Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

21
Шарифзода Қироншоҳ, раиси ТҶ «Журналист» Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ Душанбе- 2017

Upload: anna-sukhachyova

Post on 15-Apr-2017

119 views

Category:

Education


10 download

TRANSCRIPT

Page 1: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Шарифзода Қироншоҳ,

раиси ТҶ «Журналист»

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Душанбе- 2017

Page 2: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Омори ВАО-и ТоҷикистонДар Феҳристи нашрияҳои Вазорати фарҳанги ҶТ то оғози с.2016

• 616 номгӯйи рӯзномаву маҷаллаҳо ба қайд гирифта шудаанд.Аз онҳо:

• 307 рӯзномаву маҷаллаҳо ғайриҳукуматӣ ҳастанд.

• То оғози с.2016 дар ҶТ 68 ташкилотҳои радио ва телевизион иҷозатномаи пахши барномаҳо доранд.Аз онҳо:

• 49 тояш ташкилотҳои радио ва телевизиони ғайридавлатӣ мебошанд.

• Аз 11 агентиҳои иттилоотӣ, ки иҷозаи фаъолият доранд, 10 агентӣ ғайриҳукуматӣ ҳастанд.

• Феврали с.2017: Шумораи истифодабарндагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 2 миллиону 632 ҳазору 230 нафарро ташкил медиҳад.

Page 3: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:• Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 2,5,8,30,40,42);• Қонунҳои ҶТ:• Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои

ахбори омма» (моддаҳои 3, 6, 23,24,27, 28);• Қонуни ҶТ «Дар бораи ТВ ва радиошунавонӣ» (м.м.9, 20,21,29);• Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоот» (м.м. 4,7,8,25);• Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» (м.12);• Қонуни ҶТ «Дар бораи сирри давлатӣ» (м.6);• озодии баён, масъулияти ВАО, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои журналист

оид ба дастрас намудан ва интишор додани иттилоотро ба таври мушаххас муқаррар намудаанд.

Page 4: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Масъулияти ВАОМоддаи 6. Роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан

1. Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.

2. Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд.

Page 5: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Ҳуқуқҳои журналист• Моддаи 28. Ҳуқуқҳои журналист• 1. Журналист ҳуқуқ дорад:• - ахборро ҷустуҷў, дастрас, таҳрир ва интишор намояд;• - вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсўҳбат шавад;• - ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ,

асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун манъ кардааст;

• - бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад;

• - зимни санҷиши далелу ҳолатҳои вобаста ба маводи дастрасгардида ба мутахассисон муроҷиат намояд;

• - аз навиштани маводи хилофи эътиќодаш даст кашад;• - иттилоот ва маводи омоданамудаашро бо номи худ ва ё номи шартӣ (тахаллус)

интишор намояд;• - барои ройгон дастрас намудани иттилоот тавассути дархости журналистӣ

вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад; • - аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри ў, дар рафти таҳрири редаксияи

воситаи ахбори омма таҳриф шудааст, номашро гирад;• - оид ба нигоҳ доштани сирри муаллифӣ пешакӣ гуфтугў кунад.• 2. Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки тибқи қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Page 6: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Ўҳдадориҳои журналист• Моддаи 29. Ўҳдадориҳои журналист• Журналист ўҳдадор аст:• - оинномаи фаъолияти редаксияи воситаҳои ахбори оммаро, ки бо вай

муносибати меҳнатӣ дорад, риоя кунад, аз рўи нишондодҳои он амал намояд;

• - саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санљад;• - пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он

мувофиқа намояд;• - хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи зикри муаллифиашон

қонеъ кунонад, ба шарте ки, ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;• - иҷрои супоришеро, ки сармуҳаррир (муҳаррир) ё редаксияи воситаи

ахбори омма додааст, рад намояд, ба шарте ки он мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

• - ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад;

• - ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ўро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, пешниҳод кунад;

• - воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурўғ, маълумотҳои тўҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.

Page 7: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Монеъшавӣ ба фаъолияти қонунии журналистон

Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон

1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар таҳсилоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист,-бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2 )Ҳамин кирдор, агар:а) бо зӯроварӣ;б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,-бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 майи с.1998, №574).

Page 8: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Худтанзимкунии ВАО• Ҳадафи принсипи худтанзимкунӣ таҳти

назорати худи рўзноманигорон ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор додани ВАО ба хотири роҳ надодан ба дурўғгўиву фаҳшнигорӣ, таҳқиру туҳмат, пешдоварӣ дар гузоришоти инъикоси қазияҳои ҷиноӣ ва дигар амалҳои носавоб дар фаъолияти журналистӣ буда, риояи бемайлони он журналистон ва идораҳои ВАО-ро аз назорати расмӣ ва муҷозоти эҳтимолии судӣ эмин медорад.

Page 9: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Санади худтанзимкунӣ • Худтанзимкунии матбуот ба ҳайси як усули

фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар кишварҳои демократӣ, тавассути Кодекси одоб ё ахлоқи касбии журналист сурат мегирад, ки чунин санади хислати ғайриюридикидошта бо ибтикори худи журналистон таҳия ва қабул мегардад. Кодекси одоби журналист дар аксари кишварҳои демократии олам қабул гардида, танҳо бо хусусияти доираи амал аз ҳам фарқ мекунанд, яъне, яке метавонад фарогири як редаксия бошад, дуюмӣ хусусияти минтақавӣ дошта бошад ва сеюмӣ хусусияти умумимиллиро ба худ гирад.

Page 10: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналист• Одоби касбии журналист – усулҳо, меъёр

ва қоидаҳои ахлоқии рафтори журналист аст, ки барои ҳамкасбон аз ҷониби худи ҷомеаи журналистӣ таҳия, эътироф ва татбиқ мегарданд ва бо вуҷуди қувваи юридикӣ надоштан, зери пайгирӣ ва назорати афкори ҷамъиятӣ ва созмонҳои эҷодии касбӣ қарор доранд.

• Дар Одобномаи журналист аз як тараф усул ва меъёрҳои рафтори шоистаи соҳибкасб сабт ёбад, аз ҷониби дигар маҳдудиятҳо ва манъи рафтори ношоистаи соҳибкасб низ зикр мегардад.

Page 11: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Ҳолатҳои хоси одоби касбӣМеъёрҳои умумии одоби касбӣ дар ҳолатҳои барои фаъолияти амалии журналист хоси зайл ба қоидаҳои маъмулӣ мубаддал мегарданд:

• Журналист – Аудиторияи ҳамагонӣ;• Журналист – Манбаъи иттилоот;• Журналист – Қаҳрамони асари ӯ;• Журналист – Муаллифи берунӣ;• Журналист – Муҳаррир;• Журналист – Ҷамоаи меҳнатии редаксия;• Журналист – Ҳамкасбон.

Page 12: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

“Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”

“Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, ки 30 октябри соли 2009 аз ҷониби ҷомеаи журналистӣ қабул шудааст, дар 17 банд меъёрҳои ахлоқи касбиро фаро гирифта, ба рушди озодии сухан ва устувор гардидани журналистикаи босифат равона гардидааст.Ҳадафи санади мазкур дар Пешгуфтори он чунин сабт гардидааст:

• “Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд”.

Page 13: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИЖУРНАЛИСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ш. Душанбе, 30 октябри соли 2009

Пешгуфтор• Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии

суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд.

Page 14: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

1. Рисолати ВАО ва журналист• Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва

эҳтироми ҳуқуқи инсон – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд.

• ВАО ва журналистон бо ин усул обрӯ ва эътибори матбуотро ҳифз мекунанд.

2. Сареҳияти ахбор

• ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд.

3. Ҳифзи манбаи ахбор • ВАО ва журналист ҳангоми аз манбаъ гирифтани ахбор ба он

эҳтиром мегузоранд, мувофиқи хоҳиши манбаъ маҳрамиро риоя, аз фош кардани манбаи ахбор худдорӣ мекунанд ва бо амали худ ба ошкор шудани шахс, манбаи ахбор ва сирри касбӣ роҳ намедиҳанд.

Page 15: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

4. Ақида, далел ва гумону тахмин• ВАО ва журналист дар байни мафҳумҳои ақида, далел (факт) ва

гумону тахмин фарқ мегузоранд. Баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад.

5. Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр

• ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб пос доранд. Аз тарғиби фисқу фуҷур, ки боиси косташавии иффати миллӣ мегардад, худдорӣ кунанд. Дар нигоштаҳо ба фарҳанги ғайр эҳтиромро риоя кунанд.

• ВАО ва журналист аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажод худдорӣ намуда, ҷаҳонбинӣ ва суннату анъанаҳои дигаронро эҳтиром мекунанд.

6. Эҳтироми ҳаёти шахсӣ

• ВАО ва журналист ба ҳаёти шахсии афрод эҳтиром мегузоранд. Интишори маълумот бояд бо иҷозати ашхос ва риояи маҳрамии аснод сурат гирад.

• Лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳо, ки арзиши иҷтимоӣ доранд, дар ВАО инъикос шуда метавонанд. Ҳамзамон ҳуқуқи фардии ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, риоя шавад.

Page 16: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

7. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс• Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози

қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тӯҳмат ва ситоиши нобарҷо хилофи одоби касбии журналист аст.

8. Эҳтимоли бегуноҳӣ • Ҳангоми гузориш дар мавриди инъикоси қазияи ҷиноӣ ва

амсоли он ВАО ва журналист аз пешдоварӣ худдорӣ мекунанд. То собит гардидани гуноҳи шахс дар суд ВАО ва журналист наметавонанд дар бораи гунаҳкории ӯ қазоват кунанд.

9. Роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия)

• Поймол намудани ҳуқуқи шахс вобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ дар ВАО раво нест. ВАО ва журналист аз айбҷӯии ҷисмонии шахс худдорӣ мекунанд.

Page 17: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

10. Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон• Журналистон ва ВАО аз гузоришҳои барангезанда ба таҷовузу

хушунат, ранҷу куштор, инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ мекунанд. ВАО ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷабрдидагон шахсияти онҳоро ифшо намесозанд.

11. Шеваи ҷамъ овардани мавод

• Барои ба даст овардани ахбор, тасвир, садо ва дигар маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ набояд аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва ноҷоиз истифода шавад.

12. Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама• Рисолати касбиро қурбони аҳдофи тиҷорат набояд кард. Дар

ВАО фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ ва реклама ҷудо буда, матолиб набояд таҳти таъсири шахси сеюм ё манфиати журналист қарор гирад.

• Маводе, ки ба хотири тиҷорату реклама ва тарғиби манфиати гурӯҳе ё шахсе ба нашр мерасад, бояд мушаххас бошад ва аз маводи дигар ҷудо ҷой дода шавад, то хусусияти тарғиботии он аён гардад.

Page 18: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

13. Подош ва имтиёз• Ҳар гуна имтиёз ва подош, ки озодии тасмими ВАО ва

журналистро маҳдуд месозад, хилофи эътибор ва обрӯи ВАО ва журналист аст.

14. Асардуздӣ (плагиат) • Журналист бояд дар фаъолияти касбиаш асардуздӣ

накунад. Асардуздӣ ин гирифтани матн, тасвиру садо аз манбаи дигар ва ҳамчун моли худ муаррифӣ кардан аст. Журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад.

15. Ислоҳи хато• Агар нодурустии маводи нашршуда ё хулоса дар мавриди

ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъд собит гардад, бояд аз тарафи ҳамон нашрия фавран ислоҳ ва аз нав нашр шавад. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ журналист ва ВАО бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд.

Page 19: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

16. Ҳамраъйии касбӣ • ВАО ва журналист ҳамраъйии касбиро пеша

мекунанд. Журналист аз иҷрои супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоиаш аст, худдорӣ намуда, бояд бар зидди ҳамкасбон ва ВАО-и дигар беасос иқдом накунад. Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд.

• Агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ мекунанд.

17. Тартиби амалӣ гардонидани меъёрҳо• Дар сурати риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқии

фаъолияти журналистӣ ҳар шахси манфиатдор метавонад ба Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон муроҷиат намояд. Тасмими Шӯро дар ВАО нашр мешавад.

Page 20: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

Нақши Шӯрои ВАО

Ба хотири танзими риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ниҳоди ҷамъиятии Шӯрои ВАО-и ҶТ таъсис ёфтааст. Шӯрои ВАО-и ҶТ дар Вазорати адлияи ҶТ 14 январи соли 2010 ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, таҳти №1254 сабти ном шуда, фаъолият дорад.Дар Ойинномаи ин Ташкилоти ҷамъиятӣ зикр гардидааст, ки “Шӯрои ВАО мақоми ҷамъиятӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО мебошад”.Рисолати Шӯрои ВАО қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳоест, ки ба одоби касбии журналистон тааллуқ доранд.

Page 21: Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ

САЛОМАТ БОШЕД!

ШАРИФЗОДА Қироншоҳ,ТҶ “ЖУРНАЛИСТ”[email protected]

904 010110