае ба мо гуфтанист?» Муаллим њаќ надорад, ки чашмони баумедро фиреб дињад ва соатро коре карда «кўр» кунад.

Ў бояд њангоми тадрис дониши худро дониши хонандагон гардонад. Хонанда ойинаи муаллим аст. Аз хо-нандаи синфи њашт хоњиш кунед, ки дар бораи Рўдакї наќл кунад. Агар ѓайри чор-панљ љумлаи умумї чизе гуфта натавонад, хулоса кунед, ки муаллими вай њам дар бораи Рўдакї њамин чор-панљ љумларо медонаду бас.

Муаллим дар мактаб симои асо-сист, ўст, ки бачањои њарфношиносу худношиносро ба шинохтани љањон ва худ роњ менамояд, ўст, ки чашми бачаро ба ростиву зебої боз мекунад.

Љињати он ки маќоми муаллим-ро дар љараёни таълим равшан ку-нем, мисоле аз њаёти як мактаби њаштсолаи кўњистон меорем. Дар давоми солњои зиёд шогирдони ин мактаб аз фанни химия дониши казої ва ба ин фан раѓбат надо-штанд, чунки дониши муаллимони химияи таълимгоњ дар ин муддат хеле сатњї буд ва ин гуна дониш хо-нандаро доно карда наметавонист. Хушбахтона, љавоне баъди хатми донишкадаи омўзгорї ба ин мактаб

35«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

муаллим шуда омад. Ин љавон он ќадар дилдодаи таълиму тадрис буд, ки тавонист дар муддати кўтоњ дар дили шогирдон оташи муњаббат ба фанни химияро фурўзон кунад. Баъ-ди се сол шогирдони ў пайињам ду сол дар озмуни љумњуриявї аз химия медали тилло гирифтанд. Њаќќо, ки ин љавон муаллими њаќиќист, зеро тавонист дониши худро дониши хо-нандагон бикунад.

Мисоле дигар меорем. Дар ноњияе ду мактаби миёна дар њамсоягии як-дигар ќарор гирифтаанд. Дастпар-вараони як мактаб дањ сол аст, ки дар озмунњои вилоятї ва љумњурї аз фанњои математика, физика ва химия ширкат варзида, њамеша соњиби ме-далу љоиза мешаванд, аммо мактаби дигар, ки миќдори талабааш ќариб чањор карат аз мактаби аввал зиёд аст, дар озмун иштирок кунад њам, доим бенасиб мемонад. Ин санадест изтиробангез, ки касро ба андеша маљбур мекунад. Чаро дар ду мак-таб, ки шароити якгуна доранд, таъ-лим дар як поя нест? Сабаб равшан аст: барои он ки дар яке муаллимони бовиљдон ва дар дигаре муаллимони бевиљдон дарс медињанд. Аз кўтоњиву бевиљдонии муаллим хонанда бедо-ниш мемонад. Аммо муаллиме, ки худро эњтиром мекунад, ба садои виљдон ва дили хеш гўш медињад, зинњор ба ин бешарафї розї нахоњад шуд ва љањд хоњад кард, ки дарсаш дар пояи дарси бењтарин ва шогирдо-наш дар радифи бењтарин шогирдон ќарор бигиранд.

Њар як дарси нави муаллими ња-ќиќї аз дарси гузаштааш фарќ до-рад. Чилу панљ даќиќаи дарсро чунон мегузаронад, ки хонандагон онро бо шавќу њавас гўш мекунанд, дониш мегиранд ва ба чилу панљ даќиќаи оянда њам шавќу њавасашон зиёд аст. Муаллими хеле пурдон њам якрангу якнавохт дарс гузарад, гумон аст, ки шавќу њаваси хонандагонро бедор кунад.

Вазифаи муаллим майнаи хонан-даро аз дониш пур кардан нест, бал-ки ба хонанда ончунон дониш до-дан аст, ки вай тавонад онро дар њаёт истифода барад. Донишро ба хо нан дагон бо кадом воситаву усул дода тавонистан дар љараёни таълим ањамияти калон дорад.

Муаллиме дар Њиндустон дар боѓи шукуфон оид ба муаммои вуљуд сухан мегузорид. Иттифоќо гулбонги булбуле баланд шуд. Муаллим лаб аз сухан фурў баст ва шогирдон њайрон шуданд. Чун булбул чањчањашро анљом дода, муаллим гуфт: «Ба хонаи худ равед, дарс тамом шуд!»

Тавре ки мебинем, муаллим ба љои дарси худ сабаќи булбулро дар идро-ки асрори вуљуд авло донистаанд.

Аз рўзгори физики маъруфи фа-ронсавї Ланжевен мисоли ибрат-бахше меорем: «Моњи маи соли 1942 профессор Ланжевен лексияи навба-тии худро хонда натавонист: як рўз пеш ба профессор коѓазчае доданд, ки дар он духтараш навишта буд, ки ўро ба лагери марги Освенсим ме-баранд ва шавњарашро, ки шогирди дўстдоштаи профессор буд, фаши-

36 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

стон паронданд. Дар аудитория су-кунат њукмфармо буд.

– Хоњиш мекунам, пластинкаи па-тефонро монед.

– Кадом ќартаро?– Симфонияи нўњуми Бетховенро.Ў чашмашро пўшида, дасташро

ба пешониаш гузошта, мусиќиро гўш кард. Мусиќї ба поён расид. Про-фессор аз љо бархост. Чашмаш пури ашк буд.

– Дигар имрўз ман ба шумо чизе гуфта наметавонам.

Бо њамин Ланжевен хайрухуш кар-да рафт».

Педагоги бузург В.А. Сухомлинс-кий њам дар дарс ва њам дар корњои берун аз он усулњои гуногуни таъ-лимро кор мефармуд. Ў бањри он ки ба шогирдонаш зебої, розњо ва мўъљизањои љањонро ошкор би ку-над ва дар нињодашон эњсоси ватан-парастї ва бузургдошти муќад да-сотро устувор бисозад, эшонро ба оѓўши табиат мебурд ва онро макта-би зери осмони кабуд меномид.

Мо ин мисолњоро ба сабабе овар-дем, ки таъкид кунем: усули тадрис беохир аст ва мо бояд дар њар дарс методњои гуногунро истифода ба-рем, то хонандагон аз дарси мо розї бошанд ва нерўву ќобилияти эљодиашон нашъунамо ёбад.

Муаллиме, ки монда нашуда роњ-њои нав ба нави таълиму тарбияро мељўяд ва ба шогирдон дониши кофї медињад, њамоно соњиби обрўю эњтиром мешавад. Ѓайри ин муаллим њангоме ба эњтироми шогирдон сазо-

вор мегардад, ки соњиби маданияти баланд бошад.

Гуфтори сеюм: Маданият аз чї сар мешавад?

Камол он аст, к­аз худ бошї огоњ,Чи дар сањро, чи дар хилват,

чи дар роњ.Абдулќодири Бедил

руљўи лирикї. Аз сўњбати ду дењ­ќон:

– Вай чї хел муаллим аст, ки мо-нанди авбош ба мардум муомила ме-кунад. аз сўњбаташ дили кас бењузур ме шавад. Фаќат аз чизу мол гап ме-занад.

– Агар ман ба љои роњбарони маориф мебудам, ин хел муаллим-ро маљбуран аз нав мехонондам, то таълим гирад ва ахлоќ пайдо кунад.

Маданияти шахс ду хел мешавад: маданиятии зоњирї ва маданияти ботинї. Маданияти зоњирї аз ли-бос сар мешавад. Либоси шинам ва дилкаш касро зебо мекунад. Аммо ин зебої њангоме маъно мегирад, ки бо маданияти ботинї омезиш ёбад. Маданияти ботинї мафњумест хеле васеъ, ба он масъалањои огоњ будан аз имрўзу дирўзи халќ, огоњ будан аз авзои сиёсии олам, наѓз донистани фанни худ, ошної варзидан бо санъ-ат, илм ва ѓайра дохил мешавад.

Муаллимоне њастанд, ки ба зоњири худ диќќати зиёд медињанд, аммо бо-тинашонро фаромўш мекунанд. Ин хел муаллимон мисли гули коѓазанд: дар назар зебо, аммо маънан пуч. Муаллимоне њастанд, ки баръакс

37«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

зоњири худро аз ёд бурда, ба ботини худ диќќат медињанд ва ин рафтори худро хоксорї мегўянд. Аммо њељ гоњ хоксорї дар пўшидани либоси кўњна ё чиркин ифода намешавад.

Муаллими њаќиќї касест, ки њам ба зоњири худ, њам ба ботини худ диќќат медињад ва ин гуна муаллимро мо њамчун муаллими соњибмаданият мешиносем. Либос, андеша, гуфтор ва рафтори муаллим ба маданияти баланди ў бояд далолат кунанд.

Мутаассифона, муаллимоне кам нестанд, ки фарсахњо аз маданияти баланд дуранд. Муаллимеро медо-нам, ки дањ сар гов дорад. Майнаи вай банд аст, чї кор кунад, ки гов-њояш гушна намонанд. Ваќт надорад, ки дар бораи таќдири фарзандони халќ ба андеша равад. Ваќт надорад, ки либоси тоза пўшад ва гармоба ра-вад, бо либоси дарзмолнакарда ва риши нотарошида мегардад. Ваќте надорад, ки китоб хонад ва ба дарс омодагї бинад.

Муаллимоне њам дучор мешаванд, ки баъди хатми донишгоњи олї ягон китоби бадеї ё илмиро мутолиа на-кардаанд. Онњо ноилољ ба рўзномаю маљаллањо обуна мешаванд, аммо њељ майлу раѓбати онњоро вараќ за дан надоранд. Рўзгори ин муал-лимон осуда аст, њавлию њарами калон, гову гўсолаи зиёде доранд. Девори хонањояшонро ќолинњо оро медињанд. Аммо бачањояшон на дар курсї нишаста рўи миз, балки дар рўи фарши хона дароз кашида дарс тайёр мекунанд.

Хонаи бисёр муаллимонро кунљ-ковона аз назар гузаронед, дар он ба љуз китобњои дарсии худи муаллиму фарзандонаш дигар китобе намеби-нед…

Муаллими њаќиќї њамеша бо ма-данияти худ, бо маърифати худ, бо фидокории худ фарќ мекунад. Ў ба-рои худ идеалњои олие дорад. Ўро корномаи Ќањрамонони Итттифоќи Советї Исмоил Њамзаалиев, Домул-ло Азизов, Њодї Кенљаев ва Амиралї Саидбеков, ки пеш аз Љанги Бузур-ги Ватанї муаллимї мекарданд, ба фидокорї даъват менамояд. Машъ-алњои афрўхтаи муаллимони ќањ-рамон роњи ўро равшантар месозанд. Ўро корномаи педагогии Антон Ма-каренко ва Василий Сухомлинский рањнамуни зиндагист ва сабаќи са-доќату љонсупорї дар роњи тарбияти насли наврас медињад.

Дар нињоди муаллиме, ки њаё-ташро фидои шогирдон месозад, шўълае аз ќањрамонї њаст. Ин ќањ-рамонї дар маданияти ў, дар одамия-ти ў ифода мешавад, ки то чї андоза дили худро, нуру њарорати онро ба бачањо мебахшад.

Каломи муаллим даме ба шогир-дон таъсир мекунад, ки рафтори ў, рўзгори ў, таќдири ў шоёни ибрат ва таќлид бошад. Муаллими њаќиќї њамоно дар шогирдони худ таљассум меёбад ва порае аз аќлу дили худ дар нињоди эшон мегузорад.

Муаллим шогирдонро тарбия кар-да, худ низ тарбия меёбад, шогир-донро таълим дода, худ низ таълим мегирад. Аммо навъе ки гуфтем, ба

38 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

ин кор фаќат муаллиме ќодир аст, ки соњибмаданият бошад. Як нишонаи маданияти муаллим ин аст, ки вай то чї дараља бо адабиёти бадеї ошної варзидааст.

Гуфтори чањорум: Адабиёти бадеї ва шахсият

Аз тамоми воситањои густариши маърифат адабиёт аз њама пурзўртар аст… Њар ќадар ки он нерў гирад ва такмил бинад ё чунон ки мегўянд, ин­кишоф ёбад, њамон ќадар халќ бомаъ­рифаттар мегардад.

Николай Чернишевский

руљўи лирикї. Аз «Чањор маќола»­и Низомии Арўзии Самарќандї: «Ањмад ибни Абдуллоњ ал-Хуљистониро пурсиданд, ки ту марде харбанда (харбон) будї, ба амирии Хуросон чун афтодї? Гуфт: -Ба Бодѓис дар Хуљистон рўзе девони Њанзалаи Бодѓисї њамехондам, бад-ин ду байт расидам:

Мењтарї гар ба коми шер дар аст,Шав, хатар кун, зи коми шер

биљўй.Ё бузургию иззу неъмату љоњ,Ё чу мардон­т марги рўёрўй!Доияе (хоњише) дар ботини ман

падид омад, ки ба њељ ваљњ дар он њолат ки андар будам, розї натаво-нистам буд. Харонро бифурўхтам ва асп харидам ва аз ватани хеш рењлат кардам ва ба хидмати Алї ибни Лайс шудам… Басо љандала кардам ва ба аморат расидам».

Тавассути маданият, ки як рукни он адабиёти бадеї мебошад, инсон

маънану ахлоќан ташаккул меёбад, худро дар фаъолияти иљтимої ифода мекунад ва шахсият мешавад. Шахси-ят шудан ба пешрафти љомеа мусои-дат кардан, донанда, њимоякунанда ва офаринандаи арзишњои моддиву маънавї шудан аст.

Адабиёт омили баѓоят муњими тарбияи њиссиёт ва дил, тарбияи ша-раф ва виљдон аст. Адабиёт армонњои хирад ва некї, зебої ва адолатро тарѓиб кардаву пуштибонї намуда, одамро дар кўраи одамият парвари-да, ўро дороии рўњу зебоии ахлоќ, бахту озодї эњдо мекунад.

Бечиз нест, ки донишварон адаби-ёти бадеиро китоби дарсии зиндагї донистаанд. Драманигори шинохтаи рус А.Н.Островский навиштааст: «Санъат машъалест, ки роњи њар каси ба зиндагї воридшавандаро мунаввар мекунад».

Дар хусуси таъсири азими ада-биёти бадеї ба сарнавишти одамон аз таърих ва њаёти муосир ња зор-њо далел овардан мумкин аст. Ња-зор-њазор одамон аз мутолиаи «Чї бояд кард?»-и Н.Г. Чернишевский, «Ѓурмагас»-и Э. Войнич, «Достони Уленшпигел»-и Ш. Костер, «Мо-дар»-и М.Горкий, «Пўлод чї тавр обутоб ёфтааст?»-и Н. Островский, «Достони марди њаќиќї»-и Б. По-левой барин асарњо як љањон ѓай-рату ќудрат пайдо карда, дар роњи ормонњои волои худ љон фишонда-анд.

Инќилобгари бузурги булѓор Ге-оргий Димитров таъкид кардааст, ки мањз баъди мутолиаи «Чї бояд

39«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

кард?» роњи наљоти мардумро ин-тихоб намудааст. Дар солњои Љанги Бузурги Ватанї дар кўлвори бисёр сарбозони шўравї китоби «Пўлод чї тавр офтоб ёфтааст?» мањфуз буд ва гўё, ки дар сафи онњо Павел Корча-гин фашистони яѓмогарро зеру забар месохт.

Адабиёт ба кас таассуроти амиќи эстетикї мебахшад, ўро ба ваљд мео-рад ва гўё ки њамтаќдири ќањрамонон ва муаллифон мегардонад. Мо њам-роњи Ёдгор ба кўњистони тољик нури инќилоб овардем, њамроњи Њасани аробакаш дар сарсабзии Душанбеи навобод сањм гузоштаем, њамроњи Њабиб Юсуфї аз душмани ѓаддор интиќом љустаем.

Љањони маънавии инсони айёми мо, билхоса муаллимро бидуни ада-биёти бадеї тасаввур кардан мушкил аст. Муаллим тавассути адабиёт ху-дро тарбия мекунад, иллатњояшро бартараф сохта, фазилатњояшро ин-кишоф медињад ва «аз рўи ќонунњои зебої» (К.Маркс) зиндагї менамояд. Фаќат ин гуна муаллим ќудрате до-рад, ки шахсият ва ахлоќи шогир-дони худро такомул бидињад, зеро ѓараз аз хондани асари бадеї фаќат нумўи рўњу ахлоќи худ нест, ѓараз нумўи рўњу ахлоќи шогирдон низ ме-бошад ва ин њаќиќат чун рўз равшан аст, ки устод танњо бо шогирдони худ метавонад зинда бимонад. Ва ѓарази нињоии муаллим аз адабиёти бадеї худу шогирдони худро њамчун шогирдони сазовори љомеа тарбия кардан аст ва ин тарбия тамоми умр тавассути омўзиш, мењнат ва хидмат ба љомеа идома меёбад.

Бисёр муаллимон, сарфи назар аз он ки кадом фанро дарс медињанд, ба адабиёт шавќу мароќи беандоза доранд, зеро адабиёт ба эшон лаз-зат ва сабаќе медињад, ки онро дигар анвои шуури љамъиятї дода намета-вонанд. Мо дар сўњбати муаллимони зиёде ширкат љустаем, ки ба нуфузи мондагори адабиёт дар рўзгори худ ќоиланд. Муаллиме гуфт: адабиёти бадеї дар рўзгори ман чї маќом дорад? Ман рўйрост мегўям, ки бе адабиёт зиндагї карда наметавонам. Ќањрамонони адабиёт Павел Власов ва Павел Корчагин ќањрамонони мањбуби мананд, ки роњи маро ба сўи фардо мунаввар месозанд». Ди-гаре фикри ўро таќвият дод: «Бале, адабиёт ба хонанда идеали ахлоќї пешкаш мекунад. Гулнору Ёдгор, Пўлоду Гулрў, Фирўзаву Носир Аб-бос идеалњои ахлоќие мебошанд, ки њар шахси соњибдил мехоњад ба онњо монанд шавад. Адабиёт њаќиќатан маќоми бузурги тарбиявию ахлоќї дорад. Фаќат онро ба муддао исти-фода кардан даркор аст. Муаллими дигар изњори аќида намуд: «Адабиёт шахсро тарбия карда, ба сўи идеалњои олї рањнамун месозад. Албатта, ин маъние надорад, ки кас саргузашти Гулнорро хонда, дарњол монанди вай мешавад. Не, аммо шубњае нест, ки саргузашти Гулнор ба дилу зењни хонанда зарра-зарра таъсир мерасо-над. Нињоят, муаллиме хулоса кард: «Адабиёти њаќиќиро хонда, алалху-сус бачањо ба ќањрамонони он таќлид мекунанд. Мутаассифона, солњои охир дар адабиёти тољик асарњое

40 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИЁед, ба андеШа ПардоЗеМ

кам вомехўранд, ки образњои онњо њамчун машъалафрўзон љавононро ба корњои беназир даъват кунанд».

Чунонки гуфтем, тарбияи эстетикї њамон ваќт натиљаи дилхоњ медињад, ки худи муаллим маданияти баланди эстетикї дошта бошад. Ин маъние дорад, ки ба ѓайри адабиёти бадеї аз дигар навъњои санъат њам боха-бар будани муаллим даркор аст. Бо таассуф бояд гуфт: муаллимоне кам нестанд, ки аз риштањои гуногуни маданият бањрае набурдаанду наме-баранд. Онњо аз Рўдакї, Фирдавсї, Њофиз, Бедил, Гуте, Шекспир, Пуш-кин, Толстой, Горкий ва Айнї барин арбобони барљастаи адабиёт ном шу-нидаанду халос ва њатто даъво меку-нанд, ки мо забондон ё адабиётдон нестем, бинобар ин адабиётдонї ба доираи тахассуси мо намедарояд. Њол он ки ин њаќиќат чун рўз рав-шан аст, ки адабиёт барои њама аст, барои тамоми халќ аст ва моњияти он, ба ќавли Горкийи бузургвор, ин-соншиносї мебошад, яъне њар кї аз адабиёти бадеї воќиф аст, инсонро нек мешиносад. Бархе муаллимон-ро пурсед, ки њайкалтарошї чї гуна санъат аст ва аз дигар намудњои

санъат чї тафовут дорад, љавоб дода наметавонанд.

Муаллимоне дучор мешаванд, ки аз санъати мусиќии халќњои ба-ро дар ва Аврупо умуман тасав-вур надоранд. Њатто ганљинаи бу-зурги мусиќии классикии тољик «Шаш маќом»-ро бисёр муаллимон намефањманд, њамин ки радио суруде аз ин ганљина оѓоз кунад, гўшаки ра-диоро метобанд. Онњо фаќат суруду оњангњои мањали худро мешунаван-ду халос ва фаќат суруду оњангњои мањали худро ягона суруду оњангњои њаќќан тољикї мепиндоранд. Аммо ин пиндошт бунёде надорад. Гузаш-таи мусиќии ниёгони мо мањз дар «Шашмаќом»-и безавол таљассум ёфтааст ва фаќат «Шашмаќом» ме-роси класикии мусиќии халќи мост, ки монанди адабиёти класикии мо бе-назир ва нотакрор аст. Ба љуз ин дар пешрафти мусиќии муосири тољик на як мањал, балки тамоми мањалњои тољикнишин ширкат доранд ва сањм мегиранд.

Аммо муаллим фаќат бо эњсо су идроки мусиќии халќи худ соњибма-даният намешавад, ўро мебояд, ки мусиќии аќвоми дигарро низ огоњ бошад ва эњтиром кунад.

АНљОМ

Масъалањои мавриди бањс ќарор гирифта аз масъалањои мубрами таълиму тарбия буда, доим диќќати ањли маорифу маърифатро ба худ мекашанд ва албатта, афкори мухталифро ба майдон меоранд. Аммо ба як нуќтаи муњим шубња нест: ри со лати муаллим давр љомеаи мо шањрвандони садоќатманди ормон њои волои инсониро ба камол расо нидан аст, ки он аз њадафи бузурги даврони кунунї - инкишофи њамаљо нибаву мавзуни шахсият, ташаккули инсони нав бармеояд. Бинобар ин фаќат муаллиме, ки дили худро чун Сухом-линский ба бачањо мебахшад, сазовори эњтиром ва сипоси мардум хоњад шуд.

41«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

Таваралї Нозимпур ЗИЁЗОДА,доктори илмњои педагогї, омўзгори

кафедраи таърихи дунёи ќадим ва асрњои миёнаи Донишгоњи миллии Тољикистон

ДАВРАБАНДИИ ТАЪРИХИ ХАЛЌИ ТОЉИК ВА ТАЪРИХИ УМУМЇ

ЊАМЧУН МАСЪАЛАИ МЕТОДОЛОГЇ

Мо ба масъалаи даврабандии ду курси таърих – таърихи хал ќи тољик ва таърихи умумї ња мон ваќте рў ба рў шудем, ки То љи-кистони азизамон на вакак ис тиќ-лолияти давлатї ба даст оварда буд ва тањияи барно ма њои таълимию китобњои нави дарсї оид ба фан-ни таърих таъхирно пазир ба миён омад. Зеро даврабандии шў равии таърих, ки ба муборизаи синфї ва антагонизми оштинопа зир нисбат ба табаќањои дорои љо меа асос ёфта буд, барои љомеаи демократї, ки Љумњурии Тољикистон интихоб кардааст, нигаронида нашуда буд. Дар шароити истиќлолияти давла-тии Љумњурии Тољикистон љою ма-ќоми он таѓйир касб кард ва ин ма-ќом бояд дар барномаю китобњои дарсии мактабњои тањсилоти уму-мии кишвар инъикос мегардид.

Чизи дигаре, ки махсусан бояд ќайд кард, он аст, ки дар низоми таърихшиносї, таърихнигорї ва таълими ин фанни воќеан иљтимої ба таърихи ЉШС То љикистон ма-ќоми маводи киш вар шиносї дода шуда буд, ки он бояд дар дохили таърихи ИЉШС омўхта ме шуд.

Оќибатњои ин бо ном «сиёсати мил лии» нерўи њукмрони Иттињоди Шў равї ба њамагон хуб маълум аст: хо нандагони мактабњои тањсилоти умумии Тољикистони Шўравї хуб медонистанд, ки князњо Оле-гу Игор, Олга, Владимир, шоњњо Иван Грозний, Пётри I, Екатери-наи II, Александри 1, Николаи II ва ќањрамонони таърихии халќи рус Александр Невский, Дмитрий Донской, Кузма Минин, Дмитрий Пожарский, Александр Суворов, Михаил Кутузов ва ѓайрањо барои

42 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

њимоя ва ташаккул ёфтани давлат-дории халќи рус чи хизматњои бе-назир кардаанд. Вале аз таърихи мил лати хеш, шахсиятњои сиёсию фар њангї, ањли њунар ва санъат, ки ин тамаддуни оламшумулро бунёд карда анду то ба мо расонидаанд, он шах сиятњои муќаддас, ки барои дифои миллату кишвар бо душма-нони ѓаддор љон ба рамаќ гириф-та, дар май дони набард љонбозињо кардаанд, ќариб чизеро намедони-станд.

Он замон њар боре, ки мо дар ху суси нодуруст будани ин сиёсат су хан мерондем, маќомоти марбу-таи шўравї давлатњои ѓуломдории Ќаф ќоз, соњилњои бањри Сиёњ ва Осиёи Мар казиро дар назар дошта, ба мо ме гуфтанд, ки ба таърихи ИЉШС таъ рихи њамаи миллатњои шўравиро до хил намудаем.

Бале, дар китоби дарси синфи 8 бо номи «Болоравии Хоразм» мавзўе дарљ гардида буд ва он дањсолањои зиёд ба барномю ки-тобњои дарсии таърихи ИЉШС мекўчид ва то синфи 11 мавзўи дигаре илова нагардид. Баъд, дар солњои 70-80-уми асри ХХ дар хоти-маи њар як фасли калони ки тобњои дарсии таърихи ИЉШС иборае бо номи «Кишвари азиз» ё худ «Род-ной край» пайдо шуд, ки он њељ гоњ ба омўхтани таърихи миллат равона нашуда буд, балки зодгоњи хонандаро дар доираи таќсимоти маъмурии мањаллї дар назар дошт.

Лекин он ваќт Тољикистон кадом як вилояти метрополий набуда, љум њурии баробарњуќуќе буд бо номи «ЉШС Тољикистон» дар њайати ин дав лати шоњаншоњї.

Мазмуну мундариља ва рисола-ти аслии илми таърихро умуман ва дар мактабњои тањсилоти умумию касбї махсусан, бидуни дуруст му-айян намудани асосњои бунёдии даврабандии таърих ва ба фазою муњити башардўстї баргардонида-ни ин илме, ки дар бораи хотираи халќу миллату башар маълумо-ти тамаддунасосро нињон дошта, такягоњи асосии маънавии наслњои имрўзаю ояндаи кишвар аст, им-коннопазир мебошад.

Дар њаљми як маќола имкони баё ни њамаи масъалањои марбут ба дав рабандии курсњои таърихи хал-ќи тољик ва таърихи умумї ву људ надорад. Аз ин рў, мо танњо дар бораи баъзе љињатњои ин масъалаи муњим - даврабандии таърих аз та-риќи љузъњои таркибии ин масъа-лаи методологї ба таври мухтасар му лоњизаронї мекунем.

1. Сунъї будани даврабандии таъ рих дар давраи Шўравї. Тав-ре маълум аст, даврабандии таъ-рих дар замони Шўравї сунъии форматсионї буд. Асоси консептуа-лии ин даврабандї аз он бармео-мад, ки ќувввањои истењ солкунанда беист тараќќї мекунанд ва ба му-носибатњои истењсолї таъсир ра-сонида, онњоро њам ба пеш тела

43«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

медињад. Дар натиља: 1) дар бай-ни табаќањои иљтимоии нав ба-ву људомада ва табаќаи дар љомеа њукм рон ихтилофи оштинопазир ба миён меояд; 2) ин ихтилоф ба инќилобњои иљтимої сабзида ме-расад; 3) инќи лобњои иљтимої барои гузаштан ба форматсияи нави љамъиятию иќти содї бур-да мерасонад. Њамин тариќ, њар форматсияи ќаблї љои худро ба форматсияи нав медињад ва дар асоси њамин ќонуният форматсияи коммунистї ба миён меояд, ки дар он на муборизаи синфї вуљуд дора-ду на сохторњои сиёсию табаќањои иљтимої ва на шоњу гадо, њама хушу хурсандона бо таъмино-ти иќтисодию иљтимоии баланд мувофиќи талаб умр ба сар меба-ранд. Гўё бадбахтии асосии њар як форматсияи гузашта моликияти хусусї бар воситањои истењсолот будааст, ки он истисмори одамро аз тарафи одам ба вуљуд оварда буда-аст. Яъне ин даврабандї ба идеоло-гияи коммунистї марбут буд ва ме-тодологияи илми таърихи шўравї низ дар њамин асос ташаккул ёфта, ба ќолабу чањорчўбаи дахлнопази-ри он мубаддал гардонида шуд ва касе, муњаќќиќе, муассисае њуќуќи аз ин ќолаб баромаданро надошт.

2. Коре ки мо оид ба даврабан-дии таърих кардаем. Солњои 1989-1992 њанўз оид ба даврабандии таърих имконияти истифода аз дастовардњои олимони давлатњое,

ки дар роњи рушди демократї марњалањои тўлониро тай кар-даанд, надоштем. Њатто дар Ки-тобхонаи давлатии ба номи Абул-ќосим Фирдавсї низ чунин адабиёт мањфуз набуд. Агар бошад њам, он аз тариќи ќолабњои расмї рад карда шуда, аз назари таърихни-гории шўравї шарњу эзоњи илмї дода шуда буд ва то он дараљае, ки гўё њамаи дигар даврабандињои таърих ифротї мебошанд. Сарфи назар аз ин мушкилот, мо дар мав-риди тањияи барномаи таълимии таърихи таърихи халќи тољик ва таърихи умумї тасмим гирифтем, ки ба даврабандии таърих дар за-мони шўравї таѓйирот ворид со-зем, то ки таърихи мактабї ба љо-меаи навини тољик созгор бошад. Асоси тасмими мо ин буд, ки дар дав рабандии таърих аз антагониз-ми оштинопазир даст кашида ша-вад. Ња мин тариќ, мо оид ба ин курсњои таърих даврабандии навро пешнињод намудем.

3. даврабандии таърихи умумї. Чунин аст ин даврабандї: таъри-хи дунёи ќадим аз асри санг ва то оѓози асри III; таърихи асрњои миё-на аз таъсиси давлати Сосониён ва то миёнањои асри ХV; таърихи нав аз кашфиётњои бузурги љуѓрофии нимаи дуюми асри ХV - оѓози асри ХVI ва то соли 1918, ки он ба ду давра таќсим мешавад – давраи якум то миёнањои асри ХIХ ва давраи дуюм аз нимаи дуюми асри

44 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

ХIХ то соли 1918; давраи аз соли 1918 то оѓози солњои 90-уми асри ХХ-ро мо таърихи муосир номи-дем, ки он ба се марњала таќсим мешавад: 1918-1945, 1945-1970, аз соли 1970 то оѓози сол њои 90-и асри ХХ. Имрўз њудудњои охири таъри-хи муосир акнун ба оѓози асри ХХI васеъ шудааст.

4. даврабандии таърихи халќи тољик. Бо сабаби баъзе махсу сият-њояш ба даврабандии курси таъри-хи халќи тољик нисбат ба давра-бандии таърихи умумї каме фарќ гузоштем. Он чунин аст: таърихи дунёи ќадим аз асри санг то оѓози асри III; таърихи асрњои миёна аз оѓози асри III то миёнањои асри ХIХ, ки он аз се марњала иборат аст – аз оѓози асри III то охирњои асри VIII, аз оѓози асри IХ то миёнањои асри ХIV ва аз нимаи дуюми асри ХIV то миёнањои асри ХIХ; давраи нави таърихи халќи тољик аз дав-раи оѓо зи лашкаркашии артиши Русия ба Осиёи Марказї ва ишѓоли он, пайдошавии муносибатњои сар-моядорию бозорї ва то ѓалабаи Инќилоби сотси алистии Октябр дар ќаламрави шоњан шоњии Ру-сия, аз он љумла дар Генерал-губернатории Туркистон ва Амора-ти Бухоро; давраи муосир аз соли 1918 то оѓози солњои 90-уми асри ХХ, ки он аз ду марњала иборат аст – аз соли 1918 то соли 1945 ва аз соли 1945 то оѓози истиќлолияти дав латии Љумњурии Тољикистон, ки

мин баъд ин давраи охирин таърихи киш вар то оѓози асри ХХI васеъ карда шуд.

Воќеан, тавре маълум аст, ин давра бандї на танњо асоси та њияи бар номањои таълимї барои мак таб-њои тањсилоти умумї гардид, инчу-нин он имрўз дар макотиби олии кас бї низ мавриди истифода ќарор гириф та аст. Он ба омўзгорони ин муас сиса њои таълимї имконият меди њад, ки аз даврабандии фор-матсионии курсњои таърихи халќи тољик ва таърихи уму мї даст ка-шанд, зеро даврабандии ќаб лї хоњ-нохоњ ба антагонизми табаќаю гурўњњои иљтимої бурда, боз ба маљрои ивазшавии форматсияњо ва сохтмони љомеаи коммунистии афсонавї ворид месозад, ки он њанўз аз тахайюлоти Томас Мор ва пайра вони ў, аз љумла, аз наза-риясозии Марк су Энгелс ва Ленину Сталин сар чашма мегирад.

5. асосњои даврабандии нави таърих. Ин даврабандї ба якчанд унсури таркибї такя мекунад. Асоси хронологии барои Љум-њурии Тољикистон даврабандии на ви курсњои таърих марњалањои рушди њаёти сиёсию иќ тисодї ва иљтимоии љомеа мебошад. Дар сиёсат сохт ва усули давлатдорї, дар иќтисод ташаккули олоти мењнат ва истењсолот, дар њаёти иљтимої њолати зиндагии мардум, дар фарњанг маќоми дониш, илм, санъат, техника ва технология дар

45«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

њаёти инсон ва љомеа, дар њуќуќ сатњи таъмини њу ќуќу озодињои инсон дар давлату љомеа мебо-шанд. Мењвари асосии ин давра-бандиро инсон ва тамоми эњтиёљот, ќадру ќимати ў дар муњити сиёсию иќтисодї ва иљтимоию фар њангї ташкил медињад. Сарфи назар аз ин гуфтањо, ин даврабандии курс њои таърих, ки мо ќариб 20 сол ќабл аз ин пешнињод карда будем, баъзе камбудињои назариявї низ дорад, ки тањќиќи минбаъдаи онњо дар пеш аст.

6. дар илми таърих даврабан-ди њои гуногун вуљуд доранд. Ин махраљ аз он сурате бармеояд, ки аз як тараф, таъ рих илми даќиќ нест, аз тарафи дигар, минтаќаю дав латњои гуногуни љањон дар њамаи давру замонњо махсусия-ти худро доштанд ва имрўз њам махсусиятњои худро доранд. Аз ин рў, наметавон онњоро ба ќолаби ягонаи даврабандии таърих во-рид сохт. Таъкид мекунем, ки ин зуњуроти воќеиро набояд нодида гирифт. Чандтои онњоро ном ме-барем.

Даврабандии буржуазии таърих, ки даврабандии таърих дар за-мони Шўравї аз он ѓизо гирифта-аст, аслан аз таърихшиносии бур-жуазии Фаронса тавлид ёфта ва ба он махсусиятњои идеологияи коммунистї ворид карда шудааст. Баъзе давлатњои дигари Ѓарб низ аз он истифода бурдаанд. Асоси

ин даврабандињоро ин ќилобњои иљтимої ташкил ме дињанд: паро-кандашавии сохти ѓу лом дорї, ба миён омадани љомеаи сар моядорї њамчун сабаб ва натиља дар асо-си инќилобњои буржуазии Ни-дерландия, Фаронса, Англия ва инќилобњои солњои 1848-1849 дар як ќатор давлатњои Аврупо.

Дар як ќисми давлатњо даврабан-дии таърих дар асоси тамаддунњои алоњида сурат гирифтааст. Маса-лан, тамаддуни Юнони ќадим, тамаддуни Рим, тамаддуни бањри Миёназамин, тамаддуни Мисри ќадим, тамаддуни Њиндустон, та-маддуни Чин, тамаддуни Ислом, тамаддуни Масењї, тамаддуни Эњё, тамаддуни то Колумби Америка ва тамаддунњои дигар. Камбуди ин даврабандї бештар дар ба тав-ри бояду шояд ба назар гирифта нашудани пайдарпаии пешрафти сиёсию иќтисодї ва иљтимоию фарњангї аз замонњои ќадим то рўзњои мо ифода меёбад. Чунин аз бар намудани илми таърих дар хонандагону донишљўён тасаввури замонию маконї дар инкишоф ва њамчун љузъњои таърихи тамаддуни куллу умумибашарї ба назар на-мерасад. Аз ин рў, дар тафаккури шахс тасаввуроти умумї оид ба таърихи башар ташаккул намеёбад.

Даврабандии њар ду курси таъ-рих дар Русияи имрўза дар ќис-матњои дунёи ќадим, асрњои миёна ва таърихи нав бо њамин унвонњо

46 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

номгузорї шудааст. Вале оѓозу анљоми онњо аз даврабандии таъ-рих дар Љумњурии Тољикистон фарќ дорад. Анљоми таърихи дунёи ќадим дар таърихи умумї њамон соли 476 – давраи барњам хўрдани шоњаншоњии Ѓарбии Рим мебошад. Асрњои миёна аз њамон сол оѓоз ёфта, лекин анљоми он миёнањои асри ХVII нею ду аср аќибтар – то оѓози кашфиётњои бузурги љуѓрофї, яъне то нимаи дуюми асри ХV-ро дар бар гирифтааст. Аз ин давра таърихи нав оѓоз меё-бад. Лекин дар бораи даврабан-дии минбаъди таърихи умумї дар байни таърихшиносони ин мамла-кат алњол фикри ягона вуљуд на-дорад. Масалан, ба љои таърихи навтарин таърихи асри ХХ ном бурда мешавад. Дар даврабандии таърихи Русия бошад, низ фикри муштарак вуљуд надорад. Маълум нест, ки њудудњои таърихи бостон ва нав дар кадом марњала анљом ва оѓоз меёбанд. Агар таърихи бостон дар курси таърихи умумї соли 476 анљом ёфта бошад, пас анљоми таърихи бостон дар Русия кай њисобида мешавад? Зимни ин савол асрњои миёна кай оѓоз ва анљом ёфтааст? Ба ин саволњо онњо њанўз љавоби сањењ надодаанд.

Њам барои Русия ва њам ба-рои То љикистон таърихи навта-рин ва ё муосир агар аз инќилоби Октябр ва барпо карда шудани Њокимияти Шў равї оѓоз нашуда

бошад, зарур аст, ки баъди ќариб 100 соли ба вуќўъ пайвастани ин воќеаи сиёсию иљтимоии давраи Љанги якуми љањонї, солњои 1917 (барои Русия) -1921 (барои ЉШС Тољикистон)-ро таърихи навтарин ва ё муосир гўем. Ба андешаи мо, имрўз барои њар ду кишвар – Ру-сия ва Тољикистон ва боварї до-рам, ки барои њамаи љум њурињои собиќи шўравї таърихи навтарин ва муосир аз истиќлолияти давлатї ба даст овардани онњо – соли 1991 оѓоз ёфтааст.

Дар Љумњурии Исломии Эрон дав рабандии таърихи кишвар аз ду дав раи асосї иборат аст: таърихи то ислом ва таърихи ба Эрон ома-дани ислом ва баъди он то имрўз. Мар њалаи аввали таърихи Эрон аз рўи силсилаи шоњњои онњо шинох-та мешаванд. Дар таърихи эронињо мазмун саросар ватанпарастї ва арљгузорї ба дини мубини Ислом ва шахсиятњои маъруфи сиёсию динї мебошад. Як љанбаи муњимро дар мазмуни таърихи Эрон бояд ќайд кард. Эронињо дини ба Эрон овардаи арабњоро самимона ќабул карданд, вале имрўз онњоро исти-логар дониста, ба онњо аз назари танќид бањо медињанд.

Тавре ба назар мерасад, дар илми таърих масъалаи даврабандї њанўз печ дар печ ва гуногун аст, вале илм њои љомеашиносие, ки моњияти ме то дологї дошта, ба илми таърих наз дикї доранд, дар

47«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

ин бора фикрњои умумитарро баён намудаанд.

7. Оид ба даврабандии таърих дар илми сотсиология. Дар китоби дар-сии барои донишљўёни ихтисосњои иљтимоию гуманитарии макотиби олии Русия таъйингардида “Социо-логия” (О.Н.Козлова. -М.: Омега, 2004) муаллиф дар ќисмати “Муно-сибати фор матсионї ва тамаддунї” назарияи ин илмро оид ба ин ду намуди даврабандии таърих баён месозад.

Аз тањлили танќидии ин китоби дарсї бармеояд, ки илми сотсиоло-гия даврабандии форматсиониро дастгирї намекунад, зеро ба таби-ат ва рисолати иљтимоои ин илми љомеашиносї мувофиќ ва созгор нест. Ў барои рушди биниши сотси-ологии љараёни љамъиятї танќиди муносибати форматсиониро дар асарњои М. Вебер (1868-1958): “Таърихи аграрии дунёи ќадим” ва “Хољагї ва љомеа”) бешубња њаќ мешуморад. Танќиди ин олим ба муносибати тамаддунї дар муќобили муносибати форматсионї алтернатив мегардад. Нуктањои асосии муносибати тамаддунасо-сии таърих аз назари ин муњаќќиќ чунинанд:

• инсоният њамчун маљмўи та-мад дунњои сифатан аз њамдигар тафовутдошта ба назар мерасад;

• рушд дар њар тамаддун ба ман-тиќи махсуси худ тобеъ мебошад, ки онро гуногунии инфиродии

тамад дунњо муайян мекунанд, ки дар њаёти маънавї баён шуда, дар сарчашмањои асосии нерўи рушди тамаддун – менталитет ва маданият ифода меёбанд;

• шакли эволютсионии таѓйир-ёбии муносибат сифати ягона до-штани њаёти љамъиятї дар доираи як тамаддун дар тули тамоми таъ-рихи он муайян мегардад;

• махсусияти роњњои рушди та-мад дунњо нисбї набуда, мутлаќ мебошад, он имконият намедињад, ки барои муќоисаи онњо махраљи умумї муайян карда шавад, ки ба-рои мафњуми ин сатњи рушд танњо дар дохили тамаддун маънї дорад ва онро берун аз худ аз даст ме-дињад.

Муносибати форматсионї ба дав ра бандии таърих дар асарњои К. Маркс, Ф.Энгелс ва В.И.Ленин асос нок ва ташаккул дода шуда-аст. Ин шакли даврабандии таъ-рих њанўз њам дар љањон арзи вуљуд дорад, аз он љумла дар таъ-рихнигории тољик низ, вале на ба он дараљае, ки дар давлатњои ни-зоми коммунистии ќаблан вуљуд дошта буд. Консепсияи муноси-бати тамаддунасосии илми таъ-рих асосан аз тарафи Љанбатиста Вико, Н.Я.Данилевский, О. Шпен-глер, А.Дж.Тойнбї, Ф.Бродел, Л.Н.Гумилёв, М.Вебер ва олимони дигари гузаштаю муосир коркард ва пешнињод гардида буд, ки он дар мамлакатњои пешќадами Ѓарб

48 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

мавриди истифодаи васеъ ќарор до-рад.

8. даврабандињои илми таърих аз назари истењсолї. Даврабандии таърих аз рўи ченакњои гуногун низ пешнињод гардидаанд. Масалан, аз назари тањлили назариявию риёзї, ки ба иќтисод робитаи ногусастанї дорад. Чунин даврабандињои таъ-рих дар шакли баррасии умумии тањлилї бо назардошти тањќиќоти олимони дигар дар рисолаи Л.Е.Гринин “Периодизация исто-рии: теоретико-математический анализ” (-М..: Комкнига, 2006. –С.53-79) оварда шудааст.

Даврабандии таърих аз назари рушди нерўњои истењсолкунандаи љањонї аз рўи истењсоли неъматњои моддї. Муаллифи зикршуда му-тобиќи ин принсипи истењсолї даврабандии таърихро ба 4 мар-њала таќсим мекунад – шикорчи-гию неъматѓундорї, аграрию ко сибї, саноатї, илмию ахборї (сањ.58). Дар љои дигар (сањ.59) давра бандии таърихро бо номи инќилоби истењсолї пайваст кар-даст: инќилоби аграрї, инќилоби саноатї, инќилоби илмию ахборї. Ва ин марњалањоро ба даврањои хурдтар људо мекунад: Инќилоби аграрї аз ду давра иборат аст: якум – гузариш ба заминдорї ва чорвопарварии оддии дастї; дуюм – гузариш ба заминдории обї, за-миндории нопураи омочї.

Инќилоби саноатї марњалаи якуми асрњои ХV-ХVI-ро дар бар гирифта, дар ин давра бањрнавардї ва тиљорат, техника ва механизат-сия дар асоси њаракатдињандаи обї, мураккабшавии таќсимоти мењнат ва просессњои дигар ба ављи баландтарини рушд мерасад. Марњалаи дуюм – табаддулоти саноатї – табаддулоти саноатии асри ХVIII – сеяки аввали асри ХIХ, ки бо татбиќи мошинњои гу-ногун ва нерўи буѓї алоќаманд аст.

Инќилоби илмию ахборї: марња-лаи якум аз солњои 40-50-уми асри ХХ бо рахна аз тариќи ав-томатизатсия, энергетика, ашёњои ќатронї оѓоз шудааст, махсусан бо воситањои электронии идора, алоќа ва ахбор.

Муаллиф бар он аќида аст, ки принсипњои истењсолии даврабандї дар шакли классикии он ба се давра таќсим мешавад: тавлидёбї, бака-мол расї, таназзулёбї ва онњоро ба марњалањои зерин таќсим мекунад, ки на танњо аз аќидаи шахсии ў ба миён омадаанд:

Марњалаи якум – “гузариш”.Марњалаи дуюм – “љавонї”.Марњалаи сеюм – “гулгулшу-

куфї”.Марњалаи чорум – “бакамол-

расї”.Марњалаи панљум – бакамолра-

сии баланд”.Марњалаи шашум – “тайёрї”.

49«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

Шиддатнокї меафзояд, њарчи беш тар унсурњои бидуни системањо тавлид меоянд, ки принсипњои нави истењсолотро муайян месозанд, вале онњо њанўз ба система сабзи-да нарасидаанд. Дар баъзе љомеањо мумкин аст гузаштан ба принсипи нав имконпазир аст ва худи њамин силсилаи даврањо такрор меёбад.

9. муносибати тамаддунї њамчун тарзи “идроки таърих”. Ин муно-сибат ба даврабандии таърих дар асарњои Н.Я.Данилевский (1822-1885): “Русия ва Аврупо” (“Россия и Европа”), А.Дж.Тойиби (1889-1975): “Умумият ва љомеа” – (Общ-ность и общество”) ва олимони дигар, ки дар боло чанд нафара-шонро ном бурдем, инъикос гарди-дааст. Онњо сабабгори рушди таъ-рихро дар гуногунии тамаддунњо мебинанд. Вале дар ин даврабандї наќши рушди истењсолот ноаён мондааст.

Саволе ба миён меояд, ки оё тамаддунасосии илми таърих им-рўз метавонад дар шароити Тољи-кистон ва љањон ягон нишонаи дигар њам дошта бошад? Бале, чу-нин нишона њаст. Унсуре, ки мо ба тамаддунасосии илми таърих до-хил мекунем, бояд башардўстї бо-шад, зеро “тамаддун” худ мафњуми њамагонї ва васеъ аст. Бояд таъ-кид кард, ки на њамаи тамаддунњо ба башардўстї асос ёфта буданду њастанд, ки мо инро аз таљрибаи режимњои диктаторию худхоњ ва

авторитарии гузаштаю имрўза хуб медонем. Башардўстию тамаддуна-сосии илми таърих худ методоло-гияи умумибашарї аст.

10. методологияи гуманистї ва тамаддунасосии илми таърих. Мо ин методологияро бо назардошти фикру андешањои пешќадами му-тафаккирони гузаштаю муосир ва бо назардошти предмет ва рисо-лати илми таърих дар замони мо ва барои Љумњурии Тољикистон пешнињод намудаем. Методоло-гияи гуманистї худ моњияти уму-мибашарию њамагонї дорад, яъне универсалї мебошад. Ин хусусият аз он бармеояд, ки офарандаи мето-дологияи гуманистї њамчун ахлоќ ва маънавият ањли башар буда, он таърихи тўлонї дорад: њанўз аз давраи Бобои Одаму Момо Њавво ва воридшавии инсоният ба таърих оѓоз ёфта, то замони мо омада ра-сид, тобишњои нави гуманистї ги-рифта, дар тўли ин роњи дуру дароз муттасил ѓанї гардид, мартабаи инсонро ба худи ў сазовор ва дар зинаи боз њам баландтар гузошт. Дар илми таърих ва илмњои дига-ри гуманитарию љомеашиносї низ гуманизм тамаддунасос мебошад.

Дар таърихи башар давлатњои дорои тамаддунњои бузург арзи вуљуд карда, бо мурури замон аз худ ва барои њамаи давру замонњои оянда мероси пурарзишу муњимро боќї гузоштаанд. Мо ин љо танњо чанде аз осори тамаддунњои дорои

50 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

ањамияти умумибашарии ќадимро ном мебарему бас: давлатдории фиръавнњо, њайкалтарошї ва меъ морї - Ањроми Хеопс, Њай-кали Абулњавл ва Минои Искан-дария дар Мисри ќадим, театр, бозињои олимпї ва демократияи ѓуломдории Афина, Рими замони љумњурї, сенат, Колизей, љанги гладиаторњо, алифбои лотинї, њуќуќи Рим, дини масењї, мано-раи Бобул ва ќонунњои Хаммура-пи, сохтор ва идораи шоњаншоњии Њахоманишиён, Эъломияи Куру-ши Бузург ва пойтахти ин дав-лат Тахти Љамшед ва нишонањои тамаддунњои дигар. Ин дав латњоро дар замони мо мањз аз рўи њамин нишонањои тамаддунии онњо ме-шиносанд ва арљгузорї мекунанд.

Аз тањлил ва арзёбии тамад-дун њои номбурда бармеояд, ки меъёрњои њуќуќии баъдї аз њу-ќуќи Рим, Хартияи бузурги озо-дии англисии соли 1215 ва конс-титутсияњои аввалини давлат њои аврупоии замони нав аз ќо нунњои Хаммурапи ва Эъломияи Куруши Кабир ѓизо ва сарчашма гириф-таанд. Илмњои фалсафа, риёзиёт, њандаса, њуќуќ, таърих, адабиёт, забоншиносї, ситорашиносї, та-биёт, љуѓрофия ва баъзе илмњои дигар дар мамолики Шарќи Ќадим тавлид ёфта, баъд баъзе аз онњо дар Юнону Рим шакл гирифта, дар мар њалањои ояндаи таърихи ба-шар ѓанитар шуда, моњияти умуми-

башарї пайдо намудаанд, яъне азо-ни ањли башар гардиданд. Ањли башар дар њар марњалаи навбатї на танњо он илмњоро тараќќї до-дааст, балки унсурњои мазмунї ва башардўстонаи онњоро низ боз њам ѓанитар гардонидааст. Дар воќеъ, њамагонї гардидани методологияи гуманистї тавассути дастовардњои давлатњои пешќадами љањон дар соњањои сиёсат, идораи давлат, муносибатњои байнињамдигарии халќу миллатњо, фаъолияти хоља-гидории давлат, ин сон ва љомеа, маданияти моддї, фарњанг, маъ-навият, њуќуќ, ахлоќ, дин ва фа-ъолияти инсон дар љодаи бунёди арзишњои гуманистї ба вуљуд ома-даю ташаккул ёфта, дастраси ањли башар гардидаанд. Аз ин рў, мето-дологияи гуманистї аслан тамад-дунасос буда, моли њамагонии та-моми башар аст ва ба онњо хизмат мекунад, яъне аз он њар як давлат ва халќу миллати муосири љањон истифода мебарад.

Таърих дар љомеаи демократї ба гуманизм асос ёфта, таърихи тамаддунро инъикос мекунад, ки нерў ва симои асосии он ИНСОН мебошад. Даврабандии таърих мањз бояд дар асоси методологияи гу-манистии тамаддунасос банду баст карда шавад. Танњо дар њамин су-рат ин илм дар башардўстона бака-молрасии љомеа ва инсонњо хизмат карда метавонад.

51«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

Пас аз соњибистиќлол гарди-дани Љумњурии Тољикистон зару-рати ба таври нав сохтани тамо-ми пояњои њуќуќие, ки дар асоси онњо низоми давлати комилњуќуќ ва сукунати шањрванди комил ташаккул меёбад, ба миён омад. Барои њалли дурусти мушкило-ти љойдошта ќонуну санадњои меъёрии вобаста ба фаъолияти идоракунии давлатии иќтисодиёт, њифзи манфиатњои миллї, сиё-сати хориљї, њаёти љамъиятию сиёсї, фарњангї, њифзи ичтимої ва ташаккули маърифати шањр-вандию табиат ва риояи тарти-боти њуќуќи дахолатпазир ќабул карда шуд. Бо асоси амри Пре-зиденти Љумњурии Тољикистон

аз 9-уми апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати њуќуќї ва тар-бияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ќарори Њукумати Љумњурии Точики-стон аз 22-уми августи соли 1997 «Дар бораи бењтар наму-дани тарбияи њуќуќї ва ташак-кули маърифати шањрвандон» ва силсилаи њуљљатњои муњим ба имзо расиданд. Омўзиши фанњои љомеашиносї дар та-шаккули маърифати хонандагон њамарўза муњим ва хеле зарур мебошад. Зеро мардуми тољик дар назди худ вазифаи таърихї, ташаккул ва пойдории давлати њуќуќбунёдро гузоштааст. Ба-рои бунёд ва пойдории чунин

Мўњсин ШАРИФОВ,ходими калони илмии Пажўњишгоњи

рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон

нАЌШи ФАнЊои љоМЕАШиносЇДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ШАЊРВАНДИИ ХОНАНДАГОН

52 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

давлат зарур аст низоми нави њуќуќие ташкил карда шавад, ки ба инсондўстї ва маърифат-нокии насли наврас асос шуда тавонад. Ќонунњои навин ба-рои инкишофии љомеа шарои-ти лозима муњайё мекунанд, то ќобилияти ташаккули маърифа-ти шањрвандон бо манфиатњои љомеа њамоњанг бошанд.

Тарбияи шањрвандии хонан-дагон масъалаи рўзмарра, асосї ва марказии педагогикаи муосир ба њисоб меравад. Аз ин хотир дар ин масъала њам дар педаго-гика ва њам дар амалияи кори таълиму тарбияи насли наврас диќќати љиддї додан зарур аст. Ба тарбияи ватандўстї ва маъ-рифатнокии шањрвандон мута-факкирони гузаштаи мо ањамияти бештар зоњир менамуданд ва анъанаи гузаштагонро олимони муосири тољик идома медињанд. Бояд тазаккур дод, ки тарбияи ватандўстї ва ташаккули маъри-фати шањрвандии муњассилин ва насли ояндасоз дар њамаи дав-ру замон муњим ва рўзмарра ба шумор меравад. Ваќте ки мо дар бораи таълиму тарбияи насли наврас ва ташаккули маърифа-ти шањрвандии онњо сухан ме-ронем, зарур аст, ки ин наслро дар рўњияи неки инсондўстї, ба-

родарию баробарї бояд тарбия намоем.

Арбобони илму маданият ва пе да гогњои замони шўравию муосири тољик оид ба тарбияи ахлоќї, мењанпарастї, худогоњии миллї, та ран нуми сулњу дўстї, тарбияи љис монї, эстетикї, башардўстї, маъ рифатдўстї, ва ѓайра андешањои нињоят арзиш-манд баён кардаанд ва онњо ме-тавонанд дар тарбияи шањрвандї њамчун пойдевори усту вор хид-мат намоянд. Тарбияи шањр-вандии хонандагон тавассути таълими таърихи халќи тољик чун дигар фанњои таълимї асо-сан дар дарс амалї мешавад. Аз ин рў, хусусият ва имкониятњои онро хуб дониста ва самаранок истифода бурда тавонистани њар як омўзгор зарур мебошад. Барои роњандозии ин кор илми педагогика вуљуд дорад ва оли-мони ин соња принсипњои ди-дактикаро кор карда, дастраси омўзгорони муассисањои таълимї гардонидаанд. Принсипњои ди-дак тикї дар таълими таърихи халќи тољик ба таври васеъ ис-тифода бурда мешаванд ва дар тарбияи шањрвандии хонанда-гон воситаи боэътимоди илмї ба њисоб мераванд. Албатта, њан гоми омўхтани њар як фанни таъ лимї хусусиятњои дидакти-

53«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

кии он ба назар гирифта меша-вад, зеро њар кадоми онњо сохт, мазмун, мундариља, вазифа ва маќсадњои муайяни худро доранд. Вазифањои таълимиву тарбиявї ва ташаккули ќобилияти фикрии хонандагон дар дарси таърих бо роњи аз љониби омўзгор интихоб намудани тарзу усулњои хуби таъ-лими самаранок иљро мегарданд.

Дарси таърих ќисми мазмуне ме бо шад, ки он дар низоми курси мактабї мутобиќи принсипи про-блемавии солшуморї сохта шуда-аст. Воќеаву рўйдодњо дар њар як воњиди ваќт дода шудаанд. Роби-тањои байнињамдигарии љараён ва ќонуниятњои иќтисодї, сиёсї, иљти мої, таърихию фарњангиро хонандагон дар рафти дарс дар зери роњбарии омўзгор ба даст медароранд. Дар ин њолат чанд низоми дарсро дидан мумкин аст, ки дар он масъалањои зерин баррасї мегарданд:

1. Масъалањои њаёти иќти со-дии љомеа дар њолати пайдар-ња мии иваз кунии њамдигарии марњалањои таъ рихї.

2. Масъалањои сиёсї-иљтимоии њаёти љомеа.

3. Масъалањои таърихї-фар-њангии њаёти љомеа.

Дарси таърих бештар ба масъа-ла њои марбут ба чараёни таъ-рих, љањон фањмї ва љањонбинї

сарукор дорад, ки ќисми тарки-бии он њаёти сиёсї, иќтисодї, ичтимої ва фарњангї мебошад ва билохира онњо унсурњои аз њам људонопазир мебошанд. Ин унсурњо дар дарсњои таърих ва љомеашиносї мавриди баррасї ќарор гирифта, дастраси хонан-дагон мегардад ва љањонбинї, самаранокии ташаккули маъри-фати шањрвандии эшонро ташак-кул медињад. Њангоми омўзиши давраи Њахоманишиён, давлат-дории портњо, Юнону Бохтар, Кўшониён, Тоњириён, Саффори-ён, Сомониён, Ѓуриён, Курдњои Њирот, Сарбадорон ва амсоли инњо пайваста муќоиса мегардад, ки дар он давру замон дар низо-ми сиёсї, иќтисодї, ичтимої ва фарњангї кадом муваффаќиятњо назаррасанд ва сабаби аз байн рафтани ин давлатњо дар чист? Бо ин роњ насли имрўза аз таъ-рихи ниёкон таљриба гирифта, дарки маънї пайдо мекунад, ки аљдоди мо дар тўли асрњо чї тавр зиндагї доштанд? Њар кадом хо-нанда чї гуна ќобилияти фикрию љисмонї дорад ва таълиму тар-бияи ў чї гуна сурат мегирад, бояд ба омўзгор аниќ бошад. Устод бояд фаромўш насозад, ки одам дар љомеа тарбия ёфта, ба ќамол мерасад. Таълим ва тар-бияи шањрвандї кори нињоят

54 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

мураккаб аст ва онро бо супо-риши иљтимоии замона мутахас-сисони соња ва омўзгорон ба љо меоранд. Ба омўзгор лозим аст, ки ќонуниятњои рушди равонї, љисмонї, ахлоќї, фарњангї ва маърифатии хонандагонро хуб азхуд намояд. Ин кор ба сол, љомеа, муњити зист ва омилњои зиёди дигар марбут мебошад. Аз ин рў, омўзгор дар љараёни тарбияи шањрвандии хонанда љараёни таълиму тарбияро хуб омўхта, метавонад дар њолати зарурї ба он таѓйирот ворид на мояд. Дар раванди тарбия аз умќи дили хонандаи имрўз бо-хабар будан лозим аст ва илова бар ин, дар нињоди ў шањрванди њаќиќиро ташаккул додан ба маќсад мувофиќ мебошад.

Дар тарбияи шањрвандї тала-боти шахс ањамияти бузург до-рад. Тарбияи шањрвандии хонан-дагон шарти муњими самараноки ташаккули маърифати шањрвандї ба њисоб меравад.

Дар раванди омўзиши дарсњои таърихи халќи тољик тарбияи шањрвандї њамзамон бо таълими он сурат мегирад. Аз њамин сабаб муайян кардан хеле муњим аст, ки оё шавќи муњассилин барои омўзиши таърихи кишвар ва дар худ ташаккул додани сифатњои шањрвандї дар кадом поя ќарор

дорад. Таљриба ва тањќиќи бисёр-сола нишон медињад, ки раѓбату талоши муњассилин - аз синфи панљ сар карда то синфи ёздањ - яксон набуда, чунин зуњурот ба хусусиятњои физиологї ва аќлию маърифатии онњо алоќаманд ме-бошад. Хонандагони синфњои 5-6 моњияти ватандўстї, маърифатї ва ахлоќии бештарро соњибанд, вале аксарият гуфта наметаво-нанд, ки маърифати шањрвандї чист ва барои онњо чї зарурат дорад. Онњо дар синфњои 7-8 ар-зишњои маърифатию шањр вандии пайдонамудаашонро боз њам мустањкам менамоянд. Дар ин син онњо бо боварии комил гуфта метавонанд, ки барои чї таъри-хи кишварро меомўзанд, барои чї ватанашонро дўст медоранд ва вожаи «Ватан» барои онњо чї маънї дорад? Дар синфњои 9-10 сифатњои шањрвандии хонанда-гон боз њам зиёдтар ташаккул меёбанд, муносибати онњо нисбат ба муњити зист, волидон, дўстон, њамдарсон, мактабиён, омўзиши таърихи ватан ва ѓайра таѓйир меёбад ва итоаткунї ба ќонун, ёрмандї ба њамватанон, масъули-ят дар љомеа, шуљоатнокии шахс, њимояи бечорагон, арљгузорї ва эњтиром ба таърих ва суннатњои волои миллї самаранокии ташак-кули маърифати шањрвандии хо-

55«маорифи Тољикистон», 2012, №6

бИоМЎЗеМ, То бИоМЎЗонеМ

нандагонро боз њам мустањкам менамояд. Омўзиши дарсњои таърихи халќи тољик бо усулњои гуногун роњандозї мегардад ва тарбияи шањр вандї низ дар њар як соати дар сї бо шакли гуно-гун сурат мегирад. Маса лан, њангоми омўзонидани мав зўи «Инќилоби маданї дар ЉШС Тољикистон» (синфи 10) омўз гор ба тарбияи маърифатї, ватан-парварї, сулњпарастї диќќати љиддї медињад. Дар мавзўи ди-гари њамин синф «Иштироки љанговарони Тољикистони дар муњорибањои давраи анљомёбии Љанги Бузурги Ватанї ва Љан ги Дуюми Љањон (январи соли 1944 -сентябри соли 1945)» диќќати асосї ба тарби яи ватандўстї, шуљо атмандї, ќањра монї, ин-сондўстї, тарбияи интер нат-сионалї ва мардонагии ќањра-монони тољик дода мешавад. Намуди дарс барои ин ё он мавзўъ ва синфе, ки дарс гузаро-нида мешавад, бо самаранокии омўзиш ва ташаккули маърифати шањрвандии хонандагон сахт во-баста аст. Њоло дар Тољикистон баробари омўхтани таърихи халќи тољик, асосњои давлат ва њуќуќ, њуќуќи инсон, маърифа-

ти оиладорї низ омўзонида ме-шавад. Омўзгор дар мавзўъњои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва њуќуќї, ки дар китобњои дарсї дарљ гардида, ба хонандагон пешнињод шудааст, метавонад илова бар он дарсро ба тариќи гурўњбандї гузаронад. Замони ба охир расидани ваќти муайян-шуда сардорони гурўњњо фикру андешањои худро баён намуда, њар кадом худро њимоя мекунанд. Дар чунин дарсњо якчанд сифати шањрвандии хонандагон - мада-нияти сиёсї ва њуќуќї, ќобилияти озодандешї ва мустаќилиятнокии онњо - ташаккул дода мешаванд. Ба аќидаи мо, хуб мешуд, ки дар макотиби тањсилоти миёнаи уму-мии кишвар барои баланд бар-доштани маърифати шањрвандї соати муайяне људо мегардид.

Вазифаи њар як омўзгор ва шањр ванди љомеаи њуќуќбунёд баланд бардоштани самараи та-шаккули маърифати шањрвандии хонандагон ва њифзи вањдати миллии кишвар мебошад ва бояс-тї бањри тарбияи комили шањр-вандии насли љавон би кўшем, то ободию созандагии киш варамон њамвора пойбарљо бимонад.

56 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

Талаби илм ба њар як инсони солимаќл фарз аст ва барои он меъёру њудуди муайяне вуљуд надорад. Ба њамин далел ниёгони барўмандамон дар тамоми даврањои зиндагї касби илму дониш намуданро тав-сия карда, дар ин љода собитќадам буданро маслињат медињанд. Ба ќавли Камолиддини Биної - адиби маъруфи тољик дар роњи касби камол навмед шудану ѓафлату коњилї варзи-дан ва ё худ онро тарк намудан ба њељ ваљњ ба нафъи насли одамї нахоњад буд:

То ба он дам, ки барнаёяд љон,Тарки касби камол њаст зиён.

Дар таърихи адабиёти љањонї чењ-рањои зиёди саршиносе сабти ном шудаанд, ки њанўз сисола нашуда, соњибдевон ва мавриди ќабулу эњти-роми хосу ом гаштаанд. Дар ин замина мо танњо зикри се нафар адиби ном-вар - Шандор Патефии маљор, Сергей Есенини рус ва Комилхољаи Накњати тољикро басанда медонем, ки ному корномаи эљодии эшон барои аксари-

ят ошност. Ин суханва-рони болиѓназар умри зиёд надиданд, вале ба тавассути наќши ќалам њаёти «дерпову дерзї» дарёфтанд ва ин ша-рафу иќбол на њар ин-сони соњибистеъдоду соњибќаламро насиб мегардад.

Вале кам нестанд афроде, ки солиё-ни зиёди умри азизи хешро сарфи касбу пешањои дигар наму-да, дар миёнсолї, баъ-ди андўхтани таљрибаи ѓанї дар кору зиндагї

ба майдони илму адаб омадаанд. Масалан, донандаи мумтози арўзи тољикї Бањром Сирус (рўњаш шод бод!) рўзгори љавонии худро дар љабњаи муборизањо пушти сар намуда, пасон ба майдони илм омад ва бо азми дуру-сту саъйи комил дар синни 67-солагї рисолаи номзадї ва дар синни 79-со-лагиаш дараљаи баланди илмї - док-тори илми филологияро дарёфт намуд. Амирбек Њабибзода бошад, дар синни 36-солагї донишљўи шўъбаи рўзонаи факултаи таъриху филологияи Уни-верситети давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин (алъон Донишгоњи

Шодї ШОКИРЗОДА

ЊаМНиШиНи ВоиЗи ХираДМаНД

57«маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

Миллии Тољикистон) гардид ва пас аз чилсолагї ба тањќиќи доирањои адабии Бухорои Шарќї машѓул шуд ва ањволу ашъори беш аз 700 нафар адиби номаъ-луму номашњурро ба њаммиллатони худ шиносонид. Ў бо далоили раднопазир мављудияти њавзањои адабии Бадахшон, Дарвоз, Раштонзамин, Кўлоб, Њисор ва Зарафшонро исбот намуда, онњоро ба адабиёти илмї ворид кард. Амирбек Њабибзода низ дар синни 51-солагї рисолаи номзадї ва дар 74-солагї ри-солаи докториро бомуваффаќият њимоя намуд.

Њамин гуна корномаи илмиро дар рўзњои мо, аниќтараш њашт сол пеш донишманди дигари тољик, муњаќќиќи варзидаи насри классикии ахлоќї Мирзо Ањмадзода низ ба масдари иљро расонид ва дар синни 73-солагї ба дарёфти дараљаи баланди илмї - доктори илми филология мушарраф гардид. Агар Бањром Сирус умри љавонии хешро сарфи муборизањои истиќлолљўї дар кишвари Эрон кар-да бошад, Амирбек Њабибзода баъди хонадор шудан бо њунарманди маъруф Тўњфа Фозилова њарчанд маълумоти олї надошт, бо њидояти роњбари ав-вали љумњурї Бобољон Ѓафуров чанд муддат ба корњои роњбариву маъмурї машѓул буд. Вале пайроњаи умри Мирзо Ањмадзода хушбахтона, бо ин гуна шебу фарозњои гуногуни сарна-вишт рў ба рў наомадааст ва муњити ињотанамудаи ў аз давраи чашм ба олами рўшан кушоданаш то кунун файзёб аз илму адаб, шеъру сухан, хи-раду маърифат буда ва њаст. Пас чаро ў хеле дер - танњо дар синни 73-солагиаш муваффаќ ба њимояи рисолаи докторї шуд? Дигарон дар ин синну сол ба љуз тоату ибодату талаби омурзиш њама

кори дигарро бесуд мењисобанд, вале Мирзо Ањмадзода бо њимояи рисолаи доктории хеш, аниќтараш, љасорати илмиву амалиаш собит намуд, ки дар љодаи тањќиќ шахси тасодуфї нест ва беш аз чил соли умри азизи худро ба пажўњиши хусусиятњои насри ахлоќии асрњои XV-XVI-и тољик, алалхусус, рўзгор ва осори яке аз бузургтарин на-мояндагони он - Њусайн Воизи Кошифї бахшидааст.

Ў дар хонаводаи яке аз чењрањои барљастаи илмиву адабї ва мазњабии саргањи Зарафшон Ањмад Мираминзо-да, ки бештар дар байни мардум бо ун-вони Эшони Муфтї маъруф аст, ба дунё омад. Падараш ќариб дањ сол дар мак-табу мадрасањои шањр њои Самарќанду Бухоро ва Тош канд тањсили илм на-муда, ба ќавли муњаќќиќони осораш, як сол дар маркази ирфону дин - Бу-хоро шарикдарси устод Садриддин Айнї будааст. Ў њамчунин бо шоири бузурги охири ќарни XIX ва оѓози асри XX Наќибхон Туѓрали Ањрорї аз наздик ошної дошт ва онњо њамвора бо якдигар рафтуомад ва мубоњисаву мушоирањои илмиву адабї доштаанд. Дар давраи барќароршавии њокимияти шўравї дар саргањи Зарафшон Ањмад Мираминзода њамчун намояндаи мар-дум бањри гуфтушунид бо аксарони сурх сафарбар шуд ва дар ин љода, ба ќавли худи ў, бањри бо «сарфарозии тарафайн» ва бо роњи сулњу осоишта њал шудани ќазияњои мављуда љањду талоши зиёд ба харљ медод. Дар ара-фаи яке аз ин гуна гуфтушунидњо Туѓрали Ањрорї бо тўњмати њасудон ва шањодати бардурўѓи душманони шахси-аш дар дењаи Зосуни Фалѓар аз љониби аксарони рус кушта мешавад ва тайи се рўз нафаре ба љасади шоир ёрои наздик

58 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

шудан њам намекард. Ањмад Мирмаин-зода аз ин фољиа хеле мута ассир шуда, њамроњи намояндагони мардум дар наз-ди љониби музокиракунанда - фири-стодагони њукумати шўравї масъала мегузорад, ки танњо пас аз дафни шоир гуфтугў хоњем кард. Мегўянд, ки ў дар љанозаи Туѓрал имоматї карда ва бо роњбаладиаш љасади шоири шўридадил ба хок супорида мешавад ва пасон гуфтугўи љонибайн идома меёбад. Аз Ањмад Мираминзода девони ашъоре боќї мондааст, ки шомили 3 њазор байт мебошад. Ў дар ашъораш илму хирадро зиёд васф кардааст ва ояндаи бењтар аз имрўзро бо онњо тавъам медонист. Аз њамин боис кўшид, ки њамаи фарзан-донаш соњиби донишу маърифат бо-шанд, то дар љодаи зиндагї роњи худро дарёбанд ва њаргиз рањгум назананд. Ў мураббї ва тарбиятгари мардум буданро шарифтарини пешањо медо-нист. Бо ташвиќи падар писаронаш Мирзоњомиду Мирзомањмуд пешаи омўзгориро интихоб намуда, то охи-рин лањзањои зиндагї бањри дар нињоди насли наврас афрўхтани чароѓи илму ирфон кўшишњои бедареѓ ба харљ до-данд. Писари хурдии хонадон Мирзо низ орзуи муаллим шуданро дар дил мепарварид. Аз њамин боис соли 1947 ба омўзишгоњи омўзгории шањри Ис-таравшан (он замон Ўротеппа) шомил гардида, соли 1950 онро бо бањои аъло хатм намуд ва дар дењаи Оббурдони ноњияи Кўњистони Масчоњ ба њайси омўзгор ба фаъолият пардохт. Баъди як сол (1951) њуљљатњояшонро ба Уни-верситети давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин супорид ва аз байни њамдиёрони худ аввалин нафаре буд, ки донишљўи ин боргоњи бузурги илму маърифат гардид. Пас аз хатми мак-

таби олї ўро тибќи низомнома барои фаъолият ба Донишкадаи омўзгории шањри Хуљанд фиристоданї буданд. Академик Абдулѓанї Мирзоев, ки он айём дар донишгоњ низ дарс мегуфт ва аз истеъдоду ќобилият ва таваљљўњи хосаи ў ба корњои мустаќилонаи эљодї огоњ буд, ин шогирди кўшоро барои кор ба Академияи илмњои љумњурї даъват намуд. Чун он солњо Нашриёти давлатии Тољикистон низ ба мутахас-сисони донишманду болаёќат ниёзманд буд, ўро њамзамон барои фаъолият ба ин даргоњ хонданд. Мирзо Ањмадзода пешнињоди охириро пазируфт ва тайи ду сол (1956-1957) ба сифати муњаррир дар нашриёт кор кард. Соли 1958 ба зодрўзи Устоди шоирони љањон Абўабдуллоњи Рўдакї њазору сад сол пур шуд ва ба ин муносибат аз љониби кормандони Академияи улуми љумњурї маљмўаи маќолањо бо унвони «Замони Рўдакї» ба ду забон - тољикиву русї ба чоп омода гардид. Бо тавсияи ака-демик Абдулѓанї Мирзоев муњаррири ќисмати тољикии маљмўа Мирзо Ањмадзода ва муњаррири бахши русии он Татяна Голс таъин шуданд. Хуш-бахтона, ин ду пажўњишгари љавону кордон аз ин имтињони душвор бо сарбаландї гузаштанд ва худи њамон сол маљмўаи мазкур бо сифати баланд чоп шуд.

Пас аз љашн А.Мирзоев муњаќќиќи љавон Мирзо Ањмадзодаро барои шо-мил шудан ба аспирантура њидоят ва роњнамої кард. Бо хоњиши устод мусташриќи варзида, мудири кафедраи эроншиносии факултаи шарќшиносии Донишгоњи давлатии Санкт-Петербург А.Н.Болдирев роњбарии кори илмии ўро ба ўњда гирифт. Њамин тариќ, Мирзо Ањмадзода фаъолияти минбаъ-

59«маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

даи худро куллан ба омўзишу тањќиќ пайваст. Соли 1962 баъди хатми тањсил дар аспирантураи Донишгоњи давлатии Санкт-Петербург (он замон Ленинград) ба шањри Душанбе баргашт ва пас аз як сол дар мавзўи «Њаёт ва эљодиёти Дарвеши Дењакї» рисолаи номзадиаш-ро дифоъ намуд, ки он соли 1967 дар

шакли китоби алоњида чоп шуд. Дар адабиётшиносии тољик то ба имрўз он ягона тањќиќи мукаммал аз боби зиндагинома ва осори шоири тавонои нимаи асри XV ва ибтидои асри XVI Дарвеши Дењакї мебошад.

Муњаќќиќони хориљї бар ин аќида буданд, ки Дарвешро аз хатту савод бањрае набуда ва ашъораш шабењи гуфтори гўяндагони кўчагиест, ки аз шеърияту бадеияту маъонї фарсахњо дур мебошанд. Мирзо Ањмадзода бо

далелњои раднопазир аз осори шоир ва муосиронаш ба натиљае расид, ки номбурда дар хонадони ањли зиё-ву маърифат ба дунё омада, дорои ќарењаи баланд, табъи нодир ва сабку салиќаи хосса мебошад. Ба ин рисо-лаи Мирзо Ањмадзода мусташриќони маъруф Иржи Бечка, И.С.Брагинский,

А.Н.Болдирев, Х.Мирзозода, Ш. Њу-сейнзода (равонашон шод бод!) бањои баланд доданд.

Бад-ин минвол Мирзо Ањмадзода солњои 1963-1968 дар шўъбаи адабиёти шарќи Академияи улуми љумњурї ба сифати ходими калони илмї фаъолият намуд. Тирамоњи соли 1968 ўро барои идомаи фаъолият ба кафедраи ада-биёти тољики Донишкадаи омўзгории шањри Душанбе (алъон ДДОТ ба номи С.Айнї) даъват намуданд ва њамакнун

Профессор Мирзо Ањмадзода дар њалќаи ањли илму адаб

60 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

беш аз чил сол мешавад, ки дар ин даргоњ ба шогирдон дарси адабиёти классикї, одамияту вафодорї, љасорату хирад, покиву садоќат меомўзонад ва њамзамон ба тањќиќи осори адибони классикиву муосир машѓул шуда, ба-рои донишљўён барномањои таълимиро омода месозад.

Умдатарин масъалае, ки ўро њам-чун муњаќќиќ ба худ љалб мекунад, дарёфти одоб ва шинохти ахлоќ аст. Мирзо Ањмадзода мусаллам бар он аст, ки ташаккули њамаљонибаи шахсияти инсонї ба тавассути эњёи бењтарин арзишњои маънавии банї-башар амалї мегардад. Ба пиндори ў, дар дарсњои адабиёт муаллимон бештар ба асарњое аз ќабили «Кимиёи саодат», «Ахлоќи Носирї», «Ахлоќи Љалолї», «Футув-ватномаи султонї», «Ахлоќи Мўњсинї», «Бўстон» ва «Гулистон», «Ќобуснома» мурољиат намоянд, ба нафъи кор аст ва дар таълифи китобњои дарсї бояд ин дурдонањои њикматбор њар чи бештар истифода шаванд.

Мирзо Ањмадзода њанўз дар солњои њафтодуми асри гузашта, њангоме, ки дар Институти шарќшиносии Акаде-мияи улуми љумњурї ба сифати хо-дими калони илмї кор мекард, бо роњбарї ва маслињати мудири шўъбаи адабиёти классикї, донишманди маъ-руф Расул Њодизода ба тањќиќи насри ахлоќї - бадеии Њусайн Воизи Кошифї машѓул гардид. Њангоми ба Дониш-кадаи омўзгории шањри Душанбе ба кор гузаштан низ тањќиќи ин мавзўъро бурдборона идома дод ва рољеъ ба хусусиятњои осори нависанда ва вои-зи хирадманд маќолањои зиёд таълиф намуд, ки онњо дар маљмўањои илмї ва маљаллањо чоп шудаанд. Соли 1994 натиљаи зањмати ќариб сисолаи му-

аллиф тањти унвони «Насри ахлоќї-бадеии Њусайн Воизи Кошифї» дар се китоб дар њаљми умумии 21,5 љузъи чопї ба нашр расид. Ў ба тавассути ин китоб ба тариќи возењ муайян намуд, ки Њусайн Воиз дар таърихи пайдо-иш ва инкишофи насри адабї-бадеї ва илмиву ахлоќї наќши босазо дорад ва асарњояш бо мундариљаи ѓанї ва услуби нигориши худ номи муаллиф-ро дар таърихи илму фарњанги милла-ти мо љовидонї гардонидаанд. Панду њикматњое, ки воизи хирадманд дар ин китобњо овардааст, дар маљмўъ барно-маи му каммали расидани мардум ба пояи фазлу камол ва ё ба ќавли ањли тасав вуф, ба дараљаи «инсони комил» расидани ўст. Њадафи асосии тањќиќи М.Ањмадзода низ муайян намудани ра-ванди инкишофу такомули љањонбинии адиб ва сабку усули эљодии ў мебо-шад. Дар ин рисола асарњои Њусайн Воиз мувофиќи соли таълифашон арзишдоварї шудаанд. Китоби аввал ба тањќиќи зиндагинома ва осори нави-санда, рисолаи «Аррисолату-л-алия фи ањодиси ан-на бавия» ва рисолаи «Анво-ри Су њайлї», китоби дуввум ба барра-сии асари «Ахлоќи Мўњсинї», китоби сеюм ба тањлили мундариљаи ѓоявии асари «Футувватномаи султонї» ва ри-солаи фарзанди Њусайн Воиз - Мавло-но Фахриддин Алии Сафї «Одоб-ул-асњоб» ва сабку услуби эљодии Њусайн Воиз бахшида шудааст. Муаллиф аса-ри «Одоб-ул-асњоб»-ро аз он сабаб ба риштаи тањќиќ кашида, ки дар он ба-робари масъалањои зиёди ахлоќї баъзе мавзўъњои китоби падараш «Футувват-номаи султонї» низ истифода шудаанд ва Алии Сафї онро дар пайравї бо сабку услуби эљодии ў таълиф намуда-аст. Ба ибораи дигар, «Одоб-ул-асњоб»

61«маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

як навъ идомаи мантиќии афкору осори Њусайн Воиз мебошад.

Мирзо Ањмадзода осори гирон-мояи Њусайн Воизи Кошифиро ди-лангезтарин андарзнома, аниќтараш, бењтарин роњнамо ё худ ќомуси зиндагї мењисобад, ки аз онњо метавон ба кул-ли суолњои хеш посухњои аниќу возењ гирифт. Ин асарњои зиндагиомўзро њар фарди бедордили аз хатту савод бањраманд бояд бихонад ва аз њикмати онњо истифода намояд. Cоли 2006 рисо-лаи дигари Мирзо Ањмадзода «Ахлоќи њамида ва дастури давлатдорї» (аз нигоњи Њусайн Воизи Кошифї) ба нашр расид, ки аз он метавон ба њайси бењтарин намунаи тањќиќи нас-ри классикї дар замони муосир ном бурд. Љоиз ба ёдоварист, ки рисолањои «Хусусиятњои насри ахлоќї- бадеии Њусайн Воизи Кошифї» ва «Ахлоќи њамида ва дастури давлатдорї (аз нигоњи Њусайн Воизи Кошифї)»-и устод Мирзо Ањмадзода дар адабиёт-шиносии тољик нахустин тањќиќи љомеъ ва густурда рољеъ ба осори ин адиби доно, олими тавоно ва воизи хирад-манд мебошанд.

Саъйи балеѓ намудан дар чопи осори гиронмояи гузаштагон ва бањрабардорї аз ин ганљинаи хираду маърифат аз фазилатњоест, ки фидоиё-ни њаќиќии илму адаб бањри адои он кўшишњо ба харљ медињанд ва яке аз онњо Мирзо Ањмадзода мебошад. Мањз бо эњтимоми ў соли 1968 «Ашъори мунтахаб»-и Шавкати Бухорої бори ав-вал дар Тољикистон ба нашр расид, ки мусанниф дар пешгуфтори он аз боби зиндагинома ва эљодиёти баландѓояи ин шоири ќаноатпешаву накўном маъ-лумоти пурќимат додааст. Ин асар дар замони худ аз љониби муњаќќиќону

њаводорони каломи рўњнавози форсї бо хушнудї пазируфта шуд. Соли 1998 бо љањди ў асари «Одоб-ул-асњоб»-и Фах-риддин Алии Сафї низ бо муќаддима ва тавзењоти мукаммал чоп шуд. Вале ба назари мо, муњимтарин кори ў дар љодаи матншиносї ба чоп омода наму-дани «Девони ашъор»-и падараш, яке аз пайравони муваффаќи мактаби ада-бии Бедил дар Осиёи Марказї Ањмад Мираминзода мебошад, ки бо пешгуф-тори муфассал, тавзењот ва луѓот соли 1999 аз тариќи нашриёти «Шарќи озод» бо сифати баланд чоп шуд. Баъди чопи девон аз устод сабаби хеле дер ба наш-ри осори падар иќдом намуданашро пурсидам. Мирзо Ањмадзода бо там-кини ба худ хос дар љавоб гуфт: - Па-дарам дар як байти худ мегўянд:

Нест Ањдї доимо дар љустуљўи шоирї,

Медињад иршоди хотир назми шеъраш гоњ­гоњ.

Он кас пеш аз њама шахсияти ши-нохтаи мазњабї буданд ва танњо дар лањзањои фароѓат ба иншои шеър машѓул шудаанд. Аз љониби дигар, дар ќисмати аъзами ашъорашон ишќи илоњї ва зуњду ирфону тасаввуф тарѓиб мешавад. Дар даврони шўравї ба њамин иллат чопи онњо ѓайриимкон буд. Шукри онро мегўям, ки кишвари мо њам соњиби истиќлоли воќеї гардид ва имконе фароњам омад, ки ањли илму хирад дар љодаи худогоњии милливу хештаншиносии љомеа гомњои устувор бардоранд. Пеш аз њама дар ин зами-на бо ибтикори Президенти кишвар мўњтарам Эмомалї Рањмон китоби муќаддаси «Ќуръон» ба хатти имрўза ва ба забони тољикї чоп шуд, осори адибону олимони саршиносе чун Имо-ми Аъзам, Имом Бухорї, Њаким Саної,

62 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

Шайх Аттор, Љалолиддини Балхї, Мирсайид Алии Њамадонї ва дигарон бо хатти имрўза тањия, чоп ва дастраси мардум шуданд. Бо љонибдорї аз ин иќдомоти шоиста мо низ ба тањия ва танзими осори падар машѓул шудем ва боиси хушнудист, ки «Девон»-и Ањмад Мираминзода аз љониби хонандагон бо ихлосу муњаббати бепоён истиќбол гардид.

Аз боарзиштарин корњое, ки ном-бурда дар илми матншиносї ба со-мон расонид, тањия ва чопи девони Дарвеши Дењакї - «саромади шуарои Ироќи Аљами асри XV» (Камолидди-ни Биної) мебошад. «Девони Дарвеши Дењакї» соли 2009 аз тариќи нашриёти «Шарќи озод» дар њаљми 368 сањифа дастраси њаводорони назми классикї гардид. Мусанниф дар дебочаи китоб рўзгор ва осори баландѓояи Дарвеши Дењакиро ба таври мухтасар ба хонанда муаррифї намуда, ба хотири осонфањм шудани матн луѓати вожањои душвори девонро низ овардааст, ки ањамияти вежа дорад.

Мирзо Ањмадзода дар тањриру такмили бисёр маќолањои људогонаи њаштљилдаи «Энсиклопедияи советии тољик» ва «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тољик» њисса гузошта, барои ба чоп омода сохтани осори адибо-ни бузурги классикї дар маљмўањои арзишманди «Гулшани адаб» ва «Дурдонањои наср» (љилди 3) низ зањмату бедорхобињо кашидааст. Ў яке аз муаллифони китоби «Таърихи адабиёти тољик дар нимаи дуюми асри XV» мебошад.

Ќобили тазаккур аст, ки Мирзо Ањ мадзода њашт сол декании факул-таи филологияи тољики Донишкадаи

омўзгории шањри Душанберо ба ўњда дошт вале бо хоњиши худ аз ин вази-фа даст кашид. Сабаб пурсидем. Гуфт: -Чун медидам, ки дар хобгоњњо акса-ри донишљўён барои тањсилу зиндагї оддитарин шароитро надоранд, худро назди эшон гунањгор мењисобидам, вале мутаассифона, талошу кўшишњоямон барои бењбуди ин вазъият натиљаи амалие дода наметавонистанд. Аз ин рў, минбаъд барои ишѓоли ин вази-фа талош накардам. Ба донишљў ша-роити мусоидро фароњам наоварда, чї гуна метавон дар симои ў фарди соњибистеъдоду љўянда, ояндаи сазо-вори миллату љомеаро умедвор шуд?

Аз муаллим дар хусуси теъдоди шо-гирдон ва вазифаи онњо напурсидам. Дар тўли ќариб шаст соли омўзгорї, ки аз он беш аз чил солаш дар ДДОТ ба номи С.Айнї гузаштааст, ў ба њазорњо нафар шогирдон сабаќ гуфта ва алъон њар кадоми онњо дар рушди соњањои гуногуни хољагии халќ ба њадди имко-ну тавон сањмгузор њастанд. Албатта, ќисмати аъзами эшон пайрањаи устод Ањмадзодаро интихоб намуда, дар ма-котиби тањ силоти умумї, миёнаи касбї ва олї ба фарзандони мардум дарси адабиёт - дарси њикмату андеша ва одамияту покизагї меомўзонанд. Дар хусуси мавќеъ ва масъулияти муаллим дар замони муосир Мирзо Ањмадзода андешаи хоссаи худро дорад: -Таъ-лиму тарбия бояд љузъњои таркибии фаъолияти омўзгорро ташкил дињанд. Таълим ба њељ ваљњ бе њамбастагї бо тарбият комил нахоњад буд. Аммо ав-валтар аз њама бояд устод, ба ќавли Њусайн Воизи Кошифї, «покмазњаб ва бино бо айби худ, донову соњибтамиз бошад, њасуд, кинадор ва бахил набо-

63«маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

шад». Муаллими асил бояд дар нињоди худ ба ин пеша раѓбат дошта, њунари устодиву таълиму тарбиятро молик бо-шад. Бар замми ин, огоњии комил аз фанни мавриди ниёз обрўву эњтироми устодро хоњад афзуд.

Лозим ба ёдоварист, ки Мирзо Ањмадзода фаъолияти илмиву эљодии худро аз тарљумонї оѓоз карда буд ва дар ин љода наќши хоксоронае њам гузоштааст. Тарљумаи ду китоби илмї-оммавї - «М.В.Ломоносов»-и Б.Б.Кудрявсев (7,17 љузъи чопї, дар њамкорї) ва «Сўњбатњо дар бораи коммунизм»-и В.Каркинский (7 љузъи чопї) ба ќалами ў тааллуќ доранд, ки њар ду њанўз соли 1958 чоп шудаанд.

Мирзо Ањмадзода дар љодаи дўстиву рафоќат низ шахси беназир, њаќшиносу намакшинос аст, дасту дилу нияти пок дорад, дар симои њамкорон ёру баро-дарони љонї ва дар чењраи шогирдон фарзандони худро мебинад. Шояд ба њамин далел аст, ки аксарияти устодо-ну шогирдони факултаи филологияи ДДОТ ба номи С.Айнї аз эшон ба ун-вони «фаришта» ёд мекунанд. Гумон мекунем, ки ин гуна меъёри бањо ба инсони њамзамони мо намунаи олии садоќату ихлос ва муњаббату эњтиром мебошад, ки мањз ба номбурда муяссар гардидааст.

Дар оѓози соли љорї Мирзо Ањ-мадзода дар маъракаи яке аз њамко-рон бо амри тасодуф пешпо хўрду пояш андаке иллат ёфт ва ба бистари беморї афтод. Дўстону њамкорон аз рўйдоди ин воќеа басо ошуфтаву ни-гарон монда буданд, вале хуш бах тона, мањз туфайли азму иродаву љасорати ќавии инфиродї, собит ќадамиву кўшої ва умед ба зиндагї ў тавонист, ки ба по хезад ва њамакнун имкони озодонаву

бемалол њаракат карданро пайдо на-мудааст. Њар боре, ки ба дидорбиниаш равам, мебинам, ки дўстону њамкорони зиёде гирдаш њалќа зада, барояш им-кони аз боби дард андешидану ѓусса хўрданро намедињанд. Рўзи шанбеи ав-вали моњи декабр, ки ба дидорбиниаш рафта будам, бо устодон Валї Самаду Садриддин Нуров саргарми сўњбати хосса буд ва аз чењраи њар кадоми онњо гўиё нур меборид. Аз ин ки фай-зи сўњбати ин соњибдилон бароям даст дод, Худойро сипоси беандоза гуфтам. Чун аз манзили устод берун мешудем, њамкори эшон дотсенти Донишгоњи омўзгории Тољикистон ба номи Са-дриддин Айнї Садриддин Нуров зим-нан ќайд намуд, ки бо тавсияи сарвари донишгоњ Абдуљаббор Рањмонов про-фессорон Мирзо Ањмадзода ва Наљмї Сайфиев ба сифати мушовири кафе-драи адабиёти тољик фаъолият мена-моянд. Албатта, дуруст мегўянд: «Бу-зургонро бузургон зинда медоранд» ва Абдуљаббор Рањмонов, ки худ фарди некмазњару поктинату олими пурфан аст, дасти сахову љавонмардињои шо-истаи ба худ хос дорад ва дар байни ањли илму адаб бо ин сифоти њасанааш низ машњур аст.

Хоњони онем, ки фарзонамарди фариштахў Мирзо Ањмадзода њар чи зудтар шифои комил биёбанд ва бароя-шон пеш аз њама таманнои сињатмандї, хонаободї, сарбаландї, бахту иќболи рўзафзунашро дорем. Ба ќавли Дарве-ши Дењакї:

Чашми бад аз чашми хушат дур бод,

Њар кї ба ту каљ нигарад, кўр бод.Чун сари Фарњод дили мо ба ишќАз лаби ширини ту пуршўр бод!

64 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

Омўзгорро хазинаи илму дониш, мўнис, анис ва рафиќи ботадбири шогирдон гўянд, ки ин њама њаќ аст. Илова бар ин омўзгор пеш аз њама дарвозаи пурнаќшу нигорест, ки шо-гирдон тавассути он ба олами дигар, олами барояшон бемислу монанд, но-такрору ѓайриоддї, нодиру беназир ворид шуда, дар бањру уќёнуси илму дониш ѓўтавар мегарданд. Омўзгорон нардбони устувореро монанд, ки ба воситаи онњо шогирдон ќуллањои ба-ланди илму донишро фатњ намуда, ба мартабањои олї мерасанд ва аз

мевањои шањдбори он ком ширин ме-намоянд. Аз ин лињоз пешаи омўзгорї ба маънои томаш, пешаи басо пурша-раф, шоиста, масъулиятнок, мўътамад, наљиб ва зарурии љомеаи башарї ба шумор меравад. Устоди гиромиќадру соњибмаърифат Абдулбоќї Нуров аз љумлаи он шахсиятњоеанд, ки касби омўзгориро пешаи худ ќарор дода, бо дониш, мањорат ва малакаи волои хеш дар рушду нумўи табиат, хулќу атвори нек, љањонбинї, илму дониш, аќлу хи-рад ва фазлу фаросати шогирдон сањми беназир гузошта, љањду талошњо до-ранд.

Абдулбоќї Нуров моњи январи соли 1953 дар яке аз дењањои хушбо-ду њаво ва хушманзараи кўњистони Ховалинг, дењаи Оќтерак дар оилаи дењќон дида ба љањони равшан кушо-дааст. Соли 1959 дар асоси ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба азхуд кардани заминњои бекорхо-бида ва муњољирати мењнатї соки-нони дењаи Оќтерак, аз љумла, оилаи онњо ба дењаи Гулистони ноњияи Во-сеъ кўчонида шуданд. Ў худи њамон сол, дар синни шашсолагї ба мактаби миёна ќабул гардида, онро соли 1969 хатм намуд ва бо сабаби танќисии рўзгор муддате дар колхоз кор кард. Соли 1970 майлу раѓбат ва шавќу њаваси бепоён ба доништалабї ўро

Мирзоалї АЛИЕВ,дотсенти кафедраи психологияи

факултаи фалсафаи ДМТ

ШАСТИ КАМОЛОТ

65«маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

ба даргоњи илму маърифат - Инсти-тути педагогии шањри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (њоло ДДОТ ба номи С.Айнї) овард. Дар айёми дониш андўзї ва донишазхудкунї дар шўъбаи филологияи тољики факултаи таъриху филология њамчун донишљўи фаъолу боинтизом ва љиддию масъу-лиятнок аз таълиму тарбияи усто-дони маъруф Носирљон Маъсумї, Асомиддин Насриддинов, Абдулѓанї Эшонљонов, Ниёз Сафаров, Мирзо Ањмадзода ва дигарон дарси одаму одамгарї, инсондўстию инсонпарварї, ошкорбаёнї, хирадмандию ботадбирї, њалолкорию некўкорї ва дар маљмўъ маърифату маданиятнокии волоро омўхт. Фаридаддини Аттор мефармо-яд:

Касе к­ў дар њунар бардошт ранље,Бихар њар нуќтаи он кас ба ганље!Абдулбоќии љавон, ки шефтаи суха-

ни воло, муоширати солиму созандаи устодон гардида, мавриди таваљљўњи ин гуна ашхоси нуктасанљу сахтгир ќарор гирифта буд, њама гуна ранљи болои њар нукта кашидаи онњоро бо сабру тањаммул, аќлу хирад ва масъ-улияти хосса, бо истилоњ, бар ивази ганље аз бар менамуд.

Устоди зањматќарин фаъолияти пе-дагогии худро пас аз хатми донишгоњи азизаш бо роњхати Кумитаи маълумоти техникии Тољикистон, соли 1974 дар Омўзишгоњи касбї-техникии шањри Орљоникидзеобод (њоло Вањдат) ба њайси муаллими забон ва адабиёти тољик оѓоз намуда, он љо то соли 1977 адои вазифа намуд.

Ба амри таќдир шўру шарри бе-андозаи донишандўзии ў аз назари устоди айёми донишљўияш, шахси

дурандешу инсонпарвар, шодравон Асомиддин Насриддинов ва устоди арљманд Баён Рањимов, ки алифбои илми педагогикаро ба ў омўхтааст, пинњон намонд. Мањз њамин мардони хирад бо назардошти сифатњои некаш љойгоњи ин љавони ташнаи илму до-нишро дар омўзишу тањќиќи илм ди-данд ва ўро ба ин майдони пурталотум роњбаладї намуданд. Њамин тариќ, устод Абдулбоќї Нуров соли 1977 ба њайси ассистенти кафедраи педагогика ба кор ќабул гардида, то соли 1981 дар ин вазифа фаъолият намуд.

Аз декабри соли 1981 то январи соли 1985 дар шўъбаи астирантураи донишгоњи мазкур њамчун аспиранти кафедраи педагогика тањсил намуда, соли 1985 зери роњбарии номзади илмњои педагогї А.Ю.Гордин дар мавзўи «Ягонагии талаботи оила ва мактаб дар тарбияи ахлоќии хонан-дагони синфњои ибтидої» дар Шўрои њимояи рисолањои номзадии Институ-ти давлатии педагогии шањри Алма-Ато ба номи Абай рисолаи номзадї дифоъ намуд. Њамаи ин аз љиддияту масъулияти баланд нисбат ба пешаи омўзгорї ва дар омўзишу тањќиќ ва таълиму тарбия ба ќадру ќимати ваќти хеш ва шогирдон аљру эњтиром гузош-тани устоди гиромї гувоњї медињанд.

Устод Абдулбоќї Нуров аз пайро-њаи кўчаки донишљўї дар њам бас-тагї бо талаботи виљдон, так мил ёбї, љустуљў ва худафрўзию худ ни сор-кунињо ќадам зада, то ба шоњ роњи илму маърифат ва маќому мар та-бањои баланд расид. Њарчанд кас би омўз гориро њамчун пешаи мураккабу мушкил, сарбаста ва бо њамаи тала-боти беинтињояш аз омўзгор тамо-

66 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

ми њастиашро хоњандаю гиранда ва «серна шаванда», арзёбї намояд њам, худро њамчун як узви људонашавандаи љомеа хушбахт мењисобад, зеро доимо дар њалќаи шогирдон ќарор дораду бо хушию хурсандї ва дарду ѓами онњо шарик аст, бо ёди онњо кору фаъолият менамояду умр ба сар мебарад.

Дар баробари корњои илмї-тањќиќї профессор Абдулбоќї Нуров дар њаёти љамъиятии донишгоњ низ фа-ъолона ширкат меварзад. Мавсуф солњои 1993-1998 дар вазифаи мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфњои ибтидої, солњои 1998-2007 дар вазифаи декани факултаи педагогика, солњои 2007-2008 дар вазифаи ноиби ректор оид ба илм фаъолият намуда, аз соли 2008 то кунун роњбарии факул-таи педагогикаи донишгоњи мазкур-ро ба ўњда дорад. Узви Раёсат, аъзои Шўрои олимони донишгоњ буда, ва-зифаи раисии Шўрои илмии факултаи педагогика ва Шўрои диссертатсионї доир ба њимояи рисолањои номзадї ва докторї аз фанни педагогикаро ба зимма дорад. Хизматњои шоёни олими варзида ва инсони комил бо нишони «Аълочии системаи маълумоти касбї-техникии Тољикистон» (1998), ордени «Шараф» (1999), нишони «Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон» (2001) ќадрдонї шудаанд.

Яке аз хислати ибратомўзи устод Аб дулбоќї Нуров барои њамагон, бахусус шахсони ба илму маърифат алоќаманд он аст, ки ў њељ гоњ кўшиш накардааст дастовардњои худро маври-ди назари дигарон ќарор дињад. Аз ин љост, ки аз сањифањои матбуот ва дигар васоити ахбори умум оид ба шахсият

ва фаъолияти доманадори ў маълумоти муфассале дастрас кардан мушкил аст.

Профессор Абдулбоќї Нуров дар масъалаи њарчи баланд бардошта-ни савияи дониш ва мањорату ма-лакаи педагогии хеш њељ гоњ аз худ ќаноатманд нест ва барои боз њам васеъ намудани мафкураи љањонї ва илмї-амалии хеш ва бою ѓанї гардо-нидани хазинаи илми тољик пайваста кўшишу талошњо менамояд. Ин аст, ки пас аз бомуваффаќият њимоя на-мудани рисолаи номзадї рўи мавзўи «Арзишњои миллию умумибашарї ва наќши онњо дар тарбияи ахлоќии насли наврас» омўзишу пажўњишњои амиќу даќиќро анљом дода, соли 2004 рисолаи докторї дифоъ намуд ва соли 2008-ум ба дарёфти унвони илмиву омўзгории профессор ноил гардид.Устод Абдулбоќї Нуров дар силсилаи конфронсу семинарњои байналхалќие, ки дар шањрњои Москва, Будапешт, Бишкек ва Душанбе баргузор гарди-даанд, иштирок ва бо маърўзањои илмї суханронї кардааст..

Профессор Абдулбоќї Нуров фа-ъолияти тањќиќї ва тарбиявии худро дар њамбастагии ногусастанї ба роњ монда, мактаби илмии хешро таш-кил кардааст ва дар самтњои тањќиќи проблемањои њамкории мактаб ва оила дар тарбияи ахлоќии мактаббачагони хурдсол, наќши муќаддасоти миллї ва умумибашарї дар тарбияи ахлоќии насли наврас, баррасии маќоми аќи-дањои мутафаккирони адабиёти форсу тољик дар тарбияи инсон кору фаъо-лият мебарад.

Инсони комил ва олими сермањсул дар тарбия ва ба воя расонидани оли-мони љавон сањми бориз дорад. Тањти

67«маорифи Тољикистон», 2012, №6

коШонаИ МеЊр

роњбарї ва кўмаки бевоситаи ў 7 на-фар унвонљўю аспирантњои ватанию хориљї рисолањои номзадии худро њимоя намудаанд. Айни замон зери роњбариаш 5 нафар унвонљў ва як на-фар докторант корњои илмї-амалї мебаранд. Мавсуф борњо ба њайси муќарризи расмии рисолањои илмии олимони ватанию хориљї баромад на-муда, ба бисёр фишурдаи рисолањои илмї таќризњо навиштааст. Ба ќалами устод зиёда аз сад кори илмї-тањќиќї, маќолањои илмї, илмї-методї ва илмї-оммавї мансуб мебошанд.

Устоди гиромиќадр ва олими ши-нохта шахсияти дар кору фаъоли-ят љиддї, ошкорбаёну бепардагуф-тор буда, дурўягї, хушомадзанї ва манфиатљўї барин хислатњои рази-лаи инсониро намеписандад. Њамеша њангоми бо устод вохўрдан лањзањои аввалини дар роњрави факултаи педа-гогика бо ў шинос шудан ва аз диди аввал аз љиддияти ў ба андеша рафта-нам, ки оё зери роњбариаш рисолаам-ро ба итмом расонида метавонам ё не, ёдам меояду зери лаб табассум мена-моям. Пас аз чанд муддати бо устод њамкорї кардан бароям олами дигар, олами масъулиятнокї, мењнатќаринї, њалолкорї, ростќавлию поквиљдонї ба-рин хусусиятњоро кашф намудам. Дарк кардам, ки устод дар асл шахсияти ко-мил, њалимгуфтор ва хайрандеш аст ва љиддияти ў ба манфиати кор буда, бањри ќатъї риоя намудани тартибу низоми кору фаъолият мебошад.

Профессор Абдулбоќї Нуров ња-диси Расули Акрам (с): «Якрўза кори волии одил фозилтар аз њафтодсола ибодат!»-ро шиори зиндагии хеш ќарор дода, дар таълиму тарбияи

фар зандон бо хайрхоњию шафќат, дилнавозї, дастгирию хидматгузорї ва љињати таъмини иљтимоии онњо дар касби њалол ранљ кашиданро аз љумлаи волотарин хислату сифат ва писандидатарин ибодати волидайн шуморида, њамроњи њамсари мушфиќу мењрубонаш Майрамбону барои ба тав-ри шоистаи тањсин ба воя расонидани фарзандон ва дар рўњияи мењрубонию хайрхоњї, фурўтанию хоксорї, эњсоси хурсандї аз кори накў кардан, боад-лу инсоф будан, муносибати сами-мона, нармгуфторї, масъулиятнокї ва парњезкорї барин хислатњои неки инсонї тарбия намудани онњо сањми босазо гузоштааст. Самараи боил-тифотию хушмуомилагї, эњтирому накўкорї, ботамкинию дурандешї ва намунаи ибрат будани онњост, ки фар-занди калониашон Наврўз факултаи забонњои хориљии ДДОТ ба номи Са-дриддин Айниро бо дипломи аъло хатм намуда, айни замон дар Донишгоњи технологии Тољикистон ба донишљўён аз фанни забони англисї дарс мегўяд. Мењрафрўз магистранти магистратураи ДДОТ ба номи Садриддин Айнї ва Бењрўз хонандаи синфи њафтуми мак-таби тањсилоти миёнаи умумии № 76-и шањри Душанбе мебошад.

Олими шинохта, профессор Абдул-боќї Нуров ба шастумин бањори умр ќадам мегузорад. Бо истифода аз фур-сати муносиб устоди арљманду гиро-миро ба шасти камолоташ самимона муборакбод намуда, барояш сарбалан-диву сарфарозї, тани сињату хотири љамъ, рўњи болидаю фатњи ќуллањои нав ба нави илмиро ба нафъи пешраф-ти Тољикистони азиз таманно дорем.

68 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

Замона таќозо менамояд, ки са-маранокии раванди таълиму тад рис аз нигоњи тафаккури нав њамаљони ба арзёбї гардад.Чунки дунёи мўъљи-заофарро инсонњо наметавонанд бо та-факкури якранг дарк намоянд. Имрўз бояд ба навоварињои илм ва маориф бо диди нав назар намуд. Омўзгорон барои њал намудани масъалањои му-брами раванди таълиму тарбия бояд роњу усулњои навро љустуљў намоянд.

Дар охири асри ХХ бо кўшишњои донишмандони мактабшинос низоми устувори тасаввурот ба вуљуд омад ва мафњуми «њамгиронамої дар ра-ванди педагогї»-ро ошкор сохт. Дар маљмўъ зери ин мафњум дар як фанни таълим муттањид кардани донишњои мукаммалгаштаи ин ё он бахши илмро мефањманд. Аз ин рў, бо таќозои њаёт соњаи маориф имконият пайдо намуд, ки аз усулу ќолабњои кўњнаи кор рањої ёфта, ба шаклу усулњои наву замонавии таълим рў оварад. Дар ин љода корњои зиёдеро ба сомон расонида шуданд, ки яке аз ин навгонињо тањќиќу асоснок намудани таълими њамгиро мебошад.

Дар замони муосир њамчунин ба масъалаи истифодаи њамгиронамої дар раванди таълим дар муассисањои маълумоти миёна ва касбї низ диќ-ќати зиёд дода мешавад. Муносиба-

ти њамгиронамої дар таълим имкон медињад, ки кўшишњои хусусию касбии донишљўён ба њам алоќаманд шаванд ва ин ба он мусоидат менамояд, ки худбањодињї ташаккул ёбад ва баланд-шавии сифати тайёр кардани мутахас-сисон таъмин гардад. Њамгирої баръ-акси тафриќа буда, он омезишдињандаи фанњои бо њам наздику авлодї мебо-шад. Академик Файзулло Шарифзода вобаста ба низоми маълумоти ибтидої мафњуми «њамгиронамої»-ро чунин шарњ додаст: «Аввалан, ташаккули та-саввуроти мукаммал дар бораи љањони атроф дар мактаб (ин љо њамгиронамої њамчун маќсади таълим баррасї ме-шавад).

Дувум, дарёфти заминаи умумии донишњои фаннї мебошад (ин љо њамгиронамої воситаи таълим аст). Дар сатњи донишњои фаннии анъана-вии аллакай мављуда кўдакон тасавву-роти нав ба навро дар бораи љањони атроф гирифта, ба таври муназзам онњоро мукаммал ва васеъ месозанд.

Севум, натиљаи он рушди таълим-гиранда аст. Барои таълимгирандагон мушоњидаи объектњои омўзишї њамчун унсури људогона боќї намемонад. Таъ-лимгиранда муќоиса намуда,хулосањо бароварда, объекти омўзишро њама-тарафа тањлил менамояд».

Бибивахї МИРБОБОЕВА,ходими калони илмии Пажўњишгоњи рушди

маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон

ТАЪЛиМи ЊАМГиРо ВА сАМАРАнокии онДАР ТАъЛИМИ ЗАБОНИ МОДАРИИ СИНФЊОИ ИБТИДОЇ

69«маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

Муњаќќиќ ќайд менамояд, ки тањќи-ќоти илмї дар самти равоншиносї ва педагогика имкони онро пеш оварда-аст, то иќрор намоем, ки таълими такя-карда ба њамгиронамої зарур аст, мах-сусан барои мактабиёни хурдсол. Яке аз самтњои нави такомули таълимот дар мактаби ибтидої ташкил ва гуза-ронидани дарсњои њамгирогашта мебо-шад. Дарси њамгирогашта аз истифо-даи алоќањои байнифаннии анъанавї фарќ менамояд. Предмети тањлил дар он объектњои гуногуне мебошанд, ки маълумот дар бораи моњияти онњо дар фанњои мухталифи таълимї љо гириф-тааст.

Рў овардан ба таълими њамгиро бесабаб нест. Яке аз чунин нављўињо дар роњи самаранок намудани таълими ибтидої њамгиро гардидани фанњои бо њам наздик аз ќабили забони модарї ва хониш, санъату мењнат ва ѓайра њам дар њамин аст. Рў овардани мактаб ба ин усули таълим метавонад дараљаи маърифат ва маънавияти хонандагонро афзун ва таъмин гардонад, ба рушду инкишофи тафаккури хонандагони синфњои поёнї мусоидат намояд ва нињоят ба вазъи муносибати хониши бошуурона замина гузорад. Таълими њамгироии фанњо ба муаллим имкони-ят медињад, ки барои омўзонидани ин ё он мавзўъ ваќтро фаровон истифода барад.

Барои дарк кардани мазмуну мўњта вои њар дарс ва матн дар хам-гиро сохтани дарсњои забони модарї аз муаллим роњу усулњои нав љустуљў карданро таќозо менамояд. Ў бояд дар дарсњо аз асбобњои аёнии мављуда ё худсохт мунтазам истифода барад. Ин-чунин таълими мазкурро усули махсуси

таълим дониста, байни он ва алоќаи байнифаннию дарсњои омехта тавофут гузошта тавонад.

Ба њамагон маълум аст, ки дар синф њои ибтидоии мактабњои кишва-рамон таълими њамгиро ба роњ монда шудааст. Бартарии таълими њамгиро ва китоби дарсии «Забони модарї» - и ин синфњо аз китоби муќаррарии чопи солњои пешин дар он аст, ки ки-тоби мазкур њам аз љињати шаклу маз-мун ва њам аз чињати маводи дар он гирдовардашуда дар раванди таълим хонандагонро ба амалиёти фаъол ва эљодкорона водор месозад.

Маълум аст, ки ибораи «забони модарї» дар барномаи таълими ин фан тому яклухт мебошад, ки дар тарки-би худ таълими савод, хониш, грам-матика, имло, њусни хат ва хониши беруназсинфиро фаро мегирад. Ќайд кардан зарур аст, ки таълими њамгиро дар мактабњои ибтидої маќсаду вази-фа, талабот ва хусусиятњои хоси ху-дро дошта, роњу усулњои мушаххасро таќозо мекунад. Дар љараёни таълими њамгиро на танњо сохти дарсњо, инчу-нин лањзањои дарс низ ба дигаргунї дучор гардиданашон мумкин аст, ки вобаста ба мазмуни мавзўи ин ё он ќисми дарс ваќти бештарро талаб ме-намояд.

Љињати хуби китобњои дарсии њам-гиро боз аз он иборат аст, ки маводе, ки барои ќироат аз асарњои адибони классикї ва муосир интихоб гарди-даанд, дар онњо доир ба бузургона-мон, мероси пурарзиши онњо, таъри-хи халќи тољик, иду љашнворањои суннатии бобої, ахлоќи њамидаи мардуми Машриќзамин маълумо-ти мухтасари ибтидої дода шуда-

70 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

анд, ки ба хештаншиносї ва тарбияи башардўстонаю ватандўстии хурдсолон таъсири мусбат мерасонанд.

Моњияти таълими њамгиро боз дар он аст, ки воњидњои грамматикї ва дигар мафњумњои забонї аз дохили матнњои алоќанок, ки онњо ба кало-ми устодони сухан тааллуќ доранд, ба тамоми талаботи забони модарї љавобгўянд ва онњо дар њаќиќат во-ситаи тавонои инкишофи нутќ ва та-факкури хонандагон шуда метавонанд.

Талаботи дарси забони модарї дар синфњои ибтидої асосан аз он иборат аст, ки хонандагон ифоданок ва бур-ро ќироат кардани матн, баровардани хулосањои лозимї, аз матн људо карда-ни фикри асосї, эпизодњои манфї ва мусбатро шинохта тавонанд.

Омўзгорон бояд пањлўњои гуногу-ни матни таълимї ва дараљаи тайёрии талабагонро пешакї биомўзанд. Дар асоси чунин тайёрї ва омўзиш барно-маи дарсї аз љониби омўзгор тањия мегардад, дар он тамоми фаъолияти саволу супоришњо ба инобат гириф-та мешавад, ки ин барнома фарогири фонетика, лексика, грамматика, имло ва хониши ифоданок аст.

Агар мо раванди таълими фан-ни забони модариро дар синфњои 1-4 тањлилу муќоиса намоем, дарк мекунем, ки њадафњои муњимтарини омўзиши ин фан дар синфњои 5-7 таъ-мини инкишофи нутки шифоњї ва хат-тист. Дар раванди таълими њамгиро инкишофи нутќи шифоњї ва хаттї бо роњњои гуногун, аз љумла, ба воситаи мусоњибаву муњокима, саволу љавоб, хониш, иншо, корњои хаттї, иљрои корњои амалї дар робита бо забони модарї ва адабиёт амалї мегардад, ки

низ мувофиќи маќсад аст. Маълум аст, ки маќсад аз ќироату тањлили асарњои бадеї ва кори луѓатомўзї инкишофи нутќ ва тафаккури хонанда, ташаккул ва такомули њусни баён, дарки маъною мазмуни матн мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки таълими њам-гиро ва доираи фаъолияти муаллим дар инкишофи аќл ва тафаккури зењнии шогирдон таъсири мусбат расонида, ба инкишофи њаматарафаи хонандагон, аз љумла, дарки маънифањмї кўмак меку-над ва инчунин метавонад роњнамои муаллимони синфњои ибтидої гардад.

Бояд гуфт, ки дар давоми тањсил дараљањои инкишофи забонро тала-багон зина ба зина азхуд мекунанд ва сол ба сол тањсили забони онњо мукам-малтар, ѓанитар ва ифоданоктар ме-гардад. Онњо аз луѓату ибора,љумлаю воситањои забонї њарчи бошууронатар, моњиронатару зеботар ва пурмазмуну бомантиќтар кор хоњанд гирифт, ки аз инкишофи тадриљї ва бемайлони онњо гувоњї медињад.

Захираи миќдорї ва сифатии луѓат яке аз пањлўњои муњими мазмуни ра-ванди дарси њамгиро ба шумор мера-вад. Шарњу азёд кардан ва ба нутќи фаъоли мактабиён дохил кардани онњо њам ба дарёфти пурраи мазмуни матнњои бадеї мусоидат менамояд ва њам бартарии нутќи бадеиро ба шо-гирдони хурдсол тадриљан собит ме-намояд. Дар натиља онњо ба азёд ва истифодаи луѓатњо шавќманд гардида, ба калимањо, хосияти услубї ва фарќи мантиќию маъноии онњо сарфањм ра-ванд.Масалан, дар таълими њикояи « Набарди Рустам бо Афросиёб», ки аз китоби «Шоњнома»-и безаволи Абулќосими Фирдавсї дар синфи 4 ин-

71«маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

тихоб шудааст, ба ќањрамонии бемислу монанди Рустами достон бахшида шу-дааст, фањмидани маънои мукаммали матн ва фањмидани маънои калимањои душворфањми «Яздони пок», «аъёну ашроф», «диравш», «фарозидан», «раз-мовар», «гурд», «барангехтан», «да-мон» барои хонанда мушкил буда, бидуни луѓатомўзї боз ин калимаю иборањо ба муродифњояшон иваз шуда, шарњ дода мешаванд. Дар натиља тала-багон фарќи услубии љумлањои њикоя ва љумлањои таѓйирдодаашонро меби-нанд.

Њангоми тадриси матни «Донистани њаќќи модару падар «аз Ќобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ташкил кар-дани кори луѓавї оид ба калимањои «љоњил», «љањд», «хирад», «таањњуд», «дарвеш», «мунтиљ», «муќассир», «та-маъ» шавќовар буда, талабагон фарќи услубии чумлањои њикоя ва љумлањои таѓйирдодаашонро муќоиса менамоянд ва ин калимањо барои захираи фаъоли луѓавии шогирдон њамарўза заруранд.

Мањорати дар нутќ аз луѓатњои аз-ёд шуда ва шарњёфта истифода кардан як пањлўи хеле муњими инкишофи за-бонии мактабиёни хурдсол ба шумор меравад. Мањз истифодаи мунтазам ва бошууронаи калимаву мисраъњо, дигар унсурњои нав дар нутќ ва аз љониби муаллим њавасмандгардонии ин гуна иќтибоскунињо мактабиёнро рўњбаланд менамояд ва онњо ба нутќи худ ва атрофиён бодиќќат гўш медињанд, кам-будию нуќси нутќро њассосона ошкор мекунанд. Дар натиља унсурњои за-бони адабиёти бадеї (хониш) ба тар-киби омўзиши имло ва грамматика узван ва табиї пайванд мегарданд, ки натиљаи таълими њамгиро аст ва

танњо дар шароити таълими њамгирои забони модарї муяссар мегардад. Иќтибос ва истифодаи калима, ибо-ра, мисраъњо, зарбулмасалу чистонњо, ривоятњо дар нутќи шифоњию тањрирї мањз он силоњест, ки њам омўзиши бомуваффаќи назариявї ва амалии за-бони модариро таъмин менамояд ва њам натиљаи дилхоњи ин омўзиш буда, самара ва маљрои инкишофи забони мактабиёнро муайян менамояд.

Гузаронидани дарсњои њамгирошуда имкон медињанд, ки мањорати касбии омўзгор баланд гардад, зеро аз ў мето-дика технологияи нави раванди таъли-му тарбия ва муносибати нави фаъол нисбат ба таълим талаб карда мешавад. Аз гуфтањои дар боло зикршуда бояд чунин хулоса баровардан лозим аст, ки ташаккули тасаввуроти мукаммали тасвири љањон дар хонандаи мактаби ибтидої имрўз бе њамгироинамоии мўњтавои таълим номумкин аст. Ѓояи њамгиронамої дар асоси умумият ва ягонагии ќонунњои табиат, яклухтии эњсоси субъектњои љањони ињоташуда пайдо мегардад. Дарсњои њамгирошуда барои азхуд намудани донишњо мусои-дат карда, имкон медињанд, ки ваќт самаранок истифода гардад.

Њамгирої имкон медињад, ки кўдак худ мустаќилона дониш омўзад, шавќ пайдо кунад ва дараљаи тафаккураш баланд шавад. Муњимтар аз њама, ки ба худ ва тањсили худ, ба ояндаи худ бо назари тањлилу танќид бањо медињанд, ки ин ибтидои худшиносии наврасон аст. Дар дили онњо азме пайдо мегар-дад, ки донишњои доштаашонро дар зиндагии имрўз ва оянда ба нафъи одамон истифода баранд.

72 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

Ваќтњои охир њам дар курсњои такмили ихтисос ва њам дар ља-ласаи иттињодияњои методии омўзгорони забон ва адабиёти тољик дар моњи август, љамъомади мактабњои такя гоњї ва таљрибаи пешќадам нахустин пурсиш ё дар-хости омўзгорон чунин аст: -Ил-тимос, дар бораи корњои хаттї ва шаклњои он маълумот дињед.

Бояд зикр кард, ки дар маќо-лањои дастурии методистону оли-мони шинохта М.Лутфуллоев, С.Аминов, Р.Мирзоев, Ѓ.Маликов ин масъала хеле возењу равшан баён ёфтааст. Инчунин дар «Маљ-мўаи диктант ва наќли хаттї» ба-рои синфњои 5-9 (-Душанбе, 1989, муаллифон Ш.Таѓоев, А.Мирзоев) ва нашри дигари ин китоб дар соли 2009 (муаллифон Ш.Таѓоев, С.Мањкамов ва А.Мирзоев) ва «Маљмўаи диктант ва наќлњои хаттї»-и М.Афѓонов (-Душанбе, 2010) дар бораи диктант (имло) ва шаклњои он маълумоти зарурї дода шудааст. Аммо аз чї сабаб бошад, ки ќисми зиёди омўзгорон

аз ин гуна мавод огоњї надо-ранд. Аз ин рў, бо маќсади кўмак ба њамкасбон дар асоси маводи ёрирасони зикршуда ва таљрибаи кори чандсола мехохам баъзе анде шањоямро оид ба ин масъала рўйи коѓаз орам.

Нахуст, кори хаттї дар кадом шакле набошад, ибтидои фаъо-лияти эљодии хонанда аст. Мањз кори хаттї талабаро ба андеша кардан, диќќат намудан, бонизом навиштан, ќоидањои имлоро ба ёд овардану риоя намудан водор месозад. Њар як кори хаттї дар инкишофи шавќи маърифатљўии талаба мавќеи худро дорад.

Азбаски пурсишњои аксари му-аллимон оид ба диктант (имло) ва шаклњои он сурат мегирад, мо њам мекўшем ба онњо љавобњои мушаххас гардонем: Дар мактаб ду намуди диктант - таълимї ва санљишї маъмул аст, ки аз њамдигар фарќи куллї доранд.

Диктантњои таълимиро, ки шумораашон ба 15-16 адад ме-расад, дар њар дарси забон гуза-

Њасан СОДИЌОВ,директори мактаби тањсилоти

миёнаи умумии № 24, ноњияи Мастчоњ

БОРИ ДИГАР ОИД БА КОРЊОИ ХАТТЇ ВА ШАКЛЊОИ ОН

73«маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

ронидан мумкин аст. «Диктанти таълимї яке аз лањзањои муњим ва људонашавандаи дарси забо-ни модарї ба шумор равад њам, барои гузаронидани он соати алоњида људо карда намешавад. Вай дар рафти омўхтани мав-зўъњои људогона дар давоми 5-6 даќиќа ва дар мавриди зарурї дар зарфи 10-15 даќиќа гузаро-нида мешавад. Барои дикатантњои таълимї дафтари алоњида људо накарда, маводи зарурї дар дафтарњои даврї (раќамњои 1-2) навишта мешавад», чунин зикр шудааст дар китоби «Маљмўаи диктант ва наќли хаттї» (сањ. 12). Баъд дар њамин китоб шарњ ва усули гузаронидани диктантњои эзоњї, таъкидї, биної, интихобї, худсанљї, эљодї, диктанти луѓат ва озод хеле возењ оварда шуда-анд, ки овардани намунаеро зарур намедонем.

Тафовути дигари диктантњои таълимї боз дар он аст, ки омўз-гор дар ваќти тафтиш ва бањо-гузорї ба хонанда фаъолияти ўро дар тамоми дарс ба њисоб меги-рад ва дар дафтари синфї њам ба 5 - 6 нафар бањогузорї мекунад. Аммо дар барномаи таълими за-бони русї барои ташкил ва гу-заронидани диктантњои таълимї (обучающий диктант) њам соатњои алоњида пешбинї шудааст. Аз ин

рў, бархе муаллимони забон ва адабиёти тољик ба ин чиз такя кар да кор мебаранд ва ё ба он пай равї мекунанд.

Боз як нуктаро таъкид намудан бамаврид аст, ки корњои хаттии таълимї (диктантњо) одатан бо супоришњои иловагї гузарони-да мешаванд. Боз як шакли дик-танти таъкидиро донистан зарур аст, ки ташкил ва гузаронидани он ба узвњои биної ва шунавої алоќаманд аст.

Диктанти санљишї бошад, аз номаш њам маълум аст, ки бо маќ сади санљидани дониш, са-воднокї ва дараљаи азбар намуда-ни маводи омўхташуда аз тарафи хонандагон гузаронида мешавад. Аз тарафи омўзгорон диктантњои санљишї одатан баъди омўзиши бобњои алоњида ва дар охири чорякњо ва охири сол гузарони-да шуда, санаи гузаронидани он дар наќшаи таќвимї нишон дода мешавад.

Аммо аз рўи баъзе њуљљатњои методї тавсия дода мешавад, ки корњои хаттии санљишї, аз љумла, диктантњо дар рўзњои охири чо-ряк, нимсола ва солона гузарони-да нашаванд, яъне камаш 5-6 рўз пеш аз љамъбаст гузаронида ша-ванд ва њини гузоштани бањоњои чорякї ё нимсолаю солона бањои

74 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

кори хаттї ба маълумот гирифта шавад.

Њамагон медонанд, ки диктан-ти санљишї хоњ мавзўї бошад, хоњ љамъбастї барои ташкил ва гузаронидани он як соат (бархе омўзгорон барои тањлил гўён) ду соат људо мекунанд. Зикр бояд кард, ки соатњо барои гузарони-дани диктант аз њисоби мавзўъњои умумї људо карда мешаванд. Аз њисоби соатњои инкишофи нутќи мураттаб гузаронидани диктантњои санљишї нодуруст аст.

Ба назари ман, барои тањлили диктантњои санљишї њама ваќт соат људо кардан њам шарт нест. Омўзгор метавонад аз 7-8 дик-танти дар наќшаи таќвимї ни-шондодашуда 3-4-тои онро, ки натиљаи дилхоњ надодаанд, бо иштироки хонандагон тањлил намояд, сабабњои бањои баланд нагирифтани шогирдонро нишон дињад. Дар сурати якхела будани хатоњои хонандагон омўзгор ин ё он ќоидаи грамматикї (имлои њамсадоњои талаффузнашаванда, овозњои шадда, имлои њамсадои њалќии ъ, садонокњои ў ва у) ва ѓайраро ба ёд орад.

Дар китоби «Маљмўаи диктант ва наќли хаттї» (сањ.22) оид ба маќсад ва усули гузаронидани

диктанти санљишї (назоратї) шарњу эзоњи хуб дода шудааст.

Дар охир як талаботи меъёри-ро ёдрас мешавем, ки дар дафтари синфї ќайди диктантњои санљишї ба сурати зайл бошад: Сана. 20.05.2012. Диктанти санљишї. Бањор.

Яъне ќайди номи диктант њатмист. Дар ин љо оид ба тала-бот барои навиштани диктант як нуктаро таъкид намудан ба-маврид аст, ки гоњо баъзе санљиш-гирандагон (аз идорањои болої) дар нимаи дарс ба синф ворид шуда: «Дафтару китобњоро як та-раф монед, диктант менависем»,-гўён матни дар дасташон буда-ро бароварда, «дикта» кардан мегиранд, ки матни диктант ба ќоидањои имло чандон мувофиќат накунад њам, њамонро ќонун ме-донанд.

Мурод аз зикри ин нукта он аст, ки хонанда ба диктант бояд омода бошад ва калимаю ибо-рањоро дар асоси имло нависад. Хулоса, шахсе, ки диктантро бе-хато менависад, вай аз ўњдаи на-виштани наќлу иншо њам ба хубї мебарояд, аз ин рў, диктантро бояд чун кори хаттии асосї ва ибтидої ба њисоб гирифт ва ба ташкил ва гузаронидани он эъ-тибори љиддї дод.

75«маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

Бозї њамсафари доимии кўдак аст. Рўзи кўдакро бе бозї тасаввур кардан мумкин нест. Ў то давраи мактабї ин ё он бозиро бо хоњиши худ иљро ме-кунад. Аз бозии худ хурсанд шуда, ба завќ меояд. Њангоми ба мактаб ома-дан фаъолияти кўдак таѓйир меёбад. Љои бозиро таълим мегирад, яъне дар фаъолияти кўдак як навъи гуза-риш ба амал меояд. Дар ин гузариш ба он бояд диќќат дод, ки хонандаи хурдсол мондашавї ва дилгиршавии худро њис накунад. Барои ин дар рафти дарс аз бозињои таълимї ис-тифода бояд бурд. Бозињои таълимї хонандаро рўњбаланд карда, азхуд-кунии мавзўъњои таълимиро осон мекунанд. Бозиро тавре бояд инти-хоб кард, ки хонандагон њангоми иљрои он душворї накашанд, онро бомуваффаќият иљро намоянд ва аз натиљаи корашон рўњбаланд шаванд.

Дар зер намунаи чанде аз ин бози-њоро меорем, ки дар рафти таълими забони модарї истифода бурда ме-шаванд.

бозии «Кї бисёртар?».Маќсади бозї: Ба њисоб гирифтани

захираи луѓавии хонандагон.

Рафти бозї: Муаллим пешакї барои њар хонанда вараќча тайёр мекунад. Дар њар як вараќча ном ва насаби хонанда навишта мешавад. Њангоми ташкили бозї вараќчањо ба хонандагон дода мешаванд. Сипас ба ишораи муаллим хонандагон ба навиштани луѓат сар мекунанд. Дар ин бозї хамон хонанда ѓолиб дони-ста мешавад, ки бисёртар ва бехато луѓат менависад.

Ин бозиро дар синфњои 3-4 таш-кил кардан ба маќсад мувофиќ аст. Ба туфайли он луѓати мавзўъњои омўх ташуда аз бар мешаванд ва дар баробари ин нутќи шифоњии хонан-дагон низ инкишоф меёбад.

бозии «баръакс»Маќсади бозї: Инкишоф додани

нутќи шифоњии хонандагон ва ду-руст интихоб намудани калимањои муќобилмаъно.

Рафти бозї: Бозї ба ањли синф ва ё гурўњи хонандагон гузарони-да мешавад. Бозиро муаллим оѓоз мекунад. Ў калимаро номбар меку-над, хонандагон баръакси калимаро мегўянд. Барои мисол муаллим кали-маи «шаб»-ро мегўяд, хонандагон ва

Гулмурод НЕъМАТОВ,муаллими синфњои ибтидоии мактаби

тањсилоти миёнаи умумии №11-и ноњияи Варзоб

ИСТИФОДАИ БОЗИЊОИ ТАЪЛИМЇ ДАР ДАРС

76 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

ё гурўњ баръакси ин калима «рўз»-ро мегўянд. Њамин тавр, муаллим номи калимаро мегўяд, иштирокчиёни бозї баръакси онро мегўянд. Дар ин бозї њамон хонанда ва ё гурўњ дастболо мешавад, ки бештар калимањои баръ-аксро бигўяд.

Дар зер чанде аз ин калимањои баръ аксро меорем: сиёњ-сафед, рафт-нарафт, давид-надавид, дароз-кўтоњ, ширин-талх, омад-наомад, баланд-паст ва ѓайра.

Ин бозї њангоми омўзонидани мав зўъњои «Њиссањои нутќ» гузаро-нида мешавад.

бозии «Кроссворд»Маќсади бозї: Дар нињоди хонан-

дагон ба вуљуд овардани зиракї ва инкишофи фикр.

Рафти бозї: Муаллим барои таш-кили ин бозї пешакї дар як вараќи андозааш 20х30 см кроссвордро тас-вир мекунад. Дар катакчањои аввалаи он, ки онњоро хатњои амудї ва уфуќї мегўянд, раќамгузорї мекунад. Дар зер ё пањлўи кроссворд раќамњои на-вишташударо эзоњ медињад.

Муаллим њангоми ташкили бозї вараќи кроссвордро дар тахтаи синф мечаспонад. Сипас бо ишораи ў бозї оѓоз меёбад. Дар ин бозї њамон хо-нанда ѓолиб дониста мешавад, ки кроссвордро аз њама пеш ва бехато пур мекунад.

Ба туфайли ин бозї дар нињоди хо-нанда зиракї, њушёрї ва њозирљавобї барин хислатњо инкишоф меёбанд. Хонанда минбаъд мекушад, ки ба њама чиз бештар диќќат дињад ва дар

баробари ин онро дар хотир нигоњ дорад.

бозии «Њаммаъно»Маќсади бозї: Ѓанї намудани за-

хираи луѓавї ва инкишоф додани ќобилияти фикрронии хонандагон.

Рафти бозї: Муаллим бозиро бо гурўњ ва ё якљоя бо ањли синф мегуза-онад. Бозиро муаллим оѓоз мекунад. Ў номи калимаро мегирад, хонанда-гон њаммаънои онро мегўянд. Маса-лан, муаллим калимаи «даст»-ро зикр мекунад, хонандагон њаммаъноиин калима «бозу»-ро номбар мекунанд. Њамин тавр, муаллим номи кали-маро мегўяд, хонандагон дар љавоб њаммаънои онро номбар мекунанд. Дар ин бозї њамон гурўњ ва ё хо-нанда дастболо мешавад, ки бештар калимањои њаммаъноро мегўяд.

Барои намуна чанде аз ин калима-њои њаммаъноро меорем: дил-ќалб, даст-бозу, чашм-дида, рўй-чењра, табиб-духтур, форам-дилкаш, салом-дуруд, сипоњ-ќушун, муаллим-омўзгор ва ѓайра.

Бозии мазкурро њангоми омўзони-дани мавзўъњои «Њиссањои нутќ» ис-тифода бурдан ба маќсад мувофиќ аст. Он барои ѓанї намудани захираи луѓавї ва ќобилияти фикрронї кўмак мерасонад.

Њамин тариќ, бозињои таълимї дарсро шавќовар намуда, дараљаи до-ниш ва аќлу заковати хонандагонро сайќал медињанд ва дар баробари ин барои тарбияи фикрию ахлоќї ёрии амалї мерасонанд.

77«маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

Њунар омўз, к­аз њунармандї,Даркушої кунї, на дарбандї.

(Низомии Ганљавї)

Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон дар вохўрї бо донишљўёни Донишкадаи давлатии њунарњои зебои Тољикистон ба номи Мир-зо Турсунзода иброз намуда буд, ки мањз тарбияи сањењи касбї ва фароњам овардани шароити мусо-ид минбаъд истеъдодњои љавонони моро ба арсаи љањонї мебарорад.

Аз ин лињоз, ба назари мо, дар асоси Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 01.04.2011, № 164 «Дар бораи тасдиќ намудани Барномаи рушди рањнамои кас-бии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015» дар машваратњои гурўњї, семинар-машварат, вохўрї бо со биќадорони мењнат, њафтаи интихоби касб ва роњнамої на-мудан ба касбњои замонавї ба хо-нандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумї ва асосї аз ањамият холї нест. Падару модарон, му-аллимон, мураббиён ва фаъолони

љамъиятиро зарур аст, ки рољеъ ба интихоби касби ояндаи кўдакон ва наврасон, бо назардошт ва бањисобгирии бозори мењнат њанўз аз даврањои аввали таълим кор ба-ранд.

Дуруст аст, ки маќсаднок бур-дани корњои фањмондадињї дар байни хонандагони синфњои ибтидої оид ба интихоби касб ба љањонбинї, маълумотнокї ва ис-теъдоди маъмурияти муассисањои таълимї - боѓчаву мактаб ва му-раббиёну омўз горон, минљумла, роњбарони синфњо вобастагии зиёд доранд. Аввалан, мураббиёни боѓчањо ва омўзгорони мактабњои тањсилоти умумии миёна ва асосї бо таљрибаи зиёд солњои тўлонї бо характеру хислат, дарку љањонбинї ва ќобилияту истеъдоди шогирдони худ шинос гашта, метавонанд оид ба касби интихобнамудаи онњо дар њамкорї бо падару модари шогир-дон машварат намоянд.

Бинобар ин зарурате пеш мео-яд, ки оид ба интихоби касб дар мактабњо наќшаи корї та њия на-

Фатњулло КАРОМАТЗОДА,омўзгори калони кафедраи тањсилоти

ибтидоии касбии ДљТИБКСМ

ИНТИХОБИ КАСБ – РУКНИ АСОСИИ КОРИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

78 «маорифи Тољикистон», 2012, №6

МИнбарИ ТаЉрИба

муда, чорабинињои банаќшаги-рифтаро дар давоми соли хониш пайваста ва зина ба зина амалї намоянд.

Бисёр хуб мешуд, ки њанўз аз оѓози мактабхонї мо барои њар як хонанда дафтари алоњида ку-шоем ва хоњишу дарки дар оянда кї шудани њар як шогирди хешро ќайд намоем. Дар синфњои мин-баъда майлу раѓбат ва орзуи њар як хонандаро то хатми мактаб дар дафтари номбурда сабт намоем. Албатта, маќсад ва ташкили ин кор танњо барои ном ва ба таври таваккалї пур кардани ин дафтар нест. Маќсад он аст, ки муаллим ва роњбари синф, новобаста аз он ки хонанда дар кадом синф тањсил менамояд, ба умеди дарк кардани майлу хоњиш, мањорату ќобилият ва орзуву омоли хонандагон њамкорї намоянд. Аз тарафи дигар, ташкил ва гузаронидани соатњои синфї оид ба интихоби касб, агар мо ба чунин дарсњо намояндагони соњањои гуно-гуни хољагию истењсолот, илм ва тиб ва дигар идорањои ќудратиро даъват намоем, боиси муассирии кор мегарданд. Мушоњидањо ни-шон медињанд, ки аксари хонанда-гон бо тавсияи волидайн, баъзењо бо таъсири њамсинфон ва як ќисми хонандагон бо тавсияи хешу табор касби ояндаи хешро интихоб мена-моянд. Бинобар ин, баъди хатми муассисањои тањсилоти ибтидоии касбиву олї ва гирифтани касб дар

фаъолияти кории аксари љавонон пешравї ё масъулияти баланди шањрвандї эњсос карда намешавад. Аз ин лињоз, онњо маљбур меша-ванд, ки касби дигарро омўзанд ва ё дар соњањои дигар кор ва фаъо-лияти хешро идома дињанд.

Дар интихоби касби ояндаи кў дакону наврасон дар баробари ташкили гўшањо, расмњо, рўзнома ва албомњо гузаронидани соатњои синфї, навиштани иншо, гузаро-нидани вохўрињо бо пешсафони мењ нати корхонањои давлатї ва ѓай ри давлатї шарт ва зарур буда, бештар ањамияти амалї дорад. Зеро хонанда дар ин маврид метавонад нисбат ба касби интихобнамуда-аш дилбастагии бемайлон пайдо намояд. Дуруст интихоб кардани касб, пеш аз њама, ба манфиати па-дару модар ва ањли љомеа мебошад. Њангоми бо шогирдон дуруст ва бомаќсад кор бурдан мо метавонем бањри пешрафти љомеа, тараќќиёти давлат ва бењдошти зиндагї сањми сазовор дошта бошем.

Пас ояндаи давлату миллат ба фаъолияти кормандони соњаи мао-риф, сифати таълиму тарбия, њам-корї бо оила ва нуќтањои машва-ративу рањнамоии касбии шањру ноњияњо сахт алоќаманд мебошанд. Тавсияи дурусти интихоби касб ба кўдакону наврасон яке аз рукнњои асосии кормандони соњаи маориф низ мебошад.

79«маорифи Тољикистон», 2012, №6

ПаЙкИ МеЊр

Зањмати 22-сола дар тањия ва таълифи «Фарњанги арабї - то-љикї» профессор Сайидрањмон Су-лай монов, мудири кафед раи забо-ни арабии факултаи шарќши носии ДМТ-ро узви Академияи забони арабї гардонид.

Ба ин тартиб арабшиноси тољик Сайидрањмон Сулаймонов нахус-тин донишманди забони арабї аз кишварњои Осиёи Марказї аст, ки ба узвияти Академияи забони арабї, ки ќароргоњаш дар Ќоњираи Мисри Араб аст, пазируфта шуд.

Мањз хадамоти шоёни ин до-нишманди тољик дар рушди илми шарќшиносии то љик боиси он

шуд, ки фарњангистони бонуфуз ва мўътабари љањони ислом аз вай ќадршиносї кунад ва ўро дар ќатори бењтарин арабшиносони љањон во-рид созад.

Сайидрањмон Сулай-монов дар сўњбат бо хабарнигори радиои "Озодї" гуфтааст, ки «мояи ифтихорам аст, ки зањматњои чандин-солаам барабас нарафт ва дар нињоят аз сўи як

муассисаи илмии љањонї ќадр шуд. Минбаъд низ талош хоњам кард, то сањми худро дар рушди улуми шарќшиносї, ба хусус фарњанги забони арабї бигзорам.»

Ин њам дар њоле, ки ба таъкиди доктор Сулаймонов, тањия ва таъ-лифи «Фарњанги арабї -тољикї» дар њаљми 2,5 њазор сањифа, ки муддати 22 сол болои он кор кардааст, ўро ба узвият дар Ака-демияи забони арабї мушарраф гардонид.

Афзун бар ин, ин донишманди тољик дар муддати беш аз 40 соли фаъолияти илмї беш аз 100 асар,

ДониШМАнДи Тољик уЗВи АкАДЕМиЯи ЗАБони АРАБЇ ДАР ЌоЊиРА

Донишманди тољик Саидрањмон Сулаймонов ба узвияти Академияи забони арабї дар Ќоњираи Мисри Араб пазируфта шуд.

ПаЙкИ МеЊр

рисолаву маќола ва дигар осори адабиро таълиф кардааст.

Пас аз «Фарњанги арабї-то-љикї» тарљумаи 5 љилди осо-ри Абўалї ибни Сино аз дигар корњои шоёни ин арабшиноси тољик ба шумор меравад. Ин аст, ки Сайидрањмон Сулаймонов ри-солаи доктории худро дар соли 1999 дар мавзўи «Тањаввули исти-лоњи фалсафї дар забонњои арабї ва тољикї дар пояи мероси фал-сафии Абўалї ибни Сино» њимоя кардааст.

Доктор Сайидрањмонов аз соли 1972 то 1985 дар Донишгоњи миллии Тољикистон ва баъдан то соли 2004 дар Академияи улуми Тољикистон фаъолияти илмї-пажўњишї кардааст. Аз соли 2005 то кунун фаъолияти худро дар фа-култаи шарќшиносии ДМТ давом

Мусањњењ Абдувоњиди АБДУВАЊЊОБ. Тарроњ Фарњод РАЊИМОВ.Њуруфчин Назира БОБОеВА

«маОриФи ТОЉиКиСТОН»Нишонаи идора: ш. Душанбе, кўчаи ак. А.Адњамов, 13.

Тел: +(992 37) 227-86-90. E-mail: [email protected]Индексњои обуна: 77500 (барои шањрвандон),

77641 (барои корхонаву муассисањо)

Ба матбаа 20.11.2012 супорида шуд. Ба чопаш 05.12.2012 имзо шуд.Андозаи 70х1001/

16. Адади нашр 2500 н. Супориши №324. Нархаш шартномавї.

Дар матбааи ЉДММ «ЭР-граф» чоп шудааст.734036, Душанбе, кўчаи Р. Набиев, 218.

Тел: +992 (37) 881-15-16. E-mail: [email protected]

дода ва њоло дар маќоми мудири кафедраи забони арабї ифои ва-зифа дорад.

Профессор Сулаймонов ният дорад, то «Фарњанги нави арабї-тољикї»-ро дар шаклу мазмуни тоза таълиф намояд.

Нишони Академияи забони арабї дар Ќоњира