Оила шумораи 13

23
ОИЛА ЊАФТАНОМА ЊАР ЧОРШАНБЕ НАШР МЕШАВАД №13 (737), 2 апрели соли 2014 сањ.11 3 Тўњмати янга Рустамро хонавайрон кард 4 «Тољик-мафия»-и Бањодури Рафї 14 Фарќи сияњбод аз касалии ќанд? 9 Беваи гадо будам, шоњ шудам 19 Худозада «САДОИ ДИЛ»-ИНЌИЛОБИ ТОЗА ДАР ДУНЁИ ЊУНАР Сањ.12-13 ЌОТИЛИ МОДАР

Upload: -

Post on 10-Mar-2016

251 views

Category:

Documents


11 download

DESCRIPTION

 

TRANSCRIPT

Page 1: Оила шумораи 13

ОИЛАЊАФТАНОМА ЊАР ЧОРШАНБЕ НАШР МЕШАВАД№13 (737), 2 апрели соли 2014

сањ.11

ØÀÂÕÀÐÄÓÇÄ

ОИЛАОИЛА№13 (737), 2 апрели соли 2014

ОИЛАОИЛАОИЛАЊАФТАНОМА ЊАР ЧОРШАНБЕ НАШР МЕШАВАД

ОИЛАОИЛА3

Тўњмати янга Рус

тамро

хонавайрон кард

4«Тољик-м

афия»-и

Бањодури Рафї

ОИЛАОИЛАЊАФТАНОМА ЊАР ЧОРШАНБЕ НАШР МЕШАВАД№13 (737), 2 апрели соли 2014

ОИЛАОИЛАЊАФТАНОМА ЊАР ЧОРШАНБЕ НАШР МЕШАВАД

ОИЛАОИЛАЊАФТАНОМА ЊАР ЧОРШАНБЕ НАШР МЕШАВАД

Тўњмати янга Рус

тамро

Тўњмати янга Рус

тамро

Тўњмати янга Рус

тамро

хонавайрон кард

хонавайр

он кард

«Тољик-мафия»-и

«Тољик-мафия»-и

Бањодури Рафї

Бањодури Рафї

14Фарќи с

ияњбод аз

касалии ќанд?

9Беваи га

до будам,

шоњ шудам

19

Худозада«САДОИ ДИЛ»-ИНЌИЛОБИ

ТОЗА ДАР ДУНЁИ ЊУНАР

Сањ.12-13

ЌОТИЛИ МОДАР

Page 2: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 2 ЗИНДАГЇ

Page 3: Оила шумораи 13

3

Њаќиќат пас аз 10 сол рўйи об баромада, маълум шуд, ки Гулрўи бо он мард ишќварзї мекарда на зани Рустам, балки янгаи шаттоњи тарпочаю худонотарсаш будааст. Њаќиќат исбот шуд, вале дигар аз ин њаќиќати собитгашта ба Гулрў суде набуд, зеро се талоќ њукмест, ки бо њељ далел роњи ислоњу бозгашти никоњро надорад!

Лайлию Маљнуни кўњистонї

Рустаму Гулрў дар яке аз дењањои дурдасти кўњистон зиндагї мекарданд. Онњо якди-гарро чунон сахт дўст медош-танд, ки муќобилияти воли-дону љангу љанљолњои авлодї низ натавонист аз њамдигар људояшон созад. Рустаму Гулрў ягон лањза бе њамдигар зиста наметавонистанд ва борњо аз бародару таѓою амаки њамдигар шатта хўранд њам, боз сўйи мулоќотгоњашон мешитофтанд ва гаштаю баргашта ќавлу ќасам мехўрданд, ки то охирин нафас ба якдигар содиќ монда барои ишќашон мубориза мебаранд. Билохира ин муњаббати бузург дар набард бо мухолифати ду авлоди бо њамдигар љангї љолиб омад. Калонсолон чун диданд, ки на бо тањдиду на бо латукўб ин ду дилдодаро људо карда на-метавонанд, ба ќароре омаданд, ки бењтараш тўйи ошиќонро мегузаронанду дуои некашон медињанд, то хонаобод гарданд.

Овозаю овоза…Арўсу домод аз бахти балан-

ди хеш меболиданд ва худоро шукр мегуфтанд, ки ба висоли якдигар расиданд. Гулрўи ноза-нин пас аз њафт моњи тўй духтар-чаи дўстрўяке таваллуд кард, ки мисли себи дукафон ба Рустам монанд буд. Хабари ба дунё омадани тифлак дар як лањза дар саросари дења пањн гашта, шўру шаре барпо намуд. Акнун ба ќавли кампиракон дарвозањои Бухороро баста мешуду дањони мардумро не, њамсояњо бо њамдигар пичир-пичиркунон ме-гуфтанд, ки зани Рустам пеш аз тўй њомиладор будааст. Бечора модари Гулрў њар рўз таоме пух-та ба хонаи духтараш мефири-стонд, аммо аз хиљолати «набе-раи њароми»-аш аз дари хонаи ќудояш намедаромад. Рустаму Гулрў аз ин овозаю њангомањои дурўѓ љонбезор шуда, ќасам рўйи ќасам мехўрданд, ки пеш аз никоњ бо њамдигар робита на-доштанд. Гулрў њатто бо ќуръон ќасам хўрд, ки тифлакаш нора-сид аст, на њаромї, вале касе ба гапи келинчак бовар намекард.

Ишќварзї дар мошин

Шабе Рустам аз кор хеле дер баргашт. Соат таќрибан 12 шуда ањли дења масти хоб буданду дар кўча ба ќавле ягон саг њам намељакид. Дуртар аз дарвозаи хонаашон Рустам мошини но-шиносеро дида њайрон шуд. На-здиктар рафт, то бубинад, ки мо-шини кист ва дар ин нимашаб ин љо чї мекобад. Зењн монда нига-ристу ишќварзии зану мардеро дар даруни мошин дид. Симои зан ба назараш шинос тофт, дурусттар нигаристу гўё аз са-раш ногоњ як сатил оби љўшонро рехта бошанд, ба обу арќ ѓутид. Зане, ки дар даруни мошин бо ронанда ишќварзї дошт, бегона не, зани бародараш буд. Ногоњ чашми янгааш ба вай афтид ва мардро тела зада аз худ дур карду осемасар дарро кушода љониби хонааш давид. Рустам як лањза дар љояш шах шуда намедонист, ки аз паси янгааш

давад ё ронандаро љазо дињад. Њамин чанд лањза кофї буд, ки гунањкорон аз љойи њодиса љон ба саломат баранд. Ронанда муњаррики мошинашро ба кор дароварда бод барин мошинро ронда рафту янгааш худро ба хона зада дар як мижа задан аз назар пинњон шуд.

Ѓарию пештозї Рустам аз паси янгааш ба

хона даромад. Занаки маккора аллакай ба бистар даромада ху-дро масти хоб вонамуд мекард. Пас аз чанд маротиба садо ба-ланд кардани Рустам вай чаш-монашро молида-молида аз хона баромад ва саволомез ба бародаршўяш нигарист, мазмун чаро маро аз хоби ширин бедор кардї. Оташи ѓазаби Рустам аз ин њиллаи янгааш бештар алан-га гирифта, суханњои нозасои бисёре гуфт ва тањдид кард, ки пагоњ буду шуди гапро ба акааш мегўяд. Янгааш лабашро бурма карда, посух дод, ки аввал гуноњи ўро исбот кунаду баъд доду фа-рёд занад ва дар охир таъкид намуд, ки агар оилаашро вайрон кунад, рўзашро сиёњ хоњад кард. Рустам ба ин тањдидњои янгаи фоњишааш ањамият надода, да-стафшон баромада рафт.

Дар байни ду оташ

Он шаб Рустамро аз алам то сањар хоб набурд. Бароба-ри дамидани субњ дасту рўяшро шуста ношто кард ва чун соат 8 шуд, роњ љониби хонаи баро-дараш гирифт, то ўро аз кир-дори пасти занаш воќиф созад. Бародараш, ки нав аз басти шабона баргашта буд, аз сари субњ ба хонааш омадани Рустам њайрон шуда ўро ба дастурхон муроот кард. Рустам дар лаби кат амонат нишаста воќеаи ша-бона рўйдодаро як ба як ќисса кард. Бародараш занашро даъ-ват кард. Янгааш шаттоњї на-муда Рустмро тўњматчї номид ва гиряву нола карда, ќасам рўйи ќасам хўрд, ки ягон мар-ди бегонаро надидааст ва њатто ќадамашро аз дари хона берун намондааст. Бародараш байни ду оташ монда намедонист ба занаш бовар кунад ё ба дода-раш, аз ин рў њардуро огоњ на-муда гуфт:

-Ман ба суд ариза менави-сам, агар фоњишагии занам ис-бот шавад, худи њамон дам се талоќаш мекунам, вале ин гап дурўѓ барояд, њисоб кун, ки ману ту дигар акаю додар нестем!

Рустам розї шуда бо сари баланд аз њавлии бародараш баромад, вале…

Гунањкор аз об хушк баромаду…

Бародараш ба суд ариза дод ва Рустамро њамчун шоњид ба љаласаи судї даъват намуданд. Рустам њодисаи дидаашро як ба як наќл карда дод, вале судя ба гапаш бовар накарда пурсид, ки чї далел дорад. Рустам, ки хушдори янгаашро намешинохт, њаќиќати гуфтањояшро исбот карда натавонист. Судя Рустам-ро барои «тўњмат» дар њаќќи янгааш сарзаниши бисёре кард ва огоњ намуд, ки агар ин ко-

рашро боз як бори дигар такрор кунад, љояш паси панљара ме-шавад. Рустам аз алам сурху сафед шуда аз дари толори суд баромад. Янгааш аз комёбиаш дар ин набарди судї чунон шод буд, ки дар куртааш намеѓунљид. Вай аз об хушк баромада, муно-сибати акою додарро батамом вайрон карда буд ва акнун ме-тавонист њар чи дилаш хоњад, њамонро карда гардад. Ягона монеа барои ин зани тарпоча њамин Рустам буд, ки аз миён бардошта шуд, шавњари гулу га-рангаштро вай бо пўчоќи писта њам фиреб карда метавонист, аз ин рў дигар парвои олам надошт.

Ќасоси янгаРустам ба алами бе љазо

мондани янгаи тардоманаш тоб наоварда рахти сафар ба Русия барбаст. Кораш дар кишвари бе-гона барор гирифта дарњол ман-зил ёфт. Чанд рўз пас љойи кор њам пайдо кард. Кори сохтмон вазнин бошад њам, дастмузди хуб дошт ва Рустам метавонист њам ба зану фарзандаш пул фи-ристаду њам пасандоз намояд. Тез-тез ба хонааш занг зада бо њамсараш Гулрў сўњбатњои ширини ошиќона мекард. Ян-гаи беномусаш пас аз рафтани Рустам боз по тоза карда, тез-тез ба хонаи ў медаромадагї шуда буд. Гулрўи покдилу по-кният њељ гоњ авсунашро бо ќошу ќавоќи овезон пешвоз на-мегирифт ва содалавњона њар чи шавњараш фиристад, дарњол ба вай нишон медод. Гардан-банду ангуштаринњоии тиллоии фиристодаи Рустамро дида, оби дањони ин зани нодида мерафт ва дарун-дарун худашро мехўрд, ки чаро ба Гулрў чунин шавњари пулёб насиб шудаасту ба вай як лапашанги гўшлаќќаи кафанга-доро худованд шавњар гардони-дааст. Аз рашку њасаду алам ин зани худонотарс ќарор дод, ки бо кадом роње, ки набошад, илоље карда, хонаи додаршўяшро вай-рон ва занашро беваи кафанга-до хоњад кард.

Хушдори Гулрў?!Таќрибан се моњ аз байн

гузашта буд, ки ба бригадаи онњо муњољири наве ба кор омад. Аз њамсояќишлоќашон будани муњољири навро шунида Рустам аз шодї дар куртааш намеѓунљид. Коргари нав њам ба вай диќќати махсус медод ва њамеша кўшиш мекард дар пањлўяш бошад. Њамин тавр љўраи љонї шуда монданд. Рўзе дар сари дастурхон ана њамин љўраи наваш тарошаи аз бом афтидагї барин, якбора суханро

дар боби занбозї оѓоз намуд ва бо ифтихор гуфт, ки вай аз дењаи онњо як маъшуќаи олиљаноб до-рад. Авзои Рустам якбора бељо шуда пурсид:

-Кї будааст, он духтари бењаё?!

Љўрааш дандонњои зардашро нишон дода, табассуми ифтихо-ромезе намуду гуфт:

-Духтар не, зан аст. Зани ла-пашанги ањмаќ. Гулрў ном дорад он нозанин. Њусну љамолаш раш-ки париро меорад, дар ишќварзї њам бењамтост…

Номи Гулрўро шунида њуш аз сари Рустам парид, чунки дар дењаашон танњо як зан Гулрў буд. Ањли бригада, ки аксарияташон њамдењагонаш буданд, якбора ба ў нигаристанд. Аз хиљолат за-мин намекафид, ки Рустам да-рояду дигар на рўйи ин мардро бинад ва на ќиссаи ишќбозињои занашро шунавад. Гулхани рашк дар синааш якбора аланга зада, тамоми вуљудашро месўзонд. Бо чи њол аз давраи њамкоронаш баромада љониби хобгоњ равон шуд, танњо худаш медонисту худованд. Марг ин лањзањо ба назараш осонтар менамуд аз шунидани ин шумхабар.

ТалоќНав ба хобгоњ расида буд, ки

Гулрў занг зад. Рустам гўшакро бардошт ва ба занаш њатто им-кони дањон кушодан надода дод зад:

-Се талоќат кардам, фоњишаи лаънатї! Дар наздам мебудї, саратро аз танат људро мекар-дам, вале… Хонама њаром на-кун, худи њозир чизу чората ги-рифта баромада рав!

Телефон хомўш шуд. Гулрўи њангу мангаш канда то сањар гаштаю баргашта ба шавњараш занг зад, то бифањмад, ки чї њодиса рўй додаст, вале Рустам дигар гўшакро набардошт.

Сањар љавонзани гунањкори бегуноњ назди мулло рафта њодисаи шаб рўйдодаро як ба як наќл кард. Домулло гуфт, ки талоќ кори бозї нест ва бењтараш тезтар баромада ра-вад. Гулрў ночор чизу чора ва фарзандонашро гирифта аз хо-наи бахт, аз манзили ишќу умеду орзуњояш бо чашмони аз гиря варамидаю дили хунчакон но-лон баромада рафт.

Беваи бечораГулрў њамроњи фарзандонаш

ба хонаи падар рафт. Фољиаи ба сараш омадаро шунида ањли хонадон гирён шуданд, вале дигар оби рехтаро бо гиряву нола бардошта намешуд. Гулрў ба таќдири бадаш тан дода, аз

пайи кашидани аробаи зиндагиаш шуд. Ѓаллакорию ѓалладаравї мерафт, тамоми кору бори рўзгорро саришта мекард, вале рўзи хуше наме-дид дар хонаи падар. Янгањояш Гулрўю фарзандонашро нонхўри зиёдатї гўён, њар лањза як луќмаи ба дањон мебурдаа-шонро зањр менамуданд. Ягона такягоњаш таѓоњои дорояш бу-данд, ки гоњ-гоњ савоб меша-вад гўён барои бачањояш ягон савѓотї мехариданд, дигар касе парвои онњоро надошт. Падару модараш пир буданду худашон дастнигари писару келинњо, аз њамин хотир ба тарафдории Гулрў лаб намекушоданд, то ба балои бад гирифтор нашаванд. Носозгории келинњо бо ваю фарзандонаш ва таънаю пичин-гашон аз љавшани љони Гулрў мегузашт, вале розгўю розшуна-ве надошт ин бевазани берўзии бо тўњмат хонавайроншуда, аз њамин хотир лаб фурў мебаст.

Њаќиќати дермондаАз байн 10-сол гузашту Гулрў

бо азобњои алим бачањояшро ка-лон кард. Рустам пас аз 10 соли ѓарибї нињоят ба Ватан боргашт, вале на њоли Гулрўро пурсиду на майли дидори фарзандонаш кард.

Рўзе дар назди беморхо-на тасодуфан њамон љўраи хонасўзашро во хўрд. Њарчанд майли дидани афти хунукашро надошт, вале изои мўмин њаром гуфта, саломашро алек гирифту барои вохўрї даст дароз кард. Ањволпурсї доштанд, ки ногоњ янгаи шаттоњаш аз наздашон гу-зашт.

-Гулрўи гуфтаам ана њамин нозанин аст,- љониби янгаи Ру-стам ишоракунон гуфт мард ва афзуд,-бевара бин, дар ваќтуш дар баѓалум дилакуш гум мезаду њоли худша ношинос мегирад-е!

Ин гапро шунида санги ваз-нине, ки 10 сол боз дар рўйи дили Рустам мехобид, якбора гўё об шуда рехт ва љавонмард нињоят оњи сабук кашид. Њаќиќат пас аз 10 сол рўйи об баромада, маълум шуд, ки Гулрўи бо он мард ишќварзї мекарда на зани Рустам, балки янгаи шаттоњи тарпочаю худонотарсаш буда-аст. Њаќиќат исбот шуд, вале дигар аз ин њаќиќати собитгашта ба Гулрў суде набуд, зеро се талоќ њукмест, ки бо њељ далел роњи ислоњу бозгашти никоњро надорад!

Њафиза БобоеваТањияи

Анўшервони Одил

ТЎЊМАТИ ЯНГА РУСТАМРО ХОНАВАЙРОН КАРД

САРНАВИШТ

Page 4: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 4 СЎЊБАТИ САРИ РОЊ

-Аксари сарояндањои афѓону эронї даъво меку-нанд, ки "пушт"-и сарояндањои тољик дар хориља онњоянд. Шумо ки ав-валин шуда дар хориља каре-раи њунарї кардед, ба ин «даъво» розї шуда метаво-нед?

-Шумо гумон мекунед, ки эро-нию афѓонњо холисона ин кор-ро мекунанд? Њаргиз не! Њар касе, ки ба сарояндањо кўмак мерасонад ба хотири суде бардоштан ин корро мекунад. Кўмаки эронињо ройгон нест, то пул сарф накунї аз онњо уме-ди дастгирї намудан хаёли хом аст. Сарояндањои тољик бо пули худашон дар хориља клип мекунанду консерт медињанд. «Пушт»-и мо эронињою афѓонњо не, Худованд аст. Танњо бо кўмаки Худованди якто дар хориља баромад мекунем!

-Магар замони дар Амрико зистанатон бо кўмаки эронињо пешрав нагашта бу-дед?

-Не, ман дар Амрико њам ба тиљорат машѓул будам ва њам сарояндагї мекардам. Пуштибо-нам эронињо набуданд. Дар та-рабхонаи тољикони самарќандї суруд мехондам. Он љо чор клип карда ба Ватан баргаштам. Ман тољикам ва бояд аввал дар Ватани худам машњур шавам. Аввалин шунавандањоям бояд тољикон бошанд.

-Эњсос кардед, ки аудито-рияи тамошобинони Амрико-ву Тољикистон аз њамдигар сахт мутафовут аст?

-Аудиторияи ман дар ин љо њам наѓз аст. Мардум сурудњои моро хуш ќабул мекунанд.

-Фарќи шоу-бизнеси Тољикистон аз Амрико дар чист?

-Аслан мо шоу-бизнес надо-рем, аммо ба њар њол пешравињо дар ин љода ба назар мерасанд. Фарќияташ дар њамин аст, ки агар ту сарояндаи амрикої бо-шию дар Амрико зиндагию эљод намої, туро љањон мешиносад.

Дар Тољикистон корро шурўъ намої танњо дар Тољикистону Ўзбакистон ва шояд дар Эро-ну Афѓонистон туро мардум мешиносанду халос. Фарќияти дигараш дар он аст, ки дар Ам-рико бо як клип сароянда ме-тавонад миллиардер шаванд. Дар мо клип он тараф истад, њунарманд консерт њам дињад, ба љойи фоида зарар мебинад. Барои њар клип камаш 3 њазор доллар сарф мекунем, вале 500 доллар њам фоида намебинем. Пиратњои мо хеле чаќќону фа-ъоланд ва ба њунармандон «хиз-мати олиљаноб» карда, пеш аз худи сарояндањо клипњояшонро ба фурўш мебароранд. Нархи толорњои консертиямонро ху-датон медонед, њољати шарњу тавзењ додан нест.

-Хуб, агар фоидае аз клипсозї набошад, пас чаро клип мекунед?

-Фоидаи моддї нест, аммо маънавї њаст. Клип барои саро-янда хеле зарур аст, чунки дар мањбубият пайдо кардану ном баровардани њунарманд наќши калидиро мебозад. Мардум туро танњо ба воситаи клипњоят мешиносанду эътироф меку-нанд ва ба чї ќадар маблаѓ сарф карданат кор надоранд. Ту бояд талаботи тамошобинро ќонеъ гардонї- ин аст талаботи аввалиндараљаи шоу-бизнес!

-Дар яке аз мусоњибањоятон таъкид карда будед, ки амрикоињо њељ гоњ суруди тољикиро гўш намекунанд. То њол ба ин аќидаи худ усту-воред ё фикратонро дигар кардед?

- Не, ман аз фикрам на-мегардам. Мардуми Амрико њамин хел њастанд, ки чизеро нафањманд, гўш намекунанд. Онњо танњо њамон сурудњоеро гўш мекунанд, ки мазмунашро фањманд.

-Гугушу Андиро гўш мекунанд-ку?!

-Кї ин афсонаро ба шумо гуфт? (механдад). Амрико зиё-да аз 300 миллион ањолї дорад. Мумкин 3 миллионаш форсиза-бон бошад. Ана њамон 3 мил-лион сурудњои тољикию эрони-ро гўш мекунанд. Амрикоињо мисли мо нестанд, ки мазму-нашро нафањмида сурудњои хитоию њиндию туркиро гўш ку-нанд. Онњо танњо сурудњои ба-рояшон шиносро гўш мекунанд. Сарояндањои форсизабон агар дар байни амрикоињо аудитори-яи шунавандањои худро пайдо кардан хоњанд, бояд бо забони англисї суруд хонанд.

-Бисёрињо сарояндањои тољикро ба "дуздї" мутањам мекунанд…

-Намедонам ба ин саволатон

чи љавоб дињам. Шахсан худи ман ягон бор дуздї накардаам ва намекунам. Ба дигарон кор надорам.

-Чанде пеш шумо ба Амри-ко рафта будед ва ин боиси гапу калочањои зиёде гашт. Яке мегўяд, ки Бањодур ќањр карда рафт, дигарї бар он бовар аст, ки барои клип кар-дан рафтед, сеюмї иддао до-рад, ки дар Амрико консерт доштед. Кадоме аз ин овозањо ростанд?

-Ман ба Канада, аниќтараш ба шањри Торонто барои омо-да намудани клип ва њамчунин тамошои ин шањри зебо рафта будам. Пеш аз он ки аз Торонто дидан намоям аввал ба Санкт-Петербург рафта, он љо консерт додам ва пасон аз пайи омода-созии клип шудам.

-Шумо њам дар Тољикистон консерт гузаронидаеду њам дар Петербург. Ба фикри Бањодур дар куљо баргузор намудани консерт ќулайтар аст?

-Албатта дар Петербург. Дар Тољикистон аз њар ду консерт за-рар дидему халос.

-Чаро?-Худатон наѓз медонед,

ки толорњои мо чї ќадар ар-зиш доранд. Мо метавонем аз консертњоямон фоида бинем, агар фиттањо ба таври пираторї фурўхта нашаванд. Аммо пагоњаш мебинед, ки дар тамо-ми бозорњо фиттањои пастсифа-ти консертро ба фурўш мебаро-ранд. Албатта мухлисон њамон фиттањои пастсифати пиратиро бо нархи арзонакак мехаранду фиттањои оригиналие, ки мо ме-барорем, мемонанд. Акнун ху-датон ёбеду гиред.

-Марљона ном мухлиси ашадиятон хоњиш кард, ки ин суолашро ба шумо расонам: Акои Бањодур, агар шуморо ба тўй даъват кунанд, мера-вед?

-Росташро гўям, то њол ба ягон тўй ба њайси сароянда на-рафтаам, танњо барои табрикот мерафтам. Зиёд хоњиш дошта бошанд, ки мањз ман тўяшонро обод кунам, албатта меравам!

-Акнун мегузарем ба мавзўи кино. Дар бораи филми «Кри-минал- Зиндагї» сару садоњо то њанўз давом доранд ва бархе ин филмро таблиѓи зўроварию хушунат мегўянд…

-Шояд бошанд касоне, ки ин кори моро маъќул накарда-анд, вале то њол ягон кас ош-коро ин филмро танќид на-кардааст. Коршиносони бењтарини соњаи кино ин филмро яке аз бењтарин филмњои асри навин дар соњаи киномотографияи

тољик номиданд. Воќеан, боз як хушхабари дигар дорам. Мехоњед фањмед?

-Албатта.-Мо боз як филми кримина-

лии дигарро бо номи « Тољик- мафия» ба навор гирифтем.

-Ман тахмин мекунам, ки Бањодур боз наќши манфиро мебозад?

-Бале, тахминатон дуруст аст. Ман наќши одами бад- Му-гамбои роњзанро мебозам. (ме-хандад) Наќши мусбиро њама офарида метавонад, аммо на њар кас мехоњад ва метавонад наќши манфиро бозад. Офа-ридани наќши манфї хеле зањматталаб ва душвор буда, аз актёр мењнати зиёдро талаб мекунад.

-Чаро мањз ба масоили криминалї рў меоред?

-То кай мо филмњоямонро мисли спектакл ба навор ме-гирем? Як чашматонро кушоед, азизони ман! Мо дар асри 21-асри навгонї ва тараќиёт ќарор дорем! Ваќти он расидааст, ки њамќадами замон бошем. Як ба давлати Њиндустон нигаред, чї ќадар онњо дар соњаи кино пеш рафтаанд! Филмњои њиндї дар олам машњуранд. Чаро мо наметавонем чунин филмњо офарем?! Бењтарин филмњоро замони Шўравї магар мо на-меофаридем?! Мо, љавонони санъаткор бояд кўшиш кунем, ки филмњои замонавї офарида номи Тољикистонро ба оламиён муаррифї кунем. Барои ба на-воргирии як филми ба њамаи талаботњо љавобгў на камтар аз 100 њазор доллар лозим аст. Ал-батта мо њоло чунин имконият надорем, вале оњиста- оњиста бояд шурўъ кунем. Агар ис-бот карда тавонем, ки воќеан ќобилияти ба наворгирии чунин филмњоро дорем, њатман сар-парастон њам пайдо мешаванд.

-Ин филм низ мисли « Кри-минал- Зиндагї» кўтоњметра аст?

-Не, ин филм аз чор ќисм иборат буда, њар як ќисмаш ќариб 3 соат давом мекунад.

-Чаро мањз «Тољик-мафия»?

-Ин номро ба он хотир ин-тихоб кардем, ки ин филм аз њаёти одамони хатокору ба љомеа зараровар ќисса меку-над. Филм бо он хотима ме-ёбад, ки њамаи онњо ба чоњи кандаашон худашон меафтанд.

-Бисёрињо бар он бова-ранд, ки њамсари Бањодур амрикоист ва сабаби дар Амрико зистани Бањодур

низ мањз бо амрикоидухтар издивољ намудани ўст..?

-Медонед, ин сирри махфии ман аст! Ба мардум чи фарќ дорад, ки зани ман тољик аст ё амрикої?! Ин асрори оилавии ман аст ва њар кас, њатто ода-ми машњур њуќуќ дорад, ки баъ-зе асрори њаёташро пўшида дорад. Сабаби дар Амрико зистанам бошад, дар он аст, ки писари ягонаю дўстрўякам Шоњрухљон шањрванди Амрико аст, зеро он љо ба дунё ома-дааст. Ман мехостам, ки пи-сарам шањрванди Тољикистон њам шавад, аммо азбаски дав-лати мо бо Амрико ќарордоди душањрвандї надорад, ин кор-ро карда натавонистам. Ман маљбур будам, ки то андаке бузург шудани писарам дар Амрико зиндагї кунам.

-Ояндаи Шоњрухљонро чї гуна дидан мехоњед?

-Ташаккур… ман пеш аз њама мехоњам, ки Ху-дои мењрубон ба писарам саломатї ва умри дароз дињад. Умед бар он дорам, ки ў низ њатман мисли ман сароянда ва актёр мешавад, аммо дар Ватани худаш Амрико.

-Чаро мањз дар Амрико?-Дар Амрико машњур шавї,

туро љањон мешиносад. Мањз ба њамин хотир ман ба пи-сарам номи актёри њиндї- Шоњрухро мондам, ки мисли ў машњур шаваду номбардор ва ифтихори падараш гардад.

-Магар Шоњрух тољик нест, охир падараш тољик аст-ку?

-Бале, ман тољик њастам ва аз ин фахр мекунам, аммо писарам дар Амрико ба дунё омад ва дар шањодатномааш миллаташ амрикої навишта шудааст. Дар Амрико њамин тавр ќонун њаст, ки њар тифле дар замини Амрико ба дунё меояд, амрикоист ва писари ман низ амрикої аст, њачанд ки падару бобояш тољиканд.

-Шумо њамчун тољик ба мухлисони тољикатон чї таманно доред?

-Њамеша таманнои онро до-рам, ки Худованд Тољикистони азизамонро нигањбон бошад ва чашми душманонро ба сўямон кўр гардонад. Бигзор миллати тољик њамеша сарбаланду хо-наобод бошад. Ба мухлисони азизам бењтарин хушињои зин-дагиро таманно дорам. Њамеша сарбаланду хонаобод бошанд!

Сўњбаторо: Фарангиси Фармон

«ТОЉИК-МАФИЯ» ВА ДИГАР РОЗЊОИ БАЊОДУРИ РАФЇ

Бале, ман тољик њастам ва аз ин фахр мекунам, аммо

писарам дар Амрико ба дунё омад ва дар шањодатномааш миллаташ амрикої навишта шудааст. Дар Амрико њамин тавр ќонун њаст, ки њар тифле дар замини Амрико ба дунё меояд, амрикоист ва писари ман низ амрикої аст, њачанд ки падару бобояш тољиканд.

Page 5: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 5ЌИССАЊОИ ЗИНДАГЇ

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Шамсия беќаророна њар дам сўям чашмак мезад ва чашми њамсинфонашро хато карда ба ман бўсањои њавої мефирист. Пас аз дарс хеле танбењаш до-дам ва насињат кардам, ки аќлашро ба сар бигирад, вале ман тут мегуфтаму ў бед мефањмид ва ду по-яшро ба як мўза андохта «муаллимљон, илтимос, маро ба занї гиред, ѓуломи њалќабардўшатон меша-вам» гуфта ронњои поямро ламс мекард.

Себњои љодушуда

Хуллас, таљрибаомўзии мо хотима ёфт. Шамсия рўзи гусел ба дастам як сабад себу анор дод, ки ба шањр бурда хўрам. Рањорањ се- чор себро хўрдам, лањзае пас дар даруни дилам гўё гулхани оташи ишќ аланга зад. Симои Шамсия њар дам пеши рўям меомаду дилам ба ёдаш гум мезад. Гулноз ном дўстдоштае доштам. Гулноз дастаи гул дар даст баробари аз мошин фаро-мадан ба истиќболам давид, вале сўяш њатто нимнигоње њам накарда рафтам. Шам-сияро дўст дошта будам ва акнун Гулноз дар назарам гурбаи лойолуди башараху-нук менамуд.

Мољарои хостгорї

Хуллас, тоби дарди њиљронро накарда модарам-ро хонаи Шамсия хостгорї равон кардам. Баумед бу-дам, ки бегоњ хушхабар меоранд, вале модарам бо ќошу ќавоќи гирифта бар-гашта гуфтанд:

«Шамсияат духтари хушрўй будааст, лекин њамсояњояшон гуфтанд, ки мисли модараш муллобоз аст ва њар рўз дар ба дари љодугарњо мегардад. Аз ѓами ишќаш мурї њам, ман

ин хел духтари шаттоњро келин на-мекунам!»

-Њамсояњояшон аз њасад ин гапро гуфтаанд, ил-тимос очаљон, маро аз дўстдоштаам људо накунед,- гуфта зорї кардам.

Модарам аз гапаш гаштанї набуд, вале дили падарам ба ман сўхта гуф-танд:

-Дили писарамро наши-кан очаш, рафта њамон дух-тари дўстдошташа хостгорї кун, худамон тарбияаш ме-кунем!

Њамин тавр падару мо-дарам бо исрори ман Шам-сияро хостгорї намуданд ва риштаи ќисматам бо ин зањри мор пайваст.

Келини танбал

Шамсия аз рўзи авва-ли ба хонаи мо арўс шуда омаданаш коргурезию ноўњдабароияшро нишон дод. Њар рўз ќарибињои нимрўзї чашмонашро мо-лида мехест. Модарам эрод мегирифтанд, вале тарафи занамро гирифта мегуф-там, ки Шамсия њоло љавон аст ва рафта-рафта њама кори рўзгорро меомўзад. Найрангњои занам ба чаш-мам наметофт, чунки ошиќ будаму чашмам аз муњаббат кўр. Рўзе модарам бо љањл «зани таърифият шарман-даи тайёр будааст» гуфта, маро хеле маломат намуд. Ќањрам омаду Шамсияро зери мушту лагад гириф-там. Ўзр хоста ваъда дод, ки минбаъд келини таърифї мешавад. Ба гапаш бовар кардам, вале…

Марги пурмуаммо

Ба љойи келини таърифї шудан Шамсия њар рўз ягон наѓмаи нав мебаровард. Ба хонаи модараш мерафту аз он љо як тўда латта-патта оварда дуд мекард ва ба-рои куштани мўрчањо гуф-та ба зери ќолинњо мепо-шид. Намедонам натиљаи љодугарињои Шамсия буд ё

таќозои ќисмат, ки худ аз худ модарам ба дарди бад-толе гирифтор шуд. Сарам мекафад гўён нолаю фиѓон мекард, вале сабаби бемо-риашро на духтурон меёф-танду на табибу муллоњо. Модари азизам, модари зе-боям бо њамин дард бе ягон насињату васият ин дунёро

падруд гуфт. Падарам аз алами њамсари азизаш рў ба шароб оварда, шабу рўз менўшидагї шуд. Њарчанд кўшиш кардам, мўйсафедро аз ин роњ гардонда натаво-нистам.

Љанљоли падару писар

Як рўз Шамсия гиряку-нон гуфт, ки дар набудани ман падарам ба чойгањаш даромада, ба номусаш даст дароз кардан хоста-аст. Ба ѓазаб омада пада-рамро зери лагад гириф-там. Мўйсафед ќасам бо-лои ќасам мехўрд, ки ин корро накардааст, вале мани аблањ ба гапи зани макораам бовар мекардаму ба сухани падар не. Сару рўи мўйсафед пур аз хун гашта бошад њам, дилам њељ тар намешуд.

-Барои тўњмати таќдирсўзат оќат кардам! Сад бор оќат кардам,-гуфта даст сўйи осмон бардош-тани мўйсафеди падарам маро ба худ овард, вале ди-гар кор аз кор гузашта буд.

Мўњтољи дари хушдоман

Кўчу бандамонро ѓундошта ба хонаи мода-ри Шамсия омадем. Хуш-доманам рўзњои аввал мењрубону ширинзабон буд, вале як њафта пас аз кор баргашта љанљолашро бо духтараш шунидаму дилам хунук шуд.

-Шумо то кай дар хонаи ман зиндагї мекунед?! Ба шавњарат гўй, ки тайёќашро ба равшанї занад,-мегуфт хушдоманам.

-Љойи рафтан надорем, чї кор кунам?! Маљбурам, ки бо ин кафангадо тоќат карда гардам,-мегуфт за-нам.

Аз алам шах шуда мон-дам, дигар гапњояшон ба гўшам намедаромад. Баногоњ чашми хушдо-манам ба мани дар наз-ди сутуни айвон шахшуда афтид ва «домодљон, биё-биё» гўён ба морбозї гу-

зашт. Оњи сарде аз дил кашида «ман ахмаќ шуда ба ин љањаннам омадам» гуфтаму аз дар баромадам. Гапњои хунуки занаму мо-дараш диламро аз зиндагї чунон сард карда буданд, ки дигар зистан намехо-стам, вале мани худкарда-ро дигар давое набуд.

Ёр агар ноањл бошад…

Аз алам билохи-

ра бемор шудам. Мадори аз љойгањ љунбидан надоштам. Хушдоманам «маслуќбон шудем» гуфта, чандин бор таънаам зад. Шамсия ба љойи ба дањони модараш задан ба њоли ман хандида мегуфт: «Ба сари падари пираш агар даст намебар-дошт, ўро Худо намезад!» Хомўшу бесадо гиря карда, шабњоро бо чашми тар рўз мекардам. Хоњиш кардам, ки духтурро љеѓ зананд. Бо ќошу ќавоќи гирифта дух-тур оварданд. Бурсилёз шуда будаам. Бояд дар бе-морхона мехобидам, вале Шамсияву модараш «пул надорем, аз кадом њисоб табобат кунем» гуфта, даст афшонданд. Рангам торафт зарду ќувватам камтар ме-шуд. Рўзе бо азоб ба ќавли кампиракон мурдаамро ка-шолакунон ба по хестам ва ба назди дар омада, садои Шамсияро шунидам, ки ме-гуфт:

-Оча, пеши муллои шино-сатон рафта ягон кор кунед, ки тезтар аз ин маслуќи бўгин халос шавем. Њамин дарди сар мурад, ду рўз на-гузашта ягон раиси серпул-ро ба домам меафтонам.

-Куштани шавњарљонакат ду карат ду, фаќат дили

ту ганда нашавад гуф-та ин корро намекардам,

-мегуфт хушдоманам,-муллои ман чунон зўр аст, ки оби равонро сарнишеб мекунад.

Фирор аз зани љодугарЊуш аз сарам парид ва

худи њамон рўз љонамро гирифта гурехтам. Дирек-тори мактаб аз ќисса огоњ шуда маро дар беморхона хобонда як моњи дароз та-бобат кард. Пас аз шифо ёфтан дар назди мардум љавоби Шамсияро дода, ба љияни директор хо-надор шудам. Њамсарам зани хубу ботарбия баро-

мад, шукри худо зиндагии ширин дорам. Панљ фарзан-дро хононда хонадор кар-дем. Имрўз њамаи фарзан-донам соњиби хонаву дари ободанд,-мўйсафед инро гуфта оњи сабук кашид ва таклиф кард, ки њамроњаш ба хонааш назди кампираш равам.

ТабаркушХолаи Рањима маро хуш

ќ а б у л карда фармуд, ки либосњои хоколудамро кашида, либо-си тоза пўшам. Шабро дар хонаи пиру кампир гузарон-дам. Субњ нав аз хоб хе-ста будем, ки садои доду фиѓон ба гўшамон расид. Њамсояњо њангомакунон ме-гуфтанд: «Дар дења одам-куш пайдо шудааст! Усто Шарифро духтараш бо та-бар зада куштаасту гурех-та рафтааст. Духтар ќотили падар! Аљаб замоне шуд! Ин духтарро дастгир наму-да, сангсор кардан лозим…

Ин гапро шунида ќариб девона шудам. Фањмидам, ки моиндари золимам пада-рамро бо табар реза-реза карда, гуноњашро ба гарда-ни ман бор намуда, маро ба падаркушї муттањам кар-данист. Тамоми ќувватамро љамъ карда аз мўйсафеду занаш хоњиш намудам, ки маро ба хонаамон баранд, то бори охир бо падарам видоъ кунам. Пиру кампир аз китфонам дошта маро ба хонаамон оварданд. Рањорањ њамсояњои аз таги гап бехабар «ќотил омад, ќотили падаркуш омад» гўён ба захмњои хуншо-ри дилам намак мепоши-данд….

(Давом дорад)

Садои Шамсияро шунидам, ки мегуфт:

-Оча, пеши муллои шиносатон рафта ягон кор кунед, ки тезтар аз ин

маслуќи бўгин халос шавем. Њамин дарди сар мурад, ду рўз нагузашта ягон раиси серпулро ба домам меафтонам. -Куштани шавњарљонакат ду карат ду, фаќат дили ту ганда нашавад гуфта ин

корро намекардам, -мегуфт хушдоманам,-муллои ман чунон зўр аст, ки оби равонро

сарнишеб мекунад...

Субњ нав аз хоб хеста будем, ки садои доду фиѓон ба гўшамон расид. Њамсояњо њангомакунон мегуфтанд: «Дар дења одамкуш пайдо шудааст! Усто Шарифро духтараш бо табар зада куштаасту гурехта рафтааст. Духтар ќотили падар! Аљаб

замоне шуд! Ин духтарро дастгир намуда, сангсор

кардан лозим… МОИНДАРИ БАДТАР АЗ МОР

Page 6: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 6 НАВИШТАМ НОМАЕ

ШАВЊАРАМРО

ХУНУКЇ КАРДАНД

Бењуда њоли ѓамдидаро ѓамдида медонад нагуфта будаанд, ман њам пар-

вои оламу одам надоштам, то ваќте ки гирифтори ин гирдоби бало гаштаму

мурѓи ѓам дар дилам лона кард. Зани сарватмандаму бисёрињо њаваси зин-

дагиамро мехўранд. Аз чизе танќисї намекашам, фарзандонам дар бењтарин

донишгоњњо тањсил мекунанд, гули чизро мехўрему гули чизро мепўшем,

аммо бо њамин ќадар дороиву боигарї хушбахт нестам. Шавњарам пули зиёд

дорам гуфта якто не, се-чор зани баљої гирифтааст. Шабњо ба хона намеояд

ва њатто занг зада намепурсад, ки ману бачањоям зиндаем ё мурда, аз паси

арўсаки 22 солааш сарсон аст ин мардак. Чандин бор ба љои кораш рафтам,

маро аз камера дида ба коргаронаш «раис нестанд гўед» гуфта аз идорааш

берун кард. Љигархун мешавам аз наѓмањои ин марди умраш ба љое расида,

вале розшунаве надорам. Росташро гўям, дилам ба тамом аз мардакам мон-

дааст ва дигар њатто рўяшро дидан намехоњам, вале барои хонаву дарашро

тарк карда баромада рафтанам фарзандонам монеъ мешаванд. Љавон не-

стам, ки дубора шавњар кунам, охир!

Нолаву фиѓон бардорам, њамсояњо ба њолам механдад, аз њамин сабаб

лаб зери дандон гирифта мегардам. Дилам ба фарёд омадаст, вале фарё-

драсе нест! Ман њам метавонам бо пулу зар дили ягон љавони 20-25 соларо

ба даст орам, вале аз ѓазаби худованду рўзи љазо метарсам. Монанди њамон

фоњишањои њамроњаш буда ман њам метавонам ба дари муллову љодугарњо

давида мардакамро гармї кунам, аммо метарсам, ки аз сењру љодуи бисёр

шавњарам мемираду фарзандонам саѓера мешаванд. Чанд ваќт боз дар

беморхона хобам, вале шавњарам то имрўз ягон бор ба аёдатам наома-

дааст. Зани љавонаш бо сењру љоду мардакро чунон дилхунук кардааст, ки

ман он тараф истам, аќаллан фарзандонаш ба ёдаш намерасанд. Тамоми

хешонамон роњи дурро тай карда, маро хабаргирї омаданду ба гўшаи хаёли

шавњарам намерасад, ки як бор ањволи зани беморашро пурсад. Дарду ала-

ми бепарвоии марде, ки њаётамро ба ў бахшидам, оќибат маро мекушад.

Маслињат дињед, чї кор кунам, то шавњарам ба хона баргардад?

Ашўрмоњ, ш. Душанбе

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Рустам Азимї

ми бепарвоии марде, ки њаётамро ба ў бахшидам, оќибат маро мекушад.

Маслињат дињед, чї кор кунам, то шавњарам ба хона баргардад?

ДУГОНААМ СИЁЊБАХТАМ

КАРДБо духтаре, ки чанд хона дуртар аз мо зиндагї

мекард, риштаи дўстї баста будем. Ўро чун хоњарони худам дўст медоштам ва ба суханонаш эътимоди ко-

мил доштам. Вай медонист, ки ман ба ишќ бовар надо-раму муњаббати касеро ќабул накардаам ва њамеша ба

љавонписарон бо чашми нафрат менигарам, аз њамин са-баб хоњиш намуд, ки бо писари амакаш издивољ намоям, то дўстиамон устувортар гардад. Дугонаамро, ки сахт дўст медош-

там, љавонро њатто надида пешнињодашро ќабул намудам. Пас аз фотиња шавњаршавандаам ба хонаи волидони дугонаам мењмонї омаду ман ўро бори аввал дар њамон љо дида, бо як нигоњ волаю шайдояш гаштам. Дар баробари зебо будан ахлоќи хуб дошта-аст номзадам, рафтору гуфтораш диламро чунон гарм намуд, ки њазорон бор худоро шукр гуфтам. Фикр мекардам, ки пас аз хона-доршавиамон касе ба хушбахтиам монеъ шуда наметавонад, вале хаёлам хом баромад. Дугонаам баъди тўй ба хушбахтии мо рашк бурда, душман шуда монд. Вай бо зангњои телефонию тўњматњои беасосаш зиндагимро талх намуд. Ба шавњарам гуфтааст, ки гўё ман духтари бероња будааму баъди шавњар карданам ошиќонам гиребони ўро доштаанд, ки арўсашонро ба писари амакаш додааст. Муноќиша як моњ давом кард ва оќибат шавњарам аз ин мољаро хаста шуда, талоќамро дод. Бо макри дугонаи рўсиёњам дар айёми шукуфоии умрам пироњани сиёњбахтї пўшидам.

Маќсади нома нигоштанам он аст, ки њамљинсонамро огоњ намоям:

-Ба дугона бовар накунед, ягон дугона дўст намешавад!

Дилрабо, аз ноњияи Њисор

БАРОДАРАМ САРАМРО

ЌОЌОЌОЌ ТАРОШИДБо як љавони шањрї тариќи телефон шинос шуда, ањди ишќ

бастем. Азбаски дар ягон љо намехонам, рўзи дароз бекор будаму аз бекорї дам ба дам ба Хусрав занг зада, чаќ-чаќ мекардам. Модарам

чандин бор маро њушдор дода гуфт, ки ягон рўз ба дасти бародаронат ме-афтию рўзатро сиёњ мекунанд, вале ба гўши кари мани ошиќ он замон панду

насињат намедаромад. Дар мебастаму рўзро бо гапзанї шом мекардам. Да-стамро ба ягон кори хона намезадам. Падарам дар бозори ноњия савдогаранд, бародаронам њам аз паси кору бори худашон овора, аз њамин сабаб ба ѓайр аз модарам дигар касе телефондорию наѓмањоямро намедонист. Њамеша дар назди падарам ва бародаронам телефонамро хомўш карда мемондам, то аз ин корам хабардор нагарданд, вале…

Як рўз бародарам фарёд кард, ки ба хона чой дарорам. Аз саросемагї теле-фонро накушта чойники чойро бардошта ба хона даровардам. Ваќти чойникро ба пеши акаам гузоштан телефон аз љайбам ба рўи дастархон афтид. Аз тарс дар љоям шах шудам. Бародарам як ба модарам нигаристу аз љойяш бархеста чу-нон лату кўбам намуд, ки доду фарёдамро њама ањли дења шуниданд. Ќиёмат гўё ќоим гашта бошад, бо мушту лагад дилаш ором нашуду бо лезва са-

рамро ќоќтарош кард. Мурдазинда шуда як њафта бењушу беёд хобам. Аз хона берун баромада наметавонам. Умедам танњо ба Хусрав аст,

ки меояду маро аз ин зиндон халос мекунад. Хусрављон, агар чаш-мат ба номаи ман афтад, илтимос ба имдодам бирас ва маро

аз чанги бародарони золимам халос кун!

Ошиќи зиндоният: Мафтунаи Регарї

ЗАНАМ ШАВЊАРБЕЗОР АСТИсмамро махфї нигоњ медорам, зеро метарсам, ки баъди нашри мак-тубам дўстонам масхараам мекунанд. Сабаби ба њафтавор нома навиш-танам мушкилотест, ки дербоз азобам медињад. Занамро дўст медорам ва тамоми нозу нузашро мебардорам, аммо шаб ки шуд, њамсарамро ѓам мегирад. Мардбезор аст занам ва њамеша аз љойгањ мегурезад. Майли наздикї кунам, дарњол аз њуш мераваду баъди ба њуш омадан як соат оби дида мерезад. Аз тўямон як моњ нагузашта аллакай дилам аз оиладорї сард гаштааст. Дўстонам мегуфтанд, ки њељ гоњ бо духтаре, ки намешино-сиву намедонї хонадор нашав, вале ман гапи калонсолонро гирифта ба чунин рўз гирифтор шудам. Шању арўси бачиллаем, вале аллакай мисли пиру кампири сад сол зери як бом зиста аз њамдигар безору љойгањамон људост. Арўсам ба ѓайри мардгурезиаш ноўњдабаро низ њаст. Аз ўњдаи ягон кори занона намебарояд. Модарам мегўянд, ки њоло љавон аст ва оњиста-оњиста њама корро ёд мегирад, вале ман аз зани гирифтаам сахт пушаймонам. Маслињатам дињед, чї кор кунам?Хонандаи «Оила»

Дарди дилатонро метавонед бо телефони зерин иброз доред: 238-53-35

Page 7: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 7

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Гулнисои Њикматулло

САВР (21 апрел - 22 май)

Ин њафта ягон кори љиддиро оѓоз накунед, вагарна ноком ме-

шавед. Њаёти оилавию муносибатњои ошиќонаи саврњоро низ ин њафта таќдир аз санљиши љиддї мегузаронед. Муносибат бо дўстдоштаатон сард мегардад, зеро рашк ба решаи нињоли бахтатон теша мезанад. Агар дўст дореду ояндаатонро бе ёри ранљида тасаввур карда натавонед, аз аспи ѓурур фароеду бахшиш пурсед.Чоршанбе муш-килоти пулї асабоятонро хароб мекунад, худро нахўред, хушбахтї дар пул нест. Бењтараш аз

шахсони наздикатон мадад пурсед, албатта кўмакашонро дареѓ намедоранд. Љумъа бе-

мории кўњнаатон хурўљ карда метавонад. Ба тањлука наафтед, вале љиддї ба табо-

бат машѓул шавед.

САВРСАВР

оѓоз накунед, вагарна ноком ме-шавед. Њаёти оилавию муносибатњои ошиќонаи

Њут (21 феврал - 20 март)

Њафта барои зодагони бурљи њут душвор ва пур аз санљишњои љиддии ќисмат аст. Хабаре дар бораи бевафо-ии ёратон ба гўшатон расида, шуморо

љигархун мекунад. Худро тањќиршуда шумурда, дарњол оташин нашавед. Барои људої шитоб накунед. Бењтараш каме сабур бошед, чун-ки дер ё зуд њаќиќат рўи об мебарояд. Чор-шанбе аз сўњбат бо шахсони ношинос дурї љўед, эњтиёт бошед, зеро хавфи сахт фиреб хўрданатон вуљуд дорад. Панљшанбе мушки-лоте сар мезанаду худро бад њис мекунед. Аз доруњои оромкунандаи асаб истифода баред, то ба саломатиатон зарбаи љиддие нарасад. Охири њафта сафари корї дар назар аст. Бо љайби пуру рўњи болида бармегардед.

Охири њафта њолати рўњиятон каме бад мешавад. Асабњоятонро эњтиёт намоед, худро ба даст бигиред,

то депрессия боиси хурўљ намудани дар-ди дил ва дигар касалињои кўњнаатон нагардад.

Сешанбе наќшањое, ки пештар тарњрезї карда будед, дар амал тадбиќ мегарданд. Им-кони ба даст овардани фоидаи хуб ё даро-мади калони пулї вуљуд дорад. Нимаи дуюми њафта аз дўстдоштаатон тўњфаи рамзї мегиред. Муњаббататон гармтару ёратон азизтар хоњад гашт. Бахт ёри аќрабњост. Аммо панљшанбе дар роњ эњтиёт бошед, зеро хавфи ба садама дучор шудани зодагони бурљи аќраб вуљуд дорад.

Охири њафта амалишавии орзуи деринатон шуморо ба ќавле боли парвоз мебахшад.

ДАЛВ (21 январ - 20 феврал)

Аввали њафта айёми хуб барои оѓоз намудани тиљорат ва корњои пулї ба њисоб меравад. Бепарвої бас аст, акнун бояд љиддї бошеду зиндагиятонро ди-гаргун созед. Сешанбе маблаѓеро, ки кайњо ќарз дода будед, бармегардонанд. Саросема-вор пулро сарфи хариди лашу луш накунед, чунки каме баъдтар барои кори муњиме лозим хоњад шуд. Нимаи дуюми њафта фикри таъми-ри манзил ба саратон меояд, вале каме сабр кунед, зеро барои чунин корњо айёми мувофиќ нест. Љумъа дўстатон шуморо бо инсони аљибе шинос мекунад, бо нияти нек. Номзадро хуб, њаматарафа бисанљед, имтињон кунед ва ба хулосаи љиддї оед. Мурѓи бахтатонро мањкам доред.

Аввали њафта айёми хуб барои оѓоз намудани тиљорат ва корњои пулї ба њисоб меравад. Бепарвої бас аст,

МИЗОН (24 сентябр - 23 октябр)

Аввали њафта лоињаи наватонро бори дигар такмил дода, ба роњбаратон

пешнињод намоед. Комёбї њатман насиба-тон мегардад.

Сешанбе дўстатон бо рафтори номатлу-баш озоратон медињад. Худро ба даст бигире-ду оромиро пеша кунед, вагарна душманатон-ро хурсанд мекунед.

Нимаи дуюми њафта вохўрии ногањонї ва шиносоии аљиб дар назар аст. Агар муноси-батро бо дўсти наватон минбаъд ќавитар гар-донед, дари бахт ба рўятон кушода мешавад.

Охири њафта ба дўстдоштаатон кўмаки шумо лозим меояд. Ёрї расониданатон мењру муњаббати ёратонро гармтар месозад.

оѓоз накунед, вагарна ноком ме-шавед. Њаёти оилавию муносибатњои ошиќонаи саврњоро низ ин њафта таќдир аз санљиши љиддї мегузаронед. Муносибат бо дўстдоштаатон сард

МИЗОНМИЗОН

бори дигар такмил дода, ба роњбаратон пешнињод намоед. Комёбї њатман насиба-

тон мегардад.

ЌАВС (23 ноябр - 21 декабр)

Айёми амалишавии орзуњои деринаи ќавсњо фаро расидааст. Аввали њафта агар лоињањои аљибро ба роњбарият пешкаш кунед, таърифњои болохонадор ва даромади хуби пулиро соњиб мегардед.

Чоршанбе ба дўстонатон ягон ваъда надињед, чунки аз ўњдааш намебароеду обрўятон коста мегардад.

Панљшанбе ба рўи баъзе зодагони бурљи ќавс дари бахту саодати оилавї кушода мешавад

Љумъаю шанбе сарчашмаи нави даромад им-кони ба даст овардани маблаѓи калонро медињад. Маблаѓро агар сарфи тиљорат намоед, пулатон чанд шуда бармегардад.

Айёми амалишавии орзуњои деринаи ќавсњо фаро расидааст. Аввали њафта агар лоињањои аљибро ба роњбарият пешкаш кунед, таърифњои болохонадор

АЌРАБ (24 октябр - 22-ноябр)

Масъули сањифа Гулнисои

шахсони наздикатон мадад пурсед, албатта кўмакашонро дареѓ намедоранд. Љумъа бе-

мории кўњнаатон хурўљ карда метавонад. Ба тањлука наафтед, вале љиддї ба табо-

бат машѓул шавед.

СУНБУЛА (24 август - 23 сентябр)

Ин њафта бо роњбарият љанљол накунед, ваграна хавфи аз кор хориљ шуданатон дар назар аст Дар гуфтору рафтор эњтиёткор бошед, то дўстони наздикатонро аз даст надињед.

Нимаи дуюми њафта даромади калонро интизор бошеду эњтиёт бошед, њамёнатонро бе назорат нагузоред, зеро беањамиятї ме-тавонад сабаби ба яѓмо рафтани маблаѓи дар даст доштаатон гардад.

Охири њафта азизи дилатонро ба сай-ругашт ё истроњат баред. Муњаббат барои комёбињои тоза ба тоза зодагони бурљи сум-буларо илњоми тоза мебахшад.

ТОЛЕЪНОМА

ЉАДДЇ (22 декабр - 20 январ)

Ин њафта дўстони нав пайдо ме-кунеду фикри оѓози тиљорат ба сара-

тон мезанад. Нотарсона ба кор сар кунед, њатман комёб мегардед.

Сешанбе дар коргоњатон байни шумою њамкоратон нофањмї сар зада, боиси љанљоли калоне гашта метавонад. Агар гап то ба гўши роњбарият рафта расад, хавфи аз вазифа сабукдўш гаштанатон, ба миён меояд. Бинобар ин, худро ба даст бигиреду ба калон шудани мољаро им-кон надињед. Нимаи дуюми њафта дўстдоштаатон аз беањамиятї ва дилсардиатон ранљида, рашку гумонњои бад мебараду љанљол мекунад. Бовафо-иятонро исбот намуда, хотири ёратонро бо тўњфае шод созед, то дилмонда нагардад.

кунеду фикри оѓози тиљорат ба сара-тон мезанад. Нотарсона ба кор сар кунед,

ЊАМАЛ(21 март - 20 апрел)

Ин њафта њамалњоро бахт њамсафар мегардад. Ба њар коре, ки даст занед, бобарору сердаромад мешавад. Аз ин рў, фикри истироњату бекорхўљагиро аз сар дур карда, аз паи кор шавед.

Сешанбе ё чоршанбе дўстонатон шу-моро бо инсони ќудратманде шинос ме-кунанд. Ин шиносої зиндагиатонро ди-гаргун месозад ва боиси соњиби ному нон гаштанатон мешавад.

Панљшанбе даромади калони пулї њамалњоро интизор аст. Дар масрафи маблаѓ каллаатонро кор фармоеду як ќисмашро сарфа кунед, шояд баъдтар лозим мешавад.

(21 март - 20 апрел)(21 март - 20 апрел)

Ин њафта њамалњоро бахт њамсафар

Толеънома

ЉАВЗО (23 май - 21 июн)

Њафтаи нав бо рўйдодњои аљибу ѓарибаш љавзоњоро як лањза зиќ шудан

намегузорад. Мурѓи бахт ба китфи шумо менишинад, аз ин рў фурсатро ѓанимат дониста, хайрхоњии ситорањоро бар фоидаи худ истифода баред. Сешанбе

суханњои хушу гуворо дар бораи худ мешу-навед. Нимаи дуюми њафта мушкилоте пеш меояд. Роњи њаллаш маблаѓ аст. Шарм надо-шта ќарз бигиреду масъаларо њал кунед, зеро ояндаатон аз њалли њамин масъала вобастагї дорад.

Панљшанбею љумъа вохўрињои корї бобарор мешаванд. Шартномањои дар ин давра баста-шуда даромади калон оварда метавонанд.

ЉАВЗОЉАВЗО

ѓарибаш љавзоњоро як лањза зиќ шудан намегузорад. Мурѓи бахт ба китфи шумо менишинад, аз ин рў фурсатро ѓанимат дониста, хайрхоњии ситорањоро бар фоидаи худ истифода баред. Сешанбе

САРАТОН (22 июн -22 июл)

Ин њафта бо ташвишу мушкилињояш зодагони бурљи са-ратонро сарсону саргардон меку-над. Сешанбе хабари нохуше дар бораи ёратон мешунаведу худро ноњинљор њис мекунед. Пеш аз пода чанг набардошта барои аниќ кардани њаќиќат кўшиш намоед. Љанљол накунеду ба решаи нињоли бахтатон бо дасти худ теша на-занед. Нимаи дуюми њафта даромади калони пулї хурсандатон мекунад.

Орзуи деринатон амалї хоњад гашт. Рўзи панљшанбе њамёнатонро эњтиёт намоед, зеро хавфи ѓорат шуданаш вуљуд дорад.

Охири њафта саломатиатон каме бад меша-вад. Асабњоятонро эњтиёт намоед.

АСАД (23 июл - 23 август)

Аввали њафта зодагони бурљи асад барои баланд бардоштани сатњи дони-шу малакаи касбиашон бояд кўшиш на-

моянд. Зеро рўзи сешанбе барои оѓоз намудани тиљорат ё кори нав имконияти хуб пайдо меша-вад. мурѓи бахтро аз даст надињед. Агар кордо-ниатонро исбот карда тавонед, минбаъд корда-тон болои равѓан мешавад. Нимаи дуюми њафта шиносоии аљибе дар назар аст, бодиќќат бошед, пайдо шудани шоњзодаи орзуњоятон имкон до-рад. Панљшанбе дар коргоњатон нофањмињо сар зада, метавонад оташи љангу љанљолро алан-га дињад. Дар ин рўзњо аз чашми роњбарият дур гардед, вагарна шунидани суханњои сард асабњоятонро хароб мекунад.

АСАДАСАДАввали њафта зодагони бурљи асад

барои баланд бардоштани сатњи дони-шу малакаи касбиашон бояд кўшиш на-

Page 8: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 8

ЌАНДИНАМањсулоти лозима:

200г орд, 150г шакари кўфта, сафедии 1 тухм, 200г тарошаи кокос, 200г равѓани маска

Тарзи тањия:Аз тухму шакар, равѓани маска ва орд хамир

шўреду бо селофан печонда ба яхдон гузоред. Баъди 1-2 соат аз хамир саќоча сохта дар таро-шаи кокос љўлонеду болои лаълии тафдон, ки ќаблан коѓази пухтупазї тунук карда шудааст, саќочањоро аз якдигар дур-дур чинед ва дар њарорати 180 дараља 10-15 даќиќа пазед.

ОШХОНАИ "ОИЛА"

Масъули сањифа Нодира Раљабова Пешнињодњои худро бо тел: 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.

Мењмони ошхонаи «Оила» ин навбат духтарест, ки љањониёнро ќоил намудааст. Нодира Исоева чемпиони Осиё, љоизадори чемпионати љањон, устоди варзиши Тољикистон ва устоди варзиши дараљаи байналмиллалї оид ба таэк-вон-дои ИТФ мебошад. Њунару мањорати варзишии Нодираро унвонњояш кайњо исбот наму-даанд ва ин љойи бањс надорад. Имрўз Нодирахонро ба он хо-тир ба идораи «Оила» даъват намудем, ки аз мањорати кад-бонугиаш огоњ шавем.

-Аввалан хуш ома-дед ба мењмонии ошхо-наи «Оила»

-Ташаккур! Миннатдо-рам, ки маро ба мењмонии «Оила» даъват намудед.

-Нодирахон, чї сабаб шуду ба варзиш рўй овардед?

-Дар мактаб ман хеле духтараки шўх будам, мис-ли писаракон. Феълу хўйи писарона, ки доштам, му-аллимаам ба модарам гуф-танд, ки маро ба варзиш баранд, то ќувватамро дар онљо сарф намоям. Њамин са-баб шуду модарам маро ба то-лори варзиши таеквон-до ИТФ бурданд. Дар он љо додаракам машќ мекард ва модарам маро ба муррабї Муњаммадљон Тољибоев супориданд. Аз усто-дам миннатдорам, ки маро ба чунин ќуллањо расонданд.

-Ба ѓайр аз мањорати варзишї боз чї њунар до-ред?

-Дар баробари варзишгар буданам донишљўи Донишгоњи славяниам. Дар факултаи сохибкорї тањсил мекунам. Устодонам бо ман барин шо-гирд фахр мекунанд ва њамеша маро дастгирї мекунанд.

-Дар хонаатон кадбону кист?

-Дар хонаи мо кадбону мода-рам њастанд ва чунон хўрокњои бомаза мепазанд, ки бо дида-нашон дањони кас об мекушояд.

-Хўроки дўстдоштаи ањли оилаатон чист?

-Таъомњои миллиро дўст ме-дорем.

-Нодира оиладор аст?-Не, њанўз оиладор нашуда-

ам. -Шавњари ояндаатонро

чї гуна дидан мехоњед?-Маро дўст дорад ва

дастгирї кунад. Асосаш хуш-рафтору хушгуфтор бошад. Дар оила якдигарфањмї бо-шад, ман худамро зани хуш-бахттарини олам мењисобам.

-Росташро гўед, аз ўњдаи омода намудани

хуришњо мебароед?-Албата, мебароям! Чунон

салатњое тайёр мекунам, ки њайрон мешавед!

-Кадом хўришњоро дўст медоред?

-Ман хўришњои бомаза-ро дўст медорам. Бисёртар хўришњои мевагї мехўрам, чун-ки дар таркибашон витаминњои заруриро доранд.

-Шумо, ки ба варзиши таекван-до машѓулед, оё аз зарбу лат танатон осеб

намебинад?-Албата осеб мебинем, бе

ин намешавад. Танамонро об-утоб дода, ба зарбу лат одат мекунонем.

-Дар хона хўрок хўрданро дўст медоред ё дар тараб-хона?

-Ман дар љойи орому осуда хўрок хўрданро дўст медорам.

-Аслан духтарони вар-зишгар барои ба кори хона андармон шудан њавсала надоранд. Нодира њам чу-нин аст?

-Ваќти ман хеле кам бошад њам, фурсат ёфта, ба корњои хона ва пухту паз машѓул ме-шавам

-Варзишгарон аз хўрдани гўшт худдорї мекунанд, шумо чї?

-Гўштхўракам. Ба фикри ман варзишгар бояд гўштро бисёр-тар истеъмол кунад, то љойи зарбу латашро пур намояд. Гўшт ќувваи бисёр медињад.

-Дар арафаи љашни Наврўз дар хонаатон сума-л а к

мепазанд?-Албатта мепазанд.-Мехоњем дар охир барои

хонандагони мо ретсепти сумалаки наврўзиро пешнињод кунед. Сумалак пухта метавонад?

-Метавонам ва тарзи пухта-нашро ба хонандагони «Оила» мегўям.

-Марњамат!-Тарзи тањияи сумалак ин

тавр аст:Иштињои том!

Бањор бо омаданаш на танњо табиат, балки љисми

инсонро њам бедор мекунад, аз ин лињоз бо расидани

аввалин накњати бањорї ба машом

пўсти рўй ба нигоњубини хоса

ниёз пайдо мекунад.

Норасоии витаминњо дар фасли бањор боиси паст-шавии масунияти бадан ва сабабгори мушкилоти пўст мегардад. Дар натиља пўст сурху шахшўл, пур аз рихи-нак ва дигар зуњуроти ногу-вор мегардад. Чї бояд кард, ки бањор бо омаданаш моро ѓамгин насозад?

Љавоб нињоят оддї аст: бо ѓизодињии иловагї, нармкунонї ва нигоњубини дуруст пўстро метавон бо бањор оштї дод.

Шустушўи бањорїНигоњубини рўйро аз

шустушўй оѓоз мекунем. Бењтараш рўятонро на бо оби љумак, балки бо оби љўшида шўед. Таъсири беш-тарро ба пўст шустушў бо гиёњобњо мерасонад –бобу-на, пудина, љаъфарї.

Ба љои шустушў порањои яхро ба рўятон молида ме-тавонед, вале ях набояд оддї, балки аз гиёњобњо тай-ёр шуда бошад. Яке аз ин гиёњњоро дар оби љўшида дам партофта, ним соат нигоњ дореду ба ќолабчањо рехта ба яхдон гузоред.

Ѓизо барои рўйБарои пўсти рўй ѓизои

иловагї муњим аст. Чунин ѓизоро на танњо аз берун, балки аз дарун низ ба пўст расонидан лозим меояд. Њолати пўсти мо аз хўрокњои мехўрдаамон вобастагї до-рад. Барои он ки пўстатон солим бошад, ѓизои аз ми-кроэлементу витаминњо бой-ро истеъмол намоед.

Мева аз косметика бењтар

Барои зебову ботароват гардидани пўст барои хари-дории малњами гаронбањо ба маѓоза шитоб кардан шарт нест. Меваю сабзавот мета-вонанд косметикаи бењтарин гарданд, масалан лумў дар ќатори дигар хусусиятњои муфидаш сўрохињои пўстро мањкаму пўстро сафед ме-созад. Фаќат лимўро ба пўст намолед. Ними банан-ро бо як ќошуќ шир ва 3-4 ќатра шарбати лимў омезед, ниќоби бењтарин мешавад.

Ангур –барои пўсти равѓанин

Ангўр барои пўсти равѓанин мувофиќ аст. Шар-бати ангурро бе ягон илова истифода бурдан мумкин. Ниќоби аз ангури бо пўсти донакаш кўфташуда омада-шуда шуморо мисли малика зебо месозад.

Пўстатон аз њад зиёд

хушк бошад, сарширро бо ягон мева омехта намуда ба рўятон молед.

Поккунии пўстБарои поккунии пўсти

рўй дар фасли бањор ниќобу скрабњои мулоимро исти-фода баред. Аз малњамњои спиртдор даст кашед. Як одати навро љорї намоед –баробари ба хона омадан дарњол рўятон пок созед.

Ниќоби фаллагїЯк ќошуќ фалларо бо як

ќошуќча асал омехта наму-да ба он чанд ќатра лимў андохта ба рўю гарданатон моледу баъди 15 даќиќа шустушў намоед.

Майонезу ќаймоќ молед

Пўсти рўйро майонезу ќаймоќ (сметана) хеле хуб нарм мекунонад ва пўст њамвору нафис мегардад.

Ниќобњои бањорїАввали бањор осори зи-

мистон дар пўст баръало намудор мегардад: ран-ги рўйи парида аз норасо-ии витаминњо, сурхшавию пўстпартої аз њуљайрањои карахтшуда, беобї аз па-сту баландшавии њарорати њаво….

Барои ислоњи ин камбудињо аз ниќобњое, ки пўстро ѓизо мебахшанду ви-тамин медињанд, истифода бояд бурд.

Ниќобњои дар хона омо-дашудаи бањорї консервант надоранд ва ќабл аз њама бояд пўстро ѓизо бахши-да, нарм кунонанд. Инак, ниќобњои моро интихоб ку-нед.

АсалїНиќоби машњуртарин

асалї аст. Тамоми фасли сол ба рўй асал молидан кифоя аст, то ки пўстро шо-добу аз пиршавї эмин гардо-нем. Ниќоби асалии бањорї аз ќисматњои зиёде иборат аст, ки касро якбора аз њама мушкилот халос мекунад.

Як ќошуќ асал, бењтараш асали зерфун (липовый)-ро бо поѓаи љав (овсянные хлопья) омехта, чанд ќатра шарбати лимў ва як ќошуќча равѓани зайтунро ба он илова намоед. Ниќобро 15 даќиќа дар рўю гардан нигоњ дошта, сипас сачоќи тозае-ро дар оби гарм тар карда аз болои ниќоб ба рўятон гузоред. Пас аз бо оби ширгарм шустани ниќоб ба пўст малњами нармкунанда молидан лозим аст. Чунин ниќобро бењтараш ќабл аз хоб њафтае 2-3 бор молед.

ХЎРИШИ «БАЊОР»Мањсулоти лозима:

200г гўшти мурѓ, 150г ананаси очони-

дашуда, 70г панири сахт, 1 калла сирпиёз,

майонез, мурчТарзи тањия:

Гўшти обпази мурѓро чоркунља ё наргисї

реза кунед. Оби ананаси очонидашударо по-

лонда чоркунља реза кунед. Панирро аз турб-

тароши сурохињояш хурд гузаронед. Сирпи-

ёзро реза карда бо майонез омезед. Ба зарф

мурѓи реза, ананас ва панирро гирифта бо

майонезу сирпиёз омезед.

АСРОРИ ЗЕБОЇ

СУМАЛАКИ ЧЕМПИОН

Аввал гандумро наѓзакак шуста дар табаќе гирифта мемонему

ба рўяш докачаеро пўшонда њар рўз об мепошем, то бисабзад.

Гандуми сабзидаро аз гўштќиммакунак мегузаронем ва ширааш-

ро аз дока меполонем. Шираи гандумро орд пошида мекобем. От-

аши дегро мўътадил нигоњ дошта, дегро пайваста кофтан лозим

аст, то мабодо сумалак насўзад. Дар муддати 13-соати кофтан

сумалак наѓзакак мепазад.

СУМАЛАКИ ЧЕМПИОНРО ЧАШИДАН МЕХОЊЕД?

БАЊОР ЗАНРО БЕНУР МЕКУНАД?

омаданаш на танњо табиат,

мекунад, аз ин лињоз бо расидани

аввалин накњати бањорї ба машом

пўсти рўй ба нигоњубини хоса

ниёз пайдо мекунад.

Page 9: Оила шумораи 13

№7 (731) 19.02.2014 МУЊОЉИР 9Хонандагони азиз! Њафтаномаи «Оила» барои муњољирони тољик, ки дар

Русия њастанд ва ањли хонаводањояшон сањифаи наверо бо унвони «Муњољир» боз мекунад. Инак, се номаи пурдардро аз ин силси-

ла пешкашатон месозем. Шумо њам гуфтание ба азизонатон дошта бошед, њатман ба сањифаи «Муњољир»-и «Оила»

нависед. Мо номањои ба пайвандони дар Русия бу-даатон тааллуќдоштаи шуморо дар њафтавори

«Оила-Россия» ва розу ниёзи љигарбандони дар Руссия будаатонро дар њар шумораи «Оила»

нашр намуда, миёни шумоён робитаи назди-кро тариќи газета барќарор менамоем. Ин-тизори номањои шумоём! Телефонњо барои маълумоти муфассал:

238-53-35 ва 985-81-89-81

Русия њастанд ва ањли хонаводањояшон сањифаи наверо бо унвони «Муњољир» боз мекунад. Инак, се номаи пурдардро аз ин силси-

ла пешкашатон месозем. Шумо њам гуфтание ба азизонатон дошта бошед, њатман ба сањифаи «Муњољир»-и «Оила»

нависед. Мо номањои ба пайвандони дар Русия бу-даатон тааллуќдоштаи шуморо дар њафтавори

«Оила-Россия» ва розу ниёзи љигарбандони дар Руссия будаатонро дар њар шумораи «Оила»

нашр намуда, миёни шумоён робитаи назди-кро тариќи газета барќарор менамоем. Ин-тизори номањои шумоём! Телефонњо барои маълумоти муфассал:

Масъул: Рустам

Зиндагии хушбахтона доштам,

то ваќте ки шавњарам вафот кард.

Бадбахтї паси бадбахтї ба са-

рамон омад пас аз марги пада-

ри хонадон. Аз бепулї њатто нон

харида наметавонистем. Њар рўз

аз њамсояњо нон металбидам ва

медонистам, ки дар ѓайбам маро

«беваи гадо» мегўянд. Пули мак-

таби писаронамро дода натавони-

ста маљбур шудам, ки бечорањоро

аз хондан мањрум намоям.

Рўз то рўз њоламон

зортар мешуд.

Маљбур шудам, ки

тилловорињоямро

ф у р ў ш а м у бачањоямро ба хонаи кўдакон супурда Русия мардикорї ра-вам. Гиряи зори фарзандонамро

дида, дилам пора-

пора мешуд, аммо

ба љуз сафар илољи

дигар надоштам. Муњољир

шуда Русия омадаму дар хо-

наи як бойи рус хизматгор шу-

дам. Пули хуб медод. Ду сол кор

карда ба Тољикистон баргаштам.

Писаронам маро дида аз шодї

дар куртаашон намеѓунљиданд.

Онњоро бўсаборон карда ба хона

овардам. Рўзи дигар пайвандо-

намро хабар гирифтам. Хоњарам

пешнињод кард, ки маѓоза сохта

дар он љо кор кунам. Фикраш ба

ман маъќул шуд ва дар мањаллаи

Айнї маѓоза харидам. Корам

омад кард, маѓозаи хўроквории

мо ягон лањза бе одам

намемонд. Аз пули

савдогарї зин-дагиамро обод

намудаму пи-с а р о н а м р о ба мактаб мондам. Ди-гар њељ кас моро гадо н а м е г ў я д . Рањмат ба

Русияву халќи рус, ки маро аз

гадої наљот дода,

дубора шоњ кард!

Рањматова Г.

Рўзи дигар

пайвандонамро хабар гирифтам.

Хоњарам пешнињод кард, ки маѓоза сохта дар он љо кор кунам. Фикраш ба ман маъќул шуд ва дар мањаллаи Айнї маѓоза харидам.

Оилаи мо камбаѓал буд ва модарам

њамеша орзу мекарданд, ки ба ягон

давлати хориљї рафта, пули бисёр кор

карда биёянду мисли дигарон одам ба-

рин зиндагї кунем. Азбаски модарам ин

орзуяшонро љомаи амал пўшонда ната-

вонистанд, ман ањд кардам, ки мехонаму

муроди дили модарамро њосил мекунам.

Аъло хонда бе кўмаки ягон кас донишљў

шудам ва донишгоњро низ бо дипломи

сурх хатм кардам. Забони арабиро, ки

хуб медонистам, бахтам хандиду бо во-

ситаи интернет дар як кишвари Араб кор

ёфтам. Модарам маро бо гиряву нола

гусел карданд. Дар Арабистон дар њавз

наљотдињанда шуда кор кардам. Рўзе як

мард дар об ѓарќ шуд ва ман љонамро

дар хатар гузошта ўро бо азобњои

алим аз марг наљот додам. Бењуш буд

марди ѓарќшуда ва чун ба худ омад,

шукри оллоњ гуфта, миннатдорї наму-

ду худашро шиносонд. Писари яке аз

шайхњои номдори араб будааст, номаш

Абдулхайр. Барои љонашро наљот дода-

нам ба ман пули калон дод. Ман, ки дар

умрам ин ќадар пулро надида будам,

ќариб бењуш мешудам. Аз хурсандї

дар куртаам намеѓунљидам. Абдулхайр

раќами телефонашро ба ман дод ва

хоњиш кард, ки минбаъд њардуямон дўст

шавем. Таклифашро ќабул кардам. Пул-

ро ба модарам фиристода њамаашро

наќл кардам. Модарам хурсанд шуда,

дуои љони он љавони олињимматро на-

муданд.

Њамин тавр ману Абдулхайр

дўст шуда мондем. Ў маро ба

тарабхонањо мебурд, пул медод,

хуллас, њаматарафа дастгирї ме-

кард. Рўзе љониби масљид равон

будем, ки аз пешамон се љавон

баромаданд. Якеаш ќасдан Абдул-

хайрро бо китфаш зад ва гапњои

ќабењ гуфта гузашт. Абдулхайр ба

ѓазаб омада бо мушт ба сараш чу-

нон фаровард, ки ба замин яксон

шуд. Рафиќонаш корд баровар-

да Абдулхайрро заданї шуданд.

Љонњавл худамро пешаш сипар

намудам. Корд ба шиками ман

расид ва пеши чашмонам торики-

стон шуд. Ваќте ки чашмонамро

кушодам, аллакай дар беморхона

будам. Дар болои сарам Абдул-

хайр ва боз як марди ношинос ни-

шаста буданд. Абдулхайр чун дид,

ки ман ба њуш омадам, сарамро сила

кард ва марди њамроњаш бударо шино-

сонд. Падараш Абдулло ул Малик бу-

дааст. Шайх ба ман миннатдорї баён

кард, ки ду бор писарашро аз марги

яќин наљот додам ва баромада рафт.

Њамин тавр то аз беморхона ба-

ромаданам онњо парасторам буданд.

Бароям хўрокњои бењтаринро меовар-

данд. Ваќте ки аз беморхона барома-

дам Абдулхайр гуфт, ки падараш ба

ман тўњфа карданист. Њардуямон поён

фаромадем. Падараш табассумкунон

маро истиќбол гирифта ба дастам ка-

лиди мошин дод. Њайрон шудам. Шайх

бо даст сўйи мошини BMW ишора на-

муд. Фањмидам, ки сюрпризи гуфтаа-

шон њамин аст. Ба мошин нишастам.

Дар курсии пеш љомадони кушодае

буд. Дарунаш пур аз доллар. Аз мо-

шин фаромада ба шайх гуфтам, ки

пулњояшро фаромўш кардааст. Даст

афшонда гуфт, ки њар чї дар мошин

њаст, моли туст ва пурсид, ки оё маъ-

лумот дорам. Гуфтам, ки дар ватанам

донишгоњро бо дипломи сурх хатм кар-

да будам. Шайх маро ба коргоњаш ба

кор гирифт. Имрўз њазорон бор худоро

шукр мегўям, ки ба мулки ѓурбат оварда

бо чунин одамони саховатманд ошно

намуд.Суњайлї аз АМА

САЃЕРААМ ГУФТА, АЗ ЗИНДАГЇ

НАНОЛЕД Ман дар шањри Душанбе зиндагї мекунам. Модарам њанўз замони 8- сола буданам вафот кар-

данду ман дар тарбияи холаам ба воя расидам. Падарамро ёд надорам, модари рањматиам мегуфтанд, ки падарат моро партофта рафт. Мењрубонињои холаам хушам меояд, вале ягон навозиш ба навозиши модар баробар шуда наметавонад. Дасти модар, бўйи модар, навозишњои модар дигар аст. Дўстонамро њамроњи модарашон бубинам, оњ кашида худ ба худ мегўям, ки кошки ба љойи вай мебудам ва ягон

љойи хилват ёфта бо гиря диламро холї мекунам. Аксњои зебои модарамро гирифта гоњо аз шаб то сањар ба ин суратњои безабон арзи дил мекунам. Маќсади ба «Оила» нома навиштанам он аст,

ки бачањо барои пул шуда волидонашон, хоса модарро партофта Русия нараванд. Пулу моли дунё чирки даст аст ва ёфт мешавад, вале модарон ѓаниматанд, љўрањо!

Бо эњтиром: Њабибуллоев Ф.

МИЛЛИОНЕРРО АЗ МАРГ НАЉОТ ДОДАМУ…. БЕВАИ ГАДО БУДАМ,

ШОЊ ШУДАМ

Page 10: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 10 ЧОРСЎИ ЗИНДАГЇ

Шоњин ба Оксана гуфта буд, ки вай њоло расман зан дорад ва то замоне, ки розигии модарашро нагираду аз занаш људо нашавад, бо каси дигар хонадор намешавад. Оксана аз ин суханони Шоњин андаке ранљид, вале падараш тарафи ўро гирифта гуфт, ки дар ин масъала њаќ ба љониби Шоњин аст…

Вай аз љояш хеста назди духтар омад ва бо ду даст китфони ўро ба оѓуш гирифта, бо њарорат пурсид:-Оксана, ту дар њаќиќат маро дўст медорї?-Не, ман њамту бо ту бозї карда истодаам. Мисли духтарчањои лўхтакбоз… Шоњин, ки интизори чунин љавоб набуд, як ќад парид ва дастонашро аз китфи Оксана гирифта, бо чашмони њайратзада ба ў нигарист. -Бале, ман танњо аз рўи эркагї,эркагии духтари миллионер бо ту як бозї кардам-дия! Магар намебинї, ман заррае ба ту мењр надорам. Ту куљою як духтари зебо ва хушќаду ќомат, ба болои њамаи ин, соњиби пулу моли зиёд куљо...

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузашта.)

Шоњин бо табъи хира ба ронанда-аш фармуд, ки ўро ба корхона барад. Љавони малламўй Володя, ки љисман андаке хурд бошад њам, дасту бозу-вони серрагу пай дошт, баъди аз љояш рондани мошин ба оинаи ќафо нигари-ста ба Шоњин гуфт:

-Аз пасамон як мошини сиёњшиша омада истодааст. Шояд моро пайгирї мекунад…

-Медонам, онњо дар назди тарабхона њам буданд,-андаке лоќайдона љавоб дод Шоњин,-Бигзор пайгирї кунанд, мо ягон чизи пинњонї надорем…

Дар муддати ин чанд моње, ки Шоњин яке аз ширкатњои Валентин Михайловичро сарварї мекард, алла-кай бо рафтору кирдор ва муносибати байнињамдигарии тољирону соњибкорон ошної пайдо карда буд ва медонист, ки байни онњо баъзан раќобати носо-лим њам пайдо мешавад. Худо накарда ба фаъолияти раќибон гурўњњои љиної њамроњ бошанд, баъзан кор то ба куш-тору љангњои байнињамдигарї, ки «раз-борка» мегўянд, мерасад. Шоњин медо-нист, ки хадамоти бехатарии Валентин Михайлович хуб кор мекунад ва на њар кас љуръати бо кормандонаш рў ба рў шуданро мекунад, аммо сўњбати имрўз бо он зани ношинос доштааш сахт дили ўро хиљил карда буд. Ин одамон аз вай ва Оксана чї мехоста бошанд?

Мехоњанд, ки ширкатњои падари Окса-на садди роњи тиљорат ва ё кори онњо нашаванд? Ин чиз њанўз маълум на-буд ва ин номуайянї Шоњинро асабонї мекард. …

***Шоњин ба њуљраи кориаш даромада,

хастањолона худро болои роњаткурсї партофт. Азбаски рўз беваќт шуда буд, аллакай њама коргарон ва њатто ко-тибааш Светлана њам ба хона раф-та, дигар дар офис ба ќавле пашша пар намезад. Шоњин худаш чой дам кард ва чойнаку пиёларо сари мизи худ овард. Чойи кабудро ба пиёла рехта вай сарашро байни дастонаш нињода ба андеша рафт. Ин дам садои занги телефон баланд шуд. Аз гўшак садои шўхиомези Оксана баланд гашт:

-Рафиќ сардор, барои пешрафти ширкат шабона њам кор мекунед?

-Як љо рафта омадам, андак дер шуд. Пас аз ягон соат расида мера-вам.

-Не, бењтараш ман ба назди ту ме-равам, њамон љо интизор бош!

***Аз ваќте, ки падари Оксана ўро

сардори яке аз ширкатњояш таъйин кард, Шоњин хонаи худро дошт ва бо исрори Оксана он манзил дар назди-кии ќароргоњи арўсаш буд. Онњо ал-лакай њамчун зану шавњар муносибат дошта бошанд њам, якљоя зиндагї на-мекарданд. Ният доштанд, ки тоби-

стон модари Шоњинро њам ба ин љо оварда,

бо розигии ў ба таври

расмї тўйи арўсиашонро мегузаро-нанд. Шоњин ба Оксана гуфта буд, ки вай њоло расман зан дорад ва то за-моне, ки розигии модарашро нагира-ду аз занаш људо нашавад, бо каси ди-гар хонадор намешавад. Оксана аз ин суханони Шоњин андаке ранљид, вале падараш тарафи ўро гирифта гуфт, ки дар ин масъала њаќ ба љониби Шоњин аст…

Пас аз ним соати сўњбати телефо-нии Шоњину Оксана садои мошин дар сањни коргоњ ба гўш расид ва андаке нагузашта овози љарангосии Оксана баланд шуд:

-Аљоиб, посбон маро нашинохта ќариб буд, ки ба назди ту намонад. Магар худи ман њуљљати зинда не-стам?

-Ин айби вай нест, ба ў сардори хадамоти бехатарї таъкид кардааст, ки дар ваќти ѓайрикорї њар касро даромадан намонад. Ба ѓайр аз ин, посбон коргари нав аст ва њанўз туро намешиносад,- аз номи коргараш гўё узр пеш овард Шоњин.

Оксана ба њуљра ворид шуда, аз паси миз гузашту Шоњинро бўсид ва бозпас баргашта, дар роњаткурсии рў ба рўи ў нишаст:

-Хўш, бигў, ки куљо рафта будї?-Магар ман роњбари як корхона

шуда бе иљозати ту ба ягон љо рафта наметавонам?-нимшўхї пурсид Шоњин.

-Албатта метавонї, вале ман на њамчун духтари сардори ширкатњо, балки њамчун шахсе, ки туро дўст ме-дорад, пурсида истодаам.

-Ту њанўз ба таври расмї зани ман нашуда, аллакай ба истинтоќ сар кардї, занам шавї, чї кор мекунам,-боз шўхї карданї шуд Шоњин.

-Он гоњ танњо бо иљозати ман нафас мекашї,-паст наомад Оксана,-Албатта ин шўхї аст, аммо рости гап ман андак хавотирам. Намедонам чаро, вале ду се рўз боз дилам аз сар задани ягон њодисаи нохуш гувоњї медињад.

-Бо ман чї шуданаш мумкин? Ягон духтар медуздад? Натарс, ин осиёгие-ро, ки ту дўст доштаї дар ин љо дигарон ба сарашон њам намезанад. Равшану

Љамшуд ба кї даркор? –бо андаке ки-ноя гуфт Шоњин.

-Аввалаш ин, ки ман њаргиз туро бо Равшану Љамшуде, ки дар ин љо чанд бењунару бадгуњар бофта бароварда-анд, баробар намекунам. Дигараш ин, ки ту дигар худро на дар назли худињо ва на дар назди бегонањо паст назан. Ин ќањри маро меорад!

-Хайр, ин тавр, ки бошад, ба ту иќрор мешавам. Ман барои бастани як шар-тномаи на он ќадар фоиданок ба як љо рафта будам…

-Шартњояшон маъќул нашуд? -Бале,-дар чењраи Шоњин аз ин дурўѓ

андаке сурхї дамид, вале ин таѓйирот аз назари Оксана пинњон монд….

-Хайр, њељ гап не, садњо каси дигар мехоњад бо корхонаи ту шартнома бан-дад. Барои ин зиќ шудан шарт нест,-Оксана гумон кард, ки кайфияти Шоњин шояд аз њисоби ана њамин гуфтушу-ниди ноком андак парида аст. Шоњин намехост ба духтар дар бораи вохўрии ѓайриоддиаш бо он зан дар тарабхо-на њарфе гўяд «Бигзор инро надонад, шояд ин тањдидњо танњо як тарсонида-ни оддї бошанд» меандешид Шоњин.

Барои он, ки Оксана дигар дар ин бора савол надињад, вай аз љояш хеста назди духтар омад ва бо ду даст китфони ўро ба оѓуш гирифта, бо њарорат пурсид:

-Оксана, ту дар њаќиќат маро дўст медорї?

-Не, ман њамту бо ту бозї карда исто-даам. Мисли духтарчањои лўхтакбоз…

Шоњин, ки интизори чунин љавоб на-буд, як ќад парид ва дастонашро аз китфи Оксана гирифта, бо чашмони њайратзада ба ў нигарист.

-Бале, ман танњо аз рўи эркагї,эркагии духтари миллионер бо ту як бозї кар-дам-дия! Магар намебинї, ман заррае ба ту мењр надорам. Ту куљою як дух-тари зебо ва хушќаду ќомат, ба болои њамаи ин, соњиби пулу моли зиёд куљо!

Шоњинро гўё барќ зад ва дузонў дар рў ба рўи Оксана ба замин афтод…

(Давом дорад) А.ЊОЉЇ

ИШЌИ ТИЛЛОИИ МУЊОЉИРИ ТОЉИК

Дар шумораи навбатї:

ЌАЛАНДАРИ МЎЪЉИЗАКОРЉавонзани шањрї намехост кўдакашро ин марди љандапўш ба баѓал би-

гирад, вале шавњараш њар дам ишора мекард, ки бачаро ба бобои Ќаландар дињад. Саида кўдак дар баѓал ќафотар рафта, сипас љониби шавњараш дод зад:

-Ин љандапўш чиро мефањмад?! Ба ману писарам кўмаки ин гадо лозим нест, гўй, ки тезтар баромада равад! Тоќатам тоќ шуд охир…

Бобои Ќаландар гўё кар бошад, ба ин суханони нешдори љавонзан ањамият надода ба кўдак наздик шуд ва пичиррос зад:

-Шери бобош, ба ту чї шуд? Чирроси кўдак баландтар шуд ва Ќаландар ба муќобилияти Саида ањамият

надода, бачаро аз дасташ гирифту сарозер ба каљкулаш андохт. -Њой мардак, ин мўйсафеди девона кўдакамонро мекушад,-фиѓон кашид

Саида ва аз гиребони шавњараш дошта талаб кард, ки Ќаландарро аз хона ронад. Љавон гиребонашро аз дасти њамсараш бо азобе рањо карда, торсакии обдоре ба рўяш фаровард ва амр кард, ки зуд дамашро гирад. Кўдак бароба-ри ба каљкул афтодан ором шуд. Дигар садояш намебаромад. Љон аз дасту пойи Саида баромад.

-Дами кўдак ба дарун афтода мурд. Ин мўйсафеди ифлосак бачањаки маро кушт,-гуфта рўю мўяшро меканд љавонзан, вале њамин дам аз даруни каљкўл овози…

Мехоњед донед, ки баъд чї шуд?Пас, шумораи навбатии

«Оила»-ро љўед, ёбед, хонед!!!

Page 11: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 11ЗИНДАГЇ

Онњо њама дар атрофи модару падар замин гирифта рўзгорашонро људо карданд, вале субњ бо дуои модар ба кор мерафтанду бегоњ аввал модарро хабар гирифта, баъд ба хонањои худашон медаромаданд. Келинњо хусуру хушдомани мењрубонашонро дўст медоштанду њар бегоњ барояшон хурдании лазизе мефиристоданд. Мардум ба аќлу фаросати фарзандони Сарахони ронанда офарин мегуфтанд...

Бахти ятимча Аљали берањм Сарахонро

њангоми хеле хурд буданаш аз волидайнаш људо намуд ва ўву апаи ятимашро амакаш ба воя расонд. Зиндагї дар хонаи амак барои онњо вазнин бошад њам тоќат мекарданд, зеро ѓайри ин марди зихнаи зуќоќ ва янгаи љоњили берањмашон хешованди наздике надоштанд. Апаашро дар чордањсолагияш ба марди пире ба шавњар доданд, то аз як нонхўри зиёдатї халос шаванд. Харидорони Гулљамоли ноза-нин бисёр бошанд њам, амакаш хотири бою бадавлат буданаш Бўрии бефарзандро интихоб на-муд ва барои додарзодааш аз ў ќалини бисёре гирифт.

Мўйсафеди рањмдил Падару модари Бўрї њамагї

як писар доштанду ўро аёми хеле љавон буданаш хонадор карданд, аммо келинашон ор-зуяшонро шикаста натавонист, яъне барояшон набера тавал-луд накард. Пиру кампир орзуи худро ба хоки сияњ бурданду пас аз понздањ соли заношўї Бўрї аз зани аввалаш људо шуда, Гулљамолро ба занї ги-рифт. Гулљамоли нозанин Бўрии пирро он ќадар дўст надорад

њам, ба хотири мењрубонињояш ўро њурмату эњтиром мекард. Ба бахти ятимчањо Бурї марди ѓамхору мењрубон баромад, чун аз забони Гулљамол азобњои до-даракашро дар хонаи амакаш шунид, дарњол ба назди амаки мўйсафеди занаш рафта гуфт:

-Таѓо, ман дењќонам ва шабу рўз дар сари замин, агар розї бошед, Сарахонро бо худ ги-рем, то дар набудани ман апа-ашро њамроњї кунад. Мўйсафед дарњол розї шуд, аммо занаш њељ намехост хизматгорашро љавоб дињад. Сарахон назди апаам меравам гўён ба доду вой ва арбадаи янгаи золимаш нигоњ накарда, њамроњи язнааш рафт.

ЯтимпарварБо омадани додараки

мењнатрўзияш дар чењраи Гулљамол табассум гул карда, акнун гирди сари шавњари ху-баш парвона буд. Хурсандии зани љавонашро дида Бўрї ба Сарахон бештар мењрубонї мекард. Гулљамол гоњо аз шавњараш хоњиш мекард, ки Сарахонро низ њамроњаш сари замин барад, вале мард бо дилсўзї мегуфт: «Мон бачаи бечора аз хобу бозї сер кунад,

сари замин гурехта намеравад!»Сарахон аз мењрубонии

язнааш суистифода накарда ваќташро бештар бо корњои хона мегузаронд, ба замини наздињавлигию гову моли апа-аш нигоњ мекард ва нигоњи ќаноатманди язнаашро дида, хурсанд мешуд.

ХушќадамТобистони гарму нарм ба

охир расиду тирамоњи зарнисор омад. Пас аз ѓунучини њосили боѓоту замин мардум Бўриро сардори бригадаи пахтакорї интихоб карданд, ки он ваќт ва-зифаи баланд њисоб мешуд, бар замми ин Гулљамол њомиладор шуд. Хурсандии марди пирро њаду канор набуд, њамаи инро натиљаи мењрубонињояш ба Са-рахони ятим дониста бештар сари саѓераро сила мекардагї шуд. Барояш бењтарин сару либоси мактабиро харида дод. Акнун писарак бо ифтихор ба мактаб мерафт ва аз либосњои чиркину даридааш шарм наме-дошт. Њамон сол Гулљамол ду писари дугоник таваллуд карда сари Бўриро ба осмон расонд. Сарахон акнун серкор шуда буд ва ба апаи азизаш дар корњои хона ёрї мерасонд.

Гузашти умрСолњо турнасон аз осмони

умри инсонњо мегузаштанду Са-рахон низ ќад ёзонда ба љавони болобаланди зебое табдил ме-ёфт. Мактабро хатм карда бо ёрии язнааш ба омўзишгоњи ронандагї дихил шуд ва баъ-ди њуљљат гирифтан дар колхоз ронанда шуд. Хизмати њарбиро низ бо сари баланд адо кар-да баргашт. Язнааш баъди аз хизмат баргаштани Сарахон дар совхози навбунёде баро-яш хона гирифта дод ва апааш Гулљамол аз пайи келинкобї шуд.

ГурдофаридМушкили Гулљамолро худи

худованд осон намуду ба хонаи

њ а м с о я а ш духтартаѓояш мењмон шуд. Дух-тараки ќоматбаланди ба китфу бозу дарњол ба Гулљамол пи-санд афтод ва Бўриро хостгорї фиристод. Волидони духтар та-клифи онњоро хуш пазируфтанд ва аз байн як моњ нагузашта Бўрї тўйи бошукўње карда, ке-линашро фаровард. Сарахон њамсарашро дар зери чодари арўсї дида шўхиомез ба апааш гуфт:

-Апаљон, ин Гурдофаридро аз куљо ёфтї?

Гулљамол ба шўхии Сарахон ба шўхї љавоб дод:

-Ризќи саѓираро Худо худаш мерасонидааст…

Ќаду ќомат, дасту бозу ва нерўи пањлавониро аз па-дари гўштингираш мерос ги-рифта Сољида дар њаќиќат ба пањлавондухтари афсонавї мо-нанд буд. Чил рўзи дар хонаи хоњаршўяш будан арўсак тамо-ми кору бори рўзгори ўро аз тањти дил ба субут мерасонд. Гулљамолу шавњараш пас аз баромадани чиллаи арўсиашон навхонадоронро ба хонаи бах-ташон гусел намуданд.

Зиндагии мустаќилона

Баробари ба хонаи нав ќадам нињодан Сољида ба бу-нёди боѓу роѓ оѓоз намуд. Ке-линчак баробари шавњараш ва њатто аз вай зиёдтар мењнат ме-намуд. Атрофиён ба зиндагии ширини ин ду љавони навхона бо њавас менигаристанд. Њурмату эњтироми зани Сарахонро ба апаи шавњараш дида занњо ба Гулљамол њасад мебурданд, чунки баъзан рўзњои дароз Сољида дар хонаи хоњаршўяш бо хизмати ў банд мешуд.

Нахли умедПас аз як соли хонадорї

Сољида барои шавњараш пањлавонписаре ба дунё овард. Њамон сол дар совхоз боѓчаи бачагона кушода шуд, ки тиф-лакони занони совхозро фаро мегирифт. Аксари занон ба пахтакорї мерафтанду тифла-конашонро дар боѓча мемон-данд ва як бор-ду бор хабар гирифта мерафтанд. Сољида дар боѓчаи бачањо ба њайси доя ба кор даромада дар ќатори пи-сараки худаш бачањои мардум-ро парвариш менамуд. Занњо аз кори Сољида розї буданду њамеша дар назди масъулин ўро таърифу тавсиф мена-муданд. Сарахон аз њамсари оќилаю мењнатдўсташ ифтихор мекард, ин бонуи чусту чолок ба кору бори зиёдаш нигоњ накар-да, хизмати шавњарро аз тањти дил иљро менамуду њамеша ба-рояш дастурхони пурнозу неъ-мат меорост. Дили мард баъ-зан барои занаш месўхт, охир Сољида субњи солењон аз хоб

бархоста дер сар ба болин ме-монд ва ба ин нигоњ накарда, њамеша табъаш болида буд.

Баракати зиндагїТўли зиндагии оилавї Са-

рахону Сољида соњиби дањ фарзанд, њашт писару ду дух-тараки мисли модарашон пањлавонсурат гаштанд. Падар бештар пайи кору бор, берун аз дар буду фарзандонро модар тарбият мекард. Писаронаш як-як ба воя расида соњиби касбу кори дилхоњ мегаштанд. Писа-ри калонї муњосиб, чор нафари аз ў хурдтар корманди савдо, панљуму шашум муаллим бу-данд. Духтарон дар љое тањсил накарда бошанд њам аз тамоми њунарњои занона бархурдор бу-данду аз рўи хулќу атвори ху-башон дар њамсоягии волидон ба шавњар баромаданд. Сољида аз оилањои хоксору маданї ке-лин гирифта оњиста –оњиста хонаи фарзандонашро људо кард. Онњо њама дар атрофи модару падар замин гирифта рўзгорашонро људо карданд, вале субњ бо дуои модар ба кор мерафтанду бегоњ аввал модарро хабар гирифта, баъд ба хонањои худашон медаро-маданд. Келинњо хусуру хушдо-мани мењрубонашонро дўст ме-доштанду њар бегоњ барояшон хурдании лазизе мефиристо-данд. Мардум ба аќлу фаросати фарзандони Сарахони ронанда офарин мегуфтанд.

Гардиши айём Писари кенљагї Љовид бо

волидон мезист. Мактаби миё-наро Љовид замоне хатм кард, ки љангњои шањрвандї мерафт, аз ин сабаб ба ягон мактаби олї надаромада, то хомўш шу-дани оташи љанг њамроњи ба-родаронаш ба Туркманистон ва аз он љо ба Русия рафт. Хо-лаи Сољида ба хотири писара-кони рањдураш он ќадар ѓусса мехўрду ашк мерехт, ки оќибат аз ѓам ба бемории фишори хун гирифтор гашт. Дили модар дар фироќи фарзандон косаи хун буд ва шояд Худованд оњи дили Холаи Сољида барин модарон-ро шунид, ки дар кишвар сулњу осоиштагї тантана карду авва-лин муждаи писарони рањдур низ расид. Писарони Сољида ба дасти шиносон барои пайвандо-нашон пул фиристоданд, баъ-тар худашон низ расида ома-данду њар яке домани касберо гирифта пайи зиндагї шуданд. Танњо писарони муаллимаш додари кенљаашонро гирифта бањору тобистон ба мулки рус мардикорї мерафтанд.

Ѓами навХотири холаи Сољидаву

шавњараш чун хотири мардуми тољик каме осуда гашта ќарор доданд, ки Љовидро хонадор ме-кунанд, вале мо дар чї хаёле-му фалак дар чї хаёл гуфтагї барин, бародарон ин даъфа бе Љовид омаданд. Модар аз ин фоли бад гирифта аз гиребони яке аз писаронаш гирифта гуфт:

-Рост бигў, бачама куљо кардї?!

-Очаљон, Љовид баъдтар меояд,-нигоњашро аз модар гу-резонда љавоб дод љавон.

Гиряву дарду сўзи модарро дида, оќибат бародарон иќрор шуданд, ки Љовид њамроњи рафиќонаш ба фурўши маводи мухаддир даст доштаасту ўро ба мўњлати 15- сол зиндонї кар-данд. Аз чашмони модар хун меборид, акнун шабу рўз сар аз болин намебардошт ва њамеша «Худољон, њоли писаракам дар он мамлакати сард, дар зиндон, миёни ќавми бегона чї меша-вад?» гўён нолањои зор мекард.

(Давом дорад)Дилошўб

ЌОТИЛИ МОДАР

Модар аз ин фоли бад гирифта аз гиребони яке аз писаронаш гирифта гуфт:-Рост бигў, бачама куљо кардї?! -Очаљон, Љовид баъдтар меояд,-нигоњашро аз модар гурезонда љавоб дод љавон.

Гиряву дарду сўзи модарро дида, оќибат бародарон иќрор шуданд, ки Љовид њамроњи рафиќонаш ба фурўши маводи мухаддир даст доштаасту ўро ба мўњлати 15- сол

зиндонї карданд...

Page 12: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 12

Табассум дар лабо-ни мењмонону мизбонон њувайдо њамагї интизори оѓози мањфили пуршукўњ бу-данд. Нињоят мусиќии фора-му љаззобе дар фазои толор танин андохт ва гулдухтарони хушхиром дар њавои ин на-вои дилошўб амсоли каб-кони дарї ба раќс омаданд. Пас аз раќси зебои дастаи «Љањоноро» ровиёни барнома аз оѓози мањфили њунарї паём дода, таъкид намуданд, ки идораи њафтаномаи «Оила» бо маќсади сањм гузоштан дар рушди њунару фарњанги мил-лат њанўз моњи сентябри соли 2013 озмуни љумњуриявии «Садои дил»-ро байни саро-яндагони љавон эълон наму-да буд. Озмун дар се давра сурат гирифт. Даври аввал танњо пешбарии номзадњо буд ва хонандагони сершумори њафтавор аз миёни њазорон сарояндагон танњо 100 на-фарро лоиќи иштирок дар ин набарди њунарї донистанд. Озмуни љумњуриявии «Садои дил» дар се бахш сурат ги-рифт: «Таронањои эстрадї», «РЭП» ва «Таронањои халќию эстрадї». Аз миёни 100 на-фар довталабон танњо 20 на-фар тавонистанд аз имтињони мухлисон гузашта сазовори љоизаи махсуси њафтанома ва дипломи ифтихории Ва-зорати фарњанги Тољикистон гаштанд. Боиси ифтихор аст, ки дар миёни ин баргузидагон њунармандони шўњратёр Но-зия ва Муњаммадрафии Каро-матулло, Баха-84, Наимљони Сайдалї Нигора ва Суруш Холовњо буданд. Сароянда-гони љавон, вале умедбахш Ситора Азимї, Гулнози Толиб, Фариштаи Фурайдон, Љањонгир Зарипов, Умеди Раљабзод, Њайдари Мањмад, Зубайдулло Холов, Алишери Сайфиддин, Алишери Ибодулло, Муниси Иброњим, Шамсиддини Азиз, Ховар Муродов, Ромизи Пар-виз, Акмал Љумаев низ таво-нистанд ба боварии мухлисон сазовор гарданд.

Ба табрики барандаго-

ни љоизањои «Садои дил» шахсиятњои шинохтаи њунару фарњанги мамлакат, аз љумла муовини вазири фарњанги љумњурї Одинаева Бунаф-ша Фаттоевна, директори телевизиони «Сафина» Лут-фулло Давлатов, дирек-тори агентии иттилоотии «Ховар» Садриддини Шам-сиддин, Њунармандони мар-думии Тољикистон Хосияти Зарафшонї, Хурсандмурод Зарипов, Чиллахон Холов, Исматулло Холов, Афзалшоњ Шодиев омаданд. Озмунро бо сухани муќаддимавї муови-ни вазири фарњанг Бунафша Одинаева ва директори гене-ралии ЉДММ «Оила» Шари-

фи Њамдампур оѓоз карданд. Бунафша Фаттоевна аз љумла ќайд карданд:

-Имрўз Њукумат ва давлати Тољикистон њамаљониба ањли санъат ва эљодро дастгирї менамоянд ва гузаронида-ни чунин чорабинї аз тара-фи њафтаномаи «Оила» бо-иси ифтихор аст. Љавонони мо бояд бештар ба мусиќии асил дил банданд ва завќи худро тарбият намоянд, зеро навоњои тарабангези мусиќии асили тољикї мањсули хиради бузурги ниёгони мост. Беса-баб нест, ки мусиќии асили тољикї аз забон ба забону аз дил ба дил роњ ёфта, ќарнњоро убур намуда, то ба имрўз ома-да расидааст. Њар як санъат-кори љавон бояд андеша кунад, ки чаро ин асарњои безаволи санъат њељ гоњ кўњна намеша-ванд. Ба он хотир кўњна наме-шаванд, ки бори маънї мека-шанд ва ормонињои миллатро инъикос карда тавонистаанд.

Мањфил бисёр пуршукўњ гу-зашта њунармандон њар кадом бењтар аз якдигар баромад мекарданд ва ин аз он гувоњї медод, ки кулли иштирокчиё-ни озмун бо тайёрии пухта ва дили саршори мењр омадаанд. Ањли толор њунарнамоии та-моми баргузидагони озмуни љумњуриявии «Садои дил»-

«САДОИ ДИЛ»-ИНЌИЛОБИРўзи 30 март толори Филармонияи

Давлатии Тољикистон ба номи Акашариф Љўраев пуродам буд. Аксарият дар даст гулу гулдастањои зебо доштанд ва бо њавас ба толори амсоли бањор садрангу пурљилову дилрабо, ки мањсули тахаюли рангини яке аз бењтарин коргардонњои Тољикистон Рустам Шоазимов буд, менигаристанд.

Page 13: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 13

ро бо кафкўбињои бардавом истиќбол гирифтанд.

Њунарманди марду-мии Тољикистон Хосия-ти Зарафшонї њангоми љоизасупорї ќайд намуд:

-Њафтаномаи «Оила» бањри дастгирии санъаткорони љавон ва шинос кардани чењрањои нави санъат ба мардум солњои зиёдест, ки камари њиммат ба-стааст. Касе мисли «Оила» ба санъаткорон дар тарѓибу ташвиќи њунарашон хизмат на-мекунад. Дар чунин сатњи ба-ланд гузаронидани мањфили љамъбастии озмуни «Садои дил» далели тозаи ѓамхори ањли њунар будани «Оила» мебошад. Бигзор љавонони мо ба ќадри дастгирї расида минбаъд мусиќии волоро боз њам бештар ќадр намоянд ва танбўру дутор, ѓижжаку думбу-ра, доираву рўбоби тољикиро њам фаромўш накунанд.

Иштирокчиёни озмун љоизањоро аз дасти чењрањои машњури фарњангу њунари мамлакат гирифта, мурѓи илњомашон парвози тоза ме-гирифт. Ќарсакњои пурмављи мухлисон ба санъаткорон нерўи дигар мебахшид ва сањнаро тарабобод менаму-данд.

Директори телевизиони

«Сафина» Лутфулло Давлатов њангоми љоизасупорї аз љумла ќайд намуд:

-Дар чунин рўзњое, ки мардуми тамоми љањон иди Наврўзро љашн мегиранд, бар-по кардани чунин чорабинї боиси ифтихор ва давоми иди миллии мост. Ба толор менигараму чењрањои гар-ми шахсиятњои шинохта ва мењмонони хориљаро меби-нам. Санъаткороне, ки имрўз дар ин сањна њунарнамої ме-кунанд, одамони хушбахтанд, чунки дар чунин мањфили пуршукўњ ва назди чунин аф-роди хирадманд њунарнамої кардан сањл нест. Баргузи-дагони озмуни «Садои дил» бояд минбаъд барои дигарон намунаи ибрат бошанд, зеро

санъаткороне њастанд, ки ба интихоби суруд сањлангорона муносибат намуда, ба маз-муни сурудањояшон эътибор намедињанд. Њунармандоне ки имрўз соњиби љоизаи «Са-дои дил» гаштанд, бояд чу-нон таронањои баландмазмуну дилнишине сароянд, ки дигар њунармандон аз онњо суру-ди олї суруданро омўзанд. Ман ин суханро дар ома-ди гап нагуфтам, имрўз дар баромади санъаткорон ман номувофиќатии оњангро бо мазмуни суруд ё каммазмун будани ягон таронаро эњсос накардам. Маълум аст, ки иш-тирокчиёни озмуни «Садои дил» њама бо тайёрии пухта омадаанд. Ташаккур ба таш-килкунандагони чорабинї! Дари телевизиони «Сафина» ба рўйи чунин санъаткорони хуб боз аст! Бо «Оила» ва «Сафина» бимонед!

Ќобили ќайд аст, ки дар интихоби сурудњои санъат-корон Њунарманди шинохта Исматулло Холов бо ањли эљоди «Оила» њамкорї намуд. Исматулло Холов ба санъат-корон ва ањли толор, ки ак-саран љавонон буданд, чунин мурољиат кард:

-Мусиќиро дўст доред, зеро созу наво дар вуљуди инсон тухми некандешї ва хайрхоњиро кошта касро ошиќ

м е -г а р д о -

над. Ошиќи зиндагї ва ошиќи зебої!

Њунарманди шинохта Хурсандмурод Зарипов бо-шад, ќайд намуд, ки вази-фаи муќаддаси њар як санъ-аткор барои ривољу равнаќи санъати асил кўшиш наму-дан аст. Њунарманд бояд бо таронањояш дунёи маънавии шунавандаро бою зебо гардон-да, ба некию накўкорї њидоят намояд. Аз њама муњимаш са-роянда бояд бофарњанг, хи-радманд ва нексиришт бошад!

Чорабинї бо ќарсаки пурмављи ањли толор ба иф-тихори њама баргузидагони озмуни љумњуриявии «Садои дил» ба поён расид.

Р.Холов

ТОЗА ДАР ДУНЁИ ЊУНАР

Ба табрики барандагони љоизањои «Садои дил» шахсиятњои

шинохтаи њунару фарњанги мамлакат, аз љумла муовини вазири фарњанги љумњурї Одинаева Бунафша Фаттоевна, директори телевизиони «Сафина» Лутфулло Давлатов, директори агентии иттилоотии «Ховар» Садриддини Шамсиддин, Њунармандони

мардумии Тољикистон Хосияти Зарафшонї, Хурсандмурод Зарипов, Чиллахон Холов,

Исматулло Холов омаданд.

Page 14: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 14 МАДАДИ СИНО

Барои ба саволи Сарви-ноз ва дигар хонандагона-мон посух гирифтан мо роњи Маркази тибби ќадимро пеш гирифтем, ки сарвариашро Шўњрат Худойбердиев ба дўш доранд.

-Шўњрат Эшонович! Бо њама комёбињои илми тиб њанўз давои аниќи касалии ќанд пайдо нашудааст. Шояд ягон роњи табобати суннатии ин беморї вуљуд дорад?

-Бадбахтона солњои охир шумораи гирифторони каса-лии ќанд меафзояд. Сабабњои афзоиши ин беморї зиёданд. Мушкилоти зиндагї, танќисии рўзгор, надоштани љойи кор, дар муњољират будани шавњару писару духтару ди-гар пайвандон, тарсу њаяљон…

-Аксари одамон номи ка-салии ќандро шунаванд, дарњол ба танашон ларза меафтад. Дар њаќиќат ин беморї чунин хатарнок аст?

-Не, аксари беморони ба маркази мо мурољиаткарда дар мубориза бо ин касалї ѓолиб омаданд. Мутаассифо-на, аксари шахсоне, ки ба ин беморї гирифторанд, баъ-ди шунидани бемориашон ба гирдоби ѓаму андўњ фурў рафта, љисман ва рўњан ху-дашонро бой медињанд ва ин боиси ављ гирифтани касалї мешавад. Асабоният ва ѓаму дард сарчашмаи асосии хурўљи ин касалист, бинобар ин, одамоне, ки ќандашон ба-ланд аст, бояд њамеша кўшиш намоянд, ки ваќташон хуш гу-зарад.

-Диабети ќанд ирсї шуда метавонад?

-Метавонад. Бобоњо, бибињо, холањо, падару мо-дар ин бемориро дошта бо-шанд, хатари ба ин дард мубтало гаштани фарзандон меафзояд. Барои ба касалии ќанд мубтало нашудан во-лидайн бояд аз овони хурдї бо камњаракатї ва пурхурї барин амалњои фарзандо-нашон оштинопазир бошанд ва кўдаконро ба обутоби љисмонии бадан ва риояи рељаи хўрок маљбур созанд. Ба љойи ќанду хўрокњои гўштиву хамирї ба кўдакон

бояд бештар меваю сабзавот дињем, то танашон њамеша солим бимонад.

-Тифл дар батни модар ба касалии ќанд гирифтор шуда метавонад?

-Њангоми њомиладорї мо-дар ба ѓами гарон гирифтор бошад, тарсу њаяљон думбо-лагираш бошад, бемории ша-дидеро аз сар гузаронад, ха-тари бо касалии ќанд ба дунё омадани тифлаш ба миён меояд. Кўдакони ин бемори-

ро дошта аз ваќти муќаррарї хеле дер ба дунё меоянд ва њангоми дар батн буданашон вазнашон аз 4 кг зиёд аст. Ин кўдаконро бештар бо во-ситаи љарроњии чоки ќайсар мегиранд. Албатта њамаи кўдакони бо вазни зиёд ё бо воситаи љарроњї таваллуд-шуда гирифтори ин касалї нестанд, вале ба њар њол дар байнашон беморон низ њастанд.

-Мушоњида мекунем, ки солњои охир дар байни кур-синишинон низ ин беморї доман пањн карда истода-аст…?

-Бале, шахсоне ки рўзи да-роз паси монитори компутер мешинанду баъди кор пи-ёда нагашта бо наќлиёт ба хона мераванд ва зиёд бо телефонњои мобилї гап ме-зананд, ин бемориро ба худ моил месозанд. Барои он, ки аз касалии ќанд эмин монанд ман ба љавонони фарњангї маслињат медињам, ки

танбалї накарда бо варзиш бештар машѓул шаванд. Зиёд пиёда гаштан ва њамарўза бо варзиш машѓул будан ин ка-салиро мегурезонад.

-Аслан ќанд аз чї пайдо мешавад ва чанд намуд до-рад?

-Бемории ќандро ба ду навъ људо мекунанд. Бемории ќанди навъи дуюм нисбат ба навъи якум душвортабобат аст, барои њамин ќанди навъи

дуюмро зиёдтар пешгирї кар-дан лозим меояд.

-Нишонањои касалии ќанд кадомњоянд?

-Дар давоми њафта, моњ ва сол организми бемор суст шуда, обнўшиаш зиёд гардад, бояд сари ваќт аз ташхиси та-бибон гузарад. Њангоми нав пайдо шудани касалии ќанди навъи якум ва дуюм табобат осонтар аст. Касалї, ки кўњна шуд, табобаташ душвортар мешавад.

-Касалии ќандро бо усули халќї чи тавр табобат ме-кунанд?

-Ду намуди касалии ќанди номбурдаамро дар замонњои ќадим «Обилабод» ва «Сияњбод» мегуфтанд. Ба наздикї Рухшона Маљидова ном зани 46- сола аз ноњияи Варзоб ба маркази мо омад. Касалии ќанд дошт ва уме-дашро аз зиндагї кайњо канда буд. Бо усули халќї табобат намудем, сињат шуда рафт.

Мо беморонамонро баъди шифо ёфтанашон низ зери назорат мегирем, то дарда-шон дубора хурўљ накунад.

-Мегўянд, ки пайдо шуда-ни яра дар даст ё пойи ода-ми касалии ќанд дошта да-лели нек нест?

-Ин гуна ярањо баъ-ди баланд шудани ќанд ва дар мушакњо суст шудани њаракати хун аз љойњои сах-тии бадани инсон мебароянд. Табиб бояд муайян намояд, ки ярањо ба кадом навъи беморї мутаалиќанд. Ярањое, ки аз бемории ќанди навъи якум ва дуюм пайдо мешаванд, аз якдигар фарќ доранд. Яраи ќанди навъи якум аз рўзи баромадаш сафед аст, яраи ќанди навъи дуюм аз рўзи ав-вали пайдоишаш сиёњчатоб менамояд.

-Ярањоро чї гуна бояд табобат намуд?

-Барои табобат кардани яраи навъи дуюм чунин табо-батро метавонем истифода

барем:Њангоми баромадани

яра ба атрофаш нигаред, агар сиёњчатоб бошад, обро љўшонда, то њарорати 40-45 С паст намуда, бо пах-таи тоза атрофи захмро тоза кунед, токи ягон ифлосї на-монад. Аз дорухона мази «Левомедакол» ва аз маѓоза як шиша араќи 40 С харида, баъди тоза кардан ба болои яра мазро аз рўи меъёр, яъне на он ќадар ѓафс молида, ба болояш 25-30 грамм пахта-ро гузошта, як ќабат печонед. Пас аз ин се- чор маротиба ба болои яра ба миќдори 50-70 грамми араќ рехта, докаро тар кунед. Араќ микробњоро мекушад ва яра сињат меша-вад. Ќанд аз 10 баланд бо-шад, њатман њафтае ду маро-тиба сару тани худро шуста, тоза кунед, чунки араќи бада-ни инсон ширадор аст ва роњи нафаскашии мушаки баданро танг намуда, сабзиши ќандро метезонад. Рўзе як мароти-ба дар давоми 15-20 ин кор-ро њатман кардан лозим аст! Инро ман таљриба карда ди-даам ва боварї дорам, ки агар ба гуфтањоям риоя на-моянд, беморон њатман шифо ёфта аз буридани ангуштони ярадор рањої меёбанд.

-Саломат бошед!

Р. Холов

СИЯЊБОД АЗ КАСАЛИИ ЌАНД ЧЇ ФАРЌ ДОРАД?

Модарам чанд ваќт боз бемор ва бењолу

бемадор буданд. Духтурон ташхис намуда

гуфтанд, ки ба касалии ќанд гирифтор

шудаанд. Бигўед, ки ин дард даво дор

ад ё не?

Сарвиноз Зафарова,

сокини шањри Кўлоб

ДАВОИ ДАРДИ ГУРДА

Шамшод ном дорам ва хатмкунандаи мактабам. Барои ба донишгоњ дохил шу-

дан тайёрї дида истодам ва шабу рўз фаќат мехонам. Ваќти сархорї надорам ва ќасд

кардагї барин дар њамин айёми муњим дарди гурда љонамро ба танг овардааст. Ваќти

дар беморхона хоб кардан надорам. Ба ман ягон роњи табобати халќии дарди гурдаро

мегўед? Шамшод, сокини н. Шањринав

Посухи табиб:Шамшодљон, хуб аст, ки барои донишљў шудан ин ќадар талош

менамоед, вале донед, ки тани инсон сињат набошад, тамоми

дунёро зери поят резанд њам, хушбахт намешавед. Пез аз

њама ба саломатиатон диќќат дињед. Ваќти дар бемор-

хона хобидан надошта бошед њам, аќаллан як бор

гурдањоятонро узи карда, сабаби дард ва иллати

асосии гурдањоятонро муайян намоед. Пас аз

аниќ шудани касалї метавонед аз маслињатњои

мо истифода баред. Гиёњњои камар, гули хайрї,

бўйи модарон, ангури сагак ва барги дарахти

дўлонаро љўшонда, гармогарм бо асал дар як

рўз се маротиба нўшед, шамолкашии гурдањоро

даво мебахшад. Шумо метавонед њамчунин пиёзи

анзурро дар равѓани зайтун ё равѓани офтобпараст

таф дода ба гурдањоятон молед ва миёнбанди пахтагиро

бандед. Як њафта чунин табобат кунед, иншооллоњ варам

ва дигар иллатњои гурдањоятон шифо меёбанд.

ЌАНД АГАР БАЛАНД

ШАВАД…Авлодан касалии ќанд дорем. Модарам, холаам ва духта-

рам аз њамин дарди бадтол мурданд. Ман њам касалии ќанд

дорам. Парњез ва эњтиёт карда мегаштам, вале се моњ пеш

писарчаам ба садама гирифтор шуда аз олам даргузашту ба

ѓаму дард печидам. Гиряву нолаи бисёр касаламро ављ бах-

шид. Ќандам бисёр баланд шуда дар поям ду-се яраи зар-

добдор баромадааст. Ба ман маслињат дињед, чї кор кунам?

Посухи табиб:

Баромадани яра аз он далолат мекунад, ки ќанд дар хуни

шумо бисёр баланд шудааст. Бо ин касалї шўхї карда на-

мешавад, бинобар ин, худатонро эњтиёт кунед. Медонам, ки

шумо модареду дилатон барои писаратон месўзад, вале бо

гиряву нола рафтањоро аз он дунё дубора баргардонда на-

мешавад. Шукри зиндањоро карда аз худованд шифои комил

талаб кунед ва аз пайи табобат шавед. Доруњои гиёњиро

барои табобати касалии ќанд дар хона мустаќилона тайёр

карда намешавад, аз њамин хотир бењтар мешавад, ки ба

табиб мурољиат кунед. Ойбї ном зан аз ноњияи Восеъ бо

њамин касалї назди ман омада буд. Дар пояш чанд яра дошт.

Табобат кардем, шифо ёфт. Шарифи мўъминободиро њам

касалии ќанд ба назди мо овард. Вай њам сињат шуда рафт.

Умед дорам, ки шумо њам бо мадади худованду мўъљизаи

гиёњњои шифобахш албатта шифо меёбед!

Посухи табиб:Шамшодљон, хуб аст, ки барои донишљў шудан ин ќадар талош

менамоед, вале донед, ки тани инсон сињат набошад, тамоми

дунёро зери поят резанд њам, хушбахт намешавед. Пез аз

њама ба саломатиатон диќќат дињед. Ваќти дар бемор-

хона хобидан надошта бошед њам, аќаллан як бор

гурдањоятонро узи карда, сабаби дард ва иллати

даво мебахшад. Шумо метавонед њамчунин пиёзи

анзурро дар равѓани зайтун ё равѓани офтобпараст

таф дода ба гурдањоятон молед ва миёнбанди пахтагиро

бандед. Як њафта чунин табобат кунед, иншооллоњ варам

ва дигар иллатњои гурдањоятон шифо меёбанд.

Page 15: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 15ЗАН ВА МАРД

Хол дар пешонїАгар хол дар мобайни

пешонї бошад ба мењнатдўст будани соњибаш, комёбї дар корњо ва никоњи хушбахтонааш далолат менамояд. Агар хол дар ќисмати рости пешонї ё чаккаи сари одам бошад, пас мењнатдўст, муњаббатљў, дар зиндагї ва никоњ хушбахту ба-толеъ аст. Холи тарафи чапи пешонї низ њамин нишонањоро дорад, вале соњиби чунин хол барои ба муваффаќиятњо ноил шудан бояд кўшиши зиёд ба харљ дињад.

Хол дар абрўХол дар боло ё поёни абрў

нишонаи шахси дилхуш, фа-ъол, љасур ва якрав аст. Чунин инсонро боигариву комёбї дар љодаи ишќу кор нигарон аст. Њамсафари хуби њаётї наси-баш мегардад ва зиндагияшон хушу гуворо мегузарад. Нафа-роне, ки дар абрўи чапашон хол доранд танбалу асабї, буздилу сустирода, дўстдори машрубот ва хеле кам шањватљў меша-

ванд. Дар зиндагї ноумеданд.

Хол дар чашмХол дар кунљи чашмон ба

ростќавлї, поквиљдонї ва мардонагї далолат менамояд. Холи дар чашм буда њамчунин ба ишќварз будани инсон ишо-ра менамояд. Марги маљбурї ва зиндагии пур аз пастиву баландињо чунин афродро гоње думболагир мешавад.

Хол дар бинїХол дар бинї чун ќоида

ба оташинї, боњарорат буда-ну майл ба воќеањои ошиќона доштани инсон ишора мена-моял. Одами дар биниаш хол дошта дўсти бењтарин аст. Зуд-зуд гирифтори рашк мегардад. Муваффаќияту никоњи боба-рор чунин афродро интизор аст.

Хол дар рухсораХол дар нимаи чап ё ро-

сти рухсора аз мењнатдўстиву некхоњии одам шањодат медињад. Шахсе, ки дар рухсо-рааш хол дорад, соњиби ќаду

ќомати зебо ва љисман пурзўр мешавад. Аз волидонаш доро-тар мешавад.

Хол дар гўшХоли њарду гўш аз боигарї

хабар медињад. Агар хол дар нармаки гўш бошад, аз дарёву кўл ё бањр дурї љўед.

Хол дар лабХол дар лаб нишонаи но-

зукист. Тамоми тўли њаёт бояд ба саломатии худ диќќат дода, парњезро риоя намуд.

Хол дар зерманањХол дар ин љойи рўй аз

оромиву мењрубонии ин-сон дарак медињад. Шахсест нињоят дилкаш. Одамони дар зерманањашон хол дошта саёњатро дўст медоранд. Дар корњояшон муваффаќ мегар-данд. Њам дар кору њам дар ди-гар соњањои њаётї чунин одам шарики боэътимод аст.

Хол дар гарданАгар хол дар ќисми пеши

гардан бошад, хуб аст. Хол дар ќафои гардан аз бадбахтї дарак медињад. Агар хол дар як тарафи гардан бошад, бо мурури ваќт ин шахс нињоят хўрдагиру дурўѓгў мешавад.

Хол дар китфХол дар китфи чапи нафа-

ре мешавад, ки бањсу мунози-раро дўст медорад. Њаёташ якрангу бемаънї мегузарад, вале кўдаконаш зиёд меша-

ванд. Дар корњои дигараш муваффаќият хеле кам дида мешавад.

Хол дар китфи рост аз он далолат медињад, ки инсони хирадманд, эњтиёткор, дуран-дешу оќил аст. Мењнатдўст асту парвои ишќбозї надорад. Дар њама њолат шарики хуб аст.

Хол дар дастХол дар даст аз иродаи ќавї,

дилкушодї, бовафої ва шуку-фоии инсон дарак медињад. Хол дар дасти мард карераи бомуваффаќияташро пешгўї мекунад. Агар хол дар усту-хони даст бошад ба боигарї, мењнатдўстї, боѓайратї ишо-ра менамояд. Холи ангушт фоли бад аст ва аз дузд бу-дану њељ гоњ соњиби боигарї нашудани соњибаш паём медињад.

Хол дар ќафаси синаХол дар ќисмати рости

ќафаси сина аз он мегўяд, ки соњибаш майл ба машруботу ишќварзї дорад. Ба зарбањои ногањонии таќдир гирифтор

мешавад. Чунин одамон бояд аз хиёнати дўстон эњтиёт ша-ванд.

Хол дар ќисми чапи ќафаси сина ба мењнатдўстиву хулќу хўи хирадмандона доштани инсон ишорат менамояд.

Хол дар зонуЉойгиршавии хол дар зонуи

чап аз бадхашмиву исрофкорї, коргурезї ва беќавлии ин-сон дарак медињад. Хол дар зонуи рост аз ростќавливу мењрубонї, дар муњаббат ко-мёб гардидану дўстони зиёди хуб доштани инсон далолат менамояд.

Хол дар пойОдаме, ки дар пояш хол

дорад бо шахси сарватман-де издивољ менамояд, вале хушбахтии кам насибаш ме-гардад.

Дар охир ќайд кардан зу-рар аст, ки шаклу ѓафсии хол ањамияти муњим дорад. Бо мурури солњо холњои нав пай-до мешаванд, яъне хислату таќдири инсон таѓйир меёбад.

АЗ РЎЙИ ХОЛИ РЎЙФолбинї

Солњои пеш холњои рўю баданро тўњфаи парвардигор шумурда аз рўйи љойгиршавї, андоза ва ранги хол оќилон саломатї ва таќдири минбаъдаи инсонро гуфта медоданд. Инак, хол дар бораи соњибаш чї мегўяд?

Зебо аз зебо фарќ дорад

Мардони зебо зебо дўст медоранду зебо ѓамхорї зоњир менамоянд ва андешаи зебо доранд мегўянд бархе аз бону-вон, вале гурўњи дигар бар он андешаанд, ки зеборўён Аслан бефаво, сиёњдил ва тирамаѓз мешаванд. Зебогии сурат бо зебоии ќалб дар њаќиќат якхела мешавад ё му-холиф?

Дар дунё мардони зебо нињоят зиёданд, вале њар як љавонмарди базеб ишќро ба таври худ мефањмад. Ба ан-дешаи нафаре дўст доштан тўњфањои пурќимат њадя кар-дану пул додан ба зан аст. Ќисмати дигари мардони хушрў нињоят бадрашк мешаванд, аз ин љост, ки ба сари зан мушт бардошта гумон мекунанд за-

дан нишонаи дўстдорї аст. Аз љумла њунарманди

рус Александр Домога-ров њамаи занњояшро мезаду бонувони ошиќ ўро мебахши-данд.

Пас чї бояд кард?Ба хотири зебоии мард ху-

дро ќурбони љабру зулмаш на-мудан лозим аст ё ё марди без-ебтареро ёфта оромона зистан авлост?

Бењтараш муњаббатеро љўё шавед, ки хоси мардони зебо аст, вале љомаи дигар ба бар намудааст. Мардони зе-бое њастанд, ки дар њаќиќат ошиќанд. Муњаббаташон то ан-дозае сахт аст, ки ба хиёнат кардан њатто дар андешаашон нест. Чунин муњаббат хеле кам дида мешавад, вале ба њар су-рат тухми анќо нест.

Бабник ё шоњзодаи орзуњо?Духтарон аз љавонмардони

зебо метарсанд, зеро ба анде-шаи онњо хушрўён дер ё зуд за-нро дар нимароњи таќдир пар-тофта мегурезанд. Ин албат-та сабабњои худро дорад. Дар атрофи номи љавонмардони зебо гапу калоча зиёд меша-вад, онњо бо занбозї ном ме-

бароранд. Шояд баъзеяшон чунин бошанд, вале на њама мардњои зебо хиёнаткоранд.

Марди зебо чигуна зан мехоњад?

Бояд ќайд намуд, ки ново-баста аз њусни дилрабо ва та-лабгорони зиёдаш марди зебо њам танњо як занро сидќан дўст дошта метавонад. Сурати зе-бои зан дар ин њолат дар дўст доштан ягон наќш намебозад. Бењуда дар урфият «зебо та-валлуд нашав, хушбахт та-валлуд шав» нагуфтаанд, зи-ёданд занњои назарногире, ки шавњарони хушрўй доранд ва марди зебо тамоми нозу нузи зани безабашро мебардорад. Муњаббат зебо бошад, ба сурат коре надорад!

Маљнунро бо чашми Лайлї бубин

Њар кас табъи худро дорад, масалан љавоне ба духтарони зиёд маъќул аст ва дар ѓамаш обу адо мешаванд, вале дух-

таре ўро њатто зебо намешу-морад. Њамааш аз он вобаста аст, ки љањони ботинии инсон чигуна аст.

Гул бе хор нестБа одамон аз рўи сура-

ташон бањо надињед, чунки њусни зоњир далелњои зиёдеро пинњон менамояд, ки бо ош-кор гаштанашон дилатон аз зиндагї бо чунин марди ноза-нин ях барин хунук мешавад.

Њуснро љило мебоядОдамони зеборо бархе чаш-

ми дидан надоранду гурўњи дигар ба њуснашон њасад ме-баранд. Ќобили ќайд аст, ки њасадбарї ба зану мардњои зебо маънї надорад, чунки њар инсон метавонад худро зебо нишон дињад. Љавњари њуснро Худованд ба њар офарида-аш додааст, фаќат онро бояд љило бахшид. Ба зоњиру ботини худ диќќат додан њар инсонро дўстдоштанї ва хушбахт ме-созад.

БОЛИНАМ ЗАМИН БОШАДУ ЁРАМ НОЗАНИН БОШАД?

Оё марди зебо занро дўст дошта метавонад?Албатта аз як тараф ин суол аљиб менамояд, чунки њатто марди зеботарин њам дил дорад,

аз љониби дигар дил танњо барои зинда будани марди зебо низ метаппад.

зебоии ќалб дар њаќиќат якхела мешавад ё му-холиф?

бардошта гумон мекунанд за-дан нишонаи дўстдорї аст.

Аз љумла њунарманди рус Александр Домога-

ров њамаи занњояшро мезаду бонувони ошиќ ўро мебахши-данд.

Page 16: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 16

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа

Cайфиддин Суннатї

ОИЛА ВА ИСЛОМ

Холиди Зайлаъї (р) наќл мекунад, ки дар масљиди Димишќ нишаста будам. Чанд нафар ба ѓайбати шахсе машѓул буданд. Ваќте ба онњо назар кардам, аз ѓайбат бози-стоданд. Бори дигар ба назди онњо рафтам, ки боз шахсе-ро ѓайбат мекарданд. Шаб дар хоб дидам, ки ду нафар гўшти хукро наздам оварда фармуданд:-Инро бихўр!

Ба онњо гуфтам:-Ман алњамдулиллоњ мусулмо-нам. Чаро ба ман гўшти хук мехўронед?

Он ду шахси бадњайбат гуфтанд:-Дирўз мусулмоне-ро ѓайбат кардї. Надонистї, ки гуноњи ѓайбат аз хўрдани гўшти хук бадтар аст?

Онњо базўрї гўшти хукро ба дањонам гузоштанд. Аз њайбати хоб бедор шудам. Як моњ бўи бади он гўшт аз дањонам нарафт.

Гуноњи ѓайбат кардан аз зино низ бадтар аст. Зеро ваќте инсон касеро ѓайбат кард, бояд аз он шахс афв бихоњад ва сипас тавба намо-яд. Дар ѓайри он бахшида на-мешавад. Баъзењо ѓайбатро гуноњи ночиз мепиндоранд дар њоле ки он гуноњи кабира аст.

Абдуллоњ ибни Аббос (р) наќл мекунад, ки ду нафар аз аќиби Расули Худо (с) намоз хонданд. Баъд аз намоз Расу-ли Акрам (с) њукм намуд, ки аз нав тањорат кунад ва намозро дубора хонад. Њардуи онњо рўзадор буданд. Расулуллоњ (с) фармуд, ки рўзаи худро такмил карда, бори дуюм ќазо оред. Он ду нафар сабаб пурсиданд. Расули Худо (с) фармуданд:-Шумо њардуятон фалонињоро ѓайбат кардед.

Аз ин њадис бармеояд, ки ѓайбат кардан савоби намо-зу рўзањоро барбод медињад. Модоме ки бо ѓайбат кардан ин ќадар мушкилї ва зиён ба инсон мерасида бошад, чаро ба он иќдом кунем? Шоире дар ин хусус хеле хуб фар-мудааст:

Хоњї, ки наёрї ба сўи хеш зиёнро,

Аз гуфтани нохуб нигоњ дор забонро.

Шайх Абуллайси Самарќандї (р) мефармояд, ки агар дар њар кас ин 7 хис-лат бошад, рањмати Худованд

ба ў нозил намешавад: 1.Касе ба моли мардум тамаъ дошта бошад. 2. Касе ки зиёд механ-дад. 3.Касе ки мусулмонеро туњмат мекунад. 4. Касе ки ба занони бегона (номањрам) бо назари шањват менигарад. 5. Касе ки пайрави хоњишоти нафсонї мешавад. 6. Касе ки бе зарурат такбири аввалро фавт мекунад. 7. Шахсе ки ѓайбат менамояд.

Рўзе њазрати Муњаммад (с) аз сањобагон пурсиданд:-Оё медонед, ки ѓайбат чист?

Сањобагон гуфтанд:-Худованд ва Расули ў ме-донанд. Расули Акрам (с) фармуданд:-Ѓайбат он аст, ки ёд кунї бародаратро дар ѓайбаш ба чизе, ки ў онро бад мепиндорад.

Сањобагон пурсиданд:-Оё агар он чизе ки мо мегўем дар бародарашон бошад, он њам ѓайбат мешавад?

Расули Худо (с) гуфтанд:-Ѓайбат он аст, ки айби доштаи бародаратро баён кунї. Аммо он чизе, ки дар ў набошад, бигўї, он бўњтон (туњмат) ме-шавад.

Худованд дар сураи «Њуљурат», ояти 12 мефар-мояд: «Эй мусулмонон аз гу-мон худдорї кунед! Њар оина баъзе аз гумонњо њароманд. Љосусї (айбљўй) накунед! Як-дигарро ѓайбат нанамоед. Оё яке аз шумо дўст медорад,

ки бихўред гўшти бародари майити хешро? Пас инро бад мепиндоред». Яъне, тавре ки хўрдани гўшти бародари мусулмонро бад мепиндоред, аз ѓайбати ў њам худдорї на-моед.

Љобир ибни Абдуллоњ (р) ривоят мекунад, ки дар за-мони Расули Худо (с) боди бадбўе вазид. Расулуллоњ (с) фармуданд:-Мунофиќон не-конро ѓайбат карданд.

Яъне, дар он замон ѓайбат мисли бадбўї њис карда ме-шуд. Дар китоби «Нурул воъи-зин» омадааст: «Чаро имрўз монанди замони Расули Худо (с) мо бўи бади ѓайбатро њис намекунем? Ба ин савол љавоб он аст, ки дар асри Ра-сули Худо (с) ѓайбат кам буд. Дар асри мо фазо аз бўи бади ѓайбат ончунон пур шудааст, ки мардум аз омўхта шудан ба ѓайбат дигар бўи бади онро эњсос намекунанд».

Дар «Мазоњири њаќ» зикр шудааст, ки ѓайбати се тои-фа гуноњ нест: 1.Њокими зо-лим. 2.Шахсе ки бадкории ў ба њама аён аст. 3.Фосиќ ва бидъаткор.

Расули Худо (с) фарму-даанд, ки «фосиќу фољир (бадкор)-ро ба мардум ёдовар шавед, то мардум аз (дўстии) онњо худдорї кунанд». Яъне аз зарари бадкорон эмин мо-нанд.

ЃАЙБАТ АЗ ХЎРДАНИ ГЎШТИ ХУК БАДТАР АСТРўзе њазрати Исо (а) пар-

рандаеро дид, ки худро дар гил олуда, ба даруни љўе да-ромад, ѓусл кард пок ва зебо шуд. Бори дуюм ин амалаш-ро такрор намуд. Њамин тавр 5 маротиба дохили об шуда худро покиза гардонид. Исо алайњиссалом аз ин рафтори парранда дар тааљљуб афтод. Љибриил (а) фармуд: Рафто-ри парранда мисоли уммати Муњаммад (с) аст: Гил мисоли гуноњон буда, дарё монанди намоз аст.

Убода ибни Сомит (р) наќл мекунад, ки Расулуллоњ (с) фармуданд: «Худованд панљ ваќт намозро бар бандагонаш фарз намудааст. Касе ки ба тариќи некў вузў (тањорат) ку-над ва ба итминон, бо хушуъ ва хузуъ (хоксорї, тарс аз Худо), такмили рукуъ ва суљуд

онро дар ваќти мустањаб адо намуд, Худованд ўро мео-мурзад. Касе ки дар ваќти мустањаб намозро бо хушуъ адо накард, ба ў ваъдае нест, ки «Худованд мебахшад ё азоб мекунад».

Худованд дар сураи «Баќара», ояти 277 мефар-мояд: «Касоне ки имон овар-данд ва амали шоиста кар-данд, барпо доштанд намоз-ро ва доданд закотро музди ишон назди Худованд мебо-шад. Онњоро њељ гуна хавф нахоњад буд ва онњо андуњгин намешаванд».

Яке аз сањобагон аз Расу-ли Худо (с) пурсид:

-Баъд аз имом кадом амал афзал аст?

Он њазрат (с) фармуданд:-Намоз.

Ў се маротиба савол дод. Љавоб њамон (намоз) буд. Бори чањорум гуфтанд: Љињод дар роњи Худо (яъне, даъвати мардум барои ќабули дин).

Он шахс боз пурсид:-Падару модарам њаётанд. Чї кор кунам?

Расули Худо (с) фармуданд:-Бо онњо эњсон кун. Онњоро эњтиром кун то норозї нашаванд.

Њазрати Абуумома аз Ра-сули Акрам (с) ин њадисро наќл кардаанд: «Аз адои як фарз то фарзи дигар тамоми гуноњони саѓира (хурд) бах-шида мешавад. Аз љумъа то љумъаи дигар, аз Рамазон то Рамазони дигар, аз њаљ то њаљ тамоми гуноњон бахшида хоњанд шуд».

Дар њадис омадааст: «Касе ки намозро барпо ме-дорад, Худованд ўро 5 навъ икром мекунад: 1.Ризќи ў ва-сеъ мешавад. 2.Аз азоби ќабр наљот њосил менамояд. 3.Рўзи ќиёмат номаи аъмолаш ба да-сти рост дода мешавад. 4.Аз Пули Сирот монанди барќ ме-гузарад. 5.Бењисобу китоб до-хили бињишт мегардад.

Абуњурайра (р) наќл ме-кунад: Расули Худо (с) он ќадар намозњои нафл мехон-данд, ки пойњои муборака-шон варам мекард. Аз ишон мепурсиданд:-Шумо омурзи-да шудаед, чаро ин ќадар ху-датонро зањмат медињед?

Расули Худо (с) фармуданд:-Оё (барои бах-шида шуданам) сипосгузор набошам?

Ваќте ки Расули Худо (с) бо вуљуди бахшида шуданашон ин ќадар барои ибодат кўшиш мекарданд, маро лозим аст, ки намозро бењуда тарк на-намоем. Зеро намоз сутуни дин, рўшноии ќабр, вазнинии тарозуи аъмол, гузаронанда аз Пули Сирот ва роњнамо ба сўи љаннат аст.

НАМОЗ ЉИСМУ РУЊРО ПОК МЕСОЗАД

Дар Банї Исроил шахсе вафот кард. Баъд аз вафоти ў ду писараш барои девори байни њавлї миёни худ љанљол карданд. Ногоњ аз девор садое баромад:

-Эй љавонон, бидонед, ки ман замоне подшоњ будам. Баъд аз марг аъзои баданам бо гузашти солњо хоку туроб гашт. Аз он хок кулолгар пиё-лае сохт. Рўзе пиёла шикаста реза-реза шуд. Он хоки маро хиштгар хишт сохт. Устои хиштчин дар ин љо аз хишти хоки ман девор бунёд кард. Шумо аз ман ибрат гиред ва барои чунин як чизи фонї

љанљол накунед. Зеро рўзе таќдири ман ба сари шумо низ меояд.

Нидои девор ин панди Ума-ри Хайёмро ба ёд меорад:

Бар кўзагаре парер кардам гузаре,

Аз хок њаменамуд њар дам њунаре.

Ман дидам агар надид њар бебасаре,

Хоки падарон ба дасти њар кўзагаре.

НИДОИ ПАНДОМЎЗИ ХИШТСултон Мањмуди Ѓазнавї

мефармояд, ки ман дар се чиз шак доштам: 1.Оё аз падарам њастам ё не? 2.Оё мукофо-ти амал њаќ аст ё не? 3.Оё воќеан олимон ворисони па-ёмбаронанд?

Шабе барои огоњ шудан аз ањволи раият ба шањр барома-дам. Шахсеро ба гумони дуздї оварданд, ки чанд мартаба на-здики дўконе мерафту боз дур мешуд.

Пурсидам, ки чаро чунин рафтор кардї?

Љавон гуфт:-Ман толибил-мам. Чароѓ надоштам. Назди-ки равшании дўкон мешудаму дарсамро аз китоб мехондам ва дар торикї чизи хондаам-ро азёд мекардам. Миршабњо иштибоњан маро дузд гумон карда, дастгир намуданд.

Султон Мањмуд мегўяд:-Чун донистам, ки ў толибилм аст, бо худ бурдам ва чароѓи тиллоие дода, дарунашро бо

равѓан пур кардам. Њамон шаб дар хоб Расулуллоњ (с)-ро ди-дам, ки фармуданд:-Эй, писа-ри Сабуктегин (падари Султон Мањмуди Ѓазнавї), ту бо во-риси ман ёрї кардї, Худованд низ ба ту ёрї мекунад ва муко-фоти амалатро медињад.

-Пас, бо баракати некўкорї ба толибилм ба њар се саво-лам љавоб ёфтам.

Худованд дар сураи

«Баќара», ояти 269 мефармо-яд: «Касе ки ўро њикмат дода шуд, дар њаќиќат ба вай хайри зиёд дода шуд».

Њазрати Алї (р) мефармо-янд: «Илм бар мол фазилат дорад. Зеро илм туро њифз мекунад. Аммо инсон молро њифозат мекунад. Илм њоким асту мол мањкум. Илм бо сарф кардан зиёд мешавад, мол бо сарф намудан кам мешавад».

Дар њадис омадааст, ки за-моне мешавад, ки мардум аз уламову солењон мегурезанд. Пас Худованд онњоро ба се навъ беморї гирифтор месо-зад: 1.Аз касби онњо баракатро мебарад. 2.Подшоњи золимро ба онњо сарвар мегардонад. 3.Аз дунё бе имон мераванд.

Бинобар ин уламоро дўст дошта эњтиромашонро ба љо бояд овард, то тибќи гуфтаву навиштаи онњо роњи дурустро аз нодуруст фарќ намоем.

ОЛИМОН ВОРИСОНИ ПАЙЃАМБАРОНАНД

Page 17: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 17НАХОД?!

ПИВО АЗ КАКТУС

Пивопазани чех пивоеро ихтироъ наму-

данд, ки ба нафарони гирифтори касалии ќанд

ва варзишгарон зарар надорад. Пиво аз кактус ома-

да гаштааст, ки дар плантатсияњои Мексика мерўяд.

Кактусро аз хорњояш тоза карда мехушконанду

кўфта аз он нўшокї тайёр мекунонанд. Мутахас-

сисон барои љонибдорони тарзи њаёти солим

ин намуди пивои бемашруботро пеш-

каш менамоянд.

ТАРАБХОНА ДАР

ЌАБРИСТОНДар Њиндустон тољире дар байни ќабрњо тарабхо-

на кушодааст. Тавре The Daily Mail хабар медињад дар

байни мизњои ќабристон тобути мурдагон љойгир шуда-

аст. Бо вуљуди ин тарабхона хеле машњур аст. Сарвари

ресторан Кришнан Кутти мегўяд, ки ќабристон комёбї

меорад ва ба шарофати ин тобутњо тиљораташ ме-

афзояд. Дар тарабхона ќариб дањ тобут мављуд

аст ва њар рўз пешхизматон чангу хокашон-

ро тоза карда бо гулњои тару тоза оро

медињанд.

Пешнињодњои худро бо тел: 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Нодира Раљабова

ШАВЊАР ВАМПИРЉавонзани 22 солаи њинду аз иёлоти Мадя Прадеш аз шавњари хунхўраш шикоят карда-аст. Тибќи гуфтањои њиндузан шавњараш бо сўзандору хуни ўро аз рагњояш мегирифтааст. Њангоми њомила будани зављааш низ мард хуни ўро мехўрдааст. Аз тарси тањдидњои шавњараш зан хомўш мегаштааст. Ваќти дафъаи дуюм њомиладор шуданаш зан аз хона гурехта ба волидонаш хунхурии њамсарашро хабар додааст.

КАМПИРИ 100- СОЛА САРАТОНРО

МАЃЛУБ КАРДЭллен Макдоналд, пиразани 100-солаи англис тўли

умри дарозаш 5 бор гирифтори саратон шудааст. Хо-нум Эллен аввали солњои 1950 гирифтори омоси сина шуда буд. Баъди чанд сол саратон дар тал-

хадонаш пайдо шуд. Омосро њамроњи талхааш гирифта партофтанду саратон дар рўдаву ди-

гар узвњояш пайдо шуд. Хулоса, пиразани 100-сола 5 бор саратонро маѓлуб

кардааст.

СТАКОНЊОИ ХЎРДАНИБОБСтудияи дизайнерии «The way we see the world» стакончањои як-каратинаи обнўширо дар њавои гарм пешкаши харидорон сохтааст, ки онро хўрдан њам мумкин аст. Стаконњо аз маводи растанигие бо номи агар-агар, ки ивазкунандаи желатин мебошаду аз обсабзњо ба даст меояд, сохта мешаванд.

ЧОРМАЃЗИ

РАДИАТСИЯДОРЧормаѓзи бразилиягї ѓизоест дорои радиатсияи

зиёд. Ба фоидаи он умед набандед, нафароне ки ин

навъи чормаѓзро зиёд истеъмол кардаанд бо таассуф аз

радиатсияи зиёд пайдо кардани пешобу наљосат њабар

медињанд. Сабаби чунин фаъолнокии радиатсия дар

чормаѓзи бразилиягї хеле оддї аст: решањои ин

дарахт чунон ба замин чуќур фурў рафтаанд,

ки радиатсияро аз ќаъри замин кашида

мегиранд.

ГАДОИ МИЛЛИОНЕР

Дар Арабистони Саудї зани

100-солае фавтид, ки беш аз ним аср

бо гадої умр ба сар бурдааст. Баъди мар-

ги Оиша маълум шуд, ки гадозан як миллион

доллар љамъ кардааст. Бо пули садаќа гадозан

дар маркази шањр чор хонаву зару зевари

зиёд харида будааст. Дар хонањои Оиша

камбизоатон бе пул зиндагї мекарда-

анд. Баъди марги гадозан тамоми

сарваташ ба њукумат супурда

мешавад.

РАЪДУ БАРЌ РАМАРО КУШТ

Дар Боснияи марказї ќувваи раъду барќ рамаи иборат аз 65 гўсфандро, ки зери дарахтон панањ мељустанд, нобуд кард. Чўпон ќатъшавии боришотро дар кулбаи кўњї мунтазир шуда, баъди баргашта-наш гўсфандонро мурда пайдо намудааст. Нархи

моли нобудшуда дар Босния таќрибан 8 њазор евроро дар бар мегирад.

ЧАНГАКРО ФУРЎ БУРД

Сокини шањри руминиягии Боку Раду Калинческуи 25-сола бо дўстонаш

шарт карда ду чангаки хўрокхўриро фурў бурд. Табибон маризро ба хона фиристоданд, то ки чангак то ба меъда рафта расад ва ба роњи љарроњї онро берун оваранд. Раду аз кори карда-

аш пушаймон асту мегўяд, ки дар њолати мастї минбаъд бо касе

шарт намебандад.

САГИ МИЛЛИОН ДОЛЛАРА

Сагбачаи зоти мастифи тибетї дар му-

зофоти хитоии Чжетзян бо нархи беш аз 1,9

миллион доллар ба фурўш рафтааст. Сабаби

баланд будани нархи сагча дар он аст, ки

сагњои ин зот мисли пандањо хеле нодир

буда, дороии Хитой ба шумор мера-

ванд. Ќаблан саги зоти мастифро

соли 2011 бо нархи 1,5 миллион

доллар фурўхта буданд.

Page 18: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 18 ШАНС

Аз моњи январи соли 2000-ум нашр мешавад. Дар Вазорати Фарњанги ЉТ тањти №507 ба ќайд гирифта шудааст. Њафтанома ба хотири риояи гуногунандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Ба мазмун ва санаду раќамњои маводи чопшуда муал-лифон љавобгаранд. Сурату мусаввадањо ба муаллифонашон баргардонида намешаванд.

Дар матбааи «МЕГА-ПРИНТ» чоп шудааст. Сањифабанд: Гулнисои ЊИКМАТУЛЛО Мусањњењ: Нодира РАЉАБОВА Теъдод 15000

Суроѓаи мо:734018, шањри Душанбе, хиё-

бони Саъдии Шерозї, 16.Тел: 238-53-35, Дафтари хабаргузорї дар

вилояти Суѓд: ш.Хуљанд кўчаи Камоли Хуљандї 114, хонаи 15. Тел:6-75-23 , 92-730-06-50

E-mail: [email protected]

Њафтаномаи оммавї-маърифатї

Сармуњаррир:

Фирўза Сатторї

ИНЊО БАХТ МЕЉЎЯНД:

Диќќат! Диќќат! Диќќат!

МАЊФИЛИ ШИНОСОИИ "Лайлию Маљнун"

Хонандагони азизи «Оила»! Шумо њоло њам дар ёфтани љуфти муносиб мушкилї ме-

кашед? Дар бунёди оила љиддиеду аммо дар мондани ќадами аввалин бањри соњиби бахт шудан устувор нестед? Аз танњої азият мекашед?

Мо мушкилии шуморо осон хоњем кард! Аз моњи декабри соли 2013 сар карда, Шумо метавонед бо

шиноснома ва як дона аксатон ба идораи «Оила» омада бахта-тонро ёбед. Агар роњ дурї кунаду омада натавонед

тариќи ММС акси худро ба раќами 935606505, 238-53-35 ирсол намоед ва тариќи СМС- ба

раќами 7777 дархост фиристед! Мањфили шиносоии «Лайлию Маљнун» ба

Шумо дар ёфтани бахт ёрї мерасонед. Бахтатонро аз даст надињед!

Мањфили шиносоии «Лайлию Маљнун» барои он шахсоне, ки мехоњанд бахти худро пайдо кунанд, кўмак мерасонад.

Намуна барои фиристонидани СМС: Оила «Лайлию Маљнун». Ман Салимова Омина, 35-сол дорам, мехоњам

тавассути мањфили «Лайлию Маљнун» бахти худро дарёбам. Бо марди то 45-солаи љиддї ва соњиби љои кору манзил оила барпо карданї њастам.

"Лайлию Маљнун""Лайлию Маљнун"Хонандагони азизи «Оила»!

тариќи ММС акси худро ба раќами 935606505, 238-53-35 ирсол намоед ва тариќи СМС- ба

Оила «Лайлию Маљнун». Ман Салимова Омина, 35-сол дорам, мехоњам тавассути мањфили «Лайлию Маљнун» бахти худро дарёбам. Бо марди то 45-солаи љиддї ва соњиби љои кору манзил оила барпо карданї њаст

• М.36.Љавонмарди зебои ќоматбаланд, соњиби манзил ва љои кор аст. Зодаи вилояти Суѓд. З6-сол дорад. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Мехоњад бо зан ва духтари то 30-сола оила бунёд кунад.

• М.37. Марди 53-солаи исфарагї. Бо зани то 45-сола оила бунёд кардан мехоњад. Соњиби манзил ва љои кор ме-бошад.

• З.32. Љавонзани 34-солаи суѓдї. Бахти аввал ба рўяш на-хандидааст. Мехоњад бо марде оила бунёд карда соњиби фар-занд гардад.

• З.34. Љавонзани 28-сола. Сокини шањри Душанбе. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Бо марди то37-сола оила бунёд кардан мехоњад.

• З. 35. Зани 34-сола. Њољигї насибаш гардидааст. Бахти ав-вал ба рўяш нахандидааст. Бо марди то 43-солаи боимон ои-ладор шудан мехоњад.

• З.36. Зани 50-солаи танњо. Сокини шањри Душанбе. Бо марди безани то 65-сола оила-дор шудан мехоњад.

• М.1.Љавонмарди 42-сола,

сокини шањри Душанбе, занаш вафот карда аст. Соњиби ман-зил ва љои кор . Бо духтар ва зани боимон оила бунёд кардан мехоњад.

• М.2. Марди 36-сола, аз њамсараш људо шудааст. Соњиби љои кор ва манзил бо духтари то 30-сола оила бунёд кардан мехоњад.

• М.7. Марди 32-сола . Бах-ти аввал ба рўяш нахандида-аст. Соњиби хона ва љои кор. Бо духтари то 28-сола оила бунёд кардан мехоњад.

• М.12. Марди 30-сола. Њамсараш вафот кардааст. Мехоњад, ки бо духтар ва зане оила бунёд намояд, ки ба ду фарзандаш модарї намояд. Зо-даи ноњияи Њисор аст. Устои ме-бел мебошад.

• М.15. Марди 41-солаи ќадбаланд. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Соњиби манзил ва љои кор. Бо духтари то 30-сола оила бунёд кардан мехоњад. Агар духтар маълумо-

ти олї дошта бошад хуб аст.• М.16. Марди 62-сола. Со-

кини ноњияи Вањдат. Бо зани то 50-сола оила бунёд кардан мехоњад. Мард соњиби љои кор ва манзили алоњида мебошад.Фарзандонаш оиладор мебо-шанд.

• М. 20. Марди 42-солаи истаравшанї. Айни замон дар шањри Душанбе зиндагонї ме-кунад. Аз њамсараш људо шу-дааст. Бо зан ва духтари то 35-сола оиладор шудан мехоњад.

• М.21. Љавонмарди ќоматбаланди 43-солаи зебо. Њамсараш вафот кардааст. Мехоњад бо зан ва духтари то 35-сола оила бунёд кунад. Љои кори хуб дорад. Дар манзили ободаш барои вай њамсари ва-фодор лозим аст.

• М.24. Марди 39-сола. Аз њамсараш људо шудааст. Со-кини шањри Душанбе. Хонаи алоњида дорад. Мехоњад, ки бо духтари 32-солаи маълумоти олидор оила бунёд кунад.

Эълон! Эълон! Эълон! Ќабули эълонњо бо телефони (44) 640-99-88Хизматрасонї

Таълим

Гуногун

Њавлии навсохти иборат аз 3 дар хона ва 6 сотих замин-ро дар ноњияи Рўдакї фав-ран мефурўшам ё бо хонаи 2 њуљрагї иваз мекунам.

Тел: 93-528-11-29

Саломатї4 намуди мањс: умумї,

урологї, таскинбахш, барои тамоми синну сол.

Тел. 985-43-47-49

• Афтонидани санги гурда, талха, беморињои сардард, дил, пўст, безурётї, баро-вардани зиён, тарс, кушода-ни бахт, кўдако почакашон фалаљ, саръ (припадки), аз нашъа ва араќ мегардонем ва ѓайра. Тел. 917-74-44-00, 915-60-86-00, Раъно

• Мањс танњо барои бону-вон ва кўдакон. Тел. 918-17-77-19

• Дармонгоњи эндоурологї хизматрасонињои зеринро ба таври касбї пешнињод меку-

над: майдакунии эндоскопии санги гурда ва роњњои пе-шоброн, тур-оденомаи про-стата, тур омоси пешобдон, љарроњии пластики гурда ва роњњои пешоброн. Љарроњї њангоми пешобро дошта на-тавонистани бонувон.

Тел. 918-74-72-30, 919-39-44-98

Хизматрасонии гуногун

Наворбардор барои тўй ва рўзњои хурсандии шумо.

Тел. 900-22-25-12

• Мактаби техники љумњуриявї (ДОСААФ) хоњишмандонро ба курсњои ронандагї аз рўйи категорияи

"В, С, ВС, Д ва Е" бо нархи арзон ва дар муддати кўтоњ даъват мекунад. Тел. 918-44-14-54

Мехарам • Нишони сарисинагї, зар-

фи нуќрагин, тилло, нуќра, тиллои сафед, њайкалчањо, бозори Шоњмансур, дорухо-наи «Экспресс». Тел. 93-504-03-72

Мефурўшам

Туро бо фарорасии љашни зодрўзат табрику муборакбод менамоем. Аз Худованди мут-таъол бањрат талаб дорем, ки туро умри дарози бобара-кат ато намояд. Умре сарат аз санг бошаду дилат беѓам, хушдили хеш бошиву хурсан-дибахши дигарон.

Мавлуди њуљастаат бањор асту бањор,

Давлат ба сарат ояду иќбол ба канор.

Дар рўзи таваллудат таманно дорем,

Дил бар яку умр бар саду шодї ба њазор,

Бо дуо: бобоят Нурулло ва бибият Бибизинат

Нури дидаву азизи дилњои мо Шукриябонуљон!

Аз моњи январи соли 2000-ум нашр мешавад. Дар Вазорати Фарњанги ЉТ тањти №507 ба Њафтаномаи оммавї-маърифатї

бањор асту бањор,

иќбол ба канор.

таманно дорем,Дил бар яку умр бар саду

шодї ба њазор,Бо дуо: бобоят Нурулло

ва бибият Бибизинат

Ман љавонмарди 37- солаам, номам Сафар, дар яке

аз бозорњои шањр соњибкор шуда кор мекунам. Нобоварии њамсарам ба ман, рашки бемаънї ва

тез-тез ароз карда аз хона рафтани собиќ

њамсарам боиси оилавайронии мо

гардид. Боре дар бозор њангоми

«Оила»-ро хонданам, чашмам ба арзи миннатдории марди њисорие афтод. Вай навиш-та буд, ки аз фавти њамсари рањматиаш соле рафта, пи-саронаш ба хотири аз танњої рањонидани падарашон пайи дарёфти љуфти мувофиќи ў ба «Оила» мурољиат карда-анд ва «Оила»-и бахткушо ба онњо модари ѓамхорро пайдо

карда тавонистааст. Баробари ин сатрњоро хондан, тавассу-ти СМС ба идораи њафтавор мурољиат кардам ва занг зада телефонї сўњбат њам кардам. Хуллас, алоќаи мустањками ман бо «Оила» баргузор гардид. Ростї, танњо ба кўмаки «Оила» мањдуд нашуда, модарам дар суроѓи келин ба чанд дар раф-танд, аммо… Келин ва њамсари арзандатаринро «Оила» ба ман пайдо карда тавонист. Мо бо як нигоњ њамдигарамонро хуш кар-да, аз бобати оиладоршавї гап задем. Њоло тавлиди тифлака-монро интизорем ва њардуямон њам аз «Оила»-и бахткушо бењад миннатдорем. Рањмат ба «Оила» ва таъсисгару ањли эљодаш! Моро ба муродамон расонидед, Худованд шуморо низ ба муроди дилатон расо-над!

Собиќ аъзои мањфили шиносоии

«Лайлию Маљнун»

КЕЛИНИ ЗЕБОРО АЗ "ОИЛА" ЁФТАМ

Ман зани 42- солаам. Бахти аввал ба рўям нахандиду дилшикаста гардида будам. Бо

мадади бародарон ба бозор баромада љои кор пайдо кардам.

Нобоварии шавњар ба ман, рашки бемаънї ва тез-тез маст шуда ба хона омаданаш боиси оилавайронии мо гардид. Дар

бозор аксари занњои тољир газетаи «Оила»-

ро мехонанд.

Боре ман њам газета-ро ба даст гирифтаму чаш-мам ба сањифаи «Лайливу Маљнун» афтод. Марде ки занаш вафот карда буд, талаби хонадоршавї ме-кард. Ман «ба занмурда зан азиз мешавад»-гуфта аъзои мањфили «Лайливу Маљнун»

шуда, раќамњои телефони он мардро гирифтам. Ба ростї, кормандони њафтанома кўмак карданд, ки мо вохўрї намоем. Ситораамон бо њам мувофиќ афтод. Хостгоро-нашро ба назди падару мо-дарам фиристонид. Бо ро-зигии падар ва модар маро-тибаи дуюм хонадор шудам. Ман аз интихоби худ имрўз пўшаймон нестам. Ду писари шавњарам ба ман фарзанд шуданду духтари ман ба онњо хоњар гардид. Шавњари омўзгорам маданияти ба-ланд дорад. Њоло тавлиди тифлакамонро интизорем ва њардуямон њам аз «Оила»-и бахткушо бењад миннатдо-рем. Рањмат ба «Оила» ва таъсисгару ањли эљодаш! Моро ба муродамон расони-дед, Худованд шуморо низ ба муроди дилатон расонад!

Собиќ аъзои мањфили шиносоии «Лайлию

Маљнун»

БАХТАМРО АЗ "ОИЛА" ЁФАМ

Page 19: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 19ЧУНИН ЊАМ МЕШАВАДТакаи шохзан

Сафо бо кару фар аз моши-ни нави хориљиаш фаромад ва чашмаш ба кўдакони саргарми футболбозї, ки дар байнашон писарчањои худаш њам буданд, афтида дуд аз димоѓаш барома-ду фиѓон кашид:

-Ња дар к--- очаи шумо саѓерањои бесоњиб…, канї тез-тар аз пеши назарум гум шавед, ки афту башараи хунуктона на-бинум!

Бачањо аз доду фиѓони «та-каи шохзан» тарсида дарњол сўйи хонањояшон тохтанд. Дар майдон танњо ду писари Сафо монду халос. Ин балои дупо, ки аз бадкирдориаш мардуми дења ба вай «такаи шохзан» лаќаб гузошта буданд, теѓ кашида ба сўйи бачањои дараќ-дараќ лар-зонаш нигарист ва ангушташро нишон дода, тањдид кард:

-Шумо њам бо њамин бесоњибњо шарик шудед-а?! Њозир ман хона даром, аввал гўри очатона зинда ба зинда ме-кануму баъд пўсти шумо хукњоя аз танатон људо мекунум!

Ин дам як даста мардони дења, ки барои адои намози шом ба масчид меомаданд, наздик шуданд ва аз афташ дашномњои ќабењи Сафо ба гўшашон раси-да буд, ки бо кароњат ба «такаи шохзан» нигаристанд. Њамсояи девордармиёни Сафо, Сафари ќадпаст мањмаддоногї кард:

-Сафо ба дањонат нигоњ кар-да гап зан! Ту чї њаќ дорї, ки зану бачањои мардума њаќорат мекунї?! Мард бошї, мардона бо мо разбор кун!

Домуллои ќишлоќ, ки марди ботамкине буд, эњсос кард, ки агар ба оташи мољарои ин ду њамсоя об напошад, дастбаги-ребон шуданашон мумкин аст, аз ин хотир њардуро ба муросо оварданї шуда гуфт:

-Гардани шайтона шика-нед, бачањо! Сафо, ба љойи кўдакои бегуноња њаќорат кар-дан бењтараш ёди Худованд кун. Биё, њамроњи мо ба масљид даро ва намоз хонда аз офарид-гор талаб кун, ки гуноњу хатоњои туро бубахшад…

-Чї, ман бо ту таккариш на-моз хонам? Масљиди бўгинат ба худат насиб кунад,-ба миёни гапи домулло лагад зад Сафо.

Ин гапи «такаи шохзан» ѓазаби мардњоро овард ва чанд кас тарафаш давиданд, то одо-би ин худобехабарро дињанд, вале боз домулло ба миён да-ромада насињат кард:

-Як кас аблањ шавад, дигарон бояд хомўш истанд! Намоз хон-дан нахоњад, ихтиёраш. Гўри њар кас људост, фардо љавобу саволашро дар он дунё худаш медињад. Рафтем бачањо, ба намоз дер мешавад.

-Ња дар риши ту пирхар…., боз ту одам шудию ман аблањ?! Намоз хонда гард, яке хабар меёбї, ки њамин Сафо кайњо шўйи беникоњи зану кели-нат шудааст,-аз паси домул-ло дод зад «такаи шохзан» ва ѓазаболуд сўйи хонааш равон шуд.

Муштзўр Сафо алами Мўсоро аз Исо

гирифта баробари аз дар да-ромадан занашро зери мушту лагат гирифт. Ниссои муштипар дар зери мушту лагати шавњари љоњилаш аз дард чун мор мепе-чид, вале аз шарми њамсояњо садо баланд намекард. Се писа-раш чирросзанон мегиристанд, вале аз тарси падари золим ба модарашон наздик шуда наме-тавонистанд. Бечора бачањо аз тарс дар эзорњояшон тар кар-данд. Аз дањону бинии занаш хун фавора задан пас оташи ѓазаби Сафо каме паст шуд ва Ниссои ба хоку хун оѓўштаро як лагади дигар заду рўяш туф карда, ба хонаи хобаш даромад.

Писарчањояш баробари дур шу-дани ин хонашери майдонѓариб љониби модарашон давиданду сари Нисоро аз замин бардош-танд ва ба рўяш об пошиданд. Нисо каме ба худ омада но-лишкунон чашмонашро кушод ва бачањои гирёнашро дида, ди-лаш сўхту тамоми ќувваташро љамъ карда бо як азоб аз љояш бархост, то кўдакон аз тарсу вањм ба ягон касалї гирифтор нашаванд.

-Очаљон, то кай отам шумоя мезанад, биёед хонаи бобом мерем, худуш дар хонаш гаш-тан гирад,-зорї намуд писари калониаш, ки аз занозанию љангу љидоли падару модар ал-лакай љон ба лабаш расида буд.

-Эњ бачаљон, мо дар хонаи бо-

бот фаќат чанд рўзак меѓунљему халос! Мурем њам, дар хонаи худамон мурем,-Нисо оњи сард кашида таклифи писарашро рад намуд.

Љавонзан дасту рўяшро шуста либосњои хунолудашро иваз намуду барои фарзандо-наш дастурхон густурда хўрок кашид. Писарчањо оби чашму оби биниашонро поккунон хўрок мехўрданд, вале Нисо ба таом даст дароз намекард. Љавонзан дар осмони хаёлот парвозї буд ва дар лавњи хаёлаш он рўзњое љилвагар мешуданд, ки Сафоро дида, ошиќи зораш гашта буд….

Эркадухтари шофёрНисо духтари ягонаи хонадо-

нашон буд ва се бародар дошт. Азбаски яккадухтар буд, пада-ру модараш Нисоро аз акањояш бештар дўст медоштанд. Эрка-чаи волидон бошад њам, Нисо духтари худпараст ва беодоб набуд, аъло мехонд, кору бори хонаро низ худаш анљом медод. Падараш дар як автобазаи ка-лон ронанда шуда кор мекард ва ба Бадахшон бор мекашид. Нисо падарашро њафтае як маротиба медид, вале њамин, ки аз Бадахшон баргашт, Са-фари шофёр духтараки зебои нозпарвардашро ба сайру та-мошо мебурд. Нисо Душанбе-ро њар њафта тамошо карда, баъд ба дугонањояш бо ифти-хор филмњои дар кинотеатрњои пойтахт дидаашро наќл мекард. Њамсинфону њамсояњо ба Нисо бо њавас менигаристанд, чун-ки падаронашон онњоро мисли падари Нисо эрка карда, сайру саёњат намебурданд.

Вохўрии тасодуфїМардњои њамсоя борњо ба

Сафари шофёр гуфта буданд, ки духтар моли мардум аст ва набояд эрка кард, вале падари Нисо ба гапи касе ањамият на-дода, тамоми нозу нузи духта-рашро мебардошт. Орзу дошт, ки Нисои боаќлу босаводашро ба мактаби олї дохил мекуно-над, то хонда номбардори па-дар шавад, вале...

Рўзе Нисо интизори омада-ни падараш буд, ки садои сигна-ли мошин баланд шуд. Духтарак мисли кабўтар тозон ба кўча ба-ромад ва худро ба мошин заду «дадаљон» гўён, ронандаро ба оѓўш кашид. Ронандаи љавон аз ин кори духтар њайрон шуда ан-дак ўро тела дод. Нисо њайрон ба рўйи «дадаљонаш» нигари-ста љавони ношиносеро ба љойи падараш диду аз тарс дар љояш шах шуда монд.

-Ту кистї? Барои чї ба љойи дадаи ман дар мошинаш шишта омадї? –Саволборон намуд ро-нандаро Нисои рухсорањояш аз шарм лолагунгашта баъди ан-дак ба худ омадан ва мунтазири љавоб нашуда, азми аз мошин фаромадан кард, вале саро-сема шуда, аз шиддати шарму њаяљон дастаи дарро намеёфт. Љавони ронанда аз дасташ до-шта гуфт:

-Ба куљо шитоб дорї?! Ту магар духтари акаи Абдулло нестї? Шарм надор, ман ме-донам, ки ту маро ба падарат монанд кардї…

Нисо ба миёни гапи ронанда лагад зада пурсид:

-Шумо падари маро аз куљо мешиносед? Магар бо вай кор

мекунед?-Ман туро чанд бор бо па-

дарат дар база дида будам,-табассумкунон гуфт ронандаи љавон.

-Падарам барои чї наомад?-Падаратро ба як љои дигар

фиристоданд, барои њамин маро ба хонаатон фиристод, то ба ту бигўям, ки ин њафта не, њафтаи дигар ба тамошои шањр меравед.

-Њафтаи дигар ба ман лозим нест! Имрўз омаданаш даркор буд,-гуфт Нисо бо ѓазаб,-ман ба њамсинфонам ваъда додам, ки аз Душанбе саќич меорам, акнун ба рўйи онњо чї хел ме-нигарам?!

Ронанда аз ин гапи духтар илњом гирифта, гуфт:

-Љазман ба Душанбе рафтан

хоњї, ман туро мебарам. Ту дар Душанбе шинос ва љойи хоб дорї?

-Дар Душанбе амаам зиндагї мекунад,-љавоб дод Нисо.

-Пас, мо киро интизорем,-ронандаи љавон инро гуфта дарњол моторро ба кор даро-вард ва дар як мижжа задан мо-шин чангу хоки кўчаро ба њаво бардошта, мисли саманди тозї ба пеш тохт.

Њамин тавр Нисо бо Сафо шинос шуд. Рањорањ љавон наќлњои аљоибу ѓароиб кар-да, ўро механдонд. Саргарми сўњбат ба дењаи Дубедаи Фай-зобод расиданд. Аксари ронан-дагон дар ошхонаи ин мањал таом мехўрданд ва онњо низ барои ѓизохўрї пиёда шуданд.

Сафоро бо Нисо дида чанд ро-нанда гап паронданд:

-Љўчаи нав муборак шавад Сафо! Ту балої бача, чунин чўљањои париро аз куљо меёбї?! Ба мо њам аз њаминњо ягонто ёб, њаќќата медињем!

-Ин тавр нагўед, ин духтари акаи Абдулло аст,-ба дањони ронандањо лагад зад Сафо ва аз Нисо узр хост. Онњо ба ош-хона даромаданду ронандањо аз пасашон ба пичир-пичир сар карданд. Аксари ронандањо Аб-дуллоро мањкум менамуданд, ки духтари ќадрасашро ба ин гург бовар кардааст, вале Ни-сои аз тору пуди Сафо бехабар парвои оламу одамро надошт. Сафо худашро љавони бомаъ-рифат нишон дода, устокорона ба Нисо хизмат мерасонд ва

хўрданињои лазизро наздаш менињод. Сихкабоби гармаку мулоимакро маззакунон хўрда, Нисо даст ба нўшокї бурд. Пеш-тар њам вай чандин бор кола нўшида буд, вале аз чї бошад, ки колаи имрўза бисёр тез ба-ромад. Нўшокї чунон тез буд, ки оби чашмонаш баромад.

-Аљаб нўшокии тез будааст, дилу љигарам ќариб сўхта буд,-шиква намуд ба њамроњаш.

-Аввалаш чунин тез аст, баъд одат мекунї,-тасаллї дод Сафо.

Нисо ќадањи дуюми шарба-тро холї карда эњсос намуд, ки чењрааш месўзад, вале дилаш худ аз худ шодї оварда лабо-наш ба табассум моил буданд. Њангоми хандидан ду холи за-нахдонаш маълум ба њуснаш њусни тоза зам мекард. Сафо ба чењраи зебои ин кабки дарї њарисона нигариста бо ифтихор тарафи њамкоронаш чашмак мезад, вале духтари мастшуда ба маънии ин чашмакзанињо сарфањм намерафт. Ваќти бо пешхизмат њисобї намудан ронандаи калонсоле ба назди мизи онњо омада ба Нисо та-клиф кард, ки ба мошини ў ши-над, зеро вай падари Нисоро хуб мешиносад ва чандин бор мењмони хонаи онњо шудааст. Нисо дудила шуда, чї кор кар-данашро намедонист.

-Ман њам баробари ту акаи Абдуллоро мешиносам. Духта-ри вай хоњари ман аст, худам хоњарамро ба љои даркориаш мебарам,-норозиёна ситеза на-муд Сафо.

Хоњар гуфтани Сафо Нисоро дилпур намуд ва бо аломати тасдиќ сар љумбонд. Ронандаи калонсол даст афшонида таъ-кид намуд:

-Духтарам, аз ин гург эњтиёт шав!

Онњо љониби мошин равон шуданд. Мўйсафеди ронанда аз пасашон фарёз зад:

-Сафо, агар ягон гап шуна-вам, пеш аз Абдулло худам са-ратро чумчуќ барин меканам!

(Давом дорад)Р. Холов

ХУДОЗАДА

Page 20: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 21

-Љасурљон, Шуморо ба идо-раи њафтаномаи «Оила» ху-шомадед мегўем!

-Ташаккур, ман њам шодам, ки бо воситаи «Оила» садои ќалбамро ба мухлисони ази-зам мерасонам.

-Дар њаќиќат мухлисона-тонро дўст медоред ё барои худатонро ширин кардан чу-нин мегўед?

-Албатта сидќан мегўям! Мухлисон намебуданд, њоло Љасурро касе намешинохт.

Ќадри њунармандро мухлисон баланд месозанд!

-Модоме, ки ба ин андоза њаводорони њунаратонро ќадр мекарда бошед, пас чаро ин ќадар интизорашон месозед?

-Маќсадатонро нафањмидам. -Манзурам дар эфир кам

баромад карданатон аст. -Кам бошаду хуб бошад

мегўянд. Зиёд мењнат мекунам, вале аз марказ, ки дурем, тез-тез баромад карда наметаво-нам. Худатон як тасаввур кунед, ки байни Душанбею Панљ чї ќадар роњ аст. Барои як суру-дро сабт кардан ман бояд чан-дин маротиба ин роњи дарозро тай кунам. Албатта дар марказ камнамо бошам њам, хоб не-стам. Дар тамоми чорабинињои ноњия ва вилоят иштирок меку-нам. Чунон серкорам, ки ваќти сархорї надорам.

-Ай азизам, баъди маргам

нолаю фарёд кун,Аз ду рухсорат њаме гул

чиданамро ёд кун. Гарчи шањди зиндагї

нохурда хокам мекунад,Аз лабони ширинат

бўсиданамро ёд кун. Ин нахустин суруде буд,

ки Љасури Ташрифзодаро ба мухлисон муаррифї намуд. Чаро суруди аввалинатон ин ќадар ноумедона?

-Ман дар мавзўи ишќ ва људої суруданро дўст медорам, зеро ин мавзўњо зуд ба дили шунавандагон роњ меёбанд.

-Росташро гўед, сурудњоятон дарди дили Љасурро бозгў мекунанд ё аз њаёти дигарон сарчашма ме-гиранд?

-Дарди худамро камтар ме-сароям, зиёдтар таваљљўњ ме-кунам, ки ба одамон дар кадом мавзўъ сурудан писанд меояд.

-Ашъори кадом шоиронро меписандед?

-Вараќ задани ашъори Бе-дил, Саъдї, Љалолуддини Румї ва Хайрандешро дўст медорам.

-Оњангњоро бо кўмаки кї тањия мекунед?

-Пас аз ин ќадар соли дар сањна будан, агар барои омода кардани оњанг аз касе кўмак пурсам, пас њайфи ман!

-Ба тўю маъракањо мера-вед?

-Кам-кам меравам.-Нархи зањмататон чанд

аст?-Вобаста ба вазияти молия-

вии тўйдор хизматона мегирам.-Тўйдор либоси

њамсояашро пўшида ба на-здатон ояд чї?

-Гумон доред, ки аз рўи ли-бос ба мардум бањо медињам?

-Боз аз чї мешуд?-Ман умуман ба сару либос

эътибор намедињам. Нигоњ, тарзи суханронї ва чењраи тўйдор чї имконият доштанаш-ро мегўяд. Дар ин чанд сол

психолог (равоншинос) шуда-ам! (Механдад)

-Саргарми тўйњо шуда, иљрои вазифаи падариро фаромўш накардаед?

-Худо нигоњ дорад! Њамеша дар мадди аввал фарзандамро мегузорам.

-Шумо њамчун падар дар тарбияи комил гирифтани фарзанд киро масъули асосї мењисобед: падар ё модар-ро?

-Аслан њарду бояд баробар кўшиш намоянд, лекин падар, ки масъули таъмини маишати хонадон аст бештари ваќташ берун аз дар мегузарад. Мо-дар бояд зани тањсилдидаю бофарњанг бошад ва тавонад фарзандонашро хушахлоќу бо-шуур ба воя расонад. Хушбах-тона ба ман зани оќила насиб гаштааст.

-Нияти консерт додан на-доред?

-Њоло не.-Чаро?-Мушкилињое њастанд, ки

танњо сарояндагон метавонанд дарк намоянд. Фикр мекунам, ки шарњ доданаш шарт нест.

-Наќшањои муњимтарини Љасур?

-Мехоњам дар пойтахт кон-серте барпо кунам, ки мислаш-ро мардум надида бошанд!

Р. Холов

ДАРДИ ИШЌИ ЉАСУРИ ТАШРИФЗОДА

ПАДИДА

Page 21: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 22

Сайдањмади Зардон

АБРЎЙИ МАЊТОБ

(Давомаш. Идомааш дар шумораи гузашта)

Боре Орифи Хушхон дар танњої аз Латофат суол кард, чаро барои Абрў, ки аз љон дўсттараш медорад, то њол ном-заде рў назад? Њусну љамоли воло, баланди боло, зењни расо дорад, панљ ангушташ њунар, охир! Ё савораи асби сапеди тановаре интизор аст? Агар дўстдоштае дорад, бигўяд то хотирљамъ гарданд, интизораш бишаванд. Ва дар фарљом аз њамсар хоњиш кард то кабўтараки шохи дили духтараш бифањмад, кадом сў майли парвоз дорад.

Воќиан, сари ќазияи арўсии духтарони ѓурбат њофиз аз худ андешаи дигар дошт. Ў баран-доз карда буд, ки љавонони му-софир чандон ниёз ба арўсї на-доранд. Чаро ки ин љо хонумњои соњибкасбу соњибхона, таннозу чашмкабуд, мисли барфи авва-ли зимистон сапеду дилкаш, бо поњои ќашангу пистонњои бар-

дамида ва дар хобухез ягона то њадде бартару авлотаранд, ки бар шонаи љавонони муњољир њељ бори оиладориву нороњатї намегузоранд. Њо, нигањ ба побарањна на, балки ба сина-урён бештар меафтад! Охир кадом мусофир аз тахтхоби шоњона, бистари наму гарм, оби сарду поки ташнов ва ѓизои гу-на-гунаи љинси латифу нањиф рў тофтааст? Њељ кадом! Аз рўзњои нахусти муњољирї њамин тарзи издивољ миёни љавонон реша пањн кард. Ин аст, ки духтари худї аз арўсї канор, дар њасрати домод зору низор ва солњо инти-зор хоњад монд. Чї беинсофие ба фарзанди муштипар! Чї ада-ме ба як насл! Ин чархи фалак сўйи куљо бичархид?!..

Њофиз аз андеша берун омад. Латофат бо хушомад «хуб шудаст, љанобам!» гуфту ишъор дод, бахти Абрў кадом фолбину бадбине сахт кўргирењ бастааст, чора љустан муњим мебошад. Ў афзуд, ситорашиноси тоторе

медонад дар мушкилкушої ном-вар аст, маслињат њам кардааст, бояд имрўз наздаш бираванд.

Нигоњи Орифи Хушхон ба умќи чашмони њамсар афтод, андешманд гуфт: «Ман ба си-торашиносу фолбинњои дурўѓин чандон бовар надорам. Њоло маккорони њиласоз, ба хоти-ри муфт ситондани пулу мол, наѓмањое мебофанд, ки кас ан-гушти њайрат мегазад. Нашавад, ки боз ба сари духтари бечора балое хезад?!»

Латофат ўро навъе дилпур сохт: «Не, не! Доруву дармони и ситорашиноса ай њад таъриф мекнан. Дастуш сабукай, меган, зуд бахти духта кушода меша-ва». Сояи тардид ба дили њофиз нишаст, аммо аз бебарории бахти духтар дар бешаи анде-ша роњгум афтода буд, ноогоњ аз нимкосаи зери коса бо ишо-раи «майлаш» танњо сар такон-ду бас. Сипас Абрў садо зад то хайрбод гўяд, лек посух на-ёмад, духтар њам чењра падид наовард њарчанд овои падар шунида буд. «Шояд ба коре бе-рун рафтааст»,-намои бепарвої кард њофиз ва дигар маътал наи-стод, тори хотамкорияш ба љилд андохт, пайи дарёфти ризќу рўзї боз ба дарозои сафар печид. Ў њарчанд тору пуди њар гуна

ѓазал бо сарењ бармекашид, ни-ёву фиѓони шоир рўшан мешу-нид ва нолаву фарёдњо ба гўши муштарї мебаст, лек аз тапиши бошиддати ќалби фарзанд ва гиряњои њойњой ботини ў ишъ-ор надошт. Дареѓо, ки рўзгори ѓурбат њофизи бузург њам танњо ѓазалпарвар сохт ва ба хотири ќути лоямавтї, аммо на фар-зандпарвар!..

Мунаљими тотор, ки дар њавлї бо беќарорї кайњо роњашон ме-пойид, мисли Чингизхон чор тора риш дошт, тори сари по-ктарошидааш гирдаи лаккасо-ни сиёњи яњудї пўшида, шиму куртаи озода ба тан, туфлии љавонпўши љадид ба по кар-да, худро, мисли навшањ, пар-дозу орову торо дода буд. Бо дидани Абрўйи нозанин шавќу шанги хурсандї ба сурати хан-даовари пирбузи «љавонсимо» гунае афтод, ки дањони гизаш то нармаки гўш бидарид. Ў осема Латофат канортар хонд то Абрў чизе пайхас набарад, он гоњ бо забони ѓалатии русї саљдакунон «болшой-болшой спасибо» гуфт, аз љайб лифо-фаи сапеде даровард, сўйяш дароз кард. Моиндар ноайён лифофа чанг зад ва то нигоњи духтар ба он наафтад, шитобо-луд аз чоки гиребони курта ми-

ёни синабанди пистонњои моно ба оталаи тупааш бихаст. Абрў гўлу гаранг набуд, ки ин њама набинаду нафањмад, сояи ѓафси тардид ба дилаш афтод, донист, ки аз ў некї умедвор шудан хатост, аммо аз пайомад комилан бў набурд.

Тотори «ситорашинос» бо таъкид Латофат амр зад, ки ин љо мунтазир бошад, давру бари њавлї бичархад ва Абрў бо даст ишора намуд то дун-болаш ќадам занад. Онњо пе-шодумкол вориди хона шуданд, аз миёни ду-се њуљраи дарун ба дарун убур карда, дар охир биистоданд. Њуљра аз ќолини ранга, мизу курсї, љевон ва тахтхоб музайян буд. Тотор бо даст чавкї нишон дод то Абрў паси миз нишинад. Ў оњиставу баэњтиёт ва хаёлманд рўйи курсї нишаст, сояи њарос дар чењрааш афтода буд.

Чорторариш хомўшона дари љевон во кард, зарфи гилину косаи гулбасте бадар овард, бо забони пулѓалат фањмонд: «До одна будиш пит, у тебя появит-ся мужик! Понятно? До одна, до последоного капля надо випит! Пасон ў косаро то ним аз оби зарфи гилин ќум-ќум пур кард.

(Давом дорад)

КИТОБХОНАИ "ОИЛА"

Page 22: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 23

БА НОЗИЯ САВОЛ ДОРЕД?Дар бораи Ў бисёр мегўянд.Дар бораи Ў бисёр менависанд.Дар бораи Ў њар рўз як овозаи нав пањн мешавад: Нозия шавњар кард!Нозия ба Њиндустон кўчид!Нозия ќасри чорошёна дорад…Њар рўз дар њасрати Ў њазорон-њазор ошиќон месўзанд.

Умеди дидори Ў умеди зиндагист ба-рои бархе, аз ин рў аз чор кунљу канори шањр ба гўш мерасад: Нозия… Нозия… Нозия!!!

Овозаю њангомањо он ќадар зиёданд, ки кас дар дарёфти њаќиќати зиндагии ин маликаи њунар саргум мезанад.

Ва инак, зебосанаме, ки бо дидани симои малакутиаш дилњо мисли шамъ об мешаванд, фариштае, ки сањнаи эстрадаи тољикро бо ќудуми муборакаш нурборон кардааст, булбулаке, ки овози ширину таронањои дилнишинаш роњати љони ошиќон аст-Нозияи Кароматулло рўзњои наздик мењмони њафтаномаи «Оила» мегардад. Биштобед! Занг за-неду аз навигарињои зиндагии Нозия бо-хабар шавед!

ТЕЛЕФОНЊО БАРОИ ТАМОС: 238-53-35 ВА 985-81-89-81

Дар чорабинии «Истиќболи самимї», ки санаи 20 март дар Мар-кази фурўш ва хизматра-сонии ширкати «МегаФон» дар Вањдат сурат гириф-та буд, беш аз 5 оила љамъ омаданд. Дар даво-ми солњои зиёд онњо бо наздикони худ аз шањри Оренбург танњо тариќи те-

лефон сўњбат мекарданд. «Аз муддате, ки ду

хоњари ман ба Русия раф-танд, 12 сол сипарї шуд, онњо хеле кам меоянд ва ман њам имкон надорам, ки ба назди онњо биравам. Ваќте аз МегаФон занг зада пешнињод карданд, ки ба чорабинї њозир ша-вам, ман бо љону дил розї

шудам, зеро ин боз як им-конияти иловагие буд, то ман наздикони худро бу-бинам», - мегўяд Мастагул Салоњиддинова.

«Имрўз дар њудуди шањр беш аз 8 истгоњњои базавии насли дуюм ва сеюми ширкати мо фаъол мебошанд. Ба шарофати инфрасохтори рушдёфта ва таљњизоти замонавї со-кинони Вањдат имкон до-ранд, ки интернети моби-лиро бо суръати 4 Мб/с. истифода намоянд. Чунин суръат комилан кофист, то муошират бо назди-кон тариќи алоќаи видеої

анљом дода шавад. Дар иди Наврўз истифодаба-рандагон махсусан аз ди-дори наздикони худ шод шуда онњоро бо идашон та-брик намуданд», - мегўяд директори иљроияи ширка-ти «МегаФон Тољикистон» Андрей Шишковский.

«Истиќболи самимї» - лоињаи «МегаФон» буда дар соли гузашта оѓоз

ёфта буд. Бо ёрии ин-тернети баландсуръа-ти мобилї муштариёни ширкат аз шањрњои мух-талифи Тољикистон имкон пайдо мекунанд, ки бо наздикони дар Русия бу-даи худ муошират намо-янд. «Истиќболи самимї» бо дастгирии Хадамоти муњољирати Љумњурии Тољикистон љараён дорад.

«Истиќболи самимї» бо сокинони Оренбург

«МегаФон» алоќаи видеоии конфронсиро барои якчанд оилањои шањри Вањдат ва хешовандони онњо, ки дар Оренбург умр ба сар мебаранд, ташкил намуд. Муштариёни ширкат тавонистанд бо ёрии интернети баландсуръати мобилї «рў ба рў» муошират намоянд.

Ман љавонам. Нав ба 22 ќадам гузоштам.

Духтурон 7 сол пештар маро ташхис намуда, гуфта буданд, ки ХПН дорам, яъне њарду гурдањоям

хуб кор намекунанд. Баъди муайян

шудани бемориам падари эљодкорам

тамоми кору борашро партофта, маро Маскав бурд.

Духтурони номдори Русия кафолат надоданд, ки баъди љарроњї ба по мехезам. Аз зўрии дард шабњо хобам на-мебурд. Ин дарди љонкоњ маро рўз то рўз афгортар мекарду падару модарам худро ба сад дар зада дармон мељустанд. Тамоми дороиямон сарфи табобат шуд. Азобњои пада-ру модарамро дида, дарун ба дарун худамро мехўрдам, вале ба ќавле замин сахту ос-мон баланд ва назди таќдири азалї бечора будам. Дар як њафта се маротиба диалез мекарданд. Худо ба душма-ни одамият ин рўзњоро нишон надињад. Падари мењрубонам

ба таќдир тан додан нахоста маро ба Эрон бурд. Табибо-ни эронї умедвор намуда гуфтанд, ки агар гурдаи со-лимеро васл намоем, зинда мемонам. Пайдо намудани одаме, ки гурдаашро ба ман дињад, нињоят душвор буд. Барои харидани гурда пули калон лозим, вале мо чунин маблаѓ надоштем. Падари мењрубонам гуфтанд, ки гур-даи худро медињанд. Дар га-зета нома навиштем. Номаи мо ба Љаноби Олї Эмомалї Рањмон низ расид. Бо кўмаки президенти мамлакат маро дар беморхонаи клиникии ба номи Мансуров, дар шўъбаи

пайвандсозии узвњои инсон бистарї намуданд. Сардухту-ри беморхона Достиев инсони ѓамхору мењрубоне будааст, вай мудом аз њолам боха-бар шуда меистод. Љарроњї бомуваффаќият гузашта, як гурдаи падарамро ба ман ча-спонданд. Баъди љарроњї ху-дамро тамоман одами дигар њис кардам. Рўз то рўз сало-матиам бењтар шуда истода-аст. Падарам низ чењраи хан-дони маро дида хурсанд аст.

Аз минбари њафтаномаи дўстдоштаам «Оила» миннатдо-рии худро пеш аз њама ба Љаноби Олї Эмомалї Рањмон, баъдан ба Вазири тандурустї ва њифзи иљтимої Нусратулло Салимову

сартабиби беморхона Достиев Ашуралї Раљабович, њамчунин ба табибон Мањмудов Исмо-ил, Назаров Парвиз ва кули кормандони беморхона мера-сонам.

Маќсуд Тўраев

ПАДАР ГУРДААШРО БА ПИСАРАШ ДОД

Page 23: Оила шумораи 13

№13 (737) 02.04.2014 24