ҳуќуќи дастнавис УДК АМИНОВ АБДУЛФАТОҲАКИМОВИЧ …1 Бо...

23
1 Бо ҳуќуќи дастнавис УДК 8 тољик ф+396+9 тољик +37 тољик+008 АМИНОВ АБДУЛФАТОҲ ҲАКИМОВИЧ МАВҚЕИ ГУЛБАЗМ ДАР ҶАШНИ АРЎСИИ МАРДУМИ ТОҶИК (дар мисоли маводи ноҳияи Файзобод) ФИШУРДАИ диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология аз рўйи ихтисоси 10.01.09 – Фолклоршиносӣ Хуҷанд – 2018

Upload: others

Post on 21-Feb-2020

8 views

Category:

Documents


0 download

TRANSCRIPT

1

Бо ҳуќуќи дастнавис

УДК 8 тољик ф+396+9 тољик +37 тољик+008

АМИНОВ АБДУЛФАТОҲ ҲАКИМОВИЧ

МАВҚЕИ ГУЛБАЗМ ДАР ҶАШНИ АРЎСИИ МАРДУМИ ТОҶИК

(дар мисоли маводи ноҳияи Файзобод)

ФИШУРДАИ диссертатсия барои дарёфти дараҷаи

илмии номзади илмҳои филология аз рўйи ихтисоси 10.01.09 – Фолклоршиносӣ

Хуҷанд – 2018

2

Диссертатсия дар шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ба анљом расидааст.

Роҳбари илмӣ: Аҳмадов Рӯзиқул – номзади илмҳои филология,

ходими пешбари илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адбиёти ба номи Рўдакии АИ ЉТ

Муқарризони расмӣ

Назриев Ҷӯрабек – доктори илмҳои филология, узви вобастаи АИ ЉТ, директори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович – номзади илмҳои филология, дотсент, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Муассисаи таќриздињанда:

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ҳимоя рўзи «18» марти соли 2019, соати 15:30 дар ҷаласаи Шӯрои

диссертатсионии 6D.КОА-033-и назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбекова 1) баргузор мегардад.

Бо диссертатсия дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва сомонаи www.hgu.tj. шинос шудан мумкин аст.

Эълони дифои кори диссертатсионї ва автореферати он дар сайти расмии КОА-и назди Президенти Љумњурии Тољикистон – www.vak.tj. љой дода шудаанд.

Автореферат рўзи «____» _______ соли 2018 фиристода шудааст.

Котиби илмии шўрои диссертатсионӣ номзади илмҳои филология, дотсент Шарипова М.З.

3

ТАВСИФИ УМУМИИ КОР

Аҳамияти мавзӯи тадқиқот: Фолклор бозтоби бадеии ҳаводис,

муносиботи иҷтимоӣ ва донишу таҷрибаҳои ҳаёти ҳар як халқу миллат

ба ҳисоб меравад. Ба ибораи дигар, фолклорро метавон оинаи бадеӣ-

таърихии ҷомеа номид, зеро дар матнҳои гуногуни шифоҳӣ масоили

рўзгор, фарҳанг, муносибатҳои иҷтимоӣ ва умуман тарзи зиндагонии

мардум инъикос шудаанд.

Мардуми тоҷик аз қадим дорои расму ойин ва ҷашну маросимҳои ба

худ хос мебошад, ки вобаста ба фаслҳои сол, касбу кор ва лаҳзаҳои

муҳими ҳаёт онҳоро баргузор мекунанд. Маросимҳои фолклори тоҷикро

муҳаққиқон ба гурўҳҳо табақабандӣ намуда, доир ба ин ва ё он ҷашну

маросим омӯзишу таҳқиқот анҷом додаанд, ки дар онҳо як қатор

паҳлуҳои масоили фолклорӣ ҳаллу фасл гардидаанд. Бо вуҷуди он,

омӯзиши масъалаҳои фолклорӣ дар айни замон аҳамияти махсус пайдо

кардааст, зеро хавфи аз байн рафтани баъзе аз суннатҳои фолклорӣ ба

миён омадааст. Ё баръакс бо таъсири омилҳои гуногуни иҷтимоӣ ва

омехташавии фарҳангҳо баъзе анъанаву маросим ва матнҳои нави

фолклорӣ ба вуҷуд омада истодаанд, ки омўзишу таҳқиқро талаб

менамоянд.

Мавзўи таҳқиқгардида фарогири тасвири этнографии анъанаву

маросимҳои марбут ба ҷашни арўсӣ ва таҳлили таронаҳои гулбазмӣ аз

нигоҳи фолклоршиносӣ мебошад. Тўйи арўсӣ раванди иҷтимоиест, ки ба

бунёди оилаи нав ва мустаҳкам гаштани риштаҳои хешутаборӣ вобаста

аст. Волидайн аз рўзи таваллуди фарзанд то ба синни балоғат расидани ў

кўшиш менамоянд, ки зиндагии ояндаи фарзандони онҳо хушу

хурсандона гузарад. Бо орзую ниятҳои нек маросимҳои гуногуни ҷашни

арўсиро баргузор менамоянд ва барои ободии навхонадорон талош

менамоянд. Дар айни замон падидаву анъанаҳое дучор мешаванд, ки нав

ба вуҷуд омадаанд ва ё аз дигар халқу миллатҳо ба фарҳанги мардуми мо

роҳ ёфтаанд. Объекти таҳқиқии рисолаи мо анъанаи «гулбазм» буда, аз

зумраи чунин падидаҳое мебошад, ки дар солҳои охир қариб дар тамоми

минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардид. Сабаб, мақсад ва шаклҳои ба

миён омадан ва аз байни рафтани маросиму падидаи мазкур пажўҳиши

махсуси илмиро тақозо дорад.

Дараҷаи коркарди илмии тадқиқот. Ҷашни арўсӣ чун дигар ҷашну

маросимҳо борҳо аз ҷониби донишмандони соҳаи фолклор ва

этнография мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гирифтааст. Аввалин

4

тадқиқоти судманд дар бораи ҷашни арўсии тоҷикон аз ҷониби

этнографҳои рус оғоз гардида, баъдан бо тадриҷ мақолаву

монографияҳои ҳам этнографӣ ва ҳам фолклорӣ ба табъ расидаанд. Бояд

қайд намуд, ки аксари асарҳои таълифшуда, мавзўъҳои алоҳида,

алалхусус, сурудҳои ҷашни арўсиро дар бар мегиранд. Аввалин мақолаву

китобҳо дар бораи ҷашни арўсии тоҷикон аз ҷониби этнографҳои рус

О.А. Сухарева, Н.А. Кисляков, М.С. Андреев навишта шудаанд.

Агарчанде асарҳои тадқиқотии олимони номбурда ҷанбаи этнографӣ

дошта бошанд ҳам, дар онҳо як қатор маводи хуби фолклориро пайдо

намудан мумкин аст. Баъдтар муҳаққиқи ҳамин соҳа Х.Г. Эшонқулов низ

асари мардумшиносиро бо унвони «Никоҳ ва тўйи аҳолии Хуҷанд дар

замони нав» ба табъ расонида буд, ки дар он расму оин, урфу одат ва

ҳаёту рўзгори мардуми Хуҷанд инъикос гардидааст. Бояд гуфт, ки дар ин

асар ҳам дар баробари маводи фаровони этнографӣ, як қатор маводи

фолклорӣ оварда шудааст [15]. Нахустин маълумоти фолклорӣ дар бораи

ҷашни арўсии тоҷикон китоби дарсии Н. Маъсумӣ «Фолклори тоҷик» ба

ҳисоб меравад. Асари мазкур гарчанде китоби дарсӣ бошад ҳам, дар он

оид ба ҷашни арўсӣ андешаҳои муфид ба назар мерасад. Носирҷон

Маъсумӣ дар китоби мазкур боби алоҳидаеро бо номи «Маросими тўй»

бахшида, ба хулосае меояд, ки тўйи тоҷикон бениҳоят васеъ буда, он

кори хоҷагӣ ва оилавӣ мебошад [ниг. 7, с.43].

Аз нигоҳи илми мардумшиносӣ як зумра олимон, аз қабили М.С.

Андреев, Н.А. Кисляков, Е.М. Пешерева, Ф. Зеҳниева, А. Мардонова, Р.

Қодиров, С. Бобоев, М. Шарифова, Р. Ҷумъаев, Н. Нурҷонов ва дигарон

тадқиқоти судмандеро оид ба ҷашни арўсии тоҷикон анҷом додаанд. Дар

ин асараҳо доир ба хусусиятҳои фарқкунандаи маросимҳои ҷашни

арўсии як вилоят аз вилояти дигар, ноҳияе аз ноҳияи дигар, ҳатто

тафовути оинҳои маҳаллаҳо сухан рафтааст. Дар саҳифаҳои

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (ҷилдҳои 1 ва 2) ва

«Энсиклопедияи миллии тоҷик» (ҷилдҳои 1-5) мақолаҳо оид ба одобу

русум ва унсурҳои зиёди тўйи арўсии тоҷикон аз ҷониби муҳаққиқон Р.

Аҳмадов, Р. Раҳмонӣ, Д. Раҳимов ва муаллифи ин диссертатсияи илмӣ

ҷой дода шудаанд, ки ба доираи умуми хонандагон пешкаш шудаанд.

Дар маросимҳои ҷашни арўсӣ солҳои охир як қатор навовариҳо ба

вуҷуд омадаанд, аммо муҳаққиқони номбаршуда, асосан, асарҳои худро

дар асоси мушоҳидаҳои тўйҳои садаи ХХ эҷод кардаанд. Муаллифони

даҳсолаҳои охир дар бораи тағйиротҳо нисбатан кам ва ба таври

мухтасар ёдрас шудаанд. Аз ҷумла, Р. Ҷумъаев қайд кардааст, ки

5

«издивоҷи тоҷикон аз он суннатҳое ҳаст, ки бо вуҷуди нигоҳ доштани

асолати тоҷикии худ ба тамаддуни башарӣ сол то сол наздик мешавад,

тағйири шакл мекунад ва нишонаҳои назаррасеро аз халқҳои Аврупо ба

худ касб мекунад» [12, С.5].

Роҷеъ ба мавзўи анъанаи гулбазм дар мақолаву диссертатсияҳо

ишоратҳо хеле кам ба назар мерасанд. Чунончи, дар дастури таълимии

Раҳимов Д. «Фолклори тоҷик» қайд шудааст, ки ин падидаи фарҳангӣ-

адабӣ дар байни ҷавонон дар даҳсолаҳои охир маъмул гаштааст.

Муаллиф аз байни мардум миқдори зиёди матни шеърҳои гулбазмиро

гирдоварӣ карда, дар китоби худ шаш адад байту тарона ва рубоиро ҷой

додааст [8, с.89-91].

Ҳамчунин Р. Ҷумъаев дар китоби «Этнопоэтикаи ҷашни арўсии

тоҷикони водии Ҳисор» бо овардани чанд намуна аз таронаҳои гулбазмӣ

дар бораи ҷараёни гулбазм маълумоти мухтасар дода, роҷеъ ба

пайдоиши он чунин менависад: «Шояд ин шакли нави бозии

«байтбарак» ва «мушоира»-и тоҷикӣ бошад» [13, с.68-73].

Аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо низ 15 мақола доир ба ҷашни арўсӣ

ва 11 мақола дар бораи анъанаи гулбазм таълиф ва дар маҷаллаҳои

илмию маҷмўаҳо ба табъ расида, мазмуни онҳо дар ин диссертатсия

истифода шудаанд.

Аз баррасии таҳқиқоти мазкур муайян гардид, ки то кунун ҷашни

арўсии мардуми Файзобод ва анъанаи гулбазм миёни мардуми тоҷик, ки

хеле падидаи ҷолиб аст, ба таври алоҳида таҳқиқу баррасӣ нашудааст.

Ҳадаф ва вазифаҳои таҳқиқ. Анъанаи гулбазм ҳамчун падидаи

адабӣ-иҷтимоӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик маҳз дар ҳамин шакл ба

тозагӣ ба вуҷуд омада ва поэтикаи матни таронаҳои гулбазмӣ то ба

имрўз ба таври алоҳида дар илми тоҷик мавриди таҳқиқ қарор

нагирифтааст. Аз ин ҷиҳат, рисолаи мазкур бо мақсади ҳамаҷониба

омўхтани анъанаи гулбазм ва матнҳои манзуми он аз нигоҳи

фолклоршиносӣ таълиф шудааст.

Барои расидан ба ҳадафи таҳқиқ мо дар назди худ якчанд

вазифаҳоро муқаррар намудем:

амалӣ кардани таҳқиқи муқоисавии расму ойин ва урфу одатҳои

марбут ба ҷашни арўсии мардуми Файзобод бо тўйи арўсии дигар

минтақаҳои ҷумҳурӣ;

муайян кардани сатҳи таъсири ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар

бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон» ба маросимҳои ҷашни арўсӣ ва анъанаҳои он;

6

таҳқиқу баррасии собиқа, вазъи кунунӣ ва ҷараёни баргузории

анъанаи гулбазм;

омўзишу таҳқиқи маводи бадеии гулбазм аз лиҳози мавзўъ,

корбурди жанрҳо ва сохтор;

таҳлили поэтикаи шеъру таронаҳои гулбазмӣ, аз ҷумла вазну қофия,

санъатҳои бадеӣ ва образофарӣ.

Ҳадафи дигари таҳқиқи диссертатсияи мазкур аз он иборат аст,

ки мавқеъ ва аҳамияти анъанаи гулбазмро дар миёни мардуми тоҷик,

ҳамчун як падидаи нави фарҳангӣ муайян намоем. Диссертатсия

тавассути омўзиш ва таҳқиқ ба нигаҳдории унсурҳои фарҳанги

ғайримоддии тоҷикон мусоидат намуда, бо мақсади ба насли имрўз

нишон додани шакли пештараи маросимҳои ҷашни арўсӣ ва ба насли

оянда боқӣ гузоштани урфу одатҳои имрўза ба анҷом расидааст.

Навгонии илмии рисола. Новобаста аз он, ки бархе аз маросимҳои

ҷашни арўсии Файзобод дар муқоиса бо дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ,

махсусан, водии Ҳисор қисман омўхта шуда бошад ҳам, масъалаҳои

зиёде аз мадди назари пажўҳишгарон дур мондаанд. Аз ин хотир

навгониҳои диссертатсия ба таври зайл мебошанд:

1. Бори аввал ҷашни арўсии мардуми Файзобод дар алоҳидагӣ

ҳамчун объекти таҳқиқот мавриди омўзишу пажўҳиш қарор гирифтааст.

2. Мавзуи асосии баҳси диссертатсия баррасии анъанаи гулбазм

мебошад, ки дар илми тоҷик то кунун дар ин замина таҳқиқоти алоҳидае

сурат нагирифтааст. Дар ин диссертатсия бори нахуст оид ба гулбазм

маълумоти фолклорию этнографӣ фароҳам оварда шудааст.

3. Матнҳои шеъру таронаҳои гулбазм, ки қисмати аксари онҳо аз

ҷониби муаллифи диссертатсия гирдоварӣ шудаанд, бори аввал ба

доираи илм ворид мешаванд. Як қисми матнҳо аз шабакаҳои иҷтимоии

интернетӣ гирдоварӣ шудаанд, ки далели идомати ин анъана дар

шаклҳои нав ба шумор мераванд.

4. Таҳқиқи бадеиёт ва унсурҳои поэтикии таронаҳои гулбазм дар

илми фолклоршиносии тоҷик ҳамчун навгонии асосии диссертатсия ба

шумор меравад.

Объекти тадқиқ ҷашни арӯсии мардуми тоҷик, хоса мардуми

Файзобод буда, он дар қиёс ба ҷашни арӯсии мардуми минтақаҳои

дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххасан таҳқиқ гардидааст.

Предмети тадқиқ мавқеи анъанаи гулбазм дар ҷашни арӯсии

тоҷикон ва осори гулбазмӣ аз лиҳози жанр, сохтор ва бадеият мебошад.

7

Аҳамияти назарии пажўҳиш. Анъанаи гулбазм дар даҳсолаҳои охир

дар минтақаҳои шимолӣ, ҷанбуӣ ва марказии ҷумҳурӣ ба таври васеъ

паҳн гардида, боиси ба вуҷуд омадани осори нави фолклорӣ гардидааст.

Аҳамияти назарии таҳқиқ дар он зоҳир мешавад, ки омӯзиши анъанаи

гулбазм ва поэтикаи таронаҳои он барои гузаронидани тадқиқоти

минбаъдаи нисбатан маҳдуди соҳаи ҷашнҳои арўсии тоҷикӣ

манфиатбахш хоҳад буд. Хулоса ва натиҷаҳои тадқиқот метавонанд дар

омӯзиши як қатор масъалаҳои фолклорӣ ба сифати заминаи илмӣ

истифода шаванд.

Аҳамияти амалии тадқиқот. Натиҷаҳои ба дастомада метавонанд

ҳангоми таълифи китобҳои дарсии фолклори тоҷик, маводи таълимӣ ва

машғулиятҳои амалӣ дар курси “Эҷодиёти шифоҳии мардумӣ”, инчунин

ҳангоми гузаронидани курсҳои махсуси фолклорӣ ва мардумшиносии

тоҷик дар факултетҳои филологӣ истифода шаванд. Маводи

ҷамъоваришуда метавонад барои тадқиқотҳои минбаъдаи амалии ҷузъӣ

дар соҳаи ҷашну маросимҳои арўсии мардуми тоҷик хизмат намоянд.

Инчунин натиҷаҳои таҳқиқоти баанҷомрасида ба масъулини

татбиқкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим

анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аҳамияти амалӣ

дорад.

Асоси методологии тадқиқот. Рисола дар асоси методҳои муқоисавӣ

ва муқоисавӣ-таърихӣ навишта шудааст. Дар таълифи бобҳои рисола

методҳои таҳлили анъанавӣ, тасвири этнографӣ ва муқоисавӣ васеъ

истифода гардидааст, зеро ин равишҳо ҷиҳати тасвири контексти

таронаҳои гулбазм ва мушаххас намудани объекти таҳқиқ хеле мувофиқ

мебошанд. Дар боби дувуми диссертатсия усулҳои адабиётшиносии

таҳлили мазмуни ғоявӣ ва таҳлили поэтикаи асарҳои манзуми халқӣ ба

кор рафтаанд. Ҳамчунин, барои таҳқиқи бевоситаи матни таронаҳои

гулбазм методи таҳлили контентӣ истифода гардид. Ҳангоми таълифи

диссертатсия аз усулҳои таҳқиқи фолклоршиносону мардумшиносони

рус ва муҳаққиқони адабиёти тоҷик, аз қабили И.С. Брагинский,

Сухарева О.А., Кисляков Н.А., Амонов Р., Қодиров Р., Зеҳниева Ф.,

Мардонова А., Раҳмонӣ Р. Шакармамадов Н. ва дигарон истифода

гардидааст. Ҳангоми омўзиши майдонӣ ва гирдоварии мавод усулҳои

мусоҳиба, мушоҳида ва иштирокро низ ба кор бурдем.

Манбаъҳои тадқиқот. Ба сифати манбаъи тадқиқот таълифоти

олимони фолклоршинос, мардумшинос, адабиётшинос оид ба

масъалаҳои марбут ба тадқиқот; маводи тадқиқоти илмӣ ва амалии

8

олимони соҳаи фолклор ва этнография; асарҳои илмӣ ва таърихӣ оид ба

ҷашну маросимҳои миллӣ; санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ

дар соҳаи танзими анъанаҳо ва маросимҳои миллии Ҷумҳурии

Тоҷикистон; паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ,

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.

Қисми илмӣ-амалии рисола дар асоси маводи аз ҷониби муаллиф дар

солҳои 2007-2017 дар ноҳияи Файзобод ҷамъоваришуда, дар заминаи

маводи ганҷинаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи

Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавод аз

шабакаҳои иҷтимоӣ таълиф гардидааст.

Мазмуни асосие, ки барои дифоъ пешниҳод мешавад:

1. Таҳлили ҳамаҷонибаи анъанаи гулбазм дар доираи ҷашни арӯсӣ

аз нуқтаи назари адабиву эстетикӣ дар асоси маводи фолклории ноҳияи

Файзобод;

2. Тадқиқи таъсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи

танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳолати

кунунии анъанаву маросимҳо, инчунин самараи таъсири Қонуни

номбурда дар давраи амали он.

3. Тадқиқи тафовут ва шабоҳати ҷашнҳои арӯсии минтақаҳои

гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла баргузории анъанаи гулбазм дар ҷашни

арӯсии мардуми Файзобод дар давраи навин таҳти таъсири омилҳои

гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ.

4. Омӯзиши анъанаи гулбазм ҳамчун нишондиҳандаи нави дараҷаи

фаҳмиши фарҳангӣ-адабии ҷавонони тоҷик дар асоси тағйироти

хусусиятҳои фарҳангию бадеӣ ва эҷодиёти шифоҳӣ бо овардани

намунаҳои гуногуни таронаҳои гулбазмӣ.

5. Тадқиқи мундариҷаи ғоявии таронаҳои гулбазм, гуногунжанрии

онҳо, таҳлили поэтика ва истифодаи воситаҳои тасвири бадеӣ, таҳлили

муқоисавии намунаҳои қаблӣ ва кунунии таронаҳои гулбазмӣ.

Тасдиқи натиҷаҳои таҳқиқ. Диссертатсия дар кафедраи адабиёти

муосири тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (қарори № 9 аз 24 апрели

соли 2018) муҳокима шуда, ба ҳимоя пешниҳод шуд. Муқаррароти

асосии назариявӣ ва натиҷаҳои тадқиқот дар мақолаҳо ва интишорот

дарҷ шуда, аз рӯи мавзӯи таҳқиқ 15 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 4 мақола дар

маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА назди Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия

9

тавсияшуда ба табъ расиданд. Муҳтавои асосии рисола тавассути

маърӯзаҳо дар конфронсҳои илмии ҷумҳурявӣ ҳамасола (солҳои 2007-

2017) инъикос гардидааст.

Сохтори диссертатсия аз муқаддима, ду боб, фаслу зерфаслҳо,

хулоса, рўйхати гўяндагон ва феҳристи адабиёт иборат мебошад.

МУҲТАВОИ АСОСИИ ТАДҚИҚОТ

Дар муқаддима моҳияти мавзўъ асоснок карда шуда, ҳадаф ва

вазифаҳои тадқиқот муайян гардидааст. Ҳамчунин методи тадқиқ тавсиф

шуда, арзиши назарӣ ва амалии он мушаххас гардидааст. Дараҷаи

тадқиқи мавзўъ муайян ва моҳияти сарсашмаҳои истифодагардида

нишон дода шудааст.

Боби аввали рисола «Гулбазм ва мақоми он дар ҷашни арўсии

тоҷикон» номгузорӣ шуда, ду фаслро дар бар мегирад. Фасли 1.1. «Тўйи

арўсии мардуми ноҳияи Файзобод ва марҳилаҳои он» унвон гирифта, дар

он роҷеъ ба ҳар як маросими ҷашни арўсӣ маълумоти мухтасар дода

шудааст. Инчунин фасли аввал дар навбати худ ба чанд зерфасл тақсим

гардида, дар зерфасли 1.1.1., ки “Маълумоти умумӣ дар бораи ноҳияи

Файзобод” номгузорӣ шудааст, барои ворид шудан ба мавзўъ ва муайян

намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардуми Файзобод, маълумоти

мухтасари ҷуғрофии ноҳия дарҷ гардидааст. Мусаллам аст, ки барои

баргузории ҳама гуна ҷашну маросим, алалхусус, ҷашни арўсӣ вазъи

иқтисодиву иҷтимоӣ ва умуман, мавқеи ҷуғрофии минтақа нақши

асосиро мебозад.

Зерфасли 1.1.2. “Марҳилабандии маросимҳои тўйи арўсӣ” номгузорӣ

гардида, бо такя ба тадқиқотҳои қаблӣ русуми ҷашни арўсии ноҳияи

мазкур тасниф шудаанд. Дар тадқиқот принсипи таснифи Ф.Зеҳниеваро

асоси кор дониста, инчунин маросимҳои ҷашни арўсии мардуми

Файзобод вобаста ба макони баргузорӣ ба ду бахш – маросимҳое, ки дар

хонаи падари арўс баргузор мегарданд ва маросимҳое, ки дар манзили

падари домод барпо мешаванд, ҷудо карда шудаанд. Ҳамчунин дар ин

бахш қайд шудааст, ки имрўз бо таъсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон” дар тамоми маросимҳои ҷашни арўсӣ тафовут ва равишҳои

камхарҷ барои ҳарду ҷониб ба вуҷуд омадаанд [4].

Дар зерфасли 1.1.3. “Вижагиҳо дар маросимҳои мансуб ба хонаи

падари арўс” маросимҳое, ки дар хонаи падари арўс баргузор мегарданд,

10

таҳлил ва баррасӣ гардидаанд. Дар асоси тасвирҳои этнографие, ки дар

маҷмўаву мақолаҳо ба табъ расидаанд ва маводи мавҷудбуда, ҳангоми

ҷашни арўсӣ ба хонадони арўсшаванда расму ойинҳои зерин тааллуқ

доранд: хостгорӣ, латтадарон ё фотиҳа, туқузбарон, пахтарезон ё

кўрпадўзӣ, ордбезон, нонбандӣ, чодарзанӣ, маслиҳатошӣ, говкушон,

сабзирезакунон, хатми Қуръон, оши наҳор ё нони халқ, дугонаталбон ё

чойгаштак, арўсбарӣ ва роҳбандон. Дар ин зерфасл қайд гардидаст, ки

феълан маросими тӯйи фотиҳа бо теъдоди ками меҳмонон ва бидуни

оростани дастархони пурдабдаба баргузор мегардад. Дар фасли мазкур

аслан тағйироту дигаргуниҳои маросимҳои номбурда бештар таҳлил

гардидаанд. Масалан, дар маросими ҷиҳозбарӣ (туқузбарӣ) бо таъсири

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну

маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд

омадаанд, ки дар кор бо далелҳо нишон дода шудаанд.

Дар фасли мазкур маросими никоҳ низ баррасӣ гардидааст.

Маросими никоҳи исломӣ чун мардумони дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва

мусалмонони минтақа дар миёни сокинони ноҳияи Файзобод низ барои

ҳар як фарди мусалмон ҳатмӣ ҳисобида мешавад. Ҳоло ин ойин як рўз

қабл аз гусели арўс ба хонаи домод тавъам бо дигар маросимҳо дар

манзили падари арўс гузаронида мешавад.

Дар ин фасли рисола тамоми маросимҳое, ки маҳз дар хонаи падари

арўс барпо мегарданд, ба таври муфассал тасвиру таҳлил шуда, тарзу

усулҳои баргузории онҳо дар ноҳияи Файзобод баррасӣ шудааст.

Инчунин таъсири тараққиёти босуръати техника ва манфиатҳои Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба раванди ҷашни арўсӣ арзёбӣ гардидаст.

Дар зерфасли 1.1.4, ки “Баррасии маросимҳои марбут ба хонаи

домод” номгузорӣ шудааст, як қатор тағйироту дигаргуниҳои

маросимҳое, ки маҳз ба хонаи падари домод алоқаманданд, инъикос

ёфтааанд. Дар рафти омўзиш муайян гардид, ки дар хонаи падари домод

маросимҳои интихоби арўс, шаҳбарӣ, никоҳи расмӣ ё сабти асноди

ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ), келиншинонӣ, шабнишини ё базм (тўйи

асосӣ), рўбинон, равғанрезон барпо мегарданд.

Дар фасли мазкури рисола мушаххасан базми асосии ҷашни арӯсӣ

тавсиф шудааст ва он ҳамчун ҷашни пуртантанаи бонизоме инъикос

мегардад, ки соҳибони базм баҳри гуворо гузаштани он тамоми кӯшиши

хонаводаро ба харҷ медиҳанд. Азбаски масъалаи асосии таҳқиқ -

11

анъанаи гулбазм маҳз дар доираи базм ва ё шабнишинии ҷашни арӯсӣ

мегузарад, ҷараёни пурраи ҷашни мазкур дар солҳои шӯравӣ, тартиби

баргузории он дар солҳои нахустини истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

ва давраи кунунӣ таҳлилу баррасӣ шудаанд. Инчунин марҳилаҳои ҷашни

арӯсӣ, тафовути асосии баргузории баъзе анъанаҳо ва маросимҳои

дохили ҷашни арусӣ, даст кашидан аз хароҷоти зиёдатӣ ва аз байни

рафтани шугун ва хурофотҳои қаблӣ дар ноҳияи Файзобод дар ин

зерфасл низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Фасли дуюми боби аввал 1.2. «Гулбазм ҳамчун як бахши фарҳангӣ-

адабии ҷашни арўсӣ» номгузорӣ шудааст. Дар зерфасли 1.2.1. таҳти

унвони “Масъалаи истилоҳ” бо овардани далелҳо оид ба истилоҳи

гулбазм аз ҷиҳати сохтор маълумот ироа гардидааст [10, с.131]. Дар

рафти пажўҳиш истилоҳи махсус дар сарчашмаҳои пеш аз солҳои 90-ум

маҳз бо номи «гулбазм» пайдо нашуд.

Дар зерфасли 1.2.2. “Заминаҳои пайдоиши анъанаи гулбазм” оид ба

таърихи пайдоиши ин падида маълумот оварда шудааст. Дар натиҷаи

тадқиқот муайян гардид, ки дар ҷашни арўсии солҳои пешин низ

мусобиқаҳои шеърхониву рақсидан баргузор мегардидаанд.

Фолклоршинос М. Шарифова дар боби дуюми рисолаи номзадиаш дар

бораи маҳфили «Духтархона», ки як рўз пеш аз тўйи калон дар ноҳияи

Мастчоҳ, дар хонаи арўс сурат мегирифтааст ва дар он чанд нафар

занону духтарон аз ҷониби домод низ таклиф мешудаанд, маълумоти

пурра додааст.

Ф. Зеҳниева дар бахши арўсбаророн чунин овардааст: «Ҳангоми

арўсбаророн суханбозӣ, саволу ҷавоб ва талабу ризомандии тарафайн

авҷ мегирад. Дар маҳалҳои ҷануби республика дар ин маврид

шаҳмардон суруд мехонанд. Манзараи шеърхонии занони деҳоти

тоҷикнишини райони Фориш низ шоёни диққат аст. Дар ин шеърхонӣ

иштироки фаъолонаи ҳам хешовандони тарафи арўс ва ҳам тарафи

домод мушоҳида мегардад» [2, с.43].

Чуноне ки мебинем, Ф.Зеҳниева низ иштирокчии асосии чунин

мусобиқа танҳо занонро ишора кардааст, аммо ба ҳар сурат ин намунаҳо

бар он далолат менамоянд, ки «гулбазм» дар заминаи хушку холӣ ба

миён наомадааст ва ин исбот менамояд, ки аз ҳамон давраҳо сарчашмае

гирифтааст ва инро тадқиқоти Ф. Зеҳниева далолат мекунад.

Шабеҳи гулбазмро муҳаққиқ Бобоев С. низ дар рисолаи «Ҷойгоҳи

назми шифоҳӣ дар арўсии тоҷикони Бухоро» дарҷ намудааст. Ў

овардааст, ки: «Ба хусус дар базми занонаи келинфуророн, ки дар он ҷо

12

низ раққосаи «мухаммасхон» даъват мешавад, лавҳаи ҷолиберо метавон

мушоҳида кард. Баъд аз он ки каме хурсандӣ мекунанд, навбат ба

«мухаммасхонӣ» мерасад. Занҳое, ки «мухаммас» медонанд, аз ҷой

мехезанд. Дар ин лаҳза раққоса дар даст пиёлаи чой ё шарбат

«мухаммас»-е мехонаду пиёларо ба яке аз занҳо медиҳад ва дар навбати

худ он зан низ як «мухаммас» мехонаду пиёларо ба лабаш расонида,

дубора ба раққоса бармегардонад. Ҳамин тавр, раққоса боз «мухаммас»-

е хонда пиёларо ба зани дигар медиҳад, ў низ «мухаммас» мехонад» [1,

с.87].

Агарчанде мухаммасхонии занони Бухоро ба гулбазм шабоҳат

дорад, аммо иштирокчиёни он занон будаанд ва гулбазм хосси замони

даврони истиқлол мебошад.

Дар зерфасли 1.2.3 “Ҷараёни баргузории гулбазм” бо овардани

намунаҳо аз ҷараёни баргузории он маълумот дода шудааст. Ин ҷо

нишон дода мешавад, ки гулбазм мусобиқаи байни ҷавонписарон ва

ҷавондухтарон аст, ки ҳар иштирокчӣ тавассути қироати шеъре ба

нафари дилкаши хеш гул медиҳад ва он ҳам маҷбур аст, баромада ҷавоб

бигўяд ва ҳамчун маҳфили мукаммал дорои оғозу анҷоми махсус

мебошад. Масалан, пораи як маҳфили гулбазмро, ки дар рисола шакли

пурааш оварда шудааст, намуна меорем: Баъди гузаштани ду силсилаи

сурудхонӣ, ровӣ бо рубоии зерин гулро ба даст гирифта гулбазмро оғоз

намуд:

Гулбазм муҳаббатгаҳи ёрон бошад,

Аз ёр ба ёр шеърборон бошад.

Донандаи абёту сухан бурд кунад,

Мағлуб шавад, ҳар он ки нодон бошад.

Мутрибон мусиқии шўхе навохтанд. Ровӣ рақскунон ба назди тахти

домоду арўс меояд, онҳо аз ҷой хеста ба ў таъзим менамоянд. Ровӣ гулро

ба шоҳидаи арўс медиҳад ва ҳар ду рақскунон ба назди баландгўяк

меоянд. Мусиқӣ хомўш мешавад ва дугонаи арўс каме таваққуф намуда,

ин байтро мехонад:

Гул шумо, булбул шумо,

Хоҳар ману ака шумо.

13

Ў низ дар зери навои мусиқии шўх рақскунон ба назди домоду арўс

меравад ва мехоҳад, ки гулро ба ягон дугонаи дигараш диҳад, вале ровӣ

тавъам бо мусиқӣ бо байте ба ў чунин муроҷиат менамояд:

Гула ба духтар мадеҳ, ки духтар худ гул аст,

Гула ба писар деҳ, ки ў ошиқи гул аст.

Шоҳидаи арўс инро шунида ноилоҷ гулро ба шоҳиди домод

медиҳад. Шоҳиди домод ҳам рақскунон ба назди баландгўяк омада,

байти зеринро мехонад:

Гарчи гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст,

Хотири шарму ҳаё, аз барги гул нозуктар аст.

Боз садои мусиқӣ баланд мешавад ва ҳозирин ҳуштаккашон кафкўбӣ

мекунанд. (Одатан, дар гулбазм вақти ба саҳна баромадан ва аз он берун

шудани ҳар як иштирокчӣ мусиқӣ ва рақс такрор шудан мегирад…)

Ҳамин тариқ, маҳфили гулбазм 22-23 дақиқа идома ёфта, дар он 16

матни ҷолиб истифода мешавад. Баъдан нафаре чунин таронаро

мехонад:

Гул дар болои бом,

Гулбазм ба ҳамин тамом.

Ровии тўй бо чунин суханон: «Ташаккур ба он нафароне, ки дар

гулбазм иштирок намуда, тўйи ин ду ҷавонро ободу зеботар намуданд»,

ҷашни арўсиро идоме медиҳад.

Қисмати охири ҳамин зерфасл вазъи имрўзаи маҳфили гулбазмро

инъикос намудааст. Маҳз дар ҳамин бахш гуфта мешавад, ки феълан дар

ҷашнҳои наврўзӣ ва шабнишиниҳое, ки хонандагони мактаб ва

донишҷўён мегузаронанд, байни худ маҳфили гулбазмро созмон

медиҳанд ва ҳатто ҳунармандон низ дар арафаи ҷашни Наврўз байни худ

маҳфили гулбазмро ташкил менамоянд, инчунин бо пешрафти

технологияҳои иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет, ҷавонон

мусобиқаҳои гулбазмро созмон додаанд. Тақрибан 250 матни байту

таронаҳои гулбазмӣ аз ин сомонаҳо нусхабардорӣ ва қисман дар

таълифи рисола истифода шудаанд.

Унвони боби дуюми рисола «Поэтикаи таронаҳои маҳфили гулбазм»

мебошад, ки се фаслро дар бар гирифтааст. Фасли аввал 2.1.“Мазмун ва

14

мундариҷаи ғоявии таронаҳои гулбазмӣ” номгузорӣ шуда, дар ин бахш

таронаҳои гулбазмӣ аз рўи мазмуну мундариҷаашон гурўҳбандӣ

гардидаанд. Таронаҳои гулбазмиро аз нигоҳи мазмуну мундариҷаи ғоявӣ

ба чунин гурўҳҳо ҷудо намудаем:

1. Таронаҳои ишқӣ-лирикӣ.

2. Васфи домоду арўс ва табрики онҳо.

3. Тавсиф ва дуову таманнои неки ҷавонон ба якдигар.

4. Шеърҳои ҳаҷвӣ-маишӣ.

Номи зерфасли 2.1.1. “Мавзўъҳои ишқӣ-лирикӣ” буда, дар ин

зерфасл бо овардани намунаву далелҳо собит гардидааст, ки мавзўи

ишқу муҳаббат дар гулбазм мавқеи муҳим ва асосиро ишғол мекунанд.

Инчунин қайд шудааст, ки аз шаклҳои шеърӣ дар гулбазм рубоӣ, тарона

ва байт бештар истифода мегарданд. Махсусан, мазмунҳои лирикӣ дар

қолиби рубоӣ ва дубайтиҳо бештар ифода ёфтаанд. Оид ба рубоиҳо Д.

Раҳимов дуруст ишора кардааст, ки: «мавзўи ишқу муҳаббат нисбат ба

дигар мавзўъҳо дар жанри рубоӣ мавқеи муҳимтар дошта, ишқи воқеии

заминӣ тавъам бо масоили иҷтимоӣ баён мегардад» [8, с.79]. Дар

рубоиҳои гулбазмӣ низ маҳз ҳамин ҷиҳатҳои ишқӣ ба назар мерасанд.

Гуфтан мумкин аст, ки васфи ишқу муҳаббат дар таронаҳои гулбазм

дар ҷои аввал меистад ва мавзўъҳои дигар дар заминаи он ба вуҷуд

омадаанд.

Зерфасли 2.1.2. “Васфи домоду арўс» номгузорӣ шудааст. Дар ин

қисмати кор муайян карда шуд, ки миқдори таронаҳои дар васфи арўсу

домод эҷодгардида нисбатан каманд. Мутобиқи мазмун ва объекти

тавсиф чунин таронаҳоро ба се зергурўҳ ҷудо намудаем: а) таронаҳое, ки

танҳо дар васфи арўс гуфта шудаанд; б) таронаҳое, ки дар онҳо танҳо

домод васф шудааст; в) байтҳо дар васфи домоду арўс.

Дар зерфасли 2.1.3. “Тавсиф ва дуову таманнои неки ҷавонон ба

якдигар” зикр гаштааст, ки қисми зиёди таронаҳои таманнои якдигар

дар шакли рубоӣ, дубайтӣ ва байтҳои баландмазмун эҷод шудаанд. Дар

ин бахш аз рўи таҳлилу баррасии матнҳо тасдиқ мегардад, ки баъзе

шеърҳои таманниётӣ аз эҷодиёти шоирони касбӣ ба адабиёти шифоҳӣ

роҳ ёфтаанд. Ин фасл аз зергурӯҳҳо иборат аст, ки ҳар кадоме мавзўҳои

алоҳида, аз қабили: эҳтироми ҷавонон ба духтарону дўшизагон ва ё

баръакс; табрикоту таманниёт шахсони дар тўй ҳузурдошта ба арўсу

домод тавассути анъанаи гулбазм; таманниёти ҷавонони бомаърифат ба

шахси гулдода; тасвиру тавсифи манзараҳои дилфиреби табиат ва

амсоли инҳо инъикос ёфтааст.

15

Зерфасли 2.1.4 “Мавзўъҳои ҳаҷвӣ ва маишӣ дар гулбазмиҳо”

номгузори шуда, дар бораи таронаҳое баҳс мекунад, ки дар онҳо мавқеи

ҳаҷву шўхӣ дар ҷои аввал меистанд. Мусаллам аст, ки ҷашни арўсии

тоҷикон, ки ҳадафи асосиаш хурсандиву нишот аст, бо истифодаи

асарҳои ҳаҷвию шўх боз ҳам рангину пуршукўҳ мешавад. Таронаҳои

мазмуни ҳазлу шўхӣ дошта, аз нигоҳи ғоявӣ ба гурўҳҳои зайл ҷудо

мешаванд: 1) таронаҳое, ки мухотаби муайян надоранд ва танҳо барои

ҷалби диққати ҳозирин гуфта мешаванд; 2) байтҳои ҳазломези ошиқона

дар васфи якдигар (писарон ба духтарон ва ё баръакс; 3) ҳаҷви интиқодӣ

ва таҳқиромез.

Дар фасли 2.2. “Хусусиятҳои жанриву сохтории гулбазмиҳо” таҳқиқ

шудаанд. Дар шаклҳои гуногуни шеърӣ эҷод шудани гулбазмиҳо

сабабҳои худро дорад. Аввал ин, ки гулбазм маҳфили халқӣ буда, аксари

таронаҳо аз ҷониби ҷавононе эҷод гардидаанд, онҳо дар бораи шакл ва

сохтори шеър чандон иттилоъ надоранд. Сабаби дигари гуногунии

жанрҳо дар он аст, ки мардум ба мазмун ва маънӣ таваҷҷўҳ намуда, ба

шакл ва қолаби шеърӣ чандон аҳамият намедиҳанд. Онҳо ҳама он лаҳза,

ҳодиса эҳсосот ва образе, ки дар тахайюл доранд ва ба қолаби мувофиқ

дар зеҳнашон нишастаст, зуд баён мекунанд. Дар фасли мазкур

таронаҳои гулбазмӣ ба жанрҳои рўбоӣ, дубайтӣ, байт ва тарона ҷудо

гардида, бо овардани намунаҳо дар ҳар як бахш шарҳ дода шудаанд.

Зерфасли аввали ин фасл 2.2.1. “Рўбоӣ ва дубайтиҳои гулбазмӣ”

номгузорӣ шуда, дар такя ба сарчашмаҳои илмӣ оид ба жанри рубоӣ ва

дубайтӣ, ҳамзамон гулбазмиҳое, ки маҳз дар ҳамин жанрҳо эҷод

шудаанд, бо овардани намунаҳо таҳлил гардидаанд. Аз тадқиқотҳои

қаблӣ бармеояд, ки рубоӣ ҳамчун жанри алоҳида бевосита хоси мардуми

форсу тоҷик буда, дар эҷодиёти дигар миллатҳо камтар ба назар

мерасад. Дар ин хусус адабиётшинос Т. Зеҳнӣ низ андешаронӣ намуда, аз

ҷумла чунин гуфтааст: «Аз рўи ҳуҷҷатҳои бисёре исбот шудаанд, ки

рубоисароӣ танҳо дар ашъори форсию тоҷикӣ мустаъмал буда, дар

ашъори араб истеъмол нашудааст» [3, с.253].

Нисбат ба адабиёти хаттӣ рубоӣ дар адабиёти шифоҳӣ бештар

ҷойгоҳи хосе дорад. Як қисми мукаммали таронаҳои ашъори гулбазмӣ

низ маҳз дар жанри рубоӣ сароида шудаанд:

Гулдастаи дасти ман писандат бошад,

Мискин дилакам чӣ мустамандат бошад.

Мардум ҳама аз хандаи гул завқ баранд,

16

Завқам ба лабони ҳамчу қандат бошад.

Зерфасли дигари фасли дуюм 2.2.2. «Байт ва мақоми он дар гулбазм»

номгузорӣ шудааст. Дар ин бахши диссертатсия намунаҳои гулбазмие

таҳлил гардидаанд, ки онҳо дар шакли байт, яъне иборат аз ду мисраъ

эҷод шудаанд. Дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик асарҳои зиёде дар

шакли байт арзи ҳастӣ намудаанд, ки аз дигар жанрҳо дар натиҷаи

ҳодисаҳои гуногуни адабӣ, аз қабили рубоӣ, дубайтӣ, ғазал ва монанди

инҳо канда шуда, ҳамчун байт паҳн гардидаанд. Аммо бо овардани

намунаҳо дар ин зерфасл собит гардидааст, ки аксарияти байтҳои дар

доираи гулбазм эҷод гардидаанд, ба маънои аслиашон байт мебошанд,

зеро эҷодкунандагон дар ҳамон ду мисраъ ба пуррагӣ фикр ва

мақсадашонро баён намудаанд.

Дар зерфасли охири фасли дуюм 2.2.3. “Таронаҳои гулбазмӣ”

гулбазмҳое таҳкиқу баррасӣ гардидаанд, ки маҳз дар шакли тарона эҷод

шудаанд. Дар ин зерфасл бар он ақидаем, ки дар маҷмўъ ҳамаи

гулбазмҳоро “тарона” номидан ҳам, иштибоҳ нахоҳад шуд. Зеро аксари

шеърҳои гулбазмӣ маҳз дар шакли шеърии “ашўла” ва ё “майдадубайтӣ”

эҷод шудаанд. Чуноне ки маълум шуд, ҳамин шакли шеъриро дар

шимоли мамлакат «ашўла», дар ҷануб бо истилоҳҳои «байд», «суруд» ва

«тарона» истифода мебаранд. Аз назари дигар, ин истилоҳ тоҷикӣ буда,

дар даврони истиқлол дар илми фолклоршиносии тоҷик маъмул

гардидааст.

Дар фасли охири боби дуюм, ки 2.3. «Корбурди воситаҳои тасвири

бадеӣ дар таронаҳои гулбазмӣ» унвон гирифтааст, оид ба вазни ашъори

гулбазмӣ, қофия, радиф ва истифодаи санъатҳои бадеӣ дар таронаҳо

гулбазм тадқиқот сурат гирифтааст. Дар зерфасли бо номи 2.3.1

“Баррасии ашъори гулбазмӣ аз нигоҳи вазн (арўзӣ ва ҳиҷоӣ)” оид ба

вазни ашъори гулбазмиҳо иттилоъ оварда шудааст. Дар ин фасли кор

муайян гардид, ки гулбазмиҳо дар қолаби вазни ҳиҷошумор ва навъҳои

гуногуни вазнҳои арўз, масалан баҳри ҳазаҷ (ҳазаҷи мусаммани ахраби

макфуфи абтар), баҳри рамал (рамали мусаммани мушааси мақсур),

баҳри раҷаз (раҷази мураббаи мақтуъ) эҷод гардидаанд. Таҳлилҳо

нишон медиҳанд, ки аксари байту таронаҳои гулбазмие, ки дар вазни

ҳиҷоӣ эҷод шудаанд, аз ҳафтҳиҷоӣ иборат мебошанд. Дар диссертатсия

намунаҳое аз вазни арўзӣ оварда шудаанд.

Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи абтар

17

Мафъўлу мафоъӣлу мафоъӣлун фаъ.

- - V / V - - V / V - - - / -

Гулбазм муҳаббатгаҳи ёрон бошад,

Аз ёр ба ёр шеърборон бошад.

Донандаи абёту сухан бурд кунад,

Мағлуб шавад, ҳар он ки нодон бошад.

Дар зерфасли 2.3.2. “Нақши қофия ва радиф шеърҳои гулбазмӣ”

таҳқиқ шудааст. Дар ин қисмат иброз мегардад, ки дар таронаҳои

гулбазмӣ ду шакли қофиябандӣ: а,а,б,а, яъне мисраи сеюм озод ва а,а,б,б,

шакли қофиябандии маснавӣ ба назар мерасанд, ки ин низ анъанаи

қадимаи қофиябандии шеъри тоҷикист. Масалан дар шакли дубайтӣ

а,а,б,а:

Ало ёрҷон ба ту гулдаста додам,

Ба ин гулдаста дил пайваста додам.

Илоҷе кун, ки пажмурда нагардад,

Ба ў тори муҳаббат баста додам.

Дар қисмати дигари ҳамин зерфасл мавқеъ ва корбурди радиф дар

гулбазмиҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар зерфасли 2.3.3. “Мавқеи санъатҳои бадеӣ дар таронаҳои

гулбазмӣ” корбурди воситаҳои тасвири бадеӣ: рамз, ташбеҳ, истиора,

тавсиф, ташхис, нидо ва тазод дар таронаҳои гулбазмӣ баррасӣ

гардидааст. Муаллиф бо овардани далелҳо хусусияти бадеӣ доштани

таронаҳои гулбазмиро собит кардааст.

Дар ин зерфасли диссертатсия танҳо навъҳои маъмули санъати

бадеӣ таҳлил шуда бошанд ҳам, аз намунаҳои фаровони дар даст дошта,

дигар навъи санъатҳои бадеиро низ пайдо кардан мумкин аст.

Дар хотимаи рисола хулосаҳои муҳимтарини тадқиқоти

анҷомдодашуда ба таври зерин зикр гардиданд: Адабиётшиносону

фолклоршиносон масъалаи алоқамандии тарафайни адабиёти хаттӣ ва

шифоҳиро дар тайи ду садсолаи охир мавриди омўзишу таҳқиқ қарор

дода, ба натиҷае расидаанд, ки ин ду навъи адабиёт аз даврони қадим то

кунун дар канори ҳам омада, ҳамдигарро такмилу тақвият медиҳанд.

Омўзишу таҳқиқ ва таҳлилу баррасиҳои маросимҳои ҷашни арўсии

мардуми Файзобод, ҷараёни баргузории анъанаи гулбазм, поэтикаи

таронаҳои гулбазмӣ имкон дод, ки чунин хулосаҳо ба даст оянад:

18

1. Пеш аз ҳама, таъсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи

танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардумро

водор намудааст, ки аз харҷу намоишҳои дабдабанок худдорӣ намоянд

ва вобаста ба равиши замон амал кунанд. Яъне, моҳияти қонуни

мазкурро ҷомеа низ дар тўли беш аз даҳ сол хуш пазируфтаву

манфиатовар будани онро эътироф намуда истодаанд;

2. Маҳфили адабии гулбазм, ки дар контексти ҷашни арўсӣ

баргузор мегардад, боиси эҷоди садҳо матнҳои нави фолклорӣ шуда, дар

айни замон ба таҳвилу интиқоли ҳазорон шеърҳои китобӣ мусоидат

кардааст;

3. Натиҷаи таҳқиқот собит намуд, ки анъанаи гулбазм дар заминаи

хушку холӣ ба вуҷуд наомада, давоми мантиқии сабқатҳои адабии ҷашну

маҳфилҳои қадимаи ниёгонамон мебошад, ки дар шакли нисбатан

навтар баргузор мегардад.

4. Аз рўи мазмуну мундариҷаи таронаҳои таҳқиқгардида ба хулосае

омадан мумкин аст, ки аксари онҳо дар мавзўи ишқӣ-лирикӣ эҷод

гардида, мавзўҳои дигар дар заминаи онҳо ба вуҷуд омадаанд.

5. Омўзиши вазъи имрўзаи анъанаи гулбазм маълум намуд, ки он

феълан доираи амалкарди худро васеъ карда, аз контексти ҷашни арўсӣ

ба маҳфилҳои адабӣ ва махсусан шакли маҷозӣ тавсеа ёфтааст.

Баргузории гулбазм аз дохили ҷашни арўсӣ ба шабакаҳои иҷтимоии

интернетӣ гузашта, барои иштироккунандагон имкониятҳои васеътарро

пеш овардааст.

6. Зимни таҳлил тасдиқ гардид, ки таронаҳои гулбазмӣ дар асоси

сохтору мазмун ва образнигории адабиёти хаттӣ эҷод гардидаанд.

Ҳамзамон, онҳо дар як муддати кутоҳ миёни мардум паҳн гардида,

масоили иҷтимоӣ, ишқӣ-лирикӣ ва вазъи равонии ҷавононро инъикос

намудаанд;

7. Дар натиҷаи гурўҳбандиву таҳлили матнҳои ҷамъоваринамуда

муайян шуд, ки ашъори марбут ба анъанаи гулбазм дар шаклҳои шеърии

рубоӣ, дубайтӣ, байт ва тарона эҷод гардидаанд.

Рӯйхати адабиёти дар фишурда зикршуда:

1. Бобоев, С. Ҷойгоҳи назми шифоҳӣ дар арўсии тоҷикони Бухоро /

С.Бобоев. – Хуҷанд: Нашриёти ба номи Раҳим Ҷалил, 2006. – 144 с.

2. Зеҳниева, Ф. Сурудҳои тўи арўсии тоҷикон / Ф. Зехниева. – Душанбе:

1991. – 164 с.

3. 3еҳнӣ, Т. Санъати сухан / Т. Зеҳнӣ – Душанбе: Маориф, 1992. – 304 с.

19

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну

маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». – Душанбе: Шарқи озод, 2017. –

16 с.

5. Мардонова, А., Ҷумъаев, Р. Ҷашни арўсии тоҷикони водии Ҳисор //

Дар ҷустуҷўи фарҳанги водии Ҳисор / А. Мардонова, Р. Ҷумъаев. –

Душанбе, 1992. – С.24-59.

6. Мардонова, А. Анъанаҳои ҷашни арўсии тоҷикон водии Ҳисор

(маводи этнографӣ) / А. Мардонова. – Душанбе: Амри илм, 2002. – 128

с. (бо з. русӣ)

7. Маъсумӣ Н. Фолклори тоҷик (курси конспективӣ барои донишҷӯёни

шӯъбаи ғоибонаи донишкадаҳои педагогӣ) / Н. Маъсумӣ–

Сталинобод, 1952. – 114 с.

8. Раҳимов, Д. Фолклори тоҷик (дастури таълимӣ) / Д. Раҳимов –

Душанбе: Эҷод, 2009. – 264 с.

9. Сўфизода, А. Сухан – ҷавҳари фикр / А. Сўфиев. – Душанбе: Матбааи

ДМТ, 2009. – 68 с.

10. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.1. – Москва. 1969. – 952 с.

11. Фарханги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилди I. – Душанбе: Дониш,

2008. – 996 с.

12. Ҷумъаев, Р. Базми арӯсии тоҷикони водии Ҳисор / Р.Ҷумъаев –

Душанбе: Амри илм, 2001. – 122 с.

13. Ҷумъаев, Р. Этнопоэтикаи ҷашни арўсии тоҷикони Водии Ҳисор / Р.

Ҷумъаев. – Душанбе: Эр-граф, 2008. – 134 с..

14. Шарифова, М. Маросимҳои тўи арўсии мардуми ноҳияи Мастчоҳ /

М. Шарифова. – Душанбе, Маориф ва фарҳанг, 2005, – 64 с.

15. Эшонқулов X. Г. Никоҳ ва базми тӯйи аҳолии Хуҷанд дар замони нав

/ Х.Г. Эшонқулов.- Душанбе: Дониш, 1972. – 120 с. (бо заб. русӣ).

Мазмуни асосии рисола

дар мақолаҳои зерин инъикос шудааст:

1. Аминов, А. Хусусиятҳои бадеии анъанаи гулбазм / А. Аминов //

Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. № 2 – Душанбе,

2009. – С. 180-184.

2. Аминов, А. Гулбазм ва муқоисаи он бо дигар мусобиқаҳои шеърии

мардумӣ / А. Аминов // «Паёми Донишгоҳ»-и Донишгоҳи миллии

Тоҷикистон. – № 4/6 (146). – Душанбе, 2014. – С. 199-202.

3. Аминов, А. Таҳлили баъзе хусусиятҳои анъанаи гулбазм / А. Аминов

// Паёми донишгоҳи омўзгорӣ, № 4/65. – Душанбе, 2015. С. 135-140

20

4. Аминов, А. Таҳлили мавзўии таронаҳои гулбазм / А. Аминов //

Паёми Донишгоҳи омўзгорӣ (Нашрияи илмии Донишгоҳи давлатии

омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ). – Душанбе, 2017. – №1-2 (68-

69). – С. 134-141.

5. Аминов, А. «Гулбазм» - сабқати шеърии базмҳои арусии тоҷикон /

А. Аминов // Вестник. Серия «Художественное образование: искуство –

теория – методика». – Алма-ата, 2017. – стр. 170-174. ба з. русӣ.

6. Аминов, А. Гулбазм ҳамчун падидаи иҷтимоии солҳои 90-уми асри

гузашта / А. Аминов // Маҷмўаи гузоришҳои конференсияи илмии

«Ваҳдати миллӣ ва инъикоси он дар фолклори тоҷик». – Душанбе:

Деваштич, 2007. – С. 55.

7. Аминов, А. Таронаҳои гулбазм (маҷмўаи илмӣ-омавӣ) / А. Аминов

Душанбе, «Империал – групп», 2010. – 48 с. (китоб).

8. Аминов, А. Таронаҳои гулбазмӣ ва шаклҳои онҳо / А. Аминов //

Паёмномаи фарҳанг № 24, – Душанбе, 2013. – С. 69-77.

9. Аминов, А. Заминаҳои пайдоиши анъанаи гулбазм / А. Аминов //

Паёмномаи фарҳанг, № 1/25. – Душанбе, 2014. – С. 30-35.

10. Аминов, А. Вазъи кунунии ҷашну маросимҳои анъанавӣ / А. Аминов

// Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик (натиҷаи экспедитсияҳои

мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ дар соли 2015)

шумораи 1. – Душанбе: Аржанг, 2016. – С. 55-68. – 138 с.

11. Аминов, А. Ҷашну маросимҳои мардуми бадахшон дар шароити

имрўза / А. Аминов // Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик. (натиҷаҳои

экспедитсияҳои мардумшиносӣ-санъатшиносии кормандони ПИТФИ

дар соли 2016 аз вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон). Шумораи 2. –

Душанбе: Ирфон, 2016. – С. 64-86. – 223 с.

12. Аминов, А. Нигоҳе ба ҷашну маросимҳои вилояти Суғд / А. Аминов

// Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик. Шумораи 3. – Душанбе: Аржанг,

2017. – С. 7-18. – 240 с.

13. Аминов, А. Иди арўсон / А. Аминов // Фарҳанги ғайримоддии халқи

тоҷик. Шумораи 3. Душанбе: Аржанг, 2017. – С. 133-137. – 240 с.

14. Аминов, А. Имтиҳони санбўсапазии арўс / А. Аминов // Фарҳанги

ғайримоддии халқи тоҷик. Шумораи 3. Душанбе: Аржанг, 2017. – С.

163-166. – 240 с.

15. Аминов, А. Рамзҳо дар маросимҳои ҷашни арўсӣ / А.Аминов //

Паёмномаи фарҳанг. – Душанбе, 2017. – №2 (38). – С. 50-56.

21

ХУЛОСАИ МУХТАСАРИ рисолаи номзадии Аминов Абдулфатоҳ дар мавзӯи

“Мавқеи гулбазм дар ҷашни арўсии мардуми тоҷик (дар мисоли ноҳияи Файзобод)”, ки барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология

аз рӯйи ихтисоси 10.01.09.- Фолклоршиносӣ пешниҳод шудааст.

Рисолаи номзадӣ аслан фарогири тасвири этнографии анъанаву маросимҳои марбут ба ҷашни арўсӣ ва таҳлили таронаҳои гулбазмӣ аз нигоҳи фолклоршиносӣ мебошад. Ҷашни арўсӣ чун дигар ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик борҳо аз ҷониби донишмандони соҳаи фолклор ва этнография мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гирифтааст, аммо бархе аз ҷанбаҳои алоҳида ва падидаҳои нави он ба таври дақиқу комил бо пажӯҳиш фаро гирифта нашудаанд.

Дар раванди таҳқиқ қабл аз шурӯъ ба омӯзиши мавзӯи асосӣ муаллиф барои додани маълумоти муфассал оиди баргузории тӯйи арӯсии тоҷик бо такя ба русуми баргузории он дар ноҳияи Файзобод ва муқоисаи он бо маросимҳои базми арусии ноҳияҳо ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ додааст. Тавассути овардани намунаҳои зиёд аз мероси фолклорӣ, бо шарҳи истилоҳу гӯйишҳои гуногуни мардумӣ ҳадафи асосии таҳқиқ - падид овардани тасвири воқеии маъракаи базми арусии тоҷикӣ, анъанаҳои ниёгон ва навгониҳои падидомадаи он таҳти таъсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, самараи қабули Қонуни мазкур аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба даст омадааст.

Яке аз қисматҳои асосии ҷашни арусӣ анъанаи гулбазм мебошад, ки воқеан маросими пурсурур ва тароватбахш аст. Дар рисолаи номзадӣ анъанаҳои гулбазм аз нигоҳи собиқаи пайдоиши он чун маросими деринаи тоҷикона ба таври муфассал баррасӣ гардида, ҷараёни он, моҳият, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявии он, маҳфили гулбазм дар шароитҳои кунунӣ дар мисоли ноҳияи Файзобод дар заминаи илмӣ рӯшан шудаанд.

Дар доираи таҳлил хусусиятҳои жанриву сохтории гулбазмиҳо, ашъори гулбазмӣ аз нигоҳи вазн (арўзӣ ва ҳиҷоӣ), нақши қофия дар шеърҳои гулбазмӣ, мавқеи санъатҳои бадеӣ дар таронаҳои гулбазмӣ фаро гирифта шуданд. Матнҳои шеъру таронаҳои гулбазм, ки қисмати аксари онҳо аз ҷониби муаллифи рисола гирдоварӣ шудаанд, бори аввал ба доираи илм ворид мешаванд.

Пажўҳиши ҷашни арўсии тоҷикон, дар мисоли тўйи арўсии мардуми Файзобод ва анъанаи фарҳангӣ-адабии пешина ва кунунии гулбазм бо назардошти пешравии босуръати техника ва технологияи иттилоотӣ барои пешгирии хавфи аз байн рафтани асарҳои фолклорӣ ва унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ мавқеи хосса дорад. Вобаста ба ин вазъият гирдоварӣ, интишор ва тавассути ин рисола таҳлилу таҳқиқи намунаҳои адабиёти шифоҳӣ барои ҳифзи анъанаи мазкур мусоидат мекунад.

22

КРАТКАЯ АННОТАЦИЯ кандидатской диссертации Аминова Абдулфатоха на тему “Место “гулбазм” на свадебном торжестве таджикского народа (на примере

Файзабадского района)”, на соискание степени кандидата филологических наук по специальности 10.01.09 - Фольклор.

Диссертация охватывает этнографическую картину традиций и

обрядов, связанных со свадебным торжеством и стихами гулбазма с точки зрения фольклора. Свадебное торжество как и другие обряды и традиции таджикского народа не раз становилось объектом исследования, однако некоторые аспекты и новые явления еще всесторонне, в пределах одного конкретного региона, то есть Файзабадского района не изучены.

В ходе исследования до изучения основного вопроса автор приводит подробные сведения о традициях проведения в целом свадебного торжества таджиков и в частности в Файзабадском районе, проводит сравнительный анализ проведения свадебных торжеств Файзабада с другими местностями Таджикистана. Автор, приводя множество примером из устного творчества, с пояснением различных народных говоров и диалектов рассматривает основную проблему исследования - определение действительной картины таджикского свадебного торжества, древних традиций и новых тенденций под влиянием Закона Республики Таджикистан об упорядочении традиций и обрядов, положительные экономические и социальные аспекты принятия указанного Закона.

Одной из важнейших частей свадебного торжества является проведение традиции гулбазм, которая в диссертации подробно освещается с точки зрения исторических предпосылок ее возникновения, как древней традиции таджикского народа, исследуются ее течение, тематика и содержательный аспект, современные форматы проведения гулбазма на примере Файзабадского района.

Исследованием охвачены жанровые и структурные особенности поэзии гулбазма с точки зрения стихотворных размеров, тропа и рифмы, роль средств образного выражения, поэтических средств. Большинство текстов традиции гулбазм, собранные диссертантом, впервые представляются научному обозрению.

Исследование свадебного торжества таджиков, на примере свадебного торжества населения Файзабада, древние культурные и литературные традиции гулбазма, современные тенденции в проведении гулбазма с учетом технического прогересса и развития информационных технологий в деле предотвращения устного культурного и нематериального наследия имеет огромное значение. В связи с этим, сбор, публикация и исследования вопросов в данной области оказывает огромное содействие с сохранении древних традиций, в частности традиции гулбазма.

23

BRIEF CONCLUSION

of the dissertation work of Aminov Abdulfatoh on “Place of “Gulbazm” in the wedding ceremony of the Tajik people (on the example of Fayzabad district), which submitted for receiving the scientific degree of candidate of philological

sciences, according to specialty 10.01.09 – Folklore studies. The thesis covers the ethnographic descriptions of the traditions and rituals associated with the wedding celebration and poems of Gulbazm from the point of view of folklore studies. Wedding celebration as well as other ceremonies and traditions of the Tajik people were explored by many ethnographers and folklorists, but some aspects and new phenomena are still comprehensive, within one particular region, that is, Faizabad district are not studied.

In the beginning of dissertation author provides detailed information about traditions of the wedding celebration of Tajiks in general and in particular in the Faizabad district, conducts a comparative analysis of the wedding celebrations of Faizabad with other areas of Tajikistan. The author, citing many examples from folklore, with an explanation of various folk dialects and considers the main problem of the study – the definition of the actual picture of the Tajik wedding celebration, ancient traditions and new trends under the influence of the Law of the Republic of Tajikistan on the regulation of traditions and rituals, and positive economic and social aspects of the adoption of this Law.

One of the most important parts of a wedding celebration is a tradition Gulbazm, which in the thesis are described in detail from the point of view of the historical preconditions of its occurrence, as ancient traditions of the Tajik people, and examines its current, theme and aspect content, modern forms of Gulbazm on the example of Faizabad district.

The study also involved genre and structural features of poetries of Gulbazm from the point of view of poetic dimensions, the trope and rhymes, role of artistic expression, poetic means. Most of the oral texts of the tradition of Gulbazm collected by the author, and for the first time submitted to the scientific review.

The study of the wedding of Tajiks, on the example the wedding celebration of the population of Faizabad, the ancient cultural and literary traditions of Gulbazm, modern trends in holding Gulbazm in the context of technical progress and development of information technology, which prevent oral and intangible cultural heritage has the great importance. In this regard, the collection, publication and research of the issues of this area helps in the process of preservation of ancient traditions, in particular tradition of Gulbazm.